14 December 2016

Минбаъд ҳамаи минтақаҳои кишвар дар як шабонарўз 12 соат барқ мегиранд

Шурӯъ аз 14 декабри соли 2016 таъминоти барқ барои минтақаҳое, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, боз як соат зиёд шуд. Дар ин бора аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.

Ин имконият баъди пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайдо гашт.

Акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар дар тӯли як шабонарўз 12 соат- пагоҳӣ аз соати 05-00 то 11-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 то 22-00 барқ мегиранд.

Барои риояи ҳатмии ин ҷадвал роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқӣ аз ҷониби Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» супориши мушаххас гирифтанд. Он соатҳое, ки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла рўй додани садамаҳо муштариён барқ намегиранд, баъди аз байн бурдани садама дар дохили ҳамон шабонарўз миқдори соатҳои барқи нагирифтаашон ҷуброн карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Читать далее

Мақсадамон созандагӣ ва бунёдкорист!

Таърихи миллатҳои гуногун гувоҳ аст, ки басо сарварони онҳо пас аз ба анҷом расонидани хизматҳои бузург барои эҳёву барқароркунии давлату миллати хеш, раҳо бахшидан аз нестӣ ва ба роҳи саодату пирўзӣ равона кардани мамлакат бо унвони Пешвои миллат сарфароз гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар замоне, ки миллати кўҳанбунёди тоҷикро парокандагӣ ҳамчун хатар пеш омад, ба сари қудрат омаданд ва миллатро аз нестию давлати тоҷиконро аз маҳвшавӣ эмин нигоҳ дошта тавонистанд. Табиист, ки имрўз ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо унвони Пешвои миллати тоҷик сарфароз гардонида шудаанд.

Хизматҳои шоистаи ин абармарди сарсупурдаи миллат дар таъмини Ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносии миллӣ, на танҳо боиси арзёбии баланд, балки мояи ифтихори ҳар як намояндаи миллати созанда ва кўҳанбунёди тоҷик аст. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ ташхис доданд ва роҳу равиши густариш ва такомули онро муайян карданд. Он кас нақши давлатро ҳамчун омили асосии инкишофи худшиносӣ ва муттаҳидсозандаи халқ таъйин намуда, масъалаи ваҳдати миллиро бар садри иқдомоти густурдаи сиёсиву иҷтимоӣ бардоштанд.

Хизмати бузург ва таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки он кас тавонистанд дар шароити бўҳрони амиқи иқтисодиву маънавӣ ҳам пояҳои давлатдориро бунёд созанд, ҳам мардуми мамлакатро зери парчами иттиҳоди иҷтимоӣ фароҳам биоваранд.

Фаъолияти амалӣ ва афкори назариявии ин сиёсатмадори барҷаста, на фақат мавриди таваҷҷўҳи мардуми аз аввал ба сох- ти конститутсионӣ содиқ, балки мўҷиби тағйири ақида намудани онҳое гардид, ки то муддате мавқеи бетарафиро ихтиёр карда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини бар сари давлат омаданашон доктринаи ҳарбӣ ва сиёсати стратегии ҳукумати Тоҷикистонро бо чунин суханон муайян намуданд: “Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ аст... Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зўрӣ тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас”.

Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар сатҳи давлатӣ бардоштани ғояи Ваҳдати миллӣ ва дар роҳи расидан ба ин ҳадафи бузург меъёрҳо ва арзишҳои даврони пешинро бо арзишҳои нав, ки моҳияти зиндагии мардумро муайян мекунанд, иваз намуданд. Муайян сохтанд, ки падидаҳое чун худшиносӣ, ватандўстӣ, ваҳдату ягонагӣ вақте густариш меёбанд, ки агар афроди ҷомеа ҷавҳари истиқлолияти худро дарк намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки таваҷҷўҳи Сарвари давлати Тоҷикистон воқеан ҷиддӣ ба он равона гардида буд, муайян кардани меъёрҳои густариши худшиносии миллӣ мебошад. Ташаккули давлати соҳибистиқлол ва рушду нумўи он бидуни такомули шахсият имконнопазир аст. Роҷеъ ба ин масоили мубрам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор кардаанд:

“Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад”.

Президенти Тоҷикистон худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷўи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод мекунанд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва мураккабаш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Он кас таъкид менамоянд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кўтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон сипоси беҳамто мегузорад ба заҳмату фаъолияти созанда ва роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон - ин шахсияти воқеан арзанда, фарзанди бонангу номуси халқи тоҷик, ки маҳз дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи миллат масъулияти барқарорсозии сулҳи бебозгашт ва таъмини субот, бунёди ҷомеаи озод ва кишвари ободро ба ўҳда гирифтаанд ва Тоҷикистонро ба омили воқеан намоёни сиёсии минтақа ва ҷаҳон табдил дода тавонистаанд.

Раҳмон МИРСАИДОВ,
ҷомеашинос, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Натиҷаҳои назаррас таҳкимбахши иқтисоди миллианд!

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 декабри соли 2016 ба андозаи 103,2 фоизи нақша иҷро гардида 1246219,4 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 1193759,2  ҳазор сомонӣ ё 100,0 фоизро ташкил додааст.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,5 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,8 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 100,4 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ  102,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,4 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 6180939,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсол кунандагони маҳсулоти саноатӣ 139,1 фоизро ташкил кард.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чўбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чўб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 625 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 324 корхона (51,8 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 108 воҳид ё 17,3 фоизро ташкил карда, 193 ё (30,9 фоиз) фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ба маблағи 2213990,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015-ум 67,0 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 71,1 фоиз, энергетикӣ 21,2 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум  3769405,3  ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку 1694973,5 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ 509103,7 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 280194,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 27,4 фоиз зиёд шудааст.

Истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ – 3,6 баробар зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии семент – 7,2 баробар, хишти сементӣ – 78,4 фоиз, хишти хом – 36,1 фоиз,  гаҷ – 6,8 фоиз, хишти бинокорӣ – 3,9 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 индекси истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ – 106,4 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани калобаи пахтагин – 40,6 фоиз, қолин ва маснуоти қолинӣ – 35,9 фоиз, матои нобофта – 8,9 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-ноябри  соли 2016-ум 197544,5 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 95,6 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсими нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 140558,8 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,4 фоизро ташкил кард.

Аз 107 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 истеҳсоли 69 номгўй (64,5 фоиз) афзуда, 35 номгўй (32,7 фоиз) кам шуда, 3 номгўй (2,8 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 5521,6 млн. сомонӣ (бо нархҳои соли 2015) нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 10,2 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 4150,3 млн. сомонӣ ё 11,9 фоиз ва чорводорӣ 1371,3 млн. сомонӣ ё 5,2 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 315447,9 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд, мутаносибан 348431,4 тонна картошка ё 5,3 фоиз, 433243,4 тонна сабзавот ё 2,2 фоиз,  85290,6 тонна пахта ё 14,6 фоиз, 108113,6 тонна меваҷот ё 2,4 баробар, ангур 53001,6 тонна ё 3,1 фоиз зиёд, аммо 116461,4 тонна полезӣ ё 12,6 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока 324800,3 тонна ё 7,1 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил ба охир расида истодааст.

То 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лўбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав ва кўфта шуд, аз майдони 104,4 ҳазор гектар,  ки  ҳосили он  227,8 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии  21,8 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон аз 5440,5 гектар замин 25,6 ҳазор тонна сутаи ҷуворимакка гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 47,0 сентнериро ташкил медиҳад.

Картошка ҳамагӣ аз 8787,6 гектар 235,0 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 267,4 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 7686,9 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 204,2 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 265,6 сентнериро ташкил медиҳад ва 306,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 5472,4 гектар 105,5 ҳазор тонна ғундошта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 192,7 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 80,1 ҳазор тонна мева ва 36,8 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 3,9 баробар ва ангур 5,0 фоиз зиёд шудааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти тирамоҳиро гузаронида истодаанд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хўроки сабзӣ чорво дар майдони 32609 гектар кошта шуд, ки аз он барои дон 32585 гектарро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани хўроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хўроки чорво ба охир расида истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ то 1 декабри соли  2016 барои таъмини хўроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 415,3 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,6 фоиз хўроки дурушт, аз он ҷумла 177,5 ҳазор тонна ё 124,2 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 6,1 ҳазор тонна ё 90,7 фоиз тарбеда, 231,7 ҳазор тонна ё 99,6 фоиз коҳ, 21,9 ҳазор тонна ё 94,7 фоиз хўроки ширадор тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хўрока 152,6 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 118,7 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 17,0 сентнерӣ воҳиди хўрок тайёр карда шудааст.

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрориро ба охир расониданд.

То 1 декабри соли 2016 ҳамагӣ дар майдони 1104,3 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки он пиёз буда, нисбати ҳамин давраи соли  гузашта 7 фоиз кам шудааст.

Захираи тухмӣ

Ҳамагӣ то 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят тухмии зироатро захира карданд, тухмии ғалладона ва лўбиёгиҳо (бе ҷуворимакка) – 1366,1 тонна, аз он ҷумла гандум – 943,9 тонна, ҷав – 275,7 тонна, шолӣ – 142,1 тонна, ҷуворимакка – 124,0 тонна, картошка – 1028,8 тонна, чигит – 570,0 тонна. Нисбати ҳамин давраи соли  гузашта 5,0 фоиз кам шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3823 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2753 адад ё 72,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

То 1 декабри соли 2016 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 2094,8 тонна сўзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 720 тонна кам аст.

Сўзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 547,9 кг рост меояд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 129,5 кг кам  аст.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 декабри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 624,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,8 ҳазор сар ё 3,3 фоиз, саршумори гўсфанду буз 69,0 ҳазор сар ё 4,9 фоиз, саршумори мурғ 42,4 ҳазор сар ё 2,5 фоиз афзуд.  Аз саршумори умумӣ 92,5 фоизи саршумори чорвои калон ва 85,0 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ – 11,6 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 7,1 фоиз, Истаравшан – 6,3 фоиз, Зафаробод – 4,4 фоиз,  Панҷакент – 3,8 фоизро ташкил дод.

Ба 1 декабри соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 35985,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми декабри соли 2015 - ум 7,3 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 43,5 фоиз, Истаравшан – 14,0 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 10,1 фоиз, Айнӣ– 7,7 фоиз, Мастчоҳ – 6,0 фоиз,  Ашт – 5,6 фоиз, Шаҳристон – 5,0 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 218533,2 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 декабри соли 2015-ум 3,0 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои: Шаҳристон – 20,7 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 6,9 фоиз, Исфара – 5,4 фоиз, Ашт – 4,5 фоиз, Конибодом – 4,3 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 91,9 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1-уми декабри соли 2016 ба миқдори 130735,4 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1-уми декабри соли 2015-ум 6,9 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Деваштич – 2,8 баробар, Конибодом – 61,4 фоиз, Спитамен – 33,3 фоиз, Ашт– 24,1 фоиз, Зафаробод – 14,7 фоиз, Истаравшан – 6,1 фоиз, Исфара – 3,7 фоиз  зиёд намуданд.

Ба 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 7912 сар гўсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1-уми декабри соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 4,8 фоиз ва ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ – 30,3 фоиз, Конибодом – 29,3 фоиз, Мастчоҳ – 10,8 фоиз, Айнӣ– 6,7 фоиз, Деваштич – 6,4 фоиз  зиёд гўсола гирифтаанд.

Ба 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 79792 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1-уми декабри соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 7,1 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ – 40,8 фоиз, Зафаробод – 32,6 фоиз,  Исфара – 23,4 фоиз, Ашт – 16,2 фоиз,  Мастчоҳ – 15,9 фоиз, Конибодом – 13,5 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1390 кг шир дўшида шудааст, ки нисбат ба 1 декабри соли  2015-ум 2,8 фоиз ё 38 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 декабри  соли 2015 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 380 кг, Конибодом– 39 кг, Ҷ.Расулов – 33 кг, Зафаробод  – 30 кг, Мастчоҳ –11 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 229 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 декабри соли 2015-ум 2,2 фоиз ё 5 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 декабри  соли 2016 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 52 сарӣ гўсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум 4,0 фоиз ё 2 сар зиёд шудааст.

Ба 1 декабри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 87 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 21 сарӣ, Б.Ғафуров - 3 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 7430,0 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 2,3 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 176,1 тонна, пахта 17,1 тонна, картошка 3645,2 тонна, сабзавот 61 тонна,  полезӣ 20 тонна, меваҷот 348,6 тонна, ангур 4,7 тонна, хўроки чорво 770,6 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 аз истеҳсоли умумӣ, гўшт 11,9 тонна, шир 12,7 тонна, асал 1,7 тонна ва пашм 1,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 79 сар чорвои калон, 3462 сар гўсфанду буз, 86 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 3,8 млн. сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,3 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 192 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафсӣ сафед – 4,4 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 16,4 фоиз, намуди амури сафед – 8,3 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 18,3 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 52,5 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ  АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1613936,8 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015-ум 110,8 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 1170696,0 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 72,5 фоизи ҳаҷми умумии сармоя-гузориҳои вилоят иҷро гардидааст. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 111377,0 ҳазор сомонӣ  сармоягузориҳои сармояи асосӣ аз худ карда шудааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 1164465,9 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 2,9 баробар зиёд шудааст.

Аз рўи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 910300,7 ҳазор сомонӣ ё 78,2 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи истихроҷи нуқра ва дигар металҳо бо иқтидори коркарди 5 тонна дар як сол  аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Нуқрафом», иншооти корхонаи истехсоли орд бо иқтидори коркарди 60 тонна дар як шабонаруз аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Астана», заводи сементбарорӣ бо иқтидори коркарди 2500 тонна дар як шабонаруз аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Ғаюр Суғдсемент», дар шаҳри Гулистон сехи истеҳсоли қубурҳои оҳанини даврашакл ва чоркунҷа аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Хайри Хуршед», дар шаҳри Бустон – мархилаи дуюми сехи истеҳсоли орд аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Анхор», дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби соҳибкорони хусусӣ - заводи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 80 тонна дар як шабонарўз, заводи равганбарори бо иқтидори коркарди 1000 тонна дар як мох аз тарафи фармоишгар ЧДММ Спитамен Ойл , аз тарафи фармоишгар ҶСП «Норд Азия Металл» - сехи коргоҳи истеҳсоли бо иқтидори коркарди 60000 тонна кубурҳои профили дар як сол, аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ - заводи асфалтбарорӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 50 тонна асфалт ва 120 тонна сангмайда дар як соат, фармоишгар - ШС Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД, дар ноҳияи Зафаробод-корхонаи коркарди пахта бо иқтидори коркарди 15000 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Пахтаи Зафаробод»  ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сўзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 66471,3 ҳазор сомонӣ ё 5,7 фоиз, давлатӣ – 81313,7 ҳазор сомонӣ ё 7,0 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ -16077,2 ҳазор сомонӣ ё 1,4 фоиз, ҶДММ – 83702,8 ҳазор сомонӣ ё 7,2 фоиз, корхонаҳои муштарак – 55001,0 ҳазор сомонӣ ё 4,7 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 93490,3 ҳазор сомонӣ ё 8,0 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 764992,4 ҳазор сомонӣ ё 65,7 фоиз, Тоҷикматлубот -2553,4 ҳазор сомонӣ ё 0,2 фоиз, хоҷагиҳои кишоварзи – 863,8 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз ки  аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 443240,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 27,5 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ба масоҳати 376935 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,4 фоизро ташкил медиҳад. Хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои  аҳолӣ ба масоҳати 338429 метри мураббаъ, аз ҳисоби  маблағҳои ҶДММ - 14372 метри мураббаъ ва аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 24134 метри мураббаъ  ба истифода дода шудааст.

Боғчаҳои бачагона барои 460 ҷой, аз он ҷумла аз тарафи фармоишгар  “ИСА”-и ш.Хуҷанд - боғчаи бачагона бо 280 ҷой, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ дар ш. Бустон - боғчаи бачагона бо 90 ҷой ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов- боғчаи бачагона бо 90 ҷой.

Мактабҳо барои 1260 ҷои талаба, аз он ҷумла дар ноҳияи Шаҳристон - мактаб барои 100 ҷои талаба, дар ноҳияи Ашт - мактаб барои 360 ҷои талаба, дар ноҳияи Спитамен - ду мактаб барои 440 ҷои талаба, дар ноҳияи Панҷакент - мактаб барои 240 ҷои талаба ва дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ - мактаб барои 120 ҷои талаба.

Беморхонаҳо барои 45 кат, аз он ҷумла дар ноҳияи Деваштич беморхона барои 20 кат, дар ноҳияи Мастчоҳ беморхонаи сил барои 25 кат ва дар  ноҳияи Ашт Қасри фарҳанг барои 800 ҷой сохта ба истифода дода шудааст.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 бо қувваи худ ба маблағи 591886,8 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015 ба маблағи 81634,4 ҳазор сомонӣ ё 16,0 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 3549,7 ҳазор сомонӣ (0,6 фоиз), саҳомӣ 17016,7 ҳазор сомонӣ (2,9 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 515248,4 ҳазор сомонӣ (87,1 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 40492,7ҳазор сомонӣ (6,8 фоиз), хориҷӣ 15579,3 ҳазор сомонӣ (2,6 фоиз)  ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 23,9 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъи, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 20,0 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 1,9 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 3,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 91,8 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 2175,2 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5,1 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-октябри соли 2016-ум 145,8  миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 104,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 145,6 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 104,7 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 33,6 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 136,0 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 194,8 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 84,2 фоиз)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 2686,8 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 96,8 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд 2804,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2015-ум 1,5 фоиз кам шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 1173,8 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 41,9 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2015 бо нархҳои муқоисавӣ 4,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри  соли 2016 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 1101,8 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА МОЛҲОИ  МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ҳаҷми гардиши савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёи истифодаи шахсӣ 5768921,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015-ум 6,7 фоиз ё ба маблағи 624782,0 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015 ҳаҷми гардиши савдои чакана 6,1 фоиз, корхонаҳои таъмири мошинҳо 48,7 фоиз, ҳаҷми гардиши молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ 29,6 фоиз афзудааст.

Таносуби гардиши моли бахши савдои ғайридавлатӣ дар моҳҳои январ -ноябри соли 2016-ум 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кардааст.

Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умуми 53,5 фоиз ё 3024354,4 ҳазор сомониро ташкил додааст, молҳои ғайриозуқа 46,5 фоиз ё 2628644,5 ҳазор сомонӣ, зимнан, молҳои озуқаворӣ ба маблағи 395709,9 ҳазор сомонӣ нисбат ба молҳои ғайриозуқаворӣ зиёд фурўхта шудаанд.

Дар ҳаҷми умумии фурўши молҳои озуқаворӣ гўшт ва маҳсулоти гўштӣ (17,1 фоиз), орд (9,5 фоиз), маснуоти қаннодӣ (8,0 фоиз), равғани растанӣ (4,6 фоиз), ярма ва лўбиёӣ (2,9 фоиз),  сабзавот (2,9 фоиз)  ва меваҷот (2,9 фоиз) афзалият доранд.

Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводҳои бинокорӣ (17,0 фоиз), маҳсулоти нафтӣ (20,4 фоиз), газворҳо (11,8 фоиз), пойафзол (7,7 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (3,9 фоиз) мебел ва маснуоти қолинҳо (3,5 фоиз) ва либос (3,0 фоиз) рост меояд.

Манбаҳои ташаккули гардиши моли чакана:

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бўстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 аз ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини вилоят 2221,0  сомонӣ рост омадааст.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум 291677,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1669589,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015-ум 15,8 фоиз ё 313520,0 ҳазор доллар кам аст. Тарози савдо манфӣ буда –866512,8  ҳазор долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 59 мамолик, аз он ҷумла бо 10 мамолики ИДМ ва бо 49 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 73,8 фоиз ё 1232079,9 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 26,2 фоиз ё 437509,9 ҳазор доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 24,1 фоиз ва воридот бошад 75,9 фоизро ташкил мекунад, ки  касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 787441,3 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур –  79071,5 ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015 бо мамлакатҳои ИДМ 14,8 фоиз ё 214136,9  ҳазор доллар кам ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 18,5 фоиз ё 99383,1  ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 содироти мол 401538,5 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015-ум 4,8 фоиз ё 20126,1 ҳазор доллар кам шудааст. Воридоти мол ба вилоят 1268051,3 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015-ум 18,8 фоиз ё 293393,9  ҳазор доллар кам мебошад.

Нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2015 содироти маҳсулоти маъданӣ 51,3 фоиз ё 69954,7 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта 13,2 фоиз ё 4910,4 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти мошинолот ва таҷҳизот 59,6 фоиз ё 84271,9 ҳазор доллар, воридоти гандум 9,4 фоиз ё 20321,9 ҳазор доллар, воридоти орд низ 48,9 фоиз ё 26746,0 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, шарикони асосии соди-ротӣ инҳоянд: Қазоқистон – 41,9 фоиз, Шветсария – 24,7 фоиз, Ўзбекистон – 7,7 фоиз, Чин – 6,3 фоиз,  Руссия – 4,1 фоиз, Нидерланд – 3,2 фоиз, Туркия – 3,0 фоиз, Италия – 2,7 фоиз, Эрон– 2,4 фоиз, Қирғизистон – 1,1 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Руссия –42,9 фоиз, аз Қазоқистон – 31,4 фоиз, Чин – 13,8 фоиз, Ўзбекистон – 1,9 фоиз, Литва – 1,8 фоиз, Туркия – 1,5 фоиз,  Қирғизистон – 1,2 фоиз, Эрон- 1,0 фоиз ва ғайраҳо.

ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 2139,5 ҳазор доллар ё 3093,4 тонна ёрии башардўстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 2009,8 ҳазор доллар ё 3044,7 тонна, воситаҳои нақлиёт 65,4 ҳазор доллар ё  5,8 тоннаро ташкил мекунад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-октябри соли 2016-ум 402,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 257,2 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 145,5 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 ноябри соли 2016-ум 11,3 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,4 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – октябри соли 2016-ум 759,80 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 ноябри соли 2016-ум 9695,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2016-ум 2775,6 ҳазор сомонӣ (28,6 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 6186,3 ҳазор сомонӣ (63,8 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 2768,9 ҳазор сомонӣ (28,6 фоиз) ва дар саноати коркард 666,7 ҳазор сомонӣ (6,9 фоиз)- ро ташкил додааст.

НАРХ

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,3 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 105,0 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 105,3 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 104,2 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 индекси нархҳои истеъмолӣ 5,7 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,5 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,4 фоиз буд).

Аз аввали соли 2016 сатҳи таваррум дар вилоят 5,7 фоизро ташкил дод.

Дар моҳи ноябри соли 2016 нисбат ба моҳи октябри соли 2016 аз молҳои озуқаи мушоҳидашуда бештар қимат шудааст: тарбуз – 20,6 фоиз, картошка – 18,7 фоиз, харбуза – 17,6 фоиз, лўлачаи шоколадӣ «Snikӯқs» – 16,5 фоиз, чеснок – 8,3 фоиз, бехпиёз – 5,4 фоиз, кулчаи қандин – 5,3 фоиз, тухм – 4,2 фоиз, тортҳо – 4,0 фоиз, кефир – 3,7 фоиз, фанта  – 3,6 фоиз, рони мурғ – 3,4 фоиз ва равғани пахта – 2,3 фоиз. Ҳамзамон дар ҳамин давра сабзӣ – 21,3 фоиз, карам – 7,0 фоиз, шакар – 4,7 фоиз, мош – 3,6 фоиз, биринҷ – 3,4 фоиз, ярмаи марҷумак – 3,1 фоиз, себ – 3,1 фоиз ва лимон – 2,8 фоиз арзон шудааст.

Дар моҳи ноябри соли 2016 нархи молҳои ғайриозуқа нисбат ба моҳи гузашта 1,2 фоиз қимат шудааст, аз молҳои мушоҳидашудаи ғайриозуқа бештар ҷўроби мардона – 29,7 фоиз, дастпўшаки занона – 23,6 фоиз, ангишт – 17,0 фоиз, электроплитка – 16,2 фоиз, ҳезум – 15,2 фоиз, рўймолҳои пашмину нимпашмин – 15,1 фоиз, обгармкунаки «Aқiston» - 14,9 фоиз, сумкаи занона – 12,2 фоиз, курткаи гарми занона – 11,3 фоиз, куртаи духтарона аз матои нимпашмин – 10,2 фоиз, куртаи духтарчаҳои сини яслӣ аз матои пашмин – 8,3 фоиз, дастпўшаки мардона – 8,1 фоиз, газвори нимпашмин – 7,6 фоиз, ҷемпери бофта барои писарбачаҳо  - 7,4 фоиз, чорчўбаи тиреза – 5,9 фоиз,  калўши занона – 5,8 фоиз, яктаги миллӣ (ҷома) аз матои пахтагин – 5, 6 фоиз, куртка барои кўдакони сини яслӣ – 5,1 фоиз, мўзаи занона – 3,9 фоиз. Дар ҳамин давра гази моеъ – 11,5 фоиз ва семент – 8,6  фоиз арзон шудааст.

Нарху тарифаи хизматрасонии пулакие, ки ба аҳолӣ расонида мешавад дар моҳи ноябри соли 2016 нисбат ба моҳи гузашта 2,4 фоиз арзон шуд, ки ин асосан аз ҳисоби хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 22,8 фоиз ва хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан – 7,5 фоиз. Дар ҳамин давра пардохт барои барқ – 16,3 фоиз, хизмати сартарошхонаҳо ва корхонаҳои хизмати шахсӣ – 12,0 фоиз, дигар хизматрасонии пулакии нақлиёт – 9,7 фоиз ва хизмати хўроки умумӣ – 3,6 фоиз қимат шудааст.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2016

(аз рўи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2016-ум 13501 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2015-ум 4,2 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 22,6 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 37,5 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2016-ум 10042 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2015-ум 0,5 фоиз кам  аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КЎМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-ноябри  соли 2016-ум 506,5 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кўмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016-ум бо назардошти бақияи аввали сол (20,4 млн. сомонӣ) 518,8 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахўрон то 01.12.2016-ум 208326 нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

Читать далее

ОЛИМЕ, КИ ХИЗМАТАШ БАҲРИ САДСОЛАҲОСТ!...

Оре, кашфиёте, ки ў дар илми физикаву кимиё анӣом дод, номи ин олими ҷўяндаву асил ва дар шахсияти вай кишвари Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон ҳамчун миллати донишманду закӣ муаррифӣ намуд. Кушоише, ки ў баҳри рушду такомули иқтисодиёти Тоҷикистони азиз амалӣ гардонд, натанҳо дар айёми барҳаёт буданаш, балки то имрўз баҳри баланд бардоштани нерўи иқтисодии сарзаминамон хизмат мекунанд.

Ин фард зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд буда, даврони тифлиаш дар ин сарзамин гузашта, айёми бачагӣ ва наврасиаш бошад, бо тақозои рўзгори оилавиашон дар шаҳри Исфара гузаштааст. Маълумоти миёнаи ҳафтсоларо бо забони русӣ гирифтааст.

Анвар Ваҳҳобов тақрибан дар нуздаҳ-бистсолагӣ Донишкадаи политехникии ба номи М. И. Калининро дар шаҳри Ленинград (Санкт – Петербург) аз рўи ихтисоси “Металлургияи металлҳои ранга” хатм кард. Фаъолияти худро дар заводи автомобилсозии ба номи А.Лихачёв аввали солҳои 1960-ум оғоз карда, сипас дар Паҷўҳишгоҳи умумииттифоқии манбаъҳои ҷараёни шаҳри Москва фаъолият бурд. Баъди чанд муддати фаъолият дар Паҷўҳишгоҳи кимиёи АУ РСС Тоҷикистон ба номи В.И. Никитин солҳои шастум барои давом додани таҳсил дар аспирантура ба Донишкадаи хўла ва пўлоди шаҳри Москва равона карда мешавад. Ин ҷо таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи улуми СССР Креситовников рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуда, боз дар шаҳри Душанбе, Паҷўҳишгоҳи химияи АУ РСС Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳад.

Дар ин боргоҳи илм ў фаъолияти илмии худро пурра ба соҳаи металлшиносӣ, металлургия ва коркарди хўлаҳои нав бахшида, ҳамчун яке аз олимони шинохтаи соҳа соҳиби эҳтиром мегардад. Дар қатори нахустинҳо дар мамлакати абарқудрати шўравӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ усулҳои коркарди технологии истеҳсоли калтсий, стронсий, барий ва алюминийи тозаро барои соҳаҳои техникаи электронӣ ва металлургия кашф намуда, баҳри ба истеҳсолот ворид намудани онҳо бевосита дар заводҳои гидрометаллургии шаҳрҳои Исфара ва Саянск иштирок менамояд.

Таҳти роҳбарии А. Ваҳҳобов хўлаи “Алҳба” барои соҳаи электроника ва хўлаи дар асоси алюминий рехташавандаи тамғаи Ал-4СК, Ал-91С ,(ТУ-АНТ- 01-004-93) барои рехтани чархҳои автомобил, корпуси гидронасосҳо дар заводи “Тоҷикгидроагрегат” ва батареяҳои гармиивазкунаки манзилҳо, инчунин барои рехтагарии деталҳои гуногуни мошинҳо дар заводҳои истеҳсоли трактори Челябинск ва Волгоград ва заводҳои автомобилбарории “КАМАЗ”, “ВАЗ”, “ЗАЗ”-и шаҳри Запороҷйе, “ЗИЛ” ихтироъ гардидаанд. Хўлаи ҳамроҳи шогирдон ихтироъкардаи ў бо номи АСТ-10, ки 10 фоизаш стронсий, боқимондааш алюминий аст, дар коргоҳҳои металлургии “Волҷские моторқ”–и шаҳри Самара, Уляновск, дар заводи алюминийи шаҳри Новокузнетск ва як қатор заводҳо истифода бурда мешаванд. Аз тарафи олим як силсила хўлаҳои тозагиашон баланди сечандаи дар асоси алюминий, магний – титан, алюминий –титан – мис, алюминий – мис – никел – титан кор карда баромада барои истифодабарӣ дар соҳаҳои микроэлектроника, металлургия ва стоматология тавсия карда шуда, дар коргоҳҳои В-2892-и шаҳри Москва ва Кировогради Украина барои истифода қабул карда шудаанд.

Охири солҳои ҳафтодум А.Ваҳҳобов ҳамроҳи шогирдонаш бо масъалаҳои ба даст овардан ва таҳлили алюминии холиси тозагиаш то ба 99,9999 фоиз машғул гашта, дар миқёси Иттиҳоди Шўравӣ дорои обрўю эътибори баланд мегардад, ки ба он саноати электронӣ хеле ниёзи калон дошт. Баъди азхуд намудани истеҳсоли лаборатории ин алюминий истеҳсоли саноатии он дар мавзеи Кондараи назди Душанбе ба роҳ монда, истеҳсоли солонаи он ва хўлаҳо дар асоси он то 200 тонна дар як сол расонида мешавад.

Баробари фаъолияти илмии худ дар мактабҳои олии пойтахт - Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникӣ аз фанҳои химияи физикӣ ва электрохимия ба донишҷўён машғулият мегузаронд. Солҳои 1989 -1990 ректори Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буд. Солҳои 1991-1996 Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва роҳбарӣ намудааст.

Аз рўзҳои аввали таъсисёбии филиали Институти энергетикии шаҳри Москва (донишгоҳи техникӣ) дар шаҳри Волҷск, яъне аз соли 1995-ум ў ба ҳайси мудири кафедра адои вазифа намуд. Дар сохтори донишкада 4 кафедра мавҷуд буд, ки яке аз онҳо кафедраи “ Фанҳои умумитехникӣ” ном дошт. Солҳои нахустини таъсисёбии кафедра мутахассисон аз шаҳри Москва ба олимони кафедра хеле кўмак мекарданд. Ҷомеаи хурди ин кафедра мунтазам бо кадрҳои нав ва, албатта, бо ғояҳои тоза пур мегардид. Мудирии ин кафедраро то соли 2003-юм доктори илмҳои техникӣ, профессор Анвар Ваҳҳобов ба дўш дошт.

Ба ҷуз корҳои таҳқиқотии илмӣ таҳти роҳбарии ин олим бештар аз 30 нафар унвонҷўён рисолаи номзадии хешро бомуваффақият дифоъ карданд, 10 нафар шогирдонаш сазовори унвони ифтихории доктори илм гаштанд. Имрўз даҳҳо дастпарваронаш дар мамолики ИМА, Исроил, Олмон, Шветсия, Федератсияи Русия, Украина, Белорус, Ӯзбекистон фаъолият доранд.

А. Ваҳҳобов муаллифи 10 асари илмӣ, 77 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтирооту навоварӣ, 350 мақолаи илмӣ ва 45 гузориш дар конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.

Доираи фаъолияти илмии доктори илмҳои техникӣ, профессор А. Ваҳҳобов хеле васеъ буда, ба соҳаҳои химия ва технологияи моддаҳои тозагиашон баланд, масолеҳҳои металлӣ, ҳимояи металлҳо аз вайроншавиҳои физикохимиявӣ, коррозия, назарияи ирсият дар табиати ғайризинда, корҳои кўҳӣ ва металлургӣ, электрохимия, физикаи металлҳо, пешгўикунии хосиятҳои моддаҳо, маълумотдиҳии муҳандисӣ ва дигарҳо бахшида шудаанд.

Машғулияти дигари дўстдоштаи А.Ваҳҳобов ин меҳри беандоза ба табиати Тоҷикистон буда, вай тамоми давраи рухсатии меҳнатии худро дар оғўши диёраш мегузаронд. Ў чанд муддат раиси Федератсияи сайёҳони ҳавасманди ҷумҳуриро сарварӣ намудааст. Дар як даври рухсатии меҳнатӣ то се гурўҳҳои сайёҳони хатсайри кўҳиро роҳбаладӣ менамуд, ки он аз мавзеи Искандаркўл оғоз мегирифт. Байни роҳбаладон А.Ваҳҳобов дорои эҳтироми баланди касбӣ ва ҳамчунин инсонияти баланд буда, қариб нисфи гурўҳи сайёҳони навро шиносони деринаш ташкил медоданд.

А.Ваҳҳобов яке аз аввалинҳо шуда, хатсайри кўҳии нави нисбатан мураккаби Қайроққум-Ворух-Сўх (вилояти Фарғонаи Ўзбекистон)-Ҷирғатол-Душанберо ташкил намуда, худ се маротиба сайёҳонро роҳбаладӣ кардааст.

Ин олими дар миқёси байналмилалӣ эътирофшуда ба аъзогии Шўрои илмии моддаҳои тозагиашон баланд ва физикиву кимиёвии хўлаҳои металлии Академияи улуми Федератсияи Русия ва узвияти Кумитаи Паҷўҳишгоҳҳои муҳандисии мамлакатҳои исломӣ пазируфта шуда буд.

Хизматҳои шоистаи Анвар Ваҳҳобов аз ҷониби роҳбарияти мамлакати шўравӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ карда, бо Ҷоизаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, ордени “Нишони Фахрӣ”, “Ихтироъкори СССР”, медали “Собиқадори меҳнат” ва медалҳои тиллоию нуқрагини Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР ва дигарҳо тақдиронида шудааст.

Имрўзҳо, агар ин олими тавонову заҳматкаш, фидоии пайроҳаи илм барҳаёт мебуданд, ба синни табарруки 80 – солагӣ мерасиданд. Ҳарчанд устоди арҷманд дар паҳлўи мо, шогирдон ҷисман ҳузур надоранд, дар ёду хотираҳо бо панду насиҳатҳои пурманфиат, каломи самимиву меҳрубонашон нерўбахши мо мебошанд ва эшонро ҳамеша бо некӣ ба ёд оварда мегўем:

Тан ба ҷон зинда асту ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кону ҷонат гавҳар аст.

Манзили охирататон ободу рўҳатон шод бошад, устоди азиз.

Муҳаммадҷон МАҲМУДОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Fафуров, шогирди устод

Читать далее

Таъмини стратегияи миллӣ ва рушди боркашонии нақлиётӣ

Баъди барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва гусаста шудани равобити иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои ҳаммарз пешорўи Тоҷикистони офтобрўя мушкилоти зиёде пайдо шуд. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ бўҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомеаро фаро гирифта буд.

Хушбахтона, Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид, ба ин хараҷу мараҷҳо нуқтаи таммат гузошт ва фарзанди фарзонаи миллат, сарсупурдаи давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вакилон Сарвари давлат интихоб намуданд. Барои дар як муддати кўтоҳ ҳал намудани мушкилоти мавҷуда, эмин нигоҳ доштани Тоҷикистони пароканда, аз вартаи ҳалокат ва ба давлати воҳид табдил додани Ватани азизамон Сарвари хирадманди давлати тоҷикон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ, аз ҷумла силсилаи Консепсияву Стратегияҳои миллиро роҳандозӣ намуданд.

Яке аз ин Стратегияҳо «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва пайвастан ба роҳҳои байналхалқӣ, нақлиётию обӣ ва ҳавоӣ» маҳсуб меёбад. Стратегияи мазкур аз ду ҳадафи асосӣ иборат аст. Яке ташкили роҳи нақлиётии ягона дар ҷумҳурӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва пайвастан ба шоҳроҳи байналмилалӣ, дуюмӣ шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияҳо ва Иттиҳодияҳои байналхалқӣ дар соҳаи нақлиёт ба шумор меравад.

Барои расидан ба ин ҳадафи бузург Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои нақлиётгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Кўлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб, Душанбе-Истаравшан-Бўстон-Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол - Саритош (сарҳади Қирғизистон), Душанбе-Турсунзода (сарҳади Ўзбекистон) ва Айнӣ-Панҷакент (сарҳади Ўзбекистон)-ро таъмин намуд. Ифтитоҳи нақбҳои мошингарди Шаҳристон, Озодӣ, Истиқлол ва Шар-Шар, сохтмони роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кўлоб, як зумра роҳҳои нақлиётгарди аҳамияти байналхалқидошта, нақбу пулҳо имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба давлати воҳид ва пайвасткунандаи дигар давлатҳо тавассути баромадан ба роҳҳои ҳавоӣ, обӣ ва нақлиётии ҷаҳон табдил ёбад. Тибқи ҳадафи дуюми Стратегияи миллии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ барои таъмини ниҳоии роҳҳои нақлиётгарди байналмилалии дохилӣ ва пайвастани ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ба шоҳроҳҳои бузурги байналхалқӣ дар Тоҷикистон Барномаи барқарорсозӣ ва таъмири асосии роҳҳои дар боло зикргардида, тарҳрезӣ карда шуд, ки то соли 2025 амал менамояд.

Мутобиқи ин Барнома сохтмон ва таъмири капиталии зиёда аз 4 ҳазор километр роҳ ва 576 пулҳои калонҳаҷм ба маблағи 4 миллиарду 400 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин Стратегияи миллӣ ва барномаҳои қабулгардида имкон фароҳам оварданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шартномаҳои ҳамкориро дар бобати истифодаи роҳҳои байналмилалӣ бо 9 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва 7 давлати Аврупову Осиёи Марказӣ ба имзо расонида, ҳамзамон 27 шартномаи дигар ва 7 конвенсияи ташкилотҳои байналхалқиро роҳандозӣ намоянд.

Имрўз Тоҷикистони озод ва рў ба рушди бемайлон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамкории хешро бо ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, давлатҳои ҳамсояву ҳамҷавори Осиёи Марказӣ, ҳамзабону ҷамоҳири исломӣ ва дигар манотиқи олам дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Тавассути роҳҳои байналмилалӣ имрўз маҳсулоти мевагию ангур, хушкмеваю ситрусии деҳқонону соҳибкорони тоҷик ба Қазоқистон, Федератсияи Россия ва ба давлатҳои дигар содирот мегарданд.

Дар содироти маҳсулот ҳанўз мушкилиҳо ҷой доранд. Ин мушкилот бештар аз мавҷуд набудани технологияи ягонаи қайди воситаи нақлиёт ва борҳои хоҷагии халқ, дар амал ҷорӣ накардани назорати якҷоя аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя, аз қабили дар як ҷой ташкил накардани истгоҳи муштарак, тез - тез тағйир ёфтани талаботи иҷозатдиҳӣ дар сарҳад, ки ронандагон бохабар нестанд, ташкил накардани иҷозатдиҳии фаврӣ ва аз соатҳои тўлонӣ дар нуқтаҳои назоратӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти пурбор иборат аст.

Барои таҳлилу бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва беҳтар намудани вазъи хизматрасонии боркашонии нақлиётӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути роҳҳои байналмилалии нақлиётгард, ҳамзамон кўмак ба соҳибкороне, ки ба содироти молу маҳсулот ва меваю хушкмева машғуланд, бо кўмаки молиявии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ба кишоварзӣ ва соҳибкорӣ шуғлдоштаи вилояти Суғд чорабиниҳои манфиатбахш доир карда шуданд. Пас аз таҳлилу тадқиқи ҳаматарафа дирўз дар толори маҷлиси Маҷмааи иҷтимоиву истироҳатии «Дўстӣ - Амирхон» сўҳбати гирди «Мизи мудаввар» барпо гардид, ки дар он намояндагони идораи амволи давлатӣ, бахши нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, котиби Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд, роҳбарону мутахассисони Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон, Иттифоқи соҳибкорон, Ассотсиатсияи соҳибкорон, котибони шўроҳои машваратии чанде аз раисони шаҳру навоҳӣ ва соҳибкорони содиркунандаи молу маҳсулот, мева ва хушкмеваҳо ширкат доштанд. Назди ҳозирин аъзои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон Рауф Шораҳматов дар мавзўи «Беҳтар намудани вазъи хизматрасонии боркашонӣ тавассути нақлиёт, бартарафсозии мушкилот ҳангоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ ва тавсияҳо бо соҳибкороне, ки ба содироти мева ва хушкмеваҳо шуғл меварзанд» бо истифода аз воситаҳои техникии муосир сўҳбати судманд намуд. Зикр гардид, ки дар амалишавии Стратегияи миллии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста доранд. Дар сўҳбати «Мизи мудаввар» соҳибкорони шаҳру навоҳии содироткунандаи молу маҳсулот ва меваю хушкмеваҳо, аз қабили Истаравшан, Хуҷанд, Исфара, Ҷаббор Расулов, Спитамену Ашт ва Бобоҷон Ғафуров ширкати фаъол доштанд ва ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид гашт, ки ҳангоми содироти зардолу бинобар набудани терминали дохилӣ соҳибкорон маҷбур мегарданд, ки аз ноҳияи Ашт то терминали дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масофаи зиёдеро тай намоянд. Дар ин терминали дохилӣ бошад, бар ивази соатҳои дароз навбат поидан сифати зардолу ва нархи он паст мешавад.

Дар «Мизи мудаввар» зикр гардид, ки масъалаҳои мазкур таҳти таваҷҷўҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ қарор дошта, ҳалли мусбии хешро ёфта истодаанд. Ин аст, ки соҳибкорони муваффақи диёри азизамон дар таҳкими рушди иқтисодии мамлакат ва ғанисозии буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Мазбут Бобозода,
узви Иттиҳоди
рўзноманигорони Тоҷикистон

Читать далее