November 2016

24 November 2016

Парчами миллӣ – рамзи иқболу пирўзӣ

Парчам ва парчамдорӣ – аз суннатҳои қадимаи давлатдорӣ буда, арҷ гузоштан ба он – эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихист. Ифтихор ва саодати бузургест, ки ҳамасола ин рўзи фараҳбахш дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомат, ифтихор аз ватану ватандорӣ таҷлил мегардад.

Ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чораҷўиҳои бонуфузу хотирмон ба  вуқўъ пайвастанд. Аз ҷумла, санаи 22 ноябри соли 2016 ба шарафи ин санаи таърихӣ дар маъвои маърифат маҳфили бошукўҳи маърифатӣ – фарҳангӣ ташкилу баргузор гашт.

Назди ҳозирин ректори донишгоҳ, доктори  илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода  бо самимият суханронӣ намуд. Зикр рафт, ки имрўз Парчами миллӣ на танҳо ҳамчун як рукни муҳими рамзи давлатдорӣ ба расмият даромадааст, ҳамзамон, Парчам намунаи барҷастаи инъикоси таърих, фарҳанг, маданият, талошу муборизаҳои халқ барои озодӣ ва Истиқлолият, умеду ормонҳо, рукни муҳими ифтихори миллӣ маҳсуб гардида, дар маҷмўъ, чеҳраи миллати кўҳанбунёди тоҷик ва давлатдории онро  ифода  намудааст.

Мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонд.

Баъдан, дар вазъиятӣ тантанавӣ ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин донишҷўён, ғолибони озмунҳои таълимию варзишӣ, гурўҳу факултетҳои пешсаф, беҳтарин роҳбарони гурўҳҳои академӣ, волидайни намунакор нишонҳо, Ифтихорнома ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ супорида шуданд.

Барномаи маърифатӣ – фарҳангии устодону донишҷўёни донишгоҳ, ки бо ширкати ҳаваскорони санъат, дастаи созию овозии «Ошёни меҳр», театр - студияи «Парвози истеъдод», гурўҳи рақсии «Хушхиром» ҷараён гирифт, бо ғояи баланди хеш дар хотири ҳозирин нақши муассир боқӣ гузошт.

Н.ОХУНҶОНОВА,
мутахассиси шўъбаи таҳлил
ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ

 

Читать далее

Суғд: Баргузории раҳпаймоӣ ва чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Парчам

Имрӯз, панҷшанбеи 24 ноябр беш аз 6 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун ва ҷавонони Суғдзамин дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоӣ намуданд.

Раҳпаймоӣ аз хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд ва пасон иштирокчиёни роҳпаймоӣ дар назди баландтарин пояи Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷамъ омаданд.

Сипас дар Қасри фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Парчам чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, фаъолон, олимон, шоирону нависандагон, намояндагони васоити ахбори омма, ҷавонони фаъол ва сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Парчами миллии тоҷикон дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин бегумон моя ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад. Маҳз бо мақсади эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар маркази вилояти Суғд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Нишони соҳибихтиёрии давлат

Бо муҳаббат ва самимият таҷлил шудани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист.

Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба ҷаҳониён эълом доштани барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчам қабул ва тасдиқ карда шуд.

Дар таърихи ҷаҳон парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост. Аз ин лиҳоз, чунонки Сарвари давлат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикис-тон мебошад».

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошад. Эълон шудани Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, баргузории он дар замири ҳар фарди ватандўст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дўст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд. Парчами миллии имрўзаи давлати Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат дорои рамзҳои нек буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу мубориза ва саъю кўшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром зоҳир карда мешавад. Беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ аз рўи қонун сазовори ҷазост.

Дар Парчам ҳар як ранг маънии худро дорад. Ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисории халқ баҳри озодӣ ва истиқлол аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, осоиштагиву сулҳ, имрўзу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз бошад, нишони сарсабзӣ, нумўъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ мебошад.

Сарчашмаҳои таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои парчам, алам, дирафш ва байрақ дар замони мо аз қадим маълум ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ низ корбурд шудаасту дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор низ парчами худро доро буданд.

 Имрўз бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони азиз зери Парчами давлати худ манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, ба устувории Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд.

 Сафаралӣ ЭРКАЕВ,
иштирокчии Иҷлосияи
ХVI Шўрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Бахту умеди тоҷикон

Инсон эҷодкори таърих аст. Ҳар лаҳза, воқеа, чорабинӣ ва ҳамойиш ҳамон вақт мавқеи таърихӣ пайдо менамояд, ки агар он бо дилу нияти пок, ақлу идроки солим, асолати миллӣ созмон дода шуда бошад. Соҳибистиқлолии кишвари азизамон, фазои фараҳафзои Ваҳдати миллӣ, Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама якояк имрўз дар раванди таърих ҷой гирифтаанд. Дар даврони Истиқлолият, маҳз бо саъю кўшишҳои аслии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи худшиносии миллӣ боло бардошта шуд, таровати таърихи пурифтихори халқи тоҷик роҳи пешгирифтаи ҷомеаи муосири моро мунаввару музайян намуд. Бо назардошти асолати миллии мо муқаддасоти миллии Тоҷикистони тозаистиқлол – Нишони давлатӣ, Парчами давлати тоҷикон ва Суруди миллии халқи тоҷик қабул карда шуд, ки маънии зиндагии хуш, осудагиву ободии хонадон ва ояндаи неку роҳи равшани ҷомеаи навини тоҷиконро эъҷоз намуданд.

Бо ақлу идроки солим эҳсос менамоем, хуб медонем ва ифтихорманд ҳастем, ки аз соли 2009-ум инҷониб ҳамасола 24-уми ноябр Рўзи Парчами миллии давлатӣ дар Тоҷикистон шукўҳмандона, дар рўҳияи худогоҳии миллӣ таҷлил карда мешавад. Парчами миллӣ нишон ва рамзи муқаддаси кишварамон, халқамон ва давлатдориамон маҳсуб меёбад. Парчами Тоҷикистон дар қалби ҳар фарди худшиносу худогоҳи кишварамон муҳаббат, вафодорӣ ба Ватану миллатро бедор месозад, зеро Парчами миллӣ ифтихор ва шарафи ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

Парчами давлатӣ ифодагари воқеияти соҳибихтиёрӣ ва муттаҳидии миллати тоҷик буда, таҷассумгари таъриху фарҳанг ва забону макони он мебошад. Аз ин хотир буд, ки аҷдодони бузургмақоми миллати тоҷик аз замонҳои дури қадимаи давлатдорӣ, аз оғози ҳастии худ ҳамчун миллати воҳид Парчами соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро соҳиб буданд ва онро басо муқаддас медонистанд. Ва парчамбардорӣ миллати моро ба худшиносиву меҳанпарварӣ ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришти фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Дар дили пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бунёд гардидану парафшон шудани аломати мустақилияти давлати тоҷикон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландиаш 165 метр, бараш 30 метр ва дарозиаш 60 метрро ташкил медиҳад, маҳз бо иқдоми бузург ва шоистаи таърихии Роҳбари ватанпарвар ва дурандеши Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат сарчашма гирифтааст.

Дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бисту се масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона баррасӣ ва ҳал гардид, қабули Парчам ба санаи 24-уми ноябри соли 1992 рост омадааст, ки мо ҳар сол ин рўзро ҳамчун Иди Парчами миллӣ ҷашн мегирем.

Барои соҳибдавлатию соҳибпарчамӣ дар қалбу тафаккури ҳар як фарди баору номус, нерўманду созанда мавҷудияти ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳатмӣ аст. Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдодони мо – тоҷикон ҳанўз аз замони Сосониён оғоз шудааст, ки хосияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар худ дошт. Дар ин раванд эҳтиром ба Парчами миллӣ ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқи худ, Пешвои миллати муаззами худ, ба руҳи поку мероси аҷдодони бузурги худ буда, ҳар фарди ориятдоштаи миллатро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободгариҳо, тавоноиву нерўмандӣ ҳидоятгар аст.

Ойиндории Ватану миллат, хештаншиносии ҳар фарди бедордилу оқил он аст, ки рангҳои сурху сафед ва сабзи Парчами миллии Тоҷикистони азизи худро ба мисоли ранги шуои офтоб, рамзи равшанӣ, тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, табиати хуррам ва эътиқоди мардум мукарраму воло донистан, арҷгузорӣ намудан, муқаддас бишмурдан бувад.

Давлати навини тоҷикон бунёд ёфта, дар ҷаҳон муаррифӣ шуда, мавқеъ ва мақоми хешро бигрифтааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки бо пиндор, гуфтор, кирдори худодод, бо эҳтиром ва арҷгузориҳои пурзиё ба арзиш ва суннатҳои волои миллати азизи худ дили тамоми мардуми чи бузургсолу чи насли ҷавон, билкулл, тоҷиконро ҳамчун миллати созандаву ободгар, соҳибфарҳангу бомаърифату соҳибзабон, сулҳпарвару соҳибтамаддуни ваҳдатгаро ва давлати Тоҷикистонро дар оинаи пурсафои таърихи имрўзин пойдору устувор нишон дода, шиносондаанд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад ба номи Тоҷикистон. Ба номи кишвари тоҷикони соҳибмиллат. Мо идрок менамоем ва ба хулосае меоем, ки ному нишони Парчами давлатӣ дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании мардуми тоҷик то чӣ дараҷа метавонад, нерўмандӣ бубахшад. Барори беназири меҳнати созандаву ободсоз, таҳкими Ваҳдати миллӣ, муназзамии суботи ҷомеа, якдиливу ҳамдигарфаҳмии мардум, фазои сулҳу оромӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд ва аминем, ки ҷовидонӣ пойдор мемонанд.

Мэлс ҶАББОРЗОДА,
вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Бўстон

Читать далее

Парчами давлатӣ - рамзи Истиқлолият

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Ватандўстӣ аз эҳтиром ва пос доштани рамзҳои давлатӣ оғоз меёбад».

Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Миллати тоҷик бофарҳангу ватандўст буда, расму оини ниёгони худро ҳамеша пайгирӣ мекунад ва ба арзишҳои олии он эҳтироми хоса зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба масъалаи эҳтиром ба Парчами давлатӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда, ба ҳамин васила аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе «Боғи Парчами миллӣ» бунёд шуд, ки он ифтихори мо мебошад. Дар маркази боғи мазкур Парчами давлатӣ парафшонӣ мекунад, ки баландии он 165 метр буда, яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ барои тамошои ин манораи бузург ба ин мавзеъ ташриф меоранд.

Чуноне қайд кардем, оид ба эҳтироми рамзҳои давлатӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ҳама ҳолат бо рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад».

Инчунин, дар Қонуни мазкур тарзи тасдиқ, тасвир ва тартиби тайёр кардани рамзҳои давлатӣ дарҷ гардида, дар ҷойҳои махсусе, ки дар онҳо Парчами давлатӣ афрохтан ҷоиз аст, нишон дода шудааст. Шахсе, ки талаботи рамзҳои давлатиро иҷро намекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Парчами муқаддаси кишвари соҳибтамаддуну соҳибистиқлол ва соҳибихтиёрамон ҳамчун рамзи давлатдории мо, ифодагари бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳову кишварҳо ҷилвагар менамояд, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Дар ту мебинам шукўҳи тоҷу тахт,

Тоҷу тахти тоҷики озодбахт.

Ному нанги мардуми гардункулоҳ,

Ифтихори миллати озодихоҳ.

Фирўза АҲМАДЗОДА,
судяи Суди вилояти Суғд

Читать далее