04 April 2016

Таҷлили ҷашни адиб ва ҳаҷвнигори маъруф

Бахшида ба 45- солагии фаъолияти эҷодии рӯзноманигор, нависандаи шинохта Додохони Эгамзод дар толори китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии маркази вилоят маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ нависандагону  рӯзноманигорон ва шогирдони адиб ҳузур доштанд.

Раиси шӯъбаи Суғдии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод маҳфилро оғоз бахшида, гӯфт:

-Имрӯз Додохони Эгамзодро ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва ҳаҷвнирори моҳир мешиносанд. Бахусус  ин адиб дорои якчанд ҳаҷвияҳои намакин мебошад.   ӯ дорои як китоби ҳаҷвие мебошад, ки он «Балогардон» ном дошта, дар бораи сиёсатмадорон бо тариқи ҳаҷв онҳоро танқид мекунад ва ин китоб писанди аксарияти хонандагон гардидаааст.

Маллаев Абдуғаффор, директори китобхона дар бораи эҷодиёти  нависандаи шинохта сухан кард.

Доир ба саҳми Додохони Эгамзод ҳамчун нависанда дар ташаккулёбии ҷараёни адабии давр Субҳони Аъзамзод- номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  сухан ронд.

Дар мавриди мавқеи ҳаҷв дар эҷодиёти Додохони Эгамзод адиб ва рӯзноманигор Бобоҷон Икромов баромад намуд.

Дар бораи фаъолияти нависандагӣ ва рӯзноманигории Додохони Эгамзод китобдори шӯъбаи хизматрасонӣ Норматова Зӯҳро баромад намуд.

Дар охир аз ҷониби кормандони китобхона   саҳначае бо номи «Баҳси нотамом» аз эҷодиёти Додохни Эгамзод намоиш дода шуд.

Додохни Эгамзодро имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун шоир, нависанда ва ҳаҷвнигор мешиносанд ва эътироф менамояд. Номбурда муаллифи чандин асарҳо мебошад,ки «Балогардон», «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «Парастуи рамида»  аз зумраи онҳост.

                                        Умедҷон Шарифов,
таҷрибаомӯз

Читать далее

Коргоҳи қуму шағал дар Ғончӣ

Баҳри амали вазифагузориҳои Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доири  рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Ғончӣ боз як корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд кард, ки қуму шағалро коркард менамояд.

Дар мавзеи Лолазори  ноҳия, ки қаблан корхонаи истеҳсоли хишт  мавҷуд буд, имрӯз дар шафати он коргоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт. Ташаббускори  коргоҳ Ҷамъияти дорои масъулияташ  маҳдуди «Манзил-2015» буда, барои харидани таҷҳизоти истеҳсоли давлати Чин 400 ҳазор сомони  харҷ гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як соат то 6 тонна маҳсулот буда, дар  як сол 9200 тонна қуму шағалро коркард, яъне шуставу майда карда, манзури харидорон мегардонад. Масолеҳи корхона  нисбат ба дигар мавзеъҳо хушсифат буда, барои таҳкурсии биноҳо, плитаҳои бетонӣ, семент-блок, сутуни симчӯбҳо, мумфаршкунӣ, сафолакҳои роҳ пешбинӣ шудааст. Қаблан қуму шағалро аз  мавзеи Лангари ноҳияи Спитамен меоварданд, ки ин арзиши маҳсулот барои харидорон қобили қабул набуд…

Назар ба гуфти  сарвари коргоҳ, соҳибкор Абдусамеъ Абдуҳамидов ин коргоҳи нахустин дар боби истеҳсоли маҳсулоти масолеҳи сохтмон асту дар нақша ҳаст, ки баробари афзудани талабот шумораи коргарон то ба 20 нафар расонда хоҳад шуд.

Дар тантанаи ифтитоҳи корхонаи мазкур баробари роҳбарияти ноҳия адибон, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва нависанда Додохон Эгамзод иштирок намуда, барои иқдомҳои неки соҳибкорон, ки аз вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бармеояд, таҳсин хонданд ва бо намунаи асарҳои тозаэҷодашон таъби  ҳозиронро болида гардонданд.

Эгамназар Соҳибназаров

Читать далее

Кишти картошка вусъат мегирад

Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич аз ҷараёни сафари корӣ ва суханрониҳои пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилоят рӯҳу илҳоми тоза гирифтаанд.

Имрӯзҳо омодагиҳо ба ҷашни мубораки 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъатиҳамаҷониба ёфта, корҳо дар иншооти бузурги ҷашнӣ—сохтмони хатти обрасонии Даҳкатсой-Даҳанасой, бунёди шаҳраки Баҳористон бомаром пеш мераванд. Чанде пеш дар ноҳия боз як корхонаи саноатӣ—коркарди қуму шағал мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Метк идома дорад.

Кишоварзон корҳои саҳроиро вусъат дода, то имрӯз бештар аз 20 ҳазор гектар  кишти баҳорӣ гузаронданду ба ҷои 29 гектар 32 гектар боғу токзори нав бунёд карданд. Картошкакорон нақша доранд, ки ба майдони 2600 гектар кишти картошка гузаронанд ва аллакай ба гектарҳои аввалин киштион амалӣ гардид. 

Эгамназар Соҳибназаров

Читать далее