November 2016

28 November 2016

Саодати кишвар ва густариши илм

Маҳфили “Ганҷи сухан” ҳар моҳ як маротиба аҳли дил ва аҳли суханро ба ҳам меорад ва аз бузургтарин ҳадяи яздонӣ - сухан ҳарф мезанад.

Маҳфил соҳиби фаслнома гардида, нишасти 145-умини он бахшида ба Рўзи Парчам ва солгарди мавлуди асосгузори маҳфил - донишманди маъруфи тоҷик, шодравон Абдулманнон Насриддин дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар маҳфил таҳти унвони “Пайғоми фараҳбахш”  номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов, “Саодати кишвар ва густариши илм”- ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ, “Чароғи рўшани илму адаб”- мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои филология, дотсент Тоҷибой Султонзода, “Навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ”-муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Башорат Алиева,  ”Аз Дирафши Каён то Парчами Тоҷикистон”- сардори шўъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои филология, дотсент Ислом Раҳимов баромад намуданд.

Ба ифтихори солгарди милоди бунёдгузори маҳфили “Ганҷи сухан” дар мавзўи “Доир ба куллиёти осори устод Абдулманнони Насриддин” - директори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология, дотсент Ҳалимҷон Зоиров баромад намуд. Дар мавзўи “Устод Абдулманнон Насриддин дар дилу дидаҳо”-дўстон, ҳамкорон ва шогирдон, аз он ҷумла Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона сухан карданд. Дар интиҳо доктори илмҳои филология, профессор Фахридин Насриддинов аз ҳамкорону дўстон ва шогирдони падари хеш изҳори сипос намуд.

Сипас, шеърхонии адибон ва сурудҳои ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба аҳли нишаст таасcуроти хотирмон бахшид. Дар поёни маҳфил ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маърўзачиён ва фаъолони маҳфил тақдим шуданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Хиёнаткор Ватан надорад!

(Охираш. Аввалаш дар шумораи 139)

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурўҳҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурўҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарии эшон ин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси  гумроҳии онон  мегарданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки «Мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон мамлакатро бе ширкату фаъолияти  ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Давлати Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷа таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд.

Сабаби дигар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе  гурўҳҳои  ҷомеа, алалхусус баъзе  ҷавонон, аз паи ҳавою ҳавасҳо ва лаззатҳои моддӣ (молу сарват) ба амалҳои ношоиста, ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.

Нафарони зиёде аз сокинони Тоҷикистон, асосан ҷавонон, бо сабаби набудани ҷойи кор, ба хотири таъмини ризқу рўзии аҳли оила зодгоҳи худро тарк намуда, дар Русия ва кишварҳои дигар кор мекунанд. Дар байни онҳо шахсоне ҳастанд, ки барои таъмини молиявии оилаи худ ба ҳама кор, аз ҷумла содир намудани ҷиноят  ва шомил шудан ба ҳама гуна равия ва ташкилотҳои экстремистӣ иқдом менамоянд.

Тадбирҳои  солҳои охир андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати бозгардонидани чунин  ҷавонон аз хориҷи кишвар бамаврид ва саривақтист.

Мутобиқи  маълумоти  қобили эътимод, то моҳи июни соли 2015 аз  4166 нафар толибилмони ба давлатҳои исломӣ сафарбаршуда 3178 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шудаанд. Аз шумораи умумии толибилмон  5 фоиз наврасони то 15 – сола, 20 фоиз ҷавонони то 20 – сола, 55 фоиз ҷавонони то 25 – сола ва 22 фоиз аз синни 25 – сола боло мебошанд. 5 фоиз баргаштагонро духтарон ва ҷавонзанон ташкил медиҳанд.

Таҳлил нишон дод, ки аксари толибилмон нафароне мебошанд, ки дониши дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар заминаи ғояи таассуб ташаккул ёфтааст.

Хиёнаткорон ватан надоранд. Онҳо танҳо манфиати худро дар мадди аввал гузошта, падару модари худро дар охир танҳо мегузоранд.

Рафтори разилонаи гурўҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурўҳҳои ифротгарову ситезаҷў, бахусус дар сафи қувваҳои бо ном исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад.

Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл аслан на аз таълимоти Ислом бохабаранду на аз сиёсати гурўҳҳои манфиатхоҳ.

Давлати исломии Ироқу Шом аслан макони терроризми ҷаҳонӣ ва барангезандаи хавфу хатари навбатӣ барои тамоми инсоният маҳсуб меёбад. Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки ДИИШ ба Исломи асил ва суннатҳои он иртиботе надорад. Таълимоти ДИИШ аз Салафия сарчашма мегирад ва он соф террористию ифротгаро буда, хилофи дини мубини Ислом аст.

Бале, чунин аст меваи талхи сиёсати инсонбадбинонаи бо ном «Давлати исломӣ»-и ифротгароён, ки шабеҳи гургони одамсурат, дар вуҷудашон  заррае  ҳам ҳиссиёти инсонӣ надоранд.

Ҳамин тариқ, рў ба ифротгароӣ овардани ҷавонони имрўза  фиреб, надонистани қонун, бесаводӣ, хурофотпарастӣ, дониши пасти сиёсӣ, надоштани таҳсилоти олӣ ва дигар омилҳо мебошад.

Бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар тафаккури бархе аз наврасон ва ҷавонони имрўзаи мо ҳиссиёти ватанхоҳиву ватанпарварӣ  хеле кам мушоҳида мешавад. Аз ин рў, барои аз байн бурдани ин зуҳурот бояд аз ҷониби ҳамаи сохторҳо иқдом гирифта, бобати баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҷавонон барномаҳои виҷа роҳандозӣ карда шаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи қарни ХХI», «Ориёиён ва идроки тамаддуни ориёӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва Паёму суханрониҳои худ масъалаи баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳувияти миллиро дар ниҳоди ҷавонон пайгирона талқин мекунанд. Бинобар ин зарур аст, ки омўзиши асарҳо ва суханрониҳои Сарвари кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Имрўз дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бо мақсади нигоҳ доштан ва муҳофизат намудани дини мубини Ислом аз ҳама гуна ғояҳои ҳаракату ҷараёнҳои номатлуб, ки динро таҳриф мекунанд, аз тарафи олимону ходимони дин мавзўъҳои ахлоқии диниро пайваста таҳқиқу баррасӣ намудан зурур аст.

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Барои он ки шомилшавии ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд масъулияти баланди ватандўстӣ, донишандўзӣ ва муҳаббат ба касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ роҳандозӣ гарданд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон метавонанд, омилҳои муассиртарини мубориза ба муқобили равияҳои экстремистию террористӣ бошанд.

Ҳабибулло Тоатов,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Беморанд, вале дуои нек мекунанд...

Фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба дастгирии маъюбон ва дигар гурўҳҳои осебпазир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва масъулони соҳа вазифадоранд, ки дар асоси таҳлили ҳаматарафа доир ба рафъи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ташхисҳои лабораторӣ ва муоинаи беморон дар масофаи 33 км дур сурат мегиранд, дар ҳоле ки нақлиёти ёрии таъҷилии беморхона корношоям аст!...

Ҳама давру замон ҳифзи сиҳатии омма дар мадди назари давлату Ҳукумат буда, ба соҳаи тандурустии ҷомеа аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Эълон шудани Cоли 2016 - Соли фарди солим низ аз таваҷҷўҳ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Бино ба маълумоти масъулини соҳа, дар 7 шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ шўъбаву бахшҳои статсионарӣ мавҷуд буда, беморхонаи касалиҳои рўҳии вилоятии шаҳри Исфара калонтарин ҳисоб меёбад.

Ҳанўз соли 1961 дар шаҳри Исфара бори аввал беморхонаи рўҳии дорои 60 кат ташкил гардида, нафарони осеби майнаи сардошта дар ин макон табобат мегирифтанд. Табобати статсионарӣ ба шаҳру ноҳияи Исфара, Конибодом ва Ашт низ расонида мешуд. Аз соли 1970 то ин муддат беморхона дар минтақаи Лаккон фаъолият дорад. Бобати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо шароити зисту ҷараёни табобати беморони ин муассисаи муолиҷавӣ ба деҳаи Лаккони шаҳри Исфара сафар доштем.

Ҳолати нигаронии таъминот бо хўрока

Бино ба гуфти сардухтури беморхонаи мазкур Нарзиддин Домуллоҷонов алҳол беморхона дорои 180 кати шабонарўзӣ, яъне 90 кат барои беморони шўъбаи занона ва 90 кат барои шўъбаи мардона мебошад. Вале бо назардошти он, ки сафи беморон зиёд ҳастанд, айни замон 204 нафар гирифторони ин беморӣ муқими ин макони офиятианд. Беморхона, алҳол аз биноҳои маъмурият, ду шўъба ва ошхона иборат буда, иншооти боқимонда дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Беморхона дар майдони беш аз 2,5 гектар ҷойгир буда, дорои хоҷагии ёрирасон мебошад.

Дар муассисаи табобатӣ 4 пизишк ва қариб 80 нафар корманди хурду миёнаи соҳавӣ бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Беморхонаи касалиҳои рўҳӣ барои ташхисҳои лабораторӣ ва муоинаи беморон дар масофаи 33 км дур дар беморхонаи марказии ноҳия сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки беморхонаи мазкур мошини ёрии таъҷилӣ надорад (корношоям!) ва роҳбарият дар ҳолатҳои ба миён омадани зарурат бо нақлиёти хусусӣ беморонро ба маркази ноҳия мебаранд.

Сардухтури беморхона изҳор дошт, ки солҳои пеш агар барои хўрока 190 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардад, соли равон бо назардошти Соли 2016-Соли фарди солим ин миқдор ба 210 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки албатта, ин ҳам нокифоя аст.

Воқеан, агар худ ба ин рақамҳо назар андозем, кас ба ҳайрат меафтад, ки ин миқдор маблағ дар сурати беш аз 200 нафар бемор доштан ба ҳар як бемор ба ҳисоби миёна дар як моҳ қариб 85 сомонӣ, яъне дар як рўз ба як бемор ба маблағи 2,85 сомонӣ рост меояд. Ҳол он ки, бино ба гуфти масъулин, як нафар маризи бистаришуда ҳадди ақал бояд ба маблағи 9 сомонӣ дар як рўз хўрок истеъмол намояд. Суоли матраҳ он аст, ки оё ба ин маблағ як шахс чӣ миқдор хўрок истеъмол карда метавонад?

Дар сурате, ки арзиши имрўзаи маҳсулоти хўрока дар бозори марказӣ тақрибан як нон аз 1-1,50 сомонӣ, 1 кг картошка аз 1,20 сомонӣ то 1,50 сомонӣ, сабзӣ аз 0,80 дирам то 1, 20 сомонӣ, гўшт аз 28 сомонӣ то 35 сомонӣ, равған аз 10 сомонӣ то 12 сомонӣ меистад. Биринҷ аз 5,50 сомонӣ то 8 сомонӣ аст, чӣ гуна метавон бо миқдори ками маблағ беморон серӣ таом бихўранд?

Сардухтур изҳор дошт, ки ашхоси саховатманду савобҷў то ҳадди имкон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Роҳбарияти шаҳр ва дигар соҳибкорон низ бо хўрокаву пўшока кўмак мерасонанд. Масалан, соли равон соҳибкори маҳаллӣ таҷҳизоти нонпазӣ оварда насб намуд, ки боиси хушҳолии ҷомеаи меҳнатӣ гардид, зеро қаблан бо вуҷуди дурии роҳ, агар нонро харидорӣ намоянд, алҳол дар худи беморхона онро пухта, ба беморон медиҳанд.

Аксари кату мебелҳо, рўйҷо ва дигар лавозимоти заруриро, ки кўҳна бошанд ҳам онро истифода мебаранд. Ба наздикӣ аз Осоишгоҳи “Зумрад” чунин лавозимотро овардаанд.

Вақти азназаргузаронии ҳуҷраҳои шўъбаҳо ва ҷойи хоби беморон воқеан катҳо ва рўйҷоҳо, ҳарчанд кўҳна ҳам бошанд, тозаанд. Вале пахтаи болину рахти хоб маълум буд, ки солҳои сол иваз нагардидааст.

-Яке аз муаммои асосие, ки дар беморхона алҳол вуҷуд дорад, ин масъалаи шустушўи либосҳои беморони муассиса мебошад, - мегўяд Н.Домуллоҷонов.

 - Бинои либосшўӣ ва таҷҳизоти шустушўии беморхона кўҳнаву фарсуда буда, таъмирталаб мебошанд. Ҳарчанд дар ин бобат ба роҳбарону масъулини соҳа ва саҳмгузорон борҳо шифоҳӣ ва ҳам тариқи мактуб муроҷиат намудаем, вале то ҳол ин масъала роҳи ҳалли хешро наёфтааст, ки дар ин самт низ мушкилот ҷой дорад, - бо таассуф изҳор дошт ў. 

Чашмони маҳзуну умед ба зиндагӣ

Агар ба воқеияти зиндагӣ назар андозем, ҳеҷ касе бо ихтиёри хеш ба беморхонаи касалиҳои рўҳӣ намеояд. Худо накунад, ки касе ба чунин ҳолати вазнини ҳаёт дучор гардида, гирифтори чунин беморӣ шавад. Дар гирудори зиндагии пурталотуми ҳар шахс воқеаҳое рух медиҳанд, ки на ҳар инсон ба он тоб оварда метавонад. Аксари бошандагони ин беморхона низ аз ҳаёти босаодату хуррам ба ин даргоҳ наомадаанд. Ҳар яке ҳаёти пуртаззоде аз сар гузаронидаву маҷбур аст, ки ин ҷо омада табобат гирад.

Чун бо баъзеи онҳо ҳамсўҳбат гаштам, дасти дуо кушода, шукри даврони осоишта мекарданду дар ҳаққи роҳбарони воломақом суханони нек мегуфтанд. Бо изҳори рози дили хеш ҳар яке мехост, ҳарчи зудтар аз ин беморӣ халосӣ ёфта, ба назди оилаву пайвандон ва ҷигарбандонаш баргардад.

Зани тақрибан 40-45-сола Садоқат сокини шаҳри Исфара буда, бинобар аз ирсият гирифтори чунин беморӣ буданаш ба ин беморхона бистарӣ мегардад ва дар ҳолатҳои авҷ гирифтани бемориаш худро идора карда наметавонад.

Вай пас аз аҳволпурсӣ изҳор дошт, ки кормандону духтурон ҳамеша бо онҳо муносибати хуб доранду дар ҳаққи онон ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

-Илоҳо ҳеҷ гоҳ модаре бемор нашаваду аз фарзандаш дур нагардад. Орзу дорам, ман ҳам сиҳат шуда, ба назди фарзандону пайвандонам баргардам, - аз чашмони ин зани озурдадил ашк ҷорӣ гашт.

Зани хушандоме, ки худро Латофат аз ноҳияи Мастчоҳ муаррифӣ кард, изҳор дошт, ки замоне ў низ қалам ба даст дошту шеърҳои пурмазмун эҷод мекард. Аз гуфтору ваҷоҳаташ аён гардид, ки дар гузаштаи на чандон дур ў шахси эҷодкору кордон ва модари меҳрубони оила будааст. Бо сабабҳои ирсӣ будани беморӣ зиндагии ў дар як муддати кўтоҳ дар нимароҳа монду ба ин беморӣ гирифтор шуд ва наздиконаш ба ин беморхона оварданд.

Садоқат ҳарчанд шўхӣ мекарду механдид, чашмони маҳзунаш дарду ранҷҳояшро бозгў буданд.

Ин зумра беморони рўҳӣ ҳам падару модар, бародару хоҳар, хешу табор ва фарзанд доранд. Аз гуфти кормандони беморхона, аксари ин беморонро наздикон оварда мондаанду дигар боре суроғашон накардаанд. Қариб 40 фисади беморон гурўҳи маъюбӣ дошта, синни онҳо аз 16-сола то 67-соларо дарбар мегирад.

Муолиҷаи беморон чиро бозгўй аст?

Бино ба гуфти мутахассисону равоншиносон, хеле вақтҳо одамон ин маризиро зуҳуроти тарбияти бад, танбалӣ, худхоҳӣ, бадандешӣ ва амсоли ин мепиндоранд, дар ҳоле ки маризӣ хеле хавфнок буда, метавонад, одамро ҳатто то ба худкушӣ оварда расонад. Аксари одамон аз сабаби маълумот надоштан, зуҳуроти ин касалиро ташхис дода наметавонанд ва дар марҳалаи аввал ба мутахассис муроҷиат намекунанд, ки вақти бебаҳо аз даст дода мешавад. Дар ин фурсат беморӣ ба дараҷаи вазнин гузашта, табобаташ душвор мешавад ва метавонад, ба фоҷиа анҷомад. Дар ҳолате, ки ташхиси саривақтӣ ва табобати дуруст метавонад, маризро шифои комил бахшад. Табобати ин беморӣ печида буда, вақту заҳмати зиёд металабад, вале ин беморӣ табобатшаванда аст. Дар ҳолати саривақт табобат накардан беморӣ ба ҳолати музмин (хронический) ё дараҷаи вазнин гузашта, ба ҳаёти инсон хатар дорад. Инчунин, дер ошкор кардани ин маризӣ сабаби душвор шудани табобати он мегардад. Одатан табобати доругӣ ва раводармонӣ бо ҳам тавсия мешаванд.

Дар мавриди таъминот бо маводи доруворӣ масъулин изҳор доштанд, ки ин ҳолат нигаронкунанда буда, маблағ барои харидани доруворӣ нокифоя аст.

Дар мавриди табобати беморон сартабиби беморхона Нарзиддин Домуллоҷонов таъкид дошт, ки маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ дар самти харидории дорувории зарурӣ афзуда, он ба 50 ҳазор сомонӣ дар як сол расидааст. Худ қазоват кунед: дар сурате ки ба ҳисоби миёна барои табобат ҳар бемор дар як рўз ба маблағи 0,75 сомонӣ рост меояд, дар хусуси табобат чӣ ҳам метавон гуфт?!

Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки табобати бемории рўҳӣ, чуноне дар боло зикраш рафт, заҳмату харҷ ва меҳнати зиёдро металабад. Дар ин хусус сардухтури беморхона низ изҳор дошт, ки ин миқдор маблағ, албатта, кам аст. Чунки маризони ин дармонгоҳ доруҳои невролотикӣ истеъмол мекунанд. Маблағе, ки барои доруворӣ ҷудо мегардад, танҳо барои паст кардани хурўҷи беморӣ басанда асту халос. Бинобар нокифоя будани маблағ табобати беморон ба таъхир гузошта мешавад. Дар ин вазъият чӣ тавр бемор шифо ёбаду назди пайвандон баргардад?

-Ҳастанд инсонҳое, ки ҳидоятҳои Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури амал намуда, хайру савоб, амалҳои накўкорона ба иҷро расонида, дар иду ҷашнҳои миллӣ бо маводи хўрокаву пўшока кўмак мерасонанд, – мегўянд роҳбарияти беморхона.

Ба ҷойи охирсухан

Мақсади ба қалам овардани саргузашти ин нафарон ва тасвири шароити беморхона, аз як ҷиҳат, нақл аз ҳаёти бошандагони ин даргоҳ бошад, аз ҷиҳати дигар, бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи роҳбарону масъулин ба масъалаҳои будубоши беморони чунин муассисот аст. Шояд аксар масъулину сарпарасторони соҳа боре ба ин мавзеъ ташриф наовардаанду аз вазъи воқеии он воқиф набошанд? Вале шароити давр тақозо дорад, ки ба соҳа ва хусусан ба чунин беморхонаҳо бояд таҷдиди назар намуд!

Аз ҷониби Пешвои миллат, Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи тандурустӣ низ як қатор барномаҳои миллӣ амалӣ мегарданд. Дар ин раванд аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Соли 2016 - Соли фарди солим эълон гардида, дар соҳаи ҳифзи нигаҳдории тандурустӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Ҳамагон медонем, ки соҳаи тиб шояд ягона соҳаест, ки сарфаҷўиву нодид гирифтани муаммоҳоро намепазирад. Чун ин сарфаҷўӣ метавонад, боиси коҳиш ёфтани сифати  ҷараёни табобат гашта, ҳаёти як инсон ё ҷамъият зери хатар қарор гирад! Пас чораи раҳоӣ аз ин бунбастро бояд пайгир бошем, масъулини гиромӣ!

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”
PS: Ба хотири эҳтироми ҳуқуқи инсон
номи беморон тағйир дода шудааст.

Читать далее

Арҷгузорӣ ба рукни муҳими давлатдорӣ

Парчами давлатӣ  аз рамзҳои муҳими давлатӣ буда, сокинони кишвари моро ба сарҷамъӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош  барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва ба Ваҳдат расонд.  Ин аст, ки ҳар сол мардуми  сарзамини мо  Рўзи Парчамро  бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мекунанд. Имсол низ баҳри дар сатҳи зарурӣ  гузарондани  Рўзи Парчам қарори Раиси вилоят мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ аз 16 ноябри соли 2016-ум таҳти рақами 494  ба тасвиб расида  ба истиқболи Рўзи Парчам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ  чорабиниҳои  гузаронида шуданд.

Мутобиқи қарори Раиси вилоят Рўзи 24-уми ноябр дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он сокинон аз  идораву муассиса ва ташкилотҳои тамоми шаҳру навоҳии вилоят  фаъолона ширкат карданд. Арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, дар сатҳи баланд, бо омодагии пухта таҷлил намудани ин ҷашн бори дигар собит сохт, ки  Парчами  давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои халқи бунёдкори мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва дар парвати он  мардуми кишварамон дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рўзафзун  ноил хоҳанд гашт.

Ҳамин гуна  намоишҳои оммавӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор гардиданд.

Читать далее

25 November 2016

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!

Баъди соҳиб гаштан ба Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла соҳиби Парчами давлатӣ гашт, ки яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлолу мустақил ва халқи озод  мебошад.

Дар ҳамаи давру замон дар кишварҳои гуногун нишона ва рамзҳои муайяне мавҷуд буданд, ки ба воситаи онҳо одамон бо ҳамдигар гуфтугў мекарданд ва ба кадом қавму миллат тааллуқ доштани худро маълум менамуданд, ки яке аз чунин нишонаҳо парчам мебошад.

Таърихи парчами ҳозира аз давраҳои хеле қадим сарчашма гирифта, чӣ хеле таърихнигорон қайд мекунанд, он зиёда аз 30 ҳазор сол пеш оғоз ёфтааст.

Халқи тоҷик ва Тоҷикистон низ дорои чунин рамз, яъне парчам мебошад, ки барои халқи мо муқаддас буда, халқи тоҷик зери он муттаҳид гашт. Парчамдории халқи тоҷик низ аз давраҳои қадим сарчашма мегирад ва аз маълумотҳои таърихӣ бармеояд, ки аҷдодони мо низ парчамро муқаддас донистаанд. Аз навиштаҷоти таърихӣ маълум мешавад, ки парчамдории аҷдодони мо аз қадимулайём ба вуҷуд омада, аввалин маротиба дар «Авесто» ёдоварӣ шудааст.

Баъди ба даст даровардани Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули Парчами кунунӣ ҳамон Парчами соли 1953 қабулшударо бо каме тағйирот, яъне гирифта партофтани нишони  «досу болға» ва ситораи панҷгўша нигоҳ медошт.

Баъди ба даст даровардани Истиқлолият барои Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлолияту мустақилият қабули Парчаме лозим буд, ки тамоми суннатҳои аҷдодиро дар бар гирифта, нишони озодиву мустақилияти ватани азизамон бошад. Ин масъалаи муҳим дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфт. Дар ин иҷлосия дар қатори якчанд масъалаҳо масъалаи қабули Парчами давлатии Тоҷикистон дида баромада шуд. Ниҳоят 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунро «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон» қабул кард ва бо ҳамин Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби яке аз рамзҳои давлатӣ, ки нишонаи озодиву Истиқлолияти давлатӣ мебошад, Парчам гардид. Ин Парчам, ки Парчами кунунии Тоҷикистон мебошад, матои росткунҷа буда, иборат аз се рахи ранги уфуқӣ аст: рахи болоӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поёнӣ баробар мебошад, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои ҳар яке аз  рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки боби дуюми ин қонун «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, аз ду модда: 1. Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин қонун тамоми масъалаҳои марбут ба муносибат ба Парчами давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷойҳои барафрохтан ва ҷойҳои доимо барафрохташаванда баён гардидааст.

Илова бар ин 20 ноябри соли 2009 дар асоси ворид кардани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 24-уми ноябр, ки рўзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, рўзи ид эълон шуда, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

24 ноябри соли 2010 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз гардид, ки Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар майдони бунёди Парчами давлатии Тоҷикистон гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшиданд. Баландии пояи ин Парчам ба 165 м расида, баландии рекордӣ дар ҷаҳон мебошад. қади худи Парчам бошад, 30 м ва дарозӣ ё паҳноии он 60 метро ташкил медиҳад.

Бунёди ин Парчам  моҳи августи соли 2011 ба охир расида, шоми 30-юми августи соли 2011 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баландии 165 м афрохта шуд.

 Ин ҳама қадрдонӣ ва арҷгузории миллати тоҷик ба расму оин ва суннатҳои аҷдодӣ, қадрдониву эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, ки аз қадим аҷдодони мо эҳтиром мекарданд, мебошад.

Хушбахтона, имрўз зиндагии мардуми Тоҷикистон ва халқи тоҷик ҳамоҳанги рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон гаштааст, яъне зиндагии мардум осоишта, роҳи он сафед ва Тоҷикистони азизамон сол ба сол сарсабзу хуррам гашта истодааст ва мо - халқи бофарҳангу ҳунар ва ваҳдатдўсту сулҳпарвари тоҷик бояд аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша дар роҳи ободиву хуррамии кишвар кўшиш карда, дар зери Парчами парафшони Ватанамон муттаҳид бошем.

Парчамат ҳамеша парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Акмал ҶЎРАЕВ,
 донишҷўи  Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Рамзи осоиштагиву сулҳ

Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми нави давлатдорӣ, фазои дигари ҳуқуқдорӣ, ки ба заминаи тозаи қонунгузории миллӣ асос ёфта буд, ташаккул ёфт.

Имрўз бо гузашти 25 соли соҳиб-истиқлолии кишвар назар андохта, худ шоҳиди он мегардем, ки таҳти сарварии Пешвои миллат, фарзанди бонангу ор ва сарсупурдаи халқ Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ фазои мусоиди хуқуқӣ ба вуҷуд омад. Ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олии ҳуқуқӣ, ки онро Конститутсия муқаррар кардааст, риоя ва волоияти қонун пойдор гардид. Рамзҳои давлатӣ: Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия, забони давлатӣ, Парчам аз  қабили фахри ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Онҳо ғурури миллиро дар қалбҳо бедор месозанд. Агар Конститутсияро Бахтномаи миллат номем, пас Парчам ҳамчун  сари баланди халқ муаррифӣ гардидааст. Парафшонии он дар бештари мамолики дунё боиси ифодаи ҳастии миллат, арҷгузорӣ ба номи бузурги миллати тоҷик гардид. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қадимулайём соҳиби Парчами худ буд ва исботи гуфтаҳо асари безаволи Фирдавсӣ аст, ки бо номи «Коваи оҳангар» то ба наслҳои  имрўза мерос мондааст.

24 ноябр эълон шудани Рўзи Парчами  Тоҷикистон ва таҷлили он дар ниҳоди ҳар як сокинаш  эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани марзу бумашро дучанд менамояд. Қомат афрохтани  Парчами 165-метра дар пойтахти кишвар худ ифодаи арҷгузориву эҳтиром ба Парчам аст. Орзуву таманнои онро дорам, ки халқи азизам зери парафшонии Парчами худ доимо муттаҳид бошад.

Шўҳрат САИДМУХТОРЗОДА,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини робитаи зич бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳайё намудани шароитҳои мусоид баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқиву сиёсии онҳо бо ташаббуси бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич бо муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот баргузор гардид.

Вохӯрӣ оид ба масъалаҳои истифодаи самаранок ва мақсадноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими давлатии муҳоҷират, алалхусус иҷрои хизматрасониҳои давлатӣ, фаҳмондани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар хориҷа, додани маслиҳатҳои муфид оид ба муҳоҷирати бехатар ба иштирокчиён маълумотҳои зарурӣ дода шуд.

Дар рафти мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова ҳамагонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, зери ин Парчам ҳаёту зиндагонии осударо барои мардуми шарифи Тоҷикистон таманно намуд. Доир ба масъалаҳои асосии муҳоҷират ба Федератсияи Русия ибрози андеша намуда, бобати омодагиҳои пеш аз сафар, донистани забони русиву таърихӣ Русия, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, риояи қатъии қонунгузориҳои Федератсияи Русия маълумотҳои заруриро ба самъи иштирокчиёни мулоқот расонид. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории нав «Оид ба муҳоҷират» воридшавӣ ба қаламрави ин кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатӣ бо Патент суръат мегирад. Дар охир оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва оқибатҳои бад доштани он ба ҷавонон изҳор кард, ки ба қадри сулҳу оромӣ, Истиқлолияти кишвари худ расида фирефтаи хоинону душманони мамлакати соҳибистиқлоламон нагардем.

 Лоиқ ТЎЙЧИЕВ,
мутахассис оид ба иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Офтобӣ, оламе вартоҷи туст!

Дар таърихи башарият парчам аз давраҳои қадим чун рамзи давлатдорӣ истифода шудааст. Миллати тоҷик дорои таърихи кӯҳан, фарҳанги бой ва суннатҳои қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошаду аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои муттамарказ ва рамзу рукни хос буд.

Пайдоиши парчам таърихи хело кӯҳан дошта, он бо номҳои байрақ, ливо, дирафш, алам ифода ва шинохта мешавад.

Шоири аҳди Салҷуқиён Анварии Абевардӣ гуфтааст:

 

Ба ҳикмате, ки халал андар ӯ наёбад роҳ,

Зи меҳру моҳ кушоданд он байрақ.

Дар фарҳангномаи машҳури «Fиёс-ул-луғот» омадааст, ки байрақ бо маънои алам шинохта шудааст.

Парчамдорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Сосониён оғоз шудааст. Парчам аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, пас аз он ки Коваи оҳангар пешдомани сурхи чарминашро дирафш кард ва халқи азияткашидаву ситамдидаро ба мубориза алайҳи адӯ даъват намуд, расм гардид. Мардум дар зери ин парчам, ки бо номи «Дирафши ковиён» машҳур аст, ҷамъ омаданд ва барои озодӣ, давлату давлатдорӣ мубориза бурданду музаффар гаштанд.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар мамлакатҳо бо роҳи ба худ хос вориди тамаддуни ҷаҳонӣ гаштааст. Зеро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории худ Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ ва назаррас ба пеш гузошт. Давлати ҷавону навбунёди мо давраҳои сангину озмоишҳои миёншиканро аз сар гузаронид, ки ин давраҳо санҷиши иродаву мардонагӣ ва худшиносию миллатшиносии мардони барӯманди диёри азияткашидаи мо буд.

Дар чунин як лаҳзаи ҳассос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан роҳбари миллӣ бошад ва тавонад, халқро сарҷамъ ва муттаҳид созад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллиашро аз манфиати хеш боло гузорад. Як гурӯҳ фарзандони сарсупурдаи миллат баҳри эътидоли вазъи кишвар камари ҳиммат баста, 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар қасри Арбоби хоҷагии ба номи С.ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуданд, ки он то 2 декабри соли 1992 давом карда, 23 масъалаҳои рӯзро ҳал намуд, ки муҳимтарини онҳо: бастани пеши роҳи ҷанг, интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, қабули нишон ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Қабули парчам ба санаи  24 ноябри соли 1992 рост омаду, инак, мо ҳар сол ин рӯзро чун Иди Парчами миллӣ ҷашн мегирем.

Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷаи се рахи рангдор : сурх, сафед ва сабз иборат аст.

Ранги сурх ранги шуои офтоб, рамзи равшанӣ, сурхрӯӣ ва ҷоннисоркуниҳои халқ аст. Ин ранг маънои анъанавиро низ дорост. Зеро парчами Коваи оҳангар низ аз чарми сурх буд.

Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист. Ин ранг боз рамзи осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост.

Ранги сабз рамзи табиати хуррами ҳамешабаҳори мо, чун рамзи ҳамешасабзии кишвар ва рамзи эътиқоди мардуми он аст.

Имрӯз Истиқлолияти кишвари моро зиёда аз 130 давлатҳои ҷаҳон эътироф кардаасту дар аксари ин давлатҳо сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд карда, дар пештоқи онҳо чун рамзи давлати соҳибихтиёру мустақил Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон парфашонӣ менамояд.

Ҳанӯз 2-юми марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ гардида, ҳоло ба чандин ташкилотҳои дигари бонуфузи ҷаҳонӣ шомил гаштаасту дар он ҷойҳо низ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шудааст, ки ин ифтихори тамоми тоҷикону Тоҷикистон аст.

Дар низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қонуни махсус тасдиқ шудааст, дар чунин ҷойҳо барафрохтани Парчами давлатӣ иҷозат дода шудааст:

1. Дар болои биноҳое, ки иҷлосияҳои вакилони халқии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.

2. Дар давоми кори Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар болои бинои Шӯрои Олӣ.

3. Дар болои бинои Қасри Президент.

4. Дар болои биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба таври доимӣ.

5. Дар болои биноҳои дипломатию намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

6. Дар болои биноҳои маркази интихоботию райъпурсӣ.

7. Дар қисмҳои ҳарбӣ, постгоҳҳои марзӣ – гумрукӣ.

8. Рӯзҳои ид дар хиёбонҳо ва пештоқи биноҳои истиқоматӣ…

 Донистани чунин талаботҳо оиди яке аз муқаддасоти давлат, яъне парчам қарзи ҳар як шаҳрванди арҷманди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро ин яке аз аломатҳои хештаншиносӣ буда, оиди он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааанд: «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто, кайҳониро дорад...» Яъне хештаншиносӣ дар маҷмӯъ моҳияти озодиҳоҳӣ ва истиқлолиятҷӯиро дорад. Ва ё дар ҷои дигар Президенти кишвар зикр доштаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳиистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз  парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Имрӯз Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аломати мустақилияти давлати тоҷикон ба китоби Гиннеси ҷаҳонӣ ворид шудааст, ки баландиаш 165 метр буда, бараш 30 метр ва дарозиаш 60 метрро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон, парчами ту тоҷи туст,

Офтобӣ, оламе вартоҷи туст !

А.БОБОЕВ,
Ф.ТОАТОВ,
муаллимони калони кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Читать далее

Ифтихор ва сарбаландии миллат

Дар Тоҷикистон бо баробари ба Истиқлолият соҳиб гардидани кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои куллӣ ва назаррас ба вуқӯъ омад ва дар таърихи навини тоҷикон сабт гардид. Муҳимтарин санадҳо ва ҳар қадами музаффаронаи давлати тоҷикон ва амру фармонҳои Сарвари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ба дафтари сарнавишти тоҷикон ворид мегардад. Дар радифи дигар ҷашнҳои давлатӣ эълом гардидани Рӯзи Парчами давлатӣ боиси сарфарозист ва мутобиқи он мо акнун имкон пайдо кардем, ки минбаъд ҳар сол бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ Рӯзи Парчамро таҷлил намоем.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмӣ ва ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад». Ин гуфтаҳои хирадмандонаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад, ки Парчами давлатӣ муқаддас буда, парчамбардорӣ ифтихор аст. Чун ба таърих ва таҳаввули парчам назар андозем, ба вуҷуд омадани парчам ҳазорсолаҳо инҷониб рамзи соҳибихтиёрӣ, рамзи давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони миллати тоҷики тоҷдор дар парчам рангҳои сурх, зард, сабз, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи ифодагари ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар асари безаволи худ «Шоҳнома» оиди парчам ва рамз низ байтҳои зиёд дорад, ки ин ҷо меорем:

Фурӯъ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш Ковиёнӣ дирафш.

Ҳамин тавр, менигарем ба таърих ва парчамдории тоҷикон дар ду садсолаи охир, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар қатори ашёи рӯзгор, намунаи ҳунарҳои халқӣ нишони иҷтимоиёт, фарҳанг, санъат, ҳуҷҷат ва санадҳо, мӯҳру соядаст, рамзу нишон, акси парчамҳои гуногун маҳфуз дошта мешаванд.

Парчами Иттиҳоди Шӯравӣ аз матои сурх ва дар гӯшаи он акси досу болға иборат буд, ки кулли сокинони ин давлатро муттаҳид месохт. Дос ифодагари манзалати синфи деҳқон ва болға нишони бузургии синфи коргар ба шумор мерафт. Солҳои 40-уми асри ХХ зери ин парчам мардум ба мубориза бархостанд ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллионҳо нафар сокинони мамлакат ҷони худро барои ҳимояи Ватан бо муқаддасдории парчами давлат нисор кардаанд. Барои то Берлин расидани парчами ғолибият садҳо ҷон қурбон гашта, Кантария ва Егоров Парчами Давлати муқтадири Шӯравиро дар болои бинои Рейхстаг чун нишони ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашистон насб карданд.

Дар замони ҳукмронии Давлати Шӯравӣ чун рамзи муқаддасии Парчам, ки бо номи байрақ машҳур буд, мукофоти давлатии Байрақи Сурхи меҳнат, Байрақи сурхи сайёр ва Байрақи ғолибият вуҷуд дошт.

Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори қасри сулҳовари Арбоб парафшонӣ кард ва Раиси навинтихобшудаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намудаанд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инъикоси ранг бо парчами давлатҳои Булғория, Венгрия, Италия, Эрон, Мадагаскар ва Мексика монанд буда, бо рамзи тоҷ ва ҳафт ситора фарқ мекунад. Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст.

 Кибриёхон АТОЕВА,
 устоди кафедраи фанҳои
гуманитарии Донишкадаи
кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ

Читать далее

24 November 2016

Баҳри коҳиши ришваситонӣ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрии устодону шогирдон бо намояндагони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ва кумитаи иҷроияи  ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар арзи ҳастӣ намудани Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои решакан намудани омилҳои ришваситонӣ ва ба танзим даромадани вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ нақши бориз дорад.

Наим Маликисломов, раиси кумитаи иҷроияи  ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин марази ҷомеъа даъват менамоянд.

 Зарифзода ҳошимҷон Юсуфӣ, капитани адлия, нозири калони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар бораи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ахбороти муффасал дод.

Саломзода Насимҷон, мудири шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар бораи амалҳои ногувори ришваву ришваситонӣ сухан карда, афзуд, ки ҳарчанд дар тӯлонияти таърихи башарият имконоти пурра решакан намудани коррупсия вуҷуд надорад, аммо бо пеш гирифтани тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ метавон зина ба зина сатҳи ҷинояти коррупсиониро коҳиш дод, ки ин амри воқеият аст.

Зимни мулоқоти озод донишҷӯён ба саволҳои сершумори худ аз меҳмонон посух гирифтанд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ

Читать далее