November 2016

18 November 2016

Пояи боэътимоди тавоноии миллат

Тоҷикистони ҷангдида ва азияткашида пас аз мустаҳкам гардидани сулҳи воқеӣ ниҳоят нафаси озод кашид. Меваҳои ширини Ваҳдат, дўстӣ ва ҳамбастагии халқро  дар кору пайкори мардуми  тоҷик эҳсос намуд.

Дар саргаҳи ин корҳо, талошу ҷонфидоиҳо Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ҳамаи ин талошу ҷонфидоиҳои Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи давлату ягонагии миллати тоҷик, барқарор ва рушду нумўи иқтисодиёту фарҳанги он буд, ки мо-аҳли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он ғизои маънавӣ гирифта, бояд ба халқу Ватани худ хизмати холисона кунему шукронаи ин сарзамини аҷдодӣ ва мулки ободу осуда намоем.

Мутаассифона, дар ҷомеа ҳанўз ҳам гурўҳҳое ҳастанд, ки намехоҳанд, кишварамон рушд ёбаду дар фазои осоиштагӣ зиндагӣ кунем. Ҳаводиси солҳои охир дар кишварҳои араб, гаравидани чеҳраҳои ба ном сиёсӣ ба кишварҳои абарқудрат ва ба бозичаи дасти онҳо мубаддал гаштани онҳо нишонаи бехирадӣ асту халос. Кабирӣ бо содир намудани ҷиноятҳои ғайри инсониаш ба нафрати халқ гирифтор шуд ва рў ба гурез ниҳод. Ба ҷойи шукронаи Ваҳдату Истиқлолият ин шахс мехоҳад, ки номи Тоҷикистонро дар назди кишварҳои Ғарб сиёҳ нишон диҳад, вале мутмаинем, ки ба ҳадафи хеш нахоҳад расид.

Мавриди зикр аст, ки Фирдавсии бузургвор дар асари безаволи худ «Шоҳнома» аз одилии шоҳ Нўшервон чунин нақл мекунад:

«Дарахте, ки дар ҷаҳон пойдор аст ва ҳосил додани онро ҷои шакку шубҳа нест, хирад мебошад. Нахустин меваи он дили инсон аст…»

Мақсад аз овардани гуфтаҳои болоӣ он аст, ки маҳз хиради азалӣ барои миллати мо даст дод, ки дар лаҳзаҳои мушкил ва ҳассос тирагиҳову кинаҳоро аз дил берун карда, роҳи оромиву осоишро пеш гирем.

Имрўз, вақте ки ба як қуллаи бузурги шукўҳу нусратҳои Истиқлолияти давлатии хеш назар афканем, мебинем, ки меҳвари рушду нумўи давлат Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ муҳимтарин шарти Истиқлолияти давлат, пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии он ба шумор меравад.

Имрўз кулли мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз ватандориву Ватани азиз, бахти баланд ва Истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта, баҳри гулгулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва ҳифзи он талош меварзанд. Ва ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ин ҳама хушрўзиҳо тавассути татбиқи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидаасту ҳамагон дар партави он хурсандию шодмонӣ мекунанду шукронаи ин давру замон, шукронаи Ваҳдат ва сулҳи бебозгашти Тоҷикистони азизро дар қаъри дил ҷой медиҳанд.

Ўғулой  УМАРАЛИЕВА,
сармутахассиси шўъбаи тарбияи раёсати Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Муҳандиси Маҷмааи “Истиқлол”

Маркази вилоят-шаҳри Хуҷандро дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооте зебу оро дод, ки дар шаҳомат ва фарри худ беназир аст. Таҷлили ҷашни фархундаи мамлакат бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар пояи ҳамин иншоот - Маҷмааи навбунёди таърихиву фарҳангии «Истиқлол» доир гардид. 

Маҷмааи дар зебоиву ороиш беқиёс бо ҳусни худ мисоли дурдонае дар мобайни дигар иморатҳои осмонбўси шаҳри азизамон рахшон гардида, ба ҳусни шаҳр ҳусни дигар зам намуд. Муҳандиси лоиҳакаши ин иншоот бонуест  резапайкар, оддӣ, фурўтан ва соҳиби қалби бузургу нотакрор...

-Бунёди ин иншоот дар фурсати хеле кўтоҳ  ба роҳ монда шуд,-мегўяд Мағфират Зокирова, сармуҳандиси лоиҳакаши Паҷўҳишгоҳи лоиҳакашии ҶДММ “Суғдинтиз”. Вале аз лаҳзаҳои нахустини банақшагирии бунёди он то соатҳои охирин баҳри бехавфӣ, устувории пояҳои он талош варзидем…

Заҳмати Мағфират  баҳри мустаҳкамии таҳкурсӣ, ба заминларза тобоварии он, ба шамолҳои сахт муқобилистии пояҳои он нигаронида шуд.

Дастпарвари Донишкадаи политехникии шаҳри Душанбе, факултети сохтмон Мағфират Зокирова аз соли 1975 ба ҳайси муҳандис дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» ба фаъолият шурўъ карда, аз он дам нақши дастони пурэъҷозаш дар садҳо биноҳои истиқоматӣ, иншоотҳои маъмурӣ дида мешавад. Он айёме, ки ба кор шурўъ кард, дар қаламрави вилояти мо биноҳои баландошёна хеле кам буданд.  Нахустин тарҳи лоиҳаи иморати баландошёнае, ки кашид, бинои истиқоматии 45-ҳуҷрадор дар шаҳраки Шўроби Исфара буд. Сипас, бо нақши дастони  ин бону тарҳи даҳҳо биноҳои истиқомативу дигар  иншоотҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Ашт кашида ва бунёд ёфтанд, ки имрўз зебу ороиши шаҳрҳои моанд. Дар сохтмон, қоматафрозии биноҳои истиқоматии нўҳошёнаи воқеъ дар кўчаи ба номи Ленини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Бофанда, Чойхонаи миллӣ дар  Қасри Арбоб ва Амфитеатри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, азнавсозии меҳмонхона дар кўчаи ба номи Ленини шаҳри Хуҷанд, бунёди Парчам дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, Оромгоҳи Хоҷа Камол дар Маҷмааи фарҳангиву фароғатии Боғи Камоли Хуҷандӣ, Кохи фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов, Кохи фарҳанги ноҳияи Ашт, ки ҳар кадоме дар мустаҳкамӣ, дар ҳусну дилрабоӣ нотакроранд, нақши дастони ин муҳандиси соҳибтаҷриба боқист.

-Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Истиқлол» минбаъд бо бунёд ёфтани бинои Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба мавзеи серодам табдил мегар-дад. Аз ин рў,  устуворӣ, мустаҳкамӣ, тобоварии он бояд бе ягон шакку шубҳа бошад, - мегўяд  муҳандис. Дар бунёди он тамоми қоидаҳои сохтмони ҷумҳурӣ риоя гардидааст, экспертии металли мамлакат низ баҳои сазовор додаанд. масолеҳи истифодашуда низ  ҷавобгўи талаботанд. Ба устувории он намояндагони Вазорати 

Чӣ тавр ҳам лоиқ ба баҳои баланд набошад, ки барои аз санҷиши устуворӣ гузарондан худи муҳандиси  лоиҳакаш 45 маротиба тарҳи онро аз нав кард.

Умуман, ин бонуи муҳандис  тибқи  Барномаҳои  пешқадамтарини сохтмонӣ «Автокарт», «Лира», «Текла» фаъолият мебарад, ки барномаҳои байналмилалӣ ва русиягӣ мебошанд.

Аз пайроҳаи хонааш, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ қадам мезанад. 

Зери қадамаш баргҳои тиллоии дарахтон  хишир-хишир садо мебароранд, вале вай  ғарқи андешаҳои худ садои зери қадамҳояшро низ эҳсос намекунад … Шояд ин дам сарнавишти рангинашро аз пеши назар як - як мегузаронад. Ва ё шояд сатрҳои нави шеърӣ дар андешааш  таровидаанд ва ё ин бонуи мушкилнописанд тарҳи нави лоиҳаи муҳандисиро  аз мизони андеша мегузаронад…

Чӣ дунёест дунёи дили зан! Беҳуда намегуфтаанд: Зан - фасонаи ногуфта, зан - асрори нуҳуфта…Бо сиришти ин зан ошно гаштаму ба  ин суханон имон овардам…  Аз сари ин бонуи наҳифтан, вале соҳиби қалби бузург  чӣ рўзҳо, чӣ тўфону талотумҳо  гузашт, танҳо худаш медонаду Парвардигор, ки он, ба қавле, як китоби ибратомўзи ҳаёт аст. Вале дар лаҳзаҳои мушкилтарини ҳаёт иродаи матину  рўҳи қавӣ, нидои рўҳи авлоди асилаш ба будан, амал кардан, зистан даъваташ менамуд ва ў худро ба назари  аҳли ҷомеа нишон медод, - бо амалҳои некаш, бо тарҳҳои нав ба нав…

Мағфират Зокирова (Мағфират Шукўҳӣ) зодаи хонадони барўманди сарзамини тоҷикон, фарзанди дилбанди шоири хушилҳом Аминҷон Шукўҳӣ аст. Бештар аз чиҳил сол инҷониб дар рушду нумўи диёри худ хизмати арзишманд мегузорад. Шабеҳи қиблагоҳии бузургвораш, ки бо шеърҳои обдори худ қалбҳоро  тароват мебахшид, бо эъҷози зеҳну дасти ҳунармандаш шаҳру деҳи Тоҷикистони азизро зебу оро, ба дилҳо суруру шодмонӣ мебахшад. Шеър ҳам иншо мекунад, гоҳо табу тоби қалби пурсўз, таровишҳои эҳсос ба ихтиёри қалам вомегузорад. Шеърҳояш баёнгари рози дил, ишқи беҳудудаш ба зиндагӣ, ба пайвандонаш аст…

Алҳол Мағфират  дар  тарҳрезии иншооти нав-Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд кор мебарад. Фурсате мегузараду  боз як иншооти  дилрабои замонавӣ зеби  диёри мо мегардад.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

17 November 2016

Ҷоизаи махсуси «Комсомольская правда» ба журналисти тоҷик

Хабарнигори тоҷик, котиби масъули маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» Насрулло Тўйчизода барои иштирок дар озмуни байналмилалии журналистии «Наслҳои ҷаҳон» («Поколение мира») сазовори ҷоизаи махсуси нашрияи «Комсомольская правда» гардид. Ин ҷоиза ба се нафар хабарнигор - Анастасия Хатиашвили (Гурҷистон), Елена Маркова (Россия) ва Насрулло Тўйчизода (Тоҷикистон) насиб гардид.

Озмуни мазкур дар аввали соли ҷорӣ аз ҷониби хазинаи байналмилалии «Русский мир» эълон шуда буд. Дар он беш аз 130 кори журналистӣ аз кишварҳои  олам ворид шуда, нашрияи «Комсомольская правда» низ тасмим гирифт, дар қатори муассисон ба се хабарнигор ҷоизаи махсуси худро таъсис диҳад.

Ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ  дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва дар доираи баргузории Ассамблеяи 10-умини Хазинаи “Русский мир” ба хабарнигори тоҷик Насрулло Тўйчизода Роҳбари Департаменти ҳуқуқи муаллифӣ ва лоиҳаҳои байналмилалии ҶС «Хонаи ноширони «Комсомольская правда» Митюсова Татяна Владимировна супорид. Ҳамзамон ў қайд намуд, ки аз байни корҳои зиёди эҷодӣ ин се нафар бо нигоҳи тоза дар ҷодаи журналистӣ ва тарзи баёни худ фарқ мекунанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рӯзи Президент муборак

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич мулоқот бо омӯзгорону хонандагон ва аъзою ҷонибдорони фаъоли намояндагии ташкилоти ҷамъятии ҷавонони «Созандагони Ватан» аз Гимназияи №1 баргузор гардид. 

Раиси намояндагии ташкилоти ҷамъятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов бо ин ҷашни фараҳбахш тамоми омӯзгорону хонандагонро муборакбод намуда, қайд намуд, ки шараф ба абармарди бузурги миллат, ки чунин шароитҳои арзандаи зисту зиндагониро дар ҳамдастиву якдилӣ бо ҳаммаслаконашон барои мову наслҳои мо муҳайё сохта истодаанд. Аз баски тамоми иқдому пайкори Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз аз ватандориву ватанпарастӣ, созандагиву бунёдгузорӣ, муҳайёсозии шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишоф, амнияту ободии халқу давлат шаҳодат медиҳанд. Имрӯз ҳар як фарди пиру барнои тоҷикистониро месазад, ки аз чунин Пешвои миллат ифтихор дошта бошанд, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осуда кунанд, баҳри ободии хонаводаву диёр ва кишвари хеш камари ҳиммат бубанданд. Дар партави сиёсати пешгирифтаи чунин марди бузурги миллат ва бо дуои неки падарону модарон ба қуллаҳои баланди мурод расанд.

Сарвари гимназия Марҳамат Усмонова барои ташрифи намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич миннатдории аҳли таълимгоҳро баён намуда, қайд намуд, ки ноил гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ ва барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ хизмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бепоён мебошад.

Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Баргузории чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Президент дар Қасри фарҳанги “Суғдиён”

Шоми чаҳоршанбеи 16 ноябр дар Қасри фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ манзури сокинон гардонида шуд.

Дар ин чорабинии идона, ки бо ҳузури фаъолони шаҳру навоҳии вилоят, олимон, шоирону нависандагон, намояндагони васоити ахбори омма, ҷавонони фаъол ва сокинони касбу кори гуногуни маркази вилоят баргузор шуд, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ иштирок намуд.

Читать далее

Маданияти заминдорӣ

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон дар масоҳати 2080 га кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки ин 101 фоизи нақша мебошад.

Илҳом Аҳмадов-муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳия иброз дошт, ки дар ноҳия барои кишти такрорӣ шароити мусоид фароҳам оварда, заминҳо бо оби полезӣ таъмин гаштаанд. Агар соли гузашта ҳамагӣ дар масоҳати 2000 га кишти такрорӣ гузаронда шуда бошад, имсол  нақшаи дурнамо 2080 га буда, имрўз кишти такрорӣ ба 2101 га расидааст.

Саҳмдорон имсол дар масоҳати  1031,6 га ғалладонагиҳо кишт намуданд, аз он 1011 га мош, 20,6 га шолӣ, 691,6 га ҷуворимакка барои силос, 276,3 сабзавот ва дар 80,6 га полезӣ  мебошад. Заминҳои бекорхобида қариб, ки ба назар намерасанд.

- Соли равон аз кишти такрории гузаронидашуда деҳқонони ноҳия аз ҳар гектар зиёда аз 30 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки ин, албатта, ба беҳдошти иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад.  Афсўс ки солҳои пешин ба чунин намуди корбарӣ, яъне кишти такрорӣ на он қадар эътибор дода мешуд. Бо ҳидоят  ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ хоҷагидорони ноҳия кишти такрориро пеш бурда, аз он басо манфиат дида истодаанд.

Бино ба гуфти коршиносони соҳа, кишти такрорӣ аз ҳар ҷиҳат барои деҳқонон муфид буда, баҳри беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Қадрдонии муҳақкиқи ҷавон

27-28 октябри соли 2016 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми ХI зиёиёни эҷодкор ва илми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки ташаббускори он Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ мебошад. Фонди мазкур соли 2006 бо қарори Сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил ёфтааст ва онро ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон ба имзо расонидаанд.

Ба Форуми Х1 зиёиёни эҷодкор ва илм муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистонро унвонҷўи кафедраи таърихи Ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мавлуда Каримова намояндагӣ карда, сазовори Ҷоизаи «Содруҷества дебютов» гардид.

Айни замон Мавлуда Каримова рисолаи номзадиаш «Аз таърихи чорабиниҳои эвакуатсионии Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро ба анҷом расонидааст.

Зўҳрохон ЗОКИРОВА,
омўзгори ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Таҷрибаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Суғд дар дигар манотиқи Тоҷикистон истифода мешавад

Нимаи дуюми 15 ноябр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба рушди ҳунарҳои мардумӣ семинар-машварат баргузор шуд.

Дар ин семинар - машварат мудирони бахшҳои кор бо занон, муовинони раисони  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, масъулини дахлдори соҳаҳои гуногун вилояти Суғд иштирок доштанд.

Читать далее