12 April 2016

Маскани маърифат

Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки  хоҷагии халқи кишвар буда, рушди он пайваста дар мадди таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Дар доираи татбиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои мушаххас андешида  мешавад. ҳамчун омӯзгори мактаб пешравиҳои соҳаи маорифро  ба хубӣ эҳсос менамоем.

Ҷомеаи меҳнатии омӯзгорони таълимгоҳи моро, бахусус аз иқдомҳои пайвастаи ҳукумати ҷумҳурӣ  дар хусуси ташкили  маҳфилҳои ҳунарӣ рӯҳбаланд сохт. Ташкили маҳфилҳои ҳунарӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгариву дуредгарӣ ва ҷалби хонандагон  ба омӯзиши он баҳри бедор кардани завқи зебоипарастиву меҳнатдӯстии хонандагон мусоидат мекунад.

Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии 33-уми деҳаи Путхини  ноҳияи Айнӣ 168 нафар хонанда таълим  мегиранд.

Маҳз ташкил шудани Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини  шаффофияти имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои олии кишвар заминаи хуб гузошт.

Соли хониши сипарӣ 15 нафар хонанда мактаби моро хатм карда бошад, аз онҳо 7 нафарашон соҳиби унвони донишҷӯ гаштанд. Имсол бошад, теъдоди хатмкунандагони мо 27 нафаранд, ки аз онҳо 15 нафарашон  аз қайди  Маркази миллии тестӣ гузаштанд. Ҷорӣ шудани усулҳои фаъоли таълим  ва  истифода  аз аёниятҳои хониш яке аз омилҳои  асосии баланд бардоштани  сифати тадрис маҳсуб меёбад. Чун соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ мегардад, мо - омӯзгорон мекӯшем, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошему шахсони  созандаву ободкорро  тарбия намоем. Зеро, маҳз насли навраси имрӯза оянда ободгару бунёдкори Тоҷикистони навин аст.

                                                                                 Ибодулло МУҲИДДИНОВ,
омӯзгори МТМУ-и № 33,
                                                                                 деҳаи Путхин, ноҳияи Айнӣ

Читать далее

Як рӯзи пур аз таассурот

Абдураҳмон ҚОДИРӢ: Бо дастгирии Пешвои миллат , Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар вилоят шаҳраку марказҳои нави аҳолинишин бунёд мегарданд. Алҳол дар ҳудуди вилоят сохтмони шаҳракҳои наву замонавии “Сайҳун” дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров, “Баҳористон” дар шаҳри Истаравшан ва “Моҳпарӣ” дар шаҳри Исфара бомаром идома дорад.

Читать далее

Сипоснома ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ

Намояндагони аҳли деҳаи Хиштхона, собиқадорони меҳнат, муаллимону хонандагон аз ғамхориҳои рӯзафзуни Шумо дар рушди соҳаи маориф ва дастгирии бевоситаи Шумо хеле мамнунанд.

Сафарҳои кории Шумо буд, ки ба кори сохтмони мактабамон нерӯи нав бахшид. Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2014  аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти «Суғдшаҳрофар» бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии «Парвина»-и ноҳияи Ашт дар мӯҳлати пешбинишуда ба истифода дода шуд. Ин боиси хушнудии сокинони деҳа гардид. Аҳли ҷомеаи меҳнатии мактаб нисбат ба ғамхориҳо оид ба мустаҳкам шудани заминаи моддӣ - техникӣ, сатҳи донишомӯзии хонандагон рӯҳбаланд гардида, баҳри пешрафти босуботи соҳаи маориф софдилона саҳм мегузоранд.

Читать далее

Бунёди боғҳои интенсивӣ: манфиат ва сарфакорӣ

Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва фарогирии мардуми деҳот бо ҷойи корӣ мусоидатгар маҳсуб меёбад.

Дар Паёми худ Сарвари  давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ  Рамон аз 23 январи соли 2015 рушди соҳаи боғу токпарвариро дар ҷумҳурӣ аз омилҳои асосии баландшавии иқтисодиёт маънидод намудааст. Баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми Раиси вилоят бобати  бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи Сомғор зиёда аз 1000 гектар бо усули обёрии қатрагӣ корҳои зиёде иҷро мешавад.

Читать далее

Ҳисси баланди масъулият дар иҷрои вазифа

Ҷаласаи мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд вобаста ба таҳлилу ҷамъбасти фаъолияти мақомот оид ба таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давраи се моҳи аввали соли 2016-ум баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов доир гардид.

Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов изҳоро намуд, ки вазъи иҷрои қонунгузориҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон, замин, буҷет, моликият, ҳифзи саломатӣ, танзими асъор ва назорати он, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист, санитарию эпидемиологӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, нафақаи шаҳрвандон ва ғайраҳо санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 437 амр дода, 228 эътироз оварда, 211 пешниҳод бароварда, 1501 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 197 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз  ва  аз натиҷаи баррасии санадҳои эътиноӣ 331 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 98 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1501 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 23,5 млн.сомонӣ зарарҳои моддӣ рӯёнида, 135 сар чорво ва 214 парванда ба тариқи аслӣ барқарор карда шуданд.

Аз он ҷумла, дар самти иҷрои қонунгузории замин 62 амр, 37 пешниҳод, 51 эътироз оварда, 159 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 56 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда дар натиҷа 40 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 159 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 4025,3 гектар қитҳаҳои замини дар истифодаи ғайриқонунӣ буда, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Вазъи иҷрои қонунгузорӣ оид батанзими асъор ва назорати он мунтазам санҷида, дар раванди онҳо 80 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 43 ҷиноят марбут ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ошкор шудаанд.

ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пайваста мавриди санҷиш қарор дода, 33 нафар ба чавобгарии маъмурӣ, 12 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, ба унвони мақомоту комиссияҳои дахлдор 14 пешниҳод бароварда, 4 амр дода шуд.

Ҳангоми ба амал баровардани назорат ба иҷрои қонунгузории андоз диққати асосӣ ба иҷрои қонунгузориҳо оид ба пешгирӣ  намудани қарзи андозҳо, кам кардани бақияи онҳо, ошкор кардани маблағи андозҳои пинҳонкарда ва ситонидани онҳо равона гардида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 214 амр, 32 пешниҳод, 44 эътироз оварда, нисбат ба 192 нафар шаҳрвандон парвандаҳои маъмурӣ ва 16 нафар кормандони мақомоти андоз истеҳсолоти интизомӣ оғоз гардида, 14,2 млн. сомонӣ маблағҳои андоз ба буҷет ситонида шуданд.

Дар раванди назорат ба иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ҳамагӣ 51 санҷиш гузаронида, натиҷаи онҳо 26 амр, 41 эътироз, 48 пешниҳод бароварда, 139 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 27 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 134 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 65 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 16,5 ҳазор сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Аз ҷумла, марбут ба ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 4 амр, 40 пешниҳод, 12 эътироз оварда, 90 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 65 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ, ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида, иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ, бадқасдона саркашӣ  намудани падару модар аз таъминоти фарзандон  оғоз карда, инчунин ҷавобгарии интизомии 67 нафар гузошта шудааст.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ  1138 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии ҷиноятҳо 82,22 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар истеҳсолоти муфаттишони мақомоти прокуратураи вилоят 509 адад парвандаҳои ҷиноятӣ қарор дошта, аз онҳо тафтишоти 298 адад ба итмом расонида, 286 ададашон ба суд фиристода шуданд, ки назар ба давраи қиёсӣ 66 адад зиёд мебошад.

Дар самти мубориза бар зидди экстремизму терроризм аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 121 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта ошкор гардидааст. Аз миқдори умумии парвандаҳои ҷиноятии тафтишшуда 25 адад нисбати 45 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристонида, аз он 18 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 40 нафар аз ҷониби муфаттишони прокуратура тафтиш карда шудааст.

Бо иштироки прокуророн аз тарафи судҳои марҳалаи аввал ҳамагӣ 594 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 737 нафар баррасӣ гардида, бо 552 адади онҳо нисбат ба 690 нафар ҳукми айбдоркунанда бароварда, ба 41 адад санадҳои ғайриқонунии суд эъ-тирозҳо оварда, 26 адади  он қонеъ шудааст.

Прокуратураи вилояти Суғд оид ба рӯёнидани зарарҳои ба муассисаву корхонаҳои давлатӣ расонидашуда ба судҳои умумӣ 27 аризаи даъвогӣ ба маблағи 8,85 млн. сомонӣ ва ба суди иқтисодӣ 8 аризаи даъвогӣ ба маблағи 8,04 млн. сомонӣ пешниҳод гардидааст, ки 21 адади  он ба маблағи 4,65 млн. сомонӣ қонеъ карда шудааст.

