December 2015

10 December 2015

Ман ба рўҳи модари ин фард ҳавас мебарам

Ман ҳамчун як нафар шаҳрванди оддии мамлакат он рўзҳои сахту сиёҳи ба сари кишварамон омадаи солҳои навадумро медонам. Ва он рўзҳо ҳаргиз аз хотирам намераванд. Аз телевизион он рўзҳо танҳо рўихати гумшудагонро нишон медоданд Онро ҳам дар коғази сиёҳ бо ҳарфҳои сафед. Ба телевизион нигоҳ мекардаму ашк мерехтам. Наход дигар бачагонам рўзи рўшноиро намебинанд? Наход дигар дар сарзамини мо инсон ба инсон бо меҳр, боварӣ ба ҳамдигар нигоҳ намекунад?

Читать далее

Шоистаи Пешвои миллат

Санаи 9-уми декабр Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро ба тасвиб расонд ва расман ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон унвони Пешвои миллатро дод. Чунон ки огоҳ ҳастем, пешниҳоди Пешвои миллат унвон кардани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро моҳи апрели соли равон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Носир Салимӣ ва декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самеъ пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аксарияти сокинони кишвар истиқболи гарм ёфт.

Читать далее

Ҷаноби Олӣ-фарзанди миллат моро ба саодатмандӣ комёб намуданд

Чӣ хушбахтии бузург ва ифтихормандии афзун, ки дар ҷаласаи навбатии Парлумони касбии мамлакати соҳибистиқлоламон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳокимаҳои бунёдиву асоснок Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» қабул карда шуд. Ин боиси ифтихор ва тафохури тамоми хурду бузургсоли Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Читать далее

09 December 2015

Ҳақиқати Суғд №147

 
Читать далее

08 December 2015

Абдураҳмон Қодирӣ: Эҳёи ҳунарҳои миллӣ амри таърихист…

Санаи 7 декабри соли равон дар Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳунармандону косибони мардумӣ, кормандони Марказҳои таълимию истеҳсолии атласу адрас, устодону шогирдони онҳо баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва Васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Читать далее

Нишондиҳандаҳо мувофиқи матлаб

Новобаста аз он, ки бўҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ба раванди иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ расонида истодааст, нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят дар ин давра мусбӣ арзёбӣ гардид, ки ин аз натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати буҷету молиявӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои иқтисодии вилоят дарак медиҳад. Доир ба фаъолияти Сарраёсати молияи вилоят дарозои даҳ моҳи соли равон ва нақшаҳои минбаъда хабарнигори рўзнома бо сардори Cарраёсати молияи вилоят Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ ҳамсўҳбат гардид. Инак, фишурдаи он мусоҳиба:

Читать далее

Мубориза бо терроризм-мубориза алайҳи дин нест!

Миёнаи моҳи ноябри соли равон хурўҷи терроризми байналхалқӣ, гуфтан мумкин, ба авҷи баланд расид. Баъди воқеаҳои шоми 13 ноябр, ки дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж рух доданд, дар ин давлати Аврупо мотами серўза эълон гардид. Дар натиҷаи таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои бераҳмонаву шиддатнок 158 нафар ҳалок ва зиёда аз 200 каси дигар маҷрўҳ гардиданд. Аҳволи бештар аз 40 нафари захмбардоштаро ниҳоят вазнин баён доштаанд. Ҳамзамон, 8 нафар террорист низ кушта, як қисми онҳо дар натиҷаи таркишҳои худкушона ҳалок гардиданд.

Назар ба иттилои расонаҳои хабарӣ тирпаррониҳои шадид дар 6 мавзеи Париж ба амал бароварда, ҳамлаи нахуст ба яке аз тарабхонаҳои марказии ин шаҳр сурат гирифтааст. Ҳамлаи дуюмро се террористи маргталаб бо таркондани камарбандашон дар назди варзишгоҳе анҷом додаанд, ки дар он ҷо Франсуа Олланд - Президенти Фаронса ва ашхоси зиёди олимақом аз Фаронсаву Олмон бозии дўстонаи дастаҳои футболи ин ду кишварро тамошо мекарданд. Франсуа Олланд ва меҳмонҳои воломақом, ки аз ин таркиш, хушбахтона, ягон осеб надидаанд, зуд ба ҷои бехатар интиқол дода шуданд. Ҳамлаи сеюм бо роҳи гаравгонгирӣ дар яке аз театрҳо сурат гирифта бошад ҳам, бино бар дахолати полис он зуд анҷом мепазирад. Бо вуҷуди ин, тибқи иттилоот, наздик 120 нафар дар ҳамин театр ба ҳалокат мерасанд.

Бояд тазаккур дод, ки масъулияти ин амалҳои террористиро гурўҳи ба истилоҳ «Давлати исломӣ» ба зиммаи худ гирифтааст. Тибқи хабари баъзе расонаҳо дар ин амалҳои террористӣ услуби ваҳшонияти созмони ифротгарои «Ал-қоида» низ мушоҳида мегардад.

Марбут ба ҳамин ҳодисаҳо дар Фаронса, тадбирҳои амниятӣ пурзўр карда шудаанд.

Франсуа Олланд - Президенти Фаронса ҳодисаи мазкурро «кирдори ҷангиёна» маънидод карда, афзудааст, ки амалиёти ҷавобӣ нисбат ба он бераҳмона хоҳад буд. Ба ақидаи ў, ҳамлаҳо тавассути ҷангҷўёне, ки дар дохили Фаронса амал мекунанд, аз берун ташкил шудаанд. Ин ҷо гурўҳи террористии «Давлати исломӣ» дар назар аст. Назар ба маълумоти прокуратура ҳамаи ҳафт нафар ҳамлагарон кушта шудаанд: шаш тан худро тарконда, як нафарро политсия нобуд кардааст.

Ин ҷо суоле ба миён меояд: Чаро дар тарҳрезии ҳаводиси сангине, ки моҳи сентябр тариқи шахсияти низомие бо номи «Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода», генерали хоин, рух доданд, дасти терроризми байналхалқӣ мушоҳида нагардад? Охир ин амалиёти ифротгароӣ, ки дар паси пардаи ҲНИТ ба нақша гирифта, лиде- ри он Муҳиддин Кабирӣ ҳанўз дар ҳимоя ва дастгирии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад, худ аз худ ё дар як муддати кўтоҳ ба вуҷуд наомадааст. Пас, Пешвои халқи мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дуруст пешгўӣ кардаанд: терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Ҳамзамон, Сарвари давлатамон дар барқияи тасаллияти хеш ба ҳамтояшон, яъне Президенти Фаронса, таъкид медоранд:

«Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини Ислом пўшиш медиҳанд, қотеъона маҳкум менамояд. Ин ҳаводис имрўз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин нерўҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем».

Аз ин рў, дар ҳама гуна вазъият ва дар ҳама ҷо хоинон бояд дар назди қонунҳои умумибашарӣ ҷавоб бидиҳанд.

Ҳомидҷон ҲОШИМОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директор оид ба таълими ДИС ДДТТ

Абдулмаҷиди БОБОҶОНИЁН,
муҳаррири бахши табъу нашр, узви ИЖ Тоҷикистон

 

 

 

Читать далее

07 December 2015

Ҳақиқати Суғд №146

 
Читать далее

Маҷмӯаи нанг, ширинтарин оҳанг…

Дар толори Кохи мўҳташам барномаи консертӣ идома меёфт. Ҳунарпешагони шўҳратмандтарини Аврупо истеъдоди волои худро пешкаши тамошобинон мегардониданд. Тамоми нишастгоҳҳои толор, ки бештар аз ду ҳазор нафарро ташкил медод, ҳамчунин нишастгоҳҳои ошёнаҳои дуюму сеюм низ лабрези ҳаводорони ҳунари асил буд…

Читать далее

Вусъати корҳои роҳсозӣ дар шаҳраки Сайҳун

Дар шаҳраки навбунёди Сайҳун дар баробари дигар корҳои сохтмонӣ бунёди роҳҳои наву замонавӣ низ идома дорад. Тавре зимни боздид аз шаҳраки Сайҳун аён гардид, ҳоло корҳои роҳсозӣ дар ин ҷо бомаром идома дорад. Барои анҷоми корҳои роҳсозӣ мутахассисон ва техникаи зарурӣ ҷалб гардида, мутахассисон кўшиш ба харҷ дода истодаанд, то ки роҳҳои бунёдшавандаро бо риояи талаботи мавҷуда ба сомон расонанд.

Читать далее