27 April 2016

Раванди таъмини амнияти озуқаворӣ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бевосита бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, ки дорои аҳамияти муҳими стратегист, иқдомҳои зиёде роҳандозӣ шуда, самар мебахшанд.

Ва ин ҳадаф дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар низ ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи яке аз се ҳадафи миллии эълонгардида: таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ба таври равшан баён шудааст.

Феълан дар ҳудуди шаҳри Гулистон 5 корхонаи ордбарорӣ: Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Хубон”, “Чархи гандумин”, “Муфаззал”, “Зарфишон” ва “Фаровон-1”амал мекунанд. Тавре мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фазлиддин Орифов иттилоъ дод корхонаҳои номбурда дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бо нархҳои муқоисавӣ аз 133,6 то 259,4 фоиз таъмин намуданд. Теъдоди умумии кормандон дар коргоҳҳои ордбарорӣ 118 нафар буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ 1187,3 тоннаро ташкил медиҳад. Ҷоизи зикр аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶДММ “Фаровон-1” ду маротиба ташриф оварданд.

Корхонаҳои номбурда аз ягон намуди андоз қарз надоранд ва дар реҷаи муайян маблағро пардохт менамоянд. Баробари ин маблағҳои истифодаи қувваи барқ ва дигар навъҳои хизмати коммуналӣ сари вақт супорида мешавад.

Чунон, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд, ҷорӣ намудани техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон имкон фароҳам меоварад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазир мусоидат карда шавад.

Боиси хурсандист, ки роҳбарияти корхонаҳои номбурда  баробари саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ҳамчунин, ба табақаҳои нодори ҷомеа мадад мерасонанд.

Ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳои коркарди орд дар ҷаҳду талоши онанд, ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои боз ҳам хуби истеҳсолӣ ноил гарданд. 

Рустамҷон ОДИЗОДА

Читать далее

Бо азму нияти нек

Бо фарорасии фасли баҳор баробари ба табиати афсункор рангу нумӯи тоза бахшидан, дар ҳамаи самтҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ корҳои ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, кишти зироатҳо, кишти ғалладонагиҳо босуръат ҷараён мегирад. Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон имрӯзҳо баҳри ободу зебо ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум меҳнати софдилона доранд.

Ҷиҳати иҷроиши қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи  Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» ва дар ин замина қарори Раиси ноҳияи Шаҳристон «Дар бораи  рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2016-2020» дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Дар ин марҳала дар ҳудуди ноҳия дар майдони 36,9 гектар боғҳои нав бунёд карда шуд.

Дар маъракаи бунёди боғҳои нав саҳми хоҷагиҳои ноҳия назаррас аст. Масалан, ки «Шаҳристон» ба майдони 5 гектар, ки ба номи М.Шукуров дар майдони 4 гектар, КИ «Холдорқипчоқ» ва «Қӯшқӯрғон» дар майдони 2,5 гектар, хоҷагиҳои ба номи Рӯдакӣ, Сулаймонов ва «Қарабчӣ» дар майдони 2 гектарӣ боғи нав бунёд намуданд. Аз нияти боғпарварон самараҳои хуб мебахшанд. 

Мастона КАРИМОВА

Читать далее

Ҷавонон фардои миллатанд

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд ярмарка таҳти унвони  «Интихоби мутахассисони арзанда» доир гардид. ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур нишон додани самараи фаъолияти Маркази мартабаи донишкада ва робитаи онҳо бо корхонаву ташкилотҳо маҳсуб меёфт. 

Дар ярмарка ҳамаи кафедраҳои донишкада дастовардҳои илмию истеҳсолии худ, фаъолияти пойгоҳу озмоишгоҳҳо, муваффаққиятҳои собиқ хатмкунандагони худро пешкаши ҳозирин намуданд. Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 60 коргоҳу ширкатҳо аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Спитаменбонк» «Бонки байналмилалӣ», «Агроинвестбонк», «Матин», коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33» «Ҷавонӣ», Ҷамъияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», Маркази забономӯзии «Аркон», ширкати манбаҳои энергияи азнавбарқароршавӣ, ширкати таҷрибаи пешкадам дар бизнес ва молия  дар ярмарка ширкат доштанд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова таъкид дошт, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон яке аз масъалаи муҳим ва омили пешравии иқтисод ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин нукта пайваста дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш фаъолияти худро танҳо ба як ҳадаф-баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ба хоҷагии халқи кишвар омода намудани кадрҳои арзандаи соҳа нигаронидааст. Ва дар ин самт муваффақ ҳам гардида истодааст. 

ҳоло шогирдони донишкада дар беҳтарин ширкатҳои алоқавию бонкӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолияти босамар дошта, бо таъсиси Маркази мартаба мо фаъолиятамонро дар ин самт тақвият бахшидем.

Мудири шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд Калонова Гулчеҳра дар баромадаш нақши донишкадаро дар самти омода намудани мутахассисони варзида нек арзёбӣ намуд.

Сипас мулоқоти озоду шаффофи масъулини корхонаҳо бо беш аз 1142 хатмкунандаи донишкада сурат гирифт. Кордиҳанда, яъне ташкилоту корхонаҳо фаъолияти худро бо назардошти имкониятҳо ва афзалиятҳо нишон доданд ва барои ишғоли вазифаҳои муайяншуда мутахассисони варзидаро интихоб намуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуоти Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик
М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Мудофиаи шаҳрвандии намунавӣ

Ба наздикӣ дар мактаби №2-и ноҳияи Зафаробод  бо ташаббуси раиси ситоди Мудофиаи шаҳрвандӣ  родполковник  А.Абдусамадов чорабинӣ оид ба омодагии дифоъ гузаронида шуд, ки барои хонандагон ва иштироккунандагон таассуроти калон бахшид.

Хусусан баромаду рапортдиҳии раиси ситоди мудофиаи  шаҳрвандии мактаби мазкур Раҳимов ҳалимбой, ба ҳозирин таассуроти амин бахшида, ӯ оиди ташкилу тарзи ҳисоботдиҳӣ омилҳои заруриро омӯзонид,

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия Номвар Мӯҳиддинов, Шерзод Мирмуҳаммедов ва раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Зарифҷон Шукуров, инчунин директори муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд.

Дар ташкили бошукӯҳи ин чорабинӣ саҳми директори мактаб- Алибек Ҷӯраев, омӯзгорон- Абдураззоқ Хоҷазода, Ваҳҳобҷон Баротов, Мунира Номуродова, хонандагон-Тулқин Саидов, Аҳрор Ҷӯраев ва дигарон калон аст.  

Мирзорахмат ШАРИФОВ

Читать далее