08 April 2016

Вохӯрии намояндагони донишгоҳҳои Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд

Дар доираи панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ. Душанбе 2016” дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти нахустини намояндагони 8 мактаби олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Чорабиниро сарвари маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсти Федератсияи Русия сол то сол густариш ёфта, саҳми ин давлат дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус зиёд шуда истодааст. Ҳамасола баргузории ярмарка - намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ» худ далолати гуфтаҳои болоианд.  

Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи федералии Шарқи дур, Донишгоҳи  давлатии авиатехникии Уфа,  Донишгоҳи давлатии федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск, Донишгоҳи давлатии аграрии Дон, Донишкадаи  технологии саноати хeроквории Кемерово, Донишгоҳи давлатии  архитектура ва сохтмони Санкт-Петербург  тариқи видеонавор, буклету нашрияҳо донишгоҳҳои худро муаррифӣ намуданд. Зимни мулоқоти озоду шаффоф онҳо аз афзалиятҳои муассисаи худ ба монанди хобгоҳу пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, қайд карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.

Абдусабур АБДУВАҲОБОВ

Читать далее

Рӯзи тамошои осорхонаҳо

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш дар ҷумҳурӣ Аксияи «Як рӯзи тамошои осорхонаҳо» ба таври ройгон баргузор гардид.

Дар давоми рӯз аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 3.264 нафар тамошобин аз ҷумла муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз Англия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид намуданд.

Мақсади баргузории чорабинӣ ин рушди туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мероси фарҳангии кишвар, инчунин ҷиҳати саҳмгузорӣ ба хотири ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷавонону наврасон арзёбӣ гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Аксияи «Як рӯзи тамошои осорхонаҳо» ба таври ройгон аз кулли осорхонаҳои  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд 9725 нафар тамошобин баҳраманд гардиданд.

Аслиниссо ЁДГОРӢ,
корманди МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд»

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 31 марти соли 2016 № 151

Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» бо  мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, бо назардошти дархости муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. аз 2 марти соли 2016, № 2/131,  қарор  мекунам:

1. Санаи 26-уми апрели соли 2016 дар қаламрави вилоят Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил тасдиқ карда шавад.

3. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят барои хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, пардохт намудани ҷубронпулии ҳарсолаи маъюбон ва дастгирии моддии бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва посдории хотираи онҳое, ки ҳангоми рафъи оқибатҳои садама бо сабаби заҳролудшавӣ ҷони худро нисор кардаанд, тадбирҳои мушаххас андешанд.

4. Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят ва Раёсати фарҳанги вилоят якҷоя бо ҷамъияти вилоятии «Иттифоқи Чернобил» ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил силсилаи чорабиниҳоро доир намоянд.

5. Ба шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супорида шавад, ки пардохти маблағгузории баргузории чорабинии номбурдаро аз ҳисоби маблағҳои дар соли 2016 пешбинигардида амалӣ намуда, истифодабарии мақсадноки онро таъмин намояд.

6. Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» оид ба фидокориҳои бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, ҳаёт ва фаъолияти онҳо барномаҳо таҳия ва мақолаву очеркҳо ба табъ расонанд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М. ва муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузошта шавад.

Читать далее

Мутахассисони соҳибмалака шоистаи қадру манзалат ҳастанд!

Номаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон ба Раиси вилояти Суғд

Ба унвонии роҳбарияти вилояти Суғд аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои наврӯзӣ, аз ҷумла «Корвони наврӯзӣ» номаҳои миннатдорӣ ворид гардида истодааст

 Чунин як нома аз номи аҳли ҳунари вилояти Хатлон ворид шудааст, ки дар он омадааст:

Мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ!

Аҳли ҳунари вилояти Хатлон аз фарҳангдӯстиву фарҳангшиносии Шумо хело миннатдор буда, эҳтироми хешро ба Шумо мерасонад. Ҳунармандони мо дар ҳар як сафарҳои ҳунариашон ба вилояти Суғд бо қаноатмандӣ ва рӯҳи болида бармегарданд.

Мо боз аз он хурсанду қаноатманд шудем, ки қабули Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ гузашт, ки ба мо шодиву фараҳ бахшид.

Ҳар як барномаи наврӯзӣ ва  хусусан барномаи идонаи наврӯзии «Корвони наврӯзӣ» аз сиёсати фарҳангдӯстона ва густариш ёфтани авҷи фарҳангии ҷомеа ва рушд ёфтани қадру манзалати мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат далолат медиҳад.

Мо, аҳли ҳунар аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои пешбарӣ кардани таҳиягарону омодакунандагони барнома ҷиҳати гирифтани мукофотҳои давлатӣ мусоидат намоед.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҳайати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба муносибати Иди Наврӯз аз самими дил табрику муборакбод гуфта, дар корҳо ва мақсаду ниятҳоятон дар самти шукуфоии Ватани азизамон комёбиҳои беназир, сулҳу саодат таманно менамоем.

Бо арзи сипос ва эҳтиром:

Бурҳониддин Раҷабов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,           

Амриддин Кабиров - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,          

Меҳринисо Ҳоҷибоева - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,              

Аловуддин Абдуллоев - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,           

Холмирзо Санимуродов - Корманди шоистаи Тоҷикистон,            

Маҳмадалӣ Айюбов - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,        

Маҳмадӣ Шарипов - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,        

Сайдалӣ Савзов - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,          

Муҳаммад Шомуддинов - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Читать далее

Сафари бонувони соҳибкори суғдӣ ба Хатлон

Охирҳои моҳи марти соли  равон бо  ибтикори Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Тоҷикистон гурӯҳи бонувони соҳибкори суғдӣ бо  мақсади  шиносоӣ ба кору  фаъолияти бонувони  соҳибкори  хатлонӣ  сафари  пурмӯҳтавое  ба вилояти  Хатлон доштанд.

Рӯзи аввали  ташриф меҳмононро  муовини  раиси мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа С. Қосимова ва  раиси  бахши  кор  бо  занони  вилояти Хатлон С. Самиева хайра  мақдам  гуфтанд. Дар  муддати  се  рӯз  бонувони суғдӣ   дар  шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ  бо  кору  фаъолияти    бонувони  соҳибкори   хатлонӣ  аз  наздик  ошно гардида, таҷриба  иваз  намуда,  маслиҳатҳои  муҳими  худро  барои  пешрафти  кор  дареғ  надоштанд. Ин  робитаву таҷрибаандӯзиҳо  ба  бонувони  тоҷик  имконият  фароҳам  меорад, ки  донишу  малакаи  худро  ривоҷ  дода, маҳсулотҳое  истеҳсол  намоянд, ки  ҳам  ҷавобгӯи  талаботҳои  ҷаҳонӣ   ва ҳам  дархӯри  завқи  мардум  бошанд. 

Дар тӯли наздик 25 соли Истиқлолияти давлатӣ такони  бузурге  дар  ҳаёти бонувони ҳунарманд ба миён овард. Дастгирии  пайвастаи  Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси  вилоят Абдураҳмон  Қодирӣ ба  эҳёи нави  ҳунарҳои  миллӣ,  алалхусус,  кешбофию  адрасбофӣ  мусоидат  намуд. Имрӯзҳо,  ҳатто, дар дурдасттарин  деҳаҳо  ҳам  бонувон  имконият доранд, ки  маҳсули  ҳунари  бебаҳои  худро  пешкаши  ҳаводорон  гардонанд. Дар  ин  замина  ташкилотҳое  таъсис  ёфтанд, ки  дар  пешрафти  кори  бонувони  соҳибкор  ҳиссагузоранд.

Ассотсиатсияи миллии  занҳои  соҳибкори  Тоҷикистон (АМЗСТ) ташкилоти  ғайритиҷоратии  ҷамъиятӣ  мебошад , ки соли  1995  таъсис  ёфтааст. Ин  ташкилот барои  амалӣ  гардондани лоиҳаҳо  ва  пеш  бурдани  ҳуқуқ  ва  майлу  рағбатҳои   соҳибкорзанон таҷрибаи  хело  бой  дошта, дар сафҳои худ  2500  нафар  зани  фаъолро, ки дар  соҳаи  гуногуни  иқтисодӣ: савдо, истеҳсолот, хизматрасонӣ, хоҷагии  қишлоқ   ва  соҳаҳои  иҷтимоӣ  фаъолият  мекунанд, гирд  овардааст.

Мақсади   фаъолияти  ассотсиатсия васеъ  кардани  ҳуқуқҳо ва  имкониятҳои  занон  дар  бозори  меҳнат, мусоидат  кардан  барои  дастрасии  занон  ба  захираҳои  молиявӣ, илму  маърифат, рушди  малакаи  касбии  занон  мебошад.

Савринисо АЙЁМЗОД,
узви Анҷумани тоҷикон  ва  форсизабонони  ҷаҳон “Пайванд”

Читать далее

Беҳтарин ҷуғрофидони ҷумҳурӣ

Хонандаи синфи ёздаҳуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-уми ноҳияи Мастчоҳ Мунзифа Сафарова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба фанни ҷуғрофия сазовори мақоми аввал ва медали тилло гардид.

Мунзифа шогирди муаллими соҳибтаҷриба, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Толибҷон Ғиёсов мебошад, ки бист сол боз дар ин мактаб ба таълиму тадриси насли наврас машғул мебошад. Худи муаллими муваффақ Толибҷон писари олими ҷуғрофидони тоҷик, номзади илм, шодравон Обид Ғиёсов аст, ки солҳои тӯлонӣ дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд (алҳол ДДХ) дарс мегуфт.

-Ман шавқу ҳаваси Мунзифа Сафароваро ба илми ҷуғрофия ба назар гирифта, се соли охир ба ӯ ҷиддӣ кор бурдам, дарсҳои иловагӣ гузаронидам, -гуфт зимни сӯҳбат бо мо муаллим Толибҷон Ғиёсов. –Бобояш Одина Сафаров ва падараш Шӯҳрат Сафаров, ки худ муаллим ҳастанд, Мунзифаро дар муҳити хонаводагӣ ҳам ба омӯзиши ҷиддии илм раҳнамун карданд. Маҳз ҳамин омилҳо – завқу хоҳишу кӯшиши шогирд, дастгирии маънавии аҳли хонавода ва заҳматҳои устод ба пирӯзии Мунзифа дар озмуни ҷумҳуриявӣ мусоидат карданд. Дар комёбии Мунзифа саҳми роҳбари синф Расул Расулов низ назаррас аст.

Сарвари мактаб Устоҳафиз Саидов бо ифтихор аз комёбии шогирдон дар озмунҳои зеҳнии ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мегӯяд:

-Аз мактаби мо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба ғайр аз Мунзифа имсол боз Шоҳписанд Содиқова (шогирди муаллима Нурбибӣ Гиёева, аз забону адабиёти тоҷик) ҳамчун соҳиби ҷойи сеюми олимпиадаи вилоятӣ ширкат меварзад, ки аз ӯ ҳам натиҷаи хубро чашмдорем.

Умуман, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ воқеъ аст, яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳисоб рафта, ба 780 хонанда 58 нафар омӯзгор сабақ медиҳанд. 45 нафар омӯзгор маълумоти олӣ ва 34 нафарашон дараҷаи олии тахассусӣ доранд.

Ҷӯра ЮСУФӢ

Читать далее