05 December 2016

Вазъи роҳҳо ва истифодаи маблағҳои буҷетӣ беҳбудӣ мехоҳад!

Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилоят натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, асоснокии маблағҳои ҷудогардида, сифати роҳҳои навсохташуда ва таъмири роҳҳои дар истифода қарордошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар фаъолияти муассисаҳои дахлдор як қатор камбудиву қонунвайрокуниҳои ҷиддӣ вобаста ба сифати таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард, нигоҳдории роҳу пулҳо, азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои аз буҷети давлат ҷудогардида ҷой доранд.

 Дар минтақаҳои роҳҳои автомобилгарди Шӯрча – Рӯдакӣ (Панҷакент), Куркат – Ширин (Спитамен), Ғафуров – Булоқ – Пунгон (Бобоҷон Ғафуров), шаҳраки Адрасмон, Исфара – Ворух, шаҳраки Шӯроб (Исфара) ва маркази ноҳияи Деваштич дар маҷмӯъ дар масофаи беш аз 85 км роҳҳо таъмирталаб буда, қисми роҳҳо ба фарсудашавӣ омада расидааст, ки барои ҳаракати во-ситаҳои нақлиёт таҳдиди хатар ба миён меоранд.

Дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди вилоят аз рӯи меъёрҳои техникӣ ва қоидаҳои ҳаракати роҳҳои автомобилгард ба ҷойи беш аз 17,8 ҳазор 13,8 ҳазор аломати роҳ гузошта шудааст, ки 4 ҳазор адад кам мебошад.

Бояд қайд кард, ки набудани аломатҳои роҳ ҳаракати иштирокчиёни роҳ ва меҳмонони бори аввал ташрифовардаро хеле мушкил мегардонад.

Дар давраи таҳти санҷиш қарор гирифта, азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои буҷетӣ ҳангоми будани корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард, дар фаъолияти МДНРА ноҳияи Деваштич ба маблағи 9870 сомонӣ, МДНРА-и ноҳияи Шаҳристон 1752 сомонӣ, МНДРА-и ноҳияи Ашт 23886 сомонӣ, ҶДММ «Хуҷандроҳ» 138632 сомонӣ, ҶДММ “Роҳи обод” 22820 сомонӣ ва ҶДММ “Манзил-2014” 7383 сомонӣ ошкор карда шудааст.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва ширкатҳои роҳсозӣ дар баъзе қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо сифати паст ва ғайристандартӣ корҳои таъмирӣ ва азнавсозӣ гузаронидаанд, ки дар муддати кӯтоҳ он роҳҳо фарсудаву таъмирталаб гаштаанд.

Санҷиши вазъи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ барои солҳои 2016-2017 нишон дод, ки дар Муассисаҳои давлатии назорати роҳҳои автомобилии вилоят захираи маводҳои зиддилағҷиш, тибқи нақша 6,8 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Новобаста ба ин аз ҷониби муассисаҳои мазкур маводи зидди лағҷиш ба андозаи зарурӣ захира карда нашудааст. Аз ин рӯ, ба дараҷаи дахлдор таъмин намудани нигоҳдорӣ ва беха-тарии роҳҳои автомобилгард дар фасли зимистон ҳангоми бориши барф ва яхбандӣ мушкилоти кор хоҳад шуд.

Баҳри беҳтар намудани ҳолати нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, асоснокии маблағҳои ҷудогардида, сифати роҳҳои навсохташуда ва таъмири роҳҳои дар истифода қарордошта ва таъмин намудани маводи зиддилағҷишӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Иқдоми нек

Тӯли 20 сол аст, ки дар «Мактаби хусусии Файз» анъанаи хубе амалӣ мегардад.

Бахшида ба рӯзи маъюбон аз ҷониби хонандагони мактаб маҳсулоти хӯрока, либосворӣ, бозичаҳои гуногун ва бисёр ашёҳои зарурӣ ҷамъоварӣ гардида ба хонаи бачагони Ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва хонаи бачагони шаҳри Хуҷанд дастрас карда шуд.

Онҳо ният доранд, ки ин иқдоми некро идома дода, заррае бошад ҳам ба дили бепарастормондагон шодию меҳр бахшанд.

Манзура FАФУРОВА,
омӯзгори МТF «Файз»

Читать далее

Абармарди фазлу хирад

Дар Тоҷикистон баробари расидан ба истиқлолияти миллӣ пешрафти назарраси соҳоти гуногуни ҷомеа ҷараён гирифт, ки барои густариши минбаъдаи давлатдорӣ ва соҳиб гардидан ба истиқлолияти иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Бидуни шак, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Аз ҷониби сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон борҳо эътироф гардида, ки Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи дубораи давлати ҷангзада ва бунёди   Тоҷикистони демокративу ҳуқуқ-бунёд саҳми намоён гузоштаанд.

Ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон барои эътирофу эҳтироми ин шахсияти сиёсӣ мақоми баланди Пешвои миллатро барояшон сазовор донист. Бояд эътироф кард, ки як марҳалаи рушду нумӯъ ва таърихан муҳими Тоҷикистони навин ба номи ин абармарди хираду сиёсат марбут аст. Аз ин лиҳоз, зикри корномаҳои таърихии Президенти кишвар дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол   мавзӯи ҳамешагии сиёсатшиносӣ ва таърихнигории навини Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат дар таърихи давлатдории Тоҷикистон сиёсати таҳаммулпазириро асос гузоштанд, ки маҳз ҳамин сиёсат давлатро аз вартаи ҳалокат раҳонид ва ба ин восита дар мактаби сиёсатшиносии ҷаҳон шеваи нави муносибат ба мухолифин зуҳур кард. Хатари аз байн рафтани давлат ва парешон гардидани миллат маҳз бо ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон аз байн рафт. Дар ҳамон даврон ҷони худро ба хатар гузошта, барои якпорчагии миллату давлат тадбирҳо андешидан ва барои таъмини амнияти миллӣ амал намудан қаҳрамонӣ буд. Ба мардуми парешон умеди ояндаро додан ва сарҷамъ намудани гурезагони иҷборӣ дар ҳамон даврони хараҷу мараҷ хидмати таърихии дигари ин чеҳраи мондагори сиёсат буд. Барои аз вартаи гуруснагӣ раҳонидани мардум тақсимоти заминҳои Президентӣ аз тадбирҳои огоҳона ва хирадмандонаи Пешвои миллат буд. Дигар аз тадбирҳои муҳиме, ки барои ҳифзи миллату давлат аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, ин эътироф ва бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ мебошад, ки дар ин росто корҳои ниҳоят судманд ва таърихӣ ба анҷом расиданд. Руҷӯъ ба таърихи маданият ва фарҳанги миллӣ аз ҷониби ҳукумату давлат ва ба виҷа, аз ҷониби Президент на танҳо рисолати таърихӣ, балки дар таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дар марҳалаи нави таърихию сиёсӣ ниҳоят муҳим буданд.

Аҳли сиёсат хеле хуб медонанд, ки ба роҳи дуруст мондани сиёсати хориҷӣ ва дар ин самт нигоҳ доштани мавқеи геополитикии кишвар аз корҳои ниҳоят мушкили давлатдорӣ мебошад. Дар ин самт Сарвари давлат тавонистанд, ки на танҳо худро ҳамчун   сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, балки Тоҷикистонро, ки ҷаҳониён   ҳамчун давлати ҷангзада мешинохтанд, чун кишвари тамаддунофар, демокративу    дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ошно созанд ва собит намоянд, ки ба давлати Тоҷикистон эътимод намудан мумкин аст.

Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ва сиёсатмадори бузург боз дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистонро барои ҷаҳониён мисоли давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, илова бар ин, мардуми ин кишварро ҳамчун халқи сулҳҷӯву фарҳангофару соҳибтамаддун муаррифӣ намуданд. Ин буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар манотиқи гуногуни кишварҳои ҷангзада мавриди омӯзиш ва пайравӣ қарор гирифт. Барои як шахсияти сиёсӣ хеле душвор аст, ки дар зудтарин фурсат давлати ҷангзадаро ба як кишвари ободу озод ва амну амон табдил диҳад. Сиёсатмадорони бузурге ҳам ҳастанд, ки ояндаи давлаташонро дар маърифати баланди халқашон медонанд. Сарвари давлати мо аз зумраи ҳамингуна сиёсатмадоронеанд, ки маърифати мардум, бахусус, насли нави тоҷикро омили пешрафт ва минбаъд густариш ёфтани давлати худ медонанд.

Дилбар САМАДОВА,
мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Боғи Хоҷа Камол - макони осоиши рӯҳу тан

Субҳи барвақт. Фазои боғи истироҳатиро тумани тунуке пӯшонида. Аз сабзазорҳои дохили боғ бӯи муаттари сабзаҳо ба димоғ расида, ба тану ҷони кас роҳате мебахшад. Қатраҳои шабнами пагоҳӣ, ки дар рӯи гулҳои шукуфони гулкарами дар қадди пайроҳаҳо шинондашуда нишастааст, аз нури офтоб дурахше дорад. Ҳарчанд фасли сармост, хуршеди оламтоб нурҳои худро бедареғ ба ин мавзеъ мепошад. Ин макон - Боғи фарҳангиву фароғатии Хоҷа Камол аст…

Моҳи августи соли равон дар гулгаштҳои Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамроҳи наберагонам сайругашт доштему дар сӯҳбат бонуи хуҷандӣ Замира Мамадҷонова, ки чаҳор сол инҷониб дар мамлакати Туркия буд, гуфт, дар ин муддат шаҳрамон чӣ қадар обод шудааст, боғи шаҳр бошад, дар зебоиву дилрабоӣ нотакрору камназир аст… - Ин аст таассуроти як нафар тамошобини боғ…

Барҳақ, ин ҷо макони осоиши рӯҳу ҷон, сарчашмаи шифоёбии бемориҳо, ҷои истироҳату фароғат барои мардум аст, ки ҳар рӯз ҳазорон нафар аз дидани он баҳраёб мегарданд.

Оё дар ин рӯзҳои мавсими сармо низ боғ ҷои истироҳатӣ аст, мардум ба сайругашту меҳмонон барои дидан меоянд?

Мухбирамон бо ин суолҳо ба омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов муроҷиат намуд.

-Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз се қисми таркибӣ иборат аст:- Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва Осорхонаи бостоншиносӣ; Боғи истироҳативу фароғатии Камоли Хуҷандӣ; Мақбараи рамзӣ ва Хона-музеи Камоли Хуҷандӣ. Ба ин ҷо ҳамчун мавзеи таърихии шаҳр аксари меҳмонон ва гурӯҳҳои сайёҳӣ ба тамошо меоянд. Дар барномаи сафари меҳмонони расмӣ аз давлатҳои хориҷа ва хориҷи дур, ки ба шаҳри Хуҷанд меоянд, албатта дидан кардан аз ин Маҷмаа ҳаст, ки ин тамоми сол давом меёбад. Меҳмонону сайёҳонро роҳбаладон, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ сухан мекунанд, роҳнамоӣ карда, аз таърихи ин иншоотҳо шинос мегардонанд.

 Албатта, имрӯзҳо низ ба боғи фарҳангиву фароғатӣ сокинон барои тамошои сабзкориҳо, гулҳои ороишии хушнамуд, ки дар ин сардиҳо низ дар гулгаштҳои боғ шукуфон гашта, гӯё ҳусни худро намоиш медиҳанд, меоянд. Ё ки алҳол анъана шудааст ба бисёр сокинон, ки барои барқарор намудани саломатиашон меоянд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ аз субҳи барвақт барои аз ҳавои тоза баҳра бурдан, ғизои рӯҳ гирифтан меоянд ва дар оромии субҳ соатҳо гаштугузор мекунанд.

Боиси хурсандист, ки соли ҷорӣ Боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандӣ боғи беҳтарин дар мамлакат эътироф гардид. Ва кормандон аз таҳти дил кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ба беҳтарин будан сазовор бошанд. Зикри он ҷоиз аст, ки имрӯз таваҷҷӯҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар нигаҳдории боғ, дигар иншоотҳои таърихии Маҷмаа доимӣ буда, дар ҳалли тамоми масоил кӯмаку дастгирии худро дареғ намедоранд. Ин ғамхориву таваҷҷӯҳ ҳамаи масъулон ва кормандонро водор мекунад, ки ба иҷрои вазифа бо масъулияти бештар муносибат кунем.

Бояд гӯям, ки ба бисёр мамолики хориҷа сафар карда, аз ҷумла аз боғҳои истироҳатӣ дидан кардаам. Ба қарибӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия будам. Ба қавле, дар ягон мавзеи истироҳатӣ дар мавсими сармо чунин сабзкориҳо, гулпӯшу гулбасарии боғро мушоҳида накардам. Яъне, на дар ҳама минтақа низ чунин гулҳо, ки ба сармо тобовар бошанд, нашъунамо меёбанд.

Ҳарчанд боғи фарҳангиву фароғатӣ баъди азнавсозӣ аз моҳи марти соли 2015 дар хизмати мардум вогузор шудааст, ба қавле, моҳ ба моҳу сол ба сол тағйироту пешравиҳо ба назар мерасанд. Бахусус, имсол барои аҳли кормандон соли пешравиҳои назаррас буд. Аз оғози сол 90-солагии Осорхонаи таърихӣ таҷлил карда шуд, ки дар доираи ин ҷашн бо иштироки васеи олимону донишмандон чандин конфронси илмиву амалӣ сурат гирифт. Боз як иқдоми нек он буд, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот, ки дар сӣ соли мавҷудияташ таъмир нашуда буд, таъмир, нигораҳои нодири он ба талаботи осоршиносӣ мувофиқ гардонида шуданд. Ин пешравиҳо, албатта, ба афзудани даромадҳо низ мусоидат кард. Дар хусуси теъдоди меҳмонон бошад, давоми даҳ моҳи соли равон 52058 нафар аз Маҷмаа дидан карданд. Дар рӯзи дарҳои кушод, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти мамлакат доир карда шуд, шумораи бинандагон аз 4500 нафар зиёд буд.

Чунонки аз сӯҳбати сарвари гулпарварони боғ Абдусамад Шодибеков аён гардид, дар боғ 17 нафар боғбон буда, аксарашон бонувонанд. Дар ҳудуди боғ давоми сол гулҳои мавсимии петуня, тагес, вёла, катарантус, тоҷи хурӯс, мехчагул, вербена, гарсания, салвия, гулкарам ва дигарҳо, ҷамъ беш аз 250 ҳазор бех шинонда, парвариш карда мешавад. Ба онҳо гулпарварони чобукдаст Дилафрӯз Шерназарова, Зулфия Эргашева, Меҳринисо Топилова, Муҳаббату Дилрабо бо дастони эъҷозкорашон нигоҳубин менамоянд. Ҳоло дар гулгашту пайроҳаҳо се намуди гулкарам-сурх, сафед ва гулобӣ шинонда шудааст ва дар гармхонаи «Баҳористон»-и боғ, ки дар ҳудуди деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқест, тухми гулҳои баҳорӣ кошта шуда истодаанд.

Дар маҷмӯъ, аҳли меҳнати Маҷмаа барои истироҳати бофароғати мардуми диёр, ташаккул додани эҳсоси зебоипарастии онон ва ҳамчун макони осоиши рӯҳу тан, ба ҷои дӯстдоштаи сокинон табдил ёфтани он монда нашуда, заҳмат мекашанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее