Ҳадаф - рушди моҳипарварӣ

Ҳангоми сафари кории худ ба ноҳияи Ашт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» дидан карда, барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти кишоварзӣ аз ҷумла, бобати рушди моҳипарварӣ дастуру супоришҳо дода буданд. Барои огоҳӣ пайдо намудан аз ҳолати кунунии хоҷагӣ ба ин ноҳия ташриф овардем.

Бояд гуфт, ки кишоварзони ноҳия барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аз имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои ҳанӯз истифоданашуда корбарӣ намуда истодаанд. Пурра аз худ намудани заминҳои бекорхобидаи нақшавӣ то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст ва дар ин самт ҳадафмандона ҳамагон кору пайкор доранд.

Соли 2018 дар ҶДММ «Рахшона» дар масоҳати се гектар ҳавзҳои хурд барои парвариши моҳӣ ташкил шуда буд. Имрӯз кормандон ва роҳбарияти хоҷагӣ бо меҳнати шабонарӯзӣ ва дастури махсуси Раиси вилоят онро ба 45 гектар расониданд.

Тавре намояндаи хоҷагӣ Пӯлодҷон Шералиев иттилоъ дод, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ба роҳ мондани рушди соҳаи моҳипарварӣ илҳом гирифта, соли гузашта дар се гектар парвариши моҳиро ба роҳ монданд. Ҳамчунин, ҳини сафари кории худ Раиси вилоят бо фаъолияти кориашон шинос шуда, баҳои баланд доданд.

Бо иқдом ва дастури Раиси вилоят замине, ки дар атрофи ҳавзи моҳипарварӣ чун партовҷо бекор мехобид, обод карда шуда, барои вусъат додани моҳипарварӣ истифода гардид. Роҳбарияти коргоҳ тасмим гирифтааст, ки масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ васеъ карда шавад ва алҳол он ба 45 гектар расонида шуда, дар он 190 ҳазор моҳӣ нигоҳубин ва парвариш карда мешавад.

Доир ба тарзи парваришу нигоҳубини моҳӣ ва хусусияти он П.Шералиев иброз дошт, ки се намуди моҳӣ, аз ҷумла сазан, пешонағафс ва амури сафедро метавон дар як ҳавз ҷой дод. Ин намуд моҳиҳо барои инкишофи ҳамдигар халал намерасонанд ва озуқаи якдигарро намехӯранд. Дар марҳалаи аввали инкишофи моҳӣ орди навъаш пасттар, баъдан гандуми резакардашуда ва вақте онҳо калонтар мешаванд, гандумро дар муддати се рӯз дар об тар карда, сипас дода мешавад. Дар марҳалаи аввал вазни моҳиҳо 70 грамм ва моҳҳои ноябр бояд он то 1 400 граммро ташкил диҳад.

Барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани хоҷагии моҳипарварӣ сарвари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» Шӯҳрат Мамадҷонов ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, аз таҷрибаю хусусияти ин соҳа огоҳ гардид. Бояд зикр кард, ки намояндагони давлати ҳамсоя, мутахассисони соҳа барои дастурдиҳӣ ба хоҷагии моҳипарварӣ ташриф оварда, дар бораи иқлим, роҳҳои парвариши моҳӣ дар ин ҷо ба ҳамкасбони тоҷики худ маслиҳатҳои муфид доданд. Айни ҳол дар ин самт 10 нафар мутахассиси соҳибкасб фаъолият бурда истодаанд.

- Аз сабаби он, ки парвариши моҳӣ барои мо соҳаи нав аст, алҳол танҳо барои таъмини бозори дохилӣ саъйу талош намуда истодаем. Солҳои минбаъда мо ният дорем, ки ташхисгоҳи биологӣ ва сардхонаи худро ташкил карда, содироти моҳичаҳоро ба дигар кишварҳо ба роҳ монем, - изҳор дошт Пӯлодҷон Шералиев.

Боиси қайд аст, ки алҳол дар 12 ҳавз моҳӣ ҳаст ва дар ҳолати сохта шудани ҳавзи 13 - ум масоҳати умумӣ ба 70 гектар мерасад. Бино ба маълумоти масъулин алҳол бунёди ҳавзи 13 - ум идома дорад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд – Ашт – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh