КАРТОШКАПАРВАРӢ: ЗАМИНИ МУВОФИҚ, ТУХМИҲОИ САРА

 

 

 

Эмомалӣ РАҲМОН: Инсоният ба ҳазорсолаи нав бо мушкилиҳои зиёд дар самти таъминот бо маводи озуқа ворид гардид. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки амалигардонии ин ҳадафи стратегии мамлакат асосан аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст, ба ояндаи соҳа дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем.

Ин дастуру супориши Пешвои муаззами миллат ҳанӯз даҳ сол қабл дар Паёми Президенти мамлакат ба парлумони кишвар ироа гардида, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардида буданд, ки доир ба истифодаи васеи навъҳои серҳосили ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, татбиқи саривақтии барномаҳои ҳукуматии соҳавиро таъмин намоянд. Ин ҳидояти Пешвои миллат дастури фаъолият дар самти пешбурди соҳаи кишоварзӣ гардид.

Шурӯъ аз соли 2010 - ум дар ҳудуди вилояти Суғд ҷиҳати истифодаи тухмиҳои серҳосили картошка ва васеъ намудани майдони кишти картошка амалигардонии тадбирҳои мушаххас оғоз гашт. Агар ба нишондиҳандаҳои маълумоти омории рушди соҳаи картошкапарварӣ эътибор диҳем, давоми солҳои 2010 то 2018-ум дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли картошка беш аз ду маротиба афзун гаштааст.

- Кадом омилҳо ба рушди бемайлони соҳа мусоидат карданд? - Мухбирамон бо ин суол ба муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Алишер Дадобоев муроҷиат намуд. - Аввалан сол ба сол масоҳати майдони кишти ин зироат афзун карда шуд. Ин изофагардонӣ аз ҳисоби заминҳои кишти зироатҳои ғалладонагиҳо ба амал бароварда шуд. Асосан афзунгардонии майдони кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳое, ки иқлимашон ба парвариши он мусоидат мекунад, ба роҳ монда шуд. Масалан, агар дар соли 2010 - ум майдони кишти ин зироат дар ноҳияи Деваштич 3241 гектарро ташкил диҳад, пас тадриҷан сол аз сол майдон васеъ карда, соли 2018 он ба 4422 гектар расонда шуд, ки 1181 гектар зиёд аст.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар ин ноҳия навъҳои серҳосилу баландсифати тухмии маҳаллӣ парвариш меёбанд. Ба ҳамин монанд дар шаҳри Истаравшан майдони кишт аз 1347 гектари соли 2010 - ум соли 2018 - ум ба 2283 гектар расонида шуд. Ин рақам дар шаҳри Исфара аз 636 гектар ба 1226 гектар, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 1681 ба 2061 гектар, ноҳияи Шаҳристон аз 894 ба 1800 гектар ва дар шаҳри Панҷакент аз 1365 гектар ба 4685 гектар, Бобоҷон Ғафуров аз 340 ба 572 гектар расонида шуд. Ба ҳамин монанд дар шаҳру навоҳии Конибодом, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Ашт, Айнӣ, Спитамен, Мастчоҳ низ майдони кишти картошка зиёд карда шуд.

Албатта, ҳамаи ин тадбирҳо худ аз худ амалӣ намегарданд. Дар ин замина аввалан олимону мутахассисонро лозим омад, дар ҳар манотиқи вилоят барои кишти ин зироат заминро интихоб намоянд. Деҳқонону кишоварзон бошанд, заҳмати пурмашаққат, меҳнати шабонарӯзӣ намуданд, то ки ҳосили дилхоҳ ба даст ояд. Ҳамин тавр, агар майдони кишти картошка дар соли 2010 - ум дар қаламрави вилоят 11 318 гектарро ташкил намояд, пас ин рақам дар соли 2018 - ум ба 20 276 гектар расид.

Назар ба маълумоти оморӣ то моҳи июни соли 2019 бошад, танҳо аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонию кишоварзӣ, бе назардошти майдони кишти аҳолӣ дар вилоят ба майдони 16.066 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нишондиҳандаи асосии майдони кишт бошад, моҳи июл ҷамъбаст хоҳад гардид ва дар назар аст, ки аз 20 ҳазор гектар зиёд аст. - Агар ба ҳаҷми истеҳсоли картошка давоми ин солҳо назар андозем, соли 2010 - ум дар вилоят 286157 тонна картошка ба даст оварда шудааст. Ин рақам сол ба сол боло рафта, дар соли 2013 - ум 431921 тоннаро ташкил додааст. Соли гузаштаи 2018 - ум бошад, бовуҷуди он ки майдони кишт ҳазорҳо гектар афзун шудааст, ҳаҷми истеҳсол ба 415962 тонна расидааст. Сабаби ин дар чист? Ё ин омил аз истифодаи тухмӣ низ вобастагӣ дорад? - Ин нишондиҳанда ба омилҳои болозикр, яъне васеъшавии майдони кишт ва ё истифодаи тухмӣ алоқаманд нест.

