29 April 2016

Ниҳолони Мирсодиқ фараҳмандӣ меоранд

Манзараи зебо ба ҳолати рӯҳии одам таъсири мусбат мерасонад ва зебоии табиату шароити хуби ҳаёт ва фаъолияти мақсаднок асабро мӯътадил мегардонад.

Яке аз саркорони пуртаҷрибаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (Fончӣ) Мирсодиқ Комилов ҳамасола аз ҳисоби худ ҳазорҳо бех ниҳолҳои сояафкану ҳосилдиҳандаро дар мавзеъҳои бекорхобида, теппаю ҷариҳо шинонда, онҳоро парвариш менамояд.  

Имсол ҳам дар фасли баҳор зиёда аз 1000 бех сафедор, бед ва ниҳолони  мевадиҳанда шинонда, бо ҳамроҳии ҳампешагонаш М.Раҳимов, С.Худойбердиев, М. Комилов, М. Ёров, Н.Шарифов, М. ҳусейнов ва И.Аминов барои ободии диёр саҳм мегузоранд.

Инчунин, Мирсодиқ Комилов барои ободу зебо гардондани оромгоҳи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич саҳми босазо мегузорад. Зиёда аз 10 сол мешавад, ки мавзеи оромгоҳ аз нақши дастони ин марди саховатпеша ранги тоза гирифтааст. Дарахтони арчаву сафеддор, беду настаран, себу зардолу, гулҳои ороишии лола, наргис, бобуна ва садбарг зеби водии хомӯшон буда, кас ҳангоми ворид шудан ба ин манзил худро дар олами афсонавии биҳишт тасаввур хоҳад кард. ҳуҷрае, ки барои зиёраткунандагон дар ин мавзеъ бунёд ёфтааст, тамоми шароитҳоро доро буда, қадамҷои мардум гаштааст.

М.Комилов соҳиби фарзандони дӯстрӯю тарбиятдида мебошад. ҳамаи онҳо соҳибмаълумот буда, мисоли падарашон меҳнатдӯсту ватанпарвар ҳастанд. Оилаи Комиловҳо алҳол ба пешвози миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боғи навро дар маҳалли зист ба нақша гирифта, тӯҳфаи арзандаи худро ба мардум пешкаш менамоянд.

Раҳматулло ЁРОВ

Читать далее

Илмат ба амал чу ёр гардад…

Чун анъана рўзи 15 апрел дар Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рўзи илми тоҷик конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ имсол ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар кори конфронс олимон, аспирантон,унвонҷўён ва магистрантони Маркази илмӣ ширкат варзиданд.

Кори конфронсро сарвари Маркази илмии Хуҷанд, доктори илмҳои физика-математика, профессор А.Абдуманнонов ифтитоҳ намуда, доир ба роҳи тайнамудаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гузориш дод.

Ҳанўз соли 1944 дар Филиал аспирантура таъсис дода шуд, ки дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ хизмати шоиста кардааст. Аллакай, соли 1950, дар филиали Тоҷикистонӣ 67 нафар номзад ва докторони илм кор мекарданд.

14-уми апрели соли 1951 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон қарор қабул кардааст. Бо ҳамин муносибат ҳар сол рўзи 15-уми апрел ҳамчун рўзи илми тоҷик қайд карда мешавад. Муҳаққиқи барҷаста ва сардафтари адабиёти шўравии тоҷик Устод Садриддин Айнӣ аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад. Ў ин вазифаро то 15 июли 1954 иҷро менамояд. Пас аз устод Айнӣ вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистонро физики маъруф, профессор Султон Умаров ба ўҳда дошт.

Аз соли 1965 то соли 1988 вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистонро олим ва гуманисти барҷастаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ ба зимма доштанд. Дар ин солҳо дар Академияи илмҳо якчанд паҷўҳишгоҳҳои нав таъсис дода шуданд ва корҳои тадқиқотӣ дар чанд самт то ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст.Солҳои 1988 то 1995 вазифаи Президенти Академияи илмҳи Тоҷикистонро академик Собит Неъматуллоев иҷро намудааст. Ин солҳо барои Академия ва олимони тоҷик хеле вазнин буд. Бо вуҷуди душвориҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ Раёсати АИ тавонист, потенсиали илмии Академияро нигоҳ дорад. Солҳои минбаъда (1995-2005) вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро химики шинохтаи тоҷик академик Ўлмас Мирсаидов иҷро намудааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2013 вазифаи Президенти Академияи илмҳоро математики намоёни тоҷик академик Мамадшо Илолов ба зимма дошт.

Мавқеи устувор ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон буд, ки Академияи илмҳо аз хавфи парокандашавӣ нигоҳ дошта шуд. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 маоши кормандони илм ба маротиб зиёд карда шуд, ки далели таваҷҷўҳи Ҳукумат ба соҳаи илм мебошад.

Аз декабри соли 2013 то ин дам вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доктори илмҳои физика-математика, академик Фарҳод Раҳимӣ ба зимма дорад. Муҳимтарин вазифаи олимони тоҷик ҳамқадами замон гардонидани корҳои тадқиқотӣ ва афзун гардонидани самараи иқтисодии натиҷаҳои илм ба ҳисоб меравад. Алҳол дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 нафар академик ва 34 нафар узви вобастаи АИ кор мекунанд.

Сипас, унвонҷў  А.Абдуллоев доир ба мавзўи «Парвариши лимони навъи Мейер дар шароити Тоҷикистони Шимолӣ» маърўза кард. Муҳаққиқи ҷавон дар таҷриба шароити парвариши лимўи навъи Мейерро тариқи гармхонаҳо бидуни гармкунии сунъӣдар шароитҳои физикии мухталиф омўхтааст. Таҷрибаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд,Истаравшан, Деваштич, Конибодом, Исфара, Ашт, ки дар баландиҳои аз 320 то 1350м аз сатҳи баҳрвоқеанд, гузаронида шудааст.

АспирантН.Ҳайдарова доир ба мавзўи «Интродуксия, хусусиятҳои биологии пиёзи ёбоӣ, хўрокӣ ва ороишӣ дар шароити Тоҷикистони Шимолӣ» маърўза кард. Муҳаққиқи ҷавон бо устодаш масъалаи мутобиқ гардонидани пиёзи ёбоӣ ба шароити маданиро омўхтааст. Онҳо таъсири мўҳлати кишт, тартиби шинонидани пиёзи ёбоӣ (анзур) ба ҳосилнокии онро дар шароити маданӣ омўхта,натиҷаҳои ҷолиб ба даст овардаанд. Зимни омўзиши ботафсил (системанок) муқаррар кардаанд, ки ҳангоми дар миёнаи даҳаи сеюми моҳи сентябр бо тартиби 50х20 см шинонидани пиёзакҳо ҳосилнокии беҳтарин (то 6 т/га) ба даст овардан мумкин аст. Ин навъи растанӣ амалан фасли тирамоҳу зимистон заминро банд мекунад ва имкон медиҳад, ки аз як замин ду се маротиба ҳосил гирифта шавад. Зимни омўзиш нишон дода шудааст, ки аз намудҳои пиёзи ёбоӣ натанҳо бо мақсадҳои озуқаворӣ, балки бо мақсади ороишӣ низ истифода бурдан мумкин аст.

Аспиранти лабораторияи физика Сорбон Каримов доир ба мавзўи «Сохтор ва хосиятҳои физико-механикии маводи таркибӣ – полимерии бо кристаллҳои моеъ модификатсияшуда» маърўза кард. Ў зикр намуд, киполимерҳои бо кристалҳои моеъ модификатсишуда, дар асбобҳои оптоэлектронӣ, микроэлектронӣ, нанотехнология ва дар техникаи инъикоси маълумот васеъ истифода бурда мешаванд. Омўзиши хосиятҳои оптикӣ ва физико-механикии чунин мавод имкон медиҳад, ки аз онҳо самаранок истифода бурда шавад. Зикр гардид, ки ин самти тадқиқи хосиятҳои физикии полимерҳои бо кристаллҳои моеъ пуркардашуда  дар Тоҷикистон нодир мебошад. Алҳол муҳақиқи ҷавон технологияи ҳосил кардани пардаҳои полимерӣ дар асосӣ поливинилбутирал ва спирти поливинилиро азхуд намуда, ба тадқиқи хосиятҳои физико-механикии онҳо пардохтааст.

Ходими илмии гурўҳи тадқиқоти филологӣ  Н.Холов дар мавзўи «Абулфазли Миколӣ ва рушди адабиёти арабизабони форсу тоҷик дар Нишопур асри Х» маърўза кард. Зимни паҷўҳиш аз адабиёти дастрас муқаррар карда шудааст, ки Миколиён (Оли Микол) хонадоне будаанд, ки дар нигоҳ доштани мероси адабии қадимаи форсу тоҷик хизмати бузург кардаанд. Дар маърўза нишон дода шуд, ки саромадони ин сулола дар симои Абулфазли Миколӣ дар давраи пошхўрии давлати Сомонӣён ва оғози давлатдории Ғазнавиён дар Нишопур ҳавзаи адабие ташкил намуданд, ки дар ин ҳавзаи илмӣ шоирону нависандагон ҷамъ омада таҳти сарпарастии Оли Микол мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро ба забони арабӣ тарҷума карданд. Дар натиҷаи ин мероси адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик аз сўзониданҳои арабҳо эмин монда то давраи мо расидааст. Абулфазли Миколӣ яке аз намоёнтарин адиб, муҳаддис ва шоири сулолаи Миколиён будааст. Агарчи дар замони зисти Абулфазли Миколӣ  забони давлатӣ арабӣ буд, аммо ҳамаи эҷодёти  ў ба забони арабӣ набудааст.  Ў тавонистааст дар шеъри арабӣ мавзўъҳои шеъри форсӣ-тоҷикӣ ва санъатҳои адабии тоҷикиро ба забони арабӣ ворид намояд. Бо ин амали худ ҳам забони тоҷикӣ-форсиро ғанӣ гардонид ва нагузошт, ки мероси пурарзиши гузаштагони мо нобуд шаванд.

Маърўзаҳо бо саволу ҷавобҳо хеле судманд сурат гирифтанд. Дар хотима аз тарафи устодони соҳибтаҷриба ба олимони ҷавон маслиҳатҳои муфид дода шуд, ки бешубҳа, барои пешрафти корҳои тадқиқотии онҳо мусоидат менамояд. 

А.Абдуманнонов,

раиси Маркази илмии Хуҷанд, профессор,

Й.Юсупов,

номзади илмҳои биология, корманди пешбари илм

Читать далее

Қабули ҳосили нахустини сол – пилла оғоз шуд

Кирмакпарварони шаҳри Конибодом ҳосили дилхоҳи пиллаи хушсифат ба даст оварданд. Кормандони идораи «Пила»-и шаҳр имсол низ дар вилоят нахустин шуда, парвариш ва нигоҳубини 2 ҳазору 100 қуттӣ кирмакро ба роҳ монда, ба қабули ҳосили имсола шурӯъ намуданд.

Кирмакпарварони пешқадам Инобат Содиқова, Каромат Боирова, Раҳимбой Тоҳиров, Олия Қодирова, Неъмат Каримов аз хоҷагии деҳқонии «Зарбдор» ва Тошбибӣ ҳоҷиева, ҳусейнбой Тӯйчиев аз бригадаи №3 ва 9-уми  Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова аз аввалинҳо шуда, ҳосили пилларо супориданд. Дар ҷараёни қабули пилла Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок карда.

Дар вазъияти тантанавӣ ба пешқадамон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. ҳангоми қабули пиллаи имсола ҳамчунин сарвари кулли Корхонаи Воҳиди давлатии «Пила»-и ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҳоҷиев ва сардори идораи «Пилла»-и вилоят Муҳаммад Ёқубов ширкат намуда, ба кирмакпарварон барори кор таманно кард.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом  

Читать далее