December 2014

24 December 2014

Диққати хоса ба сифати аъзо

Дар ташкилоти ибтидоии МНА-35 мулоқот сурат гирифт. Дар оғоз директори ҶДММ «МНА-35» Субҳониддин Сайфиддинов оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии мазкур гузориш дод.

Сипас, чанде аз фаъолони ташкилоти ибтидоии мазкур андешаҳои худро оид ба раванди фаъолият иброз карданд. Сарвари ҶДММ«Танзим» Абдуқодир Шамсиалиев қайд намуд, ки ронандагон аз он қишри ҷомеа маҳсуб меёбанд, ки барандаи иттилоот ва тағйирдиҳандаи афкори мардум шуда метавонанд. Аз ин рӯ кормандони ин соҳарозарур аст, то мудом аз навгониву рӯйдодҳои ҷомеа огоҳии комил дошта бошанд.

Баъдан дар ҷараёни маҷлис раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара баромад намуда, оид ба қарорҳои қабул гардида, номзадҳои ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, тағйиру иловаҳои ба Оинномаи ҳизб ворид намуда ва дигар масъалаҳои баррасишудаи ин Анҷуман ибрози назар кард. Дар мулоқот дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор пешсафони соҳа Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд. Ба 26 нафар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

МУРТАЗО ЭГАМОВ

Читать далее

Конфронси Маркази илмии Камол

Дар толори «Маркази ҷавонони ба номи устод Лоиқ Шералӣ» бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» конфронси илмӣ таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ ва рушди адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз нахустин конфронсҳои «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба ҳисоб рафта, дар он самтҳои фаъолияти муассиса муаррифӣ карда шуд.

Дар конфронс намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимон, адибон, устодони макотиб ва дўстдорони илму адабиёт ширкат намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» доктори илмҳои филологӣ Насриддинов Фахриддин конфронсро ифтитоҳ намуда, доир ба мақсад ва ҳадафҳои маркази илмӣ маълумот дод.

Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Аъзам Ҳотамӣ ҳозиронро бо ифтитоҳи чунин марказ табрик намуд.

Сипас Раиси шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод дар бораи «Ҷойгоҳи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ташаккули адабу фарҳанги миллӣ» сўҳбат кард.

Инчунин, номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов дар мавзўи «Нашрҳои илмӣ-интиқодии девони Камоли Хуҷандӣ» ва номзади илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ дар мавзўи «Муҳаққиқони тоҷик ва маърифати аҳволу ашъори Камоли Хуҷандӣ» баромад намуданд.

Дар интиҳо директори Муассиса дар мавриди масоили мубрами камолшиносӣ ва нақшаҳои марказ дар ҳаллу баррасии ин мавзўъ сухан гуфта, конфронсро ҷамъбаст намуд.

Сурайё Ҳакимова

Читать далее

Аввалин озмуни “Камолхонӣ” дар вилоят

Дар толори Маркази ҷавонон ба номи устод Лоиқ Шералӣ нахустин озмуни “Камолхонӣ” дар байни донишгоҳҳои вилоят баргузор гардид.

Иштирокдорон аз рўи панҷ шарт - ҳониши ифоданок, ҳифзи ашъор; cаволу ҷавоб аз аҳвол ва осори Камоли Хуҷандӣ, навиштани абёти шоир бо хати ниёгон, намоиши саҳна аз рўзгори Камоли Хуҷандӣ қувваозмоӣ карданд.

Барои шаффоф гузаштани озмун, шарти саволу ҷавоб ба тариқи савол додани донишомўзон ба якдигар гузаронида шуд. Инчунин, шарти навиштани абёт бо хати ниёгон бо тариқи интихоби байт ба ҳариф баргузор гардид. Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи “Сеҳри мубин”-и ДДХ ба номи академик Б.Uафуров, ҷои дувум насиби дастаи “Сафинаи Камол”-и ДДҳБСТ, ҷои саввум насиби дастаи “Дурфишон”-и ДПДТТ, ҷои чаҳорум насиби дастаи “Булбули Хуҷанд”-и Колеҷи омўзгорӣ ва ҷои панҷум насиби дастаи “Андалеби Хуҷанд”-и Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ гардид.

Сурайё Ҳакимова

Читать далее

23 December 2014

Таҳким ва вусъати дастоварду комёбиҳо

Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли 2014
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11 моҳи соли 2014 фаъолияти худро баҳри амалӣ намудан ва татбиқи босифати нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2013 ва ҳангоми сафарҳои корӣ ба вилоят баён гашта, ҳуҷҷати «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015» ва дигар барномаҳои соҳавӣ равона намуд.

Читать далее

22 December 2014

Хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш беҳтар мешавад?!

Бобати бемаданиятиву муомилаи дағали бархе аз ронандагони нақлиёти мусофиркашон сокинон борҳо бо истифода аз васоити ахбори оммаи вилоятӣ, аз ҷумла рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ибрози назар намуданд. Аксари гуфтаҳову эродҳои сокинон нисбат ба маданияту фарҳанги хизматрасонии ронандагони нақлиёти мусофиркашон дурусту бамавқеъ аст.

Читать далее

Самти фаъолият бо бонувон беҳбудӣ мехоҳад

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар ҷаласаи сайёр баргузор шуд. Пас аз сухани ифтитоҳии муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мунаввара Дадобоева аз фаъолияти 11 моҳаи шўъба ҳисобот дод.

М. Дадобоева дар рафти суханронӣ оид ба рафти иҷрои қонунҳои амалкунанда дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дар зинаҳои мухталифи сохторҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ кардани занон, сол то сол афзун гардидани сафи олимон аз ҳисоби занон, рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иштироки бонувон дар самтҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ, ташкил намудани сехҳои дўзандагиву бофандагӣ ва қолинбофӣ ва ҳамчунин таклифу пешниҳодоти хешро баён кард.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар аз баргузории чунин ҷаласаҳои сайёр, ки аз 15-уми декабри соли равон идома дорад, аз мақсаду маром ва ҳадафи асосии он ибрози назар намуд. Аз ҷумла, мавсуф дар бораи дастгирии занон, тақвият бахшидани ҳунарҳои миллӣ, тарбияву таълими ҷавондухтарон, дар сатҳи ҷумҳурӣ бештар комёб гардидани занони ҳунарманди вилоят бо грантҳои Президенти мамлакат, Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин оид ба муаммоҳои ҷомеа, ба монанди дар вилоят ба қайд гирифта шудани 441 ҳолати вайрон шудани оила, ки ин теъдод дар сатҳи ҷумҳурӣ низ зиёд мебошад, андешаҳои худро иброз дошт.

Ҳамчунин, оиди ташвишовар будани шумораи ҷиноят аз ҷониби занон дар сатҳи вилоят, то ҳол мавҷуд будани никоҳи барвақтӣ ақида ронда, дар поён чанд таклифу пешниҳоди хешро ба миён овард. Аввалан суст будани ҳамоҳангии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо ва сохторҳои қудратӣ бо бахшҳои кор бо занон ва оила, мавҷудияти монеаҳо дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ дар масъалаи амалигардонии Барномаҳо, ғайриқаноатбахш фаъолият бурдани марказҳои иттилоотӣ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳуввияти миллии занон, тариқи ҳисоботӣ омода гардидани аксари маълумотҳоро зикр намуда, дар ин асос хуб ба роҳ мондани муносибат бо шаҳрвандон, ҳамкории зич доштан бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ва амалигардонии боз дигар тадбирҳоро пешниҳод намуд.

Доир ба омилҳои номустаҳкамии оилаҳои ҷавон, дар мактабҳо ва донишгоҳҳои олӣ ҷорӣ намудани курсҳои кўтоҳмуддат доир ба этикаи оиладорӣ, фаҳмонида додани қонунҳои амалкунанда оид ба пешгирии хушунат дар оила, Кодекси оила, сабабҳои зиёд шудани дузанагӣ ва пешгирии он, бастани аҳдномаи ақди никоҳ дар ҳолати ба муҳоҷират рафтани зан ё шавҳар, гузарондани мониторинг нисбат ба онҳое, ки тариқи квота таҳсил доранд, пешгирии зўроварӣ ва дигар масъалаҳои хешро собиқадори меҳнат, Биҳоҷал Раҳимова, директори Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд М.Набиҷонова, мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи Кумиҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳамроҳхон Отаева, намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ Орзу Ғаниева, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Дилбар Самадова, ҳунарманд аз ноҳияи Б. Ғафуров Раҳбар Неъматова баён карданд.

Ҷаласаро муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ҷамъбаст намуда, оид ба ҳадафҳои мулоқоти кунунӣ, такмили идоракунии соҳаҳо, ташвишовар будани зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа андешаронӣ намуд.

Дар ҷаласаи сайёр муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА

Читать далее

Бояд истифода бурд!

Ҳамасола санаи 22 декабр иди касбии кормандони шабакаҳои барқ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин радиф барқчиёни вилояти Суғд тибқи маълумотҳои расмӣ баҳри хуб таъмин будани сокинону корхонаҳои вилоят бо барқ кўшишу ғайрат доранд. Соли равон иди касбии хешро онҳо бо чӣ гуна дастовардҳо истиқбол мегиранд? Мусоҳибаи мо бо сардори шабакаҳои барқи вилояти Суғд, Аълочии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барқчии хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ Мўъмин Муҳаммадзода ба ин мавзўъ бахшида мешавад.

Читать далее

Изҳороти Шўрои уламои дини вилояти Суғд нисбат ба фоҷиаи шаҳри Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Баробари шунидани хабари ҳамлаи ваҳшиёнаи гурўҳи террористии толибон ба яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистон ва кушта шудани беш аз 150 нафар муҳассилону устодон ва захмдор гардидани зиёда аз 120 нафар, ки боиси ғаму андўҳи садҳо оилаҳо шуд, дар дили ҳар як инсони боимон ва адолатпеша нисбати ин амали ғайриинсонӣ нафрату ғазаб пайдо гардид. Гунаҳкорони ин ҳодисаи фоҷиаборро маҳкум менамоем ва барои қурбоншудагон охирати обод, ба волидайни онҳо, аҳли оилаи онҳо аз даргоҳи Худои муттаол сабри ҷамил хоҳонем.

Боиси нафрати ҳар як мусалмон он аст, ки террористон мақсад ва ҳадафи шуми худро дар остонаи илму маърифат, зидди толибилмон анҷом доданд, ки ин хилофи ахлоқи башарӣ ва талаботҳои дини мубини ислом мебошанд.

Дар Қуръони карим Парвардигори олам мефармояд «… ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод (яъне роҳзанӣ ва муртад шудан) дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумонро якҷо кушта бошад ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумонро як ҷо зинда сохта бошад… » (сураи «Моида», ояти 32). Яъне гуноҳи қатли як нафар мисли гуноҳи қатли як олам аст.

Ин амали ваҳшиёна симои аслии террористонро боз як бори дигар намоиш дод, ки моҳияташ инсонбадбинӣ аст ва бо бераҳмии махсус сурат гирифт.

Террорист Ватан, миллат ва дин надорад. Террористон ниятҳои разилонаи худро бо рехтани хуни мардуми бегуноҳ чӣ дар Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ, чӣ Либияву Миср бо мақсади тарсондани аҳли башар амалӣ намуда истодаанд, вале инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиётҳои ваҳшиёна ба ҳарос намеафтад, балки чунин рафторҳои ғайриинсонӣ сабаби боз ҳам муттаҳид шудани аҳли башар зидди қатлу куштор, муборизаи дастҷамъонаи мардуми инсонпарвар зидди чунин падида магардад.

Чӣ хеле, ки дар барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон омадааст: «Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод».

Раёсати Шўрои уламои дини вилояти Суғд ва кулли ходимони дин мавқеи давлатамонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷинояти мудҳиши толибонро маҳкум менамоем ва аҳли ҷомеаро даъват мекунем, ки дар муқобили хавфу хатарҳои терро-ристӣ муттаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандўстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа пайваста кўшиш намоянд. Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи моро халалдор гардонанд.

Дуо мекунем, ки аҳли олам тинҷу ором бошад.

Читать далее

Коркарду заҳролудкунии чигит кашол меёбад. Чаро?

Дар ҷаласаи оид ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзӣ дар соли 2014, ки таҳти сарварии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд, таъкид гардид, ки соли равон ҳаҷми умумии маҳсулот нисбат ба соли гузашта афзудааст. Дар аксари соҳаҳо дастовардҳо назаррас буда, аз ҷумла пахтакорони вилоят соли ҷорӣ беш аз 100000 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъ оварда, ба заводҳои коркард супурданд, ки ҳосилнокии пахта нисбат ба соли сипарӣ баланд аст.

Читать далее

19 December 2014

Кишоварзӣ: Сифати дастовардҳо қонеъкунанда аст!...

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи оид ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2014 баргузор гардид, ки дар муовинони Раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, сардорони идораҳои кишоварзӣ раисони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак ва масъулини сохтори дахлдори вилоятӣ ширкат варзиданд.

Читать далее