21 December 2016

16 рӯз алайҳи хушунат

Бо ибтикори Маркази занон дар вилояти Суғд «Гулрухсор», бахши занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар доираи Барномаи 16 рӯз алайҳи хушунат таҳти шиори «Ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва руҳан солим ташаккул меёбад», конференсияи ноҳиявӣ баргузор гардид. Сарвари Маркази занон дар вилояти Суғд «Гулрухсор», муовини Раиси ноҳия, узви фаъоли Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Рафоат Каримова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотии «16 рӯз алайҳи хушунат нисбат ба занон» сурат мегирад, ки он дар иртибот ба «Конвенсия оиди бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон» қабул гардидааст.

Фаъолияти сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо мақсади таъмини иҷроиши Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» ба роҳ монда шуда, самараи муфид медиҳад. Чунончӣ дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия 11 ҳодисаи даст задан ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 3 нафарашон зан мебошанд. Аз ин рӯ, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, бахши фарҳанг, шӯъбаи маориф, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, шӯрои занону духтарон, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта вазифадоранд, ки дар ҳамбастагӣ баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро ба роҳ монда, муваффақ гарданд, ки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд бардошта шавад.

 Дар чорабинӣ мавзӯъҳои «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои асосии пешгирии хушунат дар оила» муовини сардори ШВКД дар ноҳия подполковник Д.Қосимов, «Сабабҳои ҷудо шудани оилаҳо, пешгирӣ, роҳҳои устуворӣ ва пойдории оилаҳо» судяи Суди ноҳия Д.Мирзоҳомидзода, «Нақши Маркази занон «Гулрухсор» дар мустаҳкамкунии оилаҳо» С.Бобоҷонова, «Модари солим, насли солим, ҷомеаи солим» духтури амрози занонаи Маркази саломатии ноҳия Х.Шокирова, «Оила аз нигоҳи дини мубини ислом» имом-хатиби масҷиди марказии ноҳия Н.Бобоҷонов баромадҳо карданд. Вобаста ба мавзӯъ ҳамчунин муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Р.Ёдгорова, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ҳ.Музаффарзода фикру андеша баён намуданд. Ин чорабинӣ барои иштироккунандагон ва ҳозирин таассуроти муфид бахшид.

Лоиқ ТӯЙЧИЕВ,
мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти 
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Читать далее

Бахшида ба соли нав санаҳои 29 ва 30 декабр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад

Ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони маркази вилоят расонида мешавад, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба соли нави мелодӣ санаҳои 29 ва 30 декабри соли  2016 дар Регистони Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор аз 30 то 40 % арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Оғози ярмарка - соати 08:00.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Читать далее

Адрасбофиро аз «Дугонаҳо» омӯхтам!

Дар Маркази ҳунаромӯзии «Дугонаҳо», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи чанд сол аст, ки занону духтарон ҳунари атласу адрасбофӣ меомӯзанд. Чунонки огоҳ шудем, ин даргоҳ ба манбаи омода намудани мутахассисони соҳибкасб табдил ёфтаасту садҳо бонувон дар ин даргоҳ соҳибҳунар гашта, дар шаҳру деҳи худ сехҳо кушодаанд ва шогирдон тайёр мекунанд. Тавре ба мо иброз доштанд, маҳсули дастранҷи ҳунармандони марказ, ҳатто, иштирокчии намоишгоҳи чандин мамлакати ҷаҳон гаштааст.

Ба қарибӣ дар ин марказ мо, гурӯҳи бонувон аз навоҳии ҷануби кишвар ҳунаромӯзӣ намудем. Ҳоло дар ноҳияи мо-Тавилдара занону духтарон ба атласу адрасбофӣ шавқу ҳаваси беандоза пайдо кардаанд. Барои онҳо дастгоҳҳо ва тамоми шароит муҳайё аст. Каме аз ин ҳунарҳо огоҳ будам. Ин ҷо сирру асрори атласу адрасбофӣ, инчунин бофтани адраси ҳафтрангро ёд гирифтам. Акнун ният дорам, аз ин ҷо рафта, сех кушоям ва духтаронро ба омӯзиши ин ҳунарҳо ҷалб намоям.Ба қавле, зан дар хона нишинад, ҷаҳонбиниаш маҳдуд шуда монда, азбаски ноогоҳ аст, дар тарбияи фарзанд низ азоб мекашад.

Бо ҷомеа пайвастани бонувон имкон медиҳад, доираи биниши онҳо фарох гардад. Ҳамчунин, онҳо дастранҷи ҳунари худро ба фурӯш бароварда, метавонанд, сатҳи рӯзгорашонро баланд бардоранд.

Замира ФАҚИРОВА,
ҳунарманд аз ноҳияи Тавилдара

Читать далее

Мақсад: Содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ

... Ҳукумати мамлакат бояд тамоми монеаҳои мавӣударо дар самти содироти меваю сабзавот, аз ӣумла меваи хушк аз байн бардорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои охир корҳои деҳқонӣ хеле назаррас гардида, на танҳо бозори истеъмолии дохилӣ, инчунин содирот ва хушккунии мева ва сабзавот низ хуб ба роҳ монда шудааст. Дарозои ёздаҳ моҳи соли равон умуман ба маблағи 401538,5 ҳазор доллари ИМА маҳсулот ба давлатҳои хориҷ интиқол гардидааст. Шарикони асосии содирот мамолики Шветсария, Қазоқистон, ӯзбекистон, Чин, Русия, Нидерландия, Туркия, Италия, Эрон ва Қирғизистон мебошанд. Дар ёздаҳ моҳи соли равон ба миқдори 37941 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Тавассути содироти маводи хӯрока ва дигар маҳсулот буҷаи давлатӣ низ ғанӣ мегардад. Заминаи чунин дастовардҳо чист? Барои ба чунин комёбӣ шарафёб гардидан чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

Бо мақсади амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва дар асоси он қарори Раиси вилоят аз 8 феврали соли 2016 «Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» кишоварзони вилоят як қатор тадбирҳои заруриро андешиданд. Баҳри иҷроиши қарори мазкур соли равон дар масоҳати 10 гектар бунёди боғи нави интенсивӣ дар назар дошта шуда бошад ҳам, аммо дар майдони 13 гектар он амалӣ гардид. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан дар 1 гектар, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ду гектарӣ, Шаҳристон се гектар ва Панҷакент панҷ гектар боғи нави интенсивӣ бунёд шуд.

Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, кишоварзон то моҳи декабри соли равон дар масоҳати 1413 гектар боғу токзорҳои нав бунёд намуданд, ки ин 129,7 фоизи нақша мебошад.

Соли ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ба сабаби номусоид омадани обу ҳаво истеҳсоли мева дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент - 114 тонна, Айнӣ - 182 тонна, Деваштич - 359 тонна, Кӯҳистони Мастчоҳ- 3357 тонна ва дар Шаҳристон-138 тонна кам гардида бошад ҳам, умуман дар хоҷагиҳои кишовазрии вилоят ба миқдори 80,1 ҳазор тонна мева ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 59,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ангур низ афзудааст. Кишоварзон ба миқдори 36,7 ҳазор тонна ангур ғундоштанд, ки 108,8 фоизи нақша мебошад.

Тибқи дастуру супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, дар Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони беш аз 100 гектар боғи сиёҳолу ва 20 гектар шафтолу, дар Ҷамоати деҳоти Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ дар майдони 68 гектар боғи сиёҳолу бунёд гардиданд.

Соли ҷорӣ деҳқонон кишт ва ғунучини пахтаро низ хуб ба роҳ монда, дар натиҷа ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Имсол деҳқонони заркор ба миқдори 87,1 ҳазор тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 10,7 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ба ҷуз пахтакорони шаҳри Конибодом (истеҳсоли пахта нисбат ба якуми декабри соли 2015-ум 1808 тонна кам) боқимонда ноҳияҳои пахтакор зафарёб шуданд.

Боиси шодмонист, ки солҳои охир барои нигоҳ доштани сабзавот ва меваҷоти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар аксари шаҳру навоҳии вилоят сардхонаҳо бунёд гардиданд. Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 22 адад сардхона бунёд гардидааст, ки ғунҷоиши онҳо аз 40 то 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, то санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар сардхонаҳои ҳудуди вилоят 2365 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1052 тонна себ, 1060 тонна ангур, 208 тонна хурмо ва 45 тонна биҳӣ захира гардидааст. Тибқи дастуру супориши Раиси вилоят, 328 адад гармхона дар вилоят фаъолият мебарад, ки аз ин 138 ададаш навъи хитоӣ мебошад. Дар ин гармхонаҳо маҳсулоти кишоварзии сабзавот, кабудӣ ва лимӯ парвариш намуда, то санаи якуми декабри соли равон 65,5 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуд.

Минбаъд кишоварзон ва соҳибкорон метавонанд, аз ин маҳсулоти ҷамъоваринамуда дар асоси талаботи бозори истеъмолии хориҷ мева ва сабзавот содир намоянд. Дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, бо мақсади таъмингардонии бозори истеъмолӣ ва амалигардонии содирот дар майдони 1104 гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузаронда шуд. Маблағи умумии содироти маҳсулоти хоҷагии деҳқонӣ дарозои ёздаҳ моҳи соли равон беш аз 47,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ин давра пиёз – 80,5 ҳазор тонна, мева беш аз 45,5 ҳазор тонна, тамоку 44 тонна, консерва 466 тонна ва нахи пахта 22975 тонна ба давлатҳои хориҷ содир карда шуд. Боиси хушнудист, ки чанд сол инҷониб тармеваҳо бо усули хушккунӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хориҷ содир шуда истодааст. Айни ҳол дар вилоят 18 корхонаи коркарди мева фаъолият мебарад. То санаи якуми декабри соли равон 2,1 ҳазор тонна меваи хушк коркард шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 600 тонна зиёд буда, 139,5 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Корхонаҳои коркарди меваи хушк дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров амал карда истодаанд. Имсол ҶДММ «Баракат» 376,9 тонна, ҶДММ «Исфара-фут» 288 тонна, ҶДММ «Оро Исфара» 272 тонна, ҶДММ «Меваи Канд» 168 тонна меваи хушкро содир намуданд. Инчунин, коргоҳҳо ба консервкунии маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, соли равон ҶДММ «Субҳи Ватан» ба миқдори 1 миллиону 503,7 қуттии шартӣ, заводи консервбарории ба номи Ҳасанов - 2 миллиону 918,4 қуттии шартӣ, ҶММ «Сирдарё» - 485,18 ҳазор қуттии шартиро ба давлатҳои хориҷ содирот намуданд. Умуман, дар сатҳи вилоят меваи хушк ба миқдори 37941 тонна содир шудааст.

Дар самти содироти мева ва сабзавот соҳибкорон, намояндагони корхонаҳои коркард ва истеҳсол, истгоҳҳои роҳи оҳани Спитамен, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Маҳрам, Конибодом ва Деваштич, Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд, бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо дар вилоят ва дигарон вазифадоранд, ки маҳсулоти кишоварзӣ сари вақт ва бемамониат ба дигар давлатҳо интиқол карда шавад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи металлургӣ ба шаҳри Истиқлол сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафар Раиси вилоят бо нақшаи схематикии минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол шинос шуд.

Тавре аён гардид айни замон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 130 нафар мутахассисон ва сохтмончиён машғули кор ҳастанд.

Читать далее

Абдураҳмон Қодирӣ сафири Белорус дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дирӯз, сешанбеи 20 декабр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун миёни Тоҷикистону Белорус беш аз пеш тақвият меёбанд.

Читать далее