November 2016

02 November 2016

Коллеҷ – махзани дониш

Дар коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Тунсунзодаи шаҳри Конибодом конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 85-солагии ин боргоҳи маърифат баргузор гардид. Нахуст раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ оид ба саҳми таълимгоҳ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва роҳи тайнамудаи ин махзани дониш дар пешрафти сухан ронд. Қайд гардид, ки коллеҷи омӯзгорӣ имрӯз чун яке аз боргоҳҳои бонуфуз шинохта шуда, давоми фаъолияташ зиёда аз 15 ҳазор шогирдонро тарбия намудааст.  

Сипас академик Акбар Турсун аз таърихи таъсисёбии таълимгоҳ ёдовар шуда, қайд кард, ки дар байни дастпарварон ходимони намоёни давлатӣ, олимону омӯзгорони варзида ба воя расида, баҳри ободии диёр ва тарбияи маънавии мардум хизмат кардааст.

Сарвари таълимгоҳ Мавҷудахон Турсунова дар маърӯзаи худ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ, аввалин хатмкунандагони омӯзишгоҳ, шогирдони номбардораш Мухтор Обидов, Мамадхӯҷа Олимов, Юсуф Воҳидов ва дигарон ёдовар шуд.

Дар ҷараёни тантана чанд нафар омӯзгорони пешқадам бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи ҷумҳурӣ сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Ҳаракатҳои террористӣ ва роҳҳои пешгирии он

Терроризм ва ҳаракатҳои  террористӣ таърихи тўлонӣ дошта, маънои тарсу ҳарос ва даҳшатро мефаҳмонад. Ин воҷаи сиёсӣ аз тарафи инқилобчиёни фаронсавӣ баҳри фишорорӣ тавассути тарсу ҳарос ба ҳукумати  он давра дар асри ХVI истифода шуда буд.

Агар ҳадафи ҳаракати террористии фаронсавӣ  фишор ба ҳокимият баҳри мақсадҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бошад, имрўз ин ҳаракати манфур дар зери ниқоби ғояҳои динӣ ба худ симои инсонбадбиниро гирифтааст, ки сарҳад надорад. Идеологияи Fарб бештар давлатҳои исломиро   чун манбаи ҳаракатҳои террористӣ дониста, ба ин даъвои худ гурўҳи “Сикаристҳо”-и Фаластинии солҳои 66-73-уми асри 1 - мелодиро мисол меоранд.

Вале ҷаҳониён хуб медонанд, ки дини Ислом ҳамчун дини ҷаҳонӣ дар охирҳои асри VI ва ибтидои асри VII ба вуҷуд омадааст. Ҳол он ки ҳаракатҳои  террористӣ дар Хитой, Ҳиндустон ҳам арзи вуҷуд дошт, ки он ҷо идеологияи динии Ислом  мақому манзалати лидериро соҳиб набуд.  Ҳаракатҳои террористии хусусияти исломгароидошта дар асри ХI  бо роҳбарии Ҳасани Саббоҳ  ба вуҷуд омадааст. Аз нимаи дуюми асри ХIХ бошад, ҳаракатҳои террористӣ дар Аврупо характери  доимӣ гирифт, ки ба он ҳаракати террористии ташкилоти “Озодии халқ”-и Русия, ки ба марги шоҳ Александри II сабаб гарида буд, мисол шуда метавонад.

Чунин ҳаракатҳо дар маркази Аврупо ва Амрико низ рўз аз рўз қувват гирифта, бо кушторҳои собиқ  призидентҳои ИМА, ба монанди Мак-Кинлӣ ва Гарфилд, президенти Фаронса Корно, Сарвазири Испания Кановас, шоҳи Италия Умберто сабаб гардида буд. Пас аз воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 ҳаракатҳои террористӣ боз бештар хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо намуда, бо методҳои аз байн бардоштани рақибони сиёсӣ, нобуд намудани объектҳои хусусияти  стратегидошта, фишорории рўҳию равонӣ, омезиши ғоявии гурўҳҳои террористӣ, истифодаи технологияи ҷадид баҳри террор фаъолият намуда истодаанд.

Чунин амалу кирдорҳои номатлуби хориҷиён мафкураи бархе аз мардуми кўтоҳандеши ҷумҳуриҳои собиқ шўравиро низ заҳролуд намуда истодааст. Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ, ки  дар Тоҷикистон рух дод, мисол шуда метавонад, ки боиси марги 150 ҳазор сокини мамлакат гашта буд.

Имрўз мардуми ҷаҳон бояд аз азму талош ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ибрат гирифта, баҳри пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм бо роҳи дастҷамъӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ин вабои асрро аз байн бардоранд.

А.БОБОЕВ,
Ф.ТОАТОВ,
сармуаллимони кафедраи
ҷомеашиносии ДИС Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Читать далее

Диловар ХОЛОВ: Соҳаи фарматсевтӣ рушд меёбад…

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар раванди ноилшавӣ ба дастоварду пешравиҳо дар соҳоти мухталиф, ҳамчунин  дар соҳаи фарматсевтӣ ва дастрасӣ ба маводи доруворӣ, таъмини сифат, судмандиву бехатарӣ ва беҳтаршавии хизматрасонии масъулини соҳа ба миён омада, таҳкими саломатии аҳолӣ басо назаррас аст.

Фаъолият ва назорати соҳа чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Натиҷаи фаъолият ин аст, ки аз тарафи кормандони Раёсати Хадамот баҳри таъмини мардуми вилоят бо маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва иловаҳои фаъоли биологии хушсифат, судманд ва бехатарии назорат ва санҷишҳои нақшавӣ дар 559 муассисаи фарматсевтӣ, 79 муассисаи табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва 261 мағоза, нуқтаву дўконҳои фурўши маводи ороишию гигиенӣ гузаронида шуданд.

Дар натиҷа 583 номгўй ба миқдори 9153 адад маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиении мўҳлати истифодабариашон гузашта, 1316 номгўй ба миқдори беш 150 ҳазор адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат, 9 номгўй маводи доруворӣ ва 17 номгўй маводи ороишию гигиении ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй   набуда дарёфт карда шуд, - мегўяд сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилоят Диловар Холов.

Дар асоси камбудиҳои ошкоргардида бо пешниҳоди шўъбаҳои Раёсати Хадамот то ин давра нисбати 101 нафар соҳибкори инфиродӣ, кормандони муассисаҳои фарматсевтӣ ва кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки дар миқёси вилоят фаъолият мебаранд, тибқи талаботи қонун, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ба маблағи умумии 229200 сомонӣ ҷаримабандӣ карда, пурра ба буҷаи давлат ситонида шуд.

Дар ҳайати комиссияи салоҳиятнок дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд аз тарафи Раёсати Хадамот ҳамагӣ беш аз 900 номгўй ба миқдори 241038 адад, ба маблағи қариб 1 миллиону 530 ҳазор сомонӣ, ба андозаи 8730 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва иловаҳои фаъоли биологии мўҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқати сифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ ба таври сўзонидан несту нобуд карда шуданд.

Талабот риоя мешавад?!

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд бо гузаронидани назорат дар муассисаҳои фарматсевтии ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Хуҷанд муайян кард, ки аз ҷониби фарматсевтони нуқтаҳои дорухонагии назди ҶДММ «Сифат 1», ҶДММ “Комрони А”, ҶДММ “МИН”, “Уфуқ” ва ҶДММ “Табиб Фарм” талаботи қонунгузории фаъолияти фарматсевтӣ дағалона вайрон мегардад.

Дар рафти назорат аз нуқтаҳои дорухонагии болозикр 40 номгўй ба миқдори 1670 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат ва 42 номгўй ба миқдори 496 адад маводи дорувории мўҳлати истифодаашон гузашта дарёфт карда, тибқи санад гирифта шуданд. Бо камбудии ошкоршуда нисбати фарматсевтон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳамагӣ ба маблағи 15200 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Чунин санҷиши назоратӣ дар Сохтори госпиталии шаҳри Панҷакент гузаронида шуд. Дар рафти он аз шўъбаҳои Беморхонаи бемориҳои кўдаконаи шаҳри Панҷакент 38 номгўй ба миқдори 266 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат ва 1 номгўй ба миқдори 6 адад маводи дорувории мўҳлати истифодаашон гузашта ва аз ҳуҷраи кории сарбеҳёри Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Моғиён 96 номгўй ба миқдори 477 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат, ки бо мақсади истифодабарӣ нигоҳ дошта мешуданд, дарёфт ва тибқи санад гирифта шуданд. Тибқи талаботи моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагӣ ба маблағи 12000 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд.

Инчунин, назорати фаъолияти фарматсевтӣ дар Маркази ташхисиву табобатии ҶДММ “Дента”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Дар натиҷа аз ташхисгоҳ ва ҳуҷраи кории сардори ташхисгоҳ 3 номгўй ба миқдори 9 адад реактивҳои мўҳлати истифодаашон гузашта ва 2 номгўй ба миқдори 18 қуттӣ маводи дорувории зиддисилӣ, ки бе сертификати мутобиқати сифат буда, бо мақсади ба муомилот баровардан нигоҳ дошта мешуданд, дарёфт гардиданд. Дар асоси камбудии ошкоршуда нисбати масъулини ин марказ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ба маблағи 8000 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Кормандони шўъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиенӣ назорати сифатро дар бозорҳо, мағоза ва дўконҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузарониданд. Дар натиҷа 47 номгўй ба миқдори 252 адад маводи ороишию гигиении мўҳлати истифодаашон гузашта, 68 номгўй ба миқдори 7632 адад маводи ороишию гигиении бе сертификати мутобиқати сифат ва 17 номгўй ба миқдори 324 адад маводи ороишию гигиении ба меъёрҳои талаботи стандартӣ ҷавобгўйнабуда ошкор карда шуд. Нисбат ба шахсони мутасаддие, ки ба чунин камбудиҳо роҳ додаанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ татбиқ гардида, ба сардухтурони муассисаҳои табобатию профилактикӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳо 56 амрнома ирсол карда шуданд.

Ҳамчунин, барои риоя накардани талаботи қонунгузории фаъолияти фарматсевтӣ ва ошкор гаштани камбудиҳо аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои табобатию профилактикии зери назорат қароргирифта нисбати 37 нафар табибон муҷозотҳои интизомӣ дар намуди огоҳӣ, сарзаниш ва танбеҳ татбиқ карда шудааст.

Чунончӣ, назорати фармакологӣ дар Сохтори госпиталии шаҳри Исфара гузаронида шуд. Дар рафти назорат аз шўъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, Беморхонаи минтақавии №2-и Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ, аз ҳуҷраи кории сарпарастори Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ворух ва аз таҳлилгоҳи Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Нефтобод 27 номгўй маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои кимиёвии мўҳлати истифодаашон гузашта ва 1 номгўй ба миқдори 2 адад моли тиббии бе сертификати мутобиқати сифат, ки бо мақсади истифодабарӣ нигоҳ дошта мешуданд, дарёфт гардида, тибқи санад гирифта шуданд. Нисбати камбудиҳо аз шахсони мутасаддӣ баёнотҳо гирифта, бо талаботи моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаримабандӣ карда шуданд.

 Чунин санҷиши назоратӣ дар муассисаи давлатии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиш аз шўъбаҳои беморхонаи марказӣ 60 номгўй ба миқдори 521 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии мўҳлати истифодаашон гузашта ва 33 номгўй ба миқдори 130 адад маводи доруворӣ, молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат, ки барои истифодабарӣ ба беморон нигоҳ дошта мешуданд, дарёфт гардида, тибқи санад гирифта шуданд. Дар асоси камбудиҳои ошкоршуда, мутобиқи талаботи моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати шахси ҳуқуқӣ - муассисаи давлатии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима ба маблағи 8000 сомонӣ татбиқ карда шуд.

-Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи таъминоти аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мустақилона анҷом медиҳад.

Ҷоизи қайд аст, ки сол аз сол аз тарафи мақомоти марбутаи давлатӣ корҳои таъминкунандаи фаъолияти мўътадили ташкилотҳои тиббиву фарматсевтӣ, муайян намудани талаботи аҳолӣ ва ташкилотҳои тиббӣ бо доруворӣ, ташкили омўзиши маркетологии соҳаи таъминоти фарматсевтӣ ва самаранокии касбии онҳо анҷом дода мешавад.

Раёсати Хадамот назоратро дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини мардуми вилоят бо маводҳои дорувории хушсифату судманд пурзўр намуда, барои амалӣ гаштани ин ҳадафҳо кўшиш ба харҷ дода истодааст,- изҳор дошт сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилоят Диловар Холов.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

БА ТАВАҶҶЎҲИ МОЛРАСОНУ ПУДРАТЧИЁН!

Даъватномаи иштирок дар озмуни харид

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо-55, тел: 6-35-79 ва ташкилоти Харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

т/р

(ДИО)

Ташкилоти харидор

Телефон

Усули харид

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

2048S/5-1071

РАСИН-и ноҳияи Спитамен

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таъмири бинои Раёсат

Тибқи санади нуқсонӣ

14.11.2016

соати 11-45

2049S/5-1072

МД «ИСА»-и ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Идомаи сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №43, Ҷамоати деҳоти Зиндакон

Тибқи санади нуқсонӣ

21.11.2016

соати 10-30

2050S/5-1073

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Гулҳои ороишӣ, қолинҳо ва таҷҳизотҳо

номгӯй

15

21.11.2016

соати 10-00

2051S/5-1074

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Қандилҳо, мебел ва таҷҳизотҳо

номгӯй

13

21.11.2016

соати 10-15

2052S/5-1075

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7, Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Мизу курсӣ

номгӯй

5

11.11.2016

соати 11-15

2053S/5-1076

Қисми ҳарбии 9829 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Маводи хоҷагидорӣ

номгӯй

21

21.11.2016

соати 10-00

2054S/5-1077

Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таҷҳизоти тиббӣ

номгӯй

2

11.11.2016

соати 10-30

2055S/5-1078

Маркази клиникавии дерматовенерологии вилояти Суғд

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Таҷҳизоти тиббӣ

номгӯй

1

11.11.2016

соати 09-15

2056S/5-1079

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №80, Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

6-35-79

Озмун бо иштироки номаҳдуд

Мебел ва таҷҳизоти техникӣ

номгӯй

10

21.11.2016

соати 10-30

  1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба мақоми Ваколатдор ба суроғаи дар боло зикршуда мурочиат намоянд.
  2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мўҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикршуда то вақти дар сутуни «Сана ва вақти кушодани лифофаҳо» муайяншуда пешниҳод намоянд. Мӯҳлати муқарраршуда мӯҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешавад.
  3. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияҳои муштарак тибқи тартиби муқарраргардида кушода мешавад. Намояндагони довталабон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.

 

Читать далее

01 November 2016

Обуна-2017: «Ҳақиқати Суғд»

Ҳарфи мо ҳам шӯълае аз офтоби меҳан аст!

Рўзномаи  вилоятии «Ҳақиқати Суғд» - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар тарғибу ташвиқи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, супориш ва қарору ҳадафҳои созандаи Раиси вилоят, инъикоси дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд хизмат менамояд.

Читать далее

“Зебо” - ро дар Қувайт хуш пазируфтанд!

Ҳангоми вориди бинои Қасри фарҳангии «Суғдиён» шудан ба гўш овози форами мусиқии ҷаззоб ва мафтункунандае расида, касро беихтиёр ба олами зебои дунёи орзуҳо мебарад. Ин Қасри фарҳангӣ, ки дар маросими баистифодадиҳии он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд, имрўз тобиши дигаре дошта, бо зебоию чашмрабоӣ мавриди таваҷҷўҳи ҳамагон гаштааст. Дохили биноро серодам дида, гумон кардам, ки аллакай баргузории чорабиниҳо дар ин қасри мўҳташам оғоз шудааст. Дар ҳақиқат, дар толори намоиш кўдакони хушбахти даврони Истиқлол намоиши ҳунар мекарданду ба чорабинии фарҳангӣ - Фестивали «Адрас ва атласи Суғд-2016» омодагӣ медиданд.

Сохтмони ин иншоот моҳи феврали соли 2015 оғоз ёфта, давоми 8 моҳ бинокорону сохтмончиён, меъморону наққошон меҳнати бурдборона ба анҷом расониданд. Беш аз бист утоқи кории дорои тамоми шароити замонавӣ, хобгоҳ барои 80 нафар, толори қабули меҳмонон, ошхонаву утоқи тамрин мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар се ошёнаи бинои ба истифода додашуда, инчунин толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, кормандони шўъбаи ақди никоҳ ва асноди шаҳрвандии шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд фаъолият мебаранд.

Ҳунармандони зиёда аз 60-нафараи Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ки сарвариашро Шаҳло Ҷалилова ба ўҳда дорад, имрўз хурсандиашонро пинҳон карда наметавонанд. Зеро ба истифода додани чунин бинои боҳашамат ва дорои тамоми шароитҳои замони муосир ба онҳо имкон додааст, ки доираи фаъолияташонро васеъ карда, барои дарёфти истеъдодҳои нав, тайёр кардани чеҳраҳои шинохта ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати ҳунармандон заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Аҳли ҳунар бо сипосу шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ба давлату Ҳукумат, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои бунёди чунин қасри фарҳангии замонавӣ фаъолияташонро идома дода, барои боз ҳам ҷонноктар кардани фаъолияти ансамбл кўшиш ба харҷ медиҳанд. Натиҷаи заҳмату талош ва меҳнати фидокоронаи аҳли ҳунар буд, ки дастаи ҳунарии ансамбл тавонист, дар чорабинии рўзҳои фарҳангии Тоҷикистон, ки санаҳои 20-22-юми сентябр дар Қувайт баргузор гардид, муаррифгари давлати тоҷикон ва расму оинҳои миллии мо бошанд.  Мардуми давлати Қувайт онҳоро хуш пазируфтанду ба санъати беҳамтои тоҷикона, расму оинҳои мардумӣ ва ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд. Рақсҳои ҷаззобу дилфиреб ва суруду оҳангҳои дилошўб тасхиргари қалби ҳамагон буду кафкўбиҳои пурмавҷ толорро аксандозӣ мекард. 

Маҳмудҷон Ёрматов-ҷонишини директори Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода» иброз дошт, ки шурўъ аз 1-уми ноябри соли 20016 барои дарёфти истеъдодҳои ҷавону тайёр кардани чеҳраҳои нав кастинг-озмун баргузор мегардад, ки ихлосмандону соҳибистеъдодҳо метавонанд, худро номнавис карда, дар он иштирок намоянд. Ҳамчунин, барои дастаи ҳунарии рақсии ҷавонписарони «Fаффор Валаматзода», дастаи ҳунарии рақсии «Балети муосир», дастаи ҳунарии созию овозии миллӣ, эстрадӣ низ озмун эълон шудааст, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд. Мардуми тоҷик аз азал фарҳангдўсту ҳунарманд буданду ҳастанд ва чунин хоҳанд монд. Агар ба нақшу нигор ва ороишҳои бо усули меъморӣ орододашудаи Қасри фарҳанги «Суғдиён» назар афканед, бешубҳа, ба санъати тоҷикон баҳои баланд хоҳед дод. Зеро дастони сеҳрофари ҳунармандон тавонистааст, ҳусни биноро боз ҳам бошукўҳтар гардонад.

Умед дорем,  санъати волои тоҷик, ки тўли садсолаҳо тасхиргари қалби ҳамагон буд ва «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ки дар ҷаҳон шўҳратёр аст, баробари оғози фаъолият дар бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳазонидашуда бо воситаҳои техникӣ ҳунари худро боз ҳам доманадор карда, парчамафшони давлату миллати хеш хоҳанд шуд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Андеша ва ҳам рафтор бояд нек бошад!

Вақте ки Изҳороти Шўрои сиёсии ҲНИТ ба дасти мо расид, хонда дар ҳайрат мондем. Дар он вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқиро дар Ватани соҳибистиқлоламон, ки ҳоло дар арсаи ҷаҳонӣ ҷои арзандаи худро соҳиб гашта, бисёр давлатҳо мешиносанд, шумоён - аъзоёни Шўрои сиёсӣ ба бадтарин ҳолати вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, хатарнок будан барои амнияту суботи кишвар ва кулли минтақа баҳодиҳӣ кардаед, оё шарм намедоред?

Ҳанўз он рўзҳои даҳшатбор аз ёд нарафтааст, хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани Ватан, аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба чашм мерасид. ҳамаи инро душманони миллат нақшагирӣ карда буданд, хуб шуд, ки ба мақсади нопокашон нарасиданд.

Шукрона, мардуми мо, фарзандони бовафою дилсўзи миллат сари вақт барои бартараф кардани ин иштибоҳи даҳшатнок тадбирҳо андешида, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор карданд, ки аз он айём солҳои тўлонии эҳёи миллӣ, дар фазои Ваҳдат зистан, солҳои худсозӣ, худшиносиву худогоҳӣ, солҳои сулҳу суботу оромӣ, қадамҳои устувор дар ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ гузашта истодаасту Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҷои сазоворро соҳиб гардид.

Шумоён, ки худро намояндагони шаҳрвандоне, ки эътиқод ба дини мубораки Ислом доранд, меҳисобед, як андеша кунед, биёед, ба дастовардҳои замони Истиқлолият аз нуқтаи назари арзишҳои динӣ назар кунем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи озодиҳои динии шаҳрвандон, алалхусус, ҷавонон, ба баланд бардоштани маърифати динии онҳо мусоидати зиёд карда истодааст.

Дар давоми солҳои тўлонӣ, ки солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ номгирӣ кардаед, намояндагони ҲНИТ барои осоиштагии халқ, пешравии мамлакат, боло бардоштани иқтисодиёт чӣ гуна чораҳо ё амалиёт андешидаанд?

Аз шумоён - аъзои Шўрои сиёсии ҲНИТ пурсиданием, ки оё дар бораи он ки синаи ағбаҳое, ки дар солҳои тўлонӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан ноҳияҳои кўҳистон баста буду оворагиҳо, дар зери барфу тармаҳо мондани шаҳрвандон, ки ҳодисаҳои риққатовар буд, сохта, ба истифода супорида шудани нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», ки дар гузашта орзуи деринаи халқ буду афсона мехонданд, амалӣ гардид, бехабаред? Оё ин беҳтар намудани вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва некўавҳолии халқ нест? Оё ба дараҷаи баланд бардоштани сифати роҳҳо, сохтани корхонаҳо, бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани халқ, ободии шаҳру деҳаҳое, ки бо чашми дил дида истодаем, ин беҳбудӣ дар вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нест магар?

Гуфтаанд, ки бино буда, худро нобино гирифтан хислати хуби инсонӣ нест, лекин пешравиҳо, ободониҳо, роҳсозиҳо, соҳиб шудан ба муваффақиятҳои назарраси Ватанро нодида гирифта, халқро шўру ғавғо гиронидан гуноҳи азим аст. Ватан ҳам Модар аст, охир! Мо фарзандони як модар ҳастем, бояд фикри некўавҳолии модар, хушию хурсандии модар, ободии манзили зист, фаровонии ризқу рўзии дастархонро бикунем, ки қарзи фарзандиамон аст!

Аъзоёни Шўрои сиёсии ҲНИТ, ба фикри мо, беҳтар мешуд, агар дар изҳороти шумоён маслиҳату андешаҳо оид ба роҳҳои дар ҳамҷоягӣ пеш бурдани мамлакатамон, баланд бардоштани соҳаи хоҷагии халқ, ободу зебо гардонидани шаҳрҳову деҳаҳои мамлакат мебуд, лекин дар изҳороти шумоён ба ғайр аз бад гуфтан, бад дидан дигар чизе нест!

А.АЗИЗОВ,
декани факултети санъати тасвирӣ ва
технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Зафаробод: ба зимистонгузаронӣ омода аст?

Иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод чӣ гуна таъмин мегардад?

Дар ин бобат Номӣ Муҳиддинов – сармутахассиси Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи ноҳияи Зафаробод дар сўҳбат гуфт, ки 18 майи соли 2016 маҷлиси нахустини ситоди ноҳиявӣ гузаронида шуда, ҳар як аъзои ситод оид ба назарот бурдан ва кўмаки амалӣ расонидан ба муассисаҳои таълимии ноҳия нисбат ба зимистонгузаронӣ ва амалӣ намудани нақша - чорабиниҳо вазифадор карда шуданд.

Муассисаҳои таълимии ноҳия ҷиҳати ҳамкорӣ ва харидани ангишти босифат ва бо нархи дастрас бо Ҷамъияти матлуботи ноҳия шартномаи тарафайн ба имзо расониданд. Маблағҳои заруриро аз хазинадории буҷети маҳаллии ноҳия ба суратҳисоби Ҷамъияти матлуботи ноҳия оид ба харидории ангишт гузарониданд.

Дар мавсими зимистонгузаронии имсола, мувофиқи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия, бо назардошти 40,5 тонна бақияи ангишти соли гузашта талаботи муассисаҳои таълимии ноҳия дар ҳаҷми 280 тонна ангишт ва 210 мукааб метр ҳезум муайян шудааст. Инчунин, дар нақша 360 мураббаъ метр шишабандӣ намудани тирезаҳои муассисаҳо ва кўдакистонҳо, захира намудани 420 литр сўзишворӣ барои генераторҳои барқдиҳанда ба назар гирифта шудааст.

Дар асоси таклифу дархости роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кўдакистонҳои ноҳия барои таъмин намудан бо 280 тонна ангишт қарордод карда шуд.

Мувофиқи маълумоту гузоришҳои муассисаҳои таълимии ноҳия, то имрўз 282 тонна ангишт захира карда шуд, ки ин аз нақша зиёд мебошад. Инчунин, муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 210 мукааб  метр ҳезум захира намуда, 360 мураббаъ  метр тирезаҳои синфхонаҳо, утоқҳои таълимӣ ва толорҳо шишабандӣ намудаанд.

Яке аз ин муассисаҳо мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 мебошад. Мактаб имрўз барои зимистонгузаронӣ омода буда, дар синфхонаҳо манбаи гармидиҳӣ мавҷуд аст. Оинабандии тирезаҳо низ иҷро гардида печҳои бухорӣ васл карда шудаанд. Директори мактаб Г.Худоёрова зикр дошт, ки ба мавсими зимистонгузаронии имсола 15 тонна ангишт харида шудааст.

Ҳамчунин, дар назди муассиса 13 мукааб ҳезуми хушк захира гардидааст.

Доир ба омодагии муассисаи №4 ба номи Зафар Ҷўраеви ноҳия ба фасли зимистон бо роҳбари ин мактаб Орзу Собиров ҳамсўҳбат шудем. Ў зикр намуд, ки муассисаи мазкур барои зимистонгузаронӣ омодагии хуб дидааст. Бояд гуфт, ки мактаб бо ангишт ва ҳезум сад фоиз таъмин гардида, ба мавсими зимистон омода аст.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки кори омодагӣ ба зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб

Мувофиқи дастуру  супоришҳо  ва  амру  фармони  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ - Пешвои  Миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон оид бо танзими расму оинҳои миллӣ,  қонуншиканиҳои ҷавонон ва  ноболиғон, шомил  нашудан  ба  ҳар  гуна  ҳизбу  ҳаракатҳои  номатлуби  ҷавонон  - дар  толори  Қасри  маданияти Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд, ба номи Содирхон ҳофиз чорабинии бошукӯҳ бо иштироки намояндагони  МИҲД шаҳри Хуҷанд, ВКД-и вилоят, соҳаи  тандурустӣ,  камитети  маҳаллаҳо ва дигар сохторҳо доир  гардид. Намоянда  аз  МИҲД шаҳри Хуҷанд Мӯҳсинҷон Миркамолов оид  ба  корҳои  дин,  танзими  анъана ва замону маросимҳо баромад намуда, оинҳо зикр  намуд, дар 31 тӯю  маъракаи ашхоси хайрхоҳ 131 бачаҳои аз оилаҳои камбизоат хатнасур ва 4 ҷуфт   ҷавонон хонадор  шуданд. Инчунин таъкид  намуд, ки дар  ҳолати  вайрон  намудани  танзими  расму  оинҳо  ҷаримаҳои  маъмурӣ  ситонида, бояд  маросими  дафн, тӯю  маъракаҳо  ва  гуселу  пешвози ҳоҷиҳо дар сатҳи оилавӣ гузаронида шавад.

  Зимни сухани навбатӣ намоянда аз «Хадамоти раёсати пешгирии  ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва наврасону ноболиғони РВКДҶТ дар  вилояти Суғд, полковники милитсия Насимҷон Набиев ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонону ноболиғон ва  шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгароии экстримизму терроризм ва сафар кардан ба ҷиҳод ибрози ақида намуд.

Собиқадори  меҳнат – аз кумитаи маҳаллаи 1-май қайд кард, ки Махкамҷон Миркамолов донишҷӯён  бештар  ба  хондани  асарҳои  бузургон машғул шаванд.

Духтури  дараҷаи Олӣ, Аълочии  соҳаи  Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шараф Очилова ба сухан баромада, дар  мавзӯи  «Солимии  ҷомеа, пешгирии  бемориҳои ирсӣ, ки  асоси  онро  никоҳи  хешу  таборӣ ташкил  медиҳад»  маълумоти  муфассал  дод.

Ӯ занонро давомдиҳандаи насли оянда ҳисобида оид  пешгирии  никоҳи  барвақтӣ, ки сабаби  пайдо  шудани  ҳар  гуна  бемориҳои  кӯдакони  навзод  мебошад, сухан ронд.

Дар  охири  чорабинӣ  директори  коллеҷи  тиббӣ  Илҳомҷон Комилов  аз баргузории чунин чорабинии  тарбиявӣ  изҳори  қаноатмандӣ   намуд.

Фарзона МАРИЗОЕВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии
шаҳри Хуҷанд, ба номи Исҳоқӣ

Читать далее