December 2014

17 December 2014

Ирам ба фаъолият оғоз кард

Қомат афрозии биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ ҳусни шаҳри Қайроққумро рўз то рўз ободу зеботар менамояд. 12 декабри соли ҷорӣ бо иштироки и.в. Раисишаҳр Матлуба Амонзода маросими ифтитоҳӣ Маркази савдо ва хизматрасонии Ирам ба вуқўъ пайваст. Матлуба Амонзода, Раиси шаҳр зимни боздид аз толори фурўшгоҳ ба соҳибкор дастур дод, ки ҷиҳати сатҳу сифати маводҳои ниёзи мардум,нархи он ва муносибати хуби фурўшандагон бо харидор таваҷҷўҳ зоҳир карда шавад.

-Бино аз 4 ошёнаи борат буда, алҳол танҳо ошёнаи дуюм ба фаъолият сар кард ва 12 нафар боҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар сурати сехи дўзандагӣ, меҳмонхона мавриди истифода қарор гирифтан теъдоди кормандон ба 30 нафар хоҳад расид, -дар сўҳбат иброз дошт соҳибкор Муродҷон Ҳомидов.

Рустамҷон Одизода

Читать далее

Давлат ҳомии асосии дину диндорӣ

 Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Русия гуфтугӯи мустақими руҳониеро тамошо мекардам. Яке аз бинандагони телевизион нуктаи назари олими диншиносро вобаста ба муҳоҷирони меҳнатии аз Осиёи миёна омадаро пурсида, ҳатто таҳқир ҳам кард, ки онҳо ба талаботи санитариву гигиенӣ риоя намекунанд, рафторашон қобили қабул нест. Он рӯҳонӣ дар ҷавоб гуфт, ки ин муҳоҷирон аз мардуми таҳҷоӣ, хосса русзабонҳое, ки дигар қавму миллатҳоро дида наметавонанд, даҳҳо маротиба беҳтаранд, зеро онҳо дил доранд, имон доранд, аз фардои падару модар, ватанашон андеша мекунанд. Агар онҳо дил намедоштанд, имон намедоштанд, ба хотири волидон, фарзандон ҳазорҳо фарсахҳоро тай карда, дар шароити тангно кор намекарданд.

Шумо ягон мусулмонро дидаед, ки падару модарашро дар дами пирӣ танҳо гузоштааст? Дар хонаам чанде аз ҷавонони тоҷик кор карданд. Мани олими диншинос чӣ будани одамият, қадру манзалатро аз ин ҷавонон омӯхтам. Он касе, ки тоҷикро гумроҳ мегӯяд, худаш нодон аст. Агар ҷавонони одии тоҷик чунин донишу андешаронӣ дошта бошад, пас ин миллат бузург аст ва роҳнамои он низ шахси босавод аст. Ин суханони як падари руҳонии яке аз минтақаҳои Русияро шунида, ростӣ хеле мамнун шудаам, ки дар хориҷ низ миллати моро дар аслаш мешиносанд. Ва пас аз ин гуфтаҳо мулоқоти рӯбарӯи пешвои ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар арафаи интихоботи гузашта бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотирам омад, ки зимни ин мулоқот ин олими нуктадон аз камбудии ҷомеаи Тоҷикистон ҳарф зада, қайд мекард, ки натиҷаи ин азобу шиканҷа аз «камҳунари»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ва «ливо»-и ҳизби худро боло бардошта, аз барномаҳои ҳизби наҳзати ислом онҳоро огоҳ менамуд. Барномаи ҳизб барномаи хуб аст, вале иҷроиши он афсонае беш нест. Аз суханони ин марди «кабир» бармеояд, ки Тоҷикистон бояд ҳамаи муҳоҷирони меҳнатиашро бо кори доимӣ таъмин намояд, аммо иқтисодшиноси номвар бояд донад, ки муҳоҷирати меҳнатии қувваҳои корӣ дар арсаи байналмилал як ҳодисаи маъмул аст. Дар кишварҳои гуногуни олам он ба мушоҳида мерасад ва дар ҳар ҷо қувваи корӣ баҳри пайдо намудани ҷои кори хубтаре, ки музди меҳнати бештаре дода тавонад, кӯшиш мекунанд. Тибқи иттилои коршиносони олам мамлакати Чину Туркия аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатии худ буҷаи кишварашонро ғанӣ мегардонанд.

Бармегардем ба масъалаи инсонгароӣ. Магар пушти боимон будани ҷавонони мо ҲНИТ меистад? Ё дар мавриди эҳтироми волидон дастандаркорони ин ҳизб саҳм гузоштаанд? Не, ба хотири он ки тоҷикон аз азал расму русуми худро нигаҳ дошта меоянд. Он насл ба насл омада расида истодааст. Кадоме аз намояндагони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амалан дар шабакаҳои байналмилалии интернет ё васоити ахбори оммаи Русия далерона суханони ин руҳонии Русия, ки дину оинаш дигар аст, гуфтааст: «Ягон нафар». Баръакс, то ҷое иттилоъ дорам, намояндагони ҲХДТ бевосита дар мулоқот бо муҳоҷирин аз кордиҳандаҳо даъват ба амал оварданд, ки нисбати шаҳрвандони мо эҳтиёткор бошанд, ҳуқуқу манофеашонро ҳимоя намоянд.

Дар мавриди будани ҲНИТ ё набуданаш ҳаминро гуфтаниам. Вақте қонунгузории кишвар кафолати озодии ибодати шаҳрвандонро додааст, чӣ ҳоҷат аст ба ташкили ҳизб, ки рисолаташ аз ин зиёд буда наметавонад. Оё боре ба худ савол додаед, ки дар мамлакате, ки масҷид аз мактаб зиёд аст, чӣ ҳоҷат ба таблиғу ташвиқи намозгузорӣ. Оё он нафароне, ки аз «таги нохун чирк» мекобанд, боре андеша кардаанд, ки бо супориши ҳомии миллат барои маънавиёти ҷомеаро боло бардоштан «Қуръон»-ро бо ҳуруфоти кириллӣ баргардондаанд ва пешкаши мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд. Дар рафҳои китобхонаҳо, бозору хиёбонҳои кишвар даҳҳо асарҳои динӣ фурӯхта мешаванд, касе кордор нест. Магар ин нест ғамхориву меҳрубонӣ? Дини мубини Ислом ҷузъи маънавиёт, фарҳанг ва рӯзгори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон ҳамроҳи мо намояндагони бисёр дину мазҳаби дигар дӯстона зиндагӣ мекунанд. Мувофиқи Конститутсия тамоми мардум, новобаста аз мансубияти наҷодӣ ва диниашон, шаҳрвандони баробархуқуқи ҷомеаи дунявии мо мебошанд ва созмонҳои динӣ бояд қонунҳои амалкунандаро риоя карда, ба сиёсат дахолат накунанд. Бояд гуфт, ки дар бисёр мамлакатҳои исломӣ фаъолияти ҳизбҳои динӣ манъ кар¬да шудааст.

Ҳоло дар ҷаҳон бисёр роҳбарони шӯҳратталаб пайдо шудаанд, ки минбарҳои гуногунро барои ба истилоҳ, "ҳимояи ислом" истифода мебаранд. Дар робита ёдовар карданӣ ҳастам, ки Президенти мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 дар баромадаш аз минбари СММ гуфта буд: "Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон кӯшиши баъзе доираҳо гузоштани аломати баробар миёни чунин таҳдидҳои ҳалокатбор, мисли тер-роризм ва ифротгароӣ ва дини мубини ислом ба мушоҳида мерасад. Чунин тафсир моҳияти сулҳдӯстонаи исломро таҳриф мекунад ва дар назари ҷомеаи ҷаҳон ин дин ҳамчун манбаи бадию зӯроварӣ менамояд, ки бо ҳамин нисбати тамоми ҷаҳони ислом ҳисси танафурро бедор карда, беихтиёр равияҳои фашистии навбаромад ва шовинистиро дастгирӣ ме¬намояд.

Ман бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки амалиётҳои террористӣ дар мамлакатҳои гуногун кори одамони сангдил ва бераҳме мебошанд, ки ташнаи қудрати сиёсӣ ё ба даст овардани сарват буда, моҳиятан бо дини мубини ислом ягон умумияте надоранд". Президент ин суханонро аз минбари баланд вақте иброз дошт, ки дигар роҳбарони сиёсӣ ҷуръат накарданд, то барои ҳимояи ислом сухане бигӯянд.

Ба фикри коршиносон пешравони динӣ бояд ба ҷомеа дар мустаҳкам кардани пояҳои маънавию ахлоқӣ кӯмак расонанд. Динро аз таассуб бояд фарқ кард. Вақте дини мубини исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, мафкураи шаҳрвандон низ нисбати дини мубини ислом дигар мешавад. Он ҷавононе, ки риш мондаву пайрави ин ё он равияву мазҳабҳо мешаванд, бояд донанд, ки асли ин ҳама тоату ибодатҳо шинохти Худованд аст. Худовандро бояд бо дил шинохт на бо симову рафтор. Имрӯз ҷавононе, ки дар пояи дур аз ҳақиқат ҳизби Исломро ягона сипари боадолат ва ҳифзкунандаи ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии мардум медонанд, сахт хато мекунанд. Чунки Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва тӯли садҳо сол худи шаҳрвандон асолати Исломро кайҳо дарк кардаанд.

Чун дар меҳвари дини мубини Ислом инсон меистад, ҳамаи таълимот ва нишондодҳои он ба инсоният ва зиндагии шоистаи фарзандони одам равона карда шудааст. Дар ин замина нақши масъулият ва ӯҳдадориҳои падару модар нисбати ояндаи фарзандон, таълиму тарбияи онҳо дар оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ ба хубӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Дар сураи «Луқмон» омадааст:
«Вақте ки гуфт Луқмон ба писараш ва ӯ панд медод фарзандашро: гуфт: Эй писаракам, ба Худо ширк маёр. Чунки ширк гуноҳест бузург.

Эй писаракам, агар гуноҳи ту баробари донаи қаланфур бошад, дар осмонҳо карда бошӣ, ё ки дар замин Худо пешат меорад (дар охират). Чунки Худо нозукбину бохабар аст.

Эй писаракам, сабр кун ба сахтиҳое, ки ба ту мерасад. Чунки инҳо аз корҳои муҳиманд. Ва турш макун рўятро ба мардум ва дар рӯйи замин мутакаббирона роҳ нагард. Чунки Худо дӯст намедорад ҳар мутакаббири фохирро. Мутавозиона (хоксорона) роҳ рав ва овозатро нарм кун. Албатта, бадтарини овозҳо овози харон аст. Ҳадисҳои Пайғамбар (с) бошад, дар масъалаи таълиму тарбия мефармоянд:

«Арзишмандтарин чизе, ки падар ба фарзанд медиҳад, тарбияи хуб аст, фарзандони худро эътироф кунед ва онҳоро тарбияи хуб диҳед, фарзандон ва аҳли хонаводаи худро дар аз нигоҳи маънавӣ омӯзонед ва тарбияи некӯ диҳед. Умедворем, ки ҳар нафари ҳушёр, огоҳ ва дилсӯзи миллат роҳи ростинро худ интихоб мекунад. Роҳи рост ин ҳамон роҳест, ки пешвои миллат моро ба фардои дурахшон мебарад

Абдувақобов Абдусабур Абдуманонович,
сармуҳарири газетаи «Меқвари дониш», (ДПДТТ).

 

 

 

Читать далее

Мавқеъ…

 Имрўз ҳар як фарди солимақли ҷомеа нисбати сулҳу субот ва амну осудагии Тоҷикистон бефарқ нест. Дар чунин як ҳолати бўҳронӣ қарор гирифтани муносибат миёни стратаҳои иҷтимоӣ ташвишовар аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муассисаҳои динӣ имконият ва озодӣ ато намуд. Имрўз ходими дин дар вазъи солими маънавию сиёсӣ ва озод аз таъқибот қарор дорад. Ҳатто парастиши хурофот ба мамонияте дучор намешавад. Ва ҳатто равшанфикрон дар ин бора эътироз ҳам намекунанд. Ин аломати сатҳи пасти рўзгори иҷтимоӣ ва савияи фарҳангии маънавию сиёсист. Мисли солҳои пешин касе ба озодона ба ҷо овардани расму оини динӣ мамоният наменамояд. Дин аз ҳуқуқҳои сиёсӣ бархурдор аст ва кор ба дараҷаи инкори дунявият расидааст.

Ба вуҷуд омадани ақидаҳои дунявӣ тасодуфӣ нест. Аз ибтидо муқовимати ғоявӣ миёни ақидаҳои динӣ ва дунявӣ вуҷуд дошт. Дунявият динро не, балки, пеш аз ҳама, хурофоту таассуби динро маҳкум менамояд. Давлати дунявӣ давлатест, ки он дину мазҳаби расман давлатиро, ё худ миллиро соҳиб нест. Давлати дунявӣ дахолати мазҳабиро намепазирад. Афрод бошад, дар эътиқод озоду соҳибихтиёранд. Тоҷикистон, ки худро узви ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин эълон доштааст, мақомоти динию мазҳабӣ ба кори давлатдорӣ ҳаргиз дахолат намекунад.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии фитрӣ ва ҳуқуқҳои дигари инсонро ҳифз менамояд. Шаҳрванд ҳуқуқи гаравиш ба ҳар дин ё мазҳабро дорад, ё худ баръакс. Дар пайравӣ, ибодат, таълими дин фишори маънавӣ вуҷуд надорад. Тамоюли барангехтани адоват миёни динҳо ва равандҳои динию мазҳабӣ, ки имрўзҳо ба назар мерасад, амнияти ҷомеаро зери хатарӣ ҷиддӣ қарор медиҳад.

Таҷрибаи таърихи навини Тоҷикистон исбот намуд, ки ҳама гуна кўшишҳои бо роҳи зўрӣ бунёд намудани давлати исломӣ сабаби аз байн рафтани Тоҷикистон шуда метавонад.

Дар солҳои 90-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро ба фаъолият пардохтани ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, созмони «Растохез» ва даҳҳо дигар созмонҳо, бӯҳрони ҳамагониро дар ҷумҳурӣ қадре ҳам паст накарданд, балки боиси хурӯҷи он гардиданд. Онҳо дар рахна гардидани пояи давлатдорӣ, аланга додани ҷанги бародаркушӣ, гаравгонгириҳо басе фаъол буданд.

Аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳое, ки бо ливои демократӣ баромад мекарданд, ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ нопухтаро ба арсаи муҳорибаҳои мусаллаҳона зидди сохти конститутсионӣ кашиданд. Аз ҳамин сабаб Судӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 1993 бо ҳукми худ ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократии Тоҷикистон, ва ҷабҳаҳои халқии «Растохез», созмони «Лаъли Бадахшон»-ро бо назардошти ҳамаи ҷинояту хиёнаташон хилофи қонун эълон намуда, фаъолияти онҳоро боздоштанд.

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ таи ду сол ду паҷўҳишгоҳи тадқиқотӣ-иҷтимоии Маскав ҳамроҳи сотсиологҳои ҷумҳурӣ оиди масъалаи тарафдорони ҲНИТ дар ҷумҳурӣ тадқиқот гузарониданд. Маълум шуд, ки ҷонибдоронӣ ҲНИТ дар Тоҷикистон дар марҳилаи аз июни соли 1991 то ноябри 1992 аз ду то панҷ фисадро ташкил медоданд. 75-95 фисади шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳи тараққиёти демократии дунявиро тарафдорӣ мекунанд.

Исбот шудааст, ки дини мубини ислом дар парваридани инсони солимақл ва тарбияи ахлоқии ҷомеа саҳми ҷиддиро дорост.

Ислом ба зоти худ надорад айбе
Ҳар айб ки аст, дар мусулмони мост.

Мавриди зикр аст, ки душманони ислом байни мусулмонон пайваста низоъ меандохтанд ва ҳоло ҳам чунин амал мекунанд. Низои байни Эрону Ироқ, аҳли суннату шиа, ки пайваста давом мекунад, аз ҷумлаи натиҷаи иғвои душманони ислом аст.

Дар пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикӣ бунёдгарони (фундаментализм) исломӣ васеъ ва муфид истифода мегардад. Ақидаҳои фундаменталистӣ доимо ба нокомиҳо оварда мерасонад. Масалан, амалҳои толибон дар давлати исломии Афғонистону Покистон дар воқеъ хатарро барои инсоният пеш меорад. Аз нуқсонҳои мавҷуда душманони ислом низ моҳирона истифода бурда ҷонибҳоро ба низоъ мекашанд ва барои хеш фоидаи бузурге ба даст меоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш мусулмон ҳаст, роҳи бунёди давлати дунявиро пеша кардааст. Дар баробари ин арзишҳои исломӣ дар рушди маънавиёти кишвар, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ мақоми шоистаро ишғол менамояд.

Якубов Ҷ.К

 

 

 

Читать далее

16 December 2014

Андешаи солим мебояд

 Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар фарорўи бархурдҳои манфиатҳои геополитикӣ масъалаи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва амнияти миллӣ аз масоили мубрами истиқлолияти комили давлатӣ ба ҳисоб меояд. Дар баробари ин бояд зикр кард, ки ҷаҳонишавӣ ва густариши босуръати доираи иттилоотонӣ дар шароити кунунии тараққиёти илму техника ва истифодаи имкониятҳои озодии сухан, матбуот ва ташаккули сомонаҳои мухталиф масъалаҳо ва муаммоҳои зиёдеро пеш меоранд.

Ин ҳолат, дар навбати худ, аз ҳар нафар фарди ҷомеа огоҳии зарурӣ, дониши комил ва зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Бояд зикр намуд, ки ин раванд ҳамчунин таъсипазирии мутақобилаи арзишҳо, таълимот ва назарияҳои мухталифро дар пай дорад. Хавфноктарини онҳо кўшишҳои паст задани дастовардҳои даврони истиқлолият, таьрифи воқеияти имрўзаи кишвар аз мавқеъҳои ғаразнок, оташ задани ихтилофи наслҳо, ангехтани ихтилофҳои динию мазҳабӣ ва миллӣ аз ҷониби ашхос ё гурўҳҳои алоҳида буда, ба ҷомеа хатари ҷиддиро ворид карда метавонанд. Аз ин рў, яке аз вазифаҳои муҳим дар ин раванд нигоҳ дошта тавонистани симо ва сирати хоси миллӣ ва татбиқи дастовардҳои тозаи маънавии ҷаҳонӣ, ки ба манфиати миллии мо созгоранд, маҳсуб меёбанд.

Дар ҷаҳони муосир муносибатҳои бисёрҷониба миёни давлатҳо ва минтақаҳо ҳарчи бештар бо истифода аз омилҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сурат мегиранд. Дар чунин шароит барои ҳифзи арзишҳои миллӣ пайдо намудани қудрати муқовимат ба чунин намуд муносибат моро зарур аст, ки аз моҳияти асосии равандҳои сиёсӣ ва омилҳои айниву зеҳнии равандсоз аниқтар огоҳ гардем. Ин раванд тақозо менамояд, ки ҳар як нафар шаҳрванди ватандўсту ватанпарвар нисбати воқеияти иҷтимоӣ ва ташаккули равандҳои сиёсӣ на танҳо андешаҳои умумӣ, балки нуқтаи назари таҳлилии худро дошта бошад.

Аз ин рў, дар марҳалаи кунунӣ зарурати таҳлили воқеъбинонаи вазъияти сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меояд. Ибрози ақида ва андешаҳои созандаву беғараз, тавассути зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ муваффақ шудан ба ҳалли дурусти муаммоҳои пешомада, дар иртибот бо воқеияти иҷтимоӣ, заминаҳои таърихиву фарҳангӣ ва миллӣ мавриди баррасии некбинона ва холисона қарор додани масъалаҳои серҷабҳа аз заруриятҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб мераванд. Ин тадбир ҷомеаи моро аз таҳдидҳои дохиливу берунӣ ҳифз намуда, баҳри муайян намудани роҳи дурусти ҳалли муаммоҳои ҷойдошта имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.

Имрўз Тоҷикистон аз арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ бархурдор буда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пешниҳод ва роҳандозии иқдомҳои шоиста мақом ва манзалати шоистаро касб намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон дар тўли зиёда аз ҳазор соли давлатдории худ бо хайрандешиву некманишӣ дар ташаккули фарҳанги волои давлатдории миллӣ нақши босазо гузоштаанд.

Расидан ба ин рўзи пурсаодат барои миллати куҳанбунёду давлати соҳибистиқлоли мо худ аз худ даст надод. Табиист, ки туфайли сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз кишвар ба марҳилаи муҳими рушд ворид гардида, сол то сол густариш ёфтани раванди бунёдкориву созандагӣ далели ин гуфтаҳоянд. Дар шароити кунунӣ баҳри беш аз пеш майлони афзоиш ёфтани раванди созандагӣ ҳар қишри ҷомеа, аз хурд то бузург бояд нақши мондагори худро гузоранд. Махсусан зиёиён, ки қишри пешсаф ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мегарданд, дар ин самт масъулияти бештареро бар дўш доранд. Тавре Сарвари давлат ҳанўз даҳ сол муқаддам таъкид карда буданд: «Дар шароити кунунӣ бояд тамоми зиёиён ва мардуми Тоҷикистон дар баробари азхуд кардани беҳтарин арзишҳои ҷомеаи башарӣ дар раванди глобализатсияи масъалаҳои ҷаҳонӣ манфиатҳои миллии хешро дуруст дарк ва ҳимоя намоянд».

Ҳамин аст, ки имрўз соҳаи илм ва маориф дар низоми сиёсати иҷтимоии кишвар аз самтҳои калидӣ маҳсуб гардида, ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти миллӣ барои рушд ва такомули он давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад. Таҳаммулпазирӣ ва дурандешӣ, ки хоси фарҳанги миллии мост, бояд маҳз барои рушд ёфтани самтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат намояд. Дар ин бобат дастовардҳои зиёиён ҳамчун равшангари роҳи миллат бояд мавриди эътибор ва истифодаи умум қарор гиранд, зеро маҳз аҳли зиё қудрати ба тафаккури ҷомеа ворид намудани ақидаҳои солим ва пешбарандаро доро мебошанд.

Чунон ки аз таърих бармеояд, нобиғаҳои миллати тоҷик дар шароити вазнинтарин аз таъқиби мутаассибон наҳаросида, ҷомеаро ҷониби камолоти маънавӣ ва пешравию тараққиёт ҳидоят намудаанд. Ангезаҳои хиради волои инсонӣ чакидаҳои қалами файзбори бузургонро дар дилҳо ҷойгир кардаанд. Мо, ки меросбари ин ганҷинаи волои маънавӣ ҳастем, имрўз бояд дар бархурдорӣ аз хиради волои инсонӣ дурустро аз нодуруст, сараро аз носара тамйиз карда тавонем. Мо бояд ҳама қувваю ғайратро ба он равона созем, ки ҳеҷ неру тафаккури ғайримиллиро барои мо таҳмил нанамояд ва бадхоҳони миллат натавонанд моро ба соддагиву ноогоҳӣ муттаҳам созанд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қадам ба пеш мегузорад ва бо иштироки фаъолонааш дар арсаи муносибатҳои ҷаҳонӣ дар баррасии масоили мубрами рўз саҳм мегирад. Аз мақоми баланди кишвари мо дар муносибатҳои байналмиллалӣ ҷои нишаст наёфтани душманони миллат ва давлати мо амри табиист. Ин амр боис мегардад, ки дар баробари коркарди роҳу усулҳои ангезандаи нооромию суботи ҷомеа, баъзе нафарони калавандаи ҳаммиллатони моро чӣ дар хориҷ ва чӣ дохили кишвар гумроҳ месозанд.

Тавре дар саҳифаҳои рўзномаи «Азия - Плюс» дарҷ ёфтааст, роҳбари ҲНИТ зимни вохўриаш бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маркази фарҳангии «Нур»-и шаҳри Москва баъзе аз намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тезу тунд танқид намуда, иброз доштааст, ки қисме аз кормандони академия ҷои машғул шудан ба корҳои муҳими илмӣ тавассути васоити ахбори умум сиёҳнамоии ашхоси алоҳидаи нерўҳои сиёсӣ ва ходимони динро пеша гирифтаанд.

Вобаста ба ин масъала дар сомонаи Радиои Озодӣ дарҷ ёфтани сўҳбати намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори фалсафа, роҳбари Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Бобоёров касро ба андеша водор месозад. Дар сўҳбат аз ҷониби роҳбари марказ зикр гардидааст, ки ҷомеаи имрўзи Тоҷикистон магар ба ғайр аз матраҳ кардани чодар пўшидану роҳ надодани ҷавонони аз 18-сола поён ба масҷид дигар мушкилот надорад?

Дар воқеъ, имрўз ки беҳдошти вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар доираи се ҳадафи стратегии рушд – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ муназзам пеш меравад, табииист ки ба миён гузошта шудани масъалаҳои ихтилофангез ба манфиати кор нест. Чунин мешуморем, ки имрўз дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи мо, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳар як нафар шахси ватандўсту ватанпарвар бояд на дар баҳси масъалаҳои ҷузъӣ, балки дар атрофи ғояи рушди манфиатҳои миллӣ ва ваҳдати комил дар ҷомеа талош варзанд. Дар ҳақиқат, ба ҷои ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои муҳиму бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар кишвар сар задани баҳсҳои ихтилофангез дар атрофи масъалаҳои ҷузъӣ оромию суботи ҷомеаро халалдор месозанд.

Бархе аз ҳизбу равияҳои тундрав, ки дар баъзе аз кишварҳои исломӣ ва берун аз он ташкил шудаанд, даъвати эшон дар бораи ташкили давлати исломӣ ё барпо намудани хилофат, тундравиҳои ин аҳзоб дар масъалаи муносибат бо динҳои дигар ва намояндагони он, таҳаммулнопазирӣ дар муносибат бо дастовардҳои демократӣ, фарҳангӣ ва илмии тамаддуни ҷаҳонӣ, мавқеи падидаҳои илмӣ дар муносибат бо таълимоти динӣ, бархурди фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ, масъалаи Арабу Аҷам ва даҳҳо масоили дигар мавҷуданд, ки мо бояд ба онҳо ҷавоб бигўем ва роҳҳои дурусти ҳалли онҳоро нишон диҳем. Чун давлати мо давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аст, ин масоил ва баҳсҳои мо дар атрофи онҳо дар рўҳу фазои демократӣ, бо риояи одобу фарҳанги волои тоҷиконаи мо ва эҳтироми афкори тарафайн бояд сурат бигирад. Танҳо дар ин сурат мо аз нооримии субот дар ҷомеа ҷилавгирӣ мекунем.

Маълум аст, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази муҳими зеҳнии кишвар дар ташаккул ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият бо пажўҳишоти умда дар самтҳои мухталифи илмӣ мавқеи назаррас дошта, дар назди он амал намудани теъдоде аз пажўҳишгоҳҳои илмӣ амри замон аст. Аз ҷумла, моҳи июни соли ҷорӣ ба фаъолият пардохтани Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар назди Академияи илмҳо ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеаи мо иртиботи қавӣ дорад. То имрўз аз ҷониби маркази мазкур ба нашр расидани силсилаи мақолаҳо ба монанди «Кимиёгари бадбахтиҳо», «Иғвогари ватанбезор бо тахаллуси «Истаравшанӣ», «Таносуби мафҳуми ваҳдати миллӣ ва манофеи миллӣ», «Манфиатҳои миллӣ ва мавқеъгирии рўҳониён», «Бўҳрони оиладорӣ дар Тоҷикистон» ва ғайраҳо далели равшани ин гуфтаҳоянд. Воқеан, мўҳтавои пажўҳишоти анҷомёфта ифодагари онанд, ки олимони марказ дар баррасии масъалаҳо ва муаммоҳои ҷойдоштаи ҷомеаи имрўзи мо саҳм мегиранд. Ин талош набояд нодида гирифта шавад.

Алимов Б.Ҳ.,
Рустамов Ш.Р.

 

 

 

Читать далее

Дар ҳошияи баҳс миёни раиси ҲНИТ ва намояндагони Академияи улуми Тоҷикистон

 Пас аз мутолиаи маколаҳо оид ба масъалаи мазкур ҳар шаҳрванди бедордилро водор месозад, ки перомуни масъалахои баёнгашта, нуктаи назари худро иброз намояд. Аввалан, зарур аст дарк намоем, ки кадом масъалаҳо ҳастанд, ки ихтилофи ақидаҳо гаштаанд ва муколамаи тарафайн боиси чунин шиддати маънавӣ касб намудан кардааст?

Барои дарки амиқи мавзўъ бояд ба якчанд масъалаҳои мавҷуда равшанӣ андохт.
Пеш аз хама ин таносуби сиёсат бо дин мебошад. Муносибати байниҳамдигарии сиёсат ва дин ҳама вақт дар як сатҳ қарор надошт ва надорад. Онҳо чун шаклҳои шуури ҷамъиятӣ тамоми тағйиротҳои сифатии инкишофи ҷомеаро дар раванди таърих ифода менамоянд. Ба муносибатҳои байнҳамдигарии дин ва сиёсат раванду омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Аз ин ҷост, ки сатҳи ин муносибатҳо аз ҳолати инкишофи раванду ҳодисаҳо ва воқеоти чамъиятӣ вобастаанд. Макон ва замон дар муносибатҳои байниҳамдигарии дин ва сиёсат дигаргуниҳои куллиро ворид месозанд.

Дар боби 2-юми моддаи 26- и Сарқонуни кишвар омадаст. ки ҳар як кас ҳақ, дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динерo пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳoи динӣ иштирок намояд.

Алхол, нақши дин ва иттиходияҳои диниро дар пешрафти ҷомеаи муосир ба назар гирифта, ҳокимияти сиёсии кишвар сиёсати самаранокро нисбати онҳо роҳандозӣ намуда истодааст. Дар мамлакат шароити мусоиди амал намудани иттиҳодияҳои динӣ ва воқеӣ гардонидани фаъолияти гуногунҷабҳаҳои динӣ муҳайё аст. Ходимон ва иттиҳодияҳои динӣ метавонанд, ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти динӣ аз воситахои гуногуни коммуникатсионии давлатӣ ва ҷамъиятӣ истифода намоянд.

Дар мамлакат соли 1994 қонун «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ва иловаҳо аз таърихи 12 - майи соли 2001 қабул гардидаанд. Он ҳамаи талаботҳои ҳуҷҷатҳои муҳимтарини сиёсӣ: «Эъломияи умумиҳуқуқии башар» - и СММ аз 10 декабри соли 1948; «Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» аз 16 – уми декабри соли 1966 ва ғайраҳоро оид ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод ба инобат гирифтааст.

Қонуни мазкур вобаста ба шароити мушаххаси Тоҷикистон имкониятҳои озодона ба амал баровардани озодии виҷдон, дин, эътиқодро асоси ҳуқуқӣ мебахшад. Муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, ҷамоатҳо ва мазҳабҳои диниро танзим менамояд.

Пас суоле ба миён меояд, ки чист он муаммое, ки бо вуҷуди мавҷудияти шароитҳои зикргашта боиси озурдахотирӣ гардидааст? Барои ҷавоб ҷустан бояд руҷўи таърихӣ намоем. Ба касе пинҳон нест, ки ба хотири таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии кишвар яке аз шартҳои ба имзо расидани шартномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ин иҷозат ба фаъолияти расмии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ҷодаи ҳаёти сиёсии кишвар маҳсуб меёфт. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон алҳол дар парламенти касбӣ намояндаҳои худро дорост ва фаъолияти сиёсӣ дорад. Дар ягон ҷумҳурияҳои собиқ шуравӣ фаъолияти ҳизбе, ки хусусияти динӣ дошта бошад, ба мушоҳида намерасад.

Имрўз, хангоме. ки мардум дар фазои мусбии тагйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки мавқеи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур нақши ҷадидро ба худ касб намояд. Манзур аз сухани зикргашта дар он аст, ки дар Тоҷикистон мардумони пайравони дигар дину мазҳабҳо низ зиндагонӣ менамоянд ва аз рўи танҳо аз як дин (дар назар аст дини ислом) ба аъзогии худ қабул намудан, боиси нигаронии пайравони дигар динҳо мегардад. Дар китоби муқаддас ва шарифи Ислом Куръон ишорае нест, ки фаъолияти динӣ бояд дар қолаби ҳизби сиёсӣ сурат гирад.

Дар Тоҷикистон ҳизбҳои амалкунанда ҳар кадоме бо мақсаду мароми мушаххаси худ фаъолияти сиёсии худро пеш мебаранд. Дар ҷумҳурӣ ҳизбҳои соҳавӣ ба монанди ҳизби аграрии Точикистон, ҳизби рушди иқтисодии Тоҷикистон амал мекунанд. Таъкид бар зикри онҳо дар он аст, ки имрўз метавон бо барномаи равшану возеҳ ҳар як ҳизб метавонад барои рушду нумўи кишвар камари ҳиммат бибандад.

Банди мазкур бо он иктифо мегардад, ки моҳияти тамоюл ва талаботу манфиатҳои ҳизбҳои динии созмон дода, чун унсури сиёсат воситае, ки ҳокимияти сиёсиро ба нафъи худ истифода мебарад, дониста мешавад.

Тамоюли дуюми муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва дин дар шакли сиёсигардонии дин зоҳир мешавад. Он бештар иштироки ходимони динӣ ва ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти сиёсӣ дар асосҳои динӣ, иштироки ходимони дин дар Шўрои уламо, дар иттифоқҳои бузурги динӣ ба монанди Созмони Конфренсияи исломӣ, Лигаи олами исломӣ ва ғайраҳо аз худ дарак медиҳанд. Манзур аз зикри фикри гуфташуда дар он аст, ки мардуми Тоҷикистон, ки қариб куллан мусалмон ҳастанд, метавонанд, фаъолияти сиёсии худро дар доираи иттиҳодияҳо ва созмонҳои зикргашта, бидуни ҳизбҳои хусусияти динӣ дошта роҳандозӣ намоянд.

Мардуми мамлакатҳои Ғарб фарҳанги дерини таҳаммулпазирии сиёсӣ доранд. Ҳарчанд таъсири идеологияи насрониву демократӣ бузург аст, он вобаста ба мавқеи шаҳрвандон тамоюли мазкур нисбати арзишҳои ахлоқӣ ва маданӣ равона буда, инкишофи сиёсӣ ва иҷтимоиро ба фаъолияти озоду баробарҳуқуқи шаҳрвандон пайваст менамояд ва дар чунин маврид рафтори худро дар заминаи қоидаҳои ахлоқӣ мураттаб менамояд. Асоси ғоявии идеологияи насрониву демократиро синтези «олами муҳаббат» ва «нексириштӣ нисбат ба давлат» ташкил менамояд.

Дар вобастагӣ ба ин хусусияти муносибатҳои динӣ ба муносибатҳои сиёсӣ, равандҳо ва институтҳои сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад. Ин муносибатҳо метавонанд, дар шаклҳои ҳамкорӣ, ҳамраъӣ ва амсоли инҳо амалӣ гарданд.

Дар олами муосир дин ва иттиҳодияҳои динӣ дар равандҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири фаъол мерасонанд. Табиати динии кишварҳо метавонад муносибати байни давлатҳоро ба пояи нав барорад. Инро мо метавон дар мисоли фаъолияти пурсамари Сардори давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дид, ки мавсуф дар Маккаи Мукаррама ва чандин анҷуману конференсияҳои байналмиллалӣ аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, онро ҳимоят намуданд, ки боиси масъулиятшиносии ҳарчи бештари ходимон ва масъулони дин гардидааст.

Иттиходияҳои динии кишвар бештар дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки он дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин вогузошта шудааст. Мавриди дидани аломатҳои ихтилофӣ бояд чораҷўӣ намоянд. Онхо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Қуръон ва ҳадис ва мазҳаби Имоми Аъзам ба дигарон намунаи ибрат бошанд. Мусаллам аст, ки ихтилофоти ба вуҷудомада ва иллатҳои он мавриди омўзиш ва натиҷагирӣ қарор дорад. Зеро, аз асоси илми усул, таълимоти аҳкоми шариат ва илми фиқх дур будани ҷавонон ва ворид шудани китобҳои нав, ки бемазҳабӣ ё мазҳаби ғайриҳанафиро талқин мекунанд, боиси ба вуҷуд омадани ақидаҳои ботил мегагарданд.

Турсунов Ф.А
Мудири кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ, дотсент

 

 

 

Читать далее

15 December 2014

«Зиндагӣ ширин, эй ҷавон»

Дар толори хониши Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд китоби тозанашри адиби ҷавон, ҳуқуқшинос ва рўзноманигор Юсуфҷон Маюсуфов бо номи «Зиндагӣ ширин, эй ҷавон муаррифӣ гардид.

Дар он адибони маъруфи вилоят ва устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Китоби «Зиндагӣ ширин, эй ҷавон» ба яке аз мавзўҳои мубрами рўз, худкушӣ бахшида шудааст. Дар китоб мазкур сабабҳои даст задан ба худкушӣ ва роҳҳои пешгирии онро муаллиф возеҳу равшан баён кардааст, ки хонандаро ба худшиносӣ, расидан ба қадри ҳаёт ва зиндагии хубу осоишта ҳидоят мекунад. Муаллиф ба масъалаҳои худкушӣ, сабабҳо ва оқибатҳои фоҷиавори он равшанӣ андохта, доир ба пешгирӣ ва худдорӣ кардан ва аз байн бурдани ин амали нангин аз хаёти шахсони гуногун мисолу далелҳои зиёд овардааст.

Китоб бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нашриёти «Анис» бо теъдоди 400 нусха чоп шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Читать далее

Маҷмўи машқҳои ситоди фармондеҳӣ

Санаҳои 9 - 11 декабри соли равон дар Гарнизони Суғд маҷмўи машқҳои ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби сохтору мақомоти қудратии Гарнизони Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа баргузор гардид. Машқҳои мазкур ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ гардид.

Читать далее

Таъмингарони волоияти қонун

Дар толори маҷлисҳои Прокуратураи вилоят бахшида ба Рўзи кормандони прокуратура ва 90-солагии таъсисёбии мақомоти прокуратура бо иштироки Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро прокурори вилоят, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба Раиси вилоят дод. Раиси вилоят кулли кормандони мақомоти прокуратураи вилоятро бо иди касбиашон муборакбод намуда, саҳми арзандаи онҳоро чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар осудагии кишвар ва инсон арзанда номид. Раиси вилоят нақши мақомоти прокуратураро дар самти назорати иҷроиши қонунҳо, аз ҷумла дар бораи замин, муроҷиати шаҳрвандон, масъулияти падару модар, танзими расму оинҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рўз қайд кард.

Раиси вилоят ба як қатор кормандони фаъоли мақомоти прокуратура Ифтихорнома ва компютеру дастгоҳҳои нусхабардорӣ тақдим намуд.

Пас аз қироати номаи табрикотии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхон ба муносибати Рўзи кормандони Прокуратураи Тоҷикистон прокурори вилоят Шариф Қурбонзода кулли намояндагони мақомотро бо ин рўзи муборак шодбош гуфта, аз таърихи таъсисёбии прокуратура дар кишвар, тўли фаъолияти 90-солаи хеш марбут ба давраҳои гуногуни таърих, сарбаландона иҷро намудани вазифаҳои хеш ва ноил гардидан ба боварии давлат ва халқ, хизмати собиқадорон, собиқ прокуророни вилоят ёдовар гашт.

Аз фаъолияти назарраси ин мақомот дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии дигар ҷиноятҳо маълумот дода, шукрона аз даврони истиқлол кард, ки ҳоло дар фазои орому осоишта зиндагӣ дорем ва боиси ифтихор аст, ки дар мақомоти прокуратураи вилоят 7 нафар занон дар вазифаҳои мухталиф сарбаландона фаъолият мекунанд.

Дар анҷом ў аз нақшаҳои минбаъда ёдовар гашта, таъкид дошт, ки дар роҳи таҳкими волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва манфиати давлат аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.

Аз номи намояндагони сохторҳои қудратии вилоят сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назаров, собиқадори соҳаи мақомоти прокуратура Тўхта Почомуллоев аҳли нишастро муборакбод намуданд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ аъзои Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндаи комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони мақомот, кормандони дастгоҳи прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА

Читать далее

Экстремизм ва таъсири он ба ҷомеаи башарӣ

Дар оғоз мехостем, доир ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна ва таърихи пайдоиши онҳо чанд сухан гўем. Сарвари давлати ҷавони мо Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуданд:

«Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мекунад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Барои аҳли ҷомеаи мо равшан бод, ки чаро Президенти мамлакат оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду ҳушдор медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғулро низ ба ташвиш овардааст.

Пеш аз он ки дар бораи пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб сухан ронем, барои худ зарур шуморидем, ки дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм чанд сухан гўем. Ҳарчанд ин падидаи номатлуб аз даврони куҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шаклу тарзҳои гуногун зуҳур мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқу амиқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризмро дар замони муосир бозгў кардаанд, ки мухтасаран хонандагони гиромиро ошно месозем…

Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хурўҷи терроризм ба охирҳои асри ХIХ рост меояд. (Барои исбот ва таҳлилу таҳқиқи ин гуфтаҳо далелу мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, аммо мо худдорӣ мекунем, зеро ҳадафи мо бозгўи таърихи гузаштаи ин раванди номатлуб нест).

Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар қарни ХХ, ки дар таърихи ҷаҳон чун асри тараққиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, «терроризми сиёсӣ» ном гирифтааст. Ин террор асосан баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тараққӣ мекард ва сохторҳои иҷтимоии давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Дар ин давлатҳо ташкилотҳои террористии «Красные бригады», «Фраксия Красной Армии», «Японская Красная Армия» ва дигар ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вазъияти сиёсии мамлакатҳои худро ноором месохтанд. Амалҳои террористии ин ташкилотҳо аз намуди террори инқилоби Фаронса сарчашма гирифта, ҳамчун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд. Мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд. Албатта дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд.

Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурўҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намоянд. Сипас дар мамлакат чӣ гуна вазъият ба амал омад, рафти воқеаву ҳодисаҳои ҷанги бародаркуши дохилӣ чӣ тавр сурат пазируфт, ҳамчунин халқи табиатан хирадпеша ва сулҳпарвари тоҷик чӣ гуна пеши оташи хонумонсўзи ҷангро гирифт, барои аксари мардуми мо маълум аст.

Дар ин масъала мақоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кардан месазад. Аммо гурўҳҳои манфиатхоҳи экстремистӣ ба мақсадҳои ниҳоии худ нарасида, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд ва бо кўмаку дастгирии намояндагони ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта силсилаи амалҳои террористиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонданд.

Аз ҷумла, бо мақсади ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ, ҳадафҳои асосии фаъолияти таҳрибкории онҳо террори роҳбарони ҷумҳурӣ, вакилони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, намояндагони ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо, корхонаҳои дорои аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ қарор гирифтанд.

Бо ин мақсад ба ҷумҳурӣ гурўҳҳои хурди террористӣ равона карда мешуданд. Аз тарафи ин гурўҳҳо амалҳои террористӣ нисбат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳувайдуллоев, раиси ноҳияи Ғарм Б.Музаффаров, депутати Маҷлиси Олӣ А.Неъматов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ, муовини ў Минҳоҷ Ғуломов, аъзоёни Комисcияи оштии миллӣ О.Латифӣ, раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Кенҷаев, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон К.Юлдошев, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҳимов, куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар амалҳои террористӣ содир карда шуданд.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм - яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Солҳои охир фаъолияти терро-ристӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасонанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ҳодисаҳои солҳои охир дар кишвар рўйдода, аз ҷумла фирор кардани 25 нафар ҷинояткорон аз маҳбасхонаи муваққатии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиётҳои ҷангии рухдода байни қувваҳои ҳукуматӣ ва гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ дар минтақаи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик, инчунин таркиши рўзи 3-юми сентябри соли 2010 дар бинои шўъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳодисаи дар ҷамоати Чоркўҳи ноҳияи Исфараи ин вилоят ба амал омада, аз гуфтаҳои боло гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳодисаҳои номбурда бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули ин зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки зиёда аз 90 фои- зи аҳолии Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро парас-тиш мекунанд ва фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Қувваҳои ба Тоҷикистон душман ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд.

Чунонки дар ибтидо зикр карда шуд, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Ҳанўз ибтидои сол дар яке аз баромадҳои худ Сардори давлат таъкид намуд, ки дуруст иҷро нагардидани нуктаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад. Инчунин, дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар дав-раи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошад. Бояд бо таассуф зикр кард, ки фаъолияти ташвиқотию тарғиботии пайравони ин ташкилотҳо ва созмонҳои амалашон манъгардида дар вилояти Суғд низ ба назар мерасад.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд...

Нисбат ба сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои араб ва дигар давлатҳои исломӣ таълимоти динӣ мегиранд, ҳаминро бояд иброз намуд, ки аксари онҳо баъди баргаштан ба Ватан, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавии исломӣ ва ғайримазҳабӣ, аз ҷумла ҷараёнҳои “Ваҳҳобия”, “Салафия” ва ғайраҳо оғоз намуда, тадриҷан сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ ва бекор зиёд намуда истодаанд. Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зўроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола ва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзўънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Инчунин, дар муассисаҳои таъли-мӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок ба роҳ монда шавад,чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористиро имрўз ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

Каромат Ҷўраева,
муовини директори коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Читать далее

Мутахассисони фанҳои дақиқ намерасанд

Сатҳи истифодаи лабораторияҳои фаннӣ ҷавобгўи талабот нест. Чаро?

Дар машварати августии омўзгорони вилоят Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо асбобҳои аёнӣ ва методӣ, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ва омўзгорони навовару эҷодкор чораҳои зарурӣ андешанд.

Читать далее