09 December 2016

Омилҳои пешгирии хушунат

Чанде пеш дар асоси нақша-чорабиниҳои Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон» дар хонаи фарҳанги ноҳияи Деваштич конфронси илми-амалӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила аз ҷумла, Раиси ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова, мудирони шӯъбаҳои кор бо занон, кор бо ҷавонон, намояндагони соҳаи тиб ва дин, раисони ҷамоатҳо ва сарварони мактабҳои таҳсилоти умумӣ иштирок доштанд.

Конфронсро бо сухан муқаддимавӣ муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас муовини Сардори Шӯъбаи Вазорати Корҳои Дохилӣ дар ноҳия Б.Қосимов, оиди «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи - яке аз омилҳои асосии пешгирии хушунат дар оила», судяи суди ноҳия Диловар Мирзоҳамидзода дар мавзӯи «Сабабҳои ҷудо шудани оилаҳо, пешгирӣ, роҳҳои устуворӣ ва пойдории оилаҳо», Раиси ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова, дар бораи «Нақши  Маркази занон «Гулрухсор» дар мустаҳкамкунии оилаҳо ва шунида шуда, аз тарафи иштирокдорон саволу ҷавоб доир гардид.

Чорабинии мазкур бо иқдоми мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Зебинисо Азимова ва бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Бунафша Қутбиддинова дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» гузаронида шуд.

Т. ҶӮРАЕВА

Читать далее

Бозичаҳо шодиоваранд, вале ...

Даврони кўдакиро бе бозичаҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аксарияти коршиносон бар он ақидаанд, ки бозичаҳои бачагона дар ҳаёти кўдакон ва ҷаҳонбинии онҳо нақши муҳим дорад. Аз ин хотир, тўҳфаи беҳтарин барои ҳар як кўдак ин бозичаи дўстдоштаи ўст.

Аз ҳама саволи муҳиме, ки дар вақти интихоб ва харидории бозичаҳои бачагона пайдо мешавад, ин бехатарии он аст. Оё овоз, ранг ва бўйи бозича бехатарии онро муайян мекунад? Кадом талаботҳои бехатарии бозичаҳои бачагона бояд риоя карда шавад? Бозичаҳои бачагона бештар аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд? Оё дар вақти харидорӣ намудан ба сифат ва бехатарии он аҳамият дода мешавад? Ба ин суолҳо ҳар як падару модар ва истеъмолкунандагон посух меҷўянд.

 Имрўз дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурўш даҳҳо намуди бозичаҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар мамлакатҳо фурўхта мешаванд.

Кадом санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ талаботро нисбати истеҳсол ва ташхису истифодабарии бозичаҳои бачагона танзим мекунад?

Ҳар як мамлакат дар истеҳсол, назорат ва истифодаи бозичаҳо талаботҳои умумӣ ё стандартҳои худро дорад. Дар Тоҷикистон стандарти байнидавлатии ГОСТ 25779-90 «Талаботҳои умумии бехатарӣ ва тарзи назорати бозичаҳои бачагона» амал мекунад, ки дар асоси он бехатарии маҳсулоти номбурда танзим карда мешавад.

Боиси зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №375 регламенти техникии “Бехатарии бозичаҳо”, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ” таҳия ва тасдиқ гардида, талаботи ҳатмиро ба бозичаҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва шахсони нигоҳубинкунандаи онҳо, инчунин огоҳ намудани амалҳое, ки истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) бозичаҳоро нисбат ба таъйиноти бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ба иштибоҳ мебаранд, муқаррар менамояд.

Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда- гони бозичаҳои бачагона ва воридкунандагону фурўшандагон дар баъзе мавридҳо талаботи стандарти байнидавлатӣ риоя карда намешавад. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиши навбатии мутахассисони шўъбаи нозироти савдои Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурўш миқдори зиёди бозичаҳои бачагонаи ғайристандартӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани 4 рейди назоратӣ аз се нуқтаи савдои бозори ҶДММ «700 - солагии Ҳамадонӣ»-и шаҳри Бўстон ва якчанд нуқтаи фурўши бозорҳои шаҳри Хуҷанд номгўи зиёди бозичаҳои бачагонаи шаклу намудашон гуногуни лўхтакҳо, хирсак, палангча, аспак, тўбчаҳо ва ғайра ба миқдори 308 адад ошкор карда шуд.

Маълум гардид, ки аксарияти бозичаҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шуда, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ надорад ва тамғагузории онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутобиқат намекунад. Аз рўи маълумоти сардори озмоишгоҳи маҳсулоти хўрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Равшан Бақоев натиҷаи ташхис нишон дод, ки аз рўи нишондиҳандаҳои ноустувории сохти бозичаҳо, ҷудошавии рангҳо, овози баланд ва бўйи номгўи зиёди бозичаҳо ба талаботи стандарти байнидавлатии СБД 25779-90 номутобиқ дониста шуда, дар асоси хулосаи озмоишгоҳ бо иштироки комиссия мутобиқи қоидаҳои муайяншуда бозичаҳои ба талаботҳои стандарт номутобиқ несту нобуд карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми 11 моҳи соли 2016 дар озмоишгоҳи маҳсулоти хўрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд 49 намунаи бозичаи бачагонаи истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ба миқдори 36 ҳазору 365 дона аз ташхис гузаронида шудааст, ки 38 намунаи бозичаи бачагонаи истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ба миқдори 2635 дона ба талаботи стандарт ҷавобгў набуданд.

 Нисбати соҳибкороне, ки ба фурўши бозичаҳои ғайристандартии бачагона машғул буданд, мутобиқи моддаи 625-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои истеҳсол, фурўш, барориш, таҳвил, истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ҷавобгўйи талаботи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ нестанд» чораҳои қонунӣ андешида шуданд.

Дар вақти харидорӣ намудани бозичаҳои бачагона кадом талаботҳои бехатарии онро бояд риоя кард?

Пеш аз ҳама, харидор ба бехатарии маҳсулоте, ки аз он бозича тайёр карда мешавад, бояд эътибор диҳад. Сониян, ба бехатарии болопўши он, яъне ба устувории рангҳои истифодашуда аҳамият бояд дод. Гузашта аз ин, бозичаҳои бачагона бояд шиносномаи махсус дошта бошад.

Аз ҷониби дигар бозича бояд бўйи тези нохуш надошта бошад. Яке аз талаботҳои дигари бехатарии бозичаҳо ин мустаҳкамӣ ё устувории он, яъне сифат мебошад.

Дар хотир дошта бошед, ки риояи назорати бехатарии бозичаҳои бачагона хеле муҳим аст, чунки бо он кўдак вақти зиёди худро мегузаронад.

Маҳкамбой КАРИМОВ,
сардори Дафтари матбуоти
Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд

 

Читать далее

Фард солим гар шавад, ҷомеа нерў мегирад...

Басо бомаврид буд, ки бо ибтикори Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 дар вилояти Суғд ҳамчун «Соли фарди солим» эълон гардид. Ниёгони мо хуб гуфтаанд: «Пок дор аз ҳар ғубор оинаат», ё худ «Гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ўст». Одамон дар рўи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаётанд.

Онҳо бояд тавассути ақли расояшон муҳитро тозаву озода аз ифлосиву нопокиҳо эмин доранд. Бояд хуб дарк намоянд, ки нафас кашидани ҳавои тоза сарчашмаи тансиҳатии инсонҳо буда, ҳавои ифлос боиси сар задани кулли бемориҳост. Бинобар он ҳаёти ҳаррўзаи моро бе таъсири муҳити зист тасаввур кардан амри маҳол аст. Инсоният дар оғўши табиат камол ёфта, обу ҳаво, зебоию нафосати онро истифода мебарад. Ҳамчунон вазифадор аст, ки табиатро ҳифз намояд.

Мутаасcифона, аксаран ба мушоҳида мерасад, ки ба қадри зебогиҳои диёр намерасем, атрофамонро бо баъзе рафторамон вайрон мекунем, маконеро, ки дар он умр ба сар мебарем, доғдор менамоем. Асадии Тўсӣ дар ин боб фармуда:

Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад,

Зи бад гардад, андар ҷаҳон ном бад.

Мувофиқи қонун «Шахсоне, ки муҳити зистро ифлос менамоянд ва бо амалашон ба саломатии аҳолӣ, олами набототу ҳайвонот ва хоҷагии халқ зарар меоранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд». Бо вуҷуди ҳамин, дидаю дониста аксаран бархе аз сокинони шаҳрамон ба оддитарин қоидаҳо риоя намекунанд. Бо тақозои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, яъне як соли хизмати Ватанро солҳои 80-уми асри гузашта дар яке аз ҷумҳуриҳои назди Балтика, аниқтараш шаҳри Вируи Эстония гузаронидам. Он ҷо борҳо шоҳиди он шуда будам, ки, ҳатто, барои партофтани қоғази қанд, чиптаи кино ё театр ва ё сигор касро фавран дар ҷойи ҳодиса ҷавобгар менамуданд.

Умуман, шаҳру деҳи он кишвар чунон тозаву озода аст, ки дили кас намешавад ба ҳар куҷое, ки рост ояд, ҳатто қоғазпораеро партоӣ. Дар мо чӣ? Фарҳангу одоби шаҳрдорӣ ва маданияти шаҳрвандиамон то дараҷае коста шудааст, ки доир ба масоили тозагиву солимӣ дар ҷомеа ниҳоят бепарвоем.

Бино ба ақидаи мутахассисон дар шаҳрҳои калонтарини кишварамон аз 100 то 400 тонна ва дар як сол аз 110 000 то 160 000 тонна, партов ҷамъ мешавад. Биёед, дур нарафта ба корҳои дар интиҳои фасли поиз дар кўчаҳову муассисаҳои шаҳру деҳаамон ба сомон расонида, аз қабили тоза кардани саҳни ҳавлиҳо аз баргҳои рехтаи дарахтон бо нигоҳи таҳлилӣ назар афканем. Мебинем, ки масъулин хазонро ҳарҷо-ҳарҷо ҷамъ намуда оташ мезаданд. Дар ин фасл гоҳ-гоҳ дуд хўрдани мо гўё ба назар безарар менамояд, вале дар асл бошад, гази аз баргҳо, бахусус, барги чинор ба фазо паҳнмешуда ба саломатии инсон хеле таъсири манфӣ расонида, боиси ангезиши касалиҳои роҳи нафас мегардад. Имрўз аз ин гуна хатогиҳоямон, ки назарногир бошад ҳам дар маҷмўъ касоди ҷиддии экологиро ба миён меорад, чаро нодидагирӣ менамоем? Зарур аст, ки чӣ корхонаҳо ва чӣ аҳолӣ нодуруст будани ин гуна амалҳоро дарк намуда, минбаъд ба такрори чунин хатогиҳо роҳ надиҳем. Бояд донем, ки бо таври васеъ дар кишварҳои хориҷӣ, хусусан Чин ва Ҷопон аз партовҳо фаровон истифода мебаранд. Дар мо бошад баръакс, партовҳо манбаи вайрон кардани муҳити зист ва солимии ҷомеа гардидаанд.

Дар ин росто, ибтикори шаҳрдории шаҳрҳои Хуҷанду Исфараро қайд кардан бамаврид аст. Дар ҳар хиёбон ва гулгашт, кўчаҳои шаҳр, қуттиҳои махсуси партовпартоӣ гузошта шудааст. Бо вуҷуди ҳамин ҳам мушоҳида менамоем, ки як қадам он тарафтар рафта, партовҳои нодаркориро ба қуттиҳо намепартоем. Боз дар канори роҳу кўчаҳо пасмондаҳои ҳар гуна ашёро мебинем, ки табиати бинандаро хира месозанд. Агар хоҳем, ки зиндагиамон пурсурур ва нишотангез бошаду ҳар як фард солим, бояд дар оғўши табиат бошему нисбат ба ин бераҳм набошем.

Расул Додхудои Раҳимиён,
узви Иттифоқи
журналистони ҷумҳурӣ

Читать далее

Мусоидат ба хушзотӣ ва фаровонии маҳсулоти чорво

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз 19 декабри соли 2014 дар ҳудуди ҷамоати деҳот ва шаҳ-ракҳои шаҳру навоҳии вилоят бояд комплексҳои хизматрасонии зообайторӣ (дорухона, клиникаи байторӣ ва нуқтаи хушзот намудани чорво) таъсис дода шаванд.

Зеро бо бунёду ташкили марказҳои зообайторӣ ва фаъолияти он ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва гирифтани чорвои хушзот мусоидат намояд, аз тарафи дигар барои фаровонии маҳсулоти гўшту шир низ замина хоҳад гузошт.

Иҷрои ин дастури Раиси вилоят дар шаҳру навоҳӣ чи гуна амалӣ мешаванд? Мо ба сардори Раёсати назорати давлатии байтории вилоят Икром Абдураҳмонӣ муроҷиат намудем. Ў гуфт, ки бо дастгирии Раиси вилоят барои бунёди марказҳои зообайторӣ ба 140 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилоят қитъаҳои замин ҷудо карда шуд ва то 1 декабри соли равон дар ҷамоати деҳоту шаҳракҳои шаҳру навоҳии вилоят 75 маркази зообайторӣ фаъолият намуда истодааст.

Тибқи маълумотномаи фаврии Раёсати назорати давлатии байтории вилоят дар миқёси вилоят 119 ҷамоати деҳот ва шаҳракҳо мавҷуд буда, барои ташкили чунин марказҳо ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ 223 ариза ворид шуда, 121 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо расидааст. 102 ариза дар истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор дошта, чи хеле, ки дар боло ишора рафт, то ин дам 75 маркази зообайторӣ сохта шуда, боз 22 -тоаш бо бино таъмин гардида, бунёди сохтмони 43 маркази дигар идома дорад.

Масалан, дар ноҳияи калонтарини вилоят Бобоҷон Ғафуров, ки дорои 14 ҷамоати деҳоту шаҳрак аст, барои ташкили маркази зообайторӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 30 ариза ворид гардида, аз он 19 ариза дар истеҳсолот қарор дошта, 11 қарори раиси ноҳия барои таъсиси марказҳо ба имзо расидааст. Барои бунёди 14 марказ қитъаи замин ҷудо гардида, 12 маркази зообайторӣ сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Спитамен моҳияти дастури роҳбарияти вилоятро хуб дарк намуда, дар ҳамаи ҷамоатҳо марказҳои зообайторӣ ташкил кардаанд. Тибқи маълумот ба мақомоти маҳаллии ин ноҳия бобати ташкили маркази зообайторӣ 7 ариза ворид шуда, 7 қарори раиси ноҳия ба имзо расида, 7 маркази зообайторӣ сохта шудааст. Чунин вазъро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дидан мумкин аст. Дар шаш ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия ҳафт маркази зообайторӣ фаъолият намуда истодааст.

Ташкили чунин марказҳои зообайторӣ дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Деваштич, Исфара, Истаравшан, Конибодом низ хуб ба роҳ монда шуда, мардуми ин ноҳияҳо аз фаъолияти онҳо қаноатманд буда, барои манфиати хеш самаранок истифода бурда истодаанд.

Аммо дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Гулистон, Хуҷанд, Панҷакент, Истиқлол ва Бўстон то ҳол бобати амалӣ гардидани ин дастури Раиси вилоят саҳлангорӣ дида мешавад. Мақомотҳои маҳаллии ин шаҳру навоҳӣ ва сохторҳои дахлдори соҳаи ноҳияро зарур аст, ки баҳри амалӣ шудани ин тадбир чораҳои дахлдор андешанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки бахшида ба Соли фарди солим, ки соли равон бо пешниҳоди Раиси вилоят эълон гардид, дар байни кормандони соҳаи байтории вилоят озмун эълон шуд, дар он марказҳои зообайторӣ низ иштирок доштанд. Маркази зообайтории Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ ва Диплом қадршиносӣ гардид.

Ҳамзамон, озмуни кормандони соҳаи байторӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолибон дар маҷмўъ 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳри Исфара беҳтарин дониста шуда, соҳиби 10000 сомонӣ ва Диплом гардид. Инчунин, Стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистону Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Айнӣ дар ҳаҷми аз ду то ҳафт ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд. Мукофотҳоро дар вазъияти тантанавӣ Изатулло Сатторӣ - 3Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ва Хоҷазода Ориф Ашўрӣ - муовини Раиси вилоят ба роҳбарони марказҳои зообайторӣ ва Стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳру ноҳияҳо супурданд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТ ВА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Баъди эълон шудани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз аввалин падидаҳое, ки ба он мардум дучор гардид, ин ҷанги таҳмилӣ буд. Аз ҷиҳати сиёсатшиносии миллӣ ва ҳатто муосири умумибашарӣ таҳлили соли аввали истиқлолият нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ умуман побарҷо набуд. Хусусан, солҳои нахустини он давраи озмоишҳои сахту сангини тақдири таърихии миллат ва имтиҳони ҷиддитарини ҳаёт буд.

Ба ин маънӣ, ҳар соли истиқлолияти мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам бо ҳаҷму андозаи фоҷиаи тақдир, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст. Зеро тифли раҳомўзи истиқлолияти мо ҳанўз дар ибтидои роҳи худ ба фоҷиаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки таърихи қадимаи миллатамон чунин фоҷиаро кам дар ёд дорад.

Вале бар хилофи хостаҳо ва нақшаҳои коргардонҳои ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ истиқлолияти мо побарҷо монд. Зеро дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ аз тарафи намояндагони мардумӣ Президенти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ бо бештари овозҳо интихоб ва пазируфта шуданд. Маҳз, бо сиёсати хирадмандона ва ботадбирона Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳ тавонистанд мухолифини исломӣ ва равандҳои дигари сиёсии зиддиҳукуматиро, ки бо ҳам як шуда, опозитсияи муташаккилро таъсис дода буданд, бо роҳи сиёсӣ ба сулҳу салоҳ оварданд.

Боиси тазаккур аст, ки ин гуна сулҳофаринӣ ва давлатдории дунявӣ дар Осиёи Марказӣ ва, ҳатто, ҷаҳони имрўза назире надорад. Ин таҷрибаи сиёсӣ борҳо аз тарафи сиёсатмадорон, ҷомеашиносон ва олимони Fарбу Шарқ аз минбарҳои баланд тавсиф ва эътироф гардидааст.

Аз ин ҷост, ки бо чунин унвони олӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пазируфта шудани ин абармард, шоҳсутуни давлат Эмомалӣ Раҳмон арзанда аст, зеро эшон дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии Тоҷикистон саҳми бебаҳо ва хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Минбаъд Президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати мутамаддини муосиру демократӣ ва ҳуқуқбунёд рў оварданд. Роҳи таърихие, ки мо дар бисту панҷ соли охир тай намудем, ҳамвор набошад ҳам, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистонро соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардонанд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муқаррар намуда, асъори миллиро ба муомилот бароранд. Артиши Миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои мамлакатро дар арсаи байналхалқӣ таҳти назорати онҳо қарор диҳанд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакатамонро ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян намоянд.

Дар арсаи байналхалқӣ дастовардҳои бузурги сиёсии Тоҷикистонро узвияти СММ, ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, СУС, САҲА, СААД, аъзогӣ дар Конфронси ҷаҳонии исломӣ ва ширкату фаъолият дар дигар созмонҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақавиву умумиҷаҳонӣ баръало инъикос менамоянд.

Зилола КОМИЛОВА,
омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва
фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Марди хирадманду накўном!

Шахси оқилу кордон, бомаърифату доно, меҳнатдўсту ботаҷриба буда, солиёни дароз дар соҳаҳои илм, маорифу фарҳанг ҳамчун омўзгор, роҳбар, рўзноманигор ва мудири шўъбаи Кумитаи ҳизби Коммунисти Точикистон дар шаҳри Панҷакентро ба ўҳда дорад.

Бале, ин шахси бомаърифат Боймурод Шоев мебошад. ӯ соли 1941 дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Ғончӣ чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст.

Пас аз хатми мактаби миёна дар омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Ўротеппа таҳсили илм намуда. Дар рўзномаи «Анвори тоҷик»-и омӯзишгоҳ чун мухбири фаъол ҳамкорӣ дошт. Пас аз хатми курси 1-ум омўзишгоҳи мазкур  бо омўзишгоҳи омўзгории шаҳри  Панҷакент муттаҳид шуда, кору эҷодиаш дар ин ҷо рушд ёфт. Дар маҳфилҳои адабӣ бо шоирон ва адибони шинохта Лоиқ, Сорбон, Абдунабӣ Саттор, Х.Муҳаммадиев, Ш.Истматӣ ҳамкорӣ намуд. Пас аз хатми омўзишгоҳ бо Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои тоҷикзабони Ўзбекистон сафарбар шуд.

Баъди он барои баланд бардоштани савияи дониши худ ба факултаи таърих ва филологияи донишгоҳи омўзгории ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе дохил гашта, донишгоҳро бо муваффақият хатм кард. ҳамчун омўзгор ва мухбири махсуси Радио  ва телевизиони  Тоҷикистон фаъолият бурд. Пас аз он Б.Шоев ба деҳаи Сурхоби ноҳияи Ғончӣ ба кор омада, вазифаи директори мактаби миёнаро ба зимма гирифт. Бо ташаббуси ин марди наҷиб дар деҳа мактаби нав кушода шуд. Муддате муҳаррири рўзномаи «Зарафшон»-ро низ бардӯш дошт. Ба қалами ин шахс китобҳои «Қатраҳо дарё шаванд», «Дидори хирад», «Мағзи донак», «Чинор Имомов ифтихори мо» «Офтобро бо доман пўшида  намешавад»  ва «Таърих гувоҳ  аст»  ба табъ  расидааст. 

Меҳнату заҳматашро ба назар гирифта, ўро бо ордени «Сталин», медали ҷашнии «В.И.Ленин», нишони «Собиқадори меҳнат» ва Ифтихорномаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонидаанд.

Б.Шоев аз соли 1979 аъзои иттифоқи журналистони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Қутфинисо  БОБОЕВА,
корманди илмии
Осорхонаи ба номи Рўдакии
шаҳри Панҷакент

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 декабри соли 2016, № 518

Дар бораи даъвати иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум   

Мутобиқи моддаҳои 12 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, қарор мекунам:

1. Иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 16 декабри соли 2016, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

2. Ба баррасии иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

- дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии «Сарбанд» № 55;

- ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2016;

- дар бораи буҷети вилояти Суғд барои соли 2017;

- ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Ворух» № 11 Ҳакимова Карима Муқимовна оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;

- оид ба тасдиқи қарори Раиси вилоят «Дар бораи нишондиҳандаҳои асосии дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2017-2019»;

- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

- оид ба тасдиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Fафуров аз 15 июли соли 2016, № 116 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи генералии Ҷамоати деҳоти Хистеварз»:

- тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоирӣ F.М. гузошта шавад.

Читать далее