March 2016

29 March 2016

Шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон

Субҳи рӯзи 27 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон шинос шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки танҳо дар давоми 3 моҳи аввали соли 2016 аз ҳисоби даромади софи осоишгоҳ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохтмони фаввораи замонавӣ дар саҳни ҳавлӣ, боғи паррандагони нодир бо кабк, товус, тутӣ, бедона ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию дарахтони зебои сояафкан иҷро карда шудааст.

Читать далее

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

Нимаи дуюми рӯзи 26 март Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар давоми 2 моҳи аввали соли 2016 таҳлил намуда, пешрафти соҳаҳо ва рафти татбиқи дастуру супоришҳои қаблан додашударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Читать далее

Иштирок дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Авестои шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи “Корвони Наврӯзӣ” ва “Сайри гули лола” иштирок ва суханронӣ кард.

Барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукуҳ, ки ба таври идона оро дода шудааст, зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Читать далее

Ифтитоҳи Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Иншооти «Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бунёд гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти ин иншооти меъёрию оинномавии ин Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Читать далее

Шиносоӣ бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии ҶДММ “Афзали Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Афзали Зарзамин” шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, бинову иншооти фермаи чорводории инноватсионии корхонаи «Афзали Зарзамин» пурра навсозӣ гардида, дар он  муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб карда шудааст.

Читать далее

Оғози кишти пунбадона дар хоҷагии Абдураҳим Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшид.

Тавре маълум гардид, хоҷагӣ дар ихтиёри худ 15 гектар замини обӣ дорад ва аҳли меҳнат дар он парвариши зироат ва сабзавоти гуногун, аз ҷумла пахта, сабзӣ, помидор, бодиринг, қаланфур ва карамро ба роҳ мондаанд.

Читать далее

Ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос ва бо нишони пуштибонӣ аз сиёсати созандаи ҳукумати кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни шиносоӣ аз иншооти нави фарҳангӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони Кохи фарҳанги ноҳия моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад.

Читать далее

Ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт

Рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ расман ифтитоҳ бахшид.

Сокинон, устодону хонандагон ва намояндагони аҳли ҷомеа, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва самимияти афзун истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом

Имрӯз, 24 март Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бо сокинон сӯҳбати самимӣ доир кард.

Мулоқоти Сарвари давлат бо мардуми сершумор, ки ба истиқболи Пешвои миллат омада буданд, дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи  ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом баргузор шуд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.

Читать далее

Оғози корҳои азнавсозии шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулӽу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду азнавсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшид.

Маблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали «Лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара» 45 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад.

Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор долларро қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигарро бошад, гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад.

Читать далее