November 2016

10 November 2016

Ҳушдор: Хурўҷи бемории сироятӣ

Фасли поиз айёми пухтарасии меваю сабзавот, ғунучини ҳосили бадастомада ва ранги тиллоӣ гирифтани табиати нотакрор маҳсуб меёбад. Дар ин фасли дилфиреб баробари омодагӣ ба мавсими сармо бемориҳои рўдаю меъда, роҳи нафас, тарбод, зардпарвин ва ғайраҳо  низ хурўҷ карда, танро азият медиҳанд. Яке аз бемориҳое, ки асосан дар хурдсолон дида мешаваду табобати дурударозро металабад, зардпарвин буда, он дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.

Алҳол, ки давраи хурўҷи беморӣ аст, хостем, оид ба нишонаю аломат, пешгириву муолиҷаи ин намуди беморӣ ба муштариёни рўзнома маълумот дода бошем. Ба суоли нахустин дар мавриди фаъолияти Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд сартабиби  он Баҳодур Мўъминов чунин посух гуфт:

- Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд дорои 5 шўъба: шўъбаи бемориҳои рўдаю меъдаи кўдакон, калонсолон, бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои зардпарвини калонсолон ва хурдсолон мебошад. Беморхона аз таъмири куллӣ бароварда шуда, пурра барои қабули беморон омода аст. Барои бемороне, ки аз навоҳии дуру наздик дар ин ҷо бистарӣ мешаванд, се маҳал хўроки гарм дода шуда, бархе дорувориву муолиҷаҳо ройгон аст. 191 корманди беморхона ҳамарўза кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки бистаришудагон ҳарчи зудтар шифо ёфта, ба назди пайвандони хеш баргарданд.

Ҷоизи қайд аст, ки касалии зардпарвин сирояткунанда мебошад. Ҳангоми бемор шудан тамоми организм,  хосатан ҷигар зарар мебинад. Беморӣ бештар бо зард шудани чашму рўй муайян шуда, дар байни мардум бо номи «зардӣ» маъмул аст.

Барангезандаи  бемории зардпарвин аз вируси А, ки дар кишвари мо васеъ доман паҳн кардааст, аз тарафи олимон ба хубӣ омўхта шудааст. Ин вирус дар давраи ниҳоӣ (инкубатсионӣ) афзоиш ёфта,  шахси бемор дар рўзҳои аввали касалӣ то пайдо шудани зардӣ барои одамони гирду атроф хеле хавфнок мебошад. Бемории зардпарвинро бемории  «дастони чиркин» меноманд, ки бесабаб нест. Зеро аз ҳисоби риоя накардани гигиенаи шахсӣ кўдакони то синни 10-сола бисёртар дучори он мегарданд. Вируси касалӣ  ҳангоми бо шахси бемор муносибат кардану аз истифодаи ашёҳои сироятёфта паҳн мешавад. Баъзан беморӣ ба воситаи тармеваи ношуста, оби нўшокии наҷўшонда ва хўрокворӣ паҳн мегардад. Аз ин хотир, аз эҳтимол дур нест, ки аз як оила якчанд нафар ба ин касалӣ дучор шаванд. 

Масалан, дар байни ду ҳафта ба Беморхонаи зидди касалиҳои сироятӣ аз як деҳа 49 нафар, яъне аз  як оила 2-3 нафар бистарӣ гардиданд. Ҳангоми пурсиш маълум шуд, ки гирифторони беморӣ аз як ҷўйбори байни ҳавлиҳо об нўшидаанд ва ё  зарфҳои хоҷагиро шустаанд. Мутаассифона, дар қайди беморхона гирифторони зардпарвин аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан ва Fончӣ зиёданд, ки боиси сироятёбии наздикони хеш мегарданд,- бо таассуф изҳор дошт Баҳодур Мўъминов. 

Ба суоли чӣ тавр метавон аз аломатҳои беморӣ сари вақт бохабар шуда, ба муолиҷа пардохт, мудири шўъбаи бемориҳои зардпарвини калонсолон Шариф Раҷабов чунин посух гуфт:

- Нишонаҳои аввалини касалӣ пеш аз пайдо шудани зардӣ ба мушоҳида мерасанд. Давраи ниҳоии гепатити вирусӣ ба ҳисоби миёна аз 14 то 35 рўз давом мекунад. Табларза, дарди сар, баста шудани иштиҳо, беҳузуршавии меъда ва қай кардану бемадор шудан аз нишонаҳои нахустини заҳролудшавии организм дарак медиҳад. Баъзан аломатҳои зукоми роҳҳои нафас - сурхшавии гулў ва дарди он зуҳур меёбад. Ҳолати бемор то пайдо шудани зардӣ бад буда, бо пайдоиши он рў ба сабукӣ меорад, ҳарорати бадан мўътадил, беҳузуршавии меъда  ва қай кардан барҳам мехўрад. Хавфнокии  беморӣ он вақт ба мушоҳида мерасад, ки дар баъзе ҳолатҳо беморӣ бе  зард шудани пўсти рўй ва чашмон зуҳур мекунад. Ин ҳолат бисёртар бо кўдакони хурдсол рўй дода, муайян кардани беморӣ аз мутахассисон маҳорати дучанд талаб мекунад. Яке аз проблемаҳои сатҳи ҷаҳонӣ имрўзҳо кам кардани шумори бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. То кунун аз ҷониби олимон шаш намуди касалии зардпарвин омўхта шудааст, ки онҳо тавассути барангезанда - вирусҳои A, B, C, E, D, G  ба организм паҳн мешаванд. Муайян карда шудааст, ки чунин бемориҳо асосан дар солҳои ҷуфт зиёд гашта, дар солҳои тоқ миқдоран кам ба назар мерасанд. 

Дар шўъбаи бачагонаи касалиҳои зардпарвини беморхонаи мазкур давоми моҳи октябри соли 2016-ум зиёда аз 70 нафар кўдак бистарӣ гардида, аз духтурони соҳибтаҷриба ба дарди худ даво ҷустанд. Сироятшиноси шўъба Маҳбубахон Аминова, ки зиёда аз 50 соли ҳаёти худро барои шифоёбии беморон бахшидааст, бо таассуф иброз медорад, аксари беморон дер муроҷиат мекунанд ва боиси дуру дароз идома ёфтани муолиҷа мегарданд.

Пайдошавии касалӣ аз қобилияти мудофиавии организм ба ҳар гуна бемориҳо вобастагӣ дорад. Қувваи ҳимоявии организм чӣ қадаре ки баланд бошад, шахс ба касалии зардпарвин ҳамон андоза камтар гирифтор мешавад. Набояд фаромўш кард, ки обутоб додани бадан, машғул шудан бо варзиш, меъёри муайяни хўрокхўрӣ ва реҷаи муайяни рўз сабабгори баланд шудани муқобилияти организм ба ҳар гуна бемориҳо мегардад.

- Худмуолиҷакунӣ омилест, ки шахси беморро бештару зиёдтар гирифтори бемории зардпарвин мегардонад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки мардум гирифторони чунин бемориҳоро барои муолиҷа ба мавзеъҳои чашмаи Деҳмой, ки гўё дидани моҳичаҳои он ба бемор шифо мебахшида бошад ё худ нўшонидани пешоби хурдсолонро тавсия медиҳанд. Аммо бояд донист, ки ин ҳама барои онҳо таскини дил шуда метавонаду халос. Бар замми ин сабабгори хурўҷи беморӣ шуда, ҳолати беморро вазнин мегардонад. Аз ин рў, яке аз роҳҳои асосии пешгирии касалӣ ба тозагии ҷойҳои умумии ҳоҷатхонаву бозорҷойҳо риоя намуда, тозагии маҳал ва муҳитро нигоҳ доштан аст. Ҳамчунин, сари вақт муроҷиат кардан ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ омили сари вақт сиҳат- ёбии нафари гирифтори бемории зардпарвиншуда мегардад, - иброз дошт Маҳбуба Аминова.

Хушбахтона, вақте бо сартабибони таваллудхонаҳои шаҳриву вилоятӣ ҳамсўҳбат шудем, огоҳ гаштем, ки ягон модарони ҳомиладору навтавлид гирифтори бемориҳои сироятӣ нагардидаанд. Кормандони беморхонаҳои шаҳриву вилоятӣ низ бар он ақидаанд, ки бо баробари муайян кардани нишонаҳо онҳо ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ фиристода мешаванд.   

Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, - гуфтаанд. Агар ҳар яки мо чораҳои пешгирии гирифтор нашудан ба бемориҳои сирояткунандаро сари вақт андешем, сафи гирифторони бемориҳои сироятӣ ба маротиб кам мешавад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо ҳама вақту ҳама замон на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди бемориҳо эмин бошем ва нагузорем, ки «дастони чиркин» гиребонгири вуҷуди мо бошад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ҳамин ҳам хайрхоҳӣ шуд?!

Мардуми сарбаланди тоҷик боифтихор ва бо қаноатмандӣ марҳалаи таърихии тақдири худ, ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлолияти давлатиро таҷлил намуданд. Шодмонии ҳамватанон ҳадду канор надошт. Шукронаи соҳибдавлат будан, оромию осоиштагӣ ва фарҳанги аҷдодии давлатдорӣ ҳар лаҳза танинандоз буд.

Бо ибораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ин ҷашни бузург то чӣ андоза омода будани халқи моро барои нигоҳ доштани Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ватанамон нишон дод. Омодагӣ ба ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ рўзҳои ору номус ва ҷаҳду талош баҳри соҳиби иззати инсонӣ шудани ҳар яки мо буд».

Бешак, чорабиниҳои ин ҷашн фаромўшнашаванда буд ва мардуми моро зери парчами парафшони Ватан абадӣ муттаҳид сохт. Дўстон аз муваффақияту комёбиҳои мо шод буданд ва кинаву буғзу адоватро пеша кардагон дар оташи алам сўхтанд.

Дар ҳамин айём баланд гардидани созу садоҳо дар бораи поймол гардидани ҳуқуқи инсон дар кишвари мо, риоя нагардидани қонунҳо дар воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақили дар хориҷи кишвар маконгирифта тазодест, ки онро ақл қабул надорад.

Радиои “Озодӣ”, ки аз хайрхоҳиву ҷонибдориаш нисбат ба адолату беғаразӣ, дастгирии маънавии кишварҳои рў ба тараққӣ ниҳода, рушду таҳкими муносибатҳои байналхалқӣ ҷор мезанад, вале ҳамин рўзҳои тантана ва сурурро чун мавриди сиёҳкунии давлати мо ва сиёсати дохилии он қарор додааст. Барои ин амали худ ин радио нишасти САҲА-ро дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон интихоб намуда, бо ишора ба муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар бораи «эътирози хомўшона»-и аъзои ҲНИТ ба ҳушдор дода шудани хешовандони боздоштшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдор мавод пахш намудааст.

Зимни ҳамин хабар хулоса карда шудааст, ки «ҳама гуна хушунат нисбат ба афроде, ки аз ҳуқуқи худ барои озодии баён истифода мекунанд, на танҳо нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон, балки бозгўи бархўрди воқеии ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба меъёрҳои ҳуқуқи башар аст. Ин аломат хеле бад аст ва маънои онро дорад, ки онҳо аз демократия бархурдор нестанд.

Ин амал айбҷўии беасоси навбатӣ мебошад, зеро давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавқеи ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон устувор аст. Дар баробари ин таъмини амният ва бехатарии аҳли ҷомеа, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад.

 Хабари паҳнгардидаро хонда, тасаввурот пайдо мешавад, ки гўё дар давлатҳои «демократ»-ии Ғарб дар ин масъала мавқеи дигар ҳукмрон бошад. Мо борҳо шоҳиди он гаштаем, ки дар ИМА барои як эътирози хурдакак нисбат ба муомилаи корманди полис шаҳрвандро бо тир «ғалбер карданд».

Бо ибораи халқӣ, «аввал гиребони худ бўй кун, баъд ба дигарон айб мон». Афсўс мехўрем, ки мутасаддиёни радиои “Озодӣ” аз ҳикматҳои халқҳое, ки “ғамашонро мехўранд”, огоҳ нестанд!

Абдуҳаким ШАРИФОВ,
устоди Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш меёбад. Сабаб?

Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ доир ба содирот ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ андеша ронда, аз ҷумла қайд намуданд, ки соҳибкоронро зарур аст, ба хотири васеъ намудани фаъолияти худ, ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчи бештар кўшиш намоянд.

Вилояти Суғд имконияти зиёди содирот ва воридоти маҳсулоти кишоварзиро дорад. Маҳсулоти кишоварзии вилоят асосан ба кишварҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон содирот мешавад. Дар баробари ин воридоти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят кам нест. Аз вилоят ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон то санаи 1 – уми октябри соли равон ба миқдори 211243 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, сабзавот 80819 тонна, меваҷот 34512 тонна, консерваҳо 272 тоннаро дар бар мегиранд. Назар ба ҳамин давраи соли 2015 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ имсол дар вилоят 80240 тонна коҳиш ёфтааст. Ба санаи 1-уми октябри соли 2015 аз вилояти Суғд 288859 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида буд. Имсол содироти маҳсулоти меваи тар 3311 тонна, аз ҷумла ангур 129 тонна  интиқол  карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Соҳибкорони вилоят имконияти зиёди содирот намудани маҳсулоти кишоварзиро доранд. Мувофиқи иттилои Раёсати кишоварзии вилоят, имрўз барои ирсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла тармева  ва хушкмева имкониятҳо зиёданд. Дар ин самт бояд талаботи шахсонеро, ки маҳсулоти моро харидорӣ мекунанд, ба инобат гирифт.

Баъзе шаҳру ноҳияҳо маҳсулоти худро ба кишварҳои Аврупо содир мекунанд, аз ҷумла  зардолуи шаҳдбори шаҳри Исфара дар бисёр давлатҳо  шўҳрат пайдо намудааст.

Алҳол  дар шаҳри  Исфара 11 корхонаи коркард ва банду басти зардолу фаъолият доранд. Дар 9 моҳи соли 2016 аз Исфара ба хориҷи кишвар 13267 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст. Аз ин миқдор беш аз 12 ҳазор тоннаашро меваи хушк ташкил медиҳад. Содирот асосан ба Русия 70 фоиз, Қазоқистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил 20 фоиз, ба кишварҳои Аврупо ва Амрико бошад, 10 фоизро дар бар мегирад.

Мутаассифона, дар 9 моҳи соли равон аз вилоят содироти картошка ба назар гирифта нашудааст. Сабаби чунин равандро Бобоҷон Домуллоев,  муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят дар он мебинад, ки танҳо картошкаи барвақтиро аз вилоят метавон ба Қазоқистон содирот намуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба кишвари Русия то санаи 1–уми октябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардидааст. Масалан, содироти сабзавот аз 923 тоннаи соли гузашта ба 140 тонна, пиёз аз 917 тонна ба 140 тонна ва нахи пахта аз 7237 тонна ба 4018 тонна коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, оид ба имконияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия 124545 тонна сабзавот ва мевагиҳо фиристонида мешавад.

Дар баробари содироти маҳсулоти кишоварзӣ воридоти он низ ба вилоят суръат мегирад. То 1-уми октябри соли равон аз Ҷумҳурии Қазоқистон 1444047 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ворид гардидааст. Аз он ҷумла, гандум 637831 тонна, орд 67118 тонна ва нуриҳои минералӣ 11252 тоннаро дар бар мегирад.

Имрўз асосан содирот ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкорон суръат мегирад. Имконияти содироти меваи тар то ҳол ба пуррагӣ роҳи ҳалли худро наёфтааст. Аммо барои хушкмеваҳо бошад, соҳибкорон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо  истифода менамоянд. Бояд тармеваҳоро бо қуттиҳои ҳаҷмашон хурдтар ҷобаҷогузорӣ карда, ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ намоянд, зеро имрўз харидорони кишварҳои хориҷа дар ҳаҷми грамм меваҷотро харидорӣ мекунанд.

- Аз ин лиҳоз, баҳри ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў шудан корҳои заруриро дида истодаем  ва дар рўзҳои  наздик мушкилии мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо мекунад, - гуфт дар анҷом Бобоҷон Домуллоев, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Кафили Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳамдастии Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - кафили Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа» конфронси илмӣ-амалӣ   баргузор гардид.

Конфронсро Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректори донишгоҳ ҳусни оғоз бахшид. Хайрулло Сабуров, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм табрикоти Анвар Мақсудӣ - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рўзи Конститутсияро қироат намуд. Аз ҷумла, ў баён дошт, ки «бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд, сокинони сулҳдўсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъ-олияти бунёдкорона берун созанд».

Сипас Ҷорўб Гулбеков, дотсенти кафедраи таърихи Ватан таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон - поягузори Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Абдуҷалил Бобокалонов, профессори кафедраи таърихи умумӣ роҷеъ ба «Ваҳдати миллӣ - омили муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон» сухан карданд.

Иброҳим Ҷабборов, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии донишгоҳ оид ба «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарчашмаи такмили қонунгузории миллӣ» мулоҳизаи хешро баён намуда, гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди нодир буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, ифодаи воқеии анъанаҳо ва арзишҳои маънавии миллиро ҳифз менамояд. Дар марҳалаи мавҷудияти Конститутсия зиёда аз 18 кодекс ва 300 қонун қабул шуданд, ки 15-тои он қонунҳои конститутсионӣ мебошанд.

А.АМИНОВ

Читать далее