December 2015

07 December 2015

Ватандўстӣ дар сухан не, дар амал маъно бипазирад

Шукри Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки кишварамон Тоҷикистон ол то сол ободу зебо мегардад. Дар ободонии Ватани азизамон дар паҳлўи ин шахсияти хирадманд фарзандони баору номус ва дилсўз ҳастанд, ки аҳли ҷомеаро роҳбаладӣ намуда, дар пешравии ҳаёти ҳаррўзаамон саҳми муносиб мегузоранд.

Шаҳри бостонии Панҷакент низ чун дигар минтақаҳои зебоманзари кишвари азизамон пеш меравад, обод мегардад. Мардуми ин сарзамин дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат имрўз рўҳбаландона кору пайкор доранд.

Дар иҷрои корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ, ба вуқўъ пайвастани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми кумитаҳои маҳаллаи шаҳр бештар назаррас мегардад.

Дар назди Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - и шаҳр 18 кумитаи маҳалла фаъолият мебаранд. Сарварони маҳаллаҳо, фаъолон ва кулли аъзои маҳалла имрўзҳо баҳри иҷро ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худ фаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар байни мардум саҳми арзанда мегузоранд. Дар айни замон қисми зиёди кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр фаъолияти худро дар асоси Оинномаи худ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» тартиб дода, ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, маҳаллаи «Зардолузор» давоми се сол аст, ки фаъолияти худро дар ҳамин асос ба роҳ мондааст. Шахси соҳибэҳтиром Муталлиб Қурбонов ҳамчун раиси маҳалла масъулияти бузургро бар ўҳда дорад. Бо ташаббуси ў ба корҳои ободонии маҳалла диққати ҷиддӣ дода мешавад. Саҳми аъзои маҳалла дар гузаронидани чорабиниҳои гуногуни идона, ташкили аёдати беморон, маъюбон, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ шоиста аст.

Бо ташкили дурусти кор ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, тарбияи ҳисси ватандўстӣ ва ватанпарварӣ кумитаи маҳаллаи «Зардолузор» мунтазам нақшаи даъват ва гусели ҷавононро ба сафи Артиши миллӣ саривақт ва барзиёд иҷро менамояд. Ба баланд бардоштани маънавиёти бошандагони маҳалла низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бошандагони маҳалла ҳар сол дар маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ фаъолона ширкат варзида, ба рўзномаю маҷаллаҳои дилхоҳ саривақт обуна мешаванд.

Тибқи Барномаи вилоятии “Соли 2015-идомаи соли роҳ- ҳои обод”, ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ шуда истодааст, давоми солҳои 2014- 2015 кўчаҳои маҳалла тахту ҳамвор, қумпўш карда шуд. Аҳли маҳалла дар ободонии биноҳои истиқоматӣ, масъалаҳои марбут ба зимистонгузаронӣ, тоза нигоҳ доштани ҷўйборҳо, гулзоркунӣ ва ниҳолшинонӣ эътибори зарурӣ медиҳанд.

Раиси маҳалла М.Қурбонов иброз медорад, ки аҳли маҳалла шукри Истиқлолият, шукри Ваҳдат ва сулҳу субот доранд. Шукр мегўянд, ки дар солҳои Истиқлолият бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рўзҳои нек расидем. Акнун вазифа аз он иборат аст, ки мо пиру барнои Тоҷикистон дар атрофи ин шахси мўътабар боз ҳам сарҷамъ шуда, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, иҷрои кор- ҳои ободонию созандагӣ, таъмини зиндагонии тинҷу осуда ва шоистаи мардум содиқона ва собитқадамона меҳнат кунем.

М.ШУКУРОВ,
шаҳри Панҷакент

 

 

 

Читать далее

03 December 2015

Ҳақиқати Суғд №145

 
Читать далее

Абдураҳмон Қодирӣ: Ваҳдати миллӣ раҳнамои суруру ободкориҳост!...

Гузориш аз ҷаласаи Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии маркази вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят, Раиси Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

Читать далее

Худшиносу ватандўсти асил бошем!

Дар олами ҳастӣ инсон ягона мавҷудотест, ки Офаридгор барояш беҳтарин неъматҳоро ҳадя кардааст. Ў дорои ақлу заковат ва неъмати бузург – соҳиби забон мебошад. Пас ҳар як инсон бо шукургузорӣ ба қадри ин арзишҳои нодир бирасад. Инсон худ бояд донад, ки даст ба амали зишт задан, дар дил кибру адоватро ҷой намудан, резонидани хуни ноҳақ дар назди Худованд ва қонунҳои давлат азимтарин гуноҳ ба шумор меравад.

Солҳои охир бархе ҷавонони кишвар аз зиндагии тинҷу гуворои Ватанамон ношукрӣ карда, фармонбардорони кадом як “хоҷаҳои хориҷӣ” қарop гирифта, дар муқовиматҳои шадид иштирок мекунанд. Худ намедонанд, ки гумоштаи кадом “хоҷаҳоянд” ва бар зидди кӣ ҷиҳод мекунанд? Ақидаҳои барғалати ин ҳоҷаҳои бадкирдор, ки амалашон зишт аст, қудраташон дер намепояд ва оқибат маҳв мегарданд. Мисол: давлатҳои Сурияву Ироқ ва амсоли онҳо, ки имрўз таҳти хатари чунин гурўҳҳои иртиҷоӣ қарор доранд. Боварӣ ҳаст, экстремистону террористон, ки бо ақидаҳои хоми хеш ба ҳадафашон муваффақ нахоҳанд гашт. Дастандаркоронашон бо истифода аз дини мубини Ислом ба корҳои зишт дахл мекунанд.

Дини мубини Ислом як сарчашмаи покизаи маънавӣ ва ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Инсониятро ба накўкорӣ ҳидоят намуда, ҳар гуна ваҳшонияту зўроварӣ ва кушторро маҳкум месозаду роҳнамои аҳлоқи ҳамидаи инсонист. Бинобар ин, экстремизм ва терроризмро ба Ислом пайванд додан хатогии маҳз аст. Терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас надорад. Инро ҳама, махсусан ҷавонон бояд дарк намоянд. Мутаассифона, даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон имрўз гумоштагони ин гурўҳҳои хатарнок гаштаанд. Ба ин хиёнаткорони Ватан ҳайфи кас ҳам ноарзанда мебошад.

Ин хоинони Ватан, гумроҳон, бо ақидаи ноҷавонмардонаи хеш вазъи кишвари тинҷи моро ноором сохтан мехоҳанд. Аммо, онҳо хато мекунанд, чунки нақ-шаҳои онҳо хому ботиланд. Ҳеҷ гоҳ ба ин орзуҳои зишташон нахоҳанд расид. Мо, ҷавонони бонангу номус, нерўи пурқудрати давлат намегузорем, касе бо чашми бад ба ин замин, ба ин диёри зебоманзари соҳибистиқлол назар бикунад. Оқибатҳои зуҳуроти ҷиноии экстремизм зидди ҳуқуқ буда, барои шахс хатарнок мебошад. Озодиҳои инсонро маҳрум намуда, ҳаёти ҷамъиятро заиф мегардонад.

Аммо, афсўсовар он аст, ки ҳанўз баъзе ҷавонони мо аз қонунҳои давлат, таълимоти педагогӣ ва назарияи тарбия, раванди кунунии таълим, фарҳанг ва ахлоқ бархўрдор нес-танд. Мушкилоти ташаккули шахсият маҳз дар ҳамин аст. То ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми фарҳанг, ифтихор аз анъанаҳои миллиро наомўзонем, таъмини арзандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон хоҳад буд. Омўзиши илми педагогика имкон медиҳад, ки аз фикру ақидаҳои педагог-ҳои машҳури гузашта, таҷрибаи ахлоқии пешиниён дарси ибрату сарбаландӣ ва ифтихормандӣ зеҳннишин гардад.

Тарбияи маънавию ахлоқӣ ин педагогикаи фаъол аст. Зеро дар ниҳоди насли наврасу ҷавонон моҳияти тарбияро танҳо педагог метавонад, баррасӣ намояд. Муҳаббат ба Ватан ва эҳтироми он танҳо ба воситаи шиору овезаҳо ба даст намеояд. Онҳоро дар ниҳоди ҷавонон бо руҳияи ватандўстӣ, садоқат ба Ватан бояд тарбия намуд.

Чунонки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.

Бинобарон, ҷавонони саодатманди моро зарур аст, ки Ватани худро ҷавонмардона ва самимӣ дўст доранд, ҳифз намоянд, обод созанд.

Матлубахон УМАРОВА,
устоди кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

Маҳбубахон МУРОДБЕКОВА,
дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

 

 

Читать далее

Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона: мавсими озуқадиҳӣ оғоз мегардад

Дар вилоят гандумро асосан дар тирамоҳ мекоранд. Дар ин мавсим растанӣ метавонад, намии боришоти давраи тирамоҳ ва зимистону аввали баҳорро самаранок истифода барад. Аз ин ҷиҳат, гандуми тирамоҳӣ нисбат ба баҳорӣ серҳосил аст. Таъмини аҳолии кишвар бо ғалла яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Барои пурра таъмин намудани талаботи хоҷагии халқи Тоҷикистон, ҳар сол на камтар аз 1,5 миллион тонна ғалла зарур аст. Барои огоҳӣ пайдо кардан аз иҷроиши нақшаи кишти ин намуди ғалладонагӣ, аз масъулини чанде навоҳии вилоят маълумот гирифтем.

Читать далее

01 December 2015

Ҳақиқати Суғд №144

 
Читать далее

Ҳақиқати Суғд №143

 
Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ ва роҳандозии иқдомҳо

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хоҷагии халқ ва рафти омодасозии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 27 ноябр Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен сафари корӣ анҷом дод. Нахуст рафти корҳои таъмиру барқарорсозии Беморхонаи минтақавии мубориза бо бемориҳои сили Деҳмой мавриди таваҷҷўҳи Раиси вилоят қарор гирифт. Бояд гуфт, ки қисми асосии беморхонаи мазкур бо сабаби хеле таъмирталаб гардидан аз соли 2010 инҷониб аз фаъолият бозмонда буд.

Читать далее

Фаъолияти “Равзанаи ягона” қобили дастгирист

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ноҳияи Спитамен ташриф овард.

Дар ноҳияи Спитамен ҶСШК «Нексигол» гармхонаи таҷрибавию тадқиқотиро ташкил кардааст. Гармхонаи мазкур аз соли 2010 инҷониб амал карда, ба омўзиши навъҳои гуногуни тухми помидору бодиринг ва парвариши онҳо машғул аст. «Нексигол» дар ин ҷода бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкориро ба роҳ мондаст ва онҳоро бо тухмиҳои хушсифат таъмин карда, бо онҳо машваратҳои омўзишӣ низ мегузаронад.

Читать далее

“Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош”

Масъалаи муҳиме, ки ҳалли пурраашро наёфтааст, танзими ҷашну маросимҳост

Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи ҷонии ҷавонони мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Читать далее