September 2016

30 September 2016

Пешгирӣ аз оқибатҳои нохуш

29 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавзӯи "Гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ" чорабинӣ баргузор гардид.

Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, оид ба ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он аз ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд,  инчунин огоҳ сохтани мардум, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои нохуши он суханронӣ намуд.

Ҳамчунин аз ҷониби ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд атрофи фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ сӯҳбати судманд доир шуд.

"Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд", – таъкид дошт Зариф Мирдадо.

Худи ҳамин рўз масъулини Кумита бо сокинони Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент вохурӣ намуданд. Пеш аз мулоқот ба иштироккунандагони ин чорабинӣ филми ҳуҷҷатӣ оид ба фирефта шудани ҷавондухтарон ва ҷавонписарон, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ афтодаанду аз кирдори худ пушаймонанд, ба намоиш гузошта шуд.

Бахши ҷавонон, варзиш ва
сайёҳии шаҳри Панҷакент

Читать далее

БА ТАВАҶҶЎҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН!

Даъватномаи иштирок дар озмуни харид

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, куч. Академикҳо Раҷабовҳо-55, тел: 6-35-79 ва ташкилоти Харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

т/р

(ДИО)

Ташкилоти харидор

Телефон

Усули харид

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

1453S/5-730 такрори

Муассисаи давлатии маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд (такрорӣ)

Корҳои ободонии роҳҳо ва роҳравҳои даромадгоҳи ҳудуди МОИ «Суғд»

Тибқи санади нуқсонӣ

5.10.2016

соати 10-00

1455S/5-732 такрори

Муассисаи давлатии маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд (такрорӣ)

Сохтмони панҷарадевори оҳанин дар МОИ «Суғд»

Тибқи санади нуқсонӣ

5.10.2016

соати 10-15

1755S/5-906 такрори

МДНРА-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд (такрорӣ)

Асфалти гарм

тонна

410

6.10.2016

соати 11-30

1905S/5-987

Раёсати фарҳанги вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таҷҳизоти техникӣ

номгӯй

9

5.10.2016

соати 09-45

1906S/5-988

Раёсати фарҳанги вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Асбобҳои мусиқӣ

номгӯй

12

5.10.2016

соати 09-30

1907S/5-989

МД «Идораи сохтмони асосӣ»-и ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таъмиру азнавсозии кӯчаи ба номи Нурови маркази ноҳия

Тибқи санади нуқсонӣ

12.10.2016

соати 10-00

1908S/5-990

МД «Идораи сохтмони асосӣ»-и ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таъмиру азнавсозии толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Айнӣ

Тибқи санади нуқсонӣ

11.10.2016

соати 10-15

1909S/5-991

МД «Идораи сохтмони асосӣ»-и ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Сохтмони бинои ёрирасон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шамтуч

Тибқи санади нуқсонӣ

12.10.2016

соати 10-00

1910S/5-992

МД «Идораи сохтмони асосӣ»-и ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Сохтмони бинои ёрирасон дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Зарафшон

Тибқи санади нуқсонӣ

12.10.2016

соати 10-15

1911S/5-993

МД «Идораи сохтмони асосӣ»-и ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Азнавбарқароркунии пул дар деҳаҳои Мадм, Вашан, Куруд ва Дарғи ноҳия

Тибқи санади нуқсонӣ

11.10.2016

соати 10-30

1912S/5-994

Шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Масолеҳи сохтмонӣ

номгӯй

12

10.10.2016

соати 13-30

1913S/5-995

КАТС-и ноҳияи  Спитамен

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таҷҳизоти техникӣ

номгӯй

5

21.10.2016

соати 10-00

1914S/5-996

Беморхонаи килиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

24

11.10.2016

соати 09-30

1915S/5-997

Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи доруворӣ

номгӯй

23

21.10.2016

соати 10-30

  1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба мақоми Ваколатдор ба суроғаи дар боло зикршуда мурочиат намоянд.
  2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мўҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутуни «Сана ва вақти кушодани лифофаҳо» муайяншуда пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешавад.
  3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияҳои муштарак тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешавад. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.
Читать далее

Табрики Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

Устодону омӯзгорони мӯҳтарам!

Иди касбии тарбиятгарони насли ояндасоз - Рӯзи омӯзгоронро ба кулли кормандони соҳаи маорифи вилоят самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихор аст, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, меҳру садоқати бепоёни худро бори дигар ба Ватан ифода карданд.

Читать далее

Илму дониш мисоли рӯзи пурофтобанд

Итминон дорам, ки ҳамаи аҳли ҷомеа, дар навбати аввал омўзгорон ва падару модарони гиромии мо дар ин кори пурифтихору пурмасъул, яъне таълиму тарбияи насли навраси хушахлоқу боодоб, донишманду ҷўянда ва соҳибкасбу соҳибҳунар саҳми инсонии худро дареғ намедоранд.

 Эмомалӣ Раҳмон

Ташаббус - сарчашмаи дарёи ақл

Шахсони накўниҳод дар ҳар замон нақши тақдирсоз доранд. Хираду дониш, кордониву корбарии онҳо ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни кишвар муассир хоҳад буд.

Ҳамин ифодаи маъмулро мо дар арафа ва ҷараёни баргузории ҷашни фархундаву таърихии миллат - биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ҳангоми сафари кориашон сурат гирифт, хеле равшан эҳсос намудем. Пешвои миллат ба фаъолият, кор ва истифодабарии як қатор иншоотҳои таъиноти гуногун ифтитоҳу оғоз бахшиданд. Аз ҷумла, Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен дар ҳамин раванд қарор дошт. Ин бинои мактаби замони муосир, ҷавобгўй ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби шахси саховатманд, дилсўзу дилогоҳи ин ноҳия Анвар Эшонқулов бо сарфи сеюним миллион сомонӣ бунёд шудааст. Мардуми вилоят, алалхусус сокинони ноҳияи Спитамен Анвар Эшонқуловро чун ҷавонмарди ташаббускор, навовар ва накўниҳод ба хубӣ мешиносанд. Хислату рафтори наҷиб дорад ин мард: халқпарвар, ятимпарвар, дасткушод, футувватпеша, дар як вақт ташнаву меҳрпарвари илму китоб, маърифату маънавиёт, дар эътиқоду ақида қавиву якрўй.

- Худро ончунон фараҳманд ва болидарўҳ эҳсос менамоям, ки натиҷаи ниҳоии саъю ҳиммат ва заҳмату садоқатамро Пешвои муаззами халқи тоҷик, Сардори давлати нерўмандамон зикр намуданд. Ифтитоҳ бахшидани Роҳбари хирадмандамон ба Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат ин боиси хурсандӣ, шарафмандӣ ва ифтихормандиам ҳамчун муассиси ин боргоҳи илму дониш, таълиму тарбияи насли наврас шуд. Чаро? Саҳм гузоштан баҳри беҳбудии рўзгор, ободонии кишвар ҳамин шарафмандӣ аст, - гуфт дар сўҳбат Анвар Эшонқулов. – Дар мулоқоти Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияамон ҳамагон шоҳиди он будем, ки мўҳтавои суханрониашон аз аввал то ба охир пур аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан ва мардуми соҳибиқболи Тоҷикистон буд. Дар ҳақиқат, агар ҳар як фарди ҷомеаи муосири мо Ватану миллати худро мисли Президенти мамлакат дўсту азиз дорад, бояд, ки монда нашуда, шабу рўз баҳри ободию гулгулшукуфии он хизмат намояд.

Анвар Эшонқулов нияте дошт, ки дар ноҳияи Спитамен як мактабе аз ҳисоби худ созад ва он барои таҳкими донишу маърифати фарзандони меҳнаткашон хизмат намояд. Ду фарзанд ва наберагони ў дар мактабҳои хусусии шаҳри Хуҷанд таҳсил кардаанд. Худи Анвар Эшонқулов шахси босавод, соҳибдониш, дорои таҷрибаи рўзгор буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат бурдааст. Давоми фаъолияташ чун соҳибкор сурат гирифтааст. Аз соли ҳазору нўҳсаду наваду панҷ то соли дуҳазору ҳафт дар вазифаи омири бозори марказии шаҳраки Нов -ҳоло Навкат кору фаъолият дошт. Ў чун навовар ва ташкилотчии моҳир он давр симои бозорро ба куллӣ дигаргун сохт, тамоми навиштаҷот, воситаҳои аёнияти таблиғотиро ба забони давлатӣ - тоҷикӣ муаррифӣ намуд, то ин вақт, ки бозор барои савдои нон ҷойи алоҳида надошт, растаи махсуси нон ва маҳсулоти ордӣ ташкил кард. Дар рафти кору пайкораш ў ду байти Ҳазрати Навоиро ҳамеша шиори худ қарор медод:

Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,

Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр.

Ба пошидан чӣ нуқс ояд ба дарё,

Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр.

Хайрхоҳию хайрандеширо Анвар Эшонқулов ба дилаш ҷой дод дар ин навбат ҳам. Мактаби сохтаашро барои толибилмони болаёқат, ташнаи илму дониш, китобу маърифат гузошт. Онро дари умеди насли навраси саодатманд хонд. Чун ў накўкорӣ, ростқавлӣ, устувор ва содиқ будан дар паймон, зиндагӣ ва боадолатиро дар худ таҷассум гардонидааст, ҳамин хислатҳои ҳамидаро дар симои ҳар як хонандаи болаёқат, ки имрўз аз ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ, Спитамен, Кўҳистони Мастчоҳ ба таҳсилу тадрис фаро гирифта шудаанд, мехоҳад бубинад.

- Барои он ки умри инсон беному нишон нагузарад, мебояд тарҳи зиндагии хешро бо дилаш созад ва бо ақл иҷрояш намояд, - сўҳбатро идома медиҳад Анвар Эшонқулов. – Мегўянд, ки зиндагӣ бо кўшиш ва ният тавъам буда, мўътақидиро такон мебахшад. Ана ҳамин тавр зиндагии ҷовид кўшиш аст. Инсон бояд ҳамеша, ё чунонки мегўянд, як умр дар такопў бошад. Ана он вақт ҳаёт маънои болиғ мегирад.

Дар рафти сўҳбат бо ин ҷавонмарди худогоҳу некназар аз фалсафаи кору пайкор, саъю кўшишҳояш огаҳӣ пайдо намудем, ки он рукни «накўгўйи мардумон бош»-ро доштааст.

- Лоиҳаи дақиқи муассисаи таълимиро ташкилоти бонуфузи шаҳри Хуҷанд – Институти «Суғдинтиз» тартиб дода, соли 2014 қувваи амал пайдо намуда буд. Фармоишгари сохтмон бар ўҳдаи ман ва пудратчӣ ҶДММ «Раҳимӣ»-и ноҳияи Спитамен бо роҳбарии Абдуллоҷон Тоҷибоев роҳандозӣ гардиданд, - зикр намуд соҳибкор Анвар Эшонқулов. – Сохтмон моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, августи соли 2016 ба анҷом расид. Ба корҳои сохтмонӣ 100 нафар бинокорон ва дигар кормандони самти ёрирасон ҷалб гардиданд. Бо дастгирӣ ва ҷонибдории Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сохтмон суръат ва сифати баланд гирифт ва дар мўҳлати муайян корҳо бомуваффақият ба анҷом расиданд. Раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода ҳар ҳафта ба мавзеи сохтмон омада, бо ҷараёни корҳои бинокорӣ шиносоӣ пайдо  менамуд. Мавриди зикр аст, ки муовини раиси ноҳия Илҳом Саидзода ҳамеша аз ҳолу аҳволи бинокорон ва рафти корҳои сохтмонӣ бохабар буд. Ин ҳама созандагӣ аз чист? Ман мегўям: Шукри замони тинҷ, ки имрўзҳо пиру барно ҳамагон дар фазои осоиштагӣ ҳаёт ба сар мебарем.

Дасту дили пок ба ободкориву созандагӣ доштан ин гувоҳи дилбастагии Анвар Эшонқулов ба амалҳои нек, савобу хайрандешист. Бо ин равия гуфтанием, ки таҷҳизотҳои мактабӣ, воситаҳои таълиму тадрис пурра аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой дастрас карда шудаанд. Мақсади ин ҷавонмарди ободкор хеле равшан аст: писарону духтарон дар ин мактаби сохти нав таҳ- сил карда, номбардори диёри соҳибистиқлол шаванд.

- Пешвои мўҳтарами мо, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намудаанд ва Раиси вилоятамон, инсони хайрандешу маърифатпарвар, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дастур додаанд, ки мактабҳои хусусӣ бештар бунёду ташкил  шаванд, - мегўяд Анвар Эшонқулов. – Ва ман ҳамчун як тан соҳибкор ба ҳамин ният иқдом гирифтам ва имрўз аз корҳои анҷомдодаам қаноатманд ҳастам. Мехоҳам, чунин корҳои хайр минбаъд ҳам зиёдтар шаванд.

Бо шунидани ин суханони ў мо низ иброз намудем: чунин корҳо бисёранд имрўз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ва аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Ҳақ ба ҷониби Ҳаким Фирдавсист, ки хеле хуб гуфтааст:

Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад,

Бо чашми хирад корҳо бингарад.

Оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷ

Мо бо Баҳодур Тўрабоев - мудири шўъбаи маорифи ноҳия сўҳбат доштем. Дар рафти сўҳбат эҳсос бардоштем, ки Баҳодур Мамадҷонович яке аз он мутахассисону роҳбарони некниҳоду нексиришт ва соҳибдониш буда, кору пайкораш ба талаботи замон ҷавобгўй.

Гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Спитамен – шаҳраки Навкат буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти Муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат оғози расмӣ бахшид ва мо, маорифчиёнро басо хушҳолу фараҳманд гардонид. Бинед, Пешвои миллат бо шароиту имконоти муосири таълиму тарбия дар ин муассиса шинос шуданд ва бо хонандагон сўҳбати озоду самимӣ доштанд. Ин ҳама ба бахти мо, аҳли мактабу маориф аст.

Дар ноҳияамон айни замон 32 муассисаи таълимӣ, як литсейи рақами 1, даҳ кўдакистони давлатӣ, 2 кўдакистони хусусӣ фаъолият доранд. Бо ташаббус ва дастгирии Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар давоми чаҳор моҳи соли равон дар деҳаи Дўстии Ҷамоати Сарбанд 1 муассисаи таълимӣ бо 8 синфхона барои 240 хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Боигарии ҳар ташкилоту муассиса ин кормандонаш мебошад. Кадрҳои педагогии ноҳия пешбарандагони маърифату соҳибдонишанд. Муаллимони маълумоти олидор 85 фоизро ташкил медиҳанд. Имсол 90 нафар барои соҳиб шудан ба ихтисоси дуюм ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супурданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1684 нафар бо маълумоти олӣ, аз ҷумла 1301 нафар муаллима машғули таълиму тарбияи насли навраси даврони соҳибистиқлолӣ ҳастанд. Соли равон 67 фоизи ҳуҷҷатсупори-дагон ба Маркази миллии тестӣ – хатмкардагони макотиби ноҳия ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуданд. Ҳар сол аз 40 то 45 нафар хатмкардагони мактабҳои мо ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино бомуваффақият дохил мешаванд.

Доир ба фаъолият ва рафти таълиму тарбия ва пеш бурдани корҳои педагогӣ Ҷамолиддин Раҳимов - директори Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат чунин ибрози ақида менамояд:

- Мактаби нав аз ду ошёна иборат буда, 25 синфхона, аз ҷумла 4 кабинети фаннӣ, кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ ва тахтаҳои синфии электронӣ дорад. Ҳидоятҳои Пешвои миллат, дастуру супоришҳои Раиси вилоят дар муассисаи таълимӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ ва адрасу сўзанӣ маҳфили адрас ва қолинбофии дастӣ амал мекунад. Мавриди зикр аст, барои аъзои ин маҳфили ҳунаромўзӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ки дар як вақт то 13 нафар дар ин ҷо ҳунарҳои мардумиро азхуд карда метавонанд.

Ба кор қабул кардани омўзгорон мутобиқи озмуни Раёсати маорифи вилоят ба роҳ монда шуд, ки ин раванд ба таъмини муаллимони ихтисосманд мусоидат намуд. Омўзгорони соҳибмалака О.Эрматов, Р.Юсуфова, М.Маннонова, А.Шукурова аз рўзҳои нахустини соли нави таҳсил ин муассисаи нави таълимиро дар қаламрави вилоят муаррифӣ менамоянд. Муаллимаҳои синфҳои ибтидоӣ Шоира Фаёзова, Дилбар Каримова, Саломат Фаттоева, Лола Мамадқулова - омўзгори забони русӣ дар ҳамин синфҳо хонандагони худро гарм бар оғўш гирифтанд. Омўзгорони соҳибмаърифат Ирода Холматова (география-экология), Ҳасан Явқочаров (забони англисӣ), Ҳилола Муродова (забони русӣ), Муқаддас Маликова (забон ва адабиёти тоҷик), Фурқат Умурбоев (ҷонишини директор) суботкорона ҷаҳд мекунанд, то хонандагони болаёқат аз ҳар соати тадрис мафҳум ва маънои тозае бардоранд.

Хониш дар мактаб то нисфи рўз идома меёбад, баъдан бо муҳассилин дарси иловагӣ гузаронида мешавад. Маблағи хониш дар мактаб моҳе аз ҳар хонанда 392 сомониро ташкил менамояд. Маоши моҳонаи омўзгорон дар муассисаи таълимии мазкур 1200 сомониро дарбар мегирад.

Магар асоси ифтихори ҳар фарди худогоҳ нест, ки фарзандони ҳар гўшаи Ватани соҳиб-истиқлоламон дар афзудани обрўву эътибори кишварамон, аз ҷумла ривоҷу равнақи илму фарҳанги он, мактабу маорифи он, худшиносии миллии насли наврас, камолоти маънавии ҷавонони замон хидмати босазое менамоянд. Марди соҳибфазилат Анвар Эшонқулов бо ҳиммат ва ташаббуси худ ба чунин иқдом камар баст ва имрўз мактаб дарашро бар рўи фарзандони меҳнаткашон боз намуд.

Кори пурмасъулият ва шарафнок

Сокини Ҷамоати деҳоти Сарбанд Шавкат Бозоров, ки фарзандаш Фазлиддин дар синфи 1 «б» таҳсил мекунад, мегўяд:

- Ба фаъолият оғоз намудани ин мактаби нави замонавӣ барои мо, мардуми деҳот боиси шарафмандӣ аст. Умеди комил дорам, ки фарзандам дар ин боргоҳи илму дониш тарбияти воло ва маърифати баланд мегирад. Ман ба қадри кору эҷод мерасам. Аз ин лиҳоз, ба омўзгорону хонандагони мактаби тозабунёд барори кору таҳсили аъло таманно менамоям. Орзумандам, хонандагони болаёқат минбаъд дар риштаҳои гуногуни илм шуғл варзанд.

Раъно Ҳазратқулова – сокини Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки духтараш Саида низ дар ҳамин синф таҳсил менамояд, фикрашро чунин иброз дошт:

- Духтарам китобхон аст. Қабл аз он ки ба ин мактаб биёяд, китобхониро ёд гирифта буд. Бинед, аз қадимулайём бузургони мо муҳаббату алоқа ба китобу китобхона доштанд. Ин аъмоли некашон буд, ки шўҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро барои худ касб намуданд. Мактаби нави имрўза китобхонаи хуб дорад. Он чун парвозгоҳи ҷавонони бомаърифат шинохта мешавад.

Сокини ноҳияи Деваштич Қудратулло Иноятов аз таҳсили писараш Шерхон дар ин мактаб қаноатманд аст. Шерхон Иноятов дар синфи 7-ум мехонад. – Мардуми меҳнатқарину бонангу ори Ватани соҳибистиқлоли мо дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Корҳои созандагии соҳибкор Анвар Эшонқулов ана дар ҳамин замина равнақ гирифта, имрўз маҳсули назаррабои он чун «лаъл дар кўҳсор» аст.

Ин мактаб бо заҳмати шоистаи омўзгоронаш насли созандаву бунёдкорро ҳоло аз синфҳои 1 то 9-ум қабул намуда, таълиму тарбият дода, ба камол мерасонад.

Мо зи болоем, боло меравем!...

Баъди анҷоми сўҳбату муошират мо бо синфхонаҳо ва ҳудуди мактаб, дигар самтҳои фаъолияти он шинос шудем.

Мактаб маҷлисгоҳи барҳаво, ошхона барои 100 нафар ва китобхона бо 45 ҷойи нишаст дорад. Дар ошёнаи дуюми он 8 ҳуҷраи хоб барои 50 хонанда, ки аз минтақаҳои дурдаст бо таҳсил фаро гирифта мешаванд, омода аст. Ҷиҳати ҷалби хонандагон ба варзиш ва хизматрасонии тиббӣ толори замонавӣ барои 200 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи тиббӣ бо ҳамаи таҷҳизот муҳайё карда шудааст.

Кабинетҳои фаннии омўзиши забони русӣ, забони англисӣ, химия, физика, биология бо воситаҳои муосири таълим-таҷҳизоти лингофонӣ, телевизорҳо, компютерҳо ва проекторҳо дарҳои худро ба рўи толибилмон боз кардаанд.

– Аз иқдомҳои бунёдкориву созандагии Раиси вилоятамон, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ басо фараҳманд гардидаем. Имрўз дар мактаби замони муосир таҳсил дорем, - гуфтанд хонандагон. – Мо, ҷавонон, - сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи замони соҳибистиқлолиро бо дилу ҷон ҷонибдорему пеш мебарем. Роҳандозии иқдомҳои шоиста минбаъд бар зиммаи мо хоҳад буд.

Дар интиҳо мегўем: Мактаби нави замонавӣ барои хонандагони болаёқат дар роҳи камоли маънавии толибилмон мавқеъ ва манзалати хос дорад.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”
Аҳрорҷон УБАЙДУЛЛОЕВ,
мухбири ҷамоатии рўзнома

Читать далее

29 September 2016

Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷандро 40 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ороиш медиҳанд

Имрӯз дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанди маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба ободониву кабудизоркунии кӯчаву хиёбон ва марказҳои истироҳативу фароғатии шаҳру навоҳӣ баргузор гардид.

Дар семинар масъулину мутасаддиёни сохторҳои марбута, муовинони раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.

Читать далее

Зиёӣ ва фарҳанги ҷомеа

Рисолати аслии зиёӣ ё равшанфикр ин аз роҳи фаъолияти ақлонии хеш бо иҷтимоъ иртибот доштан, мулоҳизаҳои хешро дархури ниёзҳои ҷомеа фаъолона ва озодона иброз кардан аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд:

«Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рўзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерўи инсон нақши арзанда мебозанд».

Fояву ормонҳои миллат одатан дар зеҳни онон шакл гирифта, роҳҳои пиёдагардонии онҳо равшан мегардад.

Ба наздикӣ китоби номзади илмҳои фалсафа, дотсент Абдураҳим Ҷўраев “Фалсафаи худшиносии миллӣ” (Философия Наӣионалҳного самосознания в проӣессе глобализаӣии - Philosophy of national idendity in the process of Globalisation», аз чоп баромад, ки он маҷмўи мақолаҳои муаллифро оид ба баъзе равандҳои таҳаввулоти ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар бар мегирад.

Мақолаҳое, ки дар ин китоб аз ҷониби файласуф Абдураҳим Ҷўраев - устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷмўъ шудаанд, аз имконоти ҷадиди андешидан, аз эҳсоси дақиқи даврони гузариш дар мамлакат шаҳодат медиҳанд. Ў аз зумраи зиёиёнест, ки на танҳо бо фарҳанги миллӣ, балки бо фарҳангу маорифи ҷаҳонӣ тавассути сафарҳои зиёди илмии хеш ба Федератсияи Россия, ШМА, Канада, Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Испания, Германия, Франсия, Ҳиндус-тон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон хуб бархурдор аст. Аз ин рў, гузоришҳои ў на танҳо дарки воқеъбинонаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маърифатии даврони поягузории Истиқлолияти миллӣ ҳастанд, балки пешниҳодҳои дақиқи амалиро низ фароҳам овардаанд.

Дар онҳо ҷабҳаҳои мухталифи масоили шинохти фарҳанг, зарурият ва роҳҳои ташаккули фалсафаи худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, мушкилоти раванди демократикунонии ҷомеа, роҳҳои ислоҳоти маорифи ҷомеа, падидаҳои ҷадид дар санъати тасвирии тоҷик бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ мавриди назар қарор гирифтаанд.

Чун бештари мақолаҳо характери илмӣ ва илмӣ - публитсистӣ доранд, онҳоро дар якҷоягӣ як навъ даъват на танҳо ба дарки амиқи гузашта, балки пайванди ногусастаи худшиносии миллӣ бо ниёзҳои замони муосир ҳисобидан ҷоиз аст.

Муаллиф мутмаин аст, ки андешарониҳое, ки аз эҳтиёҷоти ҳалли муаммоҳои имрўза дур ҳастанд, аз худ меваи хушкеро мемонанд. Ба хотири ҳифзи ҳуввияти миллӣ, симои миллӣ, фақат машғули анъанаҳои гузашта шудан қафомониро ба худ қисмат кардан аст. Барои рушди илму маориф таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷаро омўхтан хеле муфид аст.

Файласуф, маданиятшинос ва педагог Абдураҳим Ҷўраев, ки фаъолияти илмӣ – таълимӣ ва педагогии хешро солҳои зиёд бо се забон пеш мебарад, намунаи нодири комёбии олим ва омўзгор дар низоми маорифи миллӣ аст. Қадру манзалати забон дар ҳамаи давру замон ба андозаи дар он инъикос ёфтани пешрафти иқтисодиёт, илму техникаи муосир ва пешсафӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти соҳибони он вобастагӣ дорад. Имрўз бояд иқрор шуд, ки агар шахси бомаърифати тоҷик фақат ба забони хеш маҳдуд шавад, аз равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар канор мемонад.

Ҷамшед Ҷўразода,
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Суннатулло Ҷонбобоев,
корманди калони илмии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Читать далее

Мардум сафеду сиёҳро фарқ мекунанд!

Дар сомонаи «Паём» изҳороти навбатии Раёсати олии ҳизби мамнўъшудаи Наҳзати Ислом ба табъ расида, онҳо аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки гўё Суди олии кишвар дар ҳаққи 14 нафар роҳбарони ҳизб ҳукми ноодилона баровардааст.

Бояд эътироф намуд, ки дар сафи аъзои собиқ ҲНИТ “воизон” “сухангустарон”-и моҳир хеле зиёд буданд, ки солҳои сол маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарфи хонаву дар ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон” тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон аз разолату кина пур буд, мехостанд, дар кишварамон табаддулот барпо намуда, ҳокимиятро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан буд.

Дар сўҳбатҳо аз мардуми оддӣ пурсон шавем, ки барояшон чӣ чиз қиматтар аст, онҳо мегўянд: - Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард? Магар мо зиндагии талхи мардуми афғонро аз ёд фаромўш кардем? Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар салладорон фирефта шуда, имрўз зиндагонии вазнин доранд. Маҳз, ҳодисаи моҳи сентябри соли рафта рухдода парда аз рўи мақсад ва ҳадафҳои нопоки ҲНИТ бардошт. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо ғояҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо он устодон ва донишмандони илми динӣ барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Ягон кор! Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кўрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳонӣ”-и мо набуданд, ки масҷидро ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рўи гуфти ин нафарон кор мекардем, ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Дар изҳорот рўирост бо мақсади тарсро дар тинати мардум ҷо намудан қайд кардаанд, ки дар сурати озод нашудани 14 нафар хатари ҷанги шаҳрвандӣ аз нав зуҳур мекунад.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегўем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Вай сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале, мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанўз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем.

Муҳаммадҷон Юнусов,
устоди Донишкадаи
омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Читать далее

Хирманат пурбор бод, марди деҳқон!

Ҳавои шаҳр дигар асту, ба қавле, нашъаи ҳавои деҳ дигар. Чун аз муҳити шаҳр берун меравӣ, обу ҳавои тоза, шаббодаи серун, домони пурсаховати саҳро, ки дар ин айёми тирамоҳи заррину мавсими ғарқ пухтани ҳосил ҳусну таровати дилангез касб кардааст, туро ба оғўши худ мегирад.

Гашти якмароми мусофирбар моро бо роҳи ҳамвор ба ноҳияи Ҷаббор Расулов мебарад. Раҳораҳ саҳроҳои доманфарохи пахтазор, ки ҳосилаш интизор ба дасти чинакчист, майдонҳои кишти пиёз, боғоти хурмо, анорзор, саҳроҳои кишти ҷуворӣ ва дигар зироатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми ин ноҳия, ки аз азал меҳнатдўст, чашмикордон буданд, имсол низ, дар соли ҷашни фархундаи мамлакат хуб ҳам заҳмату ранҷ кашидаанд.

-Албатта,--гуфт фикри моро тақвият дод сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Хайрулло Бобоҷонов,- чаро ба замин бо дасту дили гарм меҳнат накунанд, охир акнун замин ба дасти соҳиби ҳақиқии он-деҳқон дода шудааст, зироат кишт мекунанд, баъзан ду-се маротиба давоми сол ҳосил мегиранду сатҳи рўзгори худро баланд мебардоранд.

Тавре сардори Раёсати кишоварзӣ маълумот дод, соли равон, дар соли 25-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатамон деҳқонон дар 4495 гектар пахта кишт карда, ният доранд, 10 650 тонна дурри гаронбаҳо ғундоранд ва ба хирмани вилоят ҳамроҳ кунанд. То ҳоло бошад, 4600 тонна пахта ҷамъ оварда шудааст, ки ин бештар аз 44 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳар рўз ба саҳроҳои пахтазор зиёда аз 4 ҳазор нафар саҳмдорон ва ёрдамчиён аз корхонаву муассисаҳои ноҳия, занони хонашин мебароянд ва ҳар кадоме 120-150 килогӣ пахта чида, таъмини иҷрои нақшаро наздик мекунанд. Дар ин самт месазад аҳли меҳнати Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ба номи Абдуғафур Самадов, ба номи Бобо Турдибоев, ба номи Ҳ.Олимов, «Тоҷикистон»-ро ном гирифт, ки то имрўз аз 45 то 55 фоизи нақшаро иҷро кардаанд. Дар радифи хоҷагиҳои деҳқонии алоҳидаи пешқадам бошад, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Хоҷагии тухмипарварии «Яккатут» (раисаш Носир Очилов), хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷаббор Расулов» (раисаш Абдуазиз Саидмуродов), «Заркор» (раисаш Мурод Иброҳимов), «Соқияш» (раисаш Абдурашид Умаров), «Сирдарё» (раисаш Абдуқаҳҳор Сатторов), «Чашма-1» (раисаш Ориф Отабоев), «Хайрулло Баракабоев» (раисаш Ҷаҳонгир Хайруллоев), «Обидбобо» (раисаш Шўҳрат Зокиров)-ро номбар кард, ки маҳз бо заҳмати шабонарўзии деҳқонону роҳбарии оқилонаи сарварони ин хоҷагиҳо кор дар саҳро пеш меравад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ин хоҷагиҳо ба ғайр аз пахта, инчунин зироати ғалладона, шолӣ, ҷуворимакка, хўроки чорво, пиёз, полезӣ кишт карда мешавад.

- Ҳоло дар саҳро ҳосили пахта пухта расидааст, - мегўяд Хайрулло Бобоҷонов, - ва сабаби асосии рўз ба рўз суръати тоза гирифтани ғунучини ҳосил дар он аст, ки ба ҳар кило пахтаи чидашуда 40 дирамӣ дар сари хирман дода мешавад. Имсол навъҳои тухмии чигит низ интихобан аз навъҳои беҳтарин, ба монанди навъҳои маҳаллии «Сорбон», «Хуҷанд-67», «Ирам», «Неъмат», хориҷии «СД406», навъҳои тухмии «Флора», «Флеш» ва дигарҳо кишт карда шуда, ҳосили тахминӣ табъи дил аст.

Чун сухан аз фурўши ҳосил рафт, сардори Раёсати кишоварзӣ иброз дошт, ки пахтаи ноҳия асосан ба мамлакати Туркия дар асоси шартнома ба фурўш бароварда мешавад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ ин маҳсулот харидор дошта, имсол навигарие, ки деҳқононро хурсанд кардааст, ин 1 сомонӣ зиёд гаштани нархи фурўши пахтаи хом аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, то санаи 1-уми сентябри соли равон дар хоҷагиҳои ноҳия ба миқдори 13.768 тонна зироати ғалладона ҷамъ оварда шудааст, ки 98 фоизи нақша аст. Инчунин 10.144 тонна гандум, 1014 тонна картошка, 3920 тонна сабзавот, 2114 тонна пиёз, 96 тонна карам, 559 тонна помидор, 62 тонна сабзӣ, 1408 тонна полезӣ истеҳсол гардидааст. Дар 1067 гектар шолӣ кишт шудааст.

- Ноҳияи мо, - мегўяд Хайрулло Бобоҷонов,-содиркунандаи асосии пиёз дар вилоят аст. Имсол бошад, содирот каме коҳид. Сабаб дар он аст, ки дар мамолики асосии харидкунандаи пиёз-Федератсияи Русия ва Қазоқистон нарх арзон шуда, хароҷотро пўшонда натавонист. Ҳамин тавр бошад ҳам, ҳосили кишти баҳорӣ хеле содирот шуд. Ҳоло пиёзи тирамоҳӣ ҷамъоварӣ шуда истодааст.

Соли равон дар ноҳия ба миқдори 403 тонна меваи донакдор, аз ҷумла зардолу, сиёҳолу, шафтолу, хурмо ҷамъоварӣ карда шуд. Дар 22 гектар боғи нав ташкил карда шуд, ки ин дар минтақаҳои ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гул-хона ва Ғўлакандоз мебошад. Инчунин, 17 гектар боғи кўҳна аз нав барқарор гардид. Меваи хоҷагиҳои ноҳия низ ба берун аз кишвар, асосан ба Федератсияи Русия содир карда мешавад.

-Имсол дар рўёндану нигоҳубини полезӣ, помидору бодиринг деҳқонони ноҳия азият кашиданд,- зикр намуд Хайрулло Бобоҷонов,-чунки ба ин зироатҳо касалӣ омад, палакаш нобуд шуд ва ҳосил табъи дили деҳқонон нагардид.

Муаммои дигари соҳаро мутахассис дар кўҳна шудани қубурҳои обкашӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки ин иншоот соли 1971 сохта шуда, таъмирталаб мебошад.

Дар маҷмўъ бошад, меҳнаткашону саҳмдорони бештар аз 3 ҳазор адад хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия имрўзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро ба роҳ монда, баҳри ободиву гулгулшукуфии диёр меҳнати зарбдорона доранд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее