November 2016

10 November 2016

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 1 ноябри соли 2016, № 479

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии “Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 52, 53 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди шаҳрвандон, қонеъ гардонидани хоҳиш, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва азбар кардани касб,  қарор мекунам:

1. Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» таъсис дода шавад.

2. Оиннома ва ҷадвали басти воҳиди кории Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» тасдиқ карда шаванд.

3. Директори Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» Ёқубов Муҳаммадҷон Алиевич таъин карда шуда, вазифадор карда шавад, ки тибқи тартиби муқарраршуда Оинномаи муассисаи мазкурро аз қайди давлатӣ гузаронад.

4. Сарраёсати молия дар вилоят ва Раёсати маорифи вилоят вазифадор карда шаванд, ки маблағгузории хароҷоти Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ»-ро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишудаи буҷети вилоятӣ амалӣ намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Fаффорӣ Н.А., Файзуллозода З.Қ. ва А.Яъқубӣ гузошта шавад.

Читать далее

Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт

Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гашт.

Дар маросими муаррифӣ, ки бо ҳузури сарварони сохторҳои вилоятиву ноҳиявӣ, раисони ҷамоату деҳот, сарварони мақомоти қудратӣ ва фаъолони ноҳия баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2016 Азимбой Азизӣ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шуда, Зариф Мирдадо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт таъин гардид.

Читать далее

09 November 2016

Қӯтоспарварӣ рушд меёбад

Бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Институти чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ конфренсияи илмию амалӣ - минтақавӣ доир гардид. Конфренсия дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди  қӯтоспарварӣ» сурат гирифта, он гурӯҳи зиёди кормандон ва роҳбарони  хоҷагиҳои  деҳқоние, ки дар  минтақаҳои  Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ ба  қӯтоспарварӣ машғул мебошанд, ба ҳам овард.

Дар конфронс оид ба парвариш ва нигоҳубини  қӯтос дар минтақаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳудуди  чарогоҳҳои  Алпи ва Супалкии Помир сухан рафт. Таъкид гардид, ки дар масоҳати умумии 1,2 миллион гектаре, ки дар баландии аз 2000 то 4, 500 метр аз сатҳи баҳр чорвои калони  шохдор, гӯсфанд ва ҳатто, аспҳоро дар тобистон нигоҳ доштан ғайримумкин аст, қӯтосҳо парвариш ёфта, чарогоҳҳои он ҷоро самаранок истифода менамоянд. Вазни зиндаи қӯтос аз 460 то 270 кг-ро ташкил дода, рушди босуръати онҳо аз рӯзи таваллуд то синни 5 солагӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки тадқиқотҳои илмию амалӣ оид ба омӯхтани  хусусиятҳои мутобиқшавии кӯтосҳои аз Мурғоб ба хоҷагиҳои Яғноб ва Искандаркӯл овардашуда собит сохт, ки  ин ҳайвонҳо қобилияти баланди  мутобиқшавӣ ба шароитҳои нави экологию ҷуғрофиро доранд. Дар ин мавзеъҳо қариб 300 ҳазор  га  чарогоҳҳои табиӣ мавҷуда буда, имконияти аз 8 то 10 ҳазор сар  қӯтосро нигоҳубин намудан мавҷуд мебошад.

Мансур Носиров - сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ изҳор дошт, ки масъулини соҳа  баҳри амалисозии  қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи  рушди соҳаи қӯтоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2008-2015» тадбирҳои мушаххасро рӯи кор оварданд. Аз он ки иқлими сарду хунук ва камалафи чарогоҳҳои баландкӯҳи водии Зарафшон ба талаботҳои  шартӣ ва биологии қутосҳо мувофиқ аст, рушди соҳа дар хоҷагиҳои  гуногуни ноҳия имкон медиҳад, то чарогоҳҳои табиии баландкӯҳ истифода ва гӯшти арзону парҳезӣ истеҳсол карда шавад. Маҳз бо  дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳисоби тақсимоти «Барномаи рушди соҳаи  қӯтоспарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои  2008-2012» ҳамагӣ ба миқдори 248 сар қӯтос ба ноҳия ворид гардида, нигоҳубини  онҳо ҳоло дар 12 хоҷагии деҳқонии ноҳия ба роҳ монда шудааст. Таҳлилҳо собит сохт, ки таи ҳашт соли охир дар ҳоҷагиҳои гуногунсохтори ноҳия миқдори қӯтосҳо аз 485 сар то ба 1003 сар  расонида шуда,  истеҳсоли гӯшти қӯтос аз 167 сентнер ба 560 сентнер афзудааст. Номбурда афзуд, ки дар баргузории  ярмаркаҳои  ҷумҳуриявӣ ноҳия ба ҳисоби миёна 1 кг гӯшти парҳезии  қӯтосро бо нархи 25 сомонӣ ба фурӯш баровард. Идибой Шарифов - сарбайтори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ фикру андешаи хешро дар ин бобат иброз дошт.

Мукаррама САТТОРОВА

Читать далее

Фаввораҳо дар боғи фарҳангӣ

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Абдураҳмон Уктамов ва Абдуманнон Ахмедов дар дохили боғи маданият ва истироҳати шаҳр маҷмааи фаввораҳои наву замонавӣ ба истифода дода шуд.

Дар чорабинӣ, ки бо иштироки васеи сокинон ва намояндагони қишрҳои гуногун доир гашт, раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иштирок намуда, аз самти корҳои ободониву созандагии шаҳр, инчунин аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату ҳукумат ҳарф зад. Иқдоми ин соҳибкоронро саривақтӣ арзёбӣ намуда,  дигар сокинони шаҳрро ба пайгирии чунин иқдомҳи наҷиб даъват кард.

Баъдан аз тарафи санъакорони шаҳр консерти идона пешкаш карда шуд.

Парвина Абдуллоева,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Ҳадаф: Коркарди 3 ҳазор тонна пахта

Ҳангоми боздид аз рафти корҳои пахтақабулкунӣ ва коркарди ашёи хом дар ҶДММ «Пахтаи Нов»-и ноҳияи Спитамен, директори он Бобокалон Шукуров доир ба фаъолияти коргоҳ чунин гуфт:

«-ҶДММ «Пахтаи Нов» дар заминаи КАС «Гулистон» фаъолият дошта, барои қабул ва коркарди пахта дорои технология ва шароити зарурии корӣ мебошад. Алҳол зиёда аз 130 нафар коргарон бо кори мавсимӣ ва музди маоши хуб таъминанд. Ҳамчунин, ба коргарони коргоҳ  се маҳал хўроки гарм дода мешавад.

Пахтаро аз хоҷагидорон қабул намуда, худи ҳамон рўз ба ҳар як тоннаи он 4 ҳазору 400 сомонӣ маблағ пардохт менамоем. Мо нақша дорем, соли равон зиёда аз 3 ҳазор тонна пахтаро коркард намоем».

Фирӯз БОҚӢ,
ноҳияи Спитамен

Читать далее

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Деваштич

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич ҷашни мубораку фархунда 22-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳия мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод чорабини мазкурро ифтитоҳ намуда қайд кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсияи навро қабул ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кард ва дар моддаи аввали Қонуни асосии кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буданаш қайд гардид. Дунявӣ будан, барои таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳи васеъ кушод. Аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро табрику муборакбод намуда сиҳатмандӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард.

Дар охир барномаи фарҳангии ботаровати савту суруд ва назму наво, ки аз ҷониби аҳли санъати ноҳия ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда буд, манзури ҳамагон гардид.

Комрон ИСМОИЛОВ,
ноҳияи Деваштич

Читать далее

Маросими савгандёдкунии наваскарон

Дар саҳни «Майдони Қаҳрамонон»-и шаҳри Конибодом  чорабинии идона ва маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии 04080 доир гашт. Чорабиниро командири қисми низомӣ подполковник Абдулмӯъмин Асоев ҳусни оғоз бахшид. Дар назди иштирокдорон наваскарон бонавбат дар вазъияти тантанавӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Қаҳҳорҷон ҳасанов баромад намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он таклиф кард.

Сипас, наваскар аз ноҳияи Дарвоз Ҷамолиддин Назиров ба сухан баромада, омодагии худро барои адои хизмати Модар-Ватан баён намуд. Падару модари наваскарон низ сухан ронда, ба фарзандон хизмати софдилона ва сиҳатмандии комил таманно намуданд. Аз ҷониби сарбозони қисми низомӣ машқҳои гуногуни ҳарбӣ иҷро карда шуд.

Парвина Абдуллоева,
шаҳри Конибодом

Читать далее

Ҳадаф: Бардоштани маърифати ихтисосӣ

Ҳамасола санаи 31 октябр намояндагони соҳаи иқтисодиёти кишвар ҳои олам Рўзи байналмилалии пасандозро та ҷлил менамоянд.

Дирўз ба ифтихори ин санаи таърихӣ устодони факултети молия дар ҳамдастӣ бо кормандони ташкилоти хурди пасандози «Микроинвест» дар шаҳри Хуҷанд барои муҳассилини соли чоруми ихтисоси молия ва  қарз ва кори бонк ӣ семинари илмию методиро доир намуданд.  ҳадафи баргузории ин чораҷўӣ бардоштани маърифати ихтисосӣ, рўшанӣ бахшидан ба мавқеи асъори миллӣ дар  ҳаёти ша ҳрвандон, сармоягузор ӣ дар шароити муосир, э ҷоди моделҳои навин барои пасандоз, баррасию омўхтани хавфу хатар дар фаъолияти идоракунии сармоя, мав қеи сармоягузор ӣ ва пасандозбар ӣ дар шароити имрўза, фаъолияти со ҳибкор ӣ, даромади со ҳибкор ӣ аз  ҳисоби фоизи сармоя ва дигарҳо маҳсуб меёфтанд.

Дар  ҷараёни ча ҳор бахши семинари илмию метод ӣ устодони со ҳибтахассус - декани факултет, дотсент Наимҷон  Қаюмов, директори генералии ташкилоти хурди пасандози «Микроинвест»  Дилшод Саидов, мене ҷери ташкилоти мазкур Насиба Мирпочоева, муовини декан оид ба илми факултет, дотсент Хайрулло Абдуқодиров, мудири кафедра ҳо, дотсентон Давронҷон Юсуфов ва Мамараҷаб Акрамов ба дониш ҷўён перомуни масъалаҳои муҳими соҳа маърўзаҳои пурмўҳтаво намуда, дар рафти мубоҳиса ва  сўҳбати мизи гирд ба тақвияти дониши назариявӣ ва амалии онҳо мусоидат намуданд. 

Читать далее

08 November 2016

Cарчашмаи саодати мардум

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади таърихӣ буда, он асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии  таҳкиму пешрафти моро тибқи меъёрҳои эътирофгардида муқаррар менамояд.

Дирӯз ба ифтихори 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 1-уми конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Нахуст, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода дар мавзўи «Нақши Конститутсияҳои Тоҷикистон дар инкишофи давлатдории миллат»  маърўза намуд. Зимни маърўза таъкид гардид, ки қабули Конститутсия аз дастовардҳои бузург ва нодири халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ин китоби бахти миллат санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, роҳнамои рушду такомул ва муаррифкунандаи Тоҷикистон ба  ҳисоб меравад.

Баъдан мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, номзади   илмҳои   ҳуқуқшиносӣ,  дотсент А.Бобоев дар мавзўи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи давлатдории миллӣ», сармуаллими кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ С.Обидҷонов перомуни мавзўи «Конститутсия – ҳамчун омили мустаҳкамшавии Ваҳдати миллӣ ва бақои давлат», ассистенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ Г.Абдуллоева вобаста ба мавзўи «Нақши Конститутсия дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» ва дигарон суханронӣ карданд. Дар ҳама маърўзаҳо таъкид гашт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, марому мақсади кулли сокинони Тоҷикистонро возеҳ таҷассум менамояд.

А. ҒАФУРОВ,
корманди шўъбаи таҳлил ва робита
бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Читать далее

Сухан аз меҳри Ватан мегуфт устод

Барои мардуми форсизабони дунё 24 сентябри соли 1977 рўзи сиёҳу ғам буд. Фарзанди барўманди Машриқзамин, шоири миллати тоҷик Мирзо Турсунзода аз олам гузашт. Яке аз сўзноктарин шеърҳои устод Лоиқ «Рўзи ҷаноза» аст.

Издиҳоми мотамӣ бо гиряи дилҳо гузашт,

Издиҳоми мотамӣ аз шаҳр чун дарё гузашт.

Во алам, эй кўҳсорон, қуллаеро яхч бурд,

Во дареғ, эй Тоҷикистон, аз ҷаҳон Мирзо гузашт.

Устод Турсунзода навишта буд: “Ҳар як устод бояд шогирд тарбия кунад. Ин даъват дар кори пурмашаққати ҳаррўзаи мо амалӣ мегардад. Адибони ҷавони мо фонди тиллоии адабиёти муосири тоҷик ва ояндаи мо мебошанд. Fамхорӣ дар ҳаққи онҳо вазифаи мост”.

Аз ҳамин лиҳоз, устод бисёр адибонро тарбия ва пуштибонӣ намудааст.

Воқеан, устод Турсунзода бо шеъраш роҳи тундару тўфонро бастааст. Ҳамеша дарди касон, ғами замон аз рўзи ибтидо мисли дил дар синааш маскан гирифтааст. Бо осори ҷовидонааш чўли ташналабро шодоб кардааст. Қутбӣ Киром накў гуфтааст:

Дўстон, дигар магўед, ки Турсунзода нест,

Он сипаҳсолори назм, он шоири дилдода нест.

Ақли дунёро ба каф оварда бар мо дода нест,

Ҳаст ў бар қисмати мо мекунад як умр зист.

Боре ба устод Лоиқ саволе дода буданд, ки Шумо шогирди тавонои устод Турсунзода ҳастед. Силсилаи шеърҳое бо номи «Сипоснома» дар бораи бузургии Мирзо Турсунзода эҷод намуда будед. Бадхоҳон дар матбуот устодро бўҳтон зада истодаанд. Шумо хомўшед! Лоиқ мегўяд: - Устод Турсунзода офтоб буданд. Ба офтоб нигоҳ кунӣ, кўр мешавӣ ва байтеро хонд:

Зиндаи ў гар мубориз буда андар зиндагӣ,

Мурдаи ў ҳам муборизтар зи чандин Рустам аст.

Устод Турсунзода вазифаи муқаддаси хешро дар ҷомеа танҳо аз эҷод кардани ашъори ноб намедонист. Ҳамчун ватандору ватандўст устод тавонист, дар бисёр кунгураву ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карда, кишвари тоҷиконро дар ақсои олам муаррифӣ намояд. Шогирди сипосдору посдори устод Лоиқ нисбати сафарҳои пурбаракату сулҳофарини ў гуфтааст:

Сайри дунё кардани ў сайри дилҳо кардан аст,

Раҳми дунё хўрдан аст, аммо на дунё хўрдан аст.

Гашт дар рўи замин, то дид рўи одамин,

Дил ба дунё додани ў дил ба даст овардан аст.

Камоли адолату сипосгузорист, ки дар айёми мо асли моҳияту эҷодиёти устод Турсунзода хуб ва дақиқ дарк гардид. Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин фарзанди барўманди миллат унвони миллӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст.

Усмон БАРОТ,
омўзгор, ноҳияи Айнӣ

Читать далее