Эътибор ба соҳаи кишоварзӣ - омили рушд

Бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар даврони Истиқлолият ҷиҳати ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон имконият фароҳам оварда шуд, ки соҳиби замин гарданд. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо дасту дили пок меҳнати содиқона менамоянд.

Имрӯз дар ноҳия 2600 хоҷагии кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд. Соли ҷорӣ кишоварзон дар майдони 4428 гектар картошка ва дар 1400 гектар замин сабзавоту полезиҳо кишт намуданд.

Имсол ҳосили ҳамаи зироатҳо фаровон гардид, ҳатто кишоварзон аз заминҳои лалмӣ ҳосиле ба даст оварданд, ки дар ин даҳсолаҳо нишондиҳандаи беҳтарин аст. Кишоварзони ноҳия ният доранд ҳосили картошкаро ба 120 ҳазор тонна расонанд ва дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд.

Бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯз дар хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой корҳои сохтмонӣ идома дорад. Амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб ба рушди ноҳияи Деваштич мусоидат менамояд.

Зеро бо бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим дар қаламрави ноҳия 5 ҳазор гектар замин обёрӣ ва ҳолати мелиоративии 12 ҳазор гектар замин беҳтар гардида, ҳазорон ҷойи кории нав ташкил мешавад.

Аз чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳо ба Пешвои муаззами миллат миннатдории самимии кишоварзони ноҳияро иброз менамоям.

Алиҷон МУҲАММАДИЕВ,
раиси Хоҷагии  деҳқонии «Муҳаммадиев»,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh