Дар шаҳрҳои саноатӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 3 ва 4 август дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ниёзи аввалия гузаронида шуд.

3 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ҷараёни баргузории ярмаркаро мушоҳида намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар гузаронидани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор то 30 дарсад арзон карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар остонаи Иди саиди Қурбон тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони идонаи мардум сурат гирифта, минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ташкил карда мешавад. Ҳамзамон ба муносибати Иди саиди Қурбон ба 20 000 нафар оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманди шаҳру навоҳии вилоят кӯмаки яквақттаинаи маводи озуқа расонида хоҳад шуд.

Худи ҳамин рӯз ба як сокини ниёзманди шаҳри Хуҷанд - Тӯхтаҷон Файзиева, ки барои гузаронидани тӯйи хонадоршавии писараш аз роҳбарияти вилоят кӯмак хоста буд, 100 кило биринҷ, 40 кило равған, 40 кило гӯшт ва ҳамин миқдор картошкаю сабзӣ ва меваҷот эҳдо карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Add comment


Security code
Refresh