Балки аз чигуна омадани соли хоҷагӣ вобаста аст. Баъзе сол обу ҳаво ба парвариши ин навъи зироат хеле мусоид меояд. Вале хушк омадани сол ба пастшавии ҳосил боис мегардад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки таъминот бо об, сари вақт гузаронида нашудани тадбирҳои агротехникӣ ва ё сербориш омадани сол низ дар баъзе манотиқи кӯҳии вилоят ба коҳиш ёфтани ҳосил оварда мерасонад. - Агар қиёсан ба дараҷаи болоравии ҳосилнокии ин навъи зироат аз ҳар гектар нигарем, соли 2010-ум дар вилоят 246,6 сентнерӣ ва солҳои минбаъда то 268,6 сентнерӣ ҳосил бардошта шудааст. Ин рақам соли 2018 аз ҳар гектар дар вилоят ба ҳисоби миёна 204,9 сентнериро ташкил додааст. Ин нишондод мутаносибан мувофиқи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Панҷакент соли 2010 - ум 184,8 ва соли 2018 - ум 170,9; Истаравшан 240,9 ва 202; навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ 357 ва 318,6; Деваштич 302 ва 256,9; Айнӣ 245,7 ва 170,7; Шаҳристон 224 ва 172,4; Бобоҷон Ғафуров 194 ва 170,5 сентнерӣ аст.

 Яъне, қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ тамоюли пастравии ҳосилнокӣ давоми ин солҳо ба мушоҳида мерасад. - Ҳосилнокии ин зироат аз фурсати кишти тухмӣ, обу ҳаво вобастагии бевосита дорад. Яъне вақти кишти тухмӣ, ки нимаи аввали моҳи феврал аст, тӯл кашад ва агар дар ин муддат бо сабабҳои бориши зиёд кишт дер монад, албатта, ба ҳосилнокӣ таъсири худро мерасонад. Вале дар ҳамин ҷо зикр кардан даркор аст, ки дар баъзе шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Панҷакент, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ давоми солҳои охир ҳосилнокӣ аз ҳар гектар то 600 сентнерӣ низ расидааст.

Бовуҷуди ҳамин як далел боиси қаноатмандист, ки қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии картошкапарвар давоми даҳ соли охир болоравии ҳосили умумии ба дастовардашуда ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент соли 2010 - ум 26264 тонна ҳосил ғунучин карда шуда бошад, ин рақам дар соли 2018 - ум ба 80352 тонна расидааст. Ҳамзамон, дар шаҳри Истаравшан ин арқом мутаносибан 34199 ва 46327, навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ 60031 ва 73590, Деваштич 100361 ва 121580, Шаҳристон 20379 ва 31025, Бобоҷон Ғафуров 6901 ва 9748, Айнӣ 8497 ва 14873 тоннаро ташкил додааст. Ҳосили умумӣ дар вилоят агар соли 2010 - ум 286157 тонна бошад, пас дар соли 2018 - ум ба 415962 тонна расидааст.

Ин ҷо зикр кардан ҷоиз аст, ки тӯли ин солҳо дар маҷмӯъ дар қаламрави вилоят ба бештар аз 9000 гектар зиёд карда шудани майдони кишти картошка имкон дод, рӯзгори мардуми на танҳо вилояти Суғд, балки мамлакатамон низ бо картошкаи хушсифат ва арзишаш дастрас фаровон гардад ва аз ин ҳисоб дар амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ қадами устуворе гузошта шавад. Бояд гӯям, ки дар самти бо нархи ҳарчӣ арзон ба сокинони вилоят пешкаш намудани ин зироат амалигардонии тадбирҳои мушаххас идома дошта, яке аз онҳо аз дигар мамолик, аз ҷумла аз Федератсияи Россия дастрас намудани тухмии босифат мебошад, ки ба шароити иқлими кишвари мо мутобиқ ва серҳосил аст.

Феълан дар вилоят дар он манотиқ, ки водигӣ асту иқлимаш мувофиқ, ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ бомаром ҷараён дорад. Дар минтақаҳои кӯҳсори вилоят, аз ҷумла Панҷакент, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ҳосил дертар мепазад. Ин давраи дуввуми ғунучини ҳосил низ хусусиятҳои хоси худро дошта, навъи пешпаз, миёнапаз, дерпази худро дорад ва бо пухта расидан ҳосили картошка дар бозорҳои вилоят ва берун аз он пешкаши сокинон гардонда мешавад.

 Нигоранда
Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh