25 April 2016

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод

Якшанбеи 24 апрел Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими имсола,  ҷараёни сохтмони иншооти гуногун ва киштукор ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят зимни ин сафар сараввал аз пойгоҳи обкашии «Қизилӣ- 1»-и ноҳияи Зафаробод боздид намуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки пойгоҳи мазкур дорои се агрегати пуриқтидор мебошад. Чуноне иттилоъ дода шуд, насосҳои ин пойгоҳи обкашӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, он пурра барои фаъолият омода аст.

Читать далее

Абдураҳмон ҚОДИРӢ: Даштро обод кардан кори савоб аст!

Сухан аз имрўзу фардо

Мардумони худогоҳ эҳсоси баланди шукрона аз сиёсати оқилонаи инсонпарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки ин ҳиссиёт рўз аз рўз тамоми қишри ҷомеаро фарогир буда, фазои зебои ҳаёти имрўзаро пур мекунад. Ҳамин рўҳбаландӣ ва тафохур аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат рўзи шанбе - 23-юми апрели соли 2016 дар мавзеи шаҳраки бунёдшавандаи Сайҳун бо фарогири шумори зиёди сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Бўстон, Истиқлол, Гулистон, қисман ноҳияи Айниву шаҳри Панҷакент барҳақ, бори дигар танинандоз гардид.

Қабл аз оғози ин маросими гуманитарӣ бо чанде аз эҳтиёҷмандони ба ин ҷо омада сўҳбат намудем. -Ман Эркиной Қобилова - истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳри Чоруқдаррон, оилаи мо иборат аз  10 нафар буда, барои беҳтаршавии шароити оилавӣ бо ариза муроҷиат карда будам. Шукрона аз Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат дорам, ки ниҳоят ба орзуи чандинсолаи худ расидам.

Читать далее

Вилояти Суғд 1 миллиону 370 ҳазор нафар райъдиҳанда дорад

Имрӯз, душанбеи 25 апрел дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи корӣ доир ба омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони участкаҳои интихоботӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва фаъолон иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мусоидат хоҳад кард.

Читать далее

Мулоқоти адибони шинохта бо навқаламон

Дар толори Китобхонаи вилоятии бачагон ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукўҳӣ мулоқоти шоиру нависандагони варзидаи вилоят бо китобдўстону навқаламон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 20 нафар эҷодкори навқалам аз мактабу гимназияҳо ширкат намуданд.

Мудири шўъбаи хизматрасонии синни миёна ва калони мактабии китобхона Маъсудахон Усмонова ба ҳозирин мақсади ин чорабиниро фаҳмонд.

Адибон шеъру ҳикояҳои навқаламон Зайнаб Ҳоҷинеъматова, Мадина Исматзода, Малика Турсунова, Рухшона Иноятова, Кибриё Болтуева, Меҳрона Дадоҷонова, Миҷгона Собирова ва Фирдавс Алиаҳмадовро дар қироати муаллифон гўш карданд. Маълум гардид, ки оромию осудагӣ дар Тоҷикистон боиси рўҳбаландии наврасон гардидааст.

Ба эҷодиёти навқаламон Шоирони халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, Маъруф Бобоҷон ва дигар адибон баҳо дода, барои эҷодкори ҳақиқӣ шудани онҳо маслиҳатҳо доданд.

Директори китобхона Муаззам Расулова адибонро барои иштирок дар мулоқот ва раҳнамоӣ ба эҷод изҳори сипос намуд.

Абдуллоҷони ҒАНӢ

Читать далее

Марказонии маълумотҳо – омили рушди тиб

Асри 21-ро асри техналогияҳои иттилоотӣ мегӯянд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ назаррас аст. Ин аз як ҷиҳат барои баланд бардоштани сифати кор мусоидат кунад, аз дигар ҷиҳат бошад, компютер ва технологияҳои компютерӣ суръати корро якчанд маротиба зиёд мегардонад.

Дар соҳаи тиб нақши компютер  хеле назаррас аст. Дар давлатҳои пешрафта систимаҳои ягонаи тиббӣ ташкил карда шудааст. ҳамаи маълумотҳои муассисаи тиббӣ дар хазинаи маълумоти як компютер ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ширкатҳои бонуфузи дунё, аз ҷумла Micқosoft махсус технологияҳои электронӣ, махсус барои соҳаи тиб истеҳсол карда истодаанд,ки дорои программаҳои махсусгардонидашуда мебошанд. Асоси системаи тиббии информатсионӣ ин системаи дастгоҳҳои компютерии тиббӣ мебошад. Дар замони имрӯза барои фиристодани информатсия дар соҳаи тиб компютер истифода бурда мешавад. Бо баробари истифода бурдани компютер  дар бораи ҳолатӣ бемор ва чора андешидан   нисбати чӣ гунагии бемор, кори соҳаи тиб  осон мегардад. Ин протссес системаи компютеркунонии таҷҳизоти тиббиро сохта, соҳаи тибро ба дараҷаи олӣ оварда расонид. Системаи компютеркунонии  соҳаи тиб барои дарк кардани ҳолати бемор, яъне барои ҷарроҳии вазнин, ташхисҳо, томография, узи, радиография, ташхисҳои микробиологӣ ва вирусологии бемор мебошад. Системаи компютеркунонии соҳаи тибро ба се қисм ҷудо мекунанд: тиббӣ, таҷҳизотӣ ва программавӣ.

ҳадафи асосии системаи информатсионӣ ин ҳалли масъалаҳои тиббӣ мебошад. Компютерҳо асосан барои ҳуҷҷатгузорӣ, нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи бемор истифода бурда  мешавад. Вазифаи диагностика дар соҳаи тиб дарёфти сабабҳо ва натиҷаи ташхис мебошад.

Рухшона БОБОҶОНОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Исҳоқӣ

Читать далее

Сарпарасти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Комроншоҳ ҷоизаи пулӣ супорид

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО) ба паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии гӯштини дзюдои Осиё дар Тошканд унвони чемпиониро ба даст овард, 10 000 сомонӣ ҷоизаи пулӣ доданд.

Тавре аз КМО хабар доданд, ин ҷоизаро ба Комроншоҳ 21 апрел Акбар Ғуломов, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳамзамон раҳбари ширкати «Ғаюр”, ки сарпарасти кулли КМО Тоҷикистон мебошад, супорид.

Комроншоҳ дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар вазни то 90 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Урдун, Ҳиндустон ва Узбекистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ гӯштингири Ҷопон Юсуке Кобаяширо шикаст дод ва соҳиби медали тилло ва унвони чемпиони Осиё гардид.

АМИТ «Ховар»

Читать далее

“Меҳробод”: макони меҳр ва эътимод ба фардо

Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ бо он таҷрибае, ки ҳангоми азхуд намудани дашти Дилварзин андўхтаанд, дар фосилаи кўтоҳ бунёди шаҳраки Меҳрободро ба анҷом расонида, дар амри ба харитаи ҷуғрофии кишвар ворид гардидани боз як маҳалли аҳолинишини замонавӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Читать далее

Рухак: Дараи марг ё макони зист?!

Бо вуҷуди ноҷўриҳо ва вазъиятҳои пешомада ягона коре, ки тўли 25 соли охир ба субут расиду шоистаи тазаккур аст – ин иқдоми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мебошад: ибтидои соли 2016 дар асоси пешниҳоди Раиси вилоят ба хотири “Соли фарди солим” Лоиҳаи рўйпўшкунии партовгоҳи радиоактивӣ аз сар гирифта шуд, ки воқеан иқдоми наҷиб аст!

Бемасъулиятӣ, хунукназарӣ, беаҳамиятӣ ба табиат ва бераҳмӣ дар солҳои 60-70-уми асри гузашта нисбат ба иқлими зебову сабзу хуррами мавзеи Рухак сабаби аслии пайдоиши бемориҳои марговар шудааст. Коршиносон исбот карданд, ки аз нурҳои радиоактивии уран ва боқимондаи партовҳои он дар шимоли Тоҷикистон гирифторони бемории саратони хун (лейкоз) ва саратони ҷигар зиёд шудааст.

Читать далее

Мавсими нави обрасонӣ: Кори АИО кай ба низом медарояд?

Дар ҷаласаи фаъолони вилоят аз рўи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар 3 моҳи аввали соли равон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода оид ба вазъи соҳа пурсиш ба амал оварда, бобати сари вақт ва ба миқдори зарурӣ расонидани об ба кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Миробҳои вилоят ба мавсими имсола чӣ гуна омодагӣ доранд? Чӣ мушкилоту муаммоҳои корӣ ба назар мерасанд, ки садди мўътадил гузаштани мавсими имсолаи обрасонӣ хоҳад шуд? Барои дарёфти посух ба ин ва дигар саволҳои марбут ба фаъолияти миробҳои вилоят ва дар маҷмўъ дурнамои имсолаи обрасонӣ мо бо сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода сўҳбати муфассал доштем.

Дастгирии Раиси вилоят – таҳкимбахши фаъолият

Нахуст сухан дар бораи омодагӣ ба мавсими нав рафт. Ҳамсўҳбати мо аз дастгириҳои роҳ-барияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-тии вилоят, хосатан Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сипосмандона гуфт, соли равон бо назардошти мушкилиҳои мавҷудаи иқтисодӣ Раиси вилоят ба маблағи 6 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷет кўмак карданд, ки он барои таъмиру барқарорсозии иншоотҳои обрасонии ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Ашту Панҷакент ва Канали Хоҷабоқирғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масраф гардид. 

- Вазъи иқтисодиамон дар ҳақиқат ба андозае вазнин буд, ки агар дастгирии Раиси вилоят намешуд, мо дар омодасозии иншоотҳои обрасон ба мавсими нав сахт азоб мекашидем,- гуфт Зафарбек Давлатзода, - дар маҷмўъ, мо санаи 10 апрели соли равон ба мавсими нави обрасонӣ пурра омода гардидем.

Бино ба гуфти ҳамсўҳбатамон имрўзҳо бо мақсади дастгирии деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ корҳои барқароркунии пойгоҳи обкашии «ВК-3», ки солҳои тўлонӣ бинобар фарсуда шуданаш бекор меистод, ба охир расид. Дар ин ҷо 2 агрегати иқтидораш 2,4 мукаабметр/сония об барқарор гардидааст, ки он тариқи иловагӣ обро аз заҳбури байнисарҳадӣ кашида, ба каналҳои асосии ноҳия мерасонад. Ғайр аз ин, 3 муҳаррики барқии нав дар пойгоҳҳои «Дилварзин-2» ва «Дилварзин-3» насб шуда истодаанд, ки ба ҳолати хеле беҳтари обрасонӣ мусоидат менамоянд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об чиро кафолат медиҳад?

Раиси вилоят дар ҷаласаи фаъолони вилоят нисбати беҳтар кардани фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби вилоят (АИО) ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мутобиқ ба оинномаи худ кормандони ташкилоти номбурда, ки асосан аз ҳисоби пештара гидротехникҳои колхозҳо ва одамони алоҳида ташаккул ёфтааст, вазифадоранд, обро аз каналҳои асосӣ қабул карда, тавассути ҷўйҳо онро ба сарҳади замини хоҷагиҳои деҳқонӣ расонанд.

Аммо, на дар ҳама ҳолат кормандони ассотсиатсия ин вазифаи оинномавии худро сидқидилона адо мекунанд. Масалан, дар ҷаласаи миробҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки оғози ҳамин моҳ дар маҷлисгоҳи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия баргузор шуд,  аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати кишоварзии вилоят ва ҳам ИДБЗО нисбати фаъолияти кормандони Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ноҳия эроди ҷиддӣ гирифта шуд, ки кормандони бархе аз АИО фаъолияти худро танҳо тавассути телефонҳои мобилӣ «ба роҳ» мондаанд. Аниқтараш, чун навбати обгирии ин ё он хоҷагӣ мерасад, ба ҷои сари об омада, тақсимоти онро назорат кунанд, ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занг зада мегўянд, ки «имрўз об навбати Шумо, рафта гиред». Табиист,  бечора деҳқон аз тарси он, ки хароҷоти ба замин кардааш барбод наравад, ҳалми пазону ҷигари сўзон, корҳои саҳроияшро партофта, ба сари даҳанаи об медавад…

- Яке аз сабабҳои фаъолияти ғайриқаноатбахши АИО чанд вазифаро ба зимма гирифтани масъулони ин ташкилот аст,- гуфт Абдумўъмин Лакимзода, сардори ИДБЗО ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,- дидем, ки бо эрод гирифтан ислоҳ намешаванд, маҷбур шудем, чанде аз роҳбарони АИО аз ҷумла, АИО «Гулафшон» ва «Боғистон» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил, «Зулолчашма» дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин ва ҳам «Қотма»-и Ҷамоати деҳоти Ғозиёнро барои аз вазифа сабукдўш шудан ба мақомоти маҳаллиашон пешниҳод  додем ва онҳо иваз карда шуданд.

- Дар вилоят 240 АИО амал кунад ҳам, аммо фаъолияташон беҳбудӣ мехоҳад,- афзуд, муовини якуми сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Ҳалимҷон Ҳоҷиев,- аниқтараш онҳо вазифаи худро ба таври бояду шояд намедонанд. Ин аст, ки мо маҷбурем, худамон семинарҳо гузаронида, вазифаи оинномавиашонро фаҳмонем. Масалан, ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, ки вазифаи онҳост, дуруст иҷро намекунанд. Тибқи Оинномаи ташкилот онҳо аз истеъмолкунандагони об ҳаққи хизмати моро ҷамъ карда, фоизи муайяни худро гиранду боқӣ ба мо ирсол намоянд. Аммо…

Тавре маълум гардид, дар миқёси ноҳияҳои  вилоят ягона дар ноҳияи Ашт фаъолияти АИО       қанотабахш аст, ки хусусан дар ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ пешсафанд. Тибқи қарори ба тавсиб расида, деҳқонони ин ноҳия хизматрсонии миробҳоро 40 фисад пешпардохт менамоянд.

Мушкилоти кишоварз: Қарз ё арзиши аслқ?

Воқеан ҳам дар ҳамин маврид мушоҳидаи хешро баён доштанием, ки он марбут ба дастгирии мақомоти маҳаллӣ аст. Ба роҳбарони ноҳия одат шудааст, ки дар мавсими обрасонӣ ба хотири иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ба миробҳо дастур медиҳанд, ки саривақт об ба деҳқон расонида шавад.

Чун миробҳо ёдрас мекунанд, ки «ин хоҷагӣ аз хизматрасонии мо фалон сомонӣ қарздор аст», эшон чун одат мегўянд: «шумо обро додан гиред, мо кафил, ки баробари ҳосил шудан, ҳаққатонро пардохт мекунанд. Муҳим ҳозир зироат талаф наёбад, ки ба ноҳия зарбаи калон мешавад».  Акнун тасаввур кунед, ки кадоме аз мироби ноҳияҳо қудрати иҷро накардани дастури болоро дорад? Албатта, ягон нафар! Пас маҷбур мешавад, ноилоҷ обро диҳаду вақте ки ҳосил шуду деҳқон маблағи муайян ба даст овард, ваъдаҳои роҳбарон ва ҳам бечора миробҳо фаромўш мешаванд. Мироби бечора паи дарёфти ҳаққи ҳалоли заҳматаш маҷбур аст, худаш ҷон коҳонад… Зеро, медонад, баъди анҷоми мавсими обрасонӣ мавсими чорабиниҳои тирамоҳию зимистона - таъмиру тармими иншоотҳо оғоз меёбаду ба он маблағ лозим. Аз ду дастро болои ҳам монда нишастан муродаш ҳосил намешавад. Зеро медонад, пагоҳ аз ў рафти корҳои таъмиру тармимро мепурсанду сабаби асосӣ- напардохтани ҳаққи хизмати обрасониро касе ба инобат намегирад. Қарзи хоҷагиҳо бошад, аз хизмати обрасонӣ ҳамоно тамоюли афзуншавӣ дорад.

Ҳамин тариқ, ин ҳолат солҳост, ки идома дорад. Намедонем, ин ҷо «айб дар ош аст ё дар мош», ки ислоҳоти гузаронидаи соҳаи обрасонӣ аз чӣ бошад, натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Дар акси ҳол Ҳукумати ҷумҳурӣ таи солҳои соҳибистиқлолӣ маҷбур намешуд, 3 маротиба қарзи хоҷагиҳову миробҳоро бахшад.

Воқеан ҳам, имрўз қарзи миробҳо аз истифодаи қувваи барқу фонди ҳифзи иҷтимоӣ, андозу музди меҳнат 79 млн. сомониро ташкил медиҳад. Хусусан, қарз аз истифодаи қувваи барқ ба 39,8 млн. сомонӣ расидааст. Бино ба гуфти масъулини соҳа яке аз сабабҳои асосии ин ҳолати ногувор зараровар будани хизматрасонӣ аст. Масалан, аз рўи маълумотҳои оморӣ соли гузашта миробҳои вилоят ба андозаи  28 млн. сомонӣ хизмат расонидаанду хароҷот 55 млн. сомониро ташкил додааст. Аниқтараш, сабаби ин гуна фарқият дар арзиши аслии ҳар мукаабметр оби ҳосилшуда аст. Имрўзҳо 1 мукаабметр об ба деҳқон бо арзиши  3,3 дирам расонида шавад, дар баъзе пойгоҳҳо арзиши он то ба 7,4 дирам мерасад. Инро дар мисли пойгоҳҳои силсилавии ноҳияи Ашт гуфтан мумкин аст, ки обро аз дарёи Сир бо 5 бардошт ба кишоварзон мерасонанд, табиист, арзиши аслии он 5 карат қиммат мешавад.

- Оид ба ин масъала мо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди худро низ додаем,- гуфт Зафарбек Давлатзода, - комиссия вазъиятро омўхта истодааст. Бовар дорам, ки масъала ҳалли худро меёбад.

Мо роҳи халосӣ аз ин вазъиятро аз Ҳалимҷон Ҳоҷиев пурсидем, ки ў дар ҷавоб чунин гуфт:   

- Ягона роҳ, пурқувват кардани фаъолияти АИО ва масъулияту инсофи истифодабарандагони об аст. Агар кормандони АИО вазифаи худро ба таври бояду шояд иҷро кунанду истифодабарандагони об дар пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ба сари инсоф оянд, масъала ҳалли худро меёбад. Дар ин ҳолат танҳо масъалаи пардохти саривақтии хизмати обрасонҳо ҳаллу фасл мешавад.

Ба ин вазъият нигоҳ накарда, имрўзҳо миробҳои вилоят вазифаи худро сарбаландона ва бо умеде, ки рўзе хизматашон ҳисобӣ мешавад, обро сари вақт ба деҳқонон дастрас карда истодаанд. Ба санаи имрўз дар ҳар сония 76,6 мукаабметр мувофиқи дархости деҳқонон об дода мешавад, ки аз порсола 14 мукаабметр/сония зиёд аст.

Абдуғафур АМИНЗОДА

Читать далее