April 2015

30 April 2015

Манъи пӯшидани сатри аврат

 Сарвари давлат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар зимни сафарҳояшон ба хориҷа урфу одат, анъана, забон, фарҳанг ва тарзи либоспӯшии мардум аҳамият дода, борҳо таъкид кардаанд, ки муқаддасоти асосии миллиро бо тамоми ҷузъиёташ эҳтиёткорона нигоҳ дорем.

Мо аз таърихи ниёгони худ огоҳ хастем, ки мардуми мо либоси занонаи зебое дошту дорад, зани тоҷик ҳеҷ гоҳ либоси сиёҳ намепӯшид. Ҳатто либоси мотамии мо сиёҳ нест.

Рӯзи тӯй – рӯзи хотирмон аст. Духтарони тоҷик худ зебо ҳастанд ва дар рӯзи тӯй боз ҳам зеботар мешаванд. Лекин ба ҷои ана ҳамон либоси сафеди аврупоӣ чӣ мешуд, ки либоси тоҷикӣ – куртаи атлас дар бар мекарданд.

Дар мактаб ба духтарон пухтупаз, дӯзандагӣ омӯзонда мешавад. Берун аз машғулиятҳои дарсӣ маҳфилҳои «Қолинбофӣ» ва «Кадбонуи ҷавон» амал мекунад. Дар ин маҳфилҳо духтарони синфҳои 9-11 –ро бо нозукиҳои тайёр кардани хӯрокҳои гуногун, шириниҳо, хӯришҳо, нонпазӣ (дар танӯр) ва қолинбофӣ шинос намуда, онҳо ба ҳаёти мустақилона тайёр карда мешаванд.

Дар мактаб чорабиниҳои гуногун, мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои «Канӣ, духтарҳо!» ва дарсҳои иловагӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи Шӯрои занон ва духтарони мактаб вохӯриҳо бо занони фаъоли шаҳраки мактаб гузаронида мешавад.

Ба духтарон ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, фарҳанги миллии худро нигоҳ доштан ба фарҳанги миллии бегона таассуб накардан баринҳо омӯзонида мешавад. Вақтҳои охир ба фарҳанги миллии бегона майл кардани духтарони мо ташвишовар шудааст.

Таърихи дигаронро омӯхтан, забони хориҷиро донистан ин ба ҳар як шахс хеле фоидаовар аст, лекин ба либоспӯшии онҳо тақлидкорӣ кардан айб буда, нисбат ба миллати худ беҳурматӣ кардан аст.

Чӣ хеле ки падари таърих -Ҳеродот мегӯяд:
- Либоси зан ҳаммаънои шарми ӯст. Баъзе духтарон куртаҳои тангу тор, ниҳоят нафис мепӯшанд, ки ин ба шаъни духтари тоҷик намезебад.

Баъзе духтарон худро мепечонанду, лекин ахлоқи бад доранд. Онҳо шояд барои он ки дигарон нашиносанд, мепечанд. Ҳиҷобпӯшӣ ин либоси тоҷикӣ нест. Дар давраи Инқилоб Аъламбӣ, Сайрамбӣ, Майрамбӣ барин занҳои ҷасур фаранҷиро аввалин шуда партофтанд. Дар роҳи озодии занон ҷоннисорӣ карданд.

Либосҳои печида пӯшидан беҳурматӣ ба таърихи миллати худ ва нишонаи бесаводӣ нест?. Пас, чаро имрӯз мо бояд печем?. Мо омӯзгорон, роҳбарони синфҳо байни духтарон озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Иди Атлас», «Зебосанам» гузарондем. Гузаронидани озмуни суруди «Алла» ба нақша гирифта шудааст.

Духтаронро ба китобхонӣ одат кунондан ҳам кори хеле хуб аст. Онҳо аз таърихи ниёгони худ огаҳ мешаванд, ба роҳҳои хато намераванд. Вақти холигии худро беҳуда нмегузаронанд.

Талабот ба сару либоси ягонаи мактабӣ ниҳоят пурзӯр карда шудааст. Духтаронро назорат намуда , куртаи аз зону поён пӯшидан таъкид карда мешавад.

Сангинова М. омузгори факултети фанхои чамъиятии ДПДТТ

 

 

 

Читать далее

Пешвои арзанда

 

 

 

“Ҳар гоҳ ки арбоби дину дониш ва худовандони рою хирад бар ҳазрати подшоҳ тараддуд кунанд, ҳар рўз ғалабаи зан(н) дар суботи он давлат бештар шавад ва касрати осору иморат ба давоми он мамлакат зоҳиртар гардад”.
                                                                                      (аз ҳикмати Юнон)

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш ба дасти дигарон кишт.

Ин гуфтаи Аллома Иқболи Лоҳуриро имрўз дар тариқи мулкдории сарвари кишвар метавон ба рўшанӣ дарёфт. Барои худшиносиву худошиносии миллат, дар навиштани тақдири халқу миллат бо дасти хеш давлатдориву раиятпаноҳии пешво ё худ сарвари кишвар бағоят нақши муассир дорад.

Президенти имрўзаи Тоҷикистон дар тўли сарварии худ ҳамеша бад-он кўшидааст, то халқи тоҷик нахуст дар амну осоиш умр ба сар баранд ва барои иҷрои ин ҳадаф бошад, тамоми имконият ва маҳорати мулкдории худро масраф сохтааст. Омўзиши таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки ҳеҷ давлату миллате бидуни сулҳу оромӣ ва субот ба ҳеҷ мақому мартабае ноил нагардидааст. Бо дарку фаҳми оқилонаи ин нукта сарвари давлат, муҳтарам Э. Раҳмон ҳанўз аз рўзҳои нахустини давлатдории хеш мақсад гузошта буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу суботро пойдор хохад кард ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан боз нагардад, осуда нахоҳад буд. Ҳар яки мо садои ҷонхароши барномаи «Хоки ватан»-ро, ки ҳамватанони моро аз ҳар гўшаву канори олам ба Ватан мехонд, дар ёд дорем. Хушбахтона, тоҷикони фирорӣ дубора ба Ватан баргаштанд ва сару сомони хешро дар меҳан ёфтанд.

Рўй овардан ба таърихи гузашта, дастовардҳои ниёгони худро шинохтан онро чун мероси гаронмоя ҳифз доштан, дўсту иттифоқ ва муттаҳид будан ва муҳимтар аз ҳама, фаромўш накардани ин нукта, ки тоҷикон мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буданду мемонанд, аз маҳаки фаъолияти сарвари хирадпешаи мост. Маҳз, устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ки аз унсурҳои пойдорӣ ва бақои давлату миллат аст, моро рўз то рўз ба пеш мебарад. Сохтмони нақби Истиқлол, наздик шудани самти шимол ва ҷануби кишвар ва дар ин замина бо ҳам омадани мардуми тоҷик дар шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши муҳим хоҳанд дошт.

Имрўз рушди тамоми соҳаҳои фаъолияту зиндагӣ дар Тоҷикистон босуръат ба пеш меравад. Агар ба як худи Хуҷандшаҳрамон бингарем, мебинем, ки сохтмони биноҳои замонавӣ сол то сол ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза меафзоянд. Ин гуна босуръат пеш рафтани сохтмонро пештар дар мамолики хориҷа дида, моро ҳаваси бунёди чунин шаҳрҳо меомад. Амалӣ гардидани ин орзуву ҳавас далолат ба он мекунад, ки имрўз Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин аст. Ва моро ҷои он мемонад, ки дар ҳар чӣ бештару пештар аз пешрафт ва дастовардҳои мардуми сайёра бархурдор гардидани Тоҷикистон саҳмгузор бошем, қадри ин неъмат бидонем ва шукри неъмат ба ҷой орем.

Муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиноси ДДХ ба номи академик Б.Гафуров Қорихонов. С.О.

 

 

 

Читать далее

Абармарди сулҳофар

 Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон Президенти Ҷумҳур мўҳтарам Эмомалӣ Рахмонро ҳамчун роҳбари инсонгаро мешиносад ва барои хеш кашф кардааст. Зеро мақсад, марому рисолаташ сулҳу субот ва обод кардани Ватан аст. Ў дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон ва ба андешаи миллӣ табдил додани он саҳми беназир гузоштааст.

Имрўз дар таърихи ҷаҳони муосир мактаби сулҳи тоҷикон басо ибратомўз буда, ба худ назир надорад ва оғози ин мактаб ва густаришу такомулёбии он ба туфайли хидматҳои шоиста ва беназири фарзанди фарзонаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад. Маҳз хираду маърифати фитрии ў буд, ки Тоҷикистон дар байни қувваҳои гуногун талошу мубориза бурда, ҳокимиятро ба даст овард; оташи ҷанги шаҳрвандиро фурў нишонд ва фазои эътимоду боварӣ, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллии ҷомеаро ба вуҷуд овард; дар баргузории ислоҳоти сиёсӣ, ташаккули пояҳои давлатдорӣ, ташкили нерўҳои мусаллаҳи миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ, барои ба вуҷуд овардани заминаҳои иҷтимоии ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккулёбии сиёсати хориҷии кишвар саҳми ва носутуданӣ гузошт.

Нуқтаи баландтарин дар фаъолият ва роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комилан ба анҷом расидани раванди бозгашти фирориёни иҷбори буд, ки обрў ва манзалати ўро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт ва сабабгори ҳамчун ташаббускори иқдомҳои созанда эътироф гаштани Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки маҳз бо хиради гирову чашмгир ва ташаббуси бебоконаи ў хавфи аз байн рафтани Тоҷикистон ва тақсимшавии миллат нигоҳ ва пешгирӣ карда шуд. 12 декабри соли 1992. Соли фаромўшношуданӣ барои миллат ва шахсан худи ман аст. Зеро ба сари кишвари азиз фоҷиаи даҳшатбор омада буд ва маҳз шуҷоат ва эътимоди комили ин фарзанди дар ҳақиқат дилсўзу ғамхори миллат буд, ки хирадро зевари хеш ороста, дар чунин шароити мураккабу муташанниҷ барои барқарор намудани сулҳу амният муроҷиатнома қабул кард ва дар назди ҳукумат ва халқ иҷрои вазифаҳои мубрами зеринро ҳатми арзёбӣ намуд:

а) ба таври таъҷилӣ барқарор намудани фаъолияти идоракунии маҳаллӣ
б) барқарор намудани сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
в) барқарор намудани фаъолияти корхонаву муассисаҳо ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ
г) баргардонидани гурезаҳо ва таъмини ҳаёти осудаи онҳо

Абармарди фарҳрехтаи миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомлаӣ Раҳмон дар охири Муроҷиатнома бо эътимоди қавӣ ва азму иродаи қатъӣ изҳор дошт, ки “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул – гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

Маҳз назари нек ва эътимоди комили Сарвари давлат ба ояндаи кишвар буд, ки имрўз Тоҷикистон гул – гул мешукуфад ва шукуфта истодааст. Гумон мекунам, ки эътимод ва боварӣ ба мардум буд, ки ягонагию ваҳдат дар Тоҷикистони азиз тантана кард. Бунёд кардани ҷомеаи инсондўстонаву демократӣ ҳадафи ягона ва арзишманди мо буду ҳаст. Зеро ин андешаҳо аз меҳвари фаъолияти давлатӣ ва сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бунёди давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд асос гузоштааст, бармеояд. Таъин ва рўи кор омадани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва самараи неки талошҳои мардуми кишвар барои сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон падидаи неки ҳаёти ҷамъият дар охири асри ХХ маҳсуб ёфта, далели он аст, ки андеша ва кору пайкори Савари давлат дар масоили ваҳдат, сулҳу субот, оромиву якдигарфаҳмӣ миёни тамоми қишри ҷомеа ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудааст.

Вобаста ба ин мехоҳам бигўям, ки мо, зиёиён, бояд аз фаъолияти беназири сулҳофари Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бардошт, натиҷагирӣ ва сабақ гирифта, дар ҳаёт мавқеи фаъоли шаҳрвандиро, ки оганда аз ғояҳои олӣ ва ҷовидона – сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллию ватанпарастиро дар дилу шуури наслҳои нав ҷой намуда, арзишҳои пешқадами умумибашариро дар ҷомеа тарғиб намоем. Алалхусус, дар давраи ҳозира, ки ғояҳои олии башардўстона тақозои ҳаёт ва зарурати зиндагӣ ба шумор меояд.

Хидматҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва заҳмати содиқонаи ў барои инсоният аст. Аз ин рў, ҳаётномаи ў тимсоли хизмати беназири фарзанди фарзона ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.

Воқеан, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки барояш сулҳу адолат ва сиёсат муродифи якдигаранд. Ў дар ҳақиқат шоистаи унвони баланд Қаҳрамони Тоҷикистон аст, зеро маҳз қаҳрамонӣ, фидокорӣ ва ҷасорату матонати ў буд, ки имрўз мо дар мамлакати озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибистиқлолу биҳиштосо умр ба сар мебарем. Меҳри ў дар ошёни баландтарин – дили халқ маскан гузидаву маъво гирифтааст.

Зеварой Бобоева
устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Пешвои миллат ва раҳнамои давлат

( Дар ҳошияи мақолаи академик Носирҷон Салими ва Холаҳмади Самеъ «Пешвои миллат»

Рамзҳои кишвари ман ифтихори миллатанд,
Ҳам забони модарӣ, ҳам арзи ҳастии диёр.
Шукр бар фарҳанги бою шукри таърихи куҳан.
Шукр бар ин давлату бар тоҷики овозадор…….

Оре ҳақ ба ҷониби ин гуфтаҳо. Хушбахтию осудагии ҳар як инсон аз ободию оромии кишвари хеш ва тамоми муҳите, ки ўро иҳота мекунад иборат аст. Пас бояд шукри ин давлату ин миллат ва шукри таъриху фарҳангро баҷо овард. Чунки ҳамаи ин муқаддасоте, ки имрўз мо дорем осон ба даст наомадааст. Ҳамаи мо огоҳии комил дорем, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ин осудагию мустақилие, ки ману шумо имрўз дорем чӣ қадар заҳмату вазниниҳоро ба дўши хеш гирифтаанд.

Дар соли таҷлили бистумин солгарди Сарқонуни умҳурии Тоҷикистон, ки воқеан соли бобарору баракатовар буд, аз мазмуну мўҳтавои Паёми Президенти мамлакат аён мегардид, ки он сол пойгоҳест, ки тавассути он ҳамаи мо бояд ба қуллаҳои баланди рушд то соли 2020 ҷаҳиши ҳамаҷонибаро аз сар гузаронем. Ин Паём барои ҳамаи мо имконият медиҳад, ки бо ин роҳи тайшуда бо хираду фаросати комил назар афканему тараққиёти минбаъдаро саҳеҳ ва аниқ муайян намоем. Ва суханони Сарвари давлат, Ҷаноби олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҳар сўҳбати худ оид ба бузургдошти фарҳанги миллӣ таъкид медоранд, дар мадди назар дошта бошем:

«Имрўз тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри XXI мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва падидаву зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад.

Вобаста ба ин, мо бояд имрўз низоми нави рушди соҳаи фарҳангро ташаккул диҳем, ки мазмуну мундариҷаи он ба ташаккули симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодкориву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф медиҳад». Имрўз мардуми шарифи тоҷик дар симои Сарвари давлатамон падари маънавии аҳли зиёро мебинад, ки дар ойини давлатдорӣ ва миллатсозӣ мақоми ҳунармандро аз авранг боло медонад. Аз ҳамин лиҳоз Сарвари маҳбуби мо мояи ифтихору эътиқод, такягоҳу равшангари роҳи фардои миллати бузурги тоҷик аст!

Мо бояд шукронаи онро кунем, ки имрўз Тоҷикистон тинҷу ором аст. Ва фарзандони мо орому осуда илм меомўзанду даврони ҷавонӣ меронанд. Имрўз дар даврони истиқлолият нақши муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна ва олӣ дар кори таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон хело муҳим мебошад. Онҳо дар кори равнақу шукуфоии мамлакатамон саҳми арзанда мегузоранд. Барои беҳтар шудани таълиму тарбия Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи бисёр муҳим ва ҳамаҷонибаро дар назди худ гузоштааст, ки ин ҳам аз хирадмандиву донишмандӣ ва маърифатпарварии Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон дар мақолаву осори хеш таъриху гузаштаву имрўзи тоҷикро қиёсу муқобала карда, тараққиёту пешрафти мамлакатамонро ба ҷаҳони муосир ба таври бояду шояд тасвир карда истодаанд. Донишмандони тоҷик академик Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмади Самеъ дар мақолаи худ “Пешвои миллат” симои аслии Президенти мўҳтарам, ҷавҳари ботинии ин шахси абарқудратро бо тамоми ҳастиаш нишон додаанд:

“Эмомали Раҳмон худ дурахшонтарин шахсиятест, ки ин рисолати муқаддаси ормони дар саропои фитраташ бо шукуҳи тамом тачалли кардааст, нахустин точике аст, ки дармаснади олии роҳбари кишвари моро дар арсаи чаҳон муаррифи кард ва ба рағми точикситезиҳои дохиливу хоричи бо камоли часорат Точикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳанг ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати демократи дар саросари дунё аз мақоми арчманде бархурдор намуд”. Мо ҳамчун як омўзгор, зан, модар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон, Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва барои пешрафти ватану халқи азизи худ саҳми худро мегузорем.

Устодони ДДХ.факултаи Филологияи тоҷик, дотсент. Бобоева М. дотсент, Неъматова М.

Читать далее

Пешвои миллатофарин

 Ҳайати намояндагони Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд, интихоб намуданд. Дар ҳамин сессия Эмомалӣ Рахмон ваъда дод, ки сохти конститутсионии ҷумҳуриро барқарор ва пойдор месозад, ҳамаи гурезагонро ба ватан бармегардонад, сулҳу ваҳдатро дар ҷумҳурӣ пойдор месозад.

Даҳҳо маротиба бо намояндагони опозитсион дар хориҷи кишвар вохўрӣ ва гуфтушунид гузаронд. Бо мурури замон сохти конститутсионии ҷумҳуриро барқарор ва пойдор сохт, гурезаҳоро ба ватан баргардонд, ваҳдати миллатро барқарор сохт. Тоҷикистонро зиёда аз 130 давлати дунё ҳамчун ҷумҳурии мустақил, соҳибистиқлол шинохт ва эътироф кард.

Дар зери сарварии ин шахси некном, нексиришт, боғайрат ва эҷодкор ҷумҳурӣ рушду нумўъ кард. Дар сиёсат, иқтисодиёт, маорифу маданият, хоҷагии қишлоқ, саноат ва ғайраҳо пешравиҳои бузург ба амал омаданд.

Ҳаёти халқ рўз ба рўз беҳтару хубтар гардид. Сатҳи зиндагии мардум хуб шуд. Президенти ҷумҳуриамон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи унвонҳои олӣ сазовор мебошад. Аз ин рў, ман ба пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олӣ тарафдор ҳастам ва аз сидқи дил ҷонибдорӣ менамоям.

Барои гирифтани унвони Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омўзгор ҷонибдорам.

Абдуллоҷон Мавлонов,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Эътирофи пешвои рушду такомули миллат

 Таърихи муосири миллати мо абармарди бузург, фарзанди шуҷоъи худро ба саҳнаи сиёсат овард, ки вай дар талоши ваҳдату адолат, ҳифзи диёри аҷдодӣ, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ пешвою дардошнои мардум гашта, дар пайраҳаи пур аз печутоби зиндагӣ, дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти мардум, тамоми ҳастии худ, ҳаёту қисмати худ, бурду бохти худро бо тақдири Ватан ва миллати худ пайваст.

Воқеан, мо - насли имрўза шоҳиди он ҳастем, ки дар як вазъияти тақдирсози миллатамон вориси сиёсатмадор, пешвои адолатхоҳ ба саҳнаи давлатдории нави тоҷикон омада, тавонист фазои сулҳу суботро дар кишварамон барпо ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатиро таъмин намояд, ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи боэътимод гузорад. Наслҳои имрўзаву оянда бояд огаҳӣ дошта бошанд, ки ин шахсияти бузург, оқилу содиқи миллат ва Ватан-модар бо кадом қиммат ба эҳёи миллати тоҷикон, якпорчагии давлати Тоҷикистон, осоишу оромии ҳаёти мардум шурӯъ намуда, ба он ноил гардид, ба рушди минбаъдаи давлатдории нав, зиндагии шоистаи мардум қадам гузошт.

Э.Раҳмон дар як вазъияти мураккаб ва ноором, ки давлати тоҷикон дар вартаи ҳалокат қарор дошт, масъулияти гаронеро ба зиммаи худ гирифт, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр бо сарбаландӣ ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шавад ва мардуми кишвар ба сӯи ҳаёти осоишта ва арзанда, ба остонаи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо умед қадами устувор ниҳад.

Дар замони муосир – дар замони таҳҳавулот ва таъғйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, баландшавии тарғибот ва ташвиқоти ғояҳои қувваҳои гуногун, идеология ва ташаккули нигоҳи нави иҷтимоӣ Э.Раҳмон, пеш аз ҳама, худро дар назди наслҳои ҳозира ва ояндаи миллат масъул ва вазифадор донист, ки таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, осоиштагӣ, ободӣ, оромии ҳаёти мардуми мамлакатро, фазои сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро таъмин намояд. Ба ҳамаи душвориҳои иқтисодиву сиёсӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-маънавӣ нигоҳ накарда, бо сайъу кӯшиши пайваста ва оқилонаи худ, Э.Раҳмон тавонист дастовардҳои миллии тоҷикон, муқаддасоти миллӣ, дурнамои боэътимоди давлатдории миллӣ, истифодаи оқилонаи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эҳё, эълон ва таъмин намояд.

Дастовардҳои бузурги миллии мо, дар воқеъ натиҷаҳои кору пайкори пешвои тоҷикон - Э. Раҳмон мебошанд.

Раҳматулоев А.Э.-мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Бегона ва бегонапарастӣ

 Воқеан инсонҳои рўи олам аз аввалин ғамҳояш дар ҳаёт ба мушкилиҳо ва муборизаҳо ва мушкилиҳои бо ҳам муқобил рў ба рў буд. Оғозшавии ин мушкилиҳо аз сабаби бо ҳам зид будани ду қувва бадию некӣ мебошад ва дар даврони муосир хусусан, солҳои 2014-2015 ба одамон имкони муқоиса кардан байни ин ду нерўъ ба назар марасад,зеро ки инсоният қимматии хасоили ҳамидаи худро аз гуфтор, рафтор ва кирдори нохуш ҷудо карда,дар шароити хубу ором,ҳаёти бурбаракат ва осудаҳолиро поянда карда бошанд.

Аммо дар ҷомеаи имрўза мафҳуми бегона ва бегонапарастӣ доғи рўз шудааст.Одамони торикхоҳу ҷаҳолатпараст, холо ҳам дар канорҳои гуногуни ҷаҳон бо фикрҳои бадхоҳона амал мекунанд.Бо чунин хислатҳои миллатпарастӣ, пайравӣ кардан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни диннӣ ба монанди гирифтани сатр, ҳамроҳ шудан ба амалҳои гуногуни тероризм, ифродгароӣ, экстремизм, яъне ин гуна амалҳо аҷдод, қабила ва миллатро ба ноосудагиву нооромӣ оварда мерасонад.

Гирифтани сатр барои дини мубини ислом ноҷоиз аст ва албатта Президенти кишвар муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият тўли чандсолаҳо дар гузоришҳои худ таъкид месозанд,ки ба ҳар гуна амалҳову ҳаракатҳои ғайридавлатӣ мардум дода нашаванд, зеро ки мо мардуми тоҷик осудагиву оромӣ ва ҳамчун ободиву сарсабзиву хуррамии кишвари худро карда бошем.Ин ҳама амалҳои бад аз сабаби надоштани мафкураи дуруст, илм ва маърифат, меҳру садоқат , хоксорӣ ва ҳоказо мебошад.

Имрўзҳо дар ин марҳилаи фоҷиабор лаб ба хомўшӣ карда набошем , чунки амалу ҳаракатҳои гуногун хатари нохушро пеш меорад. Барои аз байн бурдани амалҳои ғайридавлатӣ бешарафу бетараф набошем.

 

 

 

Читать далее

Падидаи пешвои миллӣ

 

 

 

Воқеан андешаҳо ва ташаббуси созандагии ҷаноби олӣ мўҳтарам Э. Раҳмон ғояи наҷоти миллат гардида самти тамоми дигаргуниҳоро дар кишвар ба сўи давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандаи муайян намуд. Барқарор кардани сулҳ дар кишвари мо ҷузъи муҳими таҷрибаи бунёди ҳайёти осоишта гардид, ки ба муҳит ва хусусиятҳои ҷаҳони муосир мувофиқат кард. Ин роҳи пешгирифтаи пешвои миллат пур аз монеаву душвориҳо буд, ки сарвари давлат Э. Раҳмон масъулияти азимеро ба зимма гирифта, сабру таҳаммул маҳорати баланди сиёсӣ зиракию одоби касбӣ, санъати созиши музокирот ва эҳсоси ватандўстиро сармашқи худ қарор дода осоиштагию ободиии давлатамонро таъмин намуд.

Созишномаи таърихии сулҳ ва ризоияти милли дар Тоҷикистон аҳамияти умумимиллӣ пайдо намуда ба аҳли ҷомеаи ҷаҳон намунаи сулҳу осоишро дар муқовимати минтақави нишон дод. Инчунин намунаи усули самарабахши бартараф намудани ихтилофу низоъ беистифодаи зўроварию таҳдид эътироф гардид. Сулҳ дар Тоҷикистон ба рафти рўйдодҳои сиёсию иқтисодии минтақа таъсири ҷидди расонид. Паҳн гардидани падидаҳои хавфнокро дар минтақаи Осиёи миёна боздошт, таҳдиди хавфи давом ёфтани муноқишаҳои мусаллаҳоанро дар ҳудуди дигар давлатҳои ҳамсоя пешгири ва бартараф намуд.

Ҳоло барои ҳама равшан аст, ки тадбиқи барномаҳои созандагӣ ва ояндасоз бо раҳнамоии Э. Раҳмон амали гашта истодаанд, ки ба ҳимояи манфиатҳои милли дастовардҳои истиқлолият ва таъмини ҳайёти арзандаю шоистаи мардум нигаронида шудааст. Аз ин рў эътирофи падидаи пешвои миллат ин қадршиносии шахсест, ки сарнавишти миллатро эҳё ва рушд бахшидааст.

Авезова З.Б.- сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

 

 

 

Читать далее

Президент- кафили сулҳ

 Сабақҳои талхе, ки халқи мо гирифт, бояд аз насл ба насл дар хотири миллатамон боқӣ бимонад. Ҳар кадоми мо , ки аз имтиҳони душвор гузаштем, таълимоти асили диниро аз идеалогияҳо ва пешвоёни онҳо, ки дар зери пардаи муқаддасоти инсонӣ- Исломӣ одамро аз ҳуқуқу озордиҳо маҳрум карданӣ мешаванд, ба осонӣ фарқ карда метавонем.

Дар ҷараёни фоҷиае, ки халқи мо аз сар гузаронд, мардум дарк намуд, ки ҷудоиандозӣ ва кӯшишҳои қувваҳои иғвогари пасипардагӣ,талошҳои тоҷикро ба асил ва ғайриасил, мусулмон ва номусулмон ҷудо кардан чӣ гуна бадбахтиҳо ба бор оварда метавонад. Конститутсияи мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр,демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намудааст. Сатҳи муқаддасоти ахлоқии халқи тоҷик басо баланд аст.Он на танҳо аз маънавиёти динӣ, балки аз мероси пурғановати фарҳангию таърихӣ сероб мегардад.

Бартараф намудани нуқсонҳо, амсоли нашъамандӣ, бадахлоқӣ, ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти манфиро мо дар роҳи солимгардонии ҷумлаи тазоҳуроти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва аз бӯҳрон ҳамчунин бӯҳрони маънавӣ раҳо ёфтани мамлакат мебинем.

Якдигарфаҳмӣ фаҳат замоне пойдору устувор шуда метавонад, ки шуури одамон аз ҳама гуна таассуби идеологӣ, динӣ ва хуруфотӣ озод бошад.

Бигузор одами диндор ба ақидаи худаш,гурӯҳҳои дигари сиёсӣ ба асосномаҳои худ вафодор бошанд, вале дигаронро маҷбур насозанд, ки ба ақидаи онҳо пайравӣ карда, зӯран ба сафи онҳо дароянд. Таърих гувоҳ аст, ки роҳи расидан ба истиқлолият ва худшиносӣ дар ягон давру замон безаҳмат ва ҳамвор набудааст. Тамаддуни Ислом низ худшиносиро инкор накарда, мӯъминро бародари мӯъмин хондааст ва таъкид кардааст, ки бародарон бояд дасти ҳамдигар гиранд, муҳаббату эҳтиром миёни онҳо афзояд ва ба душманию адоват ҷой намонад.

Парчами абадзиндаи давлати Сомониён ва ҷаҳду талошҳои бардавоми Исмоили Сомонӣ барои эҳёи суннатҳои миллӣ, ойинҳои деринаи давлатдорӣ, мутаҳидсозии қавму халқиятҳои парокандаи тоҷик ва поягузорӣ намудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар аҳди соҳибқудратии хилофоти араб ва шукуфоии тамаддуни Исломӣ барои мо пандест ибратомӯз ва ҳидоятгар.

Ҳама чун як тан меҳнати ҳалол ва созандагию ободкорӣ намоем, то ки сатҳи зиндагии мардум имрӯз нисбат ба дирӯз ва фардо нисбат ба имрӯз беҳтар гардад. Ҳар кадоми мо сабру таҳаммулро пеша карда, ба фардои зиндагӣ ва пешомадҳои неки сарзамини хеш хушбин бошем, кинаву адоват ва бадхоҳиро аз дилҳои худ берун созем ва пайваста дар хотир дошта бошем, ки мо ҳама аҳли як Ватан, зодаву парвардаи як хок, яъне Тоҷикистони азиз ҳастем.

Ёкубова А., омузгори ДИС ДДТТ

 

 

 

Читать далее

Саодати фарзанд дар ахлоқи ўст

Оила чун асоси ҷамъият дар ҷомеаи мутамаддин мақоми хоса дорад. Пойдорӣ ва устувории он асоси ҷомеаи солим аст. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд мекунанд, «Оилаи солим асоси ояндаи миллат аст». Давлат ва оила бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мақоми оила дар ҳар давру замон барои муайян намудани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабӣ нақши муҳим дорад.

Читать далее