06 April 2016

Сабабҳои таваллуд дар хона

Бемасъулиятии табибон ё бепарвоии модару хушдоман!

Давоми солҳои 2014-2015 дар миқёси вилоят 808 ҳодисаи таваллуд дар хона ба қайд гирифта шудааст. Нишондоди таваллуди хонагӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ғончӣ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакент нисбат ба сатҳи вилоят баланд аст. Аз ҷумла, соли 2015 нишондоди мазкур дар ноҳияҳои Айнӣ-1,7 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ - 31,7 фоиз, Ғончӣ 3,2 фоиз, Панҷакент-1,7 фоизро ташкил дод. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ - дар деҳаи Иван-тоҷик ва Ҷамоати Лангар, ноҳияи Айнӣ - дар деҳаи Айнӣ, ноҳияи Ғончӣ - деҳаи Росровут, шаҳри Панҷакент - дар деҳаи Моғиён ҳодисаи таваллуди хонагӣ бисёртар ба қайд гирифта шудааст. - Сабаби баланд будани нишондоди таваллуди хонагӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ин дур будани маҳалҳои аҳолинишин аз таваллудхонаҳо аст, - қайд намуд зимни сӯҳбат сардори шӯъбаи Раёсати тандурустии вилоят оид ба ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак Индира Акмалхоҷаева.

Дар ноҳияи Ғончӣ таваллуди хонагӣ дар деҳаҳои Росровут, Угук ва Метк бисёртар ба назар мерасад, ки сабаби он дурии роҳ аз таваллудхонаҳо мебошад.

Ҳамчунин, сабаби зиёд будани таваллуди хонагӣ дар шаҳри Панҷакент ба муассисаи тиббӣ саривақт муроҷиат накардани занҳои ҳомила маҳсуб меёбад. Аз теъдоди занони дар хона таваллудкарда 86 фоиз такрорӣ мебошанд. Аз машварат бо ҳомилазанҳо бармеояд, ки бо сабабҳои дар боло зикршуда, яъне дурии таваллудхона ва босуръат ҷараёнгирии ба ҳаёт омадани тифл таваллуд дар хона ба амал омадааст.

- Барои пешгирии сатҳи таваллуд дар хона дар ин шаҳру ноҳияҳо оё ягон чораҷӯӣ мешавад?

 - Байни момодояҳои марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ оид ба расонидани ёрии фаврӣ дар ҳолатҳои оризаҳои момоӣ ва бистарикунонии ҳатмӣ машварат гузаронида шуд. Дар ноҳияи Ғончӣ, хусусан деҳаи дурдасти Росровут, кормандони марказҳои солимии репродуктивӣ 3 маротиба якҷоя бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят байни фаъолзанон дар бораи тарзи ҳаёти солим, танзими оила ва оид ба паст намудани таваллуди хонагӣ машваратҳо гузарониданд.

Бино ба гуфти Башорат Шукурова, мудири шӯъбаи таваллуди Беморхонаи рақами 2-юми ноҳиявии Ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳар як зани ҳомила бояд дар вақти муайян дар қайди духтурони оилавӣ бошад. Барои солимии худ ва кӯдаки дарбатнбуда аҳамияти хоса зоҳир намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо дастгирии Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ шароити таваллудхонаҳо сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Бобати солимии модару кӯдак мо, табибон шабу рӯз барои аз ҳар гуна хавфҳо ва саломат тавлид ёфтани тифли навзод, бехатар таваллуд кардани зани ҳомила саъю кӯшиш дорем. Соли сипаригардида дар таваллудхонаи ҷамоат 782 нафар тифл таваллуд ёфта, аз онҳо 400 нафарашон писар ва 382 нафар духтар буданд. Дар соли 2015 қайди таваллуд дар хона 1 адад буда, сабаби ин таваллуди босуръат буд, ки баъдан дар таваллудхона бистарӣ карда шуд. Ҳангоми муроҷиат намудани зани ҳомила мо ба онҳо тавсияҳо дода, барои пешгирии чунин ҳолатҳо бо хушдоманон ва шавҳарони онҳо ҳамсӯҳбат мешавем. Барои аз хавфи бемориҳои дигар эмин нигоҳ доштани занони ҳомила маслиҳату тавсияҳо медиҳем, то ки ҳодисаҳои фавти модару кӯдак барҳам хӯрад. Хушбахтона, дар беморхонаи мо фавти модару кӯдак ба назар намерасад. Бигзор, аз ҳар як хонавода садои беғаши кӯдак ояд ва фарзандони солим ба воя расанд, - изҳор намуд табиб Шукурова.

М. Алиҷонова - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин бобат изҳор дошт:

 -Мехостам, хушдоманҳо ва шавҳарон барои нигоҳ доштани саломатии зану фарзанди хеш бетарафӣ накарда, бобати сари вақт ба духтури оилавӣ ва таваллудхона муроҷиат намудан мусоидат намоянд. Вақте ман дар нӯҳмоҳагии ҳомила будам, барои аз ташхис гузаштан ва назди табиби оилавӣ рафтан аҳли хонаводаам монеъа шуданд. Баъд аз ду рӯз гузаштан дар ман нишонаҳои таваллуд пайдо гардид. Вақте ки ба хушдоманам ин нишонаҳоро фаҳмонидам, он кас гуфтанд, ки барои таваллуд ҳоло барвақт аст. Бо маслиҳати дугонаашон маро ба таваллудхона набурданд, гӯё ки дарди ман пухта нарасида бошад. Ин сабаб гардид, ки ман дар хона таваллуд кунам. Ин ҳомиладории аввали ман буд. Баъдан бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ману фарзандамро ба таваллудхона бурданд ва дар қайд гузоштанд. Алҳол саломатии ману фарзандам хуб аст, аммо он рӯзҳоро ба ёд орам, дилам ба таппиш меояд.

Духтури Маркази солимии репродуктивии Маркази саломатии шаҳрии № 6 Муяссара Қайюмова: - Бояд ҳар зани ҳомила то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ дар қайди духтурони оилавии худ зери назорат бошад. Ҳар зан бояд то мӯҳлати 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аз муоинаи духтур гузарад. Баъд барои таваллуд иҷозат дода мешавад, то ки кӯдаки солим ба дунё ояд. Агар нишонаи ягон бемории вазнин муайян карда шавад, мумкин аст, ки барои таваллуд иҷозат дода нашавад. Дар ҳамин давраи соли 2016-ум як зан дар хона таваллуд кардааст, ки сабаби асосиаш саривақт нарасидан ба таваллудхона мебошад. Агар зани ҳомила бо ягон сабаб ба маркази солимгардонӣ омада натавонад, мо ҳамаи ташхисҳоро дар хона гузаронида, дар ду ҳафта як маротиба барои назорат меравем. Гардиши хонагӣ гузаронида, ба занҳои ҳомила барои равона намудан ба духтури оилавӣ маслиҳатҳо дода мешавад.

- Дар самти беҳдошти вазъи саломатӣ, тибқи қарори 600-ум, пардохт дар муассисаҳои тиббӣ дар ҳаҷм ва намудҳои зерин ба таври ройгон анҷом дода мешавад: таҳлили умумии хун-2 маротиба, таҳлили хун барои гемоглобин-3 маротиба, таҳлили хун барои ЭРВЕ-2 маротиба, таҳлили хун барои вируси норасоии масъунияти одам-2 маротиба, таҳлили умумии пешоб-2 маротиба, ташхиси пешоб барои муайян намудани сафеда-4 маротиба ва дигар ташхисҳо то мӯҳлати 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ, - изҳор дошт духтур Муяссара Қайюмова.

Ба ин масъалаи муҳим набояд ҳам табибон, ҳам волидайн бемасъулиятӣ ё бепарвоӣ зоҳир намоянд. Зеро таваллуди фарзанди солим ва оилаи хушбахт тақозои замон аст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Читать далее

Кори савоб аз Ҳаҷҷи акбар беҳтар аст...

Модари  мушфиқу меҳрубон, сокини деҳаи Метки ноҳияи Fончӣ (Деваштич) Норбибӣ Дӯстмуродова бо кори савоби худ имрӯз сар то сари  кишвар маълуму машҳур шудааст. Дар бораи амалҳои хайри  ӯ  наш-рияҳои бонуфузи кишвар навиштаанд. Аммо, ба фикри мо корнамоиаш ба китобҳо меарзад… Зеро соли рафта бо иқдоми шахсиаш ду пул байни деҳаҳои Хишекату Метк бунёд ёфт. Барои ин бештар аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ аз пасандози ин бонуи дасткушод харҷ гардид.

- 6 фарзанд дораму синнам аз 80 болост. Фарзандонам хоҳиш карданд, ки ба зиёрати Ҳаҷ рафта, як рукни мусулмониро адо намоям. Вале, вақте ки аз маркази ноҳия меомадам, ду мав-зеи роҳи деҳаро дидам, ки аз  селборон роғ шуда буду мусофирон роҳи гузар намеёфтанд.Танҳо кӯпрук ҳалли  ин мушкилот буд. Зеро ин як бор не, ду бор не, ҳамасола аҳвол ҳамин. Бепарвогӣ мушкилотро боз ҳам бештар карда метавонисту бас. Аз ин ҷост, фарзандонамро ҷамъ кардаму мақсадамро бобати харҷи маблағ барои бунёди кӯпрук гуфтам. Хушбахтона, пайвандонам дастгирӣ карданд,-мегӯяд Норбибӣ-апа.

Ҳамин тавр, соли рафта дар рӯзҳои солгарди  ҷашни Истиқлолият пули бунёднамудаи Норбибӣ-апа бо иштироки  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мавриди истифода қарор  гирифт ва дар ҳамон ҷо бо дуои  аҳли деҳа ба модари савобҷӯ унвони «Ҳоҷибибӣ» дода шуд.

- Шукр мекунам, ки  ба ниятам расидам. Дар ин ҷода сокинони деҳа дастгирӣ карданд. Сохтмони кӯпрук аз оғоз то анҷом дар маркази диққати Раиси вилоят буд. Ду такягоҳи оҳанинро Раиси вилоят дастрас карданд. Боз аз он шодам, ки ҳар иду айём Раиси ғамхори вилоятамон намояндагони хешро ба аёдатам равон мекунанд. Як фарзандам, ки аз рӯзи аввали  кор сарубар буд, бо унвони «Роҳсози ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадршиносӣ ёфт. Чунон ки Пешвои миллат, Сарвари оқилу донои мо Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, Ватанро бояд худи мо обод намоем, ба ҷои мо онро каси дигар обод намекунад,-мегӯяд Хоҷиоя Норбибӣ Дӯстмуродова.

Дар ноҳияи баландкӯҳи Деваштич сафи  шахсони ташаббускору ватандӯст, ки ба иқдомҳои неку савоб даст мезананд, рӯз то рӯз бештар мегардад. Аз ҷумла, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нусратулло Қурбонов мушкилоти аҳли гузари Файзобод, шаҳраки Ғончиро, ки  аз оби нӯшокӣ азият мекашиданд, эҳсос карда, маблағи барои зиёрати Ҳаҷ пасандозкардааш-30 ҳазор сомониро барои кашидани хатти об ба масофаи 3 километр харҷ кард. 7 нуқтаи об насб кунонд. Рӯзи баистифодадиҳии хатти об ба тантана табдил ёфту Нусратулло Қурбонов бо дуои ҳозирин Ҳоҷӣ шуд!

Истиқоматкунандаи деҳаи Меҳробод Саидқул Тӯрақулов, ки собиқадори соҳаи кишоварзӣ мебошаду барои пешбурди ин соҳа хеле заҳмат  кашидааст, пас аз ба нафақа баромадан маблағи барои зиёрати ҳаҷ захиракардаашро ба бунёди бинои Маркази саломатӣ бахшид. Бино иборат аз 5 ҳуҷра буда, барои муоинаи тиббӣ тамоми шароит муҳайёст. Ҳар касе, ки лавҳаи даромадгоҳи табобатгоҳро мебинад, ба хизмати Саидқул Тӯрақулов  аҳсант мехонад.

Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ

Читать далее

Одам сагро мегазад вақте, ки…

Бо ҷурми афроди бетараҳҳум ҳайвонҳо ваҳшитар мешаванд…

Вақтҳои охир дар кӯчаву паскӯчаҳои шаҳру ноҳия ва деҳот тӯдаи сагони ҳарҷогарду бесоҳиб зиёд шудааст, ки онҳо аксар вақт тӯда-тӯда мегарданд. То ба ин вақт ҳамлаҳои зиёди сагони дайдуро аксарият дидаву шунидаанд. Гузашта аз ин, дар қатори тӯдаҳои бесоҳиби сагони ҳарҷогард сагҳои ҳорӣ (бешеннқе пси) низ ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти дақиқ аз Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии вилояти Суғд, дар моҳҳои январ ва феврал дар қаламрави вилояти Суғд 465 саги ҳории велгард нобуд карда шудааст.

Баҳриддинхӯҷа Нозимов, муовини сардори корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии вилояти Суғд мегӯяд, барои аз байн бурдани сагони ҳорӣ ва дайдуву сироятёфта тибқи нақшаи муқарраршуда дар вилоят бо ҳамоҳангӣ ва ҳам-кории нозирони минтақа, шикорчиён ва кормандони идораи байтории шаҳру навоҳӣ рейдҳои махсус гузаронида мешавад.

-Тибқи амри Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мо бо назардошти он ки дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят теъдоди сагони ҳорӣ ва бесоҳиб зиёд шудааст, ҳар моҳ ду-се маротиба рейд мегузаронем ва то қадри имкон сагони ҳориву ҳарҷогард несту нобуд карда мешавад. Масалан, моҳи марти соли равон охирин рейди мо дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол баргузор шуд. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, ин амал алҳол идома дошта, ин гуна сагон безарар гардонида мешавад, - иброз дошт Баҳриддинхӯҷа Нозимов.

Аммо бо вуҷуди пеш гирифтани чунин тадбир дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят торафт теъдоди сагони дайдуву ҳорӣ ва бесоҳиб зиёд шудан дораду кам не. Ба дунболи ин, аксарият шаҳрвандон забон ба шикоят мекушоянд, ки чаро теъдоди сагони дайду вақтҳои охир рӯ ба афзоиш аст?

Тибқи иттилои расида ва мушоҳидаи шоҳидони ҳол, оқибати дайдушавии сагон то ба ҳаддест, ки дар баъзе тангкӯчаҳои шаҳру навоҳӣ ҳангоми убуру мурур кардани шаҳрвандон сагони бесоҳиб дар камин нишаста, ҳар лаҳза ҳуҷум менамудаанд, ки хеле даҳшатафзо будааст. Коршиносон чунин пешомади корро аз беаҳамиятии худи одамон ва зиёд бепарво шудани инсоният нисбати олами ҳайвонот арзёбӣ мекунанд. Метавон ба натиҷа расид, ки дар вуҷуди инсонҳо ҳисси тараҳҳуму шафқат кам шуда, нисбат ба муҳити зист бепарво гардад, ҳамон қадар ҳайвонҳо дар қиболи чунин пешомад ваҳшитар мешудаанд.

Коршиноси масъалаҳои иҷтимоӣ Қурбони Маҷид ба ин назар аст, ки вақте тараҳҳуми инсоният нисбати ҳайвонот кам шавад, ҳайвонҳо низ рӯ ба ваҳшоният оварда, хӯю хислати аҳлиашон (хонагиашон) ба даррандагӣ табдил меёфтааст.

-Агар ҳатто говро инсон аз хонааш ронад, торафт ин чорвои хонагӣ низ мисли як ҳайвони ваҳшӣ хислати хонагиаш ва унс гирифтан ба инсонияташро гум мекунад. Ба ин хотир, бахусус саг, ки як ҳайвони нахустини дӯсти инсоният ба шумор меравад, бо сабаби бетараҳҳумӣ ва бепарвогии инсонҳо ба ҳадди ифроти муносибат, яъне ба ҳорӣ ва девонагӣ рафта мерасад,-мегӯяд Қурбони Маҷид.

Шабонгоҳ вақте дар хиёбонҳои шаҳру шаҳрак ва деҳот гаштугузор менамоем, бараъло метавон ҳис кард, ки гӯё байни одамон ва сагон зиддият оғоз шудааст.

Бахусус, дар ҷойҳои камодам гаштугузор намудан хеле хавфнок шудааст. Маҳмудҷон Миров, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки ӯ бим дорад, шабонгоҳ фарзандонашро ба кӯча фиристад.

-Зеро метарсам, ки бо сагони дайду бархӯрд намудани фарзандонам маро ташвиш медиҳад, чунки аксари сагони дайду ҳорӣ шудаанду дар сурати газиданаш ҳаёти онҳоро зери хатар монондан намехоҳам,-мегӯяд ӯ.

Сокинони дигар низ дар сӯҳбат аз зиёд шудани сагони велгард изҳори нигаронӣ доранд. Бештари онҳо дар сӯҳбат иброз медоранд, ки рӯз то рӯз зиёдшавии сагони дайдуро мушоҳида кардаанд ва хавфи оқибати бади чунин пешомадро тахмин мезананд.

Қассобон-сарчашмаи бало

Тибқи гуфтаи сироятшиносон, зиёдшавии партови хуни қассобхонаҳо ба ҷойҳои камодам ва беэҳтиётии қассобон сабаби нахустини пайдоиши бемории ҳории сагон мегаштааст. Ин ҳолат торафт аз як саги ҳорӣ ба дигар сагони солим хавфи интиқол ёфтани вируси девонагиро доштааст.

Коршиносон мегӯянд, баъзе қассобҳо на фақат бефарқ, ҳатто хеле ифлосанд, ки баъди забҳи мол хуну узвҳои нолозимаи гову гӯсфандро ба мавзеъҳои беодам бурда мепартоянд. Ба ақидаи бештари ҳамсӯҳбатон, хусусан хуни ҳайвони забҳшуда, ки барои сагон мастӣ ва ҳолати ҷунунро меовардааст, торафт мисли инсони шаробхор онҳо низ хунхор шуда, як навъ одатӣ ва хислати тобеият ба хуношомӣ пайдо мекардаанд. Аз ин хотир, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ ва бурда партофтани хун дар таркиби он вирус пайдо шуда, сагонро ҳорӣ мекардааст.

Сабаби дигари ҳорӣ шудани сагонро мушоҳидони ҳол ба ғизоҳои дар партовҳо воқеъбуда рабт медиҳанд. Бешак, сокинон ба партов хӯрокҳоеро мепартоянд, ки мӯҳлати истифодаашон комилан гузаштаасту он ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Суоли калидӣ низ ин аст, ки агар хӯроки мӯҳлати истифодааш гузашта ба саломатии инсон зарар дошта бошад, пас чаро ба саломатии ҳайвонон зарар надоштааст?

Тавре дар боло ишора кардем, сагони бесоҳиб асосан аз ғизои партовҳо ҳорӣ мешаванд, зеро хӯроки муназзам ва стандартӣ надоранд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки хӯрокро дар партовҳо ҷустуҷӯ намоянд. Бештари хулосаи таҳлилгарони лабораторияҳо низ ба он ишораи ангушт менамояд, ки ғизои носолим, ғайристандарт, мӯҳлати истифодааш гузашта ва заҳролуд тамоми вуҷуди организми зинда, чи ҳайвон бошад ва чи инсоният, бемор мекардааст, ҳатто ба девонагӣ мебурдааст. Мутаассифона, аз ин хулоса сагон истисно нестанд. Онҳо низ девона мешаванд.

Сагони бесоҳиб-соҳибони шабонгоҳии шаҳр

Анварҷон Сангинов - духтури дараҷаи олӣ, иштирокчии симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба беҳдошти ҳифзи саломатии сайёра, ки таҷрибаҳои зиёди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро дидааст, мегӯяд, дар Аврупо тақрибан сагони ҳорӣ вуҷуд надоранд. Аз рӯи гуфтаи мавсуф, дар аксари кишварҳои Аврупо махсус ҷойҳои ҷудокардашуда (изоляторҳо) вуҷуд доранд, ки сагони бесоҳибро он ҷо бонӣ мекардаанд.

-Дар мо, мутаассифона, бо сабабҳои объективӣ ин гуна ҷойҳои нигоҳдории сагони велгард вуҷуд надорад. Ба ин хотир, аксари сагони бесоҳиби шаҳрҳои мо бо сабаби нарасидани ғизоҳои солим маҷбур мешаванд, дар ҷустуҷӯи ғизо худро ба ҳар кӯча зананд. Онҳо бӯйи ғизоҳои партофташударо аз дур ҳам қобилияти шамидану дарк намудан доранд. Бинобар ин, иҷборан аз партовҳое, ки дар он хуну боқимондаи узвҳои забҳшуда, ғизоҳои мӯҳлати истифодааш гузашта ва умуман заҳролуд вуҷуд дошта шикамашон сер мекунанд, ки дар натиҷа худашон заҳролуд мешаванд. Ба якдигар ин гуна вирусро мегузаронанд, ки инро дар илми тиб вируси ҳорӣ мегӯянд,-зимни сӯҳбат иброз дошт Анварҷон Сангинов.

Ба гуфтаи Анварҷон Сангинов, агар нафареро саги девона газида бошад, ҳатто ба ҳолати марг бурда мерасонад.

-Барои як сӯзандоруи зидди саггазида 400-500 сомонӣ маблағ зарур аст, ки, мутаассифона, бо як сӯзандору вирус аз бадан дафъ намешавад. Ба ин хотир, ба таври мутадовим бояд сӯзандору ба бадани бемор гузаронида шавад. Як чизи дигарро бояд ба назар гирифт, ки агар нафари саггазидаро дертар ба муоинаи тиббӣ баранд, он нафар девона шуда, мисли саг аккос зада, ҳатто шабҳои маҳтобӣ уллос мекашад. Хӯю хислати саги газанда дар вуҷуди инсон пайдо мешавад. Инсон газанда шуда, атрофиёнро кӯшиши газидан мекунад, - мегӯяд зимни сӯҳбат Анварҷон Сангинов.

Аз рӯи гуфтаи пизишк Сангинов, аз 100 фисад танҳо 5 фисади онҳоро, ки саги девона газидааст, наҷот додан имкон дорад, аммо аксарият девона ва ё ба марги муфоҷо гирифтор мешудаанд. Ҳини сӯҳбат аён шуд, ки афроде,ки саги девона газидааст, на фақат ба инсонҳо ҳуҷум мекардаанд, ҳатто дигар ҳайвонотро низ кӯшиши газидан мекардаанд. Ҳатто чунин одамон сагро низ мегазидаанд.

Кадом раисони шаҳру навоҳӣ фориғболанд?

Бино ба далелҳои болоӣ, паҳну зиёд шудани сагони ҳорӣ сухани оддӣ набуда, балки ба як ташвиши рӯзмарра ва нигаронии ҷомеавӣ табдил шудааст. Суоли посухталаб ин аст, ки агар ҳолат нигаронкунанда бошад, пас чӣ омил монеаи аслӣ аст?

Баҳриддинхӯҷа Нозимов мушкили аз байн бурдани сагони ҳорӣ ва заҳролудро дар сари вақт ҷудо накардани маблағ аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ маънидод мекунад, ки тибқи гуфтаи мавсуф, бояд ҳар сол аз ҳисоби буҷаи шаҳру навоҳӣ маблағи махсус ҷудо карда шавад.

-Тасаввур кунед, барои несту нобудкунии як саги ҳорӣ аз 71 сомонӣ то 121 сомонӣ маблағ масраф мешавад, ки дар шумули он ҳаққи шикорчиён, маблағи тир ва дигар хароҷот ба назар гирифта шудааст. Аммо, мутаассифона, аз ҷониби баъзе раисони шаҳру навоҳӣ бо гузашти се моҳ аз соли 2016 то ба имрӯз барои ин гуна рейд маблағ ҷудо нагардидааст,-мегӯяд Баҳриддинхӯҷа Нозимов.

Аз рӯи гуфтаи Нозимов бармеояд, ки имрӯз дар аксарият шаҳру навоҳӣ бо қарори махсуси раисони шаҳру навоҳӣ аллакай барои соли 2016 маблағ ҷудо гардидааст. Аммо аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Ғончӣ, Спитамен, Зафар-обод ва Истиқлол ҳанӯз маблағи зарурӣ ҷудо нагардидааст, ки як андоза барои гузаронидани рейдҳои несту нобудкунии сагони ҳорӣ ва бесоҳиб монеа эҷод менамудааст.

Фориғболии баъзе шаҳрдорони шаҳру ноҳияҳо боиси сари вақт безараргардонии сагони ҳорӣ мешавад, ки бояд дар ин самт чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешид. Вагарна дер мешавад…

Суоле ба миён меояд, ки дар қатори сагони бесоҳиб эҳтимоли сиҳату солим будани дигар сагон низ вуҷуд дорад, пас чаро онҳо низ парронида, несту нобуд карда мешаванд? Аз сӯҳбат бо коршиносон бармеояд, ки вақте сагони бесоҳиб бо сагони ҳорӣ як ҷо хӯрок мехӯранду ҳатто эҳтимоли алоқаи ҷинсиву зиёдшавии наслу газидани ҳамдигарашон вуҷуд дорад. Аз ин хотир, сагони бесоҳибро низ безарар гардонидан ба манфиати кор будааст. Яъне онҳое, ки ба сифати табиатдӯст даъво мекунанд, ки сагонро бераҳмона қир мекунанд, посух низ ин аст, ки эҳтимоли қавии мубтало шудан ба вируси саги ҳорӣ ба дигар сагони велгард бештар аст. Тавре дар урфият мегӯянд, барои «эҳтиёт- ними ҳаёт» ин гуна амал ҳеҷ зараре надорад.

Чанд пешниҳоди журналистӣ

Хулосаи ин бахш чунин аст, ки ҳолатҳои зиёди гирифторӣ ба бемории ҳории сагон аз хуни заҳролуд ва пур аз вируси партови қассобхонаҳо рух медиҳад. Ҷомеашиносон бо гила иброз медоранд, ки қассобон махсус ҷои гӯронидани хуну дигар партовҳои баъдизабҳиро имрӯзҳо тақрибан надоштаанд.

Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки бигзор масъулин дар рейдҳои махсус ҷои қассобхона ва баъдан ба куҷо бурда партофтани боқимондаи хуну дигар узвҳои ҳайвони куштаро мавриди назорати ҷиддӣ қарор бидиҳанд.

Партовҳо ва хизмати партовкашонӣ дар баъзе шаҳру навоҳӣ тақрибан ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст ва коршиносон пешниҳод мекунанд, ки партовро дар як соати муайян ҷамъ карда, ба ҷое бурда сӯзонида шавад, ки ҳатталимкон сагони бесоҳиб аз вирус эмин боқӣ монанд.

Дар ҳамдастӣ бо хоҷагии коммуналӣ ва раёсати назорати байтории вилоятии Суғд махсус изоляторҳое созмон дода шавад, ки дар он сагони бесоҳибу велгард нигоҳбонӣ карда шавад. Вагарна бо қиру несту нобудсозии сагони бесоҳиб даъвои табиатдӯстдорон рӯйи кор меояд, ки бо ин роҳ низ метавон дигар сагони солими бесоҳибро аз хавфи гирифтории бемории ҳорӣ нигоҳ дошт.

Аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ сари вақт, тибқи амри Раиси вилоят барои безараргардонии сагони бесоҳибу ҳорӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шавад, ки дар ҳолати фориғболӣ ин хавфи ба гуфтан кӯчак, аммо дар асл хеле муҳим метавонад, оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Вагарна, дар сурати фориғболӣ ва бепарвогии мо торафт сагони солими бесоҳиб низ мубталои бемории ҳорӣ шуда, дар ҷомеа хавфи зиёдеро ба дунбол дорад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее