20 April 2016

Таҳаввулгари тақдири миллат

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд деворнигора созмон ёфтааст, ки аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол хабар медиҳад. Ин деворнигора аз 5 бахш иборат аст.

Дар бахши аввал аксҳое менамоянд, ки  замони нобоварӣ ба оянда, яъсу ноумедӣ, парешонҳолӣ ва тарки Ватан намудани мардумро ба бинанда пешорӯ меорад. Хусусан, аксҳои майдоннишинони Шаҳидон ва Озодӣ, силоҳбадастон, қурбониён тамошогаронро муассир сохта, ба андеша водор мекунанд, то ки ба қадри  замони имрӯзаи осоиштаи сериву пурӣ  расида, ба Ватани азиз хизмат намоянд. Бахши дуюм аз намои Қасри сарнавиштсози Арбоб ибтидо ёфта, гӯё офтоби Истиқлол аз он ҷо нур мепошад. Акси вакилони  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати ХII) дар маҷлисгоҳ, суханронии вакили Иҷлосия, Шаҳрванди фахрии Хуҷандшаҳр, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳон Набиев, китоб ва ҳуҷҷатҳои ӯ ба намоиш гузошта шудааст. ӯ аз аввалин вакилонест, ки  дар Иҷлосияи тақдирсози таърихӣ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кардааст.

Камолоти Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ равшан зуҳур меёфт ва халқ дид, ки Сарвари давлат танҳо ба манфиати мардум кӯшишу ҳаракат дорад ва халқи қадршинос сарҷамъ гирди Сарвари худ шуданд, ки натиҷаи он бо аксҳо дар бахши сеюм дар толори «Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар маърази тамошо гузошта шудааст.

Бешубҳа, аксҳои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншоот ва коргоҳҳои нав ба амсоли корхонаи равғанбарории «Комрон Агрохолдинг», заводи таъмиро вагонҳои Маҳрами Конибодом, корхонаи муштараки Каобол тексттоҷиктайлз ва инчунин қадамҳои мубораки Ҷаноби Олӣ ба вилояти Суғд, аз ҷумла, ба гандумзори ноҳияи Мастчоҳ, «Иди зардолу»-и Конибодом, иштирок дар озмуни «Зардолуи шаҳдбор» ва сӯҳбат бо занбӯрправарони хоҷагии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нишони ободӣ ва гулгулшукуфии диёр дар бахши чорум аст. 

    Бахши панҷум аксҳои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинаҷод дар нақби «Истиқлол»-и Анзоб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев гувоҳи сиёсати дохиливу хориҷӣ аст.

 Кимиёхон АТОЕВА,
 ходими илмииОсорхона,
номзади илмҳои филология

Читать далее

Зотҳои хушсифатро аз даст надиҳем!

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии қишлоқ маҳсуб ёфта, талабот ба он рӯз аз рӯз меафзояд. Зеро шир, гӯшт, пашм ва дигар маҳсулотҳое, ки аз он гирифта мешаванд, мардум ҳамарӯза истифода мебаранд.

Филиали Суғдии Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ду шўъба (шўъбаи селексия ва технологияи бузпарварӣ ва шўъбаи селексия ва технологияи говҳои ширдеҳ), инчунин аз минтақаи таҷрибавӣ иборат мебошад.

Филиал корҳои илмию тадқиқотии худро ба самти нигоҳ доштан, такмил додани зотҳои муҳимтарини (гови ширдеҳи зоти тоҷикии сиёҳало, бузҳои серпашми тоҷикӣ ва гӯсфанди ҷойдорӣ) дар вилоят инкишофёфта ва инчунин додани зотҳои нави пурсамар (бузҳои серпашми гуногунрангаи  ангорӣ, бузҳои сершир) равона кардааст.

Мутаассифона,солҳои охир соҳаи селексия ва технологияи чорвои ширдеҳ низ қариб ки аз фаъолият мондааст. Фермаҳои зотпарварӣ чорвои мувофиқи мақсадро парвариш карда наметавонанд. Фаъолияти номунтазами корҳои селексионӣ-зотпарварӣ, нокифоягии хўрокаи зарурӣ сабабгори  сол то сол каммаҳсул гардидани чорвои мавҷуда ва сифати зотии онҳо рӯ ба пастравӣ дорад.

Чорвои намуди тоҷикии зоти сиёҳало, ки ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардонида шудааст, аз рўи натиҷаҳои маҳсулнокии ширӣ ва гўштӣ аз чорвои аврупоӣ камӣ надоранд. Барои беҳтар кардани зоти чорвои аҳолӣ ва дар онҳо пайдо намудани нишонаҳои тип инчунин,  баланд бардоштани маҳсулнокии гўштӣ бояд захираи наслҳои беҳтаринро доштан зарур аст.

Дар амалӣ гардонидани ин тадбирҳо дастури Раиси вилоят оид ба ташкил намудани нуқтаҳои зообайторӣ дар маҳалҳо муҳим ва ҳамоҳанг буда, ин объектҳо дар  оянда барои васеъ истифодабарии маводҳои ирсӣ-  генетикӣ имкон пазируфт.  

Бо мақсади нигоҳ доштани ҷавҳари зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ, офаридани авлодҳои нав ва таъмини дигар хоҷагиҳои зотпарвар бо таккаҳои наслдиҳандаи хушзот нахустин маротиба дар назди Филиал минтақаи таҷрибавӣ бо 530 га замини чарогоҳӣ ташкил карда шуда, 33 сар бузи наслдеҳ ба 128 сар расонида шудааст. Айни замон дар ин макон барои фурўш 14 сар таккаҳои баландмаҳсули хушзот парвариш меёбанд.

Тибқи иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд №287 (аз 09.12.2013 с.) «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» механизм ва шароити афзоиш додани моли майда дар хоҷагиҳои азнавташкилшуда омӯхта баромада шуда, модели системаҳои парвариш оид ба офаридани ҷавҳари зот ва базаи репродуктивӣ байни хоҷагиҳои фермерию аҳолӣ 2 системаи парвариши ҷавҳари зот: «Кушода» ва «Пўшида» таҳия ва барои тадбиқ пешниҳод карда шудааст.

БУЗИ СЕРПАШМИ АНГОРӢ

Парвариши бузҳои намуди ангорӣ дар минтақаҳои деҳот барои аҳолӣ аҳамияти муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аҳолии ин минтақаҳо асосан бо истеҳсоли пашми типи ангорӣ машғул буда, аксарияти занҳо маҳсулотҳои дастии арзишнок (ресмон, қолин, руймол, гарданбанд, кулоҳ) ва дигар маҳсулотҳои серталаб тайёр мекунанд.

Мувофиқи хулосаи олимони Институти Марказии илмию тадқиқотӣ оид ба омўзиши пашм дар Русия зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ аз ҷиҳати сифати пашмашон нисбат ба зотҳои бузҳои дар қаламрави мамлакатҳои муштаракулманофеъ парваришёбанда бартарӣ доранд.

Дар айни замон нархи 1 кг пашми он (мохер) дар бозори маҳаллӣ 30-50 сомонӣ буда, маҳсулоти нахҳои коркарди маҳаллии баландсифати он дар бозори ҷаҳонӣ то ба 120-250 доллари ИМА арзиш дорад.

Саршумори умумии ин намуди бузҳо дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо тақрибан 180 ҳазор буда, аз он зиёда 35 ҳазор сараш бузҳои тозазоти серпашми тоҷикӣ мебошад.

Минтақаи соҳили рости Сирдарёи вилояти Суғд (ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ) иқлими хушк, чарогоҳи камалаф дошта, яке аз 6 минтақаи агроиқлимии алоҳидаи мамлакат ба шумор меравад. Дар ин минтақаҳо зиёда аз 400 ҳазор га чарогоҳ мавҷуд буда, аҳли деҳ бузҳои ангорӣ парвариш менамоянд. Ин минтақаро расман ареали парвариши бузҳои серпашми тоҷикӣ дар мамлакат эътироф кардан лозим аст.   

Мутаассифона, саршумори умумии бузҳои типи ангорӣ солҳои охир рӯ ба камшавӣ доранд.

Зотнокӣ, сифати таркиби рама ва устувории аломатҳои ирсии чорво хусусан барои хоҷагиҳои зотпарварӣ аҳмияти аввалиндараҷа доранд. Корҳои зотпарварӣ бошад, дар хоҷагиҳои фермерӣ ба талабот ҷавобгўй нестанд.  Ин ба он оварда мерасонад, ки масъулини соҳа бояд сари вақт дар сари ин масъала андеша ронда, барои зиёд намудани саршумори бузҳои ангорӣ, нигоҳ доштани захираҳои ирсӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва рушди соҳа дар вилоят  чораҳои зарурӣ андешанд. Дар зер овардани чанд таклифу пешниҳодҳоро доир ба рушди ин соҳа ҷоиз медонем. Пеш аз ҳама соҳаро ба 2 самт (ширӣ ва ширию гуштӣ) равона кардан лозим аст:

а) нигоҳ доштан ва такмили ресурсҳои ирсии говҳои типи тоҷикии зоти сиёҳало, ки дар хоҷагиҳои зотпарварӣ то ҳанӯз мавҷуданд.

селексия ва офаридани гурўҳи селексионии чорвои ширдеҳи типи тоҷикии зоти сиёҳало;

ба роҳ мондани парвариши мақсадноки буққаҳои хушзоти наслдиҳанда барои беҳтаргардонии сифати подаҳои хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун ва чорвои аҳолӣ;

б) дастгирӣ дар ташкили хоҷагиҳои алтернативӣ бо самти маҳсулнокии гуногун (ширию гӯштӣ) ба монанди хоҷагии инноватсионии “Афзали Зарзамин” дар ноҳияҳо. 

Дар амалигардонии пешниҳоди мазкур фаъолияти нуқтаҳои зообайториро дар ҷамоатҳо пурзўр намудан лозим аст.

Дар соҳаи чорвои майда

  1. Ин ду зоти чорво дар мамлакат аҳамияти миллӣ дошта, барои нигоҳ доштан ва инкишоф додани онҳо ҷамоатҳои махсус оиди парвариши бузҳои зоти серпашми тоҷикии типи ангорӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва гӯсфанди зоти ҷойдорӣ дар ноҳияи Деваштич, Спитамен, Истаравшан муайян карда, нақшаҳои кории ташкилотҳои мутасаддӣ ва субъектҳо бо Қарори Раиси вилояти Суғд №51 (аз 02.02.2016 с.) «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» ва Қонун дар бораи чарогоҳ мувофиқат карда шавад.
  2. Бо мақсади зиёд намудани саршумор ва инкишофи хоҷагиҳои инфиродӣ эътибори махсус зоҳир намуда, замини чарогоҳии алоҳида таъсис додан ба мақсад мувофиқ аст.  Инчунин, барои нигоҳ доштан ва такмили зот дар солҳои ояндаи наздик таввасути озмун хоҷагиҳои зотпарварии алтернативӣ ба вуҷуд овардан лозим аст.
  3. Ҷамоатҳо бо фермерҳои шаклёбанда ва бузҳои аҳолӣ дар чорчӯбаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи чарогоҳ» корбарӣ намоянд.

М. Қосимов директори филиали Суғдии
Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии
Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ

Читать далее

Қаноатмандӣ аз фаъолияти бойгонӣ

Сарвари Cаридораи бойгонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Мирсаидова, ки роҳбарии гурӯҳи кориро оиди санҷиши фаъолияти Филиали бойгонии давлатии шаҳри Конибодом ба зимма дошт, пас аз омўзиши вазъи кори муассиса ба раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ барои мусоидат ба беҳбудии фаъолияти он изҳори сипос намуд.

Мавриди зикр аст, ки филиали бойгонии шаҳри Конибодом дар ҷумҳурӣ яке аз  беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳайати гурӯҳ аз вазъи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, низоми корӣ дар маҳфузгоҳҳо, риояи талаботи хосаи бойгонӣ, шароити корӣ ва тарҳи замонавӣ гирифтани бино қаноатмандӣ ҳосил намуданд, - мегўяд сарвари муассиса, зани ҳалиму кордон С.Олимова.

 Баъди шиносоӣ мулоқоти самимии гурӯҳи корӣ бо аҳли заҳмати муассиса доир гардид.

Дастоварди варзишӣ

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс  байни варзишгарони соли таваллудашон 1998 – 1999 баргузор гардид. Дар мусобиқот ғолибони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВАБК, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Аз шаҳри Конибодом чор нафар муштзанҳо иштирок намуда, байни онҳо Фаррух Ашўров сазовори ҷои ифтихории сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ёдрас менамоем, ки моҳи март Фаррух Ашӯров дастпарвари  мактаби варзишии бачагону наврасон, толибилми МТМУ №1 чемпиони вилоят гардида буд. Ин боксчии умедбахш таҳти мураббии ҷавон Зариф Аҳмадов машқ менамояд.

Парвина Абдуллоева,
шахри Конибодом

Читать далее

Ба хотири гиромидошти халқи рус

Дар шаҳри Конибодом бахшида ба Иди насрониҳо ва «ҳафтаи поси хотир» дар оромгоҳе, ки миллати маскуни русҳо мадфун гаштаанд, амали нек ба иҷро расонида шуд. Он бо иқдоми шаҳрдорӣ ба роҳ монда шуда, ба ҳашари умумӣ табдил ёфт.

Субҳи барвақт сокинони шаҳр хурду бузург дар ин мавзеъ ҷамъ омада, дар оромгоҳ як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, сафедкуниву рангубори қабрҳо, баровардани партовҳо, батартибдарорӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ шахсан дар шанбегӣ иштирок намуда, иброз дошт, ки арҷгузорӣ ва арзи эҳтиром ба дигар халқиятҳо, аз ҷумла, ба миллати рус дар ташаккул ва қавӣ намудани муносибати байни миллатҳо  нақши муҳим мебозад ва чунин амалҳои нек минбаъд низ бояд идома дода шавад.  Бояд қайд кард, ки мардуми русзабон, хусусан, онҳое, ки солҳои зиёд дар шаҳр кору зиндагӣ доштанд, дар пешрафти хоҷагии халқи шаҳр саҳми босазо гузоштаанд.

Хоса, қаҳрамониҳои ҷавонмардони рус дар майдони корзори ҶБВ ва ҳам ақибгоҳ басо назаррас аст. Бинобар он. арҷгузорӣ ба кору пайкор,  хизматҳои шоён ва ба некӣ ёдоварӣ намудан аз халқи рус амали хайр ва амри воҷиб ба шумор меравад.

Парвина Абдуллоева,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Қадршиносии фарзанди шоистаи диёр

Яке аз кўчаҳои асосии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз азнавсозию ободонӣ ба номи шахсияти шинохта, шодравон Мақсудҷон Муродов номгузорӣ гардид. Дар маросими расмии номгузорӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия, аҳли деҳа, дўстону шогирдон ва пайвандони мавсуф иштирок доштанд.   

Дар ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз хизматҳои беназири Мақсудҷон Муродов ҳарф заданд. Мақсудҷон Муродов ҳарчанд дар айёми камолот, дар синни 61-солагӣ аз олам даргузашт, дар муддати начандон тўлонӣ ҳамчун истеҳсолотчии соҳибтаҷрибаю навкор, роҳбари кордону ташаббускор шинохта шуд. Аз истеҳсолотчии оддӣ то ба маснади муовини Раиси вилоят камол ёфт. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1970 пас аз хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар корхонаи «Тоҷиксементстрой» оғоз гардида, давоми солҳои минбаъда сарварии идораи сохтмони асосии иттиҳодияи «Главводстрой»-и шаҳри Душанбе, корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка», корхонаи «Шафақи Шарқ», маркази маърифатии «Фермер» - ро ба зимма дошт. Донишмандӣ, касбияти баланд, кордонию масъулиятшиносиаш буд, ки давоми солҳои 1993-1996 Мақсудҷон Муродов вазифаи пурмасъули муовини раиси комиҷроияи вилоятро ўҳдабароёна пеш бурд. Дар обшоркунию ободонии заминҳои бекорхобидаи шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ саҳми амиқ гузошт.

Хизматҳои Мақсудҷон Муродов бо мукофотҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ гардида, боварии комили мардум буд, ки вакили маҷлиси вилоятӣ интихоб шуд, соли 2002 бошад, ба узвияти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд.

Дар фарҷом Гулбаҳор Махкамова аз номи пайвандону наздикон сухан гуфта, барои қадршиносии шоиста ва абадӣ гардонидани хотироти падараш ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли деҳа миннатдорӣ баён намуд.

Муслима Раҳимова,
рӯзноманигор

Читать далее

Корвони Наврӯзӣ

Читать далее