December 2014

11 December 2014

Ба деҳа об омад

Бо иқдоми аҳли деҳаи Шоҳон, ки бештар аз 1700 нафар сокинон истиқомат доранд, мушкилоти оби ошомиданӣ ҳаллӣ худро ёфт. Бо ин мақсад сокинон 80 ҳазор доллари ИМА ҷамъоварӣ намуданд. Вале ин барои ҳалли муаммо кифоягӣ накард.

Ташкилоти байналхалқии ЮСАИД ба тариқи озмун 50 ҳазор доллари амрикои кӯмак намуд. Ин иқдом дар асоси лоиҳаи идоракунии маҳаллӣ бо якҷоягии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ амалӣ гардид.

Ба масофаи наздик 2 километр хатти оби нӯшокӣ кашида шуду ба 106 хонадони деҳа нуқтаҳои об васл гардиданд.

Читать далее

Муаммои барқ ҳалли худро ёфт

 Танқисии қувваи барқи мрӯз ба яке аз мавзӯъҳои доғ табдил ёфтааст. Норасоии барқ дар муассисаҳои таълимию табобатӣ мушкилотҳои зиёдеро эҷод мекунад. Аз ҷумла дар деҳаи Далёни болои ноҳияи Fончӣ солҳои зиёд ин масъала ҳалли худро намеёфт. Дар ин хусус муроҷиати аҳли деҳа да Раиси вилоят бенатиҷа намонд. Деҳоти ёнқарор карданд, ки мувофиқи лоиҳа ба маблағи 211 ҳазор сомонӣ аз Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан хатти озоди барқ ба масофаи 9 км кашанд рост меояд.

Соҳибкор Абдуғанӣ Холиқов ба ин амали нек 30 ҳазор сомонӣ ҳадя кард. Корҳои банду бастисим чӯбукашидани ноқилҳо ва насб намудани трансформатор тариқи ҳашарҷараён мегирад. Дере нагузашта нуқтаҳои таълимию тиббӣ ва коргоҳҳои хизматрасони истифода аз қувваи барқи озод фаъолияти мунтазами хешро ба роҳ мемонад.

Эгамназар Соҳибназаров н.Fончӣ

 

 

 

Читать далее

ДПДТТ соҳиби Ҷоми «Мегафон-Тоҷикистон»

 Бори чорум аст, ки ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» дар ҳудуди вилояти Суғд мегафорумро миёни муассисаҳои олии вилоят доир менамояд. Ин дафъа низ чорабинӣ дар маҷлисгоҳи боҳашамати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир гардида, донишҷӯёни 5 муассисаи олии вилоят- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳои ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов дар мавзӯи «Интернети оянда» лоиҳаҳои барномаи худро муаррифӣ намуданд.

Иҷрокунандаи директори генералии ширкати мобилии «Мегафон- Тоҷикистон» Андрей Шишковский дар бораи ҳадаф ва моҳияти баргузории мегафорум дар мавзӯи «Интернети оянда» ба ҳозирин фаҳмонда, қайд кард, ки интернет дар рӯзгори мо ҷойгоҳи махсусро гирифтааст. Бе он рушди иқтисодиёт, иҷтимоиётро тасаввур кардан нашояд.

Сипас донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят лоиҳаҳои барномаҳои сохтаи худро дар мавзӯи мазкур пешкаши аҳли нишаст гардонданд.

Дастаи барномасозони Донишкадаи политехникӣ соҳиби ҷоми ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» гардиданд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Читать далее

Фарҳанги тиҷорат ва савдо

 Дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров семинари илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Фарҳанги савдо ва равишу усулҳои рушди тиҷорат дар замони муосир» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва соҳибкорон ширкат варзиданд.

Саидумрон Саидов- раиси ҷамоати деҳоти Ёва изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ қадаме пеш ниҳодан дар маданияти савдо ва тиҷорат, огоҳ шудан аз камбудиву пешравиҳои раванди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Ҳамзамон доир ба мавзӯъҳои муоширати кории касбӣ дар замони муосир, муоширати савдо ва менеҷменти идора, симои нуқтаҳои савдо ва таъсири он дар пешрафти тиҷорат, татбиқи талаботи стандартҳои дохиливу байналхалқӣ, омили рушди истеҳсолот ва таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои хушсифат, муаммоҳои муҳоҷират ва таъсири он ба сатҳи зиндагии аҳолӣ, мавқеи фарҳанги андоз дар муҳити соҳибкории муосир маърӯзаҳо баён гардиданд. Муовини раиси ноҳия Мастура Комилова оид ба масъалаҳои иқтисодиёт ва савдои муосир ҳарф зада, риояи фарҳангу маданияти соҳибкориро таъкид дошт.

Ҳамчунин, олимон Садриддин Fозибеков, Тӯхтабой Тӯхтаев, Абдумавлон Азимов ва мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия С.Бобоев оид ба мавзӯҳои мубрами соҳаи соҳибкорӣ, рушди савдо ва муҳоҷирати меҳнатӣ сухан ронданд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ

 

Читать далее

Вохӯри бо шоир

 Дирӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Fафуров воҳӯрии омӯзгорону хонандагон бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ барпо гашт. Дар гӯшаи намоиши иштирокдорон бо асарҳои шоир «Девони шоир», «Аз худ баро, аз худ марав», «Ҷонам фидои модар», «Атри нигоҳ», «Фурӯғи лолаҳои сафед», «Реша дар санг» ошно шуданд.Ба шоир Н.Ниёзӣ махсусан қироати шеърҳояш аз ҷониби хонандагон писанд омад ва дар навбати худ аз ашъори тозаэҷодаш шеърҳо қироат карда, толибилмонро бо хониши хубу аъло, ватан дӯстӣ, меҳнатқаринӣ даъват намуд.

Муқимҷон Алишехов

 

 

 

Читать далее

Дилором китобдори сол -2014

 Довталабон аз рӯӣ панҷ шарти озмун; муаррифӣ ва шарҳи дастурамал, вазифаҳои хизматӣ, қироати шеърҳо аз мероси классикон, саволномаҳо доир ба зиндагиномаву мероси шоирону нависандагони машҳури классикиву муосир, сиёсатмадорон, арзишҳои сиёсиву таърихии Истиқлолияти давлатӣ, барномаи кории китобхонаҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои сиёсиву таърихӣ, солгарди адибону олимон ва нависандагон, пешниҳоди воситаҳои аёнии китобхонавӣ (лавҳаҳо, рӯзномаҳои деворӣ, дастурҳои методиву тавсиявии мавзӯӣ бо нақшаву суратҳо, албом, маҷаллаи шифоҳӣ) баромад намуда, маҳорату истеъдоди худро нишон доданд.

Дар охир аз ҷониби ҳайати ҳакамон озмун ҷамъбаст карда шуд. Ҷойи якум ба китобдори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Бунафша Шарипова. Ҷойи дуюмро китобдорони ноҳияи Б.Ғафуров Гулбибӣ Саидова. ва китобдори ноҳияи Мастчоҳ Аҳмад Ахмедов. гирифтанд. Ба китобдори марказии шаҳри Исфара Сайфура Ҳакимова. ҷойи сеюм насиб гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба китобдори марказии ноҳияи Ғончӣ Дилором Намозова. супурда шуд.

Обода ШОДИЕВА

 

 

 

Читать далее

Алайҳи зӯроварии бонувон

 Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан семинар - машварати бонувон дар мавзӯъи «Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»» баргузор гардид.

Семинарро Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муҳаммадӣ Салимов ифтитоҳ намуд. Сипас, мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳамроҳ Атаева доир ба рафти баргузории чорабиниҳои вилоятӣ дар Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ» нақл намуда, баргузории семинари мазкурро саривақтӣ унвон кард.

Муфаттиши прокуратураи шаҳр Умар Саидзода оид ба мафҳум ва моҳияти қонуни мазкур, принсипҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ваколатҳои мақомоти гуногун дар пешгирии ҳушунати оилавӣ, чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳамчунин, ҳолати иҷрои ин қонун дар шаҳри Истаравшан маълумоти муфассал дод.

Раиси Шӯрои занони маҳаллахонаи «Зафар» дар баромадаш зикр дошт, тарғиби моҳияти қонунҳо, ташкили мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор суст ба роҳ монда шудааст. Нозирони минтақавии милисаро танҳо пас аз ба вуқӯъ омадани ҳодиса мебинӣ, ки санад омода месозанд.

Шоира Раънои Зоирдухт, муовини раиси ҳаракати Вадати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Зебӣ Маъруфова дар баромадҳои хеш афзуданд, кор дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, бахусус соҳибхоназанҳо бояд ҷоннок карда шавад. Ҳанӯз ҳам андешаи нуфузи оила, ору номуси оиладорӣ намегузорад, бонувони мо дарди хешро ифшо намоянд. Ҳамин боис мегардад, роҳи халосиро дар худкушиву худсӯзӣ бубинанд, - қайд намуданд онҳо.

Нозири минтақавии ШВКД Худойқул Маъруфов зимни баромадаш оид ба фаъолияти нозирони милиса қайд намуд, ки барои пурра фаро гирифтани аҳолии маҳал кормандонашон намерасанд.

Дар семинар – машварат Раиси Шӯрои духтарони КИВ Дилноза Очилова, сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Мамлакат Зоидова, муовини раиси ҷамоати «Гули Сурх» Музаффара Олимова ва дигарон андешаҳои худро иброз доштанд.

Кори семинарро муовини раиси шаҳр Хосият Фозилова ҷамъбаст намуда, гуфт, пешгирии зуроварӣ дар оила кори дастҷамъона буда, бояд ҳамагон барои ҳалли ин муаммо кӯшиш намоянд. Қайд намуд, чунин семинарҳо минбаъд низ дар тамоми ҷамоат ва маҳаллахонаҳои шаҳр, бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони маҳал, тибқи ҷадвали махсус гузаронида хоҳад шуд.

Илҳоми Саршор

 

 

 

Читать далее

Ҷамъбасти ёздаҳ моҳа

 Корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар ёздаҳ моҳи соли равон таъмини мунтазами истеҳсолиро муваффақ гашта, дар ин муддат ба маблағи 889 миллиону 909 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 134,6 фоиз ё ин ки 228 миллиону 934,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар иҷрои нақша саҳми корхонаҳои саноатии шаҳр: Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати кўҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой», «Фаровон», «Қолинҳои Суғд», «Принс», «Орди Мастчоҳ», «Хубон», «Чархи гардумин» шоёни қайд аст.

Рустам ОДИЗОДА

 

 

 

Читать далее

Иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилоят

Дирўз таҳти Раёсати Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи бистуми (ғайринавбатии) Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум баргузор гардид.

Читать далее

Наврўзгоҳи Хуҷанд: боз ҷўем рўзгори асли хеш…

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба муносибати дар вилоят баргузор гардидани Наврўзи байналмилалии соли 2015 қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 июли соли 2014, № 302 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Наврўзгоҳи беҳтарин» ба тасвиб расидааст. Дар озмун тамоми шаҳру навоҳии вилоят, шаҳракҳо, маҳаллаҳо ва кўчаҳо ҳуқуқи иштирок доранд ва он дар арафаи Иди Наврўз ҷамъбаст ва беҳтаринҳо мукофотонида мешаванд.

Читать далее