December 2015

21 December 2015

ПЕШВОИ МО!

Ман ҳамчун ташнаи обҷў ё барги дарахте, ки вазидани боди фараҳфизоро пазмон шудааст ё ҷисме, ки Исодамеро интизор аст ва ё сабзае, ки анқариб ба субҳи рўҳафзояш мерасад ё ин ки амсоли муриде, ки ба дидори пири хеш ҳамин ҳоло шарафёб мегардаду сархуши бодаи сухани нобаш мешавад, ҳар як мулоқотро бесаброна мунтазир мешавам. Имрўз ҳам бо инояти Худованд дар ин толори мўҳташам шарафёби дидораш шудан маро насиб хоҳад кард.

Читать далее

Мастчоҳ: Дар заминҳои бекорхобида боғоти сиёҳолу бунёд мешавад

Санаи 16 декабр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишар ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд гузашта, дар ин замина бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум заминҳои нав аз худ, шаҳракҳои наву замонавӣ ва боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешавад.

Читать далее

17 December 2015

А. Қодирӣ: «МН МО ҶТ воқеияти мавҷударо ба расмият даровард»

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 воқеияти мавҷударо ба расмият даровард.

Читать далее

Ҳақиқати Суғд №151

 
Читать далее

Муҳоҷирони муваффақ-шарикони боэътимоди рушд

(чунин гуфт зимни мусоҳиба Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифова Зайнура Шарофовна)

4 декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси резолютсияи 55/93 18 декабро Рӯзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд. Ҳамчунин соли 1990 аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо қабул карда шудааст.

Читать далее

Бозтоби тафаккури миллатсоз

Бо сиёсати одилона ва маорифпарваронаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрўз Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфт. Боиси истиқболи тоҷикони тамоми дунё аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои дигар Истиқлолияти комили худро ба даст овард.

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, нишоне аз ҳастии худ, будани халқе бо номи тоҷик ва ошно сохтан ба ҷаҳониён аст, ки ин миллати бофарҳанг фанонашаванда аст, агарчанде душманону бадхоҳони ин миллат ба соҳибистиқлолии ин Ватан чашми умед надоштанду бо кинаву адоват ҳарф мезаданд, вале ба бахти ин мардуми шариф хираду ақли солим ғалаба кард. Ба истифода додани иншоотҳои бузург, ташкили муссисаву корхонаҳои саноатӣ, мактабу донишгоҳҳо, ба истифода додани садҳо корхонаву идораҳо, бо ҷои кор таъмин шудани ҳазорон нафар шоистаи таҳсин аст.

Дар муддати кўтоҳтарин Тоҷикистон дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз се ҳадафи давлат маҳсуб меёбад, ба дастовардҳои бузург ноил гардид.

Имрўз бо сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо аз як давлати кўчак ва ҳам ҷангзада як давлати пешрафта ва мутараққӣ ба вуҷуд овардем. Ҳамчун роҳбари аввал ва сарвари ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон Президент барои пешрафту рушд ва муаррифӣ кардани суннатҳои мардумию миллӣ ва тамаддуни тоҷик хеле заҳмат кашиданд.

Рўзи 9 декабри соли 2015 дар ҷаласаи навбатии Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид, ки аз ҷониби як гурўҳ зиёиён ва ҳам мардуми Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон хизматҳои Сарвари худро ба хубӣ дарк карданд, зеро мо медонем, ки Ҷаноби Олӣ арзандаи ин унвон ҳастанд.

Имрўз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари оддӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу Ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмўъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки Пешвои миллӣ будани эшон як ҷойгоҳ, нақш ва рисолати таърихиест, ки ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидаанд.

Қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ аст, ки аз андешаи мардумамон берун омад. Аз ин нуқтаи назар шинохти Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Пешвои миллат бозтоби тафаккури созанда аст, ки Тоҷикистон аз баракоти ҳидоятҳои Пешвои миллат роҳи наву тозаеро пеш хоҳад гирифт.

Мўсобек Мироватов,
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва илми вилоят

 

 

 

Читать далее

Гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст!

Гузориш аз таҷлили 85 - солагии рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

«Матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, ба таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавзўъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Читать далее

Ҷавонони Суғдзамин-ҷонибдори Пешвои миллат!

16 декабр дар хиёбони Исмоили Сомонии маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд беш аз 15 000 нафар ҷавони вилояти Суғд бо баргузории раҳпаймоие ҷонибдории худро ҷиҳати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шинохта шудани Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Читать далее

Бозтоби ҳақиқат - китоб ба ифтихори 85-солагии рӯзномаи Ҳақиқати Суғд

Хучанд, 15.12.2015. (АМИТ Ховар).-Соли равон ба таъсиси яке аз нахустин ва куҳантарин нашрияҳои ҷумҳурӣ рӯзномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳақиқати Суғд 85 сол пур шуд. Бахшида ба ин ҷашни хотирмон аз ҷониби аҳли қалами рӯзнома китобе бо номи Бозтоби ҳақиқат аз нашр баромад.

Читать далее

16 December 2015

Ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ

Мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ! Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо самимияти афзун ба Шумо барои дастгирии васоити ахбори умум, кўмакҳои моддӣ – маънавӣ ба журналистон, собиқадорони матбуот арзи сипос менамояд.

Ҷамъбасти озмуни «Хомаи созанда» ва ҳавасмандии моддии журналистон далели шоёни татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри равнақи ормонҳои миллӣ, арзишҳои волои инсондўстӣ, ватанпарастӣ, вусъати худшиносии миллӣ, тараннуми сиёсати ҳамгироӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад.

Роҳбарияти вилоят бо сарварии Шумо аз аҳамияти басо муҳими васоити ахбори умум, саҳми он дар ташаккули маънавиёт, неруи оштинопазири ВАО дар мубориза бо унсурҳои зишти бегонапарастӣ, терроризм, экстремизми миллӣ, ки Сарвари давлат аз хатари он таъкид менамояд, самарабахш истифода мебарад.

Маҳз чунин тадбирҳо ва иқдомҳои Роҳбарияти вилоят хомаи созандаи аҳли қаламро ба инкишофи иқтисод, шукуфоии ҳаёти иҷтимоӣ, равнақи интернатсионализм мусоидат намудааст. Қобили зикр аст, ки дар тарғиби таҷрибаи болоравии дараҷаи некуаҳволии мардум низ имрўз васоити ахбори умуми вилоят пешсаф мебошанд.

Таҷлили 85-солагии нашрияи «Ҳақиқати Суғд» низ тадбири муҳими сиёсӣ буда, нерўи созандагии аҳли қаламро тақвият мебахшад.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳам-замон омўзиш ва паҳн намудани таҷрибаи вилояти Суғдро дар ин мавзўъ матраҳ намуда, қобили дастгирӣ мешуморад. Чунин фаъолияти пурарзиши роҳбарияти вилоят дар шакли рисола, барнома манзури умум хоҳад гардид.

Барои Шумо, Абдураҳмон Қодирӣ тансиҳатӣ, пирўзиҳои нав ба нав баҳри татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таманно дорем.

Бо эҳтиром,

Муовини аввали раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода

 

 

 

Читать далее