May 2012

31 May 2012

Баҳри ояндаи дурахшон

Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатию ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавриди ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, бо мақсади пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, қонуншиканӣ, беназоратӣ дар байни ноболиғон дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша - чорабиниҳо таҳия намуда, дар муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот чорабиниҳои гуногун аз қабили вохӯриҳо, сўҳбатҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, доир намуда истодааст. Дар бобати фаъолияти кунунии комиссия сӯҳбате доир намудем бо Бихатича Муродова - котиби Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент. Читать далее

Ду ҳалқаи як занҷир

Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, баръало ба чашм мерасад, ки халқҳои тоҷику рус аз қадимулайём риштаҳои қавии дӯстиву бародарӣ доранд. Ҳанӯз дар охирҳои қарни нуздаҳӯм, баъди истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русияи подшоҳӣ робитаи фарҳангии халқҳои тоҷику рус пайдо шуд ва бештар аз сад сол аст, мардуми ду диёр занҷираи ҳамбастагиро қавитар мепайванданд.

Читать далее

13 сол дар ҷабҳаи набард бо мухаддирот

Бо дарназардошти вазъи ба вуқӯомада вобаста ба маводи нашъаовар, ки ба транзити маводи мухаддири афғонӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон вобаста аст, ҳанӯз 12 апрели соли 1996 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар" ба имзо расида буд. Читать далее

Бо мардум муносибати некбинона мебояд

Баҳри таъмини иҷрои супориши Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода марҳалаи сеюми қабули шаҳрвандонро доир менамояд. Санаи 29-уми майи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Fончӣ Раиси вилоят бошандагони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракро ба ҳузур пазируфта, ба дарди дили онон гӯш андохт, барои ҳалли муаммову мушкилиҳои мардум супоришҳо дод. Читать далее

Истеҳсоли маҳсулот аз матои маҳаллӣ

Дар доираи таъмини иҷрои супоришу ҳидоятҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода санаи 29-уми майи соли равон ба ноҳияи Fончӣ сафари корӣ анҷом дода, маъракаи қабули шаҳрвандонро доир намуд. Читать далее

29 May 2012

Бурду бохти дастаҳои вилоят

Аз чор дастаи вилоят дар бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати ХХI Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи Олӣ, ки рӯзҳои 26-27 май баргузор гардиданд, танҳо футболбозони дастаи "Истаравшан" (Истаравшан) ғолиб омаданд. Онҳо дар варзишгоҳи деҳаи Fӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо футболбозони дастаи "Вахш" (Қӯрғонтеппа) қувва озмуда, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гаштанд. Читать далее

Ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода бошанд

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд тибқи фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" аз аввали сол то имрӯз барои ба қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандон, расондани хизматрасонии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ як қатор корҳои муҳимро ба сомон расонд. Дар ин муддат аз тарафи бахш 1645 сабти ҳолати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд.

Читать далее

Иҷлосия ва таҳкими сулҳи тоҷикон

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷандшаҳр ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Читать далее

Нақша барзиёд иҷро шуд

Кирмакпарварони конибодомӣ аз аввалинҳо шуда дар вилоят аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи пилласупорӣ сарбаландона баромаданд. Ба нуқтаҳои қабули вилоят ба ҷои 130 тонна 133 тонна пиллаи хушсифат рехта шуд. Тавре зимни сӯҳбат сардори Идораи пиллаи шаҳр Рауфҷон Бобоҷонов иброз дошт, соли равон 2 ҳазору 600 қуттӣ кирмакро баъди се марҳилаи парвариши марказонида, ба 2846 оилаи кирмакпарвар тақcим карданд. Читать далее

28 May 2012

Муҳофизони марзу буми Ватан

Дар раванди Истиқлолияти давлатии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор сохторҳое ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти онҳо барои ҳимояи марзу буми кишвар, оромию осудагии мардуми Тоҷикистон ва бехатарию амонии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст. Бояд зикр кард, ки баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард. Моро лозим буд, ки ҳамчунин вазъи таъмини бехатарӣ ва амнияти кишварро низ ба зинаи аввал гузорем.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нагуфтааст, ки "Бехатарии мамлакат аз сарҳад вобастагӣ дорад" Қайд кардан бамаврид аст, ки ин вазифаи муққаддас бар дӯши қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Таърих бозгӯ аст, ки моҳи феврали соли 1997 бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сохтори мустақил Кумитаи ҳифзи сарҳади давлати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Моҳи июни ҳамон сол ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд ташкил карда шуд. Аввалин нуқтаҳои назорати гузаргоҳи сарҳадии "Плотина" ва "Ҳаштяк " дар ноҳияи Спитамен, "Патар" ва "Равот" дар ноҳияи Конибодом, "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳ ба фаъолияти хизматӣ оғоз намудаанд. Боиси қайд аст, ки дар солҳои сипаришуда шӯъбаи фаврӣ - ҳарбии Суғди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро афсарони пуртаҷриба , содиқони амнияти ватани хеш аз қабили генерал- майор Маҳмудбек Аҳмадов, полковникҳо Раҳматулло Қурбонов, Ҳаким Ҳомидов, Муҳаммадҷон Ҷаъфаров, Саидобид Саидов, Қурбоналӣ Каримов ва Аслам Назаров ба ӯҳда доштанд.

Имрӯз бошад сардории Шӯъбаи фаврӣ- ҳарбии Суғди Сарраёсати қӯшунҳои сар-ҳадии Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро полковник Ҳикматулло Пираков ба зима дорад. Бояд зикр намуд, ки имрӯз ба ӯҳдаи шӯъба вазифаи хеле пурмасъулият гузошта шудааст. Онҳо бо сарвари чашмикордони худ вазифаҳои мушкилу пурмасъулиятро ба ӯҳда доранд, то ин ки посбон ва сипари асосии марзи ватани хеш бошанд. Бале имрӯз марзбонони тоҷик дар роҳи такомул ва таъсисёбии мушкилоти зиёди сангинро пушти сар намуда, ба тавонои ҳифзи марзу буми ватанӣ табдил ёфтаанд. Дар семоҳаи аввали соли 2012 аз ҷониби сарҳадбонон бо сардори Ҳикматулло Пираков 17 адад вайронкуандагони низоми сарҳадӣ ба қайд гирифта, 36 вайронкунандагони сарҳадӣ ба даст афтоданд.

Ҳамчунин сарҳадбонон ҳангоми дифои марзи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2012 дар қисмҳои ҳарбии ШФХ "Суғд" 9829, 2042, 2857, 2850, 2199 ва қисми ҳарбии 2454 маҳсулотҳои ниёзи мардум, маводҳои хӯрока, сӯзишворӣ ва маводҳои сохтмонӣ дар хатти сарҳади давлатӣ, ки ғайриқонунӣ ба ҳудуди вилоят ворид карда мешуданд, мусодира намуданд.

Cарҳадчиёни қисми ҳарбии 2601 ва 2115 маводҳои муайяни мухадири героин ва афюнро ошкор сохтанд. Дар қатори дигар дастовардҳо имрӯз бинои дидбонгоҳҳои сарҳадии «Равшан» дар ноҳияи Зафаробод, «Арка»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раёсати қисми ҳарбии 2042 дар ноҳияи Ғончӣ сохтмони раёсати қисми ҳарбии 2850 дар ноҳияи Мастчоҳ, дидбонгоҳи сарҳадии «Ёрӣ»-и шаҳри Панҷакент, "Патар"-и ноҳияи Конибодом, қисми ҳарбии 2655 ба таври замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Санаи 28- уми май ба рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сол пур мешавад. Аз ин рӯ, аз номи муштариёни рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" ҳамаи онҳое, ки имрӯз барои ҳимояи марзу буми кишвар синаи худро сипар намуда, бо вайронкунандаҳои марз мубориза мебаранд, барори кор, тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хонаи обод тамано дорем.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

Читать далее