Токзорҳои нав бунёд, кӯҳна эҳё мешаванд

Чанд сол муқаддам бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои намояндагон аз соҳаҳои мухталиф сафари шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Регар намудем. Вақте токзори ангурпарвари машҳур Ҳоҷӣ Неъмат Усмоновро дидем, онро боғи фирдавс гуфтему он мулкро мулки ҳамешабаҳор номидем.

Як муддат пас дар вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинар оид ба токпарварӣ доир гардид ва чанд масъалаҳо доири мавзӯи мазкур баррасӣ шуданд. Аз он пас ба мушоҳида расид, ки ангурпарварӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии мо низ рушд ёфт. Бо ташаббуси токпарвар Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дар минтақаи Сомғор дар масоҳати ҳашт гектар токзор аз нав барқарор ва чанд навъи ангур парвариш ёфт. Панҷ гектар мавзеи Боғи миллиро бошад, ангурзор намуданд, ки дар ифтитоҳи он Пешвои муаззами миллат ширкат варзиданд.

Имсол ҳам дар майдони 44,5 гектар токзори нав бунёд ва дар масоҳати 97,3 гектар токзор аз нав барқарор карда шуд. Айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 3048 гектар токзор, ки 2594 гектари он ҳосилдеҳ, дар шаҳрҳои Истаравшан аз 3587 гектар 3374 гектар ва дар Панҷакент 1417 гектар майдони токзори ҳосилдеҳ мавҷуд аст.

Инчунин, дар ин давра бунёди токзорҳои нав низ босуръат идома дошта, дар ҳудуди вилоят 178 фоиз боғи нав бунёд гардида, ба андозаи 176,9 фоиз боғҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи дурнамо ба ҷойи 7 гектар дар масоҳати 11 гектар майдони токзор бунёд шуд, ки ин 150 фоизи нақша мебошад. Дар ин давра инчунин ба ҷойи 22 гектар дар масоҳати 61 гектар токзори куҳна барқарор карда шуда, нақша 277 фоиз таъмин гардид. Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод боғҳои нав бунёд нагардида бошанд ҳам, аммо боғҳои кӯҳнаро ба андозаи 600 фоиз ва 200 фоиз аз нав барқарор сохтанд. Дар ноҳияи Деваштич ба ҷойи 5 гектари дурнамо 20,5 гектар токзор бунёд ва 95 фоизи боғҳои кӯҳнаро барқарор намуданд.

Он навъи ангурҳое, ки мевааш пухта расидааст, умуман як моҳ пеш аз пухта расидани ҳосил пошидани доруворӣ мумкин нест.

Дар вилоят ангурҳои навъи чиллагии сиёҳ ва сафед ва зариф пешпазанд, навъҳои кишмиши сиёҳ, кишмиши сафед, ҳусайнӣ, кадуҳусайнӣ, ҳусайнии нимранг, ҳусайнии сафед, султонӣ, миёнапаз ва тоифии гулобӣ, нимранг, «Шоҳона», «Победа», «Мерс», тагобӣ, қароқалпоқ ва боз дигар навъҳои ангур дерпазанд, умуман беш аз садҳо навъи ангур ҳастанд, ки то охири моҳи октябр ҳосил медиҳанд.

Мутаассифона, алҳол барги ток зард шуда, мисоли хазон рехта истодааст. Дар ин бобат Мақсуд Отабеков агроном - мушовири ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол» чунин посух дод: Ба сабаби рӯзона хеле гарм ва шабона сард омадани ҳаво баргҳои ангур зард шуда, ба бемории гардзанӣ, (оидиум) милдю ва антракноз гирифтор шудааст. Дар ин ҳолат деҳқононро мебояд, ба коркард эътибор дода, то пухта расидани ҳосил 12 - 16 маротиба коркард гузаронанд ва ғизо диҳанд. Умуман, барои беҳтар кардани ҳосили ангур ҳар як хӯшааш нигоҳубини алоҳидаро талаб мекунад. Танҳо пас аз ҳамин мо ҳосилнокиро равнақ дода, дар сардхонаҳо ҳам беш аз 5 - 6 моҳ ангурро нигоҳ дошта метавонем.

Барои пешгирии бемориҳои номбаршуда аз доруҳои фунгиӣид, топаз, скорквадрис, топсин, минсекӣидҳо, актеллик, имидоклоприд, данадим истифода бурдан лозим аст. Агар майдони токзор зиёд бошад, дар 1 тонна об 400 грамм топсин ва 200 грамм скорквадрисро омехта намуда, пошидан, инчунин олтингӯгирдро бо хоки роҳ ё ҳулбаро дар об ҷӯшонида, ҳангоми саҳар пошидан ва дар вақташ коркард кардан, хомток, ғизодиҳиро рушд додан ба баландшавии ҳосилнокии ангур мусоидат мекунад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh