АШТ: МАКОНИ МЕВАҲОИ ШАҲДРЕЗ

Дар сафарҳои кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Аштро макони меваҳои шаҳдбор унвон карда, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда кишоварзонро ба рушди бемайлони соҳаи боғдорӣ ҳидоят месозанд. Таъкид мекунанд, ки дар баробари васеъ кардани майдони боғу токзори замонавӣ бунёд шуда ва истеҳсоли меваи фаровон ба коркарди ниҳоии он - истеҳсоли шарбату консервҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд.

Бояд гуфт, ки боғдорони ноҳияи Ашт бо оғози ҷамъоварии ҳосили нав тавонистанд то санаи ҳафтуми июни соли равон 2142 тонна меваи тар ба хориҷи кишвар содирот намоянд, ки аз он 2119 тонна зардолу ва 23 тонна гелос мебошад. Меваи тар асосан ба Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон содирот шуда истодааст. Нархи хариди мева барои содирот аз деҳқонон зардолу аз 2,50 то 3 сомонӣ ва гелос аз 8 то 14 сомонӣ мебошад. Содироти намудҳои дигари зардолу ба монанди «Шалах» ва «Рухи ҷавонон» аз 25 майи соли ҷорӣ оғоз гардида, айни замон 11 автомошин барои содирот мева қабул намуда истодааст. Ба санаи якуми июни соли гузашта бошад, 1283,8 тонна меваи тар содирот шуда буд.

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани зардолуи пешпазак ҳамкорӣ бо заводи консервабарории Хуҷанд, «Субҳи Ватан» -и шаҳри Исфара ва ҶСП «Оби Зулол» - и шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шуда, аз ҷониби ин заводҳо аллакай ба маблағи аз 40 то 50 дирам ҳар килограмм зардолуи пухтарасида, барои коркард харидорӣ шуда истодааст. Аз ҷониби ин корхонаҳо то 1000 тонна намудҳои номбаршудаи зардолу харидорӣ карда мешавад. То ин муддат ба миқдори 182 тонна харидорӣ шуд. Аз тарафи заводи консервабарории Хуҷанд 25 тонна, «Субҳи Ватан» 5 тонна ва ҶСП «Оби Зулол» - и шаҳри Истаравшан ба миқдори 152 тонна зардолу харидорӣ гардида, минбаъд низ ҳамкорӣ идома дода мешавад.

Ҳанӯз соли 2009 – ум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте ба ноҳия ташриф оварда буданд, барои рушди содироти меваи тар, аз ҷумла зардолу ва гелос аз Корхонаи кушоди «Зардолу - К» дидан карда, ба роҳбари коргоҳ дастур дода буданд, ки содироти меваи тар ба кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шавад.

Тавре дар суҳбат Пӯлод Ашӯров - директори корхона зикр намуд, фаъолияти онон аз фонди дастгирии соҳибкорӣ амалӣ гардид. Боиси таъкид аст, ки он солҳо ин макон заминҳои бекоробида буд, касе бовар надошт, ки ин ҷой обод мегардад. Вале Пешвои миллат ба нерӯи онон боварӣ доштанд ва маҳз бовариашон буд, ки ин мавзеъ ба боғ мубаддал гардид.

Содироти мева ин муаррифии давлат аст ва кишвари моро аз ин ҳисоб мешиносанд. Имрӯз дар давлатҳои рушд таърихи содирот бояд бошад. Алҳол бо мағозаҳои бузурги Россия, аз ҷумла Маркази савдои «Магнит» ҳамкории зич дорем. Маркази савдои «Магнит» 17 ҳазор нуқта дорад ва қариб ҳамарӯза онҳоро бо меваи тар таъмин мекунем.

Ҳар як соҳибкор бояд ҳиссаи хешро дар пешравии Ватани худ гузорад.

Бояд гуфт, ки барои тару тоза нигоҳ доштани мева сардхона ташкил намудем, ки ғунҷоиши он дар як вақт 200 тонна маҳсулот буда, аз ҷумла зардолу, ангур, себ, гелос ва шафтолу нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин, барои банду баст намудани меваи тар таҷҳизоти замонавиро аз давлати Италия ворид намудем, ки он барои муайян кардани ҳаҷму вазн ва нигоҳ доштани маҳсулот мувофиқ мебошад. Ҳоло маҳсулоти мо бо нақлиёти махсус дар ҳарорати зарурӣ нигоҳдоранда содирот карда мешавад.

- 28 - уми апрели соли равон дар намоиши Экспо – Пекин, ки намояндагони 110 давлати ҷаҳон ширкат доштанд, иштирокчӣ будам. Дар намоиши маҳсулоти беҳтарини ҷаҳон меваи Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу беҳтарин дониста шуд. Ҳоло барои бастани шартнома бо дигар кишварҳо кӯшиш карда истодаем, - афзуд П. Ашӯров.

Бояд гуфт, ки фаровонҳосилии бесобиқа дар пайи ба самар расидани боғҳои нав даст дод. Бунёди боғоти нав шароит фароҳам овард, ки солҳои наздик ноҳия дар миқёси кишвар ба содироткунандаи асосии зардолу ва гелос табдил ёбад. Дар ноҳия Барномаи рушди соҳаи боғдорӣ барои солҳои 2016 - 2020 қабл аз муҳлат иҷро шуда, зиёда аз 1000 гектар боғи нави замонавӣ бунёд гардиданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд – Ашт – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh