15 December 2016

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 11 моҳи соли 2016

Имрӯз, 15 декабр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 11 моҳи соли равон баргузор гашт.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  ва бо иштроки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид  доир гашт, муовинони Раиси вилоят, мудирону шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят, сохтору мақомотҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, раисони ҷамоату деҳот, намояндагони мақомоти андоз ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Читать далее

Маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  санаи 14 декабри соли 2016 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти  рушди иқтисодию иҷтимоии  шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оғоз бахшид.

Сараввал, дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал муовини Раиси шаҳр ҳомидӣ И.М., доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016» баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 фаъолияти худро баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри амалӣ намудани «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» ва таъмини иҷрои нақшаю вазифаҳои вогузоргардида равона карда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст оварда шуданд, аз он ҷумла:

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ–109 млн. 889,4 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ–316 млн. 147,2 ҳазор сомонӣ;

- сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо– 21 млн. 166,2 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми гардиши савдои чакана– 310 млн. 55,6 ҳазор сомонӣ;

-хизматрасонии пулакӣ– 170 млн. 779,3 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2016 – 49614,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 44102,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки 88,9 фоизи нақшаро ташкил намуда, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 88,8 фоиз иҷро шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 49605,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 43729,4 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, баробари 88,2 фоизи нақша мебошад.

Аз сабаби бемасъулиятии соҳибмулкон коргоҳҳои саноатии ҶС «Конибодом» ва ҶС «Ресмон» дар давраи ҳисоботӣ тамоман фаъолият накарданд. Дар асоси нақшаи амал оид ба таъсиси  коргоҳҳои нави саноатӣ, дар соли ҷорӣ 6 коргоҳҳои саноатӣ бо 170 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Дар арафаи ҷашни Иди байналхалқии «Наврӯз» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди нафти ҶДММ «Нафтрасон» бо иқтидори 70 ҳазор тонна коркарди нафт дар як сол бо  таъсиси 80 ҷойи кори доимӣ ва коргоҳи банду басти меваи хушки ҶДММ «Меваи Канд» бо иқтидори 1200 тонна коркарди меваи хушк дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи корӣ ба истифодадодашуда, инчунин дар давраи ҳисоботӣ коргоҳҳои истеҳсоли гаҷ ва гипсокартон бо таъсиси 60 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар ҳудуди шаҳр 222,3 км роҳҳо таъмиру тармим гардида, 102,3 фоизи нақшаро дар бар гирифт. Инчунин, зиёда аз 5 км роҳҳо пурра мумфарш гардида,  54,1 км роҳҳо шағалпӯш ва дар 165,2 км роҳҳо таъмири ҷорӣ бо асфалт ба итмом расонида шуданд.

Сипас, Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар ёздаҳ моҳи соли 2016 аз  муовини аввал, муовинони раиси шаҳр ва як қатор роҳбарони соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, нозироти андоз, раёсатҳои кишоварзӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи барқ, бахши кор бо ҷавонон, корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор оид ба дин, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ оид ба фаъолияташон дар давраи ҳисоботӣ пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ  намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   вилояти  Суғд-муовини Раиси вилояти Суғд  Файзуллозода З.Қ.,иштирок намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр аз як қатор роҳбарони соҳаҳо пурсиш ба амал оварда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда мухтасар баромад намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд  дар масъалаҳои пешрафти ҷомеа, боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар фарҷоми маҷлис, фаъолияти ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  мавриди таҳлил  ва  баррасӣ  қарор  дода шуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта  шуданд.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

 

Читать далее

Гузоштани арча ҷойи мувофиқро талаб мекунад

Баробари наздик шудани Соли нави милодӣ дар тамоми ҷаҳон омодагӣ ба ин чорабинии бонуфуз оғоз мегардад. Дар кишварҳои гуногуни дунё ин идро ба таври худ, бо расму русуми миллии худ таҷлил менамоянд. Дар кишвари офтобии мо низ иди Соли Навро пиру барно бо рўҳияи идона ва завқи беандоза таҷлил менамоянд.

Оростани арчаи солинавӣ аз омадани Соли нави милодӣ муҷда медиҳад.

Оре, Соли нав файзу баракати афзуни худро дорад. Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳар сол баробари наздик гардидани Соли нави милодӣ дар чандин мавзеъҳо арчаҳои солинавӣ ороста, бо бозичаҳои ороишии гуногун зеб дода мешаванд. Баробари гузоштани арчаҳои солинавӣ дар гирди арчаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Агар яке барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ заҳмат кашад, дигар сохтор барои бехатарии он кўшиш ба харҷ медиҳад. Ҳар сол баробари гузоштани арчаҳои солинавӣ фаъолияти кормандони Хадамоти давлатии нозироти бехатарӣ аз сўхтор низ зиёд мегардад.

Онҳо баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сўхтор ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои «Арчаи солинавӣ» тадбирҳои мушаххас меандешанд. Чунончӣ, аз тарафи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ҳамасола моҳи декабр чорабиниҳои профилактикӣ - оташнишонии комплексии рамзии «Арча» гузаронида мешавад.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сўхтор дар ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва умумӣ, боғчаҳои бачагона, ки дар онҳо чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ, дастурҳо оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор дар байни аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон, омўзиши қоидаҳои оддитарини бехатарӣ аз сўхтор бурда мешаванд.

Кормандони ин муассиса мекўшанд, ки чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат хотирмон гузараду ягон ҳодисаи нохуши сўхтор ба амал наояд. Зеро нисфи зиёди бозичаҳое, ки барои ороиши арчаи солинавӣ истифода мешавад, бо воситаи қувваи барқ фурўзон мегарданд. Аз ин рў, кормандон пеш аз гузоштани арча мекўшанд, ки ҷойи мувофиқро муайян намоянд, то боиси сар задани сўхтор нагардад. Гузоштани арча низ ҷойи мувофиқро талаб менамояд. Масалан, дар гузаргоҳҳо ва ҳам назди баромадгоҳҳо гузоштани арча қатъиян манъ аст.

Ҳамзамон, арча бояд дар ҷойи мустаҳкам (тагмонак, зарфи регдор) гузошта шуда, шохаҳои арча бояд аз девор ва шифти хона дар масофаи на кам аз 1 метр дуртар ҷойгир бошад. Ҳангоми ороиши арчаҳои солинавӣ бо чароғакҳои рангин, хатти ҷараёни барқ ва пайвастшавии ноқилҳои барқӣ ба талаботҳои сохти дастгоҳи барқӣ, қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҷавобгў бошанд ва танҳо аз тарафи мутахассисони ин соҳа ба роҳ монда шаванд. Ҳамзамон, барои ороиши арчаҳои солинавӣ истифода бурдани ҷиҳози оташгиранда, маводҳои пиротехникӣ ва шамъҳои бенгалӣ қатъиян манъ аст, таъкид менамоянд мутахассисони соҳа.

Тибқи қоидаҳои зидди сўхтор ҳамзамон, гармкунии биноҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешаванд, танҳо аз гармхонаҳои марказонидашуда ва ё гармкунакҳои стандартӣ ба роҳ монда шавад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Улуғбек Худойбердиев

1-уми  июли  соли  1988  дар  оилаи деҳқон, ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Солҳои 1995-2006 дар  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  №14-и  ба  номи Исмоили Сомонии  деҳаи  Ашт  таҳсил намудааст.

Аз  соли  2006  то  2011  дар шўъбаи журналистикаи факултаи Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба  номи  академик  Бобоҷон Ғафуров таҳсил  намуда,  онро бомуваффақият  ба  итмом расонидааст.

Солҳои  2013  ва  2014  дар  сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.   

Худойбердиев Улуғбек фаъолияти кориву эҷодиашро  аз овони донишҷўӣ оғоз намуда, аз соли 2009 дар рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» фаъолият мебарад.  

Читать далее

Самараи иқдом – ободӣ!

Соли равон аз номи сокинони маҳаллаи «Курушкада» доири мумфарш намудани роҳи нақлиётгарди хатсайри № 198 «Истаравшан – Курушкада», ки аз маркази маҳалла мегузарад, ба Шумо муроҷиат намуда будем.

Шумо ба мо пешниҳод намуда будед, ки худи аҳолӣ иқдом нишон дода, ин роҳи марказиро, ки дарозиаш 1,5 км аст, бо усули ҳашар таҳту ҳамкор карда, новаҳои обгузар хобонем, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мумфарш мегардад.

Мардуми маҳаллаи мо ҷавобан ба пешниҳоди Шумо ташаббуси олиҳимматона нишон дода, ҳақиқатан ҳам, дар ҳашари умумихалқӣ якдилона иштирок намуда, роҳи нақлиётгардро бо кўмаки бевоситаи корхонаи вилоятии «Суғдроҳсоз» ва муассисаи давлатии таъмир ва роҳсозии шаҳри Истаравшан хушсифат тахту ҳамвор карда, барои мумфаршнамоӣ омода карданд.

Маҳз, бо супориши Шумо ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли равон роҳи марказии масиргарди маҳалла ба масофаи беш аз 1100 метр хушсифат мумфарш карда шуд.

Бинобар ин, аз номи кумитаи маҳалла ва ҳамаи истиқоматкунандагон ба Шумо, Раиси дилсўз ва ғамхори халқ миннатдории самимиамонро изҳор менамоем.

Бо эҳтиром,
Ҳалимбой ҲАБИБОВ,
Рустам АҲМАДОВ,
аз номи 5000 сокини маҳаллаи
«Курушкада»-и шаҳри Истаравшан

Читать далее

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 декабри соли 2016, № 525

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 декабри соли 2016, № 518 “Дар бораи даъвати иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум”

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бинобар санаи 22 декабри соли 2016 ироа шудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор мекунам:

1. Банди 1-уми қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 декабри соли 2016, № 518 «Дар бораи даъвати иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум» ба таври зайл хонда шавад: «Иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 27 декабри соли 2016, соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад».

2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Зоирӣ F.М. гузошта шавад.

Читать далее

Истиқлолхоҳию ваҳдати тоҷик – алайҳи терроризму ифротгароӣ

Мардуми меҳнатқарини кишварамон як силсила ҷашнҳои таърихиро таҷлил намуданд, ки онҳо дар таърихи навини тоҷикон нақши ҳалкунанда доранд. Таҷлили бошукўҳи рўзи Ваҳдати миллӣ ва бо шукўҳу шаҳомат ва ифтихори баланди миллӣ пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Бечуну чаро ин ду санаи таърихӣ ду ҳалқаи ногусастании таърихи навини Тоҷикистон буда, яке дигареро тақвият мебахшад ва онҳо зинаҳои муайяни рушди ҷомеаи тоҷиконро инъикос менамоянд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии мардум хеле боло рафт. Нуқтаи ибтидоии ҳамагуна тағйиротҳое, ки ба вуҷуд омаданд, ин Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он гардиши куллӣ дар таърихи давлату миллатсозии тоҷикон маҳсуб меёбад. Тоҷикон дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба музаффариятҳои калон ноил гаштанд.

Аммо бархе намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ин музаффариятҳоро нодида мегиранд. Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон суханпардозиҳои онҳоро шунида, ба андеша меравам, ки оё онҳо низ тоҷикистонианд? Боиси хурсандист, ки дар мафкураи аксари мардуми тоҷик як ҷаҳиш ба вуҷуд омадааст. Ман мушоҳида накардаам, ки дар вохўриҳои Пешвои миллат, фарде дар бораи муаммоҳои рўзгори хеш, вазниниҳои зиндагии имрўза, ки дар ҷомеа кам нестанд, сухан карда бошад. Кулли мардум дар бораи ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ, сиёсати хирадмандонаи созандагиву бунёдкоронаи давлату ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегўянд. Чунин тағйирот дар мафкураи миллӣ хеле ҷолиби диққат аст.

Яъне, мардум рўз аз рўз ба беҳшавии зиндагӣ умед доранд.

Аз ин рў, мо итминони комил дорем, ки тоҷикон дигар ба суханпардозиҳои гурўҳҳо ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез гўш намекунанд, зеро миллати тоҷик аз имтиҳону мушкилоту ихтилофоти замон сарбаландона берун омад. Душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. То замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ қувва қудрати тоҷикро зери назари худ қарор дода наметавонад.

Миллати тоҷик то истиқлол мустақилияти нисбӣ дошт, вале имон дошт, фарҳангу тамаддун дошт. Он чи, ки миллати моро ба пирўзӣ овард, муҳаббат ба Ватан буд. Ин муҳаббат, имрўз чашмҳоро боз ва забонҳоро гўё кард. Истиқлол моро бедор кард, истиқлол дасти душманро кўтоҳ кард ва Тоҷикистонро дар озодӣ қарор дод ва ин озодиву истиқлолу ваҳдат, ки зуҳури ҷамъ аст, то абад боқӣ хоҳад монд, агар мо худогоҳ бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Истиқлолу ваҳдати Тоҷикистон мавҷи ҷадид аст, ки акнун ҳаракати навин ёфтааст ва насли ҷавонро огоҳӣ медиҳад. Истиқлолу ваҳдати Тоҷикистон ҷаҳонбинии фарох, бозгашт ба давлату давлатдорӣ аст. Акнун, ки истиқлолу ваҳдат миллати тоҷикро баъди солҳои интизорӣ ба марҳалаи пирўзии давлатдорӣ овард ва масъулияти мо дар ҳифзи он сангинтар гардид, дар назди ҳар яки мо вазифаҳои навро низ ба бор овард. Дар чунин марҳала, ки миллат аз эҳсосияти замона бархурдор аст, ҳар ҳаракати истиқлолиятхоҳии мо дар ҳукми вазифа дар талош, дар афзунгардонии падидаҳои ваҳдат ёрест баҳри густариши истиқлолияти давлатӣ.

Ҷомеаи Тоҷикистон чун соири ҷомеаҳои демократӣ нахустин қадамҳоро дар эъмори давлатдории худ гузошт. Пас ҷомеае, ки аз ҳаракату таҳвили худ огоҳ аст, дучори парешонӣ намегардад, ба суханони дурўғу зерипардагии душманон бовар намекунад ва намегузорад, ки афроде, қуввае оромиву суботи ҷомеаро халалдор созад. Таҳким бахшидани истиқлолият ва вусъат додани Ваҳдати миллӣ шаҳдевори бузурги пешгирии ҷараёнҳои номатлуб ба мисли терроризм, бунёдгароӣ ва ифротгароӣ мебошад.

Р.СОЛИҶОНОВ,
доктори илмҳои фалсафа, устоди Донишкадаи иқтисод
ва савдои ДДТТ

Читать далее

Қадами аввалин дар ягонагию дӯстии халқҳо

Барои ҳар шахс донистани забон ниҳоят муҳим мебошад, зеро забон воситаест, ки бо он инсон олами ботинӣ, шодиву ғам, фикру эҳсоси худро ифода карда, аз дунёи каси дигар огоҳӣ пайдо менамояд.

Бо воситаи забон инсон расму ойин ва фарҳанги дигар халқу қавмҳоро меомўзад. Омўхтани тамаддуни мардумӣ дар дили инсон ҳисси рафоқат, бародарӣ, дилсўзиву меҳрубонӣ нисбати дигар афродро пайдо менамояд. Донистани дигар забон ин эҳтиром намудани арзишҳои фарҳангии ҳамон миллат мебошад. Дар баробари ин барои пешсаф будан дар омўзиши забони дигар одам бояд пеш аз ҳама ба забони модарии худ сухандон гардад. Чунин фармуда:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Албатта, забони мо-тоҷикӣ ё худ форсии дарӣ, ки тўли қарнҳо асолати худро гум накарда, то ба мо расидааст, худ гувоҳи қавиирода ва матин будани халқи мо - тоҷиконро нишон медиҳад.

Айни ҳол дар дунё беш аз 7000 забон вуҷуд дошта, ҳар як аз онҳо дар навбати худ нотакрор ва беҳамто мебошанд. Ин забонҳо дар алоҳидагӣ ҳаёт, маданият, расму ойин, мероси адабиву фарҳангӣ ва зиндагии ин ё он қавм, миллат, диёр ё мамлакатро инъикос мекунанд.

Нафаҳмидани забони дигар, ҷудо кардани одамон аз рўи мансубияти забонӣ метавонад ба низоъҳои ҷиддӣ, ранҷидани дили одамон аз ҳамдигар, бегона шудани одамон ва ҷангҳо боис гардад. Монеаи забонии вуҷуддошта ба муошират халал расонида, маҷрои иттилоотиро бозмедорад. Одамоне, ки забони хориҷиро аз бар накардаанд, дар бештари маврид аз аҳодиси ҷаҳони муосир тасаввуроти маҳдуд ё яктарафа доранд.

Омўзиши забонҳо бошад, ворид шудан ба олами пуртароват буда, донистани дигар забон моро ба фаҳмиши фарҳанг, маданият, беназирии рўҳонӣ ва худи ҳастии дигар халқу миллат мебарад, ки дар натиҷа дар дили инсон нисбати дигарон ҳуввият пайдо мегардад. Ҳуввият ва эҳтироми забон ва фарҳанги дигар халқ бошад, моро ба ҷаҳонишавии тамоми ҷомеаи инсонӣ бурда мерасонад. Ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, муҳаббат, баробарӣ, эҳтиром байни ҳамаи халқҳои дунё ба ҷангу харобиҳо, зиддияту муқобилиятҳо ва ҷудоиҳо хотима мебахшад. Ин боис мегардад, ки пешравии ҳар як шахс дар алоҳидагӣ ва ҳамаи ҷомеаи инсонӣ дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад. Тараққиёт, ки омили ҳамешагии инсоният аст, танҳо ҳамон вақт ба таври мукаммал насиби мо мегардад, ки ҷангҳо, задухўрдҳо, ҷудоиандозӣ ва бегонагӣ набошад.

Ҳамаи ин бо омўзиши забон, бо эҳтиром нисбати дигар халқҳо, бо хуб донистани забони хеш ва бо саъю кўшиши худи мо оғоз мешавад. Донистани забонҳои дигар имкон медиҳад, ки ҳаммароми мутақобили судманд дар илм, маориф, иқтисодиёт, тибб, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шавад. Халқҳои дунё барои ҳалли масоили глобалӣ ба монанди дигаршавии иқлим, эпидемияи СПИД, мубориза алайҳи бемории сил, терроризм ва экстремизми динӣ, малярия, гепатит, норасоии оби нўшокӣ ва хўрокворӣ, рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ, сохтан ва истифодабарии технологияҳои навтарин, муҳоҷират ва дигар соҳаҳо муттаҳид гардиданд.

Албатта, ин муттаҳидшавӣ бе донистани забон муяссар намегардад. Ин ваҳдати олами инсонӣ бо забондонӣ тавъам аст.

Умеда ҶУМАЕВА,
донишҷўи соли сеюми факултаи
забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее