December 2012

31 December 2012

"Абрешим" эътибори пешинаашро барқарор мекунад

Ё худ насбу васли технологияи наву замонавӣ дар коргоҳи азим

Таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани иқтидори саноатии кишвар ба некӯаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Бо ҳадафи рушди воқеии соҳаи саноати сабук барномаву нақшаҳои давлатӣ қабул шудаву даҳҳо корхонаҳои хурду азим сохта, ба истифода дода, коргоҳҳои пешина бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Читать далее

Ифтитоҳи бинои отряди сарҳадӣ

Бинои Отряди сарҳадии Бӯстон дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов ва Раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо тантана кушода шуд. Тибқи дастуру супоришоти Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ барои сарҳадчиён бино аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар муддати кӯтоҳ бо сатҳу тарҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Читать далее

26 December 2012

Дар бораи иҷлосияи дувоздаҳуми маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати IV

Санаи 25-уми декабри соли 2012-ум дар толори хурди маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чаҳорум баргузор гардид. Дар иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва муовинони раиси шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсати молия ва нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Читать далее

10,3 млн. сомонӣ барои тармими иншооти обёрии Зафаробод

Бо дастгирии саривақтии Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқароркунии иншоотҳои обрасонӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз буҷаи давлат 10.300.000 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Бинобар маълумоти аёсати мелиоратсия ва хоҷагии оби вилоят маблағи 6,5 миллион сомонии он барои харидани муҳаррики барқии ВДС-2-325/69-16 УХЛ-4 8000 кВт масраф мегардад. Маблағи боқимонда барои дастрас намудани қисмҳои муҳаррики барқӣ, маводҳои изолятсионӣ барои таъмири муҳаррикҳои барқии пойгоҳҳои обкашӣ, харидани таҷҳизотҳо барои барқарорсозии чоҳҳои амудӣ, тоза намудани заҳбуру заҳканҳо ба масофаи 30 км пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода пайваста аз вазъи фаъолияти пойгоҳҳои обкашии «Мирзочӯл-1», «Мирзочӯл-2» «Мирзочӯл -3», «Rизилӣ », ДВГНС, ки дар рушду тараққиёти хоҷагии халқи ноҳияи Зафаробод нақши муассир доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯли тоҷикон ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» соли 1963 бунёд ёфта, тариқи он 24 ҳазор гектар заминҳои кишти ноҳия обёрӣ мегарданд. Ин иншооти бузурги гидротехникӣ дорои 4 муҳаррики бузург буда, обро ба баландии 95 метр ва дарозии беш аз 900 метр интиқол медиҳад. Дар ин пойгоҳи обкашӣ беш аз 200 нафар коргарону мутахассисон меҳнати дилгармона доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

25 December 2012

Мусобиқаи кушод оид ба бокс

Дирӯз дар толори "Ҷашнӣ"-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба хотираи гиромидошти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзалиев Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 1995-1996 баргузор гардид. Читать далее

Шиносномаи биометрӣ ва аҳамияти он

Гардиши куллии ҳаёт ва муҳимтарин ҳодисаи сиёсӣ барои мардуми тоҷик ин ба истиқлолият расидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мебошад. Чунин дастовардро шаҳрвандони Тоҷикистон ҳифз намуда, мустақилияти миллиро дар кишвар барқарор намуданд.

Баҳри таъмини сиёсати пешгирифтаи давлати тозаистиқлол, ки мақсади эъмори давлати ҳуқуқбунёду дунявиро дорад, тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа марҳила ба марҳила ба замони муосир мутобиқ қарда шуданд.

Дар Ватани мо ҳуҷҷатгузорӣ низ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, дар замони соҳибистиқлолӣ зарурати ташкил ва мавриди истифода қарор гирифтани шиносномаҳои миллӣ, умумишаҳрвандии хориҷӣ ва биометрӣ пеш омад. Чунин ҳуҷҷатҳо моликияти давлат буда, соҳибони ин гуна ҳуҷҷат ҳамчун шаҳр-вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимоя ва пуштибонии Тоҷикистон қарор доранд.

Манзур аз ин нигошта он аст, ки дар бораи зарурат ва аҳамияти шиносномаи хориҷии дорои маълумоти электронидошта ё ба тавре ки имрӯзҳо баён мекунанд, шиносномаи биометрӣ бартарият ва дастраскунии он ба шаҳрвандоне, ки ба ин гуна ҳуҷҷат ниёз доранд, маълумот пешниҳод намоем.

Албатта, новобаста аз намуд шиноснома ҳуҷҷати асосие мебошад, ки шахсияти шаҳрванд дар асоси он муайян карда мешавад. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ва шиносномаи биометрӣ барои шаҳрвандоне пешбинӣ шудааст, ки ба хориҷа сафар мекунанд. Ин гуна ҳуҷҷатҳои муҳим берун аз қаламрави кишвар шахсияти шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ намуда, онҳоро ба ҷаҳони мутамаддин мепайвандад.

Намуди нави шиносномаи хориҷии маълумоти электронидошта дар асоси Фармони Президенти мамлакат "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд" ва Қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷорӣ карда шудааст.

Тибқи маълумот бисёре аз давлатҳои пешрафта пурра ба низоми истифодабарии шиносномаҳои биометрӣ гузаштаанд. Ин раванд дар кишвари мо аз соли 2010 шурӯъ шуда, дар баробари шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии намунаи соли 1998 тасдиқ шуда, ба шаҳрвандон шиносномаҳои маълумоти электрони дошта дода мешавад. Шиносномаҳои биометрӣ бояд тадриҷан шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷиро аз байн баранд, зеро ин намуд шиноснома ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Шиносномаи хориҷии дорои маълумоти электронӣ ба мӯҳлати 10 сол дода шуда, аз 46 саҳифа иборат мебошад ва дар он маълумоти зарурӣ ҷой дода шудаанд. Маълумоти биометрии соҳиби шиноснома, аз қабили изи ангуштон, ному насаб, акс ва имзо дар ин намуд шиноснома ба таври электронӣ насб карда мешавад. Доро будан ба чунин бартариятҳо имкон медиҳад, қи қалбакӣ тайёр намудани шиносномаи биометрӣ пешгирӣ карда шуда, ғайриимкон гардад.

Таъмин намудани шаҳрвандон ба шиносномаҳои биометриро хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶТ ва намояндагиҳои тобеи он дар Раёсатҳои ВКД ҶТ дар вилоятҳо ба ӯҳда дошта, барои соҳиб шудан ба шиносномаи биометрӣ шаҳрвандон метавонанд, ба марказҳои маълумотҷамъкунии хадамоти мазкур бо ариза муроҷиат намоянд.

Қонунгузор дар бобати соҳиб шудан ба шиносномаҳои биометрӣ маҳдудияти синну солро муқаррар накардааст, шахс новобаста аз он, ки вай кӯдак аст ё калонсол метавонад, ҳангоми зарурат бо пешниҳоди хуҷҷатҳои лозима ин намуд шиносномаро соҳиб шавад. Барои гирифтани шиносномаи хориҷии дорои маълумоти электронидошта шаҳрвандон бояд чунин ҳуҷҷатҳоро ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешниҳод намоянд: < br >- шиносномаи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; < br >- шаҳодатномаи ҳарбӣ ё маълумотномаи ҳарбӣ (барои мардҳое, ки аз 18 то 27 - сола мебошанд); < br >- шаҳодатномаи ақди никоҳ (агар шаҳрванд оиладор бошад).

Наврас ё ноболиғоне, ки хоҳиши соҳиби шиносномаи биометрӣ шудан доранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин: < br >- шаҳодатномаи таваллуд; < br >- розигии волидайн, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст; < br >- нусхаҳо аз шиносномаи дохилии волидайн; метавонанд ин намуд шиносномаро ба даст оранд.

Мӯҳлати тайёр қардани шиносномаи биометрӣ аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо 15 рӯзи кориро дар бар гирифта, баҳри дастрас намудани он чунин хароҷотҳо муқаррар шудааст: < br >- барои варақаи шиноснома 75$ ИМА (357с 50д.); < br >- боҷи давлатӣ 60 сомонӣ; < br >- хизматрасонии ХШБ 30 сомонӣ, ки дар маҷмӯъ 447 сомониро ташкил медиҳад.

Инҷунин шаҳрвандон метавонанд дар ду ҳолати дигар:
- таъҷилӣ ва фаврӣ соҳиби шиносномаи биометрии хориҷӣ шаванд. Мӯҳлати таъҷилӣ омода намудани шиноснома 7 рӯзи кориро фаро гирифта, маблағи пардохт барои таъҷилан баррасӣ намудани аризаи шахси муроҷиаткунанда меафзояд: < br >- барои варақаи шиноснома 150$ ИМА (715с); < br >- боҷи давлатӣ 60 сомонӣ; < br >- хизматрасонии ХШБ 30 сомонӣ.
Дар мавриди зарурат шаҳрвандон метавонанд барои фавран гирифтани шиносномаи биометрӣ, ки дар мӯҳлати 3 рӯзи корӣ тайёр мешавад, дархост кунанд. Дар ин ҳолат чунин ҳароҷот пешбинӣ шудааст:
- барои варақаи шиноснома 225$ (1071с.);
- боҷи давлатӣ 60 сомонӣ;
- хизматрасонии ХШБ 30 сомонӣ;

Наврасону ноболиғони то синни 16 - сола бо пардохти 25$ ИМА барои варақаи шиноснома ва 30 сомонӣ ҳаққи хизматрасонии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (120 сомонӣ) соҳиби шиносномаи биометрӣ мешаванд (маҷмӯъан дар ҳолати таъҷилӣ - 50$ ИМА 30 сомонӣ ҳаққи хизмати ХШБ ва дар ҳолати фаврӣ - 75$ 30 сомонӣ ҳаққи хизмати ХШБ).

Маблағҳои аз ҷониби шаҳрвандон пардохтшаванда дар кассаҳои бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" қабул карда шуда, шаҳрвандон бо пешниҳоди расид (квитансия) ба корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар мӯҳлати муайяншуда соҳиби шиносномаи хориҷии маълумоти электронидошта мегарданд.

Айни ҳол хоҳишмандони ба ин намуд шиноснома соҳибшаванда ҳамарӯза меафзояд. Соли 2011 агар ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВҚД ҶТ дар вилояти Суғд, 478 нафар сокинони вилоят муроҷиат карда бошанд, дар соли ҷорӣ масъулини хадамоти мазкур 6159 аризаи шаҳрвандонро қабул карда, дар давраи 11 моҳ сипаришудаи имсола ба 5910 нафар шаҳрвандон шиносномаи биометрӣ дастрас намуданд.

Абдуфаттоҳ ШАФЕЕВ, нозири калони ХШБ РВКД ҶТ дар вилояти Суғд

Читать далее

Масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ шуданд

Дар толори "Кохи матбуот" ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят доир гардид. Он таҳти роҳбарии намояндаи ваколатдори Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятии вилоят, муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ба вуқӯъ пайваст. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ хотираи узви Шӯро, муовини раиси Ҷамъияти "Дониш"-и вилоят Аҳмадҷон Мансуровро бо дақиқаи хомӯшӣ ёд карданд.

Читать далее

24 December 2012

Барномаи рушди иқтисодии деҳот - дар амал

"Барномаи рушди иқтисодии деҳот" (БРИД) дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ ва маблағгузории Созмонҳои байнал-милалӣ - барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Агентии Олмон оид ба рушди байналмилалӣ (GIZ) ва Вазорати Бритониёи Кабир оид ба Рушди байналмиллалӣ (DFID) амалӣ шуда истодааст.

Читать далее

Ҳамкориҳо такомул меёбанд

Тавре маълум аст, бо мақсади мустаҳкам кардани дӯстии байни ду мамлакат, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, тақвият бахшидани робитаҳои ҳамаҷонибаи вилоятҳо, ҳамчунин бештар намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду вилоят байни роҳбарияти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳафтаи гузашта мулоқоти корӣ доир гардид. Читать далее

19 December 2012

Хуҷандро ба ҷуз мо кӣ обод мекунад?

Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода марҳалаи сеюми қабули шаҳрвандонро дар соли 2012-ум ба анҷом расонд. Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд маъракаи қабули шаҳрвандон доир гардид. Дар он муовинони Раиси вилоят, мудирони шӯъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.

Читать далее