30 December 2016

Барномаи рангини фарҳангӣ дар арафаи Соли нав

Дирӯз бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода дар театри “Лӯхтак”-и шаҳр барномаи рангини фарҳангии солинавӣ баҳри болидахотирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва волидони онҳо ташкил карда шуд.

Нахуст Рухсора Давлатзода фараҳи соли навро ба ҳозирин таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ ва саодати зиндагӣ таманно намуд. Зикр карда шуд, ки давлату ҳукумат мунтазам масъалаи дастгирии давлатии оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва ятимону барҷомондагонро зери таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ қарор дода, барои пуштибонии ин қишри ҷомеа тадбирҳо меандешад.

Дар интиҳо ба кулли иштирокдорон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Мамнури МЭЛС

Читать далее

Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат

Мо, ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон - Тоҷикистони муосир то абад боқӣ мемонем.

Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи мўҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Мо-насли наврасу ҷавон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими Истиқлолият, пойдории сулҳу