Дар самти таблиғи қонунҳо прокуратураи вилоят баҳри фаҳмонидани моҳияту нуқтаҳои асосии Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузориҳо дар бораи масъулияти падару модар ва омӯзгорон дар тарбияи ноболиғону ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии во-ситаҳои нашъаовар ва ғайраҳо бо аҳолӣ 538 сӯҳбату вохӯрӣ баргузор гардиданд. Бо воситаи телевизиони маҳалливу ҷумҳуриявӣ 77 ва радио 51 барнома ва баромадҳои ҷолиб омода ва пахш карда, бо воситаи рӯзномаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ 71 мақола ба нашр расонида шуданд.

Дар ҷаласа  муовини Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Валӣ Ваҳҳобов ширкат дошт.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

Читать далее

Рӯйдодҳои фатҳи кайҳон

Ҳанӯз асосгузори назарияи кайҳоннавардӣ Константин Сиолковский дар охири асри ХIХ  дар асараш «Тадқиқи фазои олам бо асбобҳои реактивӣ»  (1903) нахустин шуда, имконпазир будани парвози кайҳонӣ ва муаммоҳои онро нишон дода буд.  Асосгузори кайҳоннавардии амалӣ Сергей Королёв   барои ҷомаи амал пӯшидани орзуи устоди худ К.Э.Сиолковский кӯшиш намуд ва соли 1933 дар заминаи яке аз муассисаҳои илмии нахустин, Институти тадқиқотӣ – илмии реактивӣ таъсис дода буд.   Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва гузарондани озмоишҳои хеле зиёде 4ққ–октябри соли 1957 инсоният ба эраи фатҳи фазои кайҳон шурӯъ намуд. Аввалин радифи маснӯи Замин ба мадор бароварда шуд. 12 апрели соли 1961 бошад, аввалин инсон  ба кайҳон парвоз кард. Маълум, ки то 1-уми январи соли 2016 шумораи умумии кайҳоннавардон ва астронавтҳою тайковандҳои ҷаҳон, ки ба кайҳон парвоз намуданд,  543 нафарро ташкил медиҳад. Дар байни тамоми кайҳоннавардон Герман Титов ҷавонтарин ба ҳисоб меравад. Вай дар 26 солагиаш ба кайҳон парвоз кардааст, Астронавт Дҷонн Гленн бошад, дар 77 солагиаш ба кайҳон парвоз намуд, ки дар байни тамоми кайҳоннавардон пиртарин синну сол ба ҳисоб меравад.

Ин гуна факту рақамҳо дар раванди фатҳи фазои кайҳон хеле бисёранд.

Дар арафаи ҷашни байналхалқии авиатсия ва кайҳоннавардӣ лозим донистем, барои ҳаводорони илми афлок мухтасари маълумотҳо ва рӯйдодҳои муҳимро дар раванди фатҳи кайҳон ёдрас шавем.     

Нимаи аввали соли 1944 ракетаи Фау-2, ки Германияи фашистӣ бо мақсади истифодаи он ҳамчун “яроқи интиқом” сохта шуда буд, дар таърих аввалин радифи маснӯи  сарҳади фазои кайҳонро фатҳкарда, ба ҳисоб рафта буд.

22-уми июли соли 1951 аз кос-модроми Капустин-Яр аввалин маротиба “бародарони хурдӣ”-и инсон сагҳо Сиган ва Дезик бо ракетаи Р-2А ба баландии 110 километр  парвоз намуданд.

4 –уми октябри соли 1957 аввалин парвози радифи маснӯи Замин сар дода шуд.

3-уми ноябри соли 1957  парвози аввалин радифи биологӣ бо кайҳоннавард Лайка.

12-уми апрели соли 1961 аввалин дар ҷаҳон парвози  инсон Юрий Гагарин,  бо киштии кайҳонии   «Восток».

20-уми феврали соли 1962 аввалин парвози орбиталии астронавти америкоӣ Дҷонн Гленн ба кайҳон.

26-уми апрели соли 1962 аввалин радифи маснӯи англисҳо бо номи  «Ариел-1» сар дода шуд.

29-уми сентябри соли 1962 радифи аввалини канадагиҳо бо номи «Алуэт-I» ба мадор бароварда шуд.

16 – 19-уми июни соли1963 аввалин  парвози зан  В. В.Терешкова,  бо киштии кайҳонии    «Восток-6» ба кайҳон.

15-уми декабри соли 1964 - аввалин радифи маснӯ аз тарафи Италия ба фазо сар дода шуд,  ки номи он «Сан–Марко-1» буд.

18-уми марти соли 1965 аввалин маротиба ба ҳавои кушод баромадани кайҳоннавард А. А. Леонов, бо киштии «Восход-2».

26-уми ноябри соли 1965  Франсия аввалин радифро бо номи «Астерикс» ба мадор бо ёрии ракетабарандаи худӣ баровард.

1-уми марти соли 1966 аввалин киштии кайҳонии байнисайёравии «Венера-3»,  сайёраи Зӯҳроро фатҳ кард.

17-уми июли соли 1975 аввалин пайвастшавии ду  киштии кайҳонии Союз-19»-и  Иттиҳоди Шӯравӣ бо кайҳоннавардон. А.А.Леонов, В.Н.Кубасов ва киштии кайҳонии “Аполлон”-и ИМА, бо астронавтҳо Т.Стаффорд, Р.Слейтон, В.Бранд.

 25-уми апрели соли 1984 аввалин маротиба зан кайҳоннавард Светлана Савитская  аз дохили киштии кайҳонии “Союз Т-12”ба фазои кушоди кайҳон баромад.

20-уми феврали 1986 ба мадор баровардани стансияи кайҳонии “Мир”.

18-уми маи   соли 1991  парвози охирин  кайҳоннаварди Иттиҳоди Шӯравӣ Анатолий Арсебарский ба кайҳон.

2-юми октябри соли 1991 парвози аввалин шаҳрванди Қазоқистон Токтар Акобиров ба кайҳон.

Ҷалол ЛАТИФОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров
Самеъҷон  ХОШОКОВ,
ҷонишини директори Планетарияи шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ҳамкорӣ бо муштариён

Аз тарафи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон бо иштироки намояндагону мутахассисони КВДК  «Хуҷандобуканал» ва корхонаҳои обу  корези ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Мӯъминобод, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд семинар-машварат баргузор гардид.

Баҳри бартараф сохтани муаммоҳо ва барқарор намудани боварии муштариён мебояд, ки алоқаи доимӣ ва амали мутақобилаи байни  ҷамъият ва субъектҳои хоҷагидорӣ амалӣ гардонида шавад. Алоқаи баръаксе, ки бо муштариён ба роҳ монда шуда буд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ин на фақат ба истилоҳи халқӣ «Обро деҳу муздашро гир» рост меояд. Бояд ки нишондиҳандаҳои асосии амалигардонии алоқаи баръакс ин бо меъёрҳои шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва иштироки истеъмолкунандагон марбут бошад.

Вобаста ба ин, мутобиқи ташаббуси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикис-тон дар ҳамкорӣ бо шахсони  масъули КВДК «Хуҷандобуканал» нақшаи корӣ тартиб дода шуда буд. Тибқи он бо мақсади ҷалби муштариён-намояндагони маҳаллаҳо ба иштирок дар фаъолияти меҳнатии КВДК «Хуҷандобуканал»  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва манфиатҳои  қонунии муштариён санаи 30-юми сентябри соли 2015 дар назди КВДК «Хуҷандобуканал» Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ таъсис дода шуда буд. Аз рӯзи таъсисшавии  Шӯро тибқи низомнома нақша-чорабинӣ ва ҷаласаҳо гузаронида шуда истодааст, ки дар он масъалаву муаммоҳои ҷории соҳаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби аъзоёни Шӯро баррасӣ ва муҳокима мегардад.

Чораҳои асосӣ ба таъминоти шаффофият ва маълумотҳо доир ба ҳамаи масъалаҳои фаъолияти обтаъминкунанда равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки хизматрасонии муштариён дар асоси меъёри «Алоқаи баръакс» асос гирифта, худ тағйирёбии фаъолияти таъминкунандаро дар асоси талабот ва интизории муштариён дар назар дорад, тариқи муҳокимавӣ дар семинар-машварат нишон дода шуд. Ба ғайр аз ин бо сабти маълумот дар расонаҳо ва нашрияҳои даврӣ обтаъминкунанда ӯҳдадор аст, ки маълумотҳои таъҷилиро тавассути воситаҳои ахбор ба муштариён расонад. Ин усули ӯҳдадорӣ дар КВДК «Хуҷандобуканал» дида мешавад.

Дар семинар арзу шикоятҳои муштариён дар асоси меъёри «муштарии боинсоф» баррасӣ гардид. Инчунин, ҳуқуқи маъюбон ва дигар табақаҳои аҳолӣ бо истифода аз имтиёз дар хизматрасонии оби нӯшокӣ бо назардошти  қабули ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба имтиёз муҳокима гардиданд. Ин раванд дар оянда ҳамкориро бо муштариён бобати маслиҳатҳои маърифатӣ пурзӯр мегардонад.

Иштирокчиёни семинар - машварат вобаста ба ҳамаи масъалаҳо маълумот гирифтанд, ки дар фаъолияти минбаъдаашон манфиатбахш хоҳад буд.

Валӣ НАБИЗОД,
сардори хадамоти матбуоти
КВДК «Хуҷандобуканал» 

Читать далее

Лизинг: Рафти кор аз куҷо то ба куҷо!

(Роҳбарони баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ин самт чи гуна нигоҳ доранд?)

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2007 таҳти рақами 597 дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур хоҷагиҳои кишоварзӣ (фермерӣ) ва шаҳрвандони ҷумҳуриро ново-баста аз шакли моликияташон, метавонад бо техника, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар воситаҳои мошинолотии кишоварзӣ тариқи лизинг таъмин намояд.

Лизинг чист ва мақсади он аз чӣ иборат аст?

 Лизинг — ин иҷораи гуногуни молиявӣ барои дастгирии техникаи соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ мебошад. Техника, воситаҳои техникӣ, қисмҳои эҳтиётӣ дар асоси шартнома ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолӣ, тариқи пешпардохти 20 фоизи маблағӣ аз арзиши нархи муқаррарӣ, бе ягон пардохти иловагӣ мебошад. Маблағи боқимонда барои техника дар муддати 3 сол ва барои таҷҳизоти техникӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ дар муддати 8 моҳ пардохт карда мешавад.

Тавре аз сӯҳбати Қофлон Расулов - роҳбари филиали Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аён гардид, ин бахш дар вилояти Суғд моҳи июли соли 2008 ташкил шудааст.

- Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик-агролизинг» дар асоси ариза ва дархостҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тариқи иҷораи молиявӣ дар асоси шартнома амалӣ мегардад. Қаблан, мӯҳлати шартнома аз соли 2008 то соли 2015 ба мӯҳлати 3 сол бо хоҷагиҳо баста мешуд, аз соли 2015 инҷониб бошад, мӯҳлати бастани шартнома 5 сол муқаррар гардид. Корхона техника ва таҷҳизотро бо фоизҳои моҳона 1 фоиз ва солона 12 фоиз пешниҳод менамояд, ки нисбат ба фоизҳои бонкҳо хеле кам мебошад. Корхона аз оғози фаъолияти худ бо зиёда аз 100 хоҷагии деҳқонии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ дорад, ки мувофиқи ариза ва дархости онҳо зиёда аз 110 адад трактор ва 200 адад мошинолотро ба маблағи зиёда аз 12 млн. сомонӣ ворид намудааст,-иброз дошт Қ.Расулов.

Корхона бо заводҳои тракторбарории Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Украина, Федератсияи Россия, давлатҳои Туркия, Полша, Хитой, Эрон, Сербия ва коргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, трактор ва мошинолотҳоро харидорӣ ва дастраси кишоварзон менамояд.

Иқдоми ҳукумат дар ин самт

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корхона дар вилоят фаъ-олият бурда, 5 маркази хизматрасонии техникиро таъсис додааст. Онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Деваштич ва Панҷакент фаъолият мебаранд ва бо 24 адад трактори тамғаҳояшон гуногун ва зиёда аз 70 адад мошинолоти кишоварзӣ таҷҳизотонида шуда, ба кишоварзон тариқи иҷора ва мувофиқи дархостҳояшон хизмат мерасонанд.

Тавре аз сӯҳбат бармеояд, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли ҷорӣ трактор ва мошинолоти марказҳои хизматрасонии техникӣ ба гардиши молиявӣ дароварда шудааст. Дар маркази хизматрасонии ноҳияи Деваштич ба пуррагӣ ҳамаи трактор бо таҷҳизоташ, дар шаҳри Исфара 2 адад трактор бо таҷҳизоташ, дар шаҳри Истаравшан 3 адад трактор бо таҷҳизоташ ба гардиши молиявӣ дароварда, дар ин самт кор дар шаҳру ноҳияҳо давом дорад ва то ҷамъбасти нимсолаи якум ба пуррагӣ амалӣ мешавад.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон № 474 аз 1 августи соли 2015 ва протоколи № 9 аз 27 июли соли 2015 Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ таъсис диҳанд.

Беҳавсалагӣ ва ё бемасъулиятӣ?

Аммо иҷрои қарори мазкур аз бемасъулиятии роҳбарони аксарияти шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда нашудааст, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои Исфараву Мастчоҳ ва Спитамен то имрӯз на замину на бино ҷудо гардидааст, ки марказҳои хизматрасонӣ ташкил кунанд.

-Дар дигар шаҳру ноҳияҳо бошад, замин ё бино ҷудо гардиданд, аммо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо нарасидааст ва ё дигар масъалаҳо оиди ташкил кардани он ҳалли худро наёфтааст,- бо таассуф иброз медорад Қофлон Расулов.

Аз рӯи гуфтаи мавсуф бармеояд, ки доир ба ин масъала барқияи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол шудааст, ки он дар арафаи иҷро шудан қарор дорад.

-Дар ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон барои таъсиси Марказҳои хизматрасонии техникӣ бо қарори раисони ноҳияҳо ҷойи нигаҳдории техника ва идораи корхона ҷудо гардидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, бино ва иншоот ҷудо карда шуда бошад ҳам, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо то ҳол ба имзо нарасидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ҷаббор Расулов ва Деваштич барои ташкили Марказҳои хизматрасонии техникӣ қитъаи замин ҷудо гардида, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо нарасидааст ва корҳои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо рафта истодааст. Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Маст-чоҳ корҳо оид ба ташкили Марказҳои хизматра-сонии техникӣ оғоз гардидааст,- иброз дошт Қофлонбек Расулов.

Шароит ҳаст, корро бояд пеш бурд!

Дар ин замина ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки шароити ҷойгир намудани базаи корӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар ҳоли коркард қарор доштааст.  Бино ба гуфти сардори «Маркази хизматрасонии техникии шаҳри Конибодом» Баҳодурҷон Абдусатторов, моҳи сентябри соли 2009 дар асоси фармони КВД «Тоҷик-агролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази номбурда таъсис ёфт.

-Маркази мазкур чанд сол қабл дар ҳайати КВД «Тоҷикагролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, аз коргоҳи мавҷуда ба Маркази хизматрасонии техникии шаҳри Конибодом 4 адад техникаи шудгоркунандаи коркарди байниқатории тамғаи «Тоҷирон», ҳамзамон якчанд намуди  олоти кишоварзиро додааст. Ба ин техникаҳо механизаторонро тибқи шартнома ба кор қабул карда, бо  хоҷагиҳои деҳқонӣ низ дар асоси шартномаву нархномаи тасдиқшуда намудҳои гуногуни хизматрасонии техникаҳои кишоварзиро мерасонем, - иброз дошт сардори марказ Баҳодурҷон Абдусатторов.

Ҳангоми азназаргузаронии дастгоҳҳои марказ аён буд, ки воқеан ҳамаи техникаҳои кишоварзӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, лавозимоту техникаҳои зарурӣ барои хизматрасонӣ омодаанд.

Суоле ба миён меояд, ки роҳбарони шаҳру  ноҳияҳои дар ин самт тадбир наандешида то ба кай дар иҷроиши ин амр ба беҳавсалагӣ роҳ медиҳанд? Кай масъулият эҳсос намуда, баҳри амалӣ намудани  он камари ҳиммат мебанданд? Албатта, иҷроиши он аз раисони шаҳру навоҳӣ масъулиятшиносӣ талаб менамояд ва то кадом андоза иҷрогирдидани онро вақт нишон медиҳад.                                                                                               

Нодир ТУРСУНЗОДА

Читать далее