December 2015

01 December 2015

Нангу номус, ҳушёрии сиёсӣ дар раванди арзишҳои миллӣ

 

 

 

Инсоният дар оғози қарни навин ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ, ки омили муҳими ба ҳам наздикшавии кишварҳо ва халқҳои сайёра, рушди илму техника ва технологияҳои муосир мебошад, ворид гардидааст. Дар баробари ин, равандҳои навин ба пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ, кўч бастани садҳо ҳазор шаҳрвандони давлатҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо ва дар ин замина мураккаб гардидани вазъи олам мусоидат намудааст.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу Ваҳдат намерасанд ва бо мақсади гумроҳ намудани мардум ба ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд.

Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба масъалаҳои норавшани динӣ ба рўҳониёни алоҳида ва шабакаҳои Интернет рўй оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои экстремистӣ меафтанд. Ин мубаллиғон муқаррароти Қуръони Маҷид, Ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ, нописандӣ нисбати мақомоти давлатӣ ва иштирок дар «ҷиҳод» даъват менамоянд.

Масъалаи пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ аз ҳар як фарди огоҳу бедордили ҷомеа ва тамоми афроди бонангу номуси миллат тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба ҳимояти дини Ислом, нораво будани нисбат додани ин дини мубин ба терроризм ва экстремизм ва ҳамзамон, доир ба оқибатҳои нодида гирифтани хатари терроризм ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ баромад кардаанд.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп карда шуда, даст-раси шаҳрвандон гаштааст. Имрўз дар тамоми хонаҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ китоби Қуръони маҷидро дарёфт кардан мумкин аст. 24 сол барои таърих ҳеҷ аст, аммо дар ин мўҳлати кўтоҳ халқи соҳибтамаддуни тоҷик бо сарварии фарзанди барўманди миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, корҳоеро ба сомон расонад, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд. Мактаби сулҳофаринию ваҳдатофарӣ, мактаби бунёдкорию созандагии тоҷикон мавриди таваҷҷўҳ ва омўзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Тайи чанд даҳсолаи охир дар дунё ҳизбу ҳаракатҳои гуногуне пайдо шуданд, ки характери ифротӣ дошта, бо фаъолияташон ба ҷомеа бадбахтӣ, бенавоӣ, харобиву саргардониҳо «тақдим» кардаанд. Ин амали онҳо, бешак, ҳамон нафарон ё доираҳоеро шод месозад, ки гурўҳҳои ифротиро сарпарастӣ карда, манфиат мебинанд.

Ин гурўҳҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри ободию пешрафти ҷомеа ва роҳату осоиши инсоният нес-танд, балки ҳамеша бо кирдорҳои номатлуби хеш ба ҷамъият зарар расонида, аҳолии осоиштаро дар гўшаҳои гуногуни олам азият медиҳанд. Гурўҳҳои ифротӣ як зуҳуроти манфӣ ва хатарнок барои ҷомеа мебошанд ва мо «ифротӣ» буданро маҳкум мекунем.

Дар дунё миллионҳо ҷавононе ҳастанд, ки бо вуҷуди шароити пасти иқтисодӣ доштанашон ба ифрот дода намешаванд. Аммо ҳолатҳое мешавад, ки шахс шароити хуби зиндагӣ дораду ба роҳи бад меравад. Дар ин ҷо сабаби асосӣ талқиннамоӣ буда, мафкура нақш мебозад. Чанде ки дараҷаи ҷаҳонбинӣ васеътар бошаду мафкура инкишофёфта ҳамон қадар шахс худро аз корҳои ифротӣ камтар дур мекашад.

Сабаби дигар маърифат аст. Мутаассифона, ҷавонони мо саводи ибтидоии динӣ надоранд. Ба Ислом, ба дин таваҷҷўҳ доранд, вале шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин вақте онҳоро бо номи дин ба ягон ҷо даъват мекунанду мегўянд, ки Ислом ҳамин асту ҷиҳод ҳамин, ҷавонон бовар мекунанд. Сабаби сеюм камбудии ҷаҳонбинӣ аст. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, гумон мекунад, ки ин ҳаракатҳо исломианд. Бинобар ин ба онҳо ҳамроҳ мешавад. Бехабар аз он, ки на дар хизмати Ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Барои пешгирӣ намудани ин вабои аср ҳам маърифати динӣ ва ҳам маърифати сиёсии мардумро баланд бардоштан лозим. Мо бояд сатҳи маърифатию ҷаҳонбинии ҷавононро баланд гардонда, корҳои таблиғотӣ ва таълимиро дуруст ба роҳ монем.

Пирназар КАРИМЗОДА,
муовини прокурори шаҳри Қайроққум, мушовири адлияи дараҷаи дуюм

 

 

 

Читать далее