December 2015

16 December 2015

Арҷгузорӣ ба соҳибқалам илҳомбахш аст!

Мўҳтарам, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ! Бо дастгирии Шумо, Раиси мўҳтарам, санаи 15 декабр дар Театри мазҳака - мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ҷашни 85-солагии яке аз нашрияи кўҳансолтарини вилоят – «Ҳақиқати Суғд» таҷлил гардид, ки аз ин мо, кулли кормандони идора сипосгузорем. Ба шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, сиёсати некбинона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому амалҳои шоистаи Шумо, Мўҳтарам Раиси вилоят, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд рушду тараққӣ намудаанд.

Дар ин давра соҳаи фарҳанг, аз ҷумла матбуоти даврӣ низ хеле рушд ёфт. Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамешагии Шумо, Раиси мўҳтарам, ҳайати эҷодии рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» низ пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамқадами замон бошад ва аз набзи ҷомеа, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар тавассути нашрия сокинони вилоятро огоҳ созад.

Тибқи қарори Раиси вилоят доир гардидани тантанаи 85-солагии рўзнома ва қадршиносии кормандон, мо, ҳайати эҷодии рўзномаро вазифадор месозад, ки барои рушду нумўи кишвар, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду озод масъулияти бештар эҳсос намуда, минбаъд низ ба рисолати касбии хеш содиқ монем, то нашрия дар татбиқи сиёсати давлатӣ саҳмгузор ва минбари ҳамешагии розу ниёзи мардум, чароғи роҳнамо ва нерўбахшу ҳидоятгари ҷомеа бошад. Ба Шумо, мўҳтарам Раиси вилоят, изҳори сипос намуда, ба фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно дорем.

Бо камоли эҳтиром:
ҳайати эҷодии рўзнома

 

 

 

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори 85-солагии таъсисёбии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

Яке аз нахустин ва кӯҳантарин рӯзнома нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» 85 - сола шуд. Давоми мавҷудияташ ин рӯзнома роҳи пуршарафро тай намуда, дар ҳар давру замон рисолати азалии хеш - минбари розу ниёз, ифодагари раъйи мардуми созандаву ободкор будани худро ба ҷо овардааст.

Читать далее

М.Абдуллоев: Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оинаи рӯзгори мардуми Суғдзамин аст

«Матбуот - ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавзӯъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад». Э.Раҳмон

Читать далее

Дилшинос будан барои инсон шара аст!

Саломат бошед, устод!

Дар ёдам ҳаст, ки моҳи ноябри соли 1992 мақоларо бо номи «Хешро бишнос» навишта, ба идораи рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҳақиқати Ленинобод» овардам. Маро як нафар ходими адабии рўзнома пешвоз гирифта, баъди мутолиаи мақола ба утоқи кори сармуҳаррири ҳамонвақтаи рӯзнома Файзулло Атохоҷаев гирифта даромаданд. Чеҳраи кушод ва табассуми доимии устод то ҳанӯз дар хотирам нақш бастааст.

Баъди ошно шудан бо мўҳтавои мақола бо табассум ба ман сухан оғоз намуданд.

- Мақолаатон тамоюли сиёсию илмӣ дошта, дар тарбияи худшиносӣ ва меҳанпарастии толибилмон ва ҷавонон наrш дорад. Агар ба оммавӣ ва фаҳмотар шудани мавзӯи навиштаатон камтар кӯшиш мекардед, мақолаатон боз ҳам хонандаи зиёдро пайдо мекард.

Дар вақти холигатон ба навиштаҳои рӯзноманигорони касбӣ Карим Шариф, Тавҳида Ҷӯраева, Саидамин Ҷило, Гулҷаҳон Маҳкамова мароқ зоҳир карда, онҳоро хонед, ба навиштани мақолаи минбаъдаатон ёрӣ мерасонанд. Ҳаракат кунед, ки умумӣ навиштанро кам карда, бо факту рақамҳо мисол оварданро сармашқи фаъолияти рӯзноманигории худ rарор диҳед, кӯшиш намоед, Шумо рӯзноманигори хуб баромада мешавед.

Ин суханҳои сидқона гуфтаи устод ба ман болу пар бахшиданд. Ҳамин тариқ қадамҳои аввалини ман дар ҷодаи рӯзноманигорӣ гузошта шуданд. Ман чун шогирд фахр дорам, ки устоди азизу меҳрубон ва ќаламкаши соҳибтаҷриба Файзулло Атохоҷаев рӯзҳои барпо гаштани Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ҳамчун сарвари доно ҷомеаи эҷодии рўзномаи вилоятиро дар атрофи худ сарҷамъ намуда, мардуми ҷумҳурӣ ва вилоятро ба муттаҳидию эҷодкорӣ, оромию ҷўяндагӣ даъват мекард.

Аз ин рӯзҳо қариб чоряк аср паси сар шуданд. То ҳол бо нахуст устодам Файзулло Атохоҷаев робитаи зичи эҷодӣ дошта, дар ин муддат садҳо мақолаам дар ин рӯзномаи дӯстдоштаам рӯи чоп омаданд. Дар таҳриру пурмазмун гаштани навиштаҳояш ҳиссаи устод ниҳоят назаррас аст. Бо дастгирии устоди азизам мақолаҳои ман бо номи «Ку додрасе», «Омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар мактаби миёна», «Осорхона- оинаи таърих», «Ёдгориҳои қарни биринҷӣ», «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-ҳифзи миллат» рӯи чоп омаданд.

Аз он ифтихор дорам, ки ин пири хирад дар чопи мақолаҳои илмиву оммавӣ, сиёсию танқидии ман саҳм доранд ва хома ба даст гирифта, бо таҳрири пухта ва мазмуни баланд ба хонандагон пешкаш мекарданд.

Солиёни зиёд бо ин рӯзномаи дӯстдоштаам ҳамкорӣ дорам ва аз тарбияи маънавии хеш ва аз заҳмати беандозаи устод Файзулло Атохоҷаев сипосгузор мебошам. Сахтгирӣ, нуқтасанҷии ин устод буд, ки дар роҳи мушкилиҳои эҷодиам дастгирӣ намуда, барои навиштани мақолаҳо маро рӯҳбаланд менамуданд. Аз ҷумлаи чунин мақолаҳо дар сарҷамъии мардуми миллат ва сулҳхоҳию ваҳдатсароиашон наrш бозида, дар иҷрои ободкорӣ ва созандагии Пешвои миллат – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳнамое мебошанд, ки хонандагони зиёди худро пайдо кардаанд.

Ёрии беғаразонаи устод буд, ки имрӯзҳо ман узви Иттиҳоди рӯзноманигорони ҷумҳурӣ мебошам. Барои хизматҳои рӯзноманигориам маро бо нишони Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ ва Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ қадр намудаанд. Дар навиштани даҳҳо рисолаҳои илмию оммавӣ ва методии ман хизмати устодам Файзулло Атохоҷаев назаррас аст. Ин марди хоксору самимӣ, шикастанафсу одамшинос ба аксарияти рӯзноманигорони вилоят ҳаққи устодӣ дошта, онҳо номи ин пири хирадро бо меҳр ба забон мегиранду то ҳол аз маслиҳату ёрии устод бархурдоранд. Эшон ҳамоно соҳибдилу соҳибназар, соҳибхираду соҳибмақсад буда, чун чинори сершохи умрдароз соябону илҳомбахши рӯзноманигорони вилоят мебошанд. Дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» як сутуни побарҷо буда, дар зебою хонданбоб шудани ин рӯзномаи дӯстдошта хизматашон беназир аст.

Ниёзмуҳаммади Иброҳимзод,
Аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ашт

 

 

 

Читать далее

Дарси маҳорати кас омӯхтаам

Рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" яке аз нашрияҳоест, ки тӯли фаъолияти пурсамару тӯлонӣ сазовори эҳтироми садҳову ҳазорҳо нафар муштариён гардидааст. Банда низ аз солҳои 70- уми асри гузашта, ки он замон рӯзнома "Ҳақиқати Ленинобод" ном дошт, бо кормандони аҳлу тифоқаш тавассути навиштаҳо робитаи ҳамкорӣ дорам. Дар заминаи ин даргоҳи бофарҳанг ва бомаърифат ман курси кӯтоҳмуддате, ки қаламкашони навкор аз устодон дарси маҳорату малакаи касби ҷурналистиро омӯхтаву он "Университета коргару деққон" ном дошт, низ гузаштаам.

Бароям мояи ифтихор аст, ки дар ин даргоҳ, бо шоирону нависандагони барӯманди миллат Раҳим Ҷалил, Қурбон Алӣ, шоираи мумтоз Озод Аминзода, устодони ғамхор, сармуҳаррирони рӯзнома Усмон Тоҷибоев, Дадоҷон Раҷабӣ, Ғуфрон Рустамов (руҳашон шод бод) ва бо бисёр дигар инсонҳои фозилу оқил шинос шудаву аз суханони пандомези онон баҳра бурдаам.

Имрӯз вақте ба ин даргоҳ ворид мешавам маро руҳияи хушҳоливу болидахотирӣ, рӯҳбаландиву сарфарозӣ фаро мегирад. Зеро дар ин ҷо бо инсонҳое вомехӯрам, ки рисолати касбии хешро назди халқу Меҳани азиз - Тоҷикистони соҳибистиқлол сарбаландона ба ҷо меоваранд. Аз ростӣ, ба гурӯҳи бузурги аҳли эҷод, собиқадорони соҳаи матбуот, эҷодкорони ҷавону болаёқат, қаламкашони соҳибзавқ менигараму қалбам саршор аз меҳри онон мегардад.

Зеро ҳар як шумораи рӯзнома, ки тавассути заҳмати эҷоди онон ба чоп мерасад, бароям дар зиндагӣ саҳифаҳои навро боз месозад. Масъала ва мавзӯъҳое, ки аҳли эҷод мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор медиҳанд, ба рушди ҷомеа, пешрафту тараққиёти тамоми соҳоти хоҷагии халқ таъсири мусбӣ мерасонад. Шоир Саидамин Ҷило, собиқадори матбуоти тоҷик Файзулло Атохоҷаев, бонувони хушбаён ва хушқалам Тавҳидахон Ҷӯраева, Рафоатхон Мӯъминова, инсонҳои меҳрубон ва ғамхор Абдуғафур Аминзода, Гулҷаҳон Маҳкамоваро метавон кормандони фидоии соҳаи матбуоти тоҷик номид. Чунки навиштаҳои онҳо ақидаҳои мушаххас, фикру зикри равшан ва баёнгари розу ниёзи мардуманд, ки ҳар яке дар дилу дидаҳои муштариён маскан гузоштаанд, ки шахсан бо онҳо фахр мекунам.

Мукаррама Сатторова,

Аълочии матбуот, радио ва телевизиони ҷумҳурӣ

Читать далее

Ҳақиқати Суғд №150

 
Читать далее

Ҳақиқати Суғд №149

 
Читать далее

10 December 2015

Аз Пешвои миллат ифтихор дорем!!!

Боиси фахри тамоми мардуми бошарафи тоҷик аст, ки Сарвари Муаззами мамлакати Тоҷикон, ки Пешвои воқеии миллат ҳастанд, имрӯз ҳамчун Сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба эътибору нуфузи олӣ соҳиб гардидаанд. Таваҷҷӯҳи хоссаи ҷаҳониён, сарварони Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кулли давлатҳои ҷаҳон ба ҳар як ташрифу вохӯрӣ ва баромадҳои нафъовару дурбинонаашон гувоҳи ин суханон ҳастанд.

Читать далее

Талаботи ҷомеа ва ҷаҳони муосир

Дирӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул кард. Ин гумон мекунам барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон як такконе ҷиддист. Зеро дар низоми идоракунии давлатӣ на ҳар гуна чеҳраи сиёсӣ мавқеаи худро пайдор карда метавонад ва меҳру муҳаббати ӯ дар дилу дидаи халқи худ ҷойгир мешавад.

Читать далее

Меъмори сулҳу Ваҳдат

 

 

 

Хабар ва пас аз он гузориши муфассале, ки аз ҷаласаи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бегоҳи нуҳуми декабри соли равон тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш доданд, метавон гуфт, аксарият ҳамовоз буданд. Зеро ман низ чун як нафар шаҳрванди тоҷикистонӣ воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро аз хотир фаромӯш накардаам.

Читать далее