Тадбирҳои саривақтӣ - омили афзунии ҳосил

Бино ба иттилои намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода соли равон кишоварзони вилоят тибқи дурнамои пешбинигардида дар майдони 58818 гектар кишти пунбадона гузаронида, нақшаи пешбинишударо иҷро намуданд. Айни ҳол корҳои агротехникии парвариши пахта, ба монанди обдиҳӣ, коркарди байни қатор, ягонакунӣ, озуқадиҳӣ бомаром идома дошта, дар саҳро нашъунамои пахта хуб ба роҳ монда шудааст.

Соли гузашта тибқи маълумоти оморӣ дар майдони 57194 гектар кишти пахта гузаронида шуда, зиёда аз 113 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки аз ҳар як гектар 19, 7 сентнериро ташкил намуд.

Имсол дар вилоят 18 навъи чигитро корхонаҳои коркард захира намудаанд, ки аз он хоҷагиҳо истифода бурданд. Масалан, навъҳои маҳаллию хориҷӣ, аз қабили “Флора”, “Флеш”, “АДН - 123”, “Чуансу”, “Синзян”, “Ориёӣ”, “Неъмат”, “Сорбон”, “Хуҷанд - 67”, “Деҳқон - бобо”, “Зуҳал”, “Тезпур” ва дигар навъҳоро кишт намуданд, - гуфт номбурда.

Кишоварзони ноҳияи Зафаробод бошанд, аз чунин навъҳои маҳаллӣ ҷиҳати гирифтани ҳосили фаровон имсол дар майдони 14370 гектар кишти пунбадона гузарониданд. Тибқи иттилои саркишоварзи ноҳия Маҳмадраҳим Одинаев, имсол аз нақшаи дурнамо 330 гектар пунбадона кам кишт гардид. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат боронгарии пайдарҳами моҳи гузашта мебошад.

Инчунин, бо сабаби боронҳои зиёд дар майдони 621 гектар кишти дубораи пунбадона гузаронидем, ки алҳол афзоиши он хуб мебошад. Гарчанде ки нақшаи дурнамо ба пуррагӣ иҷро нагардида бошад ҳам, лекин нисбат ба соли гузашта 314 гектар кишти пунбадона зиёд ба роҳ монда шуд.

- Алҳол дар хоҷагиҳои деҳқонии «Қаросаққолбобо», «Улуғбек», «Бахт», «Исмоилиён» ва «Даҳкат» кишти пахта хуб ба роҳ монда шудааст, - мегӯяд иқтисодчӣ Асадулло Умаров.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соли гузашта деҳқонони ноҳия дар майдони 14056 гектар кишти пунбадона гузаронида, аз он 28390 тонна пахта истеҳсол намуданд. Кишоварзони ноҳия тибқи нақшаи дурнамо соли равон бояд 30 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз омилҳои муҳимтарини ба даст овардани ҳосили баланди пахта ин ягонакунии ниҳоли пахта ба ҳисоб меравад, ки хоҷагиҳои пахтакори ноҳия чунин корро хуб ба роҳ монда, баҳри гирифтани ҳосили фаровон аз ҳама имкониятҳо истифода намуда истодаанд. Муҳлати беҳтарини ягонакунӣ ин давраи 3 - 4 барги ҳақиқӣ пайдо намудани ниҳоли пахта мебошад. Ин чорабинии агротехникӣ вобаста ба муҳлати кишту саросар неш задани чигит дар охири моҳи апрел ва аввали моҳи май бояд гузаронида шавад. Дар ҳолати дер мондани муҳлати ягонакунӣ ҳосилнокии пахта 2 - 3 сентнер аз ҳар гектар кам мегардад.

Мақсади гузаронидани коркарди байни қатор - нармкунии бехи ниҳолҳои пахта ва тозакунӣ аз алафи бегона, нам нигоҳ доштани хоки назди реша барои бо ҳаво таъмин намудани растанӣ мебошад.

Имрӯз хоҷагидорон азм доранд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо кишти тухмиҳои хушсифат ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”
Хуҷанд – Зафаробод – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh