December 2014

19 December 2014

Зиёни касон аз пайи суди хеш

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарӣ ва телевизон хабаҳоеро мешунавем, ки бархе ҷавонони тоҷик низ ҷиҳати иштирок дар «ҷиҳод» ба кишварҳои ҷангзада мераванд ва аксаран ҷавонони дигарро низ ба Сурия даъват мекунанду ин амали худро кори савоб ва ҷонфидои нисбат ба дини Ислом маънидод менамоянд.

Таассуфовар аст, ки ҷавонони муосир фирефтаи ин ҳама дурӯғ ва гирифтори доми ифротгароён мегарданд. Меандешам сабгори ин ҳам гирифториҳои баъзе ҷавонон дар чӣ бошад? Бесаводӣ, беэътиборӣ, бемасъулиятӣ, ночориву нодорӣ ва ё чизи дигар?

Он нафаре, ки ҷиҳод мекунад ва ба хотири дини ислом нафари дигареро қатл менамояд, оё андеша надорад, ки бо ин амали хеш ба дини Ислом, ки дини мубораку пок аст зарба мезанад ва мусалмононро дар назари ҷомеаи башарӣ ифротгарову қотил нишон медиҳад. Албатта, ҳеч нафари босавод, мусулмони воқеӣ аз амали ин нафарон тарафдорӣ намекунад, зеро рехтани хуни бегуноҳон на аз нигоҳи ахлоқӣ, на аз нигоҳи инсонӣ ва аз нигоҳи динӣ дуруст аст.

Аммо мушоҳида мекунем, ки бархе аз ҷавонони аз маърифату илм дурмонда зери таъсири суханони пучу бемантиқи муллову рӯҳониёни бесавод ҷиҳодро ба дигар маънӣ фаҳмида, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи биҳишт хешро ба коми ҷангҳои бегонагон андохта, худро ба коми маргандохта истодаанд, ки ин амали эшон ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё иштибоҳи маҳз аст.

Агар дар мавриди маънии вожаи «ҷиҳод» фикр кунем, он калимаи арабӣ буда, (аз реша " جهد") маънойш «кӯшиш», «талош» кардан аст, аммо мутаассифона, бархе дар ҷомеаи мо имрӯз маънои ҷиҳодро ба ҷанг рафтан ё ҷангидан шинохта истодаанд. Ба ин маънӣ амиқан фикр кунем, пас барои беҳбудии зиндагии худат талош доштан низ ҷиҳод аст. Мусалламан, нафаре, ки дар пайи омӯхтани илму дониш мебошад ва талошу кӯшиш дорад баҳри ояндаи худ соҳибкасб шаванд, пас ӯ низ ҷиҳод мекунад. Нафаре, ки баҳри ободии хонадону сарзаминаш бетараф несту дар ин ҷода талошҳои пайгирона дорад ва дар ободии кишвараш саҳм мегузорад, ӯ ҳам ҷиҳод мекунад.

Ҷавононе, ки дар асри ХХI зиндагӣ мекунанд, набояд чун одамони бесавод ва фанати раҳгум рафтор кунанд ва «ҷиҳод» (ҷангидан дар роҳи Худо)-ро ба қатлу куштору ғорати бегуноҳон табдил диҳанд.

Имрӯз дастандаркорони ҷанги Афғонистон, Ироқy Сyрия аз камсаводии ҷавонони мо, донишҳои пасти динии эшон, муаммои бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, нодориву ночориашон истифода бурда, онҳоро ба ҷанги ин кишварҳо мекашанд. Имрӯз, мутаассифона шумори ҷавонони зудбовари вилояти мо низ дар ин ҷангҳо бештар шудааст.

Мо бояд донем, ки тарафдорони ин ҷангҳо ҳадаф, мақсад ва ғаразҳои шахсии худро доранд ва ин ҳамаро зери вожаи «ҷиҳод» ва «ислом» пинҳон намуда, мардумфиребӣ мекунанд, чунон ки

Фирдавсии бузург мегӯяд:
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Агар беҳтарин роҳи пешгирии ҷангу ифрот дар заминаи дин бар асоси таълимоти Қуръон, суннат ва дар чаҳорчӯби ақида ва мазҳаби Имоми Аъзам бошад, пас дар пайравӣ аз мазҳаб, набояд ба ифрот ва тафрит роҳ дод. Гуфтаанд, ки муносибтарин равиш ин риояи эътидол аст, ки он вобаста ба замон ва макон бошад.

Исломи мӯътадил танҳо дар давлати пешрафта, озод ва демократӣ метавонад татбиқ шавад, ки Ҳукумати кишвар ин маъниро ба хуби дарк намуда, онро татбиқ менамояд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии давлат бунёд шудани 4012 масҷид ва расман ба қайд гирифта шудани он дар саросари кишвар баёнгари он аст, ки сиёстаи пешгирифтаи кишвар демократӣ буда, барои шахрвандонаш тамоми имкониятҳои мавҷударо барои зиндагии озоду ором муҳайё сохтааст.

Вазифаи ҳар инсони огоҳ, бавижа мусалмонон, талош барои беҳбуди зиндагӣ, талош барои ояндаи босаодат, талош барои баланд бардоштани обрӯву эътибори ислом дар арсаи ҷаҳонӣ аст, на «ҷиҳод»-ҳои бемантиқу ноогоҳона.

Сурайё Ҳакимова,
сармуаллимаи кафедраи Журналистика ва Назарияи тарчумаи ДДХ ба номи ак. Б.Гафуров Номзади илмхои филологи

Читать далее

Роҳи фардои мо илм аст, на ҷаҳолат

Ҳафтаи гузашта дар фазои иттилоотӣ баҳси раиси ҲНИТ Кабирӣ бо иддае аз олимони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ сару садоҳоеро ба бор овард. Муноқиша оддӣ набуд. Зеро пушти он рақобате ниҳон буд, ки қарнҳост идома дорад. Рақобат байни ду неруе, ки яке мехоҳад инсонро аз хати сурхи барояш кашидашуда берун рафтан намонад ва ҳамеша ба аҳкому аркони ҳазорсолаҳо пеш барояш таъиншуда итоат кунаду худро аз домани ҷаҳлу торикӣ берун накашад, дар барору нобарораш ба сарнавишти дар пешонааш тамғазада такя кунад. Дигаре қувваест, ки номашро илм гӯянду инсонро аз ҳадди маймун будан то ба кашфкунандаи пешрафтҳои нанотехнологӣ оварда расонидааст, ки ин ҷо ниёз ба шарҳашон нест.

Оғози баҳс худ ба равшаниандозӣ муҳтоҷ аст. Масалан, чаро Муҳиддин Кабирӣ муддати тӯлонӣ дар дохили ҷумҳурӣ хомӯш буду дар Маскав, зимни вохӯрияш бо муҳоҷирини меҳнатӣ, якбора ба Академияи илмҳои Тоҷикистон «часпид», ки «як гурӯҳ дар академия нишаста аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд ва танҳо корашон навиштани мақолаву таҳияи матолиб зидди як ҳизб, як рӯҳонӣ ва модари тоҷик аст. Онҳо бо ин корашон чеҳраи бад ва зиште аз миллат ва модари тоҷик намоиш медиҳанд».

Мурод аз ин гуфта чӣ буд? Ба тамоми сокинони ҷумҳурӣ маълум аст, ки ин гурӯҳ ҳамеша матлабу мақолаҳои хешро нисбати ҲНИТ ва ҷанбаҳои аз нигоҳи эшон машкуку шубҳаовар, бо далелҳои муътамад ва аз ҳама асосаш бо нишон додани ному насаби аслиашон нашр мекарданду мекунанд. Аз тарафи Кабирӣ ва «ёрон»-и ӯ посухҳое, ки битавонанд ин навиштаҳоро рад кунанд, рӯи нашр наомаданд. Вале дар Маскав чаро раиси ҲНИТ аз ин мавод ёд кард?

Инро танҳо онҳое дарк мекунанд, ки аз бозингариҳои Муҳиддин Кабирӣ каме огаҳ бошанд. Контингенти асосие, ки дар вохӯрӣ бо Кабирӣ ширкат доштанд, аслан аз воқеияти Тоҷикистон бедараканд, дар хусуси маводҳои нашршуда бошад, табиист, ки тасаввурот надоранд. Аз ин истифода бурда, Кабирӣ, ки ҳизбашро аллакай дар байни муҳоҷирин ягона ниҳоди «ҳимоя»-кунандаи Ислом дар Тоҷикистон муаррифӣ сохтааст, мақсаднок дар бораи «гурӯҳи академикии зидди ҳизбаш ва руҳониҳою модари тоҷик мақоланавис» луқма партофт. Натиҷааш барқосо буд. Тамоми интернетро бо саҳифаҳои иҷтимоиаш, сели ҳақорату таҳқиру тавҳин, «кофири мулҳид»-хониҳои олимони тоҷик фаро гирифт. Паёмҳо аз Русия буданду Сурияю Ироқу соири дигари кишварҳои арабӣ.

Кабирӣ ҳатто наворҳои фаҳшоро, ки дар Интернет аз номи ҳизби худаш нашр мешаванд, бар дӯши Академияи илмҳо партофт. Яъне гунаҳгори навбатӣ кашф шуд. Чанд соли пештар наҳзатиҳо дар нашри чунин мақолаҳо кадом як «шуъбае»-ро гунаҳгор мекарданд, ки гӯё муқобили онҳо дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Каме дертар, онҳо як протоколи сию бисту чилро дастак намудаву эълон карданд, ки тибқи ин санад нисбати онҳо маводҳо менависанд. Сипас аз Кумитаи дин домангир шуданду баъдан ибораи бофтаи як рӯзноманигори ба худашон наздикро шиор карда, аз «фабрикаи ҷавоб» гуфтанӣ «ниҳод» дод мезаданд. Аввал онро ба Кумитаи амният, сипас ба гурӯҳи журналистон рабт доданд. Ва акнун ҳамаи ин маводҳоро бурда бо Академияи илмҳо алоқаманд карданд. Боз киҳо бошанд дар навбат? Магар зиёд нашуд?

Аз ин ҷо Кабирӣ ва пайравону ҳаводоронаш бояд худ қазоват кардаву хулоса бароранд, ки ҳеҷ фабрикае вуҷуд надорад. Заводест бузург бо номи миллат, ки 8 миллион коргар дорад. Ва ин миллат фаҳмидааст, ки бархе аз фарзандонаш дар роҳи ғалат гом задан доранд. Роҳе, ки муқобили давлатдорию арзишҳои миллии тоҷикӣ мебарад. Роҳе, ки ҷониби худфурӯшию хиёнат самт дорад. Роҳе, ки саропо ташвиқу талқини фарҳанги бегонаи аҷнабист. Аз ин рӯ, ҳар маводе, ки нашр мешавад танҳо барои ислоҳу бозгардонии онҳо аз ин ҷодаи иштибоҳ аст.

Туҳмати мақсадноке, ки аз забони пешвои наҳзатиҳо бурун омад бо посухи шадидтаре рӯ ба рӯ шуд. Маркази файласуфони ҷавон ҲНИТ-ро дар як радиф бо ДИИШ ва Ҳаракати «Толибон» ҷойгузин намуд. Дар баробари наҳзатиҳо, боз ашхосе аз доираҳои давлатӣ низ буданд, ки ин муқоисаю баробаргузорӣ хушашон наомад. Гарчанде тақсири олимон танҳо ҳамин аст, ки ба таъбири маъруфи русӣ ҳар як ашёро бо номи худаш ёд карданд. Касе ба ин андеша розӣ нест бигузор таърихи ин неруҳои зиддимардумиро аз аввали таъсисашон ба ёд орад.

Ҳаракати «Толибон»-ро дар симои имрӯзаашон баъди соли 1994, пас аз ҳама ваҳшонияте, ки алайҳи ҳамдину ҳамкешонашон дар Афғонистони кулфатзада содир карданд, мешиносем. Аммо то ин давра, яъне аз аввали таъсиси мадрасаҳои «толибон» аз ҳисоби фарзандони гурезаҳои афғон дар хоки Покистон (шурӯъ аз соли 1984 бо пули кишварҳое, ки он замон бо Иттиҳоди Шӯравӣ мухолифат доштанд), ин гурӯҳ танҳо ҷамъи ҷавонону наврасони ҳалиму беозоре буданд, ки ба таҳсил фаро гирифта шуданд. 10 сол баъдар маълум шуд, кадом «илм»-ҳоро ба онҳо меомӯхтаанд: қатлу хунрезӣ, сарбурию ғорат. Аз ҳамин ҷо бармеояд, ки чаро ҳизбиёни наҳзатӣ ва алоҳида руҳониёни манфиатдори мо чаро аз манъи рафтани наврасони то 18-солаи тоҷик ба мадрасаю масоҷид ҳамеша гила доранд.

Таъсиси ДИИШ низ дар соли 2006, нусхаи такрории зоиши Ҳаракати «Толибон» мебошад. Тарҳрезон боз ҳамон кишварҳое мебошанд, ки буданд. Танҳо минтақаи фаъолият тағир ёфт. Сараввал аъзоёни ин гурӯҳаки навтаъсис низ аз ҳифзи арзишҳои исломӣ мегуфтанду аз паҳн кардани онҳо дар байни омма. Чун тадриҷан афзоиши неруи бозуи хешро эҳсос карданд, ончунон ба мусулмонкушӣ даромаданд, ки Чингизхону Темури ланг агар зинда мешуданд, ин ваҳшониятро дида, заҳракаф шуда аз нав мемурданд.

ҲНИТ низ чӣ қадар ки ҳаракати муътадилу муосир буданашро собит насозад, гузаштаи начандон дури олуда ба хун дорад. Ҷанги бародаркуширо (ҳарчанд аз мусулмонкушиҳои толибону диишчиён тафовут надорад) канор мегузорем. Аз замоне мегӯем, ки Муҳиддин Кабирӣ сарварии ҲНИТ-ро ба уҳда дорад. Магар кам буданд наҳзатиҳое, ки ба амалҳои террористӣ даст заданд? Оилаи Давлатовҳо, сокинони деҳаи Бедак ноҳияи Раштро, ки занҷираи пайвасткунандаи ҲНИТ бо террористи ашаддӣ мулло Абдулло ва хориҷи ҷумҳурӣ буданд, фаромӯш шуд? Наҳзатиҳо ва ҳаводоронашон аллакай ҳамҳизбҳои худ, аъзоёни дастаи террористии Алии Бедакӣ, зодагони ноҳияи Рашт Лоиқов Муртазобек, Нозимов Шараф, зодаи шаҳри Исфара Қиронов Бахтиёр, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдулҳақов Нурмаҳмад, зодаи шаҳри Душанбе Умаров Саидҷон, зодаи ноҳияи Ҳисор Шукуров Маҳмуд, зодаи шаҳри Турсунзода Эшов Фазлиддинро дар хотир надоранд? Оё зарур аст, ки 53 нафар аъзоёни ҲНИТ, ки бевосита дар ҳаводису амалиётҳои террористии Рашт, Хуҷанд, Исфара ва Хоруғ даст доштанд ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯйхати пурраашон дар сомонаҳои интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ нашр шуд, бори такрорӣ дар ин навишта оварда шаванд? Ҳатмист, ки гуфтаҳои шаҳрвандон Баҳриддин Муминов, сокини шаҳри Кӯлоб ва Комил Шукурову Сайфиддин Файзуллоев аз ноҳияи Спитамен дар хусуси ҳамчун узви ҳизб барои «ҷиҳод» (дақиқтараш мусулмонкушӣ) ба Сурия сафарбар шуданашон аз нав намоиш дода шаванд?

Бо истинод ба ҳамаи ин ҳолатҳо, дар паҳлуи «Толибон» ва ДИИШ ҷой додани ҲНИТ бояд барои ҳеҷ кас ҳайратовар набошад. Ва албатта далели дигаре, ки метавонад дурустии дар радифи ин гурӯҳҳо ҷойгузин кардани ҲНИТ-ро собит созад муносибату андешаи худи Кабирӣ нисбати ҳаракатҳои ифротист. Масалан, 11-12-уми ноябри соли 2012 Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Исломободи ҶИП дар конфронсе ширкат дошт, ки онро муридони падарони маънавии Ҳаракати «Толибон» Мавлавӣ Фазлурраҳмон ва Қозӣ Ҳусайн Аҳмад ташкил намуда буданд. Натиҷаи ҳамин робитаҳост, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳамон сол дар мусоҳибааш бо журналисти амрикоӣ Джошуа Кучера (сомонаи EurasiaNet), таҳдидҳои аз тарафи Ҳаракати «Толибон» барои минтақа вуҷуддоштаро «ривояти бофта» хонд ва изҳор дошт, ки «Толибони имрӯза – он ҳаракати даҳсола пеш нестанд. Онҳо имрӯз ба прагматикҳои бузург мубаддал гаштаанд».

Дар хусуси он, ки таҷрибаю фаъолияти ҳаракати дигари террористӣ - «Ихвонулмуслимин» барои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамҳизбонаш улгу ва намунаи пайравӣ мебошад, худи раис даҳҳо бор расман эълон доштааст.

Вақте ҳамаи ин маълумотҳои тикаю пора аз назари илмӣ якҷо карда мешаванд, ҳамон хулосае пеш меояд, ки Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ ба он расида буд. Ва чун пайдо кардани далели муътамаде барои сафед кардани худ амри маҳол гардид наҳзатиҳою раисашон ба ҳамон таҷрибаи собиқ рӯ оварданд, ки ҳазорсолаҳо истифода мегардид: эълон кардани рақиб ҳамчун «динситезу кофиру мулҳид». Роҳи ягонаи боздошти рушду тавсеаи давлату миллат. Роҳе, ки ҳанӯз асрҳо пеши фарзанди барӯманди миллат, Ибни Синоро аз кашфи даҳҳо касалиҳо, аз ҷумла «кӯррӯда (апендитсит)» боздошта буд. Роҳе, ки пеши ихтирооти нодири Закариёи Розиро дар роҳи тиб гирифта буд. Роҳе, ки Рӯдакиро кӯр карду Фирдавсиро хору залил, Камолро ғарибу Носири Хисравро дар ба дару Ҳилолиро сангсору Айниро чӯбкорӣ. Ва акнун бо ҳамин васила насли нави илми тоҷикро таҳдид доранд. Танҳо як омили асосиро дидан наметавонанд. Ҷодаи интихобкардаи Тоҷикистони навин сӯйи фардост ва ҳамсафараш илм асту олимон, на онҳое, ки бозгашт ба торикию ҷаҳолатро авлотар мешуморанд.

Соличонов Расулчон,
доктори илмхои фалсафа, корманди Донишкадаи иктисод ва савдои Донишгохи давлатии тичорати Точикистон дар ш.Хучанд

Читать далее

Перомуни мусоҳибаи хабарнигори радиои «Озодӣ» бо сарвари Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми фалсафа Ҳафиз Бобоёров

Тобистони соли 2014, аниқаш моҳи июн, дар назди Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ таъсис ёфта, маҳфили «Ҷаҳони андеша»-и он бо ифодаи нуқтаи назари хос ва нашри мақолаҳо дар мавзўъҳои марбут ба дину мазҳаб дар ҷомеаи Тоҷикистон маъруфият пайдо намуд.

Ибтидои моҳи декабр аз тариқи радиои «Озодӣ» сўҳбати хосаи воқеанигор Зарангези Наврўзшоҳ бо сарвари маркази номбурда олими ҷавон доктори илми фалсафа Ҳафиз Бобоёров пахш гардида, дар ҷомеаи имрўза вокунише ба амал овард. Аслан, ҳадафи ин муҳовара ва амали маҳфили «Ҷаҳони андеша» баҳо додан ба пайгириҳои нав ба нави Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва интиқоди мавқеи он дар ҷомеаи имрўза буда, бахусус, дар раванди омодагиҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар, ки баргузориашон 1-уми марти соли 2015 пешбинӣ шудааст, аз аҳамияти амалӣ орӣ нест.

Олими тоҷик зимни мусоҳиба иброз медорад, ки «муроҷиати мо дар мақолаҳо ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, на ба диндорону онҳое, ки ба Худо бовар доранд». Гузашта аз ин, Ҳафиз Бобоёров ҲНИТ-ро барои он зери тозиёнаи танқид гирифтааст, ки «ҳар вақте ки дар бораи ин ҳизб як интиқоде мекунем, ҳамеша мегўянд, ки шумо мусалмононро дар назар доред». Вале, чуноне ки дар мавридаш ў зикр кардааст: «Мо аслан ба эътиқоду бовармандии мардум кор надорем».

Ба ақидаи олими файласуф ҲНИТ ҳар дафъа чунин масъалагузорӣ мекунад, ки «чаро ҷомеаи мо имкони чодар пўшидану аз 18-сола поин ба масҷид рафтанро надоранд». Ва бо баёни андешаҳояш мефзояд: «Магар, ба ғайр аз ин, мо мушкилоти дигар надорем, чаро барномаи рўшане надоранд, то пешниҳод кунанд. Мо, масалан, консепсияи рушди миллии Тоҷикистонро ба ҳукумат пешниҳод кардем ва дар айни ҳол ҳукуматро ҳам танқид мекунем. Яъне, мо зархариди ягон гурўҳ нестем ва ҳукуматӣ ҳам нестем. Касе ба ин ҳизб ҳақ надодааст, ки дар Маскав ба муҳоҷирон дар бораи мо маълумоти нодуруст пахш кунад, ки гўё навори, ба истилоҳ, модари тоҷикро мо пахш кардаем. Далел биёранд, марҳамат... Дигар ин ки мақолаҳое, ки мо навиштаем, мустаор нест, ҳамаи онҳо бо номи аслии мо нашр мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо мехоҳанд, як ошўбе дар ҷомеа барпо кунанд…».

Ҳафиз Бобоёров ба суоли воқеанигори «Озодӣ» дар бораи он ки «аслан ҳадафи марказ чӣ аст? Идеяи таъсисёбии он аз куҷо сар зад ва оё мавзўъҳои Шумо бештар ба дину мазҳаб равона шудаанд?» чунин посух мегўяд: «Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ якуми июни соли ҷорӣ таъсис ёфт. Баҳсҳои мо бо рўҳониён ба таъсиси ин марказ сабаб шуд. Соли 2013, баъди нашри китоби “Ҷаҳонбинии оянда”, онҳо моро таҳвину таҳқири зиёд карданд ва мо ба хулоса расидем, ки ҷомеа ба самти хатарнок раҳсипор аст ва мо, маҳфили “Ҷаҳони андеша”, ба раёсати Академияи илмҳо муроҷиат кардем, ки чунин марказ таъсис диҳем ва маъалаҳои худро аз роҳи илмӣ ҳал кунем. Ин хатаре, ки мо ба худ пазируфтаем, ҳеҷ гоҳ бо роҳи фармоишӣ амалӣ намешавад. На фақат наҳзат, мақомоти дигарро ҳам мо танқид мекунем».

Дар омади гап, олими тоҷик ба суоли мусоҳибаш дар бораи он ки «… мазҳабӣ шудани ҷомеа ба рушди Тоҷикистон чӣ халал овард?» чунин ҷавоб медиҳад: «На мазҳаб, балки сиёсӣ кардани мазҳаб боиси рукуди ҷомеа мешавад. Яъне, мо ба ҷои баҳси мушкилоти сиёсиву иқтисодии худ, баҳси мазҳабро пеш меорем ва мегўем, занон бояд сатр кунанд ё накунанд, ё ришро чӣ тавр монанд… Дар амри маъруф, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ занонро таҳқир мекунанд, ки ин ҳама ҷомеаи моро ба сўйи инқилоби исломӣ таҳрик медиҳад. Ба ҷои ҳалли мушкилот, гурўҳи маҳдуде бо номи наҳзатӣ пайдо шудааст, ки мехоҳанд, бо истифода аз эҳсоси мазҳабии мардум сари қудрат биёянд. Як гурўҳро кофир эълон кардану аз номи Худо истифода бурдан ҳама нишонаи ҳамин аст. Аксарияти мардум ҳамеша ба Худо бовар доранд ва шояд ҳамин ҳам боиси субот бошад, ки мардум ба як қувваи табиӣ бовар доранд".

Воқеан, дар мавриде ба суоли баҳсбарангези воқеанигор дар бораи он ки мавқеи худи ў ба манъи сатрпўшиву ришгузорӣ ва ба масҷид роҳ наёфтани нафарони то 18-сола Ҳафиз Бобоёров посухи мушаххасу асоснок пеш меоварад, ки чунин аст: «Тасмими ҳукумат дуруст аст, масалан, дар Фаронса баҳси зиёд шуд, муддати ним сол масъалаи ҳиҷобро омўхтанд ва ба хулоса расиданд, ки пеши роҳи он бояд гирифта шавад. Ба ду далел, чун ҳиҷоб масъалаи сиёсӣ ва идеологӣ аст ва гурўҳҳое дар пушт меистанд, ки бонуҳоро таҳрик медиҳанд, ҳиҷоб пўшанд ва дар зеҳнияти мардум ноамнӣ ва як навъ тарқишу ҷудоӣ пайдо мешавад. Дар ҷомеаи мо ҳам масъалаи ҳиҷоб ва ба масҷид роҳ наёфтани афроди аз 18-сола поин сиёсӣ аст. Таҳқиқоти равоншиносӣ ҳам нишон медиҳад, ки аксарияти террористҳо то 18-сола ҳастанд. Зеҳнияти онҳоро иваз кардан осон аст. То солҳои наздик масҷидҳои мо марказҳои омўзиш ва омода кардани ҷавонон ба ҷиҳод буд.

Охирин мақолаи наҳзатиҳо бо номи “Фалсафаи ҳикмати шаҳодат ва ҷиҳод” чӣ маънӣ дошт? Ин ҳама ҷомеаро ба куҷо мебаранд. Мо бояд ин масъалаҳоро таҳлил кунем ва ҷомеаро аз ин хатарҳо огоҳ намоем».

Ба пурсиши он ки оё боре ба ў ва ҳамтоёнаш фишор овардаанд ва ё аз гуфтани чунин ҳарфҳо ҳаросе надорад, Ҳафиз Бобоёров ба мусоҳибаш чунин посух медиҳад: «Аслан тарс чизе аз эҳсосоти фитрии инсон аст. Буданд мавридҳое, ки эҳсоси фишор ва таҳқирҳои рўйирост шудем. Кофиру мулҳидамон гуфтанд зиёд ва яке аз сабабҳои ба ДИИШ монанд кардани Ҳизби наҳзат ҳам ҳамин аст, ки нафароне аз наҳзат гуфтанд, инҳо кофиранду мулҳиданд, вақте аз нуқтаи назари дин мебинӣ, ҷазои кофиру мулҳид чӣ аст? Ин аллакай то таъсис ёфтани марказ, баъди нашри китоби «Ҷаҳонбинии оянда» сар шуд. Зиёда аз 5 ҳазор тавҳину дашному таҳқир карданд, як мартаба бо мо нанишастанду напурсиданд, ки манзури Шумо чӣ аст?»

Дар фарҷоми мусоҳиба ба суоли «Дар маркази Шумо аслан киҳо ширкат мекунанд? Диндорон ҳам ҳастанд?» файласуф Ҳафиз Бобоёров чунин ҷавоб пешкаш менамояд: «Ҳама ҳаққи ширкат доранд. Дар як маҳфили мо 70 дар сади рўҳониён ширкат карданд, аммо баъди нашри китоби “Ҷаҳонбинии оянда” онҳо моро дигар таҳаммул намекунанд ва бо мо сўҳбат кардан ҳам намехоҳанд. Маҳфили навбатии мо дар мавзўи занон аст ва Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири “Вечерный Душанбе”, гузориш медиҳад. Дар маҷмўъ, маҳфилу гузоришҳои мо дар гузашта ва имрўз ҳам дар масоили динситезӣ нестанд. Масоили илмӣ ва актуалӣ ҳастанд».

Чун хулоса нисбат ба мавзўи хоси ин сўҳбат метавон чунин иброз дошт: файласуфи тоҷик мавқеи ҲНИТ-ро дар ҷомеаи имрўза барои он мавриди интиқод қарор додааст, ки сари вақт пешгирӣ карда нашудани иқдомоти саркардаҳои он метавонад, ба сар задани муноқишаҳои динӣ ва мазҳабӣ дар мамлакат оварда расонад.

Ҳошимов Ҳ.Ҳ., н.и.и.,
Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ

Читать далее

Идеология бояд кафили оромию суббот бошад

Мутафаккирони бузург дар ҳама давру замон бо намояндагогни мактабу равияҳои мухталифи сиёсӣ ва ҳизбҳои исломию ғайриисломӣ баҳсҳо намуда, тавассути онҳо таълимоти инсонпарварӣ ва наҷотбахши миллии худро баён месохтанд.

Ҷолиби қайд аст, ки ҳар як ҷомеа бояд идеологияи аниқ, пурмазмун ва манфиатноки худро дошта бошад. Динро ҳамчун воситаи пешбарандаи сиёсат истифода бурдан ба меъёрҳои ахлоқӣ ва тавсияҳои маънавии дини Ислом мувофиқат намекунад. Муҳаққиқ Ҷ. Холов дар рўзномаи «Тоҷикистон» № 39 аз 25 сентябри соли 2014 барҳақ қайд мекунад: «Мақсад аз пайравии оини поки ислом ва мазҳаби ҳанафӣ он нест, ки танҳо ба намозу рўза ва дигар акоми фиқҳии бахши ибодат эҳтимом варзем ва дигар бахшҳои фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои созандаи онро канор бигузорем… ин рафтор ба меъёрҳои ахлоқӣ ва тавсияҳои маънавии дини ислом мувофиққат намекунад.» Дар ин радиф тавсия кардан ҷоиз аст, ки ҳикматҳою ҳадисҳои дини мубини ислом бояд на яктарафа, балки ба таври мушахасас бо таҳлилу баррасии илмиашон аниқу гўё омўзонида шаванд.

Ин нуқта махсусан дар даврае, ки инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат бо маром рафта истодааст, моҳияти калон дорад.

Аз маводҳои ВАО бар меояд, ки аксарияти терористҳо ҷавононӣ 18 сола ҳастанд. Аз татқиқотҳои равоншиносӣ маълум аст, ки сини 18 солагӣ ба сини ҷавонии барвақт тааллуқ дорад ва ин давр давраи ташаккулёбии хислатҳои шахсият буда, дар давраи шаклгирии хислатҳо қарор доранд, ки дар онҳо ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди устувор барқарор нашудааст.

Ин ҷо тазаккур кардан мебояд, ки ба морони Заҳҳок додании мағзи сари ҷавонон дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ дар худ чи маъниеро маҳфуз дошта бошад? Шояд ин далели нерўи боқувват ҳисобидани ҷавонон ҳатто дар он замон низ бошад.

Чунин ҷавонон дар ҳама давру замон нерўи пурқувватанд, аммо аз ҷиҳати равонӣ эътиқод ва ҷаҳонбинии онҳоро дигар кардан мушкил нест.

Алҳол, давлати Тоҷикистон, бо сарварии Президенти худ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун давлатӣ дунявӣ тараққи карда истодааст ва принсипҳои демократияи башариро эътироф мекунад. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон исломи ахлоқмадорро манъ накардааст, ҳамаи принсипҳои ислом дар асоси эътиқоди мусулмонон амал карда истодааст.

Расул Бобоев
дотсент, мудири кафедраи равоншиносии умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Мулоҳизаҳо оид ба масъалаи баҳсу мунозираҳо байни ҲНИТ ва як маҳфили иҷтимоии дар назди АУ ҶТ

Абўҳанифа шахсияти дорои тафаккури қавӣ ва ҷолибе буд, ки ҳамчун шогирди саҳоба ва тобеин дар таҳкими илми калому усули ислом, фиқҳу сиёсат ва ахлоқ андешаҳои ҷолиб ва ғояҳои бунёдӣ пешкаш намуд. Агар ба умқи андешаи Абўҳанифа рўй оварем, хоҳем дарёфт, ки доираи маълумоту дониш ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии вай хеле васеъ буда, таълифоти ў маҷмўае аз хазоини ҳикмати башарӣ, гавҳари фалсафаию равонӣ ва ахлоқию рўҳонӣ мебошад.

Абўҳанифа соҳиби истеъдоди олӣ буда, ҳакимест, ки дар осори хеш бо намояндагони мактабу равияҳои мухталифи илмиву сиёсӣ ва фирқаву мазоҳиби исломиву ғайриисломӣ баҳсҳо намудааст. Вай дар осору таълифоташ ба хотири дифоъ аз қонун, волоияти он, суботу оромии ҷомеа андешаву мулоҳизоти асҳоби ақл ва арбоби нақл, ақидаи аҳли ҷабария, қадария, мўътазилия ва соири фирқаҳои даврони хешро хостааст ҳамоҳанг созад. Абўҳанифа фақеҳи равшанфикре, ки тавонист дар ҳалли масоили ихтилофангез нақл ва ақлро бо ҳам ошно созад ва аввалин шахсоне буд, ки дар фарҳангӣ исломӣ тавозуни ақл ва нақлро ба вуҷуд овард.

Таҳлили осор ва андешаҳои каломӣ, фалсафӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва ахлоқии Абўҳанифа аз он шаҳодат медиҳад, ки вай равшантарин намунаи инсони комил, олими бузург, мутафаккири шаҳир ва нобиғаи нотакроре буд, ки дар халифати наҳзати ислоҳгароиро бо қудрати тавонояш пеш бурда, тавассути таълимоти инсонпарварӣ ва наҷотбахшаш дар масири таърих миллионҳо мардумони сайёраро новобаста аз наҷоду миллат бо ҳам дўст ва ҳамфикр сохт. Қадрдонӣ аз ин фарзанди бузурги тоҷик, шинохти миллат, обрў ва нуфузи вайро дар саросари ҷаҳон баланд хоҳад бардошт. Гузаштаи пурифтихор, ҳикмати амалӣ ва амалкардаи сиёсии Имоми Аъзам далели садоқат ба миллати худ ва замонати бақову иқтидори мо ҳаст. Миллати худогоҳ ва бедор ҳаргиз нахоҳад мурд ва тавре, ки Президенти мамлакатамон таъкид сохтанд, омўзишу таҳлили фалсафии афкору осори Имоми Аъзам ва дигар бузургони гузаштаи мо шинохти миллат ва тақозои замони имрўз буда, «зиндагию корномаи Имоми Аъзам ва таълимоти абадзиндаи ў, ки паҳлўҳои гуногуни ҳаёти динӣ-фарҳангии кишварро чун оина равшан сохта, моро барои анҷом додани рисолати созандагӣ раҳнамоӣ мекунанд, аҳамияти бузурги ҳаётӣ дорад. бо баҳрабардорӣ аз онҳо дар сулҳу салоҳ бо намояндагони дигар дину мазҳабҳо зистан аз рисолатҳои мусулмонии мост».

Бидуни шакку тардид дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифтани 1320 солагии Имом Абўҳанифа, ки намунаи дарки амиқи ҳақиқати исломӣ ва ворисияти ҳикмати миллӣ аст, мақоми хоса дошта, ба пойдории сулҳу субот, рафъи тафриқаи мазҳабиву динӣ, таъмини амнияти миллӣ, дифоъ аз дастовардҳои волои истиқлолияти давлатӣ, эҳёӣ муҷаддади арзишҳои ҷавҳарии халқамон, худшиносӣ ва худогоҳии миллат, омўзишу маърифати шуури мазҳабиву динӣ ва ахлоқи мусоидат хоҳад намуд.

Имоми Аъзам дар тамоми баҳсҳо иттилоъ дошт ва кўшиш мекард, ки ба ҳар кадоми онҳо дар асоси далелу бурҳон ҷавоб гўяд. Вай бо таълимоти дигар фирқаву ҷараёнҳо низ ошшноӣ пайдо карда буд. Ба хотири ба дст овардани эътибору нуфуз вай дар бисёре дар ин баҳсҳо иштирок мекард, ар байни илоҳиётшиносони бузурги давр пирўз мегашт. Дар ин бора ривоёту ҳикояти зиёде вуҷуд дорад, ки чигуна Абўҳанифа ҳарифони хешро мағлуб месохт. Шахсе аз ҷумлаи даҳриёни давр Абўҳанифаро б баҳс даъват карда, тақозо менаммояд соати муайян мулоқот карда бо ҳам мунозира ороянд. Абўҳанифа ба ин маҳфил махсусан дер меояд, то ба ҳарифи хеш тъсирие ворид созад. Баъд аз соате дер омадан Абўҳанифа барои гуноҳи худро пушондон ба даҳрӣ рўй оварда мегўяд, ки обхезии калон шуда, пули болои дарёро бурдааст ва ман натавонистам ба ин тарафи дарё убур кунам. Баъди интизориҳои зиёд шмол сангу сўбу хсро бо ҳам як ҷой сохт ва пуле ба вуҷу омад. Ман аз болои он гузашта ба ин ҷо омадам. Даҳрӣ дар ҳоли изтироб хитоб мекунад, ки «чӣ дурўғ аст, ту мегўӣ?». Абўҳнифа др ҷавоб таъкид мезосад, ки «чӣ гун дурўғ?». Шумо даҳриён тасдиқ мекунед, ки олми ҳастӣ худ ба иродаи худ, бидуни Офаридгор, дар асоси сабабҳои табиӣ зуҳур кардааст. Ин қиссаи ман аз гуфтаҳои шумо чи тафовуте дорад».

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ зимни вохӯриҳои худ, танҳо дар муқобили давлат баромад мекунад, Ҳукуматро муттаҳам месозад, ки «имконот ва озодиҳои минималиро барои мардум таъмин намедиҳад, иҷозати рафтанро ба масҷид намедиҳад, масъалаи рӯймолу риш ва ҷомаашро доим миннат мекунад, раъяшро тақаллуб мекунанд, моликияташро аз дасташ мегиранд, барқаш намедиҳанд ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии дигарро болои мардум меоранд». Ин дурўғ аз забони шахсе бурун меояд, ки шароити давлатро аз ҳама беҳтар ва бештар медонад: дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор масҷид дар ихтиёри аҳли тақво қарор дорад ва мардум озодона машғули тоату ибодатанд. Фарзандҳо аз тамоми имтиёзоти рӯйиҷаҳони бархӯрдоранд: дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, бисёр шаҳрвандони ҷумҳур соҳиби хонаҳои боҳашамату мошинҳо гаронбаҳоянд. Инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат бо маром рафта истодааст. Дар Паёми (23.04.2014) худ Президенти мамлакат барои солҳои минбаъда барои тараққӣ кардани иқтисодиёту иҷтимоиёт як нақша ва вазифаҳоро пешниҳод кард, ки инро аз ҳама онҳо беҳтар аз ҳама медонад. Дар ин бора Президенти мамлакат чунин таъкид мекунад: «Ин вазифа аз xумлаи масъалаҳои муҳимест, ки дар навбати аввал рушди бомароми иқтисоди миллӣ бо роҳи баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ аз он вобаста аст».

Ҳимматбаландӣ, муруввату xавонмардӣ яке аз хусусиятҳои мардум ва давлат шуданд. Дар Паём оварда мешавад, ки дар соли 2006 кӯмакҳои гуногун аз буxети давлатӣ ба қишри ниёзманди xомеа 85 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли xорӣ ба 170 миллион расидааст. Яъне, дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ду баробар зиёд гардидааст. Илова ба ғамхориҳои дигар барои кӯдаконе, ки аз саробони хеш маҳрум шуда, дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли музди меҳнат, яъне 105 сомонӣ нафақаи моҳона муқаррар карда шуда, ба суратҳисоби депозитии барои ин кӯдакон дар Бонки давлатии «Амонатбонк» кушодашуда пардохт карда мешавад.

Ҳоло дар кишварамон 3300 нафар кӯдаке, ки на падар ва на модар доранд, инчунин беш аз 102 ҳазор нафар, ки ё падар, ё модар надоранд, ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иxтимоии аҳолӣ 180 ҳазор оилаҳои камбизоат дар қайди ин мақомот қарор доранд. Ба онҳо аз тарафи соҳибкорон, одамони саховатпеша ва давлат кӯмакҳои гуногун расонида шуда истодааст. Ин маълумот дар Паёми имсола чунин оварда шудааст: «Дар чор соли охир аз тарафи мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоxирон хатнасури 48 ҳазор нафар кӯдакон ва тӯйи арӯсиву домодии 2800 xуфт xавонон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шудааст. Яъне, ба шарофати ин иқдоми саховатмандона ба зиёда аз 300 ҳазор нафар кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида шуданд». Ин кори хайрро Президенти мамлакат дастгирӣ намуда, ба онҳое, ки ба дигарон кӯмаки худро дареғ надоштанд, миннатдорӣ баён намуд. Ҳукумати мамлакат изҳор кард, ки ӯҳдадориҳои худро дар бораи дастгирии халқ давом хоҳад дод. Ин фикру андешаҳо, факту рақамҳо далели он аст, ки зиндагиро танҳо бо амал метавон ислоҳ кардан зарур мебошад.

Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад. Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонй даъват менамояд. Одамон (хоҳ яҳудӣ, мусулмон, насронӣ ё бутпараст) метавонанд бо ин ё он тарз ифротгар ва террорист бошанд, вале дар ҳеч ҳолат ин баёнгари он нест, ки масулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине, ки нисбат дода шавад, онҳо пайравӣ мекунанд, Ҳақ ба ҷониби Муҳаммад Иқбол аст, ки гуфта буд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе одамон ва ҳаракатҳо ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст мезанад.

Омили асосии пайдоиши фикру андешаҳои гуногуни ҲНИТ ва аъзоёни он ин баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимотҳо ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норозигаро байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо ба мисли «Ҳизб -ут таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», ки фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон мань шудаанд, метавонанд на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд. Барои пешгирӣ кардани ин нофаҳмиҳо манбаҳои моли ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин ташкилотҳои динӣ муайян кардан зарур аст.

Омили дигари пайдоиши ин гуна вазъият, вазъи вазнини иқтисодии баъзи оилаҳо дар мамлакат мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҳолатҳои вазнини иқтисодӣ бештар назар ба сӯи худованд медўзанд ва аз ӯ ёрӣ металабанд. Агар ҳолаташон беҳтар нашавад, онҳо ба сӯи ифратгароӣ майл мекунанд, то ки ба ҳар навъе таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намоянд, Айни замон нафарони зиёде аз бошандагони Тоҷикистон, асосан ҷавонон, бо сабаби набудани ҷойи кор, ба хотири таъмини ризқу рӯзии аҳли оилаи худ Ватани худро тарк намуда, дар Руссия ва дигар кишварҳо кор мекунанд. Дар байни онҳо шахсоне ҳастанд, ки барои таъмини молиявии оилаи худ ба ҳама кор, аз он ҷумла содир кардани ҷиноят омода ҳастанд.

Дар ин ҷо бояд фикр кард, ки гўё бекорӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, маърифат омили асосии пайдоиши норозигӣ ҳастанд, пурра розӣ шудан нашояд. Шояд омилҳои номбурда, то дараҷае ба зуҳури терроризм, ифратгароӣ мусоидат намояд, аммо онҳо наметавонанд сабаби асосии пайдоиши ин зуҳурот бошанд. Баръакс, решаҳои пайдоиши фикру андешаҳои танқидӣ дигар омилу сабабҳоянд, ки онҳо аксар вақт ба эътибор гирифта намешаванд. Масъалаҳои асосии Шарқи Наздик, Исроил, Фаластин, Афғонистон, Сурия, Покистон, ки то ҳоло ҳал нашудаанд, ба зуҳури ифратгароӣ мусоидат менамоянд.

ҲНИТ ва аъзоёни ў ба ҷойи баҳсу муназираҳои бемаврид ва бемазмун бо корҳои хайр, корҳои амалӣ ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои нав барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул мешуд, ба дигарон ҳамчун намуна буд. Онҳо истифода аз афкори фалсафӣ, ахлоқӣ, динии донишмандони тоҷику форс сатҳи маърифати дунявй ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳои зист, тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа саводноки ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон ва ташкили муколама байни (диншиносон ва илоҳиятшиносон) ҳиссагузор ва фаъол шавад. Инчунин, онҳо аз рўи исломи сиёсии тоҷик бо зарурияти мутобиқшавӣ бо шароити хоси давлати ягонаи мустақили миллӣ рӯбарӯ буда, дар ҷомеаи миллй, дар фаъолияти худ аз мавқеи мўътадили миллӣ баромад намуда, ҳуҷҷатҳои таъсисиву барномаҳои худро дар ин руҳия такмил диҳанд, барои манфиаати ҷомеа мешуд.

Равшан Усанов,
номзади илмҳои фалсафа,

Мусобек Мироватов,
номзади илмҳои педагогика

Читать далее

Фикру мулоҳизаҳо дар бораи як мусоҳиба

Баъди ба нашр расидани андешаҳои Ҳафиз Бобоёров оид ба мавзўи «ҲНИТ мисли ДИИШ мулҳиду кофар мерўяд» баҳсҳои зиёде байни аъзоёни ҲНИТ ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба амал омад. Онҳо бо пофишорӣ иддаои доктори илми фалсафа Ҳафиз Бобоёровро маҳкум карда, ба ин васила нишон доданӣ мешаванд, ки ҳақ ҳастанду ба роҳи рост равонанд.

Маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо изҳори назарҳои хос ва нашри мақолаҳо дар мавзӯъҳои мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон машҳур аст, дигарбора дар сархати ахбори расонаҳо қарор гирифт. Пажӯҳишгарони ин марказ дар вокуниш ба интиқоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз кори олимони Академияи улум, ин ҳизбро ба гурӯҳҳои террористӣ ва Давлати Исломии Ироқу Шом ё ДИИШ шабеҳ донистанд. Ба андешаи онҳо, хатари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам аз хатари ин гурӯҳҳои тундрав кам нест.

Ҳафиз Бобоёров ҳамчун доктори илми фалсафа чунин андеша дорад: "Аз номи Худо ва мусалмонон истифода бурдан ин худ як хатар аст. Ба мардум гузориш додан, ки гӯё мо тавҳин ба Худову ислом кардаем, ин чӣ маъно дорад? Дар ин изҳорот мо гуфтем, ки муроҷиати мо дар мақолаҳо ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аст, на ба диндорону онҳое ки ба Худо бовар доранд. Мо аслан ба эътиқоду бовармандии мардум кор надорем. Ҳар вақте, ки дар бораи ин ҳизб як интиқоде мекунем, ҳамеша мегӯянд, ки шумо мусалмононро дар назар доред. Дигар ин, ки солҳои охир мебинем, Ҳизби Наҳзат фақат аз он танқид мекунад, ки чаро ҷомеаи мо имкони чодар пӯшидану аз 18-сола поин ба масҷид рафтанро надоранд. Магар ба ғайр аз ин мо мушкилоти дигар надорем, чаро барномаи рӯшане надоранд, то пешниҳод кунанд.

Дар идомаи ин андешаҳо Ҳафиз Бобоёров таъкид мекунад, ки: "На мазҳаб, балки сиёсӣ кардани мазҳаб боиси рукуди ҷомеа мешавад. Яъне мо ба ҷои баҳси мушкилоти сиёсиву иқтисодии худ, баҳси мазҳабро пеш меорем ва мегӯем, занон бояд сатр кунанд ё накунанд ё ришро чӣ тавр монанд. Дар амри маъруф, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, занонро таҳқир мекунанд, ки ин ҳама ҷомеаи моро ба сӯйи инқилоби исломӣ таҳрик медиҳад. Ба ҷои ҳалли мушкилот, гурӯҳи маҳдуде бо номи Наҳзатӣ пайдо шудааст, ки мехоҳанд, бо истифода аз эҳсоси мазҳабии мардум сари қудрат биёянд. Як гурӯҳро кофир эълон кардану аз номи Худо истифода бурдан, ҳама нишонаи ҳамин аст. Аксарияти мардум ҳамеша ба Худо бовар доранд ва шояд ҳамин ҳам боиси субот бошад, ки мардум ба як қувваи табиӣ бовар доранд."

Бале, дар ҳақиқат сиёсӣ кардани мазҳаб оқибати хуб надорад ва мисоли рушани онро мо дар воқеаҳои охирини кишварҳои Араб хуб мушоҳида мекунем. Дар мисоли давлати Миср, Сурия, ДИИШ ва ғайра, ки боиси харобиву фитна ва ҷангу ҷидолҳои зиёд гардиданд, кишварҳои пешрафтаи Арабро оғуштаи хоку хун карданд ва албатта ба чунин ҳолат гирифтор гаштани онҳо нақши Амрико низ ба мушоҳида мерасад. Аз бедонишию бефарҳангии мусалмонон истифода бурда, бародарони ҳамдину ҳаммазҳабро ба вартаи ҳалокатовар тела доданд, ки натиҷаи он ба ҷуз вайрониву харобӣ ва қатлу куштори сокинони ин минтақа дигар чизе нест. Дар баробари ин ҳаракате бо номи ДИИШ арзи ҳастӣ кард, ки аксари кишварҳои дунё вуҷуди онро барои минтақа хавфнок дониста, онро ба сафи созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ дохил карда, онро маҳкум намуданд. Ислом дини мубораку пок аст ва набояд онро ба сифати як дини террористию ифротгаро нишон диҳем ва амалҳои ношоистаи ҳаракати ДИИШ ба мақому манзалат ва обруву дину мазҳаб зарбаи сахт ворид мекунад. Аммо мо як чизро фаромўш набояд кунем, ки дини Ислом дини комилу муқаддас аст ва танҳо ҳама айбу норасоӣ дар амалу рафтор ва кирдорҳои мусалмонии мо нуҳуфтааст. Ба ин маънӣ шоир хеле хуб фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Ризоқулов Т.Р., д.и.и., профессор
ҷонишини директор оид ба илми Динишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ

Читать далее

18 December 2014

Волоияти қонун - омили таҳкими истиқлолияти давлатӣ

Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб аст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1-и Конститутсияи соли 1994 давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф карда шудааст, ки ин хусусиятҳои конститутсионӣ имконият медиҳад, дар ҷомеа волоияти қонун таъмин гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шаванд.

Читать далее

17 December 2014

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 декабри соли 2014 №485 ш.Хуҷанд

 Дар бораи даъвати иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум

Мутобиқи моддаҳои 12, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарор мекунам:

1. Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум 25 декабри соли 2014, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

2. Ба баррасии иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаҳои зерин пешниҳод гардад:
- ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2014;
- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 19 ноябри соли 2013, № 408 “Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2014”;
- дар бораи қабули буҷети иловагии вилоятӣ барои соли 2014;
- дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2015;
- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;
- тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоиров Ғ.М. гузошта шавад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ

 

 

 

Читать далее

Қадаме дар шинохти Камоли Хуҷандӣ

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва гиромидошти шоири мумтози тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо иқдоми раёсати маорифи вилояти Суғд дар гимназияи рақами 1-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмунии вилоятии «Камолхонӣ» доир гардид.

Дар он беҳтарин ровиён аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва хонандагон аз аксари шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд. Ба ғолибон Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ

Читать далее

Олимпиадаи байналмилалӣ

Дар мактаби таҳсилотии миёнаи умумии рақами 23-юми шаҳри Хуҷанд олимпиадаи байналмилалӣ барои роҳхат гирифтан ба муассисаҳои олии шаҳри Толятии Федератсияи Русия доир гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқати вилоят ширкат варзиданд.

Хонандагон аз фанҳои физика, математика, химия ва ҳуқуқ имтиҳон супориданд. Аз натиҷаҳои озмун пас аз як моҳ дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Толятӣ нашр мешавад. Хонандагоне, ки соҳиби холҳои зарурӣ мегарданд, минбаъд тариқи буҷавӣ дар муассисаҳои олии шаҳри Толятӣ таҳсили илм мекунанд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Читать далее