23 December 2016

Хатнасури хайриявии 915 нафар писар аз оилаҳои эҳтиёҷманд

Дар ёздаҳ моҳи соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 31189 тўю маърака, аз ҷумла 7992 хатнасур, 15641 тўйи домодию арўсӣ, 4465 маросими чил ва 3091 маъракаи сол баргузор гардид.

Дар арафа ва рўзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 915 нафар писар аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат баргузор карда шуд. 

Инчунин бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон тўйи домодию арўсии 18 ҷуфт навхонадор гузаронида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читать далее

Аксияи тарғиботии ҷавонони фаъоли вилоят таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”

Имрӯз, 22 декабри соли ҷорӣ дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят зиёда аз 600 нафар ҷавонони фаъоли вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд хабар доданд, ки Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 аз ҷониби насли ояндасоз хуш истиқбол гардид.

Читать далее

Суғд. Истиқболи сокинони вилоят аз Паёми Пешвои миллат

Имрӯз, 22 декабри соли 2016 дар толорҳои тамоми корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳои вилояти Суғд новобаста аз шакли моликияташон пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишварро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, хизматчиёни давлатӣ дар маҷлисгоҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ тамошо намуданд.

Читать далее