October 2016

31 October 2016

Бурду бохти Конибодомиён

Дар шаҳри Конибодом бо иштироки тамоми фаъолони шаҳр машварат-ҷаласаи фаъолияти 9-моҳаи хоҷагии халқ баргузор шуд. Ҷаласаро раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни оғоз бахшид.

Муовини раиси шаҳр Асрор Ғуфронзода дар назди иштирокчиён маърӯза намуда қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи вилоятамон, аз ҷумла ба Конибодом иҷрои қарору фармоишоти ҳукумати Ҷумҳурӣ ва барномаҳои гуногуни давлатӣ равона намуда, давраи ҳисоботиро бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст намуд.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 92%, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 260 милиону 822 ҳазор сомонӣ ё 144,8 фоиз ба иҷро расонда шуд. ҳаҷми гардиши савдои чакана бошад 248 милиону 340 ҳазор сомонӣ хизматрасонии пулакӣ ба 100 фоиз расонда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ аз 46 корхонаҳои миёнаю калон ва хурди саноатӣ, 22-тои онҳо суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуда бошанд ҳам, 12 - адад коргоҳҳо суръати афзоишро таъмин карда натавонистанд.

Дар рафти маҷлис инчунин вазъи кишоварзӣ, сохтмон, маорифу тандурустӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳатҳои мусбию манфии онҳо қайд гардиданд. Хусусан, аз вазъи ташвишовари соҳаи пахтакорӣ, вазъи иҷроиши нокифояи нақшаи андоз ва аз таъминоти сусти маблағгузории қувваи барқ раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз роҳбарону масъулин яко як пурсон шуд.

Баъди баромади музокирачиён: Валиҷон Азимов – сардори кишоварзӣ, Бахтиёр Аҳмедов – муовини аввали раиси шаҳр, Асрориддин Шокиров – сарвари навтаиншудаи идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, Абдусаттор Исроилов – сарвари раёсати маорифи шаҳр, баромад кард. Муовини раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашурӣ дар ҷаласасуханронӣ намуда оид ба бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии шаҳр фикру андешаҳои худро иброз дошт.

Алиҷон МАҲМУДОВ,
Аълочии Матбуоти Тоҷик

Читать далее

БА ТАВАҶҶЎҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН!

Даъватномаи иштирок дар озмуни харид

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо-55, тел: 6-35-79 ва ташкилоти Харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

Т/р

(ДИО)

Ташкилоти харидор

Телефон

Усули харид

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

2025S/5-1060

РИҶҶ СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Сарулибос ва инвентари нарм

номгӯй

5

8.11.2016

соати 10-00

2026S/5-1061

РИҶҶ СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хӯрока

номгӯй

5

8.11.2016

соати 10-30

2027S/5-1062

МД «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводҳои сӯзишворӣ

номгӯй

4

14.11.2016

соати 10-00

2028S/5-1063

МД «Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Гули ороишӣ: карамгул

дона

20000

14.11.2016

соати 10-15

2029S/5-1064

ММС-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таъмири бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тибқи санади нуқсонӣ

8.11.2016

соати 10-00

2030S/5-1065

ММС-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Гузаронидани шабакаҳои гармитаъминкунии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

Тибқи санади нуқсонӣ

8.11.2016

соати 10-15

2031S/5-1066

МТДТ Ширхоргоҳ-кӯдакистони №24, шаҳри Хуҷанд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Корҳои таъмирӣ

Тибқи санади нуқсонӣ

18.11.2016

соати 11-45

2032S/5-1067

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес  ва сиёсати Тоҷикистон

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Корҳои хизматрасонӣ

Тибқи фармоиши техникӣ

15.11.2016

соати 11-30

2033S/5-1068

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Карбамид В

тонна

40

9.11.2016

соати 09-00

2034S/5-1069

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Мазути тамғаи М-100

тонна

200

9.11.2016

соати 09-30

2035S/5-1070

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи сантехникӣ, хоҷагидорӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ

номгӯй

208

9.11.2016

соати 10-00

  1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба мақоми Ваколатдор ба суроғаи дар боло зикршуда мурочиат намоянд.
  2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мўҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутуни «Сана ва вақти кушодани лифофаҳо» муайяншуда пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешавад.
  3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияҳои муштарак тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешавад. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.
Читать далее

Атласу адрас – рамзи дӯстиву сулҳ

Субҳи истиқлол дар давлати биҳиштосои мо, ки муддате ба қаъри фано наздик шуда буд, рухи худ боз кард. Бо баробари ба сол бузург гардиданаш макони мо зебо шуда истодаасту дари коргоҳҳои хурду калон, сехҳои ҳунармандиву кашидадӯзӣ ба рӯи мардумаш боз шуда, нафарони бешуморро ба оғӯшаш гирифтаву соҳибкасбу соҳибкор намуда истодааст.

Вақте ба ин қасри бошаҳомати навбунёд – Кохи фарҳанги Суғдиён ворид гардидам, бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки дар бисту панҷ соли Истиқлолият мо ба бисёр дастовардҳо ноил шудем. Аслан гирем, зебу ороиши хонадони миллати тоҷик аз қадимулайём асосан аз сӯзаниву кашидадӯзиҳо иборат буданд, ҳамчунин хонаи наварӯс дучанд аз он ҳам дилработар ва сару либосаш низ ҳаваси духтараконро меовард. Саҳнаи дар рӯзи фестивал оростаи Кохи фарҳанг низ чунин буд. Чун вориди Кохи фарҳанги Суғдиён шудем, зебогии он, шаҳомати он ҳар нафарро ба ҳайрат меовард ва ҳамаи инро аз оромии замон, тинҷии даврон ва аз доман паҳн кардани биступанҷумин солгарди Истиқлолият донистем.

Вақте кӯдакон, наврасон, духтаракон ва бонувони либоси атласу адраси зебо ба барро дар Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд – 2016” бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, олимону донишмандони дохиливу хориҷӣ - меҳмонони Конференсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ”, занону бонувони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят, ки 29 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги Суғдиён баргузор гардид, дидан намудем, бори дигар аз таърихи атласу адрас, аз асотири қадимтарини миллати тоҷик будани он ва аз атласҳои садрангаи он - рамзи дӯстиву сулҳофар буданаш ёдовар мегардиданд. Чунин маҳфили ҷаззоб масали «агар мушкилоти Шумо дар зиндагӣ ба бузургӣ ба андозаи як киштие аст, фаромӯш накунед, ки имкониятҳоятон ба андозаи як уқёнус аст»-ро ба хотирам овард, зеро гулдухтарони тоҷик либоси миллии қадима, рӯзмарра, идона ва кӯдакону наврасони ҷомаву куртаҳои омехтаи милливу аврупоӣ ба бар дили ҳар бинандаро ба фараҳ меовард ва ба тавоноӣ, маҳорату касбомӯзии бонувон офарин мехондед. ҳамин таассуроти дилнишинро аз меҳмонон – адибоне, ки аз давлатҳои ИМА, ҳиндустону Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, ӯзбекистон ва вилоятҳои Бадахшону Хатлон ба бузургдошти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда буданд, хондан мумкин буд. ҳамчунин ба эҳтироми меҳмонони аз дуру бар омада, аз суруду таронаҳои эшон ёдовар гашта, духтаракони атласу адрас ба бар арғун рафтанд ва аҳли толор ононро бо қарсакзаниҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

Чорабинии мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ва баланд бардоштани либоси миллӣ, густариши истеҳсолу васеъ истифода бурдани матоъҳои рангобаранги атласу адрас ва рушду соҳаи саноати сабук нигаронида шуда буд.

Аз рӯи хулосаи ҳайати ҳакамони чорабинии мазкур дар бахши “Беҳтарин либоси миллии қадима” ҷойи аввал насиби Барно Шехсаидова, ҷои дуюм ба Зиёда Муҳаммадиева, ҷои сеюм ба Мавлуда Бобоева, дар бахши “Беҳтарин либоси идона” ҷои аввал ба Мубина Содиқова, ҷои дуюм ба Ганҷинаи Шӯҳрат, ҷои сеюм ба Сабоҳат Ҷӯраева, дар бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра” се ҷойи аввал ба Зайнура Қодирова, Нилуфар Қурбонова ва Дилафрӯз Каримова, дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” Оиша Сатторова (ҷои якум), Махфират Деҳқонова (ҷои дуюм) ва Нигора Бобоҷонова (ҷои сеюм) ва дар бахши “Беҳтарин либоси кӯдакона” Орзугул Бердиева, Зарина Бобокалонова ва Саодат Сулаймонова ғолиб дониста шуданд. Ғолибони ҷойи аввал бо Диплом ва 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо Диплом ва 2,5 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо Диплом ва 2 ҳазор сомонӣ маблағ мукофотонида шуданд. ҳамчунин сарварони донишгоҳҳои олии вилоят, ки дар фестивал фаъол буданд, соҳиби мукофот гардиданд.     

Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2016” насиби бонуи ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд Каромат Ашӯрматова шуд ва ӯ бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.  

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд” 

Читать далее

Суханронии Пешвои миллат дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонони арҷманд ва сохтмончиёни гиромӣ!

Ин лаҳзаҳо мо ба хотири оғози корҳои бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳалаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, ҷамъ омадаем.

Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан - мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд.

Читать далее

Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону мутахассисони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва сокинони шаҳри Роғун

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ бо роҳбарону мутахассисон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони кишварро бо оғози корҳои бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният гуфта, ин санаро рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон маънидод карданд.

Читать далее

Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

29 октябри соли 2016  дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барпо шуд.

Дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки яке аз марҳалаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гуруҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Читать далее

28 October 2016

Абдураҳмон Қодирӣ – Раиси вилояти Суғд: Камоли Хуҷандӣ нобиғаи ҷаҳонист!...

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Конференсияи бошукўҳи «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ», ки 28 октябри соли равон дар толори асосии Қасри маданияти Арбоб ба кори худ шурўъ кард, иштирок ва суханронӣ намуд. Абдураҳмон Қодирӣ баргузории ин ҳамоиши илмии байналмилалиро аз тадбирҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар татбиқи дастури Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки соли 2020 баргузор хоҳад гашт, арзёбӣ намуд.

Боиси зикр аст, ки дар конференсияи мазкур олимону донишмандони шинохта, камолшиносони шаҳир аз кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Миср, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон иштирок намуданд.

Читать далее

Нигоришгари ҳаёти зиёиёни тоҷик

Дар маҳфили силсилавии навбатӣ, ки дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид, ба муаррифии асарҳои тозанашри муаррих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Усмонҷон Ғаффоров «Сотим Улуғзода» ва «Султон Умаров» таҳти унвони «Китобҳо доир ба бузургони илму адаб» бахшида шуд.

Маҳфилро сарвари китобхона Баҳром Мирсаидов ҳусни оғоз бахшид. Директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», профессор Фахриддин Насриддинов, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҳайдар Саидов, дотсентон Нуралӣ Нурзод ва Субҳони Аъзамзод оид ба мўҳтаво ва мундариҷаи асарҳои навбатии У. Ғаффоров «Сотим Улуғзода» ва «Султон Умаров» фикру ақоиди хешро иброз доштанд. Эшон мўҳтавои рисолаи «Сотим Улуғзода» -ро «ойинаи тамомнамои рўзгору осори устоди насри муосири тоҷик» номида, хотираҳои хешро оид ба ҳаёт ва фаъолияти номварони миллат Султон Умаров ва Султон Умаров ёдовар гашта, хизмати У. Ғаффровро дар бахши сарнавишти бузургон чун нигоришгари ҳаёти зиёиёни тоҷик ёдовар гаштанд.

Дар музокира нависандагон Атахон Сайфуллоев ва Муҳиддин Хоҷазод ва Раиси Шўрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода дар бораи асарҳои баррасишуда фикру ақида ва пешниҳоди хешро баён карданд.

Дар анҷоми маҳфил У. Ғаффоров чанд нусха асарҳои хешро ба китобхонаи мазкур инъом намуд.

Т. ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дастгирии ниёзмандон

Дар шаҳри Гулистон барои дастгирии ашхоси ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар даҳ моҳи соли равон аз тарафи мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ қариб 3 ҳазор нафар оилаҳои ниёзманд ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. ҳамзамон, ба 945 нафар хонандагон аз  оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ ба маблағи 18,9 ҳазор сомонӣ пардохт гардид.

- Бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, - иброз намуд мудири бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳр Муслимахон Исоқова, - ҳамзамон 130 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд ба корхонаву муассисаҳои шаҳр вобаста карда шудааст, ки онҳо дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо мунтазам аёдат карда мешаванд.

Алҳол, дар ҳудуди шаҳр ба 83 нафар шахсони яккаву танҳо ва маъюб дар хона ёрии иҷтимоӣ ва хизмати хонагӣ расонида шуда, қариб 50 нафар ройгон аз хизматҳои маишӣ, таъмини яквақтаи хӯроки гарм ва хизматрасонии тиббӣ бархӯрдор мебошанд. Дар нӯҳ моҳи соли равон ба шаҳрвандони ниёзманд ба маблағи бист ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина дода шудааст.

Илҳом Раҳим,
шаҳри Гулистон

Читать далее