December 2014

04 December 2014

Заҳри носозӣ ва шаҳди ошноӣ

Истиқлолияти давлатӣ ба Президенти Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки дар ҳар гўшаи сарзамин вай бо мардумаш аз ормонҳои миллӣ бо дарки масъулият озодона ҳарф бизанад, онҳоро ба иҷрои корҳои бузург раҳнамун созад.

Читать далее

Муаррифии раисони навтаъин

Рўзи сешанбеи 2 декабр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раисони навтаъини шаҳру навоҳии вилоятро ба фаъолон муаррифӣ намуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Қайроққум, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ иваз карда шуданд.

Читать далее

02 December 2014

Эътибор ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ

Ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки арзиши олии ҷомеаи мо эътироф шудаанд, самти афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобида, қабули шаҳрвандон ва баррасии холисонаву ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳоро боз ҳам тақвият бахшанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Читать далее

Марказҳои савдо барқарор мегарданд

Тибқи супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, дар нуқтаҳои савдои «Баҳор», «Тоҷир», «Барфак» ва «Сино»-и мавзеи «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд, ки санаи 15 ноябр аз сўхтор зарар дида буданд, корҳои сохтмонӣ вусъат меёбанд. Чуноне ки масъулин зикр доштанд, то санаи 1 феврали соли 2015 бозорҳои аз сўхтор осебдида бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хуҷанд ва роҳбарони бозорҳо сохта, ба истифода дода мешаванд.

Читать далее

Дорувории бесифат-хатар ба саломатӣ

Дар 10 моҳ 21170 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии мўҳлати истифодабариаш гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат несту нобуд карда шуданд Солҳои охир шумораи дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурўшӣ дар шаҳру навоҳии вилоят бамаротиб афзоиш ёфтаанд.

Читать далее

Масоили тундравй ва ифротгароӣ

 Доир ба масъалаи тундравӣ ва ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин мафҳумҳо диду назарҳои гуногун пайдо гардиданд, ки имрўз идома дорад. Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷараҷўӣ, зўровариро дошта, дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рўи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурўҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намудааст. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задани низою муноқишаҳо гардиданд.

Истифодаи истилоҳи «ифротгароии динӣ» ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот сабаби пайдоиши норизогӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзўъ гуфтаанд: «Гузашта аз ин, имрўз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садо аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўӣ инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозўъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зўроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зўроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугўи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугўи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».

Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад.

Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезкорона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамояд. Аз рўи адолат нест, ки ба дини инсонпарвар тундгароӣ, золимӣ ва намудҳои гуногуни зўроварӣ нисбат дода шавад. Одамон (яҳудӣ, мусулмон, насронӣ ё бутпараст) метавонанд, бо ин ё он тарз ифротгаро ва террорист бошанд, вале дар ҳеч ҳолат ин баёнгари он нест, ки масъулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине, нисбат дода шавад, ки онҳо пайравӣ мекунанд. Ҳақ ба ҷониби

Муҳаммад Иқбол аст, ки гуфта буд:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифротгароёнаро чун таассуб дониста, маҳкум карда мешавад. Лекин он нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан ва сарзаминашон аз дасти истилогарон ё гурўҳи террористон чунин амалро ба иҷро расонданд, қаҳрамон дониста, хотираи некашон ёдоварӣ карда шавад.

Дар бораи ифротгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда, ба ҳамаи навъҳои он диққат додан лозим аст. Масалан, ифротгароёни сиёсӣ низ хатари ҷиддӣ доранд, чунки онҳо ба вуҷудорандаи дигар тамоюлҳои ифротгароӣ мебошанд, аз он ҷумла онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурда метавонанд. Барои пайдо шудани ифротгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омўзем ва чунин зуҳуротро рафъ намоем. Бо роҳи зўрӣ, бо усули сахт ва бераҳмона бо ифротгароӣ мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс, рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омўзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноўҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад.

Байни гурўҳҳои ҷинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсӣ ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат кўшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони молӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароӣ ин баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимотҳо ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норозигиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракату ҳизбҳо, ба мисли «Ҳизб - ут - таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», ки фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъ шудаанд, метавонанд, на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат халалдор намоянд. Барои пешгирӣ кардани ифротгароӣ ва терроризм манбаъҳои молӣ ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин ташкилотҳои динӣ бояд муайян карда шаванд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароии динӣ вазъи вазнини иқтисодӣ дар мамлакат мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҳолатҳои вазнини иқтисодӣ бештар назар ба сўи Худованд медўзанд ва аз ў ёрӣ металабанд. Агар ҳолаташон беҳтар нашавад, онҳо ба сўи ифротгароӣ майл мекунанд, то ки ба ҳар навъе таваҷҷўҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намоянд. Айни замон нафарони зиёде аз бошандагони Тоҷикистон, асосан ҷавонон, бо сабаби набудани ҷойи кор, ба хотири таъмини ризқу рўзии аҳли оилаи худ Ватани худро тарк намуда, дар Русия ва дигар кишварҳо кор мекунанд. Дар байни онҳо шахсоне ҳастанд, ки барои таъмини молиявии оилаи худ ба ҳама кор, аз ҷумла содир кардани ҷиноят омода ҳастанд. Ҳамин тавр, то вазъи иқтисодӣ беҳтар нашавад, то ҷавонон дар ҳудуди Ватани худ бо кори сермаош таъмин карда нашаванд, таҳдиди хатари табдилёбии исломи мўътадил ба тундрав боқӣ мемонад.

Ба он фикр ки гўё бекорӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, маърифат омили асосии пайдоиши терроризму ифротгароӣ ҳастанд, пурра розӣ шудан нашояд. Шояд омилҳои номбурда то дараҷае ба зуҳури терроризм, ифротгароӣ мусоидат намояд, аммо онҳо наметавонанд сабаби асосии пайдоиши ин зуҳурот бошанд. Баръакс, решаҳои пайдоиши ифротгароӣ дигар омилу сабабҳоянд, ки онҳо аксар вақт ба эътибор гирифта намешаванд. Масъалаҳои асосии Шарқи Наздик, Исроил, Фаластин, Афғонистон, Сурия, Покистон, ки то ҳоло ҳал нашудаанд, ба зуҳури ифротгароӣ мусоидат менамоянд. Оё Исроил метавонад, бо иқтидори ҳарбии худ ва дастгирии Амрико муқовимати халқи Фаластинро шикаст диҳад ва бо ибораи собиқ сарвазири Исроил Шарон, тамоми «террористҳо»-и ҳаракати «Хамос»-ро аз рўи замин комилан рўфта партояд? Хулосаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мутлақо дуруст ва мантиқист, «терроризм ва ифротгароиро танҳо бо усули зўроварӣ мағлуб кардан мумкин нест».

Хулоса ва пешниҳодҳо:

-сатҳи маърифати дунявӣ ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳои зист баланд бардошта шавад;

-тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа саводноки ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон ва ташкили муколама байни диншиносон ва илоҳиятшиносон;

-ба роҳ мондани муносибати хуби одилонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ташкилотҳои динӣ, рўҳониёни ҷудогона, омўзиши назария ва амалии Қонун дар бораи «Озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ»;

-ташкили таҳрири назариявии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишкадаҳои олӣ, мадрасаҳо, ки фанҳои таърихи дин, маърифати ислом ё диншиносиро меомўзонанд;

-беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиндагии мардум ва ба роҳ мондани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи системаҳои идоракунии давлатӣ;

-исломи сиёсии тоҷик бо зарурияти мутобиқшавӣ бо шароити хоси давлати ягонаи мустақили миллӣ рўбарў буда, ногузир аст, ки дар ҷомеаи миллӣ, дар фаъолияти худ аз мавқеи мўътадили миллӣ баромад намуда, ҳуҷҷатҳои таъсисиву барномаҳои худро дар ин рўҳия такмил диҳад.

Темурҷон Каримов,
Равшан Усанов,
устодони кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

01 December 2014

Ҷашни боргоҳи ҳунар

Дирўз дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати 80 - солагии таъсисёбии ин боргоҳи ҳунар чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он намояндагони фарҳанг ва ҳунари вилоят иштирок доштанд.

Читать далее

Оё бунёди иншоот тибқи нақшаи асосии шаҳр аст?

Хуҷанд бо зебоӣ ва озодагии худ шаҳри хоса аст. Ин ҷо ҳамасола даҳҳо иншоотҳои хизматрасониву истиқоматии баландошёна қомат афрохта, ба зебогии шаҳр ҳусни бештар зам мекунанд. Имрўзҳо низ шаҳри Хуҷанд сохтмонгоҳи бузургеро мемонад, ки ҳадафи он бо бунёди биноҳои хуштарҳ тағйир додани симои шаҳр ва ҳарчӣ бештар ҷаззоб намудани он ҳам барои сокинони кишвар ва ҳам барои меҳмонони хориҷӣ аст.

Читать далее

Экстремизми динӣ-хатар ба амнияти ҷомеа

 Имрўз ташаккули системаи дастаҷамъии амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаи муҳим мебошад. Ба ин масъала имрўз баъзе таҳдидҳо хатари ҷиддӣ ташкил намуда, барои ноором гардидани суботи сиёсии ҷомеа мусоидат менамояд.

Ба номгўи ин таҳдидҳо дохил мешаванд:
1) Низоъҳои этникӣ, динӣ ва байни миллатҳо;
2) Муҳоҷироти оммавӣ;
3) Мубоҳисаҳои сарҳадӣ;
4) Пурзўршавии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир;
5) Пурзўршавии ҷараёнҳои экстремистӣ ва террористӣ.

Аксарияти ин муаммоҳо дар тўли якчанд даҳсолаҳо вуҷуд доштанд ва дар раванди сиёсии марҳилаи имрўза дар натиҷаи таъсири омилҳои дохилӣ ва беруна пурзўр гардида, барои ҷомеа хатари ҷиддӣ ташкил намуда истодаанд. Бисёре аз ин масъалаҳо вобаста ба тағйиротҳои геополитикӣ барои амнияти Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақа торафт хатарҳои навро ба вуҷуд меоранд.

Дар раванди сиёсии олам омилҳои динӣ - сиёсӣ ба тамоми давлатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла ба Тоҷикистон хатарҳои ҷиддиро ба миён оварда истодаанд. Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои “Таҳрир”, “Салафия” ва “Ваҳҳобия” дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба сохтори конститутсионии давлатҳо хатарҳои ҷиддӣ ташкил намуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки ҳизби “Таҳрир” дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла, дар тамоми минтақаи Тоҷикис-тон ҷонибдорони худро пайдо карда, барои зиёд кардани тарафдорони худ кўшиш карда истодааст.

Чунонки маълум аст, ҳадафи стратегӣ ва асосии ҳизби “Таҳрир” таъсиси хилофати исломӣ мебошад. Ин ҳадаф дар китобҳои “ Низоми исломӣ”, “Демократия низоми куфр аст”,”Сиёсати исломӣ”, ”Ҷомеаи Исломӣ” ва ғайра равшан нишон дода шудааст.

Тибқи ақидаи “Ҳизби таҳрир” масъалаи асосӣ барои мусулмонони тамоми ҷаҳон таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат ва инчунин ҳокими ягонаи мусулмонон таъин кардани халифа мебошад.

Ҷонибдорони ин ҳизб душманони ашаддии демократия ҳастанд, онҳо зидди ҳама гуна озодии шахс баромад мекунанд. Ҳамчунин онҳо озодии виҷдон ва мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро низ инкор мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ин ҳизб соли 1952 аз ҷониби Тақиуддин Набҳонӣ дар шаҳри Қуддус ташкил гардидааст. Баъди фавти ў ҳизбро Абдулқадим Золлуми фаластинӣ роҳбарӣ намуд.

Тарафдорони ин ҳизб дар бисёр давлатҳои араб, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Сурия, Лубнон ва ғайраҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, онҳо ба фишори сиёсӣ ва таъқибот дучор гардидаанд. Сабаби чунин муносибат дар он зоҳир мегардад, ки вазифа ва мақсадҳои сиёсии ин ҳизб хусусияти яктарафа, тундравӣ ва террористӣ дошта, он тамоми имконияти навъи созишу гуфтушунидро рад мекунад.

Асоси ғоявии ҳизби “Таҳрир” монисломӣ буда, фаъолияти он аз татбиқ намудани ин таълимот иборат мебошад, Равияи “Ваҳҳобия” равияе мебошад, ки зиёда аз сад сол қабл асос ёфта, дар Арабистони Саудӣ паҳн гардид. Ғояи ”Ваҳҳобия” аз барқарор кардани исломи давраи Муҳаммад пайғамбар ва бекор кардани ҳама гуна тағйиротҳо иборат мебошад.

Дар ҳудуди ИДМ ваҳҳобиҳо бори аввал худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон солҳои 1992-1993 зоҳир намуданд. Феълан онҳо дар водии Фарғона, дар ҷониби Қирғизистон ва Доғистон фаъолона амал мекунанд. Пешбарони ваҳҳобизм одатан ҷавонони гирифтори таассуб ҳастанд, ки омодагии низомиву ғоявиро дар марказҳои бурунмарзӣ гирифтаанд.

Равияи дигар ин “Салафия” мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни хеле нав аст ва он дар қисми ҷумҳурӣ паҳн гаштааст. Салафиён ҷиҳодро ҳамчун усули асосӣ баҳри вусъат додани ислом дар тамоми ҷаҳон меҳисобанд.

Бешак, ин равияҳо имрўз домани фаъолияти худро васеъ намуда, аз ҳисоби гурўҳи муайяни ҷавонон тарафдорони зиёд пайдо намуда, барои ҷомеа хатарро пурзўр гардонида истодаанд.

Мувофиқи маълумотҳо, соли равон дар вилояти Суғд якчанд гурўҳҳои экстремистӣ-динӣ аз тарафи мақомотҳои дахлдор дастгир карда шудаанд.

Чунончӣ, дар шаҳри Панҷакент гурўҳе дастгир шуд, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият менамуданд. Ба ғайр аз ин гурўҳ якчанд ҷавононро барои ҷанг кардан дар сафи мухолиф ба давлати Сурия равон намудаанд. Аз ноҳияи Спитамен низ якчанд нафар ҷавонон дар сафи «бунёдгарони исломӣ» дар Сурия ҷангида истодаанд.

Бояд зикр кард, ки фаъолияти равияҳои тундрави динӣ дар ҳудуди шаҳру  ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент ва Спитамен ба таври пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ фаъолият намуда, барои озодии шаҳрвандон, амнияти давлат хатари ҷиддӣ таҳдид менамояд.

Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ таъмин менамояд.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат азизу мўътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад. Агар ба таърихи гузаштаи миллат назар афканем, дар он кам нестанд шахсиятҳое, ки барои ҳимояи Ватани хеш ҷонфидоию қаҳрамонӣ кардаанд.

Талошу набардҳои мардонаи Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, С.Айнӣ, Ш.Шотемур, Н.Махсум, Б.Fафуров ва дигарон баҳри дифои манфиати миллати худ равона карда шуда буд. Чунин талошҳои ватандўстона баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда, самараҳои хурсандибахш хоҳад дод.

Бояд зикр кард, ки имрўз қувваҳое ҳастанд, ки барои ноором кардани вазъият ва халалдор кардани амнияти миллии ин ё он давлатҳои ҷаҳони муосир ҳавасманд мебошанд.

Бинобар ин онҳо ҳар гуна равияҳо, аз он ҷумла равияҳои миллиро дастгирӣ намуда, вазъиятро дар ин ё он минтақа халалдор ва барои амнияти давлатҳо хатарҳо ташкил менамоянд. Раванди сиёсии ҷаҳони муосир талаб менамояд, ки бар зидди хатари экстремистӣ - динӣ бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона мубориза баранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди ҳама гуна зуҳуроти хатарноки динӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид фаъолият намуда, дар ҷодаи таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.

Б.АЛИМОВ,
номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

А.ОДИНАЕВ,
номзади илмҳои таърих, дотсент, муаллими кафедраи сиёсатшиносии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее