November 2016

16 November 2016

Мо ҳамеша бо Пешвои миллат

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо омӯзгорону хонандагони фаъоли муассисаи таълимии №16-и ноҳияи Деваштич вохӯрӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилов мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо таҷлили ин ҷашни мукаддас табрику муборакбод карда, хонандагонро ба донишомӯзӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намудани омӯзгоронро яке аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморид.

Раиси НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Дар баромади хеш зикр кард, ки пас аз талошҳои чандинсола баҳри расидан ба сулҳу ваҳдат, пойдории миллату давлат, эҳёи тамаддуну фарҳанги миллӣ, гузоштани заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими қонуният иқдомҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди босуботи кишвар нигаронида шудаанд, то ки ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувари иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамешагӣ таъмин гардад. Дар итмоми мулоқот хонандагон дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат намуда, аз дастгирии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли наврас изҳори сипос карданд.

Лоиқ ТЎЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Чароғи роҳнамои рўзгори босаодат

Вақте ки  фарзанди номвар  ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуданд, Ватани нав ба  истиқлол расидаи  Тоҷикистон  рўзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои  хунин  боиси хисороти зиёди  моливу  ҷонӣ гардида, ба парокандагии мамлакат  ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва  матонат халқи тоҷикро  сарҷамъ  намуда, садҳо ҳазор ғурбатзадагонро  ба Ватан баргардонданд.

Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ харобаҳо  ба мавзеъҳои обод табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гўшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва баҳри мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта  шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои  кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои  қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо  маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи  мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ  пайдо кардаанд.  Мукофоти  ин ҳама заҳматҳо, ҳамчунин ҳусни таваҷҷўҳ  ва эҳтироми бузурги ҷомеаи  ҷаҳон мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат  ба Сарвари  донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва  ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Роҳбари давлат, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои  дохилӣ дар ҷаҳон  шаҳодат  медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони  қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда,  дар сари  дастгоҳи давлатию  сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти  низомӣ нашинондааст.

То имрўз Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  беш аз 194 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва бо 150 давлати ҷаҳон шартномаҳои гуногун имзо шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани  Оинномаи  Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии  худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар  аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву наҷодӣ,  амалӣ менамояд.

Эмомалӣ  Раҳмон  ба ивази  саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон,   таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонашон дар вусъати муносибатҳои  дўстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо  ва созмонҳои  гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидаанд.

Дар марҳалаи нави  бунёди  давлати  ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати  куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму  шафқат ва қобилияти нотакрори  ваҳдатофариро ато карданд ва маҳз  ҳамин  ҳамоҳангӣ ҷомеаро  ба сатҳи  баланди  хештаншиносӣ расонид.

Барои таҳкими асосҳои  давлатдории навини тоҷикон, ки воқеан орзуи беш аз ҳазорсолаи ниёгони сарфарози мо баъди пош хўрдани давлати бузурги Сомониён буд,  бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 20 соли охир корҳои зиёде анҷом  дода шуд, ки  пурарзиштарини онҳо бунёди роҳи оҳани Қўрғонтеппа – Кўлоб,  сохтмон ва навсозии  2700 километр роҳҳои  мошингард, 31 километр нақб ва беш аз 200  пул,  аз ҷумла роҳҳои  мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Мастчоҳ – сарҳади  Ўзбекистон, Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Кўлоб – Қалъаи Хумб -  Хоруғ – Қулма – сарҳади Чин, Айнӣ – Панҷакент,  Душанбе – Қўрғонтеппа – Дўстӣ – Панҷи Поён – сарҳади Афғонистон,  панҷ  пули мошингузар  дар болои  дарёи  Панҷ  миёни  Тоҷикис-тону  Афғонистон, ки дар  мавзеъҳои Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ, Қалъаи Хумб ва Панҷи  Поён  қарор доранд, ба кор  даромадани  нерўгоҳҳои  барқи  обии «Сангтўда  - 1» ва «Сангтўда - 2» авҷ гирифтани  корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ  ба идомаи  сохтмони нерўгоҳи азими «Роғун», оғози навсозии  куллии  нерўгоҳи бузурги «Норак», бунёди қариб 300 нерўгоҳи  хурди  барқи обӣ дар минтақаҳои  гуногуни кишвар, аз болои  қуллаҳои  сарбафалаки кўҳистон  кашидани хатти 500 - кВт барқии  Ҷануб – Шимол,  тақсими 75 ҳазор гектар замин  ба деҳқонон ва соҳиби замин кардани  истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, қариб, ки ба ҳамаи аҳолии деҳоти тоҷик тақсим карда додани замини наздиҳавлигӣ ва даҳҳои дигар мебошанд.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Пешвои миллат ба гирифтани медали тиллоии Корпуси байналмилалии Сулҳ, Ситораи тиллоии Алберт  Швейтсер, Ордени алмосдори Ситораи сарпараст ва унвони фахрии профессори Академияи  умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи  илмҳои  гуманитарӣ сазовор дониста шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда меӣената» (Ситораи сарпараст)  - Ҷоизаи олии ҷамъиятии бунёди байналмилалии хайрияи «Меӣенат столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рўзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротвореӣ» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси  халқи  (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Ордени княз Ярослави Ҳаким, дараҷаи 1, Ордени «Барои хизматҳо», дараҷаи 1-и Украина, Медали тиллои ЮНЕСКО барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ордени тиллоии «Эҳёи Роҳи абрешим», Медали тиллоии ба номи Николай Блохин, «Нишони Покистон»-олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии  Покистон,  ордени Шўрои  Олимпии Осиё ва унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо-Пешвои асри ХХI ва дигар мукофоту  ҷоизаҳо  сарфароз  гардидаанд.

Ба гирифтани мақоми баландунвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол-Пешвои миллат ноил гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи хизмати шоёнашон дар назди халқу Ватан дар солҳои Истиқлолият мебошад. 

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Парчамбардори номуси миллат

Санаи 16–уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеаи таърихӣ – Иҷлосияи наҷотбахши миллат оғоз ёфт, ки он минбаъд ба тақдири Тоҷикистону тоҷикистониён сахт пайванд гирифт.

Иҷлосияи наҷотбахши Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барўманди халқи тоҷик, эҳёгари давлати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба давлати Тоҷикистонро дода, ҳамзамон ба зиммашон вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шудан ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомўш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии интизоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври  оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».

Сарвари кишвар ҳамчун парчамбардори номуси миллат на танҳо дар раванди эҳёи миллӣ кўшиш намуданд, балки дар муттаҳид гардонидани тоҷикони ҷаҳон ва баҳамоии онҳо нақши равшан гузоштанд. Сиёсати бунёдкоронаю созандаи асосгузор ва таблиғгари боэътимоди сулҳи саросари кишвар дар анҷуманҳои сиёсии ҷаҳоншиносон мавқеи тозаеро касб намудааст, зеро ин фарзанди фарзонаву худогоҳ, бедордилу равшанзамир дар ҳама ҳолат ва дар ҳар замон бахти баланди худро дар саодати халқи худ дидаанд.

Боиси хурсандист, ки имсол пиру барнои кишварамон дар фазои сулҳу Ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва рўҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирифтанд. Бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат дар давоми 25 сол симои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олами маънавии он ба куллӣ тағйир ёфт. Тоҷикистон аз давлати аграрию саноатӣ ба давлати саноатию аграрӣ сабзида расида, дар татбиқи ҳадафҳои созандаву ободгаронаи стратегии худ устуворона пеш меравад. Имрўз Пешвои миллат сиёсати давлатро ба масъалаи боз ҳам беҳтар намудани зиндагии ҳар як шаҳрванд равона намудаанд. Таъмини тартибу низом, сулҳу салоҳ, ҳамзистии осоиштаи ҳамаи мардум новобаста аз миллату эътиқоди динӣ, ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбанд. Халқи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат имрўзҳо ҳадафи бузург – бунёди давлати соҳибистиқлол, аз лиҳози сиёсӣ мустаҳкам, дунявӣ ва демократиро, ки дар он некўаҳволӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум таъмин аст, сарбаландона амалӣ менамояд. 

Афзоиши босуръати иқтисодиёти кишвар, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар саросари ҷумҳурӣ, боло рафтани ҳисоби миёнаи дарозумрии аҳолӣ, ҳамчунин қабул гардидани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, ки дар асоси он се омил – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар меистад, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошад, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд.

Имрўз мамлакат сиёсати “дарҳои кушод”-ро пеш гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 140 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта, бо он робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию  сиёсӣ ва илмию фарҳангиро густариш медиҳанд. Имрўз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерўи тавонбахши ҳаёт мебошад, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат ба даст омадаанд.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳурмату эҳтироми насли калонсол, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ аз хизматҳои содиқонаи ҷавонон, занону духтарон, тарбияи насли ҷавони ояндасози миллат, дастгирии ятимону бепарасторон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа ба ҷо оварда шуда, онҳо бо ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирифта шудаанд.

Мо-мардуми шарафманди тоҷик, пеш аз ҳама, ифтихор аз он дорем, ки чунин Пешвою раҳнамо, ҳидоятгари сулҳофарин ва Асосгузори воқеии Тоҷикистони мустақил моро ба сўи музаффариятҳои нав, созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят намуда, кафили зиндагии осоиштаву ободии кишвар гардиданд. Эътирофи мақоми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад.

Фаррух Хоҷазода Ҳабиб,
судяи Суди иқтисодии вилоят

Читать далее

Нуру сафои миллат

“Мо як Ватан, як забон, як давлат ва як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!”

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар қатори хонандагони беш аз шаш ҳазору ҳафтсад нусхаи “Ҳақиқати Суғд” дар шумораи №47, аз 19-уми апрели соли 2016-и ҳамин нашрия дар саҳифаи аввал пайғомеро таҳти унвони “16-уми ноябр ҳамчун “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон мегардад” бо як рўҳбаландии бузургу беқиёс мутолиа намудем. Дар пайғом мехонем: “Дар оянда рўзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон ва таҷлил карда шавад”.

Аз ин пештар, яъне 11-уми апрел аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид»-ро муҳокима намуданд.

Пайғоми басо фараҳафзои қалбҳои мардуми сарбаланди тоҷик аст! Сарчашмаи иқдоми накў ва ибратомўз, дилбандӣ ба рўзгори босаодат таҷрибаи ҳаёти воқеист.

Барои ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусаллам аст: саҳми арзанда ва бунёдии ҳар иқдоми Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории навини кишвари тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмину тақвияти сулҳу Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибор, мақому манзалат ва шинохти бебадалу беқиёси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  ҳамчун ойинаи пурсафову пурҷило маънидод карда мешавад.

Ин аст, ки азму субот, ғайрату корбарӣ, ҳидояту раҳнамоиҳо, дастуру супоришҳои фарзанди дилбанду худшиноси миллат – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бахти тоҷикон, шукронаи ин миллати тамаддунсозанд, саодати халқи тоҷиканд.

Ана дар хулосаи ҳамин фикру андеша мо ҳамчун зумрае аз эҷодкорони соҳаи матбуоти кишвар дар Рўзи фараҳмандӣ аз суботу ҳуввияти миллӣ – Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳоми тоза гирифтаем ва ин сатрҳоро ба рўи коғаз овардаем. Ин Рўзи махсуси пурфайз, пурнур ва пурсафост, ки миллати тоҷик интихоб кардааст. Салламно!

Ҳар рўзи даврони соҳибистиқлолии Ватан барои мардуми тоҷик – ғаллакор, чорводор, пахтапарвару боғбон, косибу ҳунарманд, эҷодкору созанда ва ободгар пурнозу неъмат ва ҷолибу файзбахш мегузарад. Бар иловаи ин, рўзи 16-уми ноябр – «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардидан барои халқи тоҷик – миллати ободкори тоҷик сарбаландии басо бузург буда, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат хосияти калон пайдо намуд. Чунин маънӣ, ин ҳақиқати ҳаётӣ, ба дилу дида ва шуури мардуми тоҷик роҳ ёфт. Чи бузургсолу чи ҷавонсол акнун мебинанд, ки дар давоми чаҳоряк асри замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он қадар корҳои созандагиву ободгариҳо пеш рафтанд, анҷоми фараҳбахш пазируфтанд, ки беихтиёр ба роҳи тайкарда назора мекунем ва ҳар дафъа дар пеши назарамон ин роҳ торафт васеътар, пурвусъат шудан мегирад. Кунун бо ҳидояту дастурҳои Сарвари муаззами давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик, аз он ҷумла мардуми вилояти Суғд аз роҳи тайкардаи худ, аз сарсабзу хуррам ва кушоду беканор будани сарзамини худ фараҳмандӣ мекунанд, дилҳошон сафо мегиранд.

Мегўянд: вақте ки ба қуллаи дилхоҳи худ мерасед, водиро гўё дар кафи даст мегиред.

Монанди ҳамин, 27-уми июни соли 1997 дар роҳи тайкардаи мо ҳамон қуллаи баландест, ки мо бар сари он истода, водии ҳаёти хушбахтонаи худро як бори дигар аз назар мегузаронем, бо  гузашта қиёс мекунем, аз ҳозирааш шод мешавем ва ояндаашро тасаввур карда, дар ҳайрат ва таваҷҷўҳ мемонем. Рўзи Ваҳдати миллӣ тақдирсози миллати тоҷик гардид.

Ин рўз авроқи китоби тақдир ва саодати мардум шуд, ки абадӣ аз сулҳу Ваҳдат нишона монад, то ин ки ҳам мо - авлодҳои имрўза, ҳам наслҳои ояндаи мо як рўзи худ, як рўзи ҳаёти халқ, ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо,  деҳоти худро бо он рўз муқоиса кунем, рўзгорамон, ободиву шукуфоии Ватанамонро беҳтару хубтар намоем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Суғд ва иштирокашон дар расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят бо қаноатмандӣ изҳор доштанд: «Дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам боиси ифтихору таҳсин мебошанд».

Соли 2016-ум барои мардумони соҳибиқболи тоҷик соли таърихӣ ва фараҳмандӣ маҳсуб меёбад. Ҷашни чаҳорякасраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хотирмон, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил карда шуд. Биёед, акнун ба вилояти Суғд, ба маркази он – ба Хуҷанди ҳамешаҷавон назаре биандозем. Дар рўзи чаҳоруми сафари кории худ ба шаҳру навоҳии вилоят дар маркази шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд.

Ҳамин иншооти таърихӣ – фарҳангӣ бе ягон муболиға, меваи Истиқлолияти давлатӣ буда, решаи дарахти ҳамешасабзаш аз сиёсати оқилонаву созандагии Сардори давлат ба ҷомеаи имрўза баҳраманд аст. Маҷмааи милливу сохтмони миллӣ, заҳматҳои сохтмончиёни миллӣ дар китоби рўзгори кишварамон саҳифаи тозаеро кушодаанд. Аз ин лиҳоз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани он бо иштироки Пешвову Сарвари ояндасоз, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахти хандон, саодати фурўзон ва шукргузории бемайлони бузургсолону ҷавонсолон  аст.

Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ роҳи миллати тоҷикро ба тамаддун ва ба қуллаи он худшиносии миллӣ, ҳуввияти ватандорӣ расондаанд. Дар миёни ҳамин қадар ободӣ, зебу фар, дар миёни ҳамин қадар боғу хиёбон гули асосӣ, ганҷи бебаҳо одамонанд. Мардуми тоҷик ободгаранд, созанда ва хушкоранд. Онҳо дар боғи зиндагӣ ниҳол шинонда, баробари ниҳолони дастпарвари худ камол ёфтаанд, яъне обу ҳавои Истиқлолият мусоидгари онҳо шудаанд.

Дар зери Парчами миллии кишвар ҳамаи орзу ва умедҳои мардуми тоҷик гул кардаву минбаъд ҳам мешукуфанд.

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати соҳибиқболи тоҷик рўзи бузургтар ва муқаддастар шинохта шудаасту дониста мешавад, ки ба сўи ояндаи пурфараҳ ҳама дасти якдигар гирифта, сарҷамъона раҳсипоранд.

Ҳоло дар тафаккур ва лавҳи хотири аҳли кишвар тантанаи ҷашни Наврўзи ҷумҳуриявӣ дар маркази вилоят бо номи «Корвони Наврўз» танинандозӣ дошта, дилҳоро боғ-боғ шукуфоӣ дорад ҳанўз. Чорабинии миллӣ – расми гузашти низомӣ ва роҳпаймоии сокинони вилоят бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Роҳи бахти тоҷикон» басо дилангез ва шавқафзо дар таърих мемонад.

Иқдомҳои шоиста пайваста дастгирӣ ва ҳадафмандона амалӣ мешаванд.

Аз «Корвони Наврўз» то «Роҳи бахти тоҷикон» аз зумраи чорабиниҳои ҳамойишие буданд, ки мақсадҳои мардумонамонро дар оинаи ҳаёт муҷалло сохтаанд, ба таҷрибаи рўзгори кишварамон таҳким бахшидаанд.

Кунун манзалати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ вирди забони шоирон ва ҳофизон гардидаанд. Аз ибтидои бахту саодати мо бисту панҷ сол гузашт, он кунун сарнавишт аст, худшиносии миллӣ аст, ҳуввияти миллӣ аст.

Оре, бисту панҷ сол як нафаси таърих аст. Аммо барои фарзанди инсон чаҳоряки аср мебошад. Бисту панҷ сол  ин дар муҳити созгор зистан, обод намудан, сохтан ва иқбол ёфтану саодатмандӣ кардан аст! Имрўз дўсте нест, ки аз дўстии худ бо мо ифтихор надошта бошад. Ҷаҳониён имрўз дар ҳаваси сулҳу Ваҳдати миллии тоҷикон, ободӣ ва бахту саодати мардуми мо мебошанд. Чунки ҳар қадами давлати соҳиб-истиқлоли мо қадамест ба сўи бахту саодати хурду бузургсолони кишвар.

Ҳар иқдом, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами мо, ҳар сухану роҳнамоиашон ангушти моҳирест, ки гиреҳи сахти мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиро мекушояд, Истиқлолияту Ваҳдати миллиро таҳким мебахшад.

Иқдоми аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми соҳиби иродаи накў ва дилу нияти нек будаи тоҷик ҳамрадиф шуда, бо ибораи дигар, дар дили софу поки худ, дар диле, ки гўё қалби тамоми сокини некназари ҷаҳонро дар худ муҷассам кардааст, рост омадааст. Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рўзи мурод аст, мақсади некў аст, бо дилу нияти амонии мо аст. Рўзест, ки барои давлати мо, миллати мо, барои сиёсати оқилона, одилона ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, ҷомеаи ҷовиди тоҷикон муборак арҷ дорад. Ин рўзро мо бо ҳамаи некӣ ва беҳбуди он, бо ҳамаи шаъну шараф, шўҳрат ва манзалаташ дар дили худ, дар тафаккури худ нишона мегузорем, то ки умр боқӣ бошад, яке аз некўтарин рўзҳои истиқболи пурнури худ онро мукаррам медонем.

Боз ба саҳифаҳои «Ҳақиқати Суғд» бо мароқ ва шавқи афзун назар карда мехонем: дар шумораи №122 аз 13-уми октябри соли 2016 таҳти унвони «25 сифоти Пешвои миллат» маводи саршор аз меҳру муҳаббат нашр шудааст. Аз ҷумла чунин ифода ёфтааст: «Ўро падари миллат меноманд ва ин танҳо барои он нест, ки ў Сарвари кишвар аст, балки воқеан ў падари тамоми бепадарону ятимону маъюбон ва камбизоатон аст, аз ҳоли онҳо огаҳ буда, дасти кўмаку навозишаш бар сари онҳо мерасад ва тамоми ятимон мегўянд: - Мо ятим нестем, зеро падар дорем ва падари мо Эмомалӣ Раҳмон аст».

Давоми чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ мардуми мо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба он комёбиҳое мушарраф шуданд, ки он ҳама қалби тамоми ҳамватанонамонро нерўманд гардондаанд. Тасаввур мекунем, ки бисту панҷ соли оянда, бисту панҷ соли таҳкими сулҳу амният халқи мо, давлати мо, соҳибистиқлолии кишвари моро боз ва боз ҳам ба чӣ рўзҳои наҷибтаре, фараҳбахштаре ва пурсафотаре бурда мерасонад!

Биноан, бо нуру сафои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон бахтёр ҳастем, нерўмандона кору пайкор дорем, созандаву ободгар ҳастем ва ҳамин хел накўниҳод мемонем!

Муқим АБДУРАҲМОНОВ,
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
собиқадорони матбуоти тоҷик

Читать далее

Ҷаласаи корӣ бо иштироки гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба масъалаи зимистонгузаронӣ ва вазъи соҳаи саноати вилояти Суғд

Дирӯз, 15 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат, сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузоронӣ Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба масъалаи зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуд ва сипас оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ҳисобот дод.

Читать далее

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар асоси интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Ҳамчун иштирокчии Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он солҳои пурошўб хуб дар хотир дорам, ки вазъи иқтисодию сиёсии кишвари мо дар солҳои 90-уми асри гузашта бо сабабҳои пошхўрии давлати абарқудрати шўравӣ ва ба амал омадани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хеле мушкил ва идоранашаванда гардида буд.

Дар он рўзҳо мардуми ҷумҳурӣ дар ҳолати ниҳоят ногувор қарор доштанд ва ба давлати ҷавони соҳибистиқлоли мо хатари аз байн рафтан таҳдид менамуд.

Дар чунин вазъият хизмати бузурги таърихии вакилони ҳамонвақтинаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки нисбати интихоби Сарвари ояндаи давлат - Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурандешонаю оқилона рафтор карда, яке аз вакилони фаъоли Шўрои Олӣ, ҷавони сарсупурдаи миллат, инсони боиродаю ҷасур ва ба қавли додааш вафодор Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд.

Қадамҳои аввалини ҷасуронаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳам овардани ҳамаи гурўҳҳо, музокиротҳои таҳаммулпазиронаи вай бо сарварони мухолифин, мулоқотҳои самимонаи Сарвари тозаинтихоби давлат бо сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар ҷиҳати таъмини оромии сиёсӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ боварии мардумро ба дурандешии сиёсию ҷонфидоии ин роҳбари ҷавон ва ояндаи неки мамлакат зиёд менамуд.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки фаъолияти шабонарўзии Сардори давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми тоҷик имкон дод, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуда, сокинони мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, рушди бонизоми иқтисодиёт бештар машғул гардида, ҷиҳати дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрўю нуфузи давлати соҳиб-истиқлоли Тоҷикистон тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд.

Дастовардҳои мардуми Тоҷикистон дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми минтақаҳои мамлакат корҳои беназири ободонию созандагӣ анҷом дода шуда истодааст ва натиҷаи сиёсати дурандешонаи дохилию хориҷии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрўз мо дар фазои ороми сиёсӣ умр ба сар мебарем.

Ҳар фарди боимону боинсоф бояд ба ёд оварад, ки дар он солҳои мудҳиши 90-уми асри гузашта халқи мо чӣ қадар азобу нороҳатиҳоро аз сар гузаронид ва имрўзҳо сокинони бегуноҳи минтақаҳои ҷангзадаи баъзе мамлакатҳо (Сурия, Ироқ, Украина ва ғайраҳо) дар чӣ ҳол қарор доранд.

Мо набояд онро низ фаромўш кунем, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон боиси куштори бисёр олимону донишмандони бузург, мутахассисони варзида ва ҳазорҳо нафар шахсони бегуноҳ гардида, ба иқтисодиёти давлати мо бештар аз 10 миллиард доллари ИМА зарари молиявӣ расонида буд ва дар чунин шароит зимоми роҳбарии давлатро ба ўҳдаи хеш гирифтани Эмомалӣ Раҳмонро худ як қаҳрамонӣ буд.

Мулоқотҳою вохўриҳои кории Сардори давлат бо сокинони кишвар, сўҳбатҳои самимонаи ў бо аҳли адаб, донишмандон ва ҷавонон, алалхусус муносибатҳои падаронаи Пешвои миллат бо шахсони маъюбу бепарастор аз он шаҳодат медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат Президенти мардумӣ мебошанд.

Соли оянда ҷашни бузурги умумидавлатӣ - 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегарданд ва дар арафаи ин санаҳои таърихӣ, бешубҳа, анҷом додани тадбирҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ дар назар дошта шудааст, ки баҳри амалигардонии онҳо ба ҳар яки мо зарур аст, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, ҷиҳати боз ҳам устувор гардонидани пояҳои Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар саҳмгузор бошем.

Карамулло ОДИЛОВ,
собиқадори хизмати давлатӣ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Читать далее

Ҳомӣ ва пуштибони волоияти қонун

Дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа, ки имрӯзҳо ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон зиндагии осударо соҳиб аст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нақши арзанда доранд. Дар ин муддат кормандони мақомоти милитсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди Истиқлолият ва халқи кишвар будани худро исбот намуданд. Баҳои воқеии ин гуфтаҳоро мо аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дармеёбем:  «Кормандони далеру шуҷои милитсияи тоҷик дар ин давра аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд ва исбот карданд, ки онҳо воқеан ҳомии боэътимоди манфиатҳои давлат ва муҳофизони оромиву суботи ҷомеа мебошанд».   

Таваҷҷӯҳи хоса ва баҳои мусбати Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун қувваи нерӯдиҳанда масъулияти кормандони милитсияро даҳчанд баланд мебардорад. Кормандони милитсия ҷавобан ба чунин эътимод ба Савганди худ содиқ монда, дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти ҷиноӣ дар сафи пеши мубориза меистанд, то ин ки ба боварии мардум сазовор шаванд.

Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари ҷавони мо ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ доираи васеи вазифаҳо: таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷомеа, оромию суботи кишвар, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, моликияти давлат ва шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он, тафтиш ва таҳқиқи ҷиноят ва кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, назорати низоми шиносномавӣ ва бақайдгирии шаҳрвандон, таъмини қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар уҳдадориҳои хизматӣ вогузор гардидааст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯзҳо, албатта, ин мақомоти бонуфузи кишвар аз ӯҳдаи иҷрои рисолати пурифтихори бардӯшдоштааш бошарафона баромада истода, заҳмате, ки кормандони милитсия дар роҳи фаъолияти хеш мекашанд, воқеан душвор аст, вале барои садоқат ба Савганд, Пешвои миллат, Ватан ва ҳимояи мардуми кишвар, аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи милитсия мардонавор камари ҳиммат бастаанд.

Таи чанд соли охир аз баракати Истиқлолият ва сиёсати бунёдкоронаи сарвари давлат тамоми сарзамини мо аз дурдасттарин музофотҳо то шаҳру шаҳракҳо ободу зебо гардида истодаанд. Аз чунин созандагиву бунёдкориҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷумла вилояти Суғд низ бархурдоранд. Бо дастгирии ҳукумати мамлакат таҳкурсии моддиву техникиии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо иншоотҳои замонавӣ ва таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад. Дар асоси ҳидоятҳои наҷибу хирадмандонаи Президенти кишвар роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Точикистон ва Раёсати он дар вилояти Суғд низ ба масъалаи ободонии биноҳои маъмурии хизматӣ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири корӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии кормандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Албата чунин тадбирҷӯӣ дар фаъолияти хизматӣ бетаъсир нахоҳад монд.

Бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои дохилӣ дар 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ ба сохтори муҳим табдил ёфта, дорои базаи мустаҳками кадрӣ, таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бинову иншоотҳои замонавӣ ва кормандони аз лиҳози донишу маҳорат ва малакаи касбӣ пешрафта гардид.

Давоми 5 соли охир даҳҳо биноҳои маъмурии шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз нав бунёд ва таъмиру тармим гардида, иншооти хадамоту бахшҳои алоҳидаи мақомот аз нав сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла якчанд аз ин иншоотҳо бо иштироки бевоситаи роҳбари давлат Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат ҳангоми ба истифода додани бинову иншоотҳои маъмурии милится дар минтақаи Суғд: «Қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия» дар соли 2013, «Қисми низомии 3501»-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва дар мавзеи хушманзари истироҳатии «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳристон барои кормандони милитсия иншооти наву замонавӣ - «Маркази таълимӣ-фароғатии ВКД» дар соли 2015 шахсан ширкат намуданд, ки ин аз таваҷҷӯҳи хосаи Президенти кишвар ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад. Иқдомҳои созанда, ки ҳама аз файзу баракати Истиқлолият ба милитсия насиб гаштааст ҳамасола бештар ба назар мерасад. Бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинои маъмурии Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд аз таъмири пурра бароварда шуда, шароити беҳтарини кору фаъолият ба ҳомиёни тартибот  фароҳам оварда шуд.

Беҳсозии шароити хизмат боиси пешрафти кори милитсияи Суғд гардид. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ мақомоти корҳои дохилии вилоят бо роҳбарии генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба натиҷаҳои баландӣ хизматӣ ноил гардид. Маҳз фароҳам овардани шароити корӣ боис гардидааст, ки тайи 5 соли охир дар самти бақайдгирии ҷиноятҳо натиҷаҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд беҳтар гардида, фоизи кушодашавии ҷиноятҳо сол ба сол сатҳи болоравӣ дорад. Таъмини ошкорсозии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини изтиробангези таъсири васеъи ҷамъиятидошта, кушторҳои бераҳмона, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ҷиноятҳо муқобили амнияти давлатӣ, боздошти ашхоси нашъаҷаллоб, мусодираи яроқу аслиҳа ва даҳҳо дигар намуд ҷиноятҳо, ки милитсияи Суғд ошкор намудааст ва тавассути гузоришу барномаҳои махсуси телевизионии Маркази матбуоти Раёсат ба аҳолӣ манзур кардааст пеш аз ҳама бозгӯи маҳорату  истеъдоди касбӣ ва тарзи дурусти коргузориро дар ин ниҳод нишон медиҳад.

Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар самти ошкорсозии хатари терроризму экстремизм низ натиҷабахш арзёбӣ мешавад. Бо ҷасорати кормандони бахшҳои оперативии милитсияи Суғд аъмоли зишт ва мақсадҳои ғаразноки тоифаи гумроҳзадагони зархарид ошкор ва безарар гардонида шудааст. Аҳолии минтақа бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки ҳомиёни онҳо дигар намегузоранд, ки ҳаёти осишта ва Ваҳдату суботи пойдор халал ёбад, зеро бехатарии онҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таъмин аст.     

Имрӯзҳо дар сафи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баробари мардон фаъолияти бонувони матинирода низ ба назар мерасад, ки бори вазнини ин касби пурифтихорро бар дӯш доранд. Соли равон бори аввал дар таърихи милитсияи Суғд милитсионер-занҳо дар тантанаҳои 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо гузашти низомӣ дар ҳузури Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва садҳо нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар паради ҳарбӣ иштирок намуданд, ки мояи ифтихор ва яке аз дастовардҳо дар даврони Истиқлолият маҳсуб меёбад.

Шукри Истиқлолияти комили Тоҷикистон, ки дар Ватани азизи мо сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромӣ ва анияту субот ҳукмфармо мебошад ва имрӯзҳо хоҳишмандони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият намоянд.

Лозим ба қайд аст, ки нерӯи кории мақомотро асосан ҷавонони рӯҳану ҷисман обутобёфта, матиниродавӯ ватандӯст ташкил медиҳад. Доштани донишҳои тахассусӣ, маълумотҳои дахлдори соҳавӣ онҳоро дар ин ҷода муваффақ кардааст.

Ҳамкории зичи милитсия бо ҷомеа яке ва баръакс робитаи мардум бо милитсия яке аз иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва ВКД мебошад, ки боиси пешгириву ошкорнамоии ҷиноятҳои гуногун мегардад. Бидуни равобити ин ду ҷониб таъмини рӯзгори осоиштаву бомароми ҷомеа ғайриимкон аст. Яке аз принсипҳои фаъолияти Милитсияи тоҷик дар даврони Истиқлолият, ки таҷрибаи корӣ ҷиҳати мусбати онро нишон додааст, ин робита бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.

Дар 25 соли даврони Истиқлолият намунаи баланди ҷасорату мардонагии кормандони милитсияро борҳо дидаему шунидаем. Заҳмату ранҷи шабонарӯзии кормандони милитсия - ҳомиёнии ҳуқуқу озодӣ ва муҳофизону муборизони Ватан барҳақ ҷоизи таҳсин мебошад. Аз оғози ба даст овардани Истиқлолиятӣ давлатӣ кормандони милитсия ҳамеша пайрави корномаҳои фидоии миллати хеш -  Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳомиву пуштибон, ҳамқадам, мададгор, муҳофиз ва сипари боэътимоди халқу миллат ва Истиқлолияти Тоҷикистон будани худро исбот намудаанд. 

Муҳсин ЮСУФОВ,
корманди Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд,
лейтенанти калони милитсия

Читать далее

Муаррифии китоби «Фурӯғи ишқ»

Китоби нави нависанда Маъруф Бобоҷон бо номи «Фурӯғи ишқ» аз чоп баромад, ки он аз як романи бузургҳаҷм иборат аст.

Ба ин муносибат дар толори Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ муаррифии китоби мазкур баргузор шуд. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ раиси Шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод оғоз бахшид. Сипас маърӯзаҳои номзади илми филологӣ, дотсент Субҳони Аъзамзод бо номи «Фурӯғи ишқ» - намунае аз романи иҷтимоии имрӯз, доктори илмҳои филологӣ Замира ӯлмасова «Лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти инсон дар романи «Фурӯғи ишқ», номзади илмҳои филологӣ Зоҳидҷон Қӯрғонов «Виҷагиҳои забони романи «Фурӯғи ишқ» шунида шуданд.

Дар қисмати музокиравӣ адабиётшинос, профессор, доктори илмҳои филологӣ Неъматҷон Файзуллоев ва ҳофизи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов фикру андешаҳои худро дар бораи китоб баён карданд.

Муқимҷон АЛИШЕХОВ,
донишҷӯи соли дуюми шӯъбаи
рӯзноманигории ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

14 November 2016

Суғд. Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пеш аз мӯҳлат иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба санаи 10 ноябр 100 фоиз иҷро гардид.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиши миллӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд моҳи октябри соли равон оғоз гардида буд ва давоми 40 рӯзи даъвати тирамоҳӣ, яъне пеш аз мӯҳлат нақшаи муаяйншуда 100 фоиз иҷро шуд.

Зимнан, моҳҳои октябр ва ноябри соли 2016 дар ҳудуди вилоят ҷавононе, ки то рӯзи даъват ба синни 18 солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Чаро соҳаи паррандапарварӣ коҳиш ёфт?

Дар нўҳ моҳи соли 2015 900867 сар парранда, аммо дар ҳамин давраи соли равон 45298 сар кам шудааст. Сабаб дар чист?

Аз рўи маълумоти оморӣ, то якуми октябри соли равон истеҳсоли тухм дар коргоҳҳои паррандапарварии шаҳрҳои Конибодом 67,4 фоиз, Истаравшан – 7,1 фоиз, ноҳияҳои Ашт - 23,6 фоиз, Спитамен - 23,1 фоиз, Зафаробод - 10,9 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин давраи қайдшуда аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда 191 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба якуми октябри соли 2015-ум 12,4 фоиз ё 21 донагӣ зиёд мебошад. Вале дар ҶДММ «Паррандапарвар-2»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов миқдори тухм дуюним баробар коҳиш ёфтааст, ки дар ин бобат Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар маҷлиси фаъолони вилоят изҳори нигаронӣ карданд. Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳӣ дорем, дар нимаи моҳи октябр ва моҳи ноябр миқдори тухм кам гардида, таъсираш ба бозор ҳам расида, арзиши он хеле боло рафтааст. Соли гузашта нархи як дона тухм дар бозор 0,43 дирамро ташкил карда бошад, он имрўз ба ҳисоби миёна 80-90 дирам гардидааст.

Тавре сардори шўъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифов арз медорад, агар соли 2015 дар ҳамин давра 900867 сар парранда ба қайд гирифта шуда бошад, он имсол 45298 сар кам гардида, яъне ба 855569 сар расидааст. Асосан ҳолати кам гардидани саршумори парранда ва бо ин сабаб кам гардидани миқдори тухм дар ҶДММ «Паррандапарвар-2»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҶДММ «Саҷҷод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва инчунин дар коргоҳҳои соҳибкорони инфиродӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Хуршед Ибодуллоев ва Рустам Олимов ва аз шаҳри Конибодом Рўмониён ва Авлиёхоҷаев дида мешавад. 

Пас аз дастрасии маълумот мо тасмим гирифтем, аз вазъи ҶДММ «Паррандапарвар-2»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов огоҳӣ ёбем. Сарварии ин коргоҳро Садриддин Бегов бар дўш дорад. Масоҳати умумии коргоҳ 54 гектар буда, солҳои аввал 103 нафар ва ҳоло 83 нафар фаъолият мебаранд, ки аз онҳо ҳашт нафар мутахассиси соҳа буда, аҳолии маҳаллӣ машғули меҳнатанд. Садриддин Бегов аз соли 2006 инҷониб дар ҳамин коргоҳ сарвариро бар ўҳда дорад. Дар он давра шумораи умумии чўҷаҳои маҳаллӣ 2300 сар буда, дар як рўз то 1007 дона тухм истеҳсол мешуд. Пас аз корбарӣ аён гардид, ки чўҷаҳои маҳаллӣ он қадар фоидаовар нестанд ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соле пас бо Ҷумҳурии Исломии Эрон шартнома баста, 70 ҳазор сар чўҷаҳои якрўза харидорӣ шуда, бо воситаи тайёра ба ҶДММ «Паррандапарвар-2» ворид гардид. Минбаъд миқдори тухм афзуда, фаъолият дар ин коргоҳ рушд ёфт.

Аз суханронии мутахассисони коргоҳи мазкур бар- меояд, ки барои эмин нигоҳ доштани чўҷаҳо дар якрўзагӣ, якмоҳагӣ, 45-рўза ва 90-рўзагиаш аз зери болу сина ва пояш се намуди ваксинаро мегузаронанд. Инчунин, дар як муддати муайян мутахассисон хуни чўҷа ё мурғро ташхиси лабораторӣ мегузаронанд, ки чунин усул барои ҳифзи саломатии паррандагон роҳандозӣ гардидааст. Хўроки асосии чўҷаҳо  ҷуворимакка, гандум, кунҷораи соя, пиёз, сабзӣ, кунҷораи офтобпараст ва дигар намуди сабзавот мебошад. 

Соли 2012-ум аз Федератсияи Русия 52 ҳазор чўҷа ва боқимонда аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, самти фаъолияти коргоҳ равнақ ёфта, миқдори тухм низ афзуд, аммо имсол бошад, бо сабабҳои номаълум Ҷумҳурии Исломии Эрон идомаи  шартномаро рад кард ва ҳоло ҳамагӣ 8 ҳазору 600 сар мурғ ҳаст, ки дар як рўз ҳамагӣ 4100 дона тухм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дуюним ҳазор дона кам истеҳсол шуда истодааст.

Сабаби асосии кам шудани тухмро сарвари коргоҳ С. Бегов дар пир шудани мурғҳо, яъне вақте онҳо дусола мешаванд, аз тухм кардан бозмемонанд, баъдан мурғҳоро пўст канда, ба фурўш мебароранд. Дар як рўз ба ҳар сар чўҷа барои хўрок ба ҳисоби миёна 120 грамм дон масраф мешавад, ки ин ба 33-35 дирам рост меояд ва дар ҳолати аз тухм бозмондан, мутаассифона, зарари калон барои соҳаи мурғпарварӣ мегардад. Мутасаддӣ оид ба парвариши чўҷаҳо қайд кард, ки барои нигоҳубин ва парвариши чўҷа шароит ва таҷҳизоти зарурӣ муҳайё нест, бар иловаи ин, арзиши он хело гарон буда, барои гузаронидани ваксинаҳо маблағ кифоягӣ намекунад.

Гуфтан бамаврид аст, ки мурғпарварӣ соҳаи хеле нозук буда, метавонад дар як вақт фоида расонад, валекин агар як сар мурғ ба ягон беморӣ гирифтор шавад, боқимонда мурғон низ сироят меёбанд.

Дар анҷоми сўҳбат сарвари ҶДММ «Паррандапарвар-2» Садриддин Бегов қайд кард, ки мо баҳри рушди соҳа хеле кўшиш карда истодаем. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориро қатъ карда бошад ҳам, аммо бо Ҷумҳурии Қазоқистон айни ҳол гуфтушунид идома дорад ва бо сарпарастии ширкати «Холдинг Ганҷ» аз рўи нақша 52 ҳазор сар ва тибқи имконият  то 104 ҳазор сар паррандаро ба коргоҳ ворид созем.  

Алҳол, аз рўи нақли сариқтисодчии хоҷагӣ Элмурод Усмонов, катакҳои чўҷаҳо  безарар гардонида, барои қабули чўҷаҳои нав аз Ҷумҳурии Қазоқистон омодагӣ рафта истодааст.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее