December 2014

26 December 2014

Тафаккури миллӣ ва андешаҳои ҷаҳонсози ҷавонони маорифпарвари тоҷик

Амри собитшуда ва сабақи таърихист, ки инсоният аз нахустин айёми маърифати ҳастии худ ҳамеша ниёзмандиашро ба пайванди рўҳонӣ, ҳамдиливу иттиҳод дар рафъи мушкилот эҳсос намуда, бад-ин васила иттифоқу ягонагӣ ё таъбири баёнгари маҷмўи ин отифаҳо - ваҳдатро аслу мояи зиндагонии шоиста ва паёми наҷоти хеш аз куллияи ҳаводису воқеот ва бархўрдҳои ташаннуҷангези рўзгор шинохтааст. Бавиҷа, дар зеҳну хотираи миллати мо чунин бархўрдҳоро ба фаровонӣ метавон маърифат намуд, ки ҳамагӣ ҳосили санҷиши таърихӣ ва муфассири қудрати ваҳдатсози ин халқу миллати эътирофшуда бар офаринандагиву созандагӣ маҳсуб меёбанд.

Дар марҳилаи ҷадиди таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва таноқузи воқеъёфта маҳз бо таваҷҷўҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги тафоҳум ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Дар маросими таҷлили Рўзи ваҳдати миллӣ дар Бадахшон ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бад-ин қарор тавзеҳ дод: "Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт.

Маҳз бо шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл намудем. Дар ин раванд, мо пеш аз ҳама пойдевори кохи бузурги ваҳдатро гузошта, барои зиндагонии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила заминаи мусоид фароҳам овардем. Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумўи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад".

Агарчӣ расмияти сиёсии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 анҷом пазируфт, аммо шурўи марҳилаи сулҳофаринӣ ва талош барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишварро метавон минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон номзад намуд. Паёми сулҳнисори Сарвари давлат, ки аз остонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба саросари олам рисолати ваҳдатофар ва ваҳдатовари Эмомалӣ Раҳмонро паҳн кард ва нидои "ман ба шумо сулҳ меоварам" - дурнамои зиндагонии шоиставу обод ва озодаву оростаи тоҷиконро таҷассуми мунаввар ато намуд. Ҳанўз дар муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба мардуми тоҷик нияти неку хайр ва хуҷастаи ў дар офариниши сулҳу саодати халқ ҷилвагар шуд: "Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор кардани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам".

Фалсафаи ибратоин ва ҳумоюни гузаштагони мост, ки ҳамеша нияти неку хайр ва савоби султонро бузургтарин васила ва омили шараф ба саодати абадӣ шинохтанд. Ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Ғазолӣ бо руҷўъ ба рўзгори Анўшервони Одил аз номи ин султони хуҷастамазҳари аҷдоди мо нақл кардааст, ки "Рўзе ба вақти баҳорон барнишаста буд бар сари сабили тамошо. Ва андар миёни сабза мегашту дар дарахтони пурбору дар боғҳои ободон менигарист. Ногоҳ аз асп фуруд омаду Худойро шукр кард ва рўй бар хок ниҳоду замоне дароз дар суҷуд буд. Чун сар аз хок бардошт, касони хешро гуфт, ки фарохии сол аз доду адли подшоҳ бувад ва некўниятӣ ва эҳсон кардан ба раияти хештан. Ва сипос Худойро, ки некўниятии мо дар ҳама чизҳо кард". Ва ин сухан бад-он гуфт, ки ўро таҷриба афтод ба вақте, чунон ки ба ҳикоят омадааст".

Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрўз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷ ниҳода мешавад, симои Сарвари давлатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва раҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри навин муаррифӣ кардааст. Ин ҳама ибтикорот ва пайкорҳои муаззам қабл аз ҳама реша дар фалсафаи некпиндории Эмомалӣ Раҳмон - вориси ин салотину мулуки бузург доранд, ки дар минбари Иҷлосияи шонздаҳум ва баъдтар муроҷиатномаҳои пайдарпайи эшон садо додаву ба тадриҷ бо таҳаққуқи андешаи созандаи мардуми тоҷик "нияти нек - ними давлат" давлату иқболи беназиреро барои мо -тоҷикон дар кўтоҳтарин фурсат таъмин намуданд. Ба таъбири дигар, аз пиндори нек то ба қаламрави гуфтору рафторҳои неки мутааддин роҳ кушода, маҳсули худро дар бузургтарин ибтикору дастовардҳои бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рўшан ва пешорўи халқ ҷилвагар сохтанд.

Ҳамин гуна бо имзои ҳуҷҷати бахту саодати миллат- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи ҷадиди шукўҳу нусратҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки ба дунболи талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардиданд, мунҳасир ба ниёзҳои миллии тоҷикон ва мансубият ба як халқу миллату мазҳаб боқӣ намонданд, балки бо таваҷҷўҳ ба ибратпазирӣ аз сиёсати кишвардории миллии Сомониёни хуҷастамазҳар сиёсати ваҳдати миллӣ то вусъати ваҳдати фикриву ақидавӣ ва мазҳабиву динӣ тавсеа ёфта, ба тадриҷ дар заминаи эҷоди муколамаи фарҳангҳову динҳо манзалати ҷаҳонӣ касб кард.

Маҳсули ин ибтикор ва таваҷҷўҳ ба сиёсати давлатдории миллии аҷдоди хеш буд, ки соли 2009 таҷлили Соли бузургдошти Имом Абўҳанифа аз сар гирифта шуд ва Сарвари давлати тоҷикон бо мурур ба фарҳанги таҳаммулпазирии ин шахсияти оламгири ҷаҳони ислом фалсафаи оштии мазоҳибу динҳоро ба миён гузошта, ҷилавгирӣ аз афкори муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиро таблиғ намуд. Ҳосили ин таваҷҷўҳ ба таъмини ваҳдати милливу динии тоҷикон муассир афтода, рисолати сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмонро аз мақоми миллату халқиятҳои мамлакати худ то ниҳоду давлатҳои ҷаҳони ислом иртифоъ бахшид, ки нақши созандаи андешаҳои ўро ба ҳукми эъморгари ваҳдати мазҳабӣ дар сурат ва сирати таълимоти Имом Абўҳанифа бозтоби равшан мебахшанд.

Ҷаҳонишавии Наврўз, ки тавҳиди раъйи на танҳо кишварҳои форсизабон ва ҷаҳони исломро таъмин кард, балки дар ақсои олам ҳавзаи тамаддуни Наврўзро бо ҳузури беш аз бист давлати таҷлилкундаи он эҷод сохт, бо сарчашмагирӣ аз ибтикороти ваҳдатоини давлати тоҷикон унсури тамаддуни миллии моро мақоми ҷаҳонӣ ато фармуда, бад-ин васила фарҳанги тоҷиконро дар партави ваҳдати умумибашарии оини ҷаҳонии миллат ба саросари гетӣ нашр сохт, то аз файзу баракоти он ҷомеаи башарӣ низ бебаҳра намонад. Ин тадбир ҳам падидаеро дар зимни омезаи аносири фарҳанги милливу динӣ ва ҷаҳони имрўз пайрезӣ намуд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ ба миллати мо азамату тавони тозаи оламгирии фарҳангӣ ато кард.

Эмомалӣ Раҳмон чун бунёдгузори фарҳанги нави сулҳ афкори ҷаҳонсози хешро аз ҳадди ваҳдати миллӣ, тафаккури поку мубаррои мазҳаби Имом Абўҳанифа то ба марзи муколамаи фарҳангҳо тадовум бахшида, дар канори баррасии вазъи Тоҷикистони имрўз ва дурнамои он башариятро ба ҳамгироиву ҳамдилӣ ва ваҳдати ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли муаммоҳои глобалии сайёра бозмехонад. Ин амр баёнгари он аст, ки имрўз намод ва консепсияи фарҳанги сулҳи Тоҷикистон ба тадриҷ манзалати ҷаҳонӣ касб карда, кишварҳои олам аз ин таҷрибаи бесобиқаи ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ файз бардошта, дар ҳалли муноқишаҳои гуногуни мафкуравӣ ва сиёсиву ҳарбӣ аз тадобир ва пиндору назароти он ба кор мегиранд.

Ҷаҳонороӣ ва ҷаҳонишавии фарҳанги сулҳи тоҷикон гузаштаҳои дурро ба мо ва имрўзамонро ба фардоҳои мақсуд пайванд бахшида, аз сарзамини ваҳдати миллӣ ва марзу буми як миллати дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба таъбири Эмомалӣ Раҳмон бо андозаи "донаи рег" то қитъаҳои бузургу анҷумани давлатҳои олам, уқёнусҳои нопайдоканор интиқол дода, кишвари моро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сайёра дигарбора ба ҷаҳони муосир пайванди маҳкам мебахшанд.

Таваҷҷўҳ ба ин ҳосилаҳои сиёсати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳнамои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сўи фардоҳои пур аз корномаву ибтикороти навин пеш аз ҳама дар канори тафсири воқеиятҳои ин падидаҳои равшан ва мубарҳани низоми давлатдории имрўзаи кишвари мо ҳамчун равишҳои эътирофшуда дар сиёсати ҷаҳонӣ бозгўӣ ва шарҳу эзоҳ ба насли имрўз ба хотири маърифат ва шинохтану дарки ҳақиқати он аст. Чуноне ки дар суханрониҳои хеш сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш азҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст».

Таблиғи насли наврас ба омўзиши мероси таърихӣ ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси мақомоти Президенти кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ берун меоянд. Маҳз, ба ҳамин хотир аст, ки сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими Президенти мамлакат ҳам пеш аз ҳама дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгони хеш ифодаи худро пайдо мекунад.

Сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷузъи қавии сиёсати куллии давлати тоҷикон шинохта шудааст, як рукни муҳими хешро дар шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон, сабақбардорӣ аз дастовардҳои таърихии аҷдодӣ ва дар ин замина таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сомон бахшидааст. Ин аст, ки имрўз дар партави баргузории чорабиниҳои мўҳташами бархурдор аз арзишҳои фарҳангиву маънавӣ дар қатори дигар қишрҳои иҷтимоии ҷомеа аз ҷавонон низ даъват ба амал оварда мешавад, то ки ба омўзиши мероси аҷдодӣ ва сабақгирӣ аз таҷрибаи тоҷикон дар масири таърихи мавҷудияти хеш таваҷҷўҳи махсус зоҳир намоянд. Аз назари дигар, таҷлили ҷашнвораҳои шукўҳманди 1100 солагии Давлати Сомониён, 1000 солагии Носири Хусрав, 2700 солагии китоби муқаддаси Авасто, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кўлоб, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, соли бузургдошти забони тоҷик ва Соли Имоми Аъзам, таҷлили 1150 солагии устод Рўдакӣ дар тафаккури ҷавонони мо равзанаҳои хосе дар ҷодаи худшиносӣ, худогоҳӣ ва маърифати саҳеҳи таърих ифтитоҳ менамояд.

Маҳз, аз ин гуна раҳгузор ҷавонони мо имкон пайдо мекунанд, ки самтҳои хоси шинохти арзишҳои миллии гузаштаро муқаррар намуда, сабақҳои шоиста ва пешбарандаро дар ҳаёти маънавӣ ва фикрии хеш дармеёбанд. Ин меъёри маърифати арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон аз нигоҳи аввал барои густариши фикрӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллии ҷавон омили муассир ояд, аз дигар сў сабақбардорӣ аз зиндагии ибратбахши ниёгон насли нави имрўзро ба сўи ормонҳои олӣ ҳидоят намуда, шоистагии онро дар баробари ниёгони шўҳратманди хеш ба субут мерасонад.

Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол вусъат пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди давлати имрўза барои тарбияи фикриву маънавии насли нақши рўшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва баромади аксари онҳо дар рўҳияи худогоҳона аз ин дарак медиҳад. дар ҳамин фазои мусоид ва амалияи нуктаҳои асосии созишнома буд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвандад. Баргузоршавии мулоқотҳои сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва таъйини Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро низ ба гунае метавон самараи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҳосили ваҳдати миллӣ номзда кард. Ба ибораи дигар, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва ваҳдати миллии ба дастомада дар ҳаёти ҷавонон низ таъсири мунир гузошт. Ҷавонони кишвар дар партави нишондодҳои сарвари давлат ва таҳкими ғояҳои сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ ба ҳама омада, барои ободониву шукуфоии мамлакат саҳми худро гузошта меоянд. Ҷавонон низ дар қатори дигар табақаҳои ҷамъиятӣ эҳсос намуданд, ки танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад, ки кишварро ба сўи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад.

Танҳо таҳлили ҳаёти ин чандсолаи ҷавонон бозгўи он аст, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рўзгори насли ҷавони кишвар падидаҳои фараҳбахш ба вуқўъ пайвастанд. Дар канори таъсиси мақомоти давлатии танзими фаъолияти ҷавонон дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нуфузи бештаре пайдо намуд. Таъсис ёфтани ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон, ки бевоситаи ибтикор ва иқдоми наҷиби худи Президенти кишвар буд, дар ҷалби бештари ҷавонон барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва рўи кор омадани осор ва тадқиқоти судманди олимони ҷавон нақши муассир гузошт. Олимону аспирантон дар канори баҳравар шудан аз ин иқдоми хушоянд соҳиби идрори номии Президентӣ гардиданд. ки ҳамасола ба чанд нафар пешқадамони олами таҳқиқ аз ҳисоби ҷавонон дода мешавад. Аз ин самт ҳам дастгирӣ ёфтани ҷавонони паҷўҳишгар болоравии сатҳи корҳои илмии онҳоро дар самти анҷоми таҳқиқоти бунёдӣ таъмин намуд. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мубаллиғи сиёсати давлат дар байни ҷавонон ва бо мақсади татбиқи амалии ин ормонҳо дастгирии ҷавонони лаёқатмандро дар ҳама риштаҳои дигар аз масоили меҳвари фаъолияти худ қарор дод. Натиҷаи ин таъсиси чанд ҷоизаи махсуси Кумита дар риштаҳои адабиёт, ҳунар ва рўзноманигорӣ аст, ки ҳамасола дар арафаи Рўзи Ҷавонони Тоҷикистон ба шоирону адибон, ҳунармандон ва рўзноманигорони ҷавон супорида мешавад.

Тўли чанд соли фаъолияти ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ҷавонони зиёде аз ҳисоби олимони ҷавони кишвар тавонистанд, ки бо корҳои шоиста дар назди таърихи миллати тоҷик ба гирифтани ин мукофоти баланд шарафёб гарданд. Масъулиятшиносӣ, муҳаббат ба илм ва шавқу шўри беандозаи ҷавонони моро нисбат ба омўзишу парвариш дар ин самт метавон сабақе аз шинохти дастовардҳои ниёгони шарафманд маънидод кард. Ба гирифтани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни ҷавонон мушарраф гардидани 4 нафар олимони ҷавони вилояти мо, инчунин ба ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров сазовор гардидани чанд тан аз ҷавонони болаёқату эҷодкор, зиёд гардидани теъдоди иштирокчиёни конфронсҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ ва берун аз он, ба сифати аспирант ва муҳаққиқ-коромўз ба марказҳои илмии бонуфузи кишварҳои ИДМ ва хориҷи он сафарбар шудани олимони ҷавон ва ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар муассисаҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ ба мақоми махсуси ҷавонони болаёқати вилояти мо ҳамчун созандагони фардои ҷамъият таъкид мекунад

Ба ин монанд дар дигар соҳаҳои ҳаёти моддию маънавии ҷомеа нақши рўшани ҷавонон эҳсос мешавад, ки ба гунае аз маърифати арзишҳои дирўзу имрўз сарчашма мегирад. Ба ибораи дигар, шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон барои эҷоди арзишҳои нави маънавӣ дар ҷомеаи кунунӣ замина мегузорад, ки ташаббускори асосии эҷоди ин арзишҳо пеш аз ҳама ҷавонони кишвар мебошанд.

Аз ин мулоҳизот бармеояд, ки баробари маърифати арзишҳои маънавии гузаштагон насли имрўзро ҳамқадами замон будан ва дар зовияи талаботҳои ҷомеаи кунунӣ мутобиқ намудани арзишҳои маънавии гузашта амри муҳим маҳсуб мешавад. Мутаносибан ба ҳамин нуктаи зарурӣ аст, ки Президенти мамлакат ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷиҳати татбиқи амалии ин нуктаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ таъкид кардаанд: «Зиндагии наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани техника ва технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъӣ талаб мекунад». Вобаста ба ин ҷавонони моро зарур аст, ки бештар ба талаботҳои ҷомеаи муосир тафаккур ва марому мақсади хешро мувофиқ намуда, ҷиҳати фарогирии донишҳои технологии ҷадид, забонҳои хориҷӣ, омўзиши компутар ва бархурдорӣ аз дастовардҳои илму техникаи нав саъйу эҳтимом варзанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем ба ин насли ояндасоз ҳамчун мутахассисони замонавӣ ва ҷавобгў ба талоботҳои ҷомеаи муосир такя намоем ва аз онҳо тадқиқоту ихтироот, дастовардҳои тозаи касбӣ, адабиву эҷодӣ ва амалӣ интизор бошем.

Бо шукўҳи хоса таҷлили гардидани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон худ падидаи ҷолибе аст, ки сиёсати давлати кунунии тоҷиконро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати насли наврас ифода менамояд. Ин қадршиносӣ далолат бар он дорад, ки дар ҷомеаи имрўза мақоми ҷавонон рўз аз рўз боло рафта, нигоҳи давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад. Дар маҷмўъ ҳамаи ин дастовардҳои бузурги ҷавонони қарни ХХI-и кишварро бо эътимоди комил метавон меваи истиқлол ва сиёсати фарҳангсолоронаи сарвари давлат номид, ки аз баракати ин марҳилаи сарнавиштсози кишвар барояшон муяссар гардидааст.

Умед бар он мебандем, ки бо дарки амиқи шинохти арзишҳои маънавӣ ва маърифати падидаҳои илмиву амалӣ ва фарҳангиву ирфонии ҷомеаи муосир, ҳамзамони ба ҳам пайванд бахшидани арзишҳои дирўзу имрўзи миллат ҷавонони мо ба офаридани дастовардҳои назаррас, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ муяссар гардида, барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳони тозаву нав бо нигоҳу тафаккур ва андешаи нав эҳдо хоҳанд кард.

Нуралӣ Нурзод,
шоир, дорандаи Мукофоти ба номи Исмоили Сомонӣ

Читать далее

25 December 2014

Ислом аз нигоҳи ҳукуқӣ ва ҷаҳонбинии тавҳидӣ

Дар замони муосир омилҳои ҷудоихоҳӣ ва коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ дар аксарияти кишварҳои мусулмонии Шарқи араб, ҳаводис ва ҷангҳои шаҳрвандии дохилӣ дар онҳо масоили аз нигоҳи нав назар намудан ба ғояи ягонагӣ ва нақши дин дар ин равандро ниҳоят муҳим гардонидаанд. Бояд гуфт, ки масъалаи номбурда барои Тоҷикистон низ, ки баъди соҳиб шудан ба истиқлолият роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқиро пеш гирифтааст аз ҳар ҷиҳат муҳиму аҳамиятнок аст.

Имрўз, чуноне ки маълум аст, таъсири мутақобилаи се падида, яъне дин, давлат ва ҷамъият ба ҳам зич гардида, дар доираи он масоили таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, дар мувозинат нигоҳ доштани идеологияи динӣ ва ғайраҳо дар маркази таваҷҷўҳ қарор доранд. Чунин ҳолат нав набуда, балки давоми чандин асрҳо баъди нузули ислом ба Осиёи Миёна рушду такомул ёфта то замони мо омада расидааст. Дар ҳақиқат агар ба гузаштаи таърихи давлатдории тоҷикон нигарем, чӣ дар аҳди Тоҳириёну Сомониён ва чӣ дар давраи ҳукумати сулолаҳои баъди давлату ҳокимият кўшиш мекарданд, ки бо ҳар роҳу усулҳои имконпазир дар ҷамъият вазъи таъсиру нуфузи диниро ба эътидолу як маром оранд ва нагузоранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав бо ном «исломӣ», масалан қарматия, мўътазила, рофизия, саъбия ва ғайраҳо) ваҳдати диниву миллиро коста гардониданд. Бо чунин мақсад, ҳатто дар аҳди Сомониён таҳти супориши махсуси Амир Исмоили Сомонӣ аз ҷониби фақеҳон ва илоҳиётшиносони маҳаллӣ асари машҳури «Ас-савод-ул аъзам» таълиф карда мешавад.

Бо ҳамин тарз, барои халқи тоҷик ва дигар халқҳои минтақаи Осиёи Миёна масъалаҳои марбут ба аниқ намудани вазъи дин дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу амният, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа нав набуда, дар замони муосир дар шакли навин арзи ҳасти кардаанд.

Аммо имрўз дар шароитҳои ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва таҳти таъсири бузурги маданияти ғарбӣ қарор гирифтани фарҳанги миллӣ бояд на танҳо механизми таъмини мувозинат дар муносибатҳои мутақобилаи дин, давлат ва ҷамъият барқарор бошад, балки лозим аст акнун дин дар ҳифзи дастовардҳои фарҳанги миллӣ, ки тўли садсолаҳо бо ҳам ҳамқадам буданд, гузошта шавад. Чунин хусусият тарҳрезӣ намудани механизми нави инкишофи дин, давлат ва ҷомеаро талаб мекунад. Дар робита ба ин, аҳамияти муосири тамаддуни исломӣ-ҳуқуқиро мавриди назар қарор дода, д.и.ҳ., профессор А.Ғ. Холиқов менамояд: «имрўз намесозад, ки ба ин тамаддун ҳамчун тамаддуни кўхнашуда, фарсуда ва кинапарвар назар намуд. Агар дар ҳақиқат чунин мебуд, бузургтарин фаразандони маърифтапарвару инсондўст чун Рўдакиву Саъдӣ, Мавлоною Ҷомӣ Ҳофизу Бедил, Низомию Форобӣ ва дигарон дар паҳноӣ он ба воя расида, халқҳои ҷаҳонро таълими некию некўкорӣ намедоданд».

Аз ҳамин лиҳоз, дар замони муосир ҷаҳонишавии тавҳидии Ислом, к ибо ҳар падидаву тазодҳои хеш шароиту омилҳои ба такон овардани амнияти истиқлолияту давлатдории миллӣ ва фарҳанги волои халқро ба вуҷуд меоварад, муайян намудани роҳу усулҳои ҳамзистиву ҳамкории ислом ва давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аҳамияти хоса дорад.

Ислом аз он бармеояд, ки ҳуқуқи амалкунанда аз тарафи Худованд омада, дар давраи муайяни таърихӣ тавассвути паёмбараш Муҳаммад (с) ба бандагонаш нозил шудааст. Ҳуқуқи Аллоҳ ба инсон як маротиба ва абадӣ дода шудааст. Ҷомеа бояд аз рўи он кор кунад. Инсон набояд ҳуқуқҳои навро дар натиҷаи тағйир ёфтани шароитҳои иҷтимоӣ фикр карда барояд. Ҳақиқат тибқи назарияи ҳуқуқи ислом ваҳйи худовандист, ки онро фаҳмонидан ва тафсир кардан зарур аст. Дар ин ҷода ҳуқуқшиносони дини ислом-фақеҳон асрҳо заҳмат кашидаанд. Аммо, фаъолияти онҳо на ба таҳияи ҳуқуқи нав, балки танҳо ба мусоид намудани ҳуқуи худовандӣ ба истифодаи амалӣ равона шуда буд.

Аз он, ки мувофиқи Ислом ҳуқуқи мусулмонӣ иродаи Худовандро ифода намудан аст, он тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифтааст. На танҳо он ҷанбаҳоеро, ки одатан ба доираи ҳуқуқ тааллуқ доранд. Зеро, ҳуқуқи мусулмонӣ дар фаҳмиши васеъ намозро муайян мекунад, ки мусулмон бояд онро хонад, рўза, ки онро бояд ҳар фарди мусулмон дорад, хайру эҳсон, ки ба мусулмон фарз аст ва аёдати ҷойҳои муқаддас, ки аз рўи имконият мусулмон бояд он ҷойҳоро зиёрат намояд. Бояд гуфт, ки маҷбуран риоя кунонидани ин қоидаҳо манъ аст. Ба ин маънӣ ҳуқуқи исломӣ чун низоми ягонаи танзимкунандаи иҷтимоӣ-меъёрӣ баррасӣ мешавад, ки дар худ ҳам меъёрҳои ҳуқуқиву ҳам танзимкунандаҳои ғайриҳуқуқӣ, пеш аз ҳама диниву ахлоқӣ ва анъанаҳоро ворид сохтааст.

Шариат- ҷавҳари ислом аст. Вай аз ду қисм иборат мебошад: теология ё принсипҳои эътиқод (ақида) ва ҳуқуқ (фиқҳ). Фиқҳ ё ин ки ҳуқуқи исломӣ дар навбати худ ба ду қисм ҷудо мешавад: якум, ба фарди мусулмон нишон медиҳад, ки вай дар зиндагиаш бояд чӣ гуна амал кунад. Дуюм, ўҳдадориҳояшро дар назди Худованд (ибодат) нишон додааст. Бо як сухан, бинобар ақидаи муҳаққиқони маъруф ибодат дар шариати Ислом ҳолати тобеиятро нисбати амал дорад. Ин ду қисмати шариат предмети илми ҳуқуқро дар он шакле, ки вай муайян ва аз тарафи мактабҳои ҳуқуқии гуногун (мазҳабҳо) омўхта шуда буд, ташкил медиҳанд.

Вазифаи асосии илми фиқҳ нигоҳ доштани алоқаи мустаҳкам байни қонунгузории давлати мусулмонӣ ва сарчашмаҳои аввалини он аст. Фарқият байни илми ҳуқуқи исломӣ ва илми дунявии ҳуқуқ аз он иборат аст, ки низоми ҳуқуқи мусулмонӣ аз Қуръон сарчашма гирифта, ваҳйи худовандӣ на ин ки маҳсули ақли инсону шароитҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ҳарчанд, ки Ислом байни се динҳои ҷаҳон аз ҳама ҷавонтарин аст, (тақрибан чордаҳ аср инҷониб амал мекунад) вай хеле васеъ паҳн шудааст. Ислом на танҳо идеологияи муайян бо таълимоти диниву ахлоқиаш аст, ҳамзамон фарҳанги махсуси тамаддуни тавҳидӣ низ мебошад. Меъёрҳои вай ба ҳалли масъалаҳои диниву шахсӣ ва ҳамзамон ба танзими амали ҳамарўзаи мусулмон дар ташаккули образи он ба ҳаёти ҳаррўза равона карда шудааст.

Дар маҷмўъ то асри Х1Х эволютсияи маърифати ҳуқуқии мусулмонон дар шарҳҳои ҳуқуқии динӣ ва маҷмўи фатвоҳо ба таври афзалиятнок инъикоси хешро ёфта буданд, ки онро бо усули нави анъанаҳо ва принсипҳои шариат тавсиф мекарданд. Ҳамзамон онҳоро ҳеҷ гоҳ рад намекарданд ё шакли муқаррариашонро дигар намекарданд. Дар чунин шароитҳо ҳуқуқи мусулмонӣ нисбатан кам ё зиёд ба аҳамияти иҷтимоиаш ҷавоб медод.

То ибтидои асри Х1Х вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии халқҳои олами ислом хеле суст тағйир меёфт. Шариат ба ҳолати тағйирнаёбии онҳо нигоҳ накарда, ба талаботи онҳо пурра ҷавобгў буд. Аммо, бо барҳам хўрдани Империяи Усмонӣ дар Шарқи Наздик таъсири давлатҳои Ғарби Аврупо пурзўр гардид. Пешвоёни мусулмонон баъди муносибат ёфтан бо олами беруна фаҳмиданд, ки барои тоб овардан ба рақобати сиёсию иқтисодии давлатҳои Аврупо бояд низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқиро модернизатсия (такмил додан) кард.

Воридшавии сарчашмаҳои ҳуқуқии шакли Аврупо раванди барнагарданда буда, тамоми мамлакатҳои исломро дахл кард, ки қаблан ҳуқуқи мусулмонӣ бо шакл ва сарчашмаҳои худ ҳукмрон буд. Низомҳои ҳуқуқии ин мамлакатҳо тағйиротҳои назаррасро дар ҷодаи аҳамият, доираи амал ва вазни қиёсии ҳуқуқи мусулмонӣ кам гардида, худи ҳуқуқ бо шакли зоҳириаш ба ҳар ҳолат баъзе маводҳоро аз кодфиикатсияи Аврупо қабул кард. Аммо, ҳарду аз ин равандро аз ҳад зиёд кардан лозим нест. Хусусан дар самти фаъолшавии ислом, ки дар чаҳоряки охири асри ХХ бо ҳаёти сиёсии бисёр аз давлатҳои мусулмон тавсиф мешуд. Ин фаъолшавӣ талаботи даст кашидан аз модулҳои ҳуқуқи Ғарб ва пурра барқарор шудани тамоми меъёрҳову принсипҳои ҳуқуқи мусулмониро ба миён овард.

Дар замони муосир бештар аз 50 мамлакати ҷаҳон, зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион инсонҳо мусулмон буда аз рўи меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ умр ба сар мебаранд. Аз ин ҷост, ки дини Ислом ҷаҳонишавии тавҳидиро яъне эътиқод ба ягонагии Худованд на танҳо аз нигоҳи таърихи, балки дар шароитҳои муосири тараққиёти илму техника, инкишофёбии қонунгузории даҳҳо мамлакатҳо хеле хуб мушоҳида мегардад.

Дар охир аз Худованди Карим таманно дорам, ки барои ҳар як фарди мусулмон тавфиқу ҳидоят, ахлоқу одоби ҳамида, бахту саодати ҷовидонаро насиб гардонад. Ҳамеша қалбҳоямонро бо нури Қуръон мунаввар ва музайян, тансиҳативу хонаободиро насибу рўзи ва қадамҳоямонро дар роҳи сирота-л-мустақим барқарору устувор гардонад.

Воситов Ҳ.А.
сармуалими кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳукуқ

Читать далее

Раванди демократикунонии ҷомеа

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро мебошад, ки дар он конститутсия мавқеи асосиро ишщол намуда ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Дар ин ҷода президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин қайд менамояд: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад». Тавассути моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон карда шудааст.

Бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби халқи Тоҷикистон эҷод гардидани он ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи Тоҷикистон буда мақсаду марому қабулшавии конститутсия дар муқаддимаи он дарҷ ёфтаст.

Баҳри амали намудани хусусияти конститутсионӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор моддаҳо мустаҳкам карда шудаанд. (Моддаҳои 5,6,8,9,27,49,65,98). Дар моддаи 5-и конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи ҳуқуқҳои фитрии инсон дарҷ ёфтаст,ки он сохтори демократиро мустаҳкам менамояд.

Демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар таъмини ҳокимияти халқӣ, тақсимоти ҳокимият ба шохаҳои алоҳида (моддаи9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), кафолату таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд (боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), гуногуншаклии мафкуравӣ ва сиёсат таҷассум меёбад.

Сарчашмаи ҳокимият ва фаъолияти қонунии мақомотҳои давлатӣ ин соҳибихтиёрии халқ ба ҳисоб меравад, ки он дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҷҷасум ёфтааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё бавоситаи вакилони худ амалӣ менамояд». Ин маънои аз ҷониби давлат мустаҳкамкунии ҳокимияти халқӣ ё ин, ки давлати демократиро доро аст, ки ҳокимияти халқиро таҷҷасум менамояд.

«Ҳокимият»-ин ифода ё ин ки идора аз ҷониби ин ё он шахс ва бевосита ба идораи худ тобеъ намудани дигар шахсон баҳисоб меравад. Ҳокимият аз давраҳои ба миён омадани ҷамъияти инсонӣ бавуҷуд омадааст, зеро ки ҳар кадом ҷамъияти инсонӣ идора намуданро талаб менамояд.

Яке аз нишонаҳои муҳими давлат ҳокимият ҳисоб рафта аз лаҳзаҳои бавуҷудоии он ҳокимият низ ба миён омадааст. Дар давлатҳои демократӣ сарчашмаи ягонаи ҳокимият ва баёнгари он халқ баҳисоб меравад, ки он дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Эътирофи халқ ҳамчун баёнгари ҳокимият яке аз сифатҳои соҳибихтиёрии халқ баҳисоб меравад. Соҳибихтиёрии халқ он маъноро дорад дорад, ки халқ ҳокимиятро мустақилона новобаста аз ин ё он қувваҳои иҷтимои барои амали намудани манфиатҳои худ истифода мебарад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи Тоҷикистон ягона сарчашмаи ҳокимият буда ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро щасб намоянд. Щасби ҳокимият ва тассаруфи салоҳияти он манъ аст.

Ҳамин тариқ, ҳокимияти халқӣ ин мансубияти ҳамаи ҳокимиятро ба халқ ва дар зери ифодаи мустақилонаи халқ озодона амалӣ намудани ҳокимият фаҳмида мешавад. Дар шароити ҳокимияти халқӣ ҳокимият ба қонуният такя намуда аз ҷониби халқ идора карда мешавад.

Бояд қайд намоем, ки демократӣ эълон кардани давлат маънои давлати демократиро надорад, ки дар ин самт масъалаҳои муҳим – таъмини сохтори он ва фаъолияти институтҳои дахлдори ҳуқуқӣ бо кафолатҳои ҳақиқии усули демократӣ бояд ҷой дошта бошад. Мафҳуми давлати демократӣ бо мафҳумҳои давлати конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ вобаста аст ё ин ки онҳоро дар маънои машҳур синоними ҳамдигар эътироф кардан мумкин аст.

Ҷоизи қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи конститутсияи амалкардаистода ду роҳи амали кардани демократия кафолат дода шудааст. Аз ҷумла: райъпурсӣ ва интихобот ин роҳҳои баёни иродаи халқ ва унсурҳои амаликунандаи демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавассути райъпурсӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти давлати ва ҷамъиятӣ бо роҳи овоздиҳии умуми ҳал карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амали намудани ин шакли демократия пас аз соҳибихтиёрии давлати 3 маротиба райпурсӣ гузаронида шудааст.

Соли 1994 тавассути райъпурсии умумихалқӣ конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст ва солҳои 1999 ва 2003 ба конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тащироту иловаҳо ворид карда шуд. Райъпурсӣ ин яке аз роҳи амали намудани демократия бевосита ба ҳисоб рафта тавассути он халқ имконият пайдо мекунад, ки иродаи худро оиди масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъияти баён намоед. Моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқиро райъпурсии умумихалқӣ эътироф намуда тавассути Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки озодонаи шаҳрвандон дар интихоботи вакилони халқ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз роҳҳои амали гардидани демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин меъёри муҳими давлати демократӣ ба ҳисоб рафта тавассути он асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ба роҳи интихобот муқаррар карда мешавад. Аз ҷумла моддаи 49-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон интихоботи маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам менамояд. Баҳри шаффоф ва озод баргузории интхоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» аз 10.11.1999 қабул карда шудааст, ки он бо тағироту иловаҳои солҳои 2000, 2004, 2007, 2008, 2010, 2011, 2013 амал карда истодааст. Мутобиқи қонуни мазкур се маротиба интихоботи маҷлисҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид (солҳои 2000,2005,2010).

Ё ин ки моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва пинҳонӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд ва моддаи 66-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшавии қонуни конститутсиониро тақозо менамояд. Тавассути қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи худро оиди иштирок ба корҳои давлатӣ амалӣ менамоянд.

Ҷоизи қайд аст, ки меъёрҳои номбурдаи конститутсионӣ кафолати амалишавии демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисоб рафта роҳҳои амали намудани демократияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам менамоянд.

Кенҷаев Ш.Ю.
номзади илмҳои ҳуқуқ декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Рочеъ бо табақабандии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир

Дар шароити тағйирёбиҳои куллии иҷтимоӣ ва арзи вуҷуд намудани парадигмаҳои нав масъалаи табақабандии иҷтимоӣ ба муаммои баҳсталаб табдил ёфтааст.

Вазъи воқеии табақабандии ҷомеаи муосир чӣ гуна аст ва дар шароити зудтағйирёбии ҷомеа кадом омилҳоро бояд ба инобат гирифт, зарурати табақабандӣ, нақши табақабандӣ дар устуворӣ ва пойдории давлат, ташаккули ҷомеаи нав ва ғайраҳо масъалаҳои хело муҳим ва баробари ин хело мураккаб мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки ба саволҳои дар боло зикршуда якранг ва қатъан ҷавоб гуфтан душвор аст, аммо мо бо қадри имкон мекўшем дар доираи мақолаи мазкур ба баъзе паҳлўҳои баҳсталаби ин муаммо рушанӣ андозем. Қаблан бояд дар назар дошт, ки муаммои табақабандии ҷомеа падидаи таърихист ва решаҳои чуқури иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад.

Аввалин кўшишҳои табақабандии иҷтимоӣ (табақа-қишр, қабат, гурўҳи иҷтимоии майда, ки барои муайян намудани қабати аз синф хурдтари иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дорад)-ро мо дар фалсафа ва фарҳанги ҳиндуҳо дар китоби қадимаи ҳиндуҳо «Ригведа» мушоҳида мекунем. Дар китоби муқаддаси зардуштиён Авесто бошад гурўҳҳои иҷтимоӣ-касбӣ ба монанди рўҳониён, сарбозон, катхудоён (деҳқонони бои чорводор), ҳунармандон, табақаҳои болотари родмардон (ашрофон), асилзодагон ба таври мушаххас ба назар менамояд. Дар ин хусус академик Б. Ғафуров таъкид менамояд, ки « мувофиқи матнҳои «Авесто» дар давраи гузариш аз ҷомеаи ибтидоӣ ба ғуломдорӣ тафриқаи иҷтимоию молу мулкӣ хеле васеъ инкишоф ёфта буд. Дар қисмати мухталифи Авесто ба кадхудоён ва шахсоне ишора мешавад, ки галаву рамаи фаровонро соҳибанд» [1, 74-75].

Дар асарҳои муттафакирони машҳуртарини Шарқу Ғарб Конфутсий, Афлотун, Арасту, Форобӣ, Насриддини Тусӣ, Ибни Халдун сиришти иҷтимоии инсон чун хати сурх гузашта сабабияти барқарорию пошхурии ҷомеаи инсонӣ дар сатҳи баланди маърифативу инсондўстӣ таҳқиқу таҳлил карда шудааст.

Форобӣ дар асари машҳури худ «Мадинаи фозил» сокинони ин ҷомеаи ормониро бо ифтихор дар сатҳи баланди иҷтимоӣ интихоб намуда сохтори мадинаи фозилро ба сохтори бадани томи инсон ташбеҳ медиҳад, ки ҳар як узви он барои тамомият ва ҳифзи ҳаёти вай хидмат мекунад. Насриддини Тусӣ дар «Ахлоқи Носирӣ» ном асари машҳураш баъд аз Арасту ба табиатан вуҷуди иҷтимоӣ будани инсон ва тақсими корро асоси ваҳдати ҷомеа мушуморад.

Дар ин маҷроҳ ақидаҳои муттафакирони давраи нав монанди Ш.Монтеския, Ҷ.Лок, Ибни Халдун, ки аз мавқеи гуногуни табиат хусусиятҳои муҳимтарини табақабандии иҷтимоиро маънидод мекунанд, хело ҷолиби диққат аст. К. Маркс бошад, заминаи табақабандии иҷтимоиро дар ҳаёти моддии ҷомеа ва таҳаввулоти тарзи истеҳсолот мебинад ва маҳз ишора мекунад ки « сармоядор ҳокимиятро на бо туфайли хосиятҳои шахсӣ ё инсонии хуб соҳибӣ мекунад, балки ҳамчун соҳиби моликият» [2, 59]. Исботи ин таълимотро В. И. Ленин дар таърифи марксистии синф, дар асараш «Ташаббуси бузург» чунин овардааст: «Синфҳо гуфта, гурўҳи калони одамонеро меноманд, ки аз рўи мақоми ишғолкардаашон дар системаи муайяни таърихӣ, истеҳсолоти ҷамъиятӣ, аз рўи муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот, аз рўи роле,ки дар тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебозанд ва аз рўи аз худкуниҳои ҳаҷми боигарии ҷамъиятӣ, ки дар ихтиёри худ доранд аз дигарҳо фарқ макунанд» [3, 449].

Назарияи марксистӣ асоси моддӣ ва ба таҳаввулоти тарзи истеҳсолот вобаста будани табақабандии ҷомеаи инсониро сотсилоги машҳури олмонӣ М. Вебер ҳам инкор намекунад. Вале маълум аст, ки ҳар як марҳилаи таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоии одамон нақши худро гузошта хусусиятҳои хоси муносибатҳои нави ҷамъиятиро тавлид мекунад. Дар ин ҷо бояд тазаккур дод, ки назарияи иҷтимоии маркс ҳам ба давраи муайяни таърихӣ, яъне аз тақсимоти аввалини меҳнат то марҳилаи индустриалии рушди ҷомеаро дар бар мегирад.

Дар зинаҳои минбаъдаи рушди ҷомеа дар заминаи ҷорӣ карда шудани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ ва тағйироти куллӣ дар ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсонӣ, ташаккули муносибатҳои нави истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар тафакури иҷтимоии ҷомеаи Ғарб таҳқиқу таҳлил ва хулосабардориҳои нав дар табақабандии иҷтимоӣ ба миён овард. Дар ибтидои асри XXҷомеашиносони бо ном бурҷуазии Ғарб- мафҳуми табақабандии иҷтимоии марксистиро бо ибораи страта (табақа) иваз намуда ба ҷомеаи постриндустриалӣ мувофиқ кардани шуданд.

Осиёи Миёна, аз ҷумла, халқи тоҷик на як мавҷи азнавсозии таркиби иҷтимоии ҷомеаро чун падидаи мусбӣ – прогрессивӣ аз сар гузаронидааст. Бори аввал солҳои 80-90-уми қарни XIX баъд аз ҷониби Россияи подшоҳӣ забт карда шудани Осиёи Миёна ва ба фазои муносибатҳои сармоядорӣ кашида шудани шаҳру деҳот, тавлиди синфи коргар ва бурҷуазияи миллӣ, кулакҳо ва деҳқонони миёнаҳоли ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шударо ба миён овард. Дар ин марҳила табақабандии иҷтимоӣ ба дараҷаи молу мулк, касбу ҳунар, маълумотнокӣ, дину оин сурат гирифт. Бори дуюм табақабандии иҷтимоӣ баъд аз ғалабаи Октябр (1917) ва барпо гардидани ҳокимияти синфи коргар солдатҳо ва деҳқонони камбағал ба миён омад. Табақабандии иҷтимоӣ ин марҳила соф синфӣ иерархӣ (мансабу мартабаи давлатӣ) ва сиёсӣ гардонида шуда буд.

Барқарор гардидани диктатураи пролетарият дар шакли Шўрои депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқонони камбағал, мазмун ва моҳияти табақабандии иҷтимоии гўшаву канорҳои собиқ мустамликаи Россияи подшоҳиро ба куллӣ тағйир дод; тазодҳои азалии байни собиқ табақаҳои истисморкунанда (мағлубшуда) ва истисморшванда (ғолиб)-ро тезу тунт ва моҳияти синфӣ-антогонистии ашаддии онро бараҳна намуд, табақаҳои кўҳнаи иерархӣ-соҳибони молу мулк ба дараҷае соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, нигоҳдорандагони касбу ҳунар, урфу одат, анъанаҳои маданӣ, салоҳияту мавқеи худро аз даст доданд. Синфи коргари оддӣ, деҳқони камбағали қишлоқ ва қисми зиёиёни инқилобӣ, ки дар асл соҳиби молу мулк ё маърифати казои надоштанд онро ишғол намуданд.

Кулакҳо (бурҷуазияи қишлоқ) ҳамчун душманони синфӣ нест карда шуданд ва инчунин рўҳониён- барандагони фарҳангу ахлоқи динӣ ҳамчун табақаҳои зараровар аз муносибатҳои иҷтимоӣ- ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ дур карда шуданд. Пролетариати Россия ( қисми аз ҳама инқилобии синфи коргар) аз такягоҳи давлати Шўравӣ ба қувваи кирояи давлат – хўҷаини мутлақи моликият табдил ёфт. Деҳқонони колхозӣ ба замини ҷомеавӣ вобаста карда шуда, дар федератсияи Россия то солҳои 1936, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна то слоҳои 60-ум ба воситаи реҷими паспортӣ дар як ҷой нигоҳ дошта мешуданд. Ин маҳдудиятҳо раванди табиии табақабандии нави иҷтимоии ҷомеаро боздошта садди роҳи тараққиёти иҷтимоӣ гардиданд.

Бо назардошти мақсади асосии мақолаи мазкур бояд тазаккур дод, ки бе таҳқиқу таҳлил ва кушода додани асоси таркиби иҷтимоии ҷомеаи Шўравӣ то солҳои 80-уми қарни XX, ошкор намудани таркиби иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар даврони Шўравӣ то замони соҳибистиқлолӣ ва то ҳол аз имкон берун аст. Чӣ тавре, ки маълум аст, табақабандии иҷтимоии ҷомеаи шўравӣ, ки натиҷаи табаддулоти инқиолобӣ аз поён буд, бо назорати сиёсӣ ва маъмурӣ фаро гирифта шуда буд. Дар он нақши асосиро системаи этократӣ – ба ҳам омезиши ҳокимият ва моликият (афзалияти моликияти давлатӣ), шакли давлатӣ - инҳисории тарзи истеҳсолот, бартарияти тақсимоти марказонидашуда, миллитаризатсияи иқтисодиёт, табақабандӣ тибқи мансабу мартаба, ки мавқеи фардҳо ва гурўҳҳои иҷтимоӣ аз ҷои ишғол кардаашон дар структураи ҳокимияти давлатӣ, муайян карда мешуд иборат буд.

Ба ҳамаи ин ноқисиҳо – маҳдудиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фаъолияти истеҳсолӣ ва эҷодкории шаҳрвандон нигоҳ накарда, дар шароити танқисии истеъмолӣ ва суфта гардидани маош вобаста ба тартиботи афзояндаи истеъмлоии меҳнаткашон (мансабдорони баландпояи давлатӣ ва табақаҳои доро аз ҳар ҷиҳат таъмин буданд) ва баланд гардидани нақши афзалияти маишӣ тақсимшавии бозори исмтеъмолиро ба бозорҳои руст (спессекторҳо) ва иқтисодиёти хуфия (теневая экономика)-ро ба миён овард. Шароити моддӣ ва маишии гурўҳҳое, ки дар раванди тақсимот дар соҳаи савдо, таъминот ва мағозаҳои махсуси давлатӣ ва нақлиёт кор мекарданд, беҳтар гардид. Руҳи соҳибкорӣ қишрҳои поёнии аҳолиро низ фаро мегирад, гурўҳи тоҷирони хусусӣ истеҳсолкунандагони чапдаст (ловкачи), сохтмончиёни хусусӣ (шабашники) ташаккул меёбанд. Ҳамин тавр, дар дохили иқтисодиёти сотсиалистӣ унсурҳои бозоргонӣ аз поён ҳамчун воситаи ягонаи сатҳи баланд бардоштани моддӣ ва маишии ҳаети мардум ба миён меомад.

Бояд тазакур дод, ки дар ибтидои солҳои 90 ҷомеаи шўравӣ аз ҷиҳати сатҳи маълумотнокӣ ва мавқеи профессионалӣ аз табақаи миёнаи Ғарб тафовут надошт яъне реҷими коммунистӣ падидаи ғайриоддиро тавлид намуд, ки миллионҳо одамон аз ҷиҳати маданият ва хоҳиши худ бурҷуа буданд, вале ба системаи иҷтимоӣ – иқтисодие дохил мешуданд, ки онро инкор мекард.

Дар мамлакатҳои тараққикардатарини Аврупои Ғарбӣ ва ИМА ҳоло дар нимаи дуюми қарни XIX барои тавлиди назарияҳои нави такомулу тағйири таркиби иҷтимоии синфи коргар ва ташаккули табақаҳои нави ҷомае заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба миён омад. Мамлакатҳои индустриалии Аврупои Ғарбӣ ва ИМА аз ҳисоби маблағҳои аз мустамликаҳо ғорат карда шуда, миллитаризатсияи иқтисодӣ ва фурўши яроқ, ҷори намудани техника ва технологияи нави истеҳсолӣ ба тараққиёти баланди иқтисодӣ ва молиявӣ муваффақ гардиданд.

Ин болоравӣ ба маълумот, ихтисос, афзалияти касбӣ, даромади пулӣ ва инчунин ба аҳволи маишӣ – мадании синфи коргар таъсир расонда таркиби иҷтимоии онро ба куллӣ тағйир дод. Ҷомеашиносон бо ном бурҷуазӣ ин тағйиротҳоро ба назар гирифта, дарки марксистии таркиби иҷтимоии ҷомеаро ба мафҳуми страта (табақа) иваз намуданд. Страта аз воҷаи лотинӣ stratum – қишр, қабат ва facere – кардан гирифта шуда моҳиятан системаи нобарии иҷтимоӣ, иборат аз маҷмуи ба ҳам алоқаманд ва аз ҷиҳати мансабу мартаба табақаҳои иҷтимоӣ муташаккилро мефаҳмонад.

Дар байни онҳо назарияи функсионалонии сотсиологии франсавӣ Э. Дюргейм ва назарияи сотсиологии олмонӣ М. Вебер дар хусуси «низои синфӣ» аҳамияти хоса дорад. Э.Дюргейм ба хулоса омад, ки дар ҳар як ҷомеа баъзе намудҳои фаъолият муҳимтар ҳисоб мешавад ва фардҳои аз ҳама истеъдоднок дар ҷомеаи тараққикарда вазифаҳои аз ҳама муҳимро бояд иҷро кунанд. Ба ақидаи функсионалистон нобаробарии иҷтимоӣ ин падидаи функсионалӣ ва универсали буда, стратификатсияи иҷтимоӣ дар кулли ҷомеаҳо ногузир аст.

М. Вебер чунин мешуморад, ки ба синфе муттаалиқ будан нафақат аз рўи назорат аз болои воситаҳои истеҳсолот, инчунин фарқиятҳои ихтисосӣ, касбӣ ва салоҳияти онҳо дар ҷамъият муайян карда мешавад.

Хулоса, дар маркази таълимоти сотсиологҳои франсавӣ Э. Дюргейм, олмонӣ М. Вебер, амрикоӣ Парсонс, Метрон, Мур, Девис ва ғайраҳо, ки дар нимаи дуюми қарни XIX пешниҳод када буданд, ақидаи ягонаи консенсуси граҷданӣ бо роҳи ба эътибор гирифтан ва ба танзим даровардани манфиатҳои иҷтимоӣ қишрҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ гузошта шуда аст. Онҳо роҳи инқилобии азнавсозии ҷомеаро роҳи таназзули пешрафти ҷамъиятӣ меҳисобиданд.

Табақабандии иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои 60-70- уми қарни XX ба моҳияти системаи сиёсӣ ва иқтисодии сохти Шўравӣ ва хусусияти таърихӣ, равонӣ, анъанаву суннатҳои миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии асли худ, ки дар меҳнати сарҷамъонаи ҷамъиятӣ инъикоси худро ёфта буд, мувофиқат мекард. Инқилоби Октябр (1917) барои мардуме, ки асрҳо дар зери зулм ва асорати ғосибони аҷнабӣ ва феодалҳои бойи маҳаллӣ миён мешикаст, маҳрум аз ҳуқуқҳои табиии худ, бо хориву зорӣ умр ба сар мебурд – мўъҷизае буд. Зеро, бори аввал ба номи синфи коргар ва деҳқонони камбағал русто ҳукумати ташкилгардида, ба коргар завод ва ба деҳқон замин дод. Синфи коргар худро хўҷаини завод, фабрика, деҳқонон бошанд соҳиби замин ва моликияти ҷомеавӣ ҳисобида мешуданд. Онҳоро ҳиссиёти баланди ватандўстӣ ва фидокорӣ ба иҷрои нақшаҳои тараққиёти хоҷагии халқ сафарбар менамуд. Тараққиёти илму техника дар асоси истеҳсолоти ҷамъиятӣ, мактабу маориф, сатҳи муътадили маданӣ ба таркиби иҷтимоии ҷомеа таъсири ҳаматарафа расонд. Дар шаҳру рустоҳо табақаҳои нави иҷтимоӣ – мутахассисони инҷенер – техникӣ, механизаторон, типи нави зиёиёни бо донишҳои техникӣ мусаллаҳ ташаккул ёфт. Комплекси агросаноатӣ, кооператсияи хоҷагии қишлоқ тадриҷан фарқи шаҳру деҳотро аз байн барошта ба посёлкаҳои типи шаҳр асос гузошт. Колхозу совхозҳои пешқадам дар амал ба муассисаҳои агарарӣ – индустриалӣ ва маркази маданияти истеҳсолоти пешқадам табдил ёфтанд. Соҳаҳои муҳимтарини саноати вазнин, ки дар ибтидои саноатсозӣ ба мо дастрас набуд, ба монанди истеҳсоли барқ, мошинсозӣ, металургияи ранга бо суръати тез тараққӣ мекарданд.

Сохтмони умумииттифоқии маҷмаи истеҳсолӣ – терреториявии ҷануби Тоҷикистон, ки асоси онро истгоҳи барқии Норак ташкил мекард, ба таври куллӣ зерсохтори хоҷагии халқи Тоҷикистонро тағйир дод. Тоҷикистон аз ҷумҳурии пурра аграрӣ ба ҷумҳурии индустриалӣ – аграрӣ табдил ёфт. Олимон ва деҳқонони ҷумҳурӣ ва минтақа аз технологияи нави коркарди пахта истифода бурда дар Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳосили аз ҳама баланди пахта ноил гардиданд ва бо ҳамин ҳиссаи кироии худро дар ҳалли вобастагии Иттиҳоди Шўравӣ аз бозори ҷаҳонӣ дар фурўши пахта гузоштанд.

Стратификатсияи иҷтимоии чомеаи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо ба алоқаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дигар ҷумҳуриҳои иттифоқ аз ҷумла Федератсияи Россия вобаста буд. То пароканда гардидани Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон бо 700 корхонаву муассисаҳои Федератсияи Россия алоқаи иқтисодӣ ва савдо дошт. Як комбинати шоҳибофии ш.Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) 30 шаҳри Россияро бо маводҳои бофандагӣ таъмин менамуд, ба 65 шаҳри Федератсияи Россия аз он ҷумла Москва, Ленинград, Саратов, Свердловск, Хабаровск ва дигарҳо матоъҳои шоҳигини комбинат равона карда мешуданд. Заводи «Торгмаш» - ш. Ленинобод ба 560 шаҳрҳои мамлакат ба 700 суроға маҳсулоти худро равона мекард.

Мутахассисони миёнаи техникӣ барои заводу фабикаҳои нав дар омўзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ ва техникумҳои Федератсияи Россия тайёр карда мешуданд. Зиёда аз 400 ҳазор тоҷикистониён дар сохтмонҳои умумииттифоқии Федератсияи Россия меҳанат мекарданд Дар ду ҳафтсола солаҳои 1970-1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 450 корхонаҳои калон ба амал омада маҳсулоти саноатӣ 11,6 баробар афзуд, ки ин аз ҷиҳати иттифоқ хеле баланд буд. Бояд тазаккур дод, ки таъсири бўҳрони сиёсӣ, идеологӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шўравӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз он ҷумла Тоҷикистон таъсири миёншикан надошт. Тараққиёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар маҷрои муайяни осоиштагӣ бо дастгирии ҳаматарафаи ҳукумати Иттифоқ бо меҳнати фидокоронаи халқ, ки аз тақдири худ дар оилаи бародаронаи халқи сермиллати Шўравӣ розӣ буданд, пеш мерафт.

Вале бозсозии горбочёвӣ, ки ҳамчун чорабинии аз ҳолати барчамондагӣ баровардани мамлакат пешбинӣ шуда буд, бо сабабҳои мувофиқат накардан ба ҳақиқати воқеии системаи сиёсӣ ва идеологӣ шикаст хўрда, ба катализатори тезондани бўҳрони ҳамагонӣ дар мамлакат мубаддал гардид. Фурсати аз боло, тадриҷан бо роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба монанди ҷумҳурии халқии Хитой ва Кореяи Шимолӣ дар доираи интизоми қатъии ҳизбиву давлатӣ ва муттаҳидӣ меҳнаткашон дар атрофи Ҳизби коммунист гузаштан, аз даст рафт.

Асоси табақабандии нави ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар марҳилаи хеле ҳассосу пуртаҳлукаи мамлакат иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олӣ гузошт. Иҷлосия асосҳои системаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ ва ягона, ки дар асл ин мафҳумҳо дурнамои ҷомеаи Тоҷикистонро инъикос мекарданд, муайян намуд. Қарорҳои таърихии иҷлосия механизми табақабандии нави иҷтимоии Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир дод.

Баъд аз борқарор гардидани ҳукумати констисутсионии ҶТ ҷои пирамидаи номенклатурӣ-ҳизбиро сарварони навташкил, гурўҳҳои соҳибкорони навбаромад (тоҷикони нав), сарватмандон (онҳое, ки дар мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва ҳизбӣ барои ягон рўзи сиёҳ захираи молу сарват карда буданд), мулкдорони миёнаву майдаи баъди ислоҳоти Горбочёвӣ ба миён омада, гурўҳҳои қумондонҳову ҷанговарон (боевикҳо), тоифаи пуриқтидори мафиоз, судхўрон, пулҷаллобон гирифтанд. Сиёсати хусусигардонии молу амволи давлат дар Иттиҳоди Шўравӣ дар ҳамон марҳила шарти асосии пойдор мондани давлат, заминаи асосии стратификатсияи нави ҷамъиятӣ буд.

Ҳоло табақабандии нави таркиби иҷтимоии ҷомеа Тоҷикистонро бо роҳи рушди иқтисодӣ, иҷтимоии мардуми кишвар дар ҳамин раванд баланд бардоштани сатҳи зиндагонӣ, фарҳанг ва маърифарнокии фардҳои алоҳида ва аҳли ҷомеа ба даст овардан мумкин аст. Тағйироти миқдорӣ ва сифате, ки дар таркиби иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи нави тараққиёт ба миён омад, табақаҳои гуногуни иҷтимоиро аз рўи нишонаҳои салоҳиятӣ, манфиатҳои давлатӣ, иқтисодии – сиёсӣ ва иҷтимои – фарҳангӣ, дар маҷмўъ аз рўи манфиатҳои моддӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ ба синфҳои ғайриантогонистии болоӣ, миёни ва поёни муттаҳид мегардонад.

Хусусан давр вазъи кунунӣ – тезу тунд гардидани зиддиятҳои иҷтимоии табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва давлат нақши синфи болоӣ ва миёна дар аз байн рабудани зиддиятҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ аз ҳад калон аст. Синфи болоӣ (сармоядории калону миёна, менеҷерҳои олӣ, сиёсатмадорон, идоракунандагон истеҳсолот) дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб, ИМА субъекти асосии ҳокимияти сиёсӣ буда, тараққиёти устувори ҷомеаро бе таркишҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд, синфи миёна дар пур намудани хазинаи давлат, хусусан дар мамлакатҳои нав ба иқтисоди бозорӣ дохил шуда нақши калон мебозад. Маҳз синфи миёна қодир аст дар назди давлат ҳалли масъалаҳои мубрами моҳияти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳуқуқидоштаи дохили, ба монанди, ҳифзи соҳибкорӣ, мубориза ба муқобили фасод, ғояҳои маҳалгароӣ, риояи адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраҳоро кўндаланг гузорад.

Синфи миёнаи нав (соҳиби мулки майда ба воситаҳои истеҳсолот мутахассисони маълумоти олидор, кормандони меҳнати ақлӣ, намояндагони ихтисоси озод) – маҳсули ассимилятсияи аристокартияи коргарӣ ва хизматчиён бо табақаи ҳукумрон – идоракунандагони истеҳсолот мебошад.

Нақши синфи миёна дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтомоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа беҳамтост. Синфи миёна ҷамъиятро бо тамоми чизҳое, ки барои зиндагии муътадил зарур аст, аз он ҷумла, бо ҷои кор, молҳои истеъмолӣ, ёрии тиббӣ, кашфиётҳои илмӣ таъмин менамояд. Аз ҷиҳати сиёсӣ синфи миёна базаи иҷтимоии ҳаракатҳои –нигоҳдорандаи дарҷаи баланди шаҳрвандӣ ва соҳибихтиёрии сиёсӣ мебошад. Дар структураи иҷтимоии ҷомеа зиёд будани табақаҳои миёна имконият медиҳад, ки ба тез-тез афзудани шиддатнокӣ дар байни табақаҳои поёнӣ устуворӣ нигоҳ дошта шавад.

Ҳоло нуфузи «Синфи миёнаи нав» дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб 30-35%-и аҳолиро, дар Россияи кунунӣ 25-30%-и аҳолиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ҳоло фақат тамоили мусбии ташаккули структураи таркиби иҷтимоии, соҳибкории хурду миёна ба чашм мерасад.

Вале барои устувории ин раванд асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии он пурра муҳайё нест, рафтору кирдори одамон (чӣ дар иқтисодиёт ва чӣ дар маънавиёт) хосияти ҷамъиятӣ пайдо накардааст ва бо афзалияти касбӣ дараҷаи даромаднокӣ (муҳаррики асосӣ) мустаҳкам карда нашудааст.

Дар марҳилаи хозира вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҳиссаи меҳнати фикрӣ, баланд гардидани сатҳи маълумотнокӣ ва донистани як ё ду забони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимоти олӣ, пойдо гардидани гурўҳҳои забони таълимиашон англисӣ, васеъ истифода бурдани шабакаи умумиҷаҳонии интернет, ҳамкории мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат дар тайёр намудани аспирантҳо, докторантҳо, курсҳои такмили ихтисос бо донишгоҳҳои сернуфузтарини Германия, Австрия, Италия, ИМА ва дигар мамлакатҳои Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҳисоби донишҷўёни фаъол ташкил намудани гуруҳҳои пешхизмат дар Донишкадаи Иқтисод ва савдои ДДТт ба ҳукми анъана даромада аст аз ояндаи ташаккулёбии табақаҳои нави иҷтимоӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳад.

Ҳоло кулли чорабиниҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон ва аз он ҷумла вохўриҳои Президенти ҷумҳурӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва дастгирии ҳуқуқиву молиявии давлат (қарзҳои дарозмуддати камфоиз аз тарафи бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, кўмаки ташкилотҳои байналхалқӣ ба бизнеси майда), эълон карда шудани моротория ба муддати 3 сол, тафтиш аз болои фаъолияти соҳибкорони миёнаву майда, ба деҳқонон ҷудо карда шудани зиёда аз 75 ҳазор га замин ва қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои камтарин, ба воситаи шартномаҳои байни давлатӣ аз нав таҷҳизонидани паркҳои техникаи хоҷагии қишлоқ ва ғайраҳо дар табақабандии нави таркиби иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар асл бевосита ба ташаккули таркиби нави иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон равона карда шудааст.

Авазматов Ниматулло
муаллими калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ

Читать далее

Моҳияти давлати ҳуқуқи-дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия давлати дунявӣ эътироф ва муайян карда шудааст. Роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтани Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ки ҳодисаҳои нангине дар кишвар солҳои 1990-1992 ба вуқўъ омада буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин хусуссият яъне дунявият ба Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун омили ҳимояи соҳибихтиёрии давлат ва таҳкурсии бунёди давлати миллии тоҷикон баҳисоб меравад ва тақозои замон буд.

Дар замони муосир хусусияти дунявият хислати ҷунбиши ҷаҳонӣ дошта ин тамоил тамомии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибихтиёрро фаро гирифтааст ва ҳама вақт ғояҳою арзишҳои онро ҳифз карда метавонанд. Дар ин ҷода сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш бо зиёин ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ чунин қайд намудаанд: «Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Ин иқдоми таърихӣ ҳама гуна андешаҳои бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрати мардуми мо барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, ботил гардонид».

Дунявӣ эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукўҳи хосаеро доро мебошад. Мувофиқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Ин хислати давлат бо хусусияти ҷамъият, ки дар он таъсири дин хеле зиёдаст, вобаста мебошад. Мазмуни асосии хусусияти дунявӣ доштани давлат дар Конститутсия инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар қисми дуюми моддаи 8 гуфта шудааст, ки ҳеҷ як мафкура аз ҷумла, мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад.

Меъёри мазкур давоми мантиқии қисми якуми моддаи 8 буда, дар он тибқи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор гирифтан ҳаёти ҷамъиятӣ муқаррар шудааст. Дар қисми чоруми моддаи 8 муайян шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал кардани ўро мефаҳмонад. Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат, мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои зерини давлати дунявиро тасниф кардан мумкин аст:
-манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ;
-баробарии маҷудияти ҳамаи динҳо;
-сарчашмаи ҳуқуқ эътироф нагардидани қоидаҳои динӣ;
-озодии виҷдон.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро барои эътиқоди динӣ маҳдуд намекунанд. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон давлат ва мақомоти он танҳо бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ,озодӣ,манфиатҳои шаҳрвандон, низому суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти дахолат мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ карда мешавад, ки онҳо хусусияти миллатгароӣ, наҷодпарастӣ, хусумату бадбинии иҷтимоӣ ва бо роҳи зўрӣ ба несту нобуд сохтони сохтори конститутсионӣ ва ба ташкили гурўҳи мусаллаҳ даъват менамояд давлат манъ менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз дар асоси қарорҳои пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти зиёда аз ҳаҷдаҳ ҳаракатҳои ғайриқонунӣ манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: «Ҳизб-ут-таҳрир», Салафия, Ҳаракати исломии Узбекистон, Гурўҳи 24 ва ғайра. Шахсоне, ки ба ин ҳаракатҳои ғайри қонуни шомил мешаванд тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, зеро ки пайравони ин равияҳо ошкоро бадбинии мазҳабиро таъқиб менамуданд ва рафтори онҳо ба қисми 5 моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мухолифат менамояд.

Имрўз дар мамлакти мо сулҳу субот волоияти қонун арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат ва дастгоҳи он кафолат дода мешавад ва баҳри риояву амалишавии он Парлумони кишвар санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҷавобгў ба стандарти байналхалқиро ба тасвиб расонидааст. Баҳри амалӣ намудани баъзе аз хусусиятҳои конститутсионии давлат дар Тоҷикистон Қонун дар бораи «Ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба тасвиб расидаанд. Ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баробарии ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки қайди давлатиро гузаштаанд ва ҳамаи дину маҳзабҳо дар назди қонун кафолат медиҳанд. Муқаррар кардани ягон хел афзалият ё маҳдуд кардани яке аз динҳо норавост, бинобар он давлат иҷрои вазифаи давлатиро ба зиммаи ягон ташкилотҳои динӣ намегузорад ва ба ташкилотҳои динӣ манъ карда шудааст то ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намуда онҳоро маблағгузорӣ намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи маориф баргузор шуда истодааст, ки шаҳодат аз ҷудо будани низоми давлатии маорифро аз ташкилотҳои динӣ муқаррар намуда боз ҳам дунявӣ будани далатро мустаҳкам менамояд.

Хулоса, ба тарзи конститутсионӣ танзим ёфтани хусусиятҳои хоси дунявӣ пеш аз ҳама барои якпорчагӣ, дахлнопазирии Тоҷикистон равона гардида, онҳо имконият медиҳанд таъсиси гурўҳҳои силоҳбаст, хароб кардани амнияти миллӣ,тарғиби наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумати иҷтимоӣ ва динӣ пешгири карда шавад.

Ҳамзамон татбиқ кардани омилҳои давлати дунявӣ дар Тоҷикистон ва муайян кардани кафолатҳои онҳо барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Аз ин рў шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тибқи муқаррароти моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирнопазиранд. Аз ин рў, фаъолияти давлат ба пўрзўр кардани асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии хусусиятҳои номбаршуда равона карда шудааст.

Кенҷаев Шўҳратҷон Юсуфович
декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Лаънат ба ифротиён!

Аҳли омӯзгорони ва кормандони маорифи шаҳри Чкалов баробари шунидани хабари даҳшатноки ифротиён, ки ба мактаби ҳарбии Покистон ҳамла оварда боиси қурбон гардидани 141 нафар хонандагону омӯзгорон, ҳамчунин захмӣ шудани 122 нафари дигарро ба ифротгароён лаънат мехонем. Оё ин ифротиён дин надоранд? Оё онҳоро инсон таваллуд кардааст? Магар модарони онҳо ба ҳамин умед фарзанд калон карда буданд? Ин нишони ваҳшигарӣ, ноодамӣ ва хунхоҳии онҳоро гувоҳӣ медиҳад. Ҳаргоҳ таърихро варақ мезанем, Чингизро хунхор мегӯем. Магар он хунхорие, ки ин ноҷавонмардон сарбар заданд, хунхорӣ нест? Вақте, ки он сарҳои бурида, мурдаҳои ба атроф бо хуну хокашон щелидаро дидем, тамоми вуҷуди моро парда фаро гирифт. Орзуи онро мекардем, ки ҳамин ифротиёнро назди халқ бароварда азоб диҳанд, то ки ба дигарон сабақ шавад.

Магар одамкушӣ ҳунар аст? Магар онҳо модар, зану фарзанд надоранд? Кӯдакони бегуноҳ, ки дар дил сад орзую ният доштанд, ки илм омӯхта соҳибмаълумот мегарданду ба Ватан содиқона хизмат мекунанд, дар айни камолот ҷавонмарг шуданд. Байни онҳо аз дигар давлатҳо низ хонандагон барои таҳсил рафта буданд. Бар чунин лаънаткардагони халқ шири модар заҳрашон бод. Лаънати абадиат ҳамнафаси онҳо гардид.

Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Чкалов соати тарбиявӣ гузаронида шуд, ки дар он ин ваҳшонияти щайричашмдошт муҳокима карда шуд. Ҳама ба чунин хунхорон ҳазорҳо нафрату лаънати худро изҳор намуданд.

Оё ин ифротиён худро мусулмон меҳисобанду ин кори худро дар роҳи ҳақ медонанд? Магар шариати ислом магар хунрезиро талқин мекунад? Ҳаргиз не, ин ҳама амалиёти ваҳшиёнаи ифротиён аст. Чи тавре, ки гуфтаанд:
Ислом ба зоти поки худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Аҳли маорифи шаҳри Чкалов ба ҳамаи оилаҳои ҷабрдидагон, қурбоншудагон ҳамдардии худро изҳор менамоем ва бовар мекунонем, ки мо бо онҳоем ва албатта ин ҷангҷӯён ҷазои худро мебинад.

Ҷ.Иромиддинов
Мудири маорифи шаҳри Чкалов

Читать далее

Ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят

Дар толори хурди Муассисаи давлатии «Кохи Рўдакӣ»-и маркази вилоят ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси вилоят ва ҳамзамон Раиси Шўро Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, нахуст рўзномаи ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва аъзои нави Шўроро муаррифӣ кард.

Читать далее

Сифати ангишт паст!...

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилоят аз 23-юми майи соли 2014, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2014, №967 вобаста ба масъалаи мазкур фармоиши Раёсати маорифи вилоят аз 30-юми майи соли 2014, «Оид ба омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расида, корҳои мушаххас амалӣ гардид.

Читать далее

Муносибати дағалонаи директори мактаб…

Оё чунин рафтор ба сарвари боргоҳи маърифат мезебад?
Азбаски Ҷамоати шаҳраки Консой хеле хурд аст, дар он ягон хатсайри мусофирбари дохилӣ вуҷуд надорад, пиёда то мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-юми шаҳрак расидем. Вақте вориди мактаб шудем, гумон кардем, ки танаффус аст.

Зеро дар баъзе синфхонаҳо дарс мерафту дар баъзеаш не. Аҷоиб он буд, ки синфҳои ибтидоӣ машғулият доштанду синфҳои болоӣ на. Пас ба хулоса омадем, ки танаффус барои синфҳои ибтидоӣ алоҳида асту барои синфҳои болоӣ низ. Дари утоқи кории сарвари мактаб баста буд. Шояд он ҳам аз ҳисоби танаффус бошад...

Дақиқае нагузашта ба назди мо ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳмадназар Нозикшоев омад. Аз ў хостем, моро бо вазъи синфхонаҳо ошно созад, то бароямон раванди иҷроиши қарори Раиси вилоят оид ба зимистонгузаронӣ маълум гардад. Ҷонишини директор монеъ нашуда, ба мо ҳамаи синфхонаҳоро нишон дод. Дар ҳамин ҳол садои баланди зане ба гўш расид: -Шумоҳо кӣ ҳастед? Ба шумо кӣ иҷозати даромадан дод?! Канӣ, ин ҷо биёед!– гўён он зан дод зад.

Хуллас, фаҳмидем, ки он шахс директори мактаб Зулхумор Холиқова будааст. Пас аз ба утоқи кориаш даровардан аз пештара дида бо суханони дағал бо овози баланд бо мо сухан кард. Гўё дар наздаш хонандагони мактаб истода бошанду ягон гуноҳи азиме содир карда бошанд.

-Ба ман раиси ҷамоат супориш додааст, ки ягон рўзноманигорро ба дохили мактаб роҳ надиҳам ва бе иҷозати ў бо журналистон ҳамсўҳбат нашавам,-гуфт директори мактаб бо истеҳзо. Хостем, ўро ором карда, мақсади ба муассисаи таълимӣ омаданамонро фаҳмонем, аммо…

Сабаби то ин дараҷа вайрон будани ваҷоҳати сарвари мактабро фаҳмида намешуд. Ҳол он ки мақсади мо тамоман дигар буд. Агар муносибати сарвари мактаб чунин бошад, вой бар ҳоли тарбиятгирандагони ин муассиса. Ана, таълиму тарбия аз куҷо оғоз мешавад? Ҳарчанд мақсади сафарро фаҳмонданӣ шудем, лек он зан ба мо сухан намедод. Рафтору муносибаташ аз баъзе занҳои савдогари дар қадди кўча менишаста ягон фарқияте надошт.

Ҳарчанд масъалаи зимистонгузаронӣ дар сатҳи миёна қарор дошта бошад ҳам, рафтору кирдори директори мактаб аз одобу муносибати инсонӣ фарсахҳо дур буд. Директори муассисаи таълимӣ бо ин гуна муносибат на танҳо рафтори ношоиста нишон дод, балки муносибати ғайри қонунӣ ҳам зоҳир намуд. Зеро тибқи муқаррароти моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», ташкилотҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба намояндагои воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд.

Магар директори мактаб, нафаре, ки ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад, чунин муомилаву кирдор карданаш ҷоиз аст? Бо тақозои рисолати касбии хеш мо дар аксари шаҳру навоҳии вилоят сафари корӣ доштем, боре нашуда буд, ки ягон раису муовинони мақомотҳои давлативу дигар сохторҳо бо чунин муносибати дурушт пешвоз гирифта, беасос суханҳои қабеҳ гуфта бошанд. Дар ин робита гумони ғолиб ин аст, ки агар ин мактаб саршор аз навоқису камбудӣ намебуд, шояд сарвараш чунин муносибати дағалонаро, ки барои як шахси зиёӣ комилан нанговар аст, раво намедид…

Оғози моҳи декабр ба вазифаи раиси шаҳри Қайроққум яке аз занони обрўманд, олимаву олиҳа Сатториён Матлубахони Амонзода таъин гардид. Боварии комил дорем, ки бо баробари боз ҳам пешрав гардидани соҳоти мухталифи шаҳр, инчунин маърифати муоширати баъзе ашхоси ин ҷамоатҳои фарсахҳо аз маркази шаҳр дур буда, бахусус роҳбарон баланд мегардаду  муносибат бо намояндагони ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла васоити ахбори омма беҳбудӣ меёбад.

М.Самадова,
Ш.Олимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чу узве ба дард оварад рўзгор…

Ҳодисаи нангини 16-уми декабри соли равон - аз ҷониби террористон тарконда шудани таълимгоҳ-омўзишгоҳи артишӣ дар шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки боиси шаҳид гаштани 148 тифл ва 9 нафар муаллим ва ҷароҳат бардоштани беш аз 120 нафар муҳассили дигар шуд, ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузошта наметавонад.

Читать далее