Ба кордон - кор осон!

Кирмакпарварони ноҳияи Деваштич соли равон ҳосили рекордӣ рӯёниданд. Бино ба гуфти роҳбари ҶСФ «Пиллаи Деваштич» Мӯниса Фозилова даҳаи сеюми моҳи апрели соли равон 150 қуттӣ кирмакро ба 150 оилаи кирмакпарвар давоми ду рӯз тақсим кардаанд.

- Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас ва дар ин замина риояи технологияи парвариши кирмак ба мо муяссар гардид, ки бори нахуст ҳосили баланди пилла ба даст орем,-гуфт М. Фозилова. - Ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ ба ҷои 38 килоӣ 60 кило пиллаи хушсифат рӯёнидем. Ҷамъулҷамъ ба ҷои 5 тоннаву 7 кило, 9 тонна ҳосил ба даст омад.

Аз рӯи гуфти ҳамсуҳбатамон маълум гардид, ки соли равон обу ҳаво низ мувофиқи табъи кирмакпарварон буд.

Дар ноҳия соли равон теъдоди нафароне, ки ба гирифтани ҳосили баланди пилла ноил гардиданд, афзудаанд. Аъзои хоҷагиҳои деҳқонии «Манғит» Мукаррама Умаралиева аз 3,5 қуттӣ 210 килограмм, ба номи А.Қодиров Хосият Абдусамадова аз 1,5 қуттӣ 180 килограмм, «Боботоғ» Боймат Норматов аз 1 қуттӣ 105 килограмм, «Иззатбек» Давлат Тӯраев аз 1 қуттӣ 105 килограмм ҳосил рӯёнида, ба қадршиносии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораи пиллаи вилоят ноил гардиданд.

- Мо аз нархи имсолаи пилла қаноатмандем, - мегӯяд кирмакпарвари пешқадам Мукаррама Умаралиева, - як карат зиёд ба ҳар кило 10 сомонӣ ҳақгузорӣ карданд, ки маблағи хуб аст. Масалан, ман аз заҳмати имсола беш аз 2000 сомонӣ музд гирифтам, ки барои обод кардани рӯзгор кӯмаки калон аст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh