November 2016

24 November 2016

23 November 2016

Дар фазои Ватан монда ҷовидон!

Санаи 24 ноябр Рўзи Парчами давлатии Тоҷикистон мебошад, Парчами нахустини Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1929, пас аз мамлакати мустақил шудани кишвар пазируфта шуда буд.

Бо тақозои замон баъд аз ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами нави давлатӣ тасдиқ гардидааст.

Парчами Тоҷикистон дорои 3 ранг буда, ифодагари мубориза ва ҷоннисории халқ баҳри озодӣ, истиқлолият, тозагӣ ва покӣ, шири поки модар, дили пок, осоиштагӣ, толеи баланд, файзу баракат, зебоӣ, дониш, таърих, фатҳу нусрат, соҳибистиқлолӣ ва куҳанбунёдии миллат мебошад. Баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метрро ташкил  мекунад, 24-уми майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе барафрохта шудааст.

Гузашти  вақт собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба Истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Дастовардҳои бузург дар тўли таърихи инсоният имкон медиҳад, ки мардумони олам соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд.

Соҳибистиқлол гардидани кишварамон барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бебаҳо натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи мардуми тоҷик, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Бигзор, Парчами озоди мо чун қуллаҳои баланди кўҳи Помир дар фазои Ватани аҷдодиамон ҷовидона парафшон бошад! 

Муаттара ҲАСАНОВА,
омўзгори ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Faфуров

Читать далее

Нишасти навбатии “Ганҷи сухан” ба Рӯзи Парчам бахшида шуд

Бахшида ба Рӯзи Парчам ва солгарди мавлуди асосогузори маҳфил, донишманди маъруфи тоҷик шодравон Абдулманнон Насриддин дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки донишмандани маъруф, адибони номвар, омӯзгорон, донишҷӯён ва афроди суханпарвару фарҳангдӯст нишасти 145-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор шуд.

Сараввал бо чанд  паёми фараҳбахш масъули маҳфил, номзади илмҳои филология, дотсент Саидумрон Саидов ба нишасти навбатӣ ифтитоҳ бахшид. Мавсуф баргузории конференсияи  байналмилалии  “Камоли Хуҷандӣ ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити  адабӣ”-ро, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии вилоят таъсири бузурге расонид аз дастовардҳои илми тоҷик хонд. Дар партави ин ҷашнҳои бузург дарҷи китоби Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Чеҳраҳои мондагор”  барои олимону адибон ва кулли мардуми тоҷик армуғони бузурги идона маҳсуб мешавад. Саидумрон Саидов илова кард, ки вобаста ба ин ҷашну маъракаҳои фараҳбахш маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” низ армуғонҳои худро барои аҳли илму адаб пешниҳод кард. Аз ҷумла шумораи аввалини фаслномаи “Ганҷи сухан” интишор шуд, ки минбаъд дар инъикоси осори илмиву адабӣ ва фарҳангӣ саҳми худро мегузорад. Ҳамчунин як китоби нав дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати  Тоҷикистон таҳти унвони “Хваканта –Хуҷанд” нашр гардид, ки мақолаҳои илмиву публистистиро дар бораи таърих ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд фаро мегирад.

Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ баромад карда, дар мавриди фазои илмиву адабии имрӯза ва таъсири маҳфили “Ганҷи сухан” ба ин раванд изҳори назар намуд. Таҳти унвони ”Чароғи рӯшани илму адаб” мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои филология, дотсент Тоҷибой Султонзода баромад карда, паёми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳозирин расонид.

Китобҳои тозанашрро дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ” муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Башорат Алиева муаррифӣ кард. Ба ҳозирин  маърӯзаи мудири  шӯъбаи табъу нашри ДДҲБСТ, номзади илмҳои филология, дотсент Ислом Раҳимов бахшида ба Рӯзи Парчам, “Аз Дирафши Каён то Парчами Тоҷикистон” писанд омад. Ӯ дар маърӯзааш оид ба таърихи пайдоиши парчам, мазмун ва мундариҷаи он дар даврони мухталиф, моҳияти парчам, назари олимон дар бораи ин муқаддасот муфассал суханронӣ карда, ба ҳозирин санаду далелҳои нави таърихиро баён кард.

Дар маърӯзаи хеш номзади илмҳои филология, дотсент Ҳалимҷон Зоиров “Назаре ба“Куллиёти осор”- и устод  Абдулманнон Насриддин  дар бораи  фаъолияти илмии собиқ мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, поягузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, доктори илмҳои филология, профессор шодравон Абдулманнони Насриддин сухан кард. Сипас Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи устод Абдулманнони Насриддин сӯҳбати муассире намуда, бо ашъори ба эшон бахшидаи хеш дар дилҳои ҳозирин эҳсоси муҳаббату садоқатро бедор кард. Доктори илмҳои филология, профессор Фахриддин Насриддинов аз ҳамкорону дӯстон ва шогирдони падари хеш изҳори сипомандӣ намуд ва гуфт, ки хидмат ба илм рисолати азалии мост ва мо идомабахши кори падари хеш ҳастем. Шоира Гулноз шеъре дар васфи устод қироат кард ва шогирдони факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба он идома бахшиданд.

Дар маҳфил меҳмони арҷманд аз шаҳри Душанбе, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов баромад намуда, иттилоъ дод, ки китоби шашҷилдаи “Шашмақом” ва “Фарҳанги истилоҳоти “Шашмақом”  интишор гардид, ки аз падидаҳои ҷолиби фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Дар поёни маҳфилҳадяҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маърӯзачиён ва фаъолони маҳфил супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ҷилои ҳунари мардуми Суғд

Ҳунари волои атласу адрасбофӣ дар шаҳрҳои қадимаи мардуми тоҷик, хусусан дар вилояти Суғд таърихи хело қадим дошта, аз авлод ба авлод ба мерос гузашта, то замони мо омада расидааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2016»  рӯзи 29 октябри соли равон дар бинои Кохи фарҳанги “Суғд” баргузор гардид. Дар саҳни Кохи фарҳанг духтарони атласпӯши хуҷандӣ адраси зебои бо эъҷози дастонашон бофташударо ба намоиш гузошта буданд.  Таҳти навои мусиқии форам духтарони адраспӯш тасмаи бузурги адрасӣ дар дастон ба саҳна баромаданд. Ҷилои рангҳо дар  саҳна ба чашми бинанда онро ҷилвагар сохт, ки гӯё бастаи бузурги кушодашудаи адрас дар дастони духтарони зебову атласу адраспӯш ба рақс даромада бошад. Чашми бинанда аз ин ангеза ва ҷилои рангҳои зебо «хира» мешуд. Оре, коргардони ин намоиш тавре онро ба саҳна гузошта, ки бинанда ба ҳунари волои мардуми Суғд сари таъзим фуруд меовард.

Зинда гардонидан ва барқарор сохтани ҳунарҳои суннатии мардуми тоҷик яке аз нақшаҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Сарвари он, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳар як вохӯриашон бо мардуми тоҷик Пешвои миллат ин нуктаро таъкид мекунанд, ки  суннатҳои мардумӣ  ҳатман бояд барқарор карда шаванд. Ҳунари волои атласу адрасбофӣ дар шаҳрҳои қадимаи мардуми тоҷик, хусусан дар вилояти Суғд таърихи хело қадим дошта, аз авлод ба авлод ба мерос гузашта, то замони мо омада расидааст. Дастгоҳҳои бофандагӣ, қариб дар аксари хонадони мардуми тоҷик вуҷуд дошт. ҳар як бонуи ин минтақаи Тоҷикистон дар баробари кору бори зиндагии рӯзмарраашон касби хуби дастмузд низ доштанд. Онҳо атласу адрас мебофтанд ва аз он дастмояи хубе ҳам пайдо менамуданд. Мутаассифона, дар солҳои 50-60-ум бо қарори ҳукумати онвақтаи шӯравӣ ва инкишоф додани соҳаи пахтакорӣ ва таъмин намудани корхонаҳои бузурги бофандагӣ бо ашёи хом, хусусан, нахи пахта тамоми дастгоҳҳои бофандагӣ мусодира ва нест карда шуданд. Барои пинҳон доштани дастгоҳҳо ҷазо низ дода мешуд. Мардум дигар натавонистанд, ки ҳунари аҷдодии худро давом диҳанд. Дар тайи солиёни  зиёд ин матои зебои тоҷикӣ ҳусну тароват ва рисолати худро қариб ки гум карда буд. Мардуми тоҷик фирефтаи матою тикаҳои рангоранги бегона гардиданд. Дигар касе андешаи онро намекард, ки гузаштагонаш аз кадом матоъ либос медӯхтанд ва мепӯшиданд. Ҳама талоши фарҳангу либосу матои бегонагон мекарданд. Атласи зебои тоҷикӣ дигар либоси асосии зану духтари тоҷик набуд. Як муддат он либоси кории пешхизматони  ошхонаву тарабхонаҳо гашт, хусусан дар шаҳри Душанбе. Дар сӯҳбате як меҳмони хориҷӣ гуфт, ки чаро аз ин матои зебо занону духтарони тоҷик барои худ либос намедӯзанд. Ин хело зебост-ку? 

Фестивали атласу адрас дар шаҳри Хуҷанд нишон дод ва собит сохт, ки зану духтари тоҷикро аз ҳама бештар либосе, ки аз ҳамин матоъ дӯхта шудааст, бештар зиннат медиҳад. Имрӯз ин ҳунари аҷдодӣ танҳо дар вилояти Суғд боқӣ мондааст. Новобаста ба он ки ин ҳунарро қариб нест карда буданд, аммо хонадонҳои косиб дар вилояти Суғд ва водии Фарғона онро аз нобудшавӣ ҳифз намуданд.

Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ корхонаҳои бузурги атласбофӣ сохта шуда буд, ки яке аз ин корхонаҳо дар вилояти Суғд қисман фаъол аст, аммо маҳсулоти ин корхона он матое, ки бо сифати баланд бо даст бофта мешавад, иваз карда наметавонад. Талаботи мардум ба ин навъи матоъ хело ҳам зиёд мебошад. Рушд ва ривоҷи ин ҳунари дастии мардум боиси он мегардад, ки зану духтари тоҷик дар баробари иҷрои тамоми кору бори рӯзгори рӯзмаррааш соҳиби пасандози шахсии худаш низ бошад. Бисёр мушкилоти зиндагиашро худаш аз ҳамин ҳисоб саришта карда метавонад. Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар сӯҳбат бо меҳмонони хориҷӣ, маҳз ҳамин нуктаро таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии мо аз эҳёи ин ҳунарҳо бо кори фоиданок таъмин намудани занону духтарони тоҷик мебошад. Ба хотири рушд ва инкишоф додани ин ҳунар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Роҳбарияти вилояти Суғд ҳама вақт кӯмаки беғаразонаи худро расонда истодааст. Дар ҳудуди вилоят курсҳои зиёди касбомӯзӣ ташкил карда шудааст, ки дар ин курсҳо ба занону духтарон устоҳои чирадаст ин ҳунарҳоро меомӯзанд. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки Пешвои миллат дар тамоми сафарҳо ва вохӯриҳояшон бо мардуми кишвар мавзӯи бо кор таъмин намудани занону духтарони тоҷики хонанишинро дар мадди аввал гузошта, таъсиси марказҳоро барои бонувон дар ҳама манотиқи кишвар тавсия медиҳанд. Корхонаҳои хурди бофандагии атласу адрас ва қолинҳои дастиро ҳатман бояд инкишоф дод. Агар, аз як тараф, сохтани дастгоҳҳои бофандагӣ бо усули бобоӣ ё ин ки аҷдодӣ исрофи зиёди маводи хомро кам кунад, аз тарафи дигар, аз лиҳози экологӣ барои муҳити атроф зараре низ намерасонад.

Дар озмун-фестивали дар шаҳри Хуҷанд гузашта тарроҳони зиёди хуҷандӣ маҳсули дасту тахайюли эҷодии ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд. Онҳо барои занону духтарони тоҷик аз либоси кӯдакона сар карда, то либосҳои расмиро ба намоиш гузоштанд. Бо намунаҳои гуногуни атласу адрас духтарони зебои хуҷандӣ ба саҳна баромаданд. Ҷилои рангҳо, либосҳо ва чеҳраҳои зебои гулдухтарони Хуҷанд як саҳнаи афсонавиеро ҷилвагар месохт, ки бештари тамошогарон худро дар олами афсона тасаввур мекарданд. Меҳмони мисрӣ намоишро олами афсона гуфт. Фестивал аз рӯйи барнома гузаронида шуд. Дар барномаи фестивал намоиши «Либосҳои қадима», «Либосҳои рӯзмарра», «Либосҳои расмии бонувон», «Либосҳои идона» ва ғайра дар зери навои мусиқӣ  ва бо иштироки ҳунармандони мумтози хуҷандӣ  Олим Воҳидов, Толиб Исмоилов, гурӯҳи дойранавозони коллеҷи санъат, ансамбли фолклории ноҳияи Ашт, ансамбли рақсии «Зебо» гузаронида шуд.

Дар ҳамоиши Наврӯзи байналмилалӣ, ки таҷлили он бевосита бо дастури Пешвои миллат сурат гирифта буд, шаҳри Душанбе пурра гулпӯш буд ва тамоми занону духтарони тоҷик атласпӯшу адраспӯш буданд, ки қалбҳои меҳмонони ҷашнро  тасхир карда буд. Бештари меҳмонон маҳз ҳамин  нуктаро борҳо таъкид карданд, ки миллати тоҷик табиатан  зебост. Зебоии онро ин матои миллиаш боз зеботар кардааст. Дар аксари хотироташон дар кишварҳояшон маҳз ҳамин зебоии Наврӯзи Тоҷикистонро навиштаанд ва дар васоити ахбори умуми кишварҳояшон онро таблиғ намуда буданд. Тарроҳони чирадасти хуҷандӣ собит сохтанд, ки ин либос либоси арӯсӣ, хонагӣ, мактабӣ,  расмӣ ва асрӣ шуда метавонад. Аз адрас на ин ки барои занону духтарон, балки барои мардҳо низ либосҳои хуб бо мудели замони имрӯза дӯхта мешавад. Ин либосҳоро метавон дар ҷашнҳо ва дигар маросимҳо истифода бурд.

Ин суннати миллиро маҳз дар ҳамин замони гардиши бузурги фикрӣ ва тамаддунӣ, пеш аз ҳама, бояд инкишоф дод ва таблиғ намуд. Забон ва суннатҳои миллӣ метавонанд, ҳувияти миллиро нигоҳ доранд ва миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Барои ҳаматарафа ҳифз намудани ин суннатҳо зарур аст, ки рамзи умумии миллиро интихоб намуд. Оё бад аст, ки мардуми Туркманистон асолати миллии худро хуб нигоҳ доштанд. Меҳмонони хориҷие, ки дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба таҷлили ҷашни дар пешистодаи 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар рӯзҳои Фестивал дар шаҳри Хуҷанд ташриф доштанд ва бо даъвати Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар Фестивал ширкат варзиданд, баҳои баландтаринро ба ин фестивали бошукӯҳ доданд. Эшон қайд намуданд, ки либосеро бо ин зебоӣ ва таровату рангорангӣ дигар тасаввур карда наметавонанд. Чаро занону духтарони тоҷик онро дарк намекунанд, ки либосе, ки аз нахи тозаи пахтаву пилла таҳия шудааст, беҳтар аст аз тикаҳои рангоранги маснуъӣ ва пӯшидани либос аз чунин тикаҳои рангоранги сергул хоси мардуми лӯлӣ буд ва имрӯз низ мебошад. Имрӯз дастгоҳҳои тикабофии Чину ҳинду Покистон тикаҳои рангоранги нафтиро барои мардуми тоҷик бофта мефиристанд ва мардуми тоҷик онҳоро харидорӣ намуда мепӯшанд. Чаро аз он даст накашем? Чаро мо рӯй ба мероси аслии худ ва ба асли худ нагардонем? Чаро мо дар мактабҳо онро ҳамчун либоси мактабӣ қабул накунем? Оё ин зиёне дорад? Мактаби миллӣ бояд ҳаматарафа ҷавобгӯйи онро дошта бошад. Тақлид ба ғарбиён ин нобуд сохтани суннатҳои миллист. Барои интихоби модели ягонаи либосҳои расмӣ ва мактабӣ бо матоъҳои маҳаллӣ ҳамаи тарроҳони беҳтарини шаҳрҳои бузурги кишварро бояд ҷалб сохт ва беҳтарин намунаи онро барои муҳокимаи умум гузошт ва назари мардуми шарифи кишварро дар ин замина низ бояд ба эътибор гирифт. Ин амри хайр, агар аз як тараф, миллат ва асолати миллиро нигоҳ дорад, аз тарафи дигар саноати сабук ва дастии  мардумиро инкишоф дода, ҳазорон зану духтари тоҷик соҳибкасбу соҳиби музду маош мегарданд. Ин ҳунар бештар дар манотиқи мухталифи кишвар паҳн хоҳад шуд. Фестивали зебои атласу адрас барои ман, ки ҳамчун меҳмон дар он ширкат варзида будам, хотирмон буда, ба созмондиҳандагони ин намоиши хело зебо арзи сипос намуда, умеди онро дорам, ки ин ҳунари суннатии мардуми тоҷикро боз бештар инкишоф дода, онро то сатҳи умумиҷумҳуриявӣ бурда расонанд. То ин ки рӯзе нашавад, ки онро дигарон аз худ намоянд.

Нашавад, ки ин намуди матои миллӣ, ки ба ҳазорсолаҳои тамаддуни мардуми тоҷик алоқаманд аст, дигарон онро расман моли худ ҳисоб кунанд…

Сайидхоҷа АЛИЗОДА,
мудири шӯъбаи матншиносӣ,
таҳқиқ ва нашри мероси хаттии
Институти забон, адабиёт,
шарқшиносӣ ва мероси хаттии
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Читать далее

Зуҳури касбҳои аҷдодӣ дар манотиқи кишвар

Дар асри ХХ Хуҷанд яке аз марказҳои тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Осорхонаҳои машҳури тамоми дунё имрӯз зиёда аз 90 хели матоъҳои гуногуни Осиёи Марказиро, ки бо номи абраи Суғд машҳуранду бештари онҳо дар Суғди бостон истеҳсол мешуданд, нигоҳдорӣ менамоянд. Оғоз аз асрҳои Х то ХХ дар Осиёи Марказӣ санъати шоҳибофӣ ба авҷи баланди худ расида, матои атлас, ки аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънои “матои бонақш”-ро дошт, машҳури оламиён гардид. Дар масири таърих халқи шарафманди вилояти Суғд бо дарки баланди масъулият ва зебоиофарӣ матоъҳои атласу адрас мебофтанду пешкаши харидорони зиёд мегардонданд.

Ин иқдом чанд сол қабл бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ эҳё гардида, ҳунармандони зиёдеро ба ҳам овард. Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар баҳри рушди ҳунарҳои ниёгон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ иқдомҳои шоиста рӯи кор омада, зиёдшавии шумораи марказҳои таълимӣ боиси бо шуғли доимӣ фарогир шудани занону духтарони хонашин гардид. Дар зиёда аз 150 адад маркази таълимӣ 500 дӯкони адрасбофӣ гузошта шуда, занону духтарони ҳунарманд машғули кори доимианд. Имрӯзҳо пешаи адрасбофӣ то андозае рушд ёфтааст, ки ҳатто ихлосмандони ҷумҳуриҳои бародар ва ба мо наздик аз он баҳра мебардоранд. Дар ин замина ба наздикӣ намояндагони вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бобати шиносоӣ аз рушди ҳунарҳои қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар сарзамини суғдиён ба вилояти Суғд омада, бо фаъолияти коргоҳҳои адрасу атласбофӣ бевосита аз наздик шинос шуданд.

Меҳмонон нахуст аз Маркази таълимию истеҳсолии «Озода»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал оварда, дар бобати пайдо намудани огаҳӣ аз ҳунари адрасбофӣ бо ҳунармандони ин коргоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд. Инчунин, ҳайати меҳмонон аз марказҳои таълимӣ-истеҳсолии «Куруш» ва «Ориёно»-и ноҳияи Спитамен, «Шероз» ва «Савр»-и шаҳри Хуҷанд, «Лаби ҳавзча» , «Дугонаҳо» ва «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров дидан намуда, бо рафти истеҳсоли матоъҳои пахтагиву абрешимии атласу адрас аз наздик шинос шуданд. Идораи рӯзнома тасмим гирифт, ки таассуроти меҳмононро бобати сафарашон ба вилоят манзури хонандагон гардонад.

Бақо Ҳотамов-сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Вобаста ба иҷрои банди 24-уми қарори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 11 дар бобати рушди ҳунарҳои қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути баргузор намудани сафарҳои омӯзишӣ ва аз ҳунармандони вилояти Суғд омӯхтани маҳорати чунин касбҳо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасмим гирифтанд, ки ҳамкориро ба роҳ монанд. Рафтуомади намояндагони минтақаҳо барои тақвият додани ҳамкориҳо, фазои корӣ пайдо кардани соҳибкорон, дастгирӣ ҷиҳати рушди анъанаҳои миллӣ, бахусус ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла адрасу атласбофӣ таъсири ҷиддии худро мерасонад. Албатта, то ин дам давра ба давра аз ҷониби минтақаҳои ҷануби кишвар, бахусус вилояти Хатлон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дар коргоҳи «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд занону духтарон ин ҳунарро аз бар карданд. Бо боварии том гуфта метавонам, ки ин сафари намояндагон аввалу охир набуда, рафтуомадро бештар мегардонанд ва мутахассисони соҳибкасби адрасбофӣ ба занону духтарони хонанишини вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар манотиқи кишвар ин касбро меомӯзанд. Умед дорем, ки даъвати ҳамкоронро ҳунармандон ба хушӣ қабул карда, ба минтақаҳои ҷануб ташриф меоваранд ва аз нозукиҳои касби пешакардаашон соҳибхоназанҳои он манотиқро низ бохабар хоҳанд кард.

Гул Халифаева - мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Файзобод: - Бори аввал аст, ки ба вилояти Суғд омадам. Мақсади ташрифи мо дар он буд, ки нахуст бо фарҳангу маданияти ин сарзамин ошно гардида, дар ин замина омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, аз қабили қолинбофиву сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофиро аз ин ҳунармандон омӯзем. Шуғли асосии занону духтарони файзободӣ асосан сабадбофию кулолгарӣ буда, аҳён-аҳён попукзаниву гулдӯзӣ ва зарзанӣ ба назар мерасад. Чун огоҳ гаштем, ки суғдиён ба ҳунари аҷдодӣ-адрасу атласбофӣ рӯ овардаанду бо эҳё кардани ин ҳунар барои худ шуғли доимӣ дарёфтаанд, хостем, аз нозукиҳои ин пеша бохабар шавем. Хушбахтона, давоми чанд рӯзе, ки бо ҳунармандони марказҳои таълимиву истеҳсолии атласу адрасбофии «Озода», «Куруш», «Ориён», «Шероз», «Савр», «Арбоб», «Лаби ҳавзча» ва «Сирдарё»-и шаҳру навоҳии вилоят аз наздик ошно гардидем, беихтиёр дар қалбам эҳсоси зебоиофарӣ ва худогоҳии миллӣ боло гирифт. Тасмим гирифтем, ки албатта, бо ҳунармандони адрасбоф ҳамкориро ба роҳ монда, занону духтарони файзободиро ҳунари қадима омӯзонем.

Махсуддин Қодирзода-муовини раиси ноҳияи Ховалинг: -  Агар гӯем, ки маҳсули дастони сеҳрофари мардуми вилояти Суғд, ки бароямон пешкаш намуданд, беҳтарини беҳтаринҳо буд, хато нахоҳем кард. Зеро дар намоишгоҳҳо аз қуроқдӯзиву сӯзанидӯзӣ, гулдӯзиву зарзанӣ, мӯҳрадӯзиву бозичаҳои дастисохт то матоъҳои атласу адрас он қадар зебо гузошта шуда буданд, ки чашмрабо ба назар мерасиданд. Ҷилои матоъҳои тавассути дастгоҳи бофандагӣ бофташуда тани занону духтаронро зебанда буду шеъру сурудхонии онҳо ҳунармандони асилро мемонд. Бешак, ҳунармандзанони ин сарзамин сазовори таҳсину офаринанд. Огоҳии мо дар бобати фаъолияти маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и маҳаллаи Кулангири Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров басо хотирмон буд. Дар маркази мазкур 20 дастгоҳи бофандагӣ насб, 20 нафар адрасбофи соҳибкасб ба кор ҷалб ва инчунин шогирдони зиёде аз ҳисоби ҷавонзанони хонашин ва духтарон барои омӯзиши касби адрасбофӣ даъват карда шудаанд. Фаъолияти 8 нафари дигар, ки бо омодасозии ашёи хом машғуланд, хеле назаррас буда, тасмим гирифтем, ки бо онҳо шартномаи ҳамкориро ба роҳ хоҳем монд.

Кенҷамоҳ Маҷидова-муовини раиси шаҳри Кӯлоб: - Албатта, барои он нафаре, ки бори аввал сари дастгоҳи адрасбофӣ менишинад, эҳсосоти ҳаяҷоноваре падид меояд. Сари дастгоҳи адрасбофии Маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и деҳаи Кулангири Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров нишаставу аз нозукиҳои ҳунари матоъбофӣ огоҳӣ пайдо намуда, тасмим гирифтам, ки ҳарчи зудтар занону духтарони Кӯлобшаҳр низ бояд омӯзиши ин касб намоянд. Зеро дар баробари пайдо намудани шуғли доимӣ барои худ метавонанд, таъмингари эҳтиёҷоти оилавӣ низ бошанд. Ҳарчанд адрасбофиро касби душвор дарёфтам, аммо бе меҳнат роҳат ба даст нахоҳад омад. Огоҳ шудам, ки адрасро аз нахи пахта тайёр мекунанду аз он 7 намуди ресмон ресида мешавад. Аввал тор мекашанду қат карда, гул мебанданд. Нақшбандии адрас бо ҳамаи ҳафт намуди ресмон сурат мегираду дар дастгоҳ ду намуди сӯрохӣ-теғ ва гула бояд мавҷуд бошад. Аз теғу гула гузарондану ба бофтан тайёр кардани ресмони хушкшударо на ҳар кас иҷро карда метавонад. Бо вуҷуди он хоҳем омӯхт, зеро ин касбро шавқовар дарёфтам.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат, нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат маҳсуб ёфта, дар мамлакати мо ҳар сол санаи 24 ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил мегардад.

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поении давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.

Читать далее

22 November 2016

Ҷавонон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ

Дирӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии устодону донишҷўёни факултети бизнес ва идоракунӣ бо намояндаи мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд, сардори шўъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи II Файзуллозода Таваккал Аҳмадиён баргузор гардид.

Вохўриро муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Мубинахон Хоҷаева ифтитоҳ бахшида, ёдовар гашт, ки имрўзҳо дар макотиби олии касбии вилоят мулоқоту сўҳбатҳо бо ҷавонону донишандўзон баргузор гардида истодаанд. Ҳадаф аз ташкилу баргузории чунин вохўриҳо пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҷиноят, шомилшавии онҳо ба гурўҳҳои ифротӣ, ҳамчунин баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии онҳо  мебошад.

Баъдан, назди устодону донишандўзон мушовири адлияи дараҷаи II Т.А. Файзуллозода сухан намуда, афзуд, ки муҳимтарин масъалае, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин қонунвайронкуниҳо аз тарафи ҷавонон, ҳамчунин аз сабаби паст будани донишу маърифат шомил гардидани бархе аз онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ мебошад.

Дар интиҳои ин вохўрии судбахш муҳассилин аз меҳмонони мулоқот ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Н.ОХУНҶОНОВА,

мутахассиси шўъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Читать далее

Мусобиқаҳои варзишӣ

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мусобиқаҳои варзишӣ доир гашт.

Аз ҷумла дар мусобиқоти футболи хурд, ки бо ташаббуси ташкилоти варзишии «Лото-Формула-55» баргузор гашт. Дастаи «Саломатӣ» сазовори ҷои аввал, дастаи «Шифокорон» ҷои дуюм ва даста аз Ҷамоати деҳоти Патар  ҷои сеюмро соҳиб гаштанд.

Дар мусобиқоти рафиқонаи боксчиёни наврас дастаҳои Конибодом ва Спитамен бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва мусовӣ анҷом ёфт.

Дар Мактаби варзишии шаҳр мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои футбол, баскетбол, волейбол ва каратеэ, дову бокс идома дорад.

Алиҷон МАҲМУДОВ

Читать далее

Нашри фаслномаи “Ганҷи сухан”

Фаслномаи “Ганҷи сухан”, ки шумораи аввалини он интишор гардид, армуғони илмиву адабӣ ва фарҳангии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” мебошад.

Фаслнома фарогири маводҳои тозаву то имрӯз дарҷнагардидаи осори илмиву адабӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар фаслнома маърӯзаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳти унвони “Баракати Истиқлол ва ваҳдати миллӣ“ аз Конфренсияи байналмилалии “ Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ “ интишор гардидааст. Ашъори номатбӯъи Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона, ки ҳанӯз солҳои 1985-1986 эҷод шуда буд, дар бахши “Назм” ҷой дода шудааст. Ҳикояи нави нависанда Анвар Олим “Бобои Ҷумъа ва маркабаш” дар бахши наср ҷой гирифтааст.Таҳқиқоти ҷадиди муаррихи ҷавон Содирхон Умаров таҳти унвони  “Бузургмардони Хуҷанд” дар бораи рӯзгори Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ, Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ Бурҳониддин Кабири Хуҷандӣ нақл мекунад.

Ҳамчунин бахшҳои “Равзанаи таърих”, “Мутуни адабӣ”, “Мерос”,”Адабиёти ҷаҳон”, ”Мусоҳиба”, ”Ёднома”, “Тақриз ва китобиёт”,”Санъат ва ҳунар”, “Бо қалами ҳаҷв”,”Санҷиши қалам”ва монанди инҳо маводҳои хонданиро фаро гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд

Бо мақсади таъмини сокинони маркази вилоят бо маҳсулоти кишоварзии хушсифат дар фасли зимистон ва пешгирии болоравии нархи маводи ғизои аввалиндараҷа тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ин намуди маҳсулотро ташкил намуд.

Фурӯшгоҳи муваққатӣ дар мавзеи «Ситораҳои Хуҷанд» -и маркази вилоят мавҷуд буда, ба шаҳрвандон бештар аз 20 намуди маҳсулот пешниҳод гардид.

Деҳқонони шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон  маҳсулоти худро бо нархҳои аз 15- то 30 % арзон нисбати бозорҳои маъмулии шаҳр ба фурӯш гузошта, манзури харидорон намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее