April 2016

29 April 2016

Ниҳолони Мирсодиқ фараҳмандӣ меоранд

Манзараи зебо ба ҳолати рӯҳии одам таъсири мусбат мерасонад ва зебоии табиату шароити хуби ҳаёт ва фаъолияти мақсаднок асабро мӯътадил мегардонад.

Яке аз саркорони пуртаҷрибаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (Fончӣ) Мирсодиқ Комилов ҳамасола аз ҳисоби худ ҳазорҳо бех ниҳолҳои сояафкану ҳосилдиҳандаро дар мавзеъҳои бекорхобида, теппаю ҷариҳо шинонда, онҳоро парвариш менамояд.  

Имсол ҳам дар фасли баҳор зиёда аз 1000 бех сафедор, бед ва ниҳолони  мевадиҳанда шинонда, бо ҳамроҳии ҳампешагонаш М.Раҳимов, С.Худойбердиев, М. Комилов, М. Ёров, Н.Шарифов, М. ҳусейнов ва И.Аминов барои ободии диёр саҳм мегузоранд.

Инчунин, Мирсодиқ Комилов барои ободу зебо гардондани оромгоҳи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич саҳми босазо мегузорад. Зиёда аз 10 сол мешавад, ки мавзеи оромгоҳ аз нақши дастони ин марди саховатпеша ранги тоза гирифтааст. Дарахтони арчаву сафеддор, беду настаран, себу зардолу, гулҳои ороишии лола, наргис, бобуна ва садбарг зеби водии хомӯшон буда, кас ҳангоми ворид шудан ба ин манзил худро дар олами афсонавии биҳишт тасаввур хоҳад кард. ҳуҷрае, ки барои зиёраткунандагон дар ин мавзеъ бунёд ёфтааст, тамоми шароитҳоро доро буда, қадамҷои мардум гаштааст.

М.Комилов соҳиби фарзандони дӯстрӯю тарбиятдида мебошад. ҳамаи онҳо соҳибмаълумот буда, мисоли падарашон меҳнатдӯсту ватанпарвар ҳастанд. Оилаи Комиловҳо алҳол ба пешвози миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боғи навро дар маҳалли зист ба нақша гирифта, тӯҳфаи арзандаи худро ба мардум пешкаш менамоянд.

Раҳматулло ЁРОВ

Читать далее

Илмат ба амал чу ёр гардад…

Чун анъана рўзи 15 апрел дар Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рўзи илми тоҷик конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ имсол ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда буд. Дар кори конфронс олимон, аспирантон,унвонҷўён ва магистрантони Маркази илмӣ ширкат варзиданд.

Кори конфронсро сарвари Маркази илмии Хуҷанд, доктори илмҳои физика-математика, профессор А.Абдуманнонов ифтитоҳ намуда, доир ба роҳи тайнамудаи Академияи илмҳои Тоҷикистон гузориш дод.

Ҳанўз соли 1944 дар Филиал аспирантура таъсис дода шуд, ки дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ хизмати шоиста кардааст. Аллакай, соли 1950, дар филиали Тоҷикистонӣ 67 нафар номзад ва докторони илм кор мекарданд.

14-уми апрели соли 1951 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон қарор қабул кардааст. Бо ҳамин муносибат ҳар сол рўзи 15-уми апрел ҳамчун рўзи илми тоҷик қайд карда мешавад. Муҳаққиқи барҷаста ва сардафтари адабиёти шўравии тоҷик Устод Садриддин Айнӣ аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад. Ў ин вазифаро то 15 июли 1954 иҷро менамояд. Пас аз устод Айнӣ вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистонро физики маъруф, профессор Султон Умаров ба ўҳда дошт.

Аз соли 1965 то соли 1988 вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистонро олим ва гуманисти барҷастаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ ба зимма доштанд. Дар ин солҳо дар Академияи илмҳо якчанд паҷўҳишгоҳҳои нав таъсис дода шуданд ва корҳои тадқиқотӣ дар чанд самт то ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст.Солҳои 1988 то 1995 вазифаи Президенти Академияи илмҳи Тоҷикистонро академик Собит Неъматуллоев иҷро намудааст. Ин солҳо барои Академия ва олимони тоҷик хеле вазнин буд. Бо вуҷуди душвориҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ Раёсати АИ тавонист, потенсиали илмии Академияро нигоҳ дорад. Солҳои минбаъда (1995-2005) вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро химики шинохтаи тоҷик академик Ўлмас Мирсаидов иҷро намудааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2013 вазифаи Президенти Академияи илмҳоро математики намоёни тоҷик академик Мамадшо Илолов ба зимма дошт.

Мавқеи устувор ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон буд, ки Академияи илмҳо аз хавфи парокандашавӣ нигоҳ дошта шуд. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 маоши кормандони илм ба маротиб зиёд карда шуд, ки далели таваҷҷўҳи Ҳукумат ба соҳаи илм мебошад.

Аз декабри соли 2013 то ин дам вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро доктори илмҳои физика-математика, академик Фарҳод Раҳимӣ ба зимма дорад. Муҳимтарин вазифаи олимони тоҷик ҳамқадами замон гардонидани корҳои тадқиқотӣ ва афзун гардонидани самараи иқтисодии натиҷаҳои илм ба ҳисоб меравад. Алҳол дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 нафар академик ва 34 нафар узви вобастаи АИ кор мекунанд.

Сипас, унвонҷў  А.Абдуллоев доир ба мавзўи «Парвариши лимони навъи Мейер дар шароити Тоҷикистони Шимолӣ» маърўза кард. Муҳаққиқи ҷавон дар таҷриба шароити парвариши лимўи навъи Мейерро тариқи гармхонаҳо бидуни гармкунии сунъӣдар шароитҳои физикии мухталиф омўхтааст. Таҷрибаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд,Истаравшан, Деваштич, Конибодом, Исфара, Ашт, ки дар баландиҳои аз 320 то 1350м аз сатҳи баҳрвоқеанд, гузаронида шудааст.

АспирантН.Ҳайдарова доир ба мавзўи «Интродуксия, хусусиятҳои биологии пиёзи ёбоӣ, хўрокӣ ва ороишӣ дар шароити Тоҷикистони Шимолӣ» маърўза кард. Муҳаққиқи ҷавон бо устодаш масъалаи мутобиқ гардонидани пиёзи ёбоӣ ба шароити маданиро омўхтааст. Онҳо таъсири мўҳлати кишт, тартиби шинонидани пиёзи ёбоӣ (анзур) ба ҳосилнокии онро дар шароити маданӣ омўхта,натиҷаҳои ҷолиб ба даст овардаанд. Зимни омўзиши ботафсил (системанок) муқаррар кардаанд, ки ҳангоми дар миёнаи даҳаи сеюми моҳи сентябр бо тартиби 50х20 см шинонидани пиёзакҳо ҳосилнокии беҳтарин (то 6 т/га) ба даст овардан мумкин аст. Ин навъи растанӣ амалан фасли тирамоҳу зимистон заминро банд мекунад ва имкон медиҳад, ки аз як замин ду се маротиба ҳосил гирифта шавад. Зимни омўзиш нишон дода шудааст, ки аз намудҳои пиёзи ёбоӣ натанҳо бо мақсадҳои озуқаворӣ, балки бо мақсади ороишӣ низ истифода бурдан мумкин аст.

Аспиранти лабораторияи физика Сорбон Каримов доир ба мавзўи «Сохтор ва хосиятҳои физико-механикии маводи таркибӣ – полимерии бо кристаллҳои моеъ модификатсияшуда» маърўза кард. Ў зикр намуд, киполимерҳои бо кристалҳои моеъ модификатсишуда, дар асбобҳои оптоэлектронӣ, микроэлектронӣ, нанотехнология ва дар техникаи инъикоси маълумот васеъ истифода бурда мешаванд. Омўзиши хосиятҳои оптикӣ ва физико-механикии чунин мавод имкон медиҳад, ки аз онҳо самаранок истифода бурда шавад. Зикр гардид, ки ин самти тадқиқи хосиятҳои физикии полимерҳои бо кристаллҳои моеъ пуркардашуда  дар Тоҷикистон нодир мебошад. Алҳол муҳақиқи ҷавон технологияи ҳосил кардани пардаҳои полимерӣ дар асосӣ поливинилбутирал ва спирти поливинилиро азхуд намуда, ба тадқиқи хосиятҳои физико-механикии онҳо пардохтааст.

Ходими илмии гурўҳи тадқиқоти филологӣ  Н.Холов дар мавзўи «Абулфазли Миколӣ ва рушди адабиёти арабизабони форсу тоҷик дар Нишопур асри Х» маърўза кард. Зимни паҷўҳиш аз адабиёти дастрас муқаррар карда шудааст, ки Миколиён (Оли Микол) хонадоне будаанд, ки дар нигоҳ доштани мероси адабии қадимаи форсу тоҷик хизмати бузург кардаанд. Дар маърўза нишон дода шуд, ки саромадони ин сулола дар симои Абулфазли Миколӣ дар давраи пошхўрии давлати Сомонӣён ва оғози давлатдории Ғазнавиён дар Нишопур ҳавзаи адабие ташкил намуданд, ки дар ин ҳавзаи илмӣ шоирону нависандагон ҷамъ омада таҳти сарпарастии Оли Микол мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро ба забони арабӣ тарҷума карданд. Дар натиҷаи ин мероси адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик аз сўзониданҳои арабҳо эмин монда то давраи мо расидааст. Абулфазли Миколӣ яке аз намоёнтарин адиб, муҳаддис ва шоири сулолаи Миколиён будааст. Агарчи дар замони зисти Абулфазли Миколӣ  забони давлатӣ арабӣ буд, аммо ҳамаи эҷодёти  ў ба забони арабӣ набудааст.  Ў тавонистааст дар шеъри арабӣ мавзўъҳои шеъри форсӣ-тоҷикӣ ва санъатҳои адабии тоҷикиро ба забони арабӣ ворид намояд. Бо ин амали худ ҳам забони тоҷикӣ-форсиро ғанӣ гардонид ва нагузошт, ки мероси пурарзиши гузаштагони мо нобуд шаванд.

Маърўзаҳо бо саволу ҷавобҳо хеле судманд сурат гирифтанд. Дар хотима аз тарафи устодони соҳибтаҷриба ба олимони ҷавон маслиҳатҳои муфид дода шуд, ки бешубҳа, барои пешрафти корҳои тадқиқотии онҳо мусоидат менамояд. 

А.Абдуманнонов,

раиси Маркази илмии Хуҷанд, профессор,

Й.Юсупов,

номзади илмҳои биология, корманди пешбари илм

Читать далее

Қабули ҳосили нахустини сол – пилла оғоз шуд

Кирмакпарварони шаҳри Конибодом ҳосили дилхоҳи пиллаи хушсифат ба даст оварданд. Кормандони идораи «Пила»-и шаҳр имсол низ дар вилоят нахустин шуда, парвариш ва нигоҳубини 2 ҳазору 100 қуттӣ кирмакро ба роҳ монда, ба қабули ҳосили имсола шурӯъ намуданд.

Кирмакпарварони пешқадам Инобат Содиқова, Каромат Боирова, Раҳимбой Тоҳиров, Олия Қодирова, Неъмат Каримов аз хоҷагии деҳқонии «Зарбдор» ва Тошбибӣ ҳоҷиева, ҳусейнбой Тӯйчиев аз бригадаи №3 ва 9-уми  Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова аз аввалинҳо шуда, ҳосили пилларо супориданд. Дар ҷараёни қабули пилла Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок карда.

Дар вазъияти тантанавӣ ба пешқадамон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. ҳангоми қабули пиллаи имсола ҳамчунин сарвари кулли Корхонаи Воҳиди давлатии «Пила»-и ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҳоҷиев ва сардори идораи «Пилла»-и вилоят Муҳаммад Ёқубов ширкат намуда, ба кирмакпарварон барори кор таманно кард.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом  

Читать далее

28 April 2016

Оғози Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар ВМКБ ва истиқболи А. Қодирӣ аз рушди муносибатҳо

Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор мегардад.

Бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар ВМКБ як гурӯҳи калони аҳли фарҳангу адаби вилояти Суғд дирӯз ба ВМКБ сафар карданд ва тибқи нақша имрӯз Рӯзҳои фарҳангии Суғд дар ВМКБ оғоз меёбад.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо нашри як паёме аз ин чорабинии фарҳангӣ хуш истиқбол кард ва таъкид дошт, ки “Рўзҳои фарҳанги вилоятҳо бешубҳа ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд, барқарорсозии рафтуомади хешутаборӣ, сарҷамъ кардани нерўҳои солимфикри ҷомеа, мустаҳкамшавии ҳусни ҳамҷаворӣ ва бародарии минтақаҳо, муҳимтар аз ҳама, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ғояҳои ҷовидонаи он, таъмини амнияти миллӣ ва пойдории ваҳдат, таъмини сулҳу субот мусоидат менамояд”.

Читать далее

Омодагӣ дар сатҳи баланд

Тибқи Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани ҳавзаҳои раъйпурсӣ ҳавзаи раъйпурсии Панҷакент №30  муайян гардида, Қарори комиссияи ҳавзавӣ аз 25.03.2016 №5 «Дар бораи ташкили комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ»   дар рӯзномаи шаҳрии «Зарафшон» аз 5 апрели соли 2016 №14-15 нашр гардид. Дар асоси Қарори ҳавза 136 комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Ҳавзаи раъйпурсии Панҷакент№30  фаъолияти худро дар асоси Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. То ба  имрӯз комиссия дар 5 ҷаласаҳои  худ оид ба тасдиқи Қарори Комиссияи Марказӣ,  тасдиқи рӯйхати тақсимоти  вазифаҳо ва навбатдорӣ,  тасдиқи озодкунии яке аз аъзоёни комиссияи ҳавзавӣ,ташкили гурӯҳҳои тарғиботӣ қарорҳо қабул кард. Бо иштироки намояндагони Комиссияи марказӣ ҷаласаи дастурдиҳӣ гузаронида  шуда, ҳамзамон маводҳои зарурии участкаҳои раъйпурсӣ дастрас гардонида шуданд.

Ҳафтае як маротиба ҷаласаи аъзоёни комиссияи  ҳавзавӣ гузаронида шуда, масъалаҳои омодагиҳои участкаҳо бонавбат муҳокима мешаванд. Дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқие, ки аз ҷониби Комиссияи Марказӣ тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Инчунин, бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳим семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронида шудаанд. ӯтоқи кории ҳавза дар Кохи фарҳанги шаҳр ҷойгир буда, барои фаъолият ва омодагӣ мусоид мебошад, он бо тамоми воситаҳои зарурии техникӣ таъмин аст.

Шумораи райъдиҳандагон бо назардошти муҳоҷирон 136 313 нафар, бе дарназардошти муҳоҷирон 120 889 нафар,  бори аввал  райъдиҳандагон бошанд 3.337 нафарро ташкил медиҳанд. Бо онҳое, ки бори аввал дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат меварзанд, дар ҳар як участка гӯшаи дастурдиҳӣ бо қоидаҳои умумӣ ташкил карда шудааст. Ғайр аз ин ҳар як участка рӯйхати ашхоси бемор ва маъюбро тартиб дода, барои райъдиҳии эшон чораҳои зарурӣ пешбинӣ кардааст.

Дар ҳар як участкаҳои райъдиҳӣ аз ҳисоби фаъолон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, гурӯҳои тарғиботӣ ташкил шудааст. Бо воситаи «Симо-ТВ» силсилабарномаи «Конститутсия – роҳнамои миллат» ташкил карда шудааст.

Дар 14 ҷамоат ва 18 маҳаллаҳои шаҳри Панҷакент гурӯҳҳои корӣ фаъолият бурда, ба мардум зарурият ва моҳияти тағйиру иловаҳои Конститутсияро фаҳмонида истодаанд. Шиору овезаҳои сар то сари шаҳру деҳоти Панҷакент аз омодагии ҳамаҷонибаи мардум ва ҷонибдории эшон шаҳодат медиҳад.      

Бояд зикр намуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон ва ҷомеа мебошад. Зеро маҳз такмили пайвастаи меъёрҳои Коститутсия рушди босуботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро таъмин намуда, сарчашма ва заминаи асосӣ барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаи ҳар шахс мегардад.

Аз ин рӯ, ҳам дар назди комиссияи ҳавзавӣ ва ҳам дар назди комиссияҳои участкавӣ масъулияти хеле муҳим ва саривақтӣ бобати  дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани Раъйпурсии умумихалқӣ меистад.

Дар навбати худ ҳавзаи райъпурсии Панҷакент№30 тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри иштироки бемайлони мардум равона  месозад, чунки дар ҳама чорабиниҳои сиёси мардуми сарбаланди Панҷакенти бостонӣ ҷонибдории хешро ҷавобан ба дастгириҳову ғамхориҳои доимии Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд ва тарафдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари хеш мебошанд.

Фотима РОФИЕВА,
ҷонишини раиси комиссияи
ҳавзавии Панҷакент №30

Читать далее

Худоёрзода Бахтиёр: учаскаҳои райъпурсии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳолати омодабош қарор дорад

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба Тоҷикистон хос набуда, ҷузъи ҷудонашавандаи амалия ва таҷрибаи конститутсионии ҷомеаи ҷаҳон буда, дар аксари давлатҳои дунё амалӣ карда мешавад.

Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву мулоқотҳо дар доираи ташреҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст. Аз он ҷумла таи ҳафтаи охир дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавриди оммавӣ гардонидани лоиҳаи тағйиру иловаҳо вохӯриҳои судманд доир карда шуда истодааст. Ҳамчунин дар заминаи вохӯриву мулоқотҳо санаи 26 апрели соли равон ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Ватанзода Маҳмадалӣ, раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худоёрзода Бахтиёр ва муовини Раиси вилоят Абдуллозода Назира Ғаффорӣ аз ҷараёни омодагии учаскаҳои райъпурсии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид аз учаскаҳои  райъпурсии №3-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров учаскаи райъпурсии №10 ва №14-и ҷамоати деҳоти Исфисор ва учаскаҳои райъпурсии №24, №9 ва №32-и ҷамоати деҳоти Хистеварз,  раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худоёрзода Бахтиёр  изҳор дошт, ки учаскаҳои мазкур барои дар сатҳи зарури баргузор намудани райъпурсии умумихалқӣ мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳия 96 учаскаҳои райъпурсӣ амал мекунад, ки ҳамаи онҳо барои баргузории райъпурсӣ дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар кӯчаву хиёбонҳо, маҳалҳо, дар биноҳои учаскаҳои райъпурсӣ ва дар ҷойҳое, ки мардум зиёд мебошанд,  варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ часпонида шудааст. Дар ноҳия райъдиҳандагон 192162 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумораи райъдиҳандагон  4 243 нафар ва дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта 11 874 нафар мебошанд.

 gafurov.tj

Читать далее

Мулоқоти Ёрдамчии Президент ва раиси КМИР бо фаъолони ноҳияи Ашт

Дирӯз дар ноҳияи Ашт мулоқоти Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Ватанзода Маҳмадалӣ, раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Худоёрзода Бахтиёр бо фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Мулоқоти нахуст дар Театри мусиқӣ - драммавӣ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, воқеъ дар шаҳраки Шайдон баргузор ва бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ оғоз ёфт. Сипас Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Ватанзода Маҳмадалӣ ва раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бахтиёр Худоёрзода доир ба тағиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда, рафти корҳои омодагӣ ба раъйпурсӣ ва дигар масоили марбут суханронӣ намуданд. Чунин як мулоқот дар мактаби рақами 13-и деҳаи Хиштхонаи ҷамоти Понғоз низ баргузор шуд.

Бино ба иттилои Зафар Мамаҷонов, мудири Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт дар ин мулоқотҳо беш аз 1200 нафар фаъолони ноҳия ҳузур доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Тағйиру иловаҳо ба конститутсия рӯ ба сӯи пешрафт

Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) кишвар рӯзи гузашта дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии устодону омӯзгорон бо Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Абдуҷаббор Ҷалолович ва Турсунова Гулбаҳор Нозирҷоновна доир гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки замона тақозо дорад, то меъёрҳои Қонуни асосӣ пайваста такмил дода шуда, ҷавобгӯ ба талаботҳои замона бошад.

Абдуҷаббор Ахмедов дар баромади хеш қайд кард, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид ва Созмони амнияти ҳамкории Аврупо буда, вазифадор аст, меъёрҳои қонунгузории хешро ба талаботи ин созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) кишвар танҳо таклифу пешниҳоди вакилони мардумӣ нест, балки он бо хоҳиши сокинони ваҳдатшиори кишвар рӯи кор меояд. Ва мутобиқи он минбаъд дар мамлакатамон амал кардани ҳизбҳои сиёсии характери динӣ ва миллӣ дошта манъ карда мешавад.

Дар баромади Турсунова Гулбаҳор Нозирҷоновна таъкид шуд, ки зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шуданд.

Наим Маликисломов, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки барои миллати куҳанбунёди мо марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ фаро расид. Зеро бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Консититутсияи кишвар сатҳ ва шароити зиндагии мардум куллан дигар хоҳад шуд. Муҳим он аст, ки дар шароити ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифзу пойдор боқӣ гузорем ва мамлакатамонро чун кишвари пешрафт ва дунявӣ ба ояндагон мерос гузорем.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова низ зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд.

Миёни донишҷӯён ва меҳмонон атрофи бандҳои алоҳидаи тағйиру иловаҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо донишу рафтори намунавӣ пештози ҷамъият бошанд ва дӯстону ҳамсафони худро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд.

khujand.tj

Читать далее

Зафаробод: 1877 нафар бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок мекунанд

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи моҳият ва мӯҳтавои «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини раъйпурсии умумихалқӣ» ба ҳавзаҳои интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  идома дорад.

Дар коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов, №16  бо иштироки бештар аз 300 нафар интихобкунандагон ба вуқӯъ пайваст. Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Меҳруддин Шарифов ифтитоҳ намуд.

Вакили тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №16 Баҳодур Акрамзода дар хусуси зарурат ва баъзе паҳлӯҳои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ҳозиринро даъват намуд, ки санаи 22 майи соли 2016 дар раъйпурсӣ фаъолона ширкат варзида, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раъйи худро диҳанд.

Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, дар Ҷамоати шаҳраки Равшан низ хотирмон сурат гирифт. Бошандагони деҳаи Ҳаёти нав  дар бораи нокифоягии оби полезӣ, таъмирталаб будани варзишгоҳи шаҳрак дархост пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзе қабл дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия узви гурӯҳи тарғиботии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, директори Институти такмили ихтисоси Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон Абдухалил Ғафуров бо раъйдиҳандагон сӯҳбати пурмазмун доир карда буд.

Назар ба иттилои раиси комиссияи ҳавзавии раъйдиҳии Зафаробод, №38 Нуралӣ Шамсиев дар қаламрави ноҳия зиёда аз 37130 нафар раъйдиҳандагон ба рӯйхат гирифта шудаанду аз ҷумлаи онҳо 1877 нафар ҷавонон бори аввал дар маъракаи сиёсӣ иштирок менамоянд. Алҳол дар ҳамаи 22 участкаи раъйдиҳӣ корҳои тарғиботӣ доир ба маънидоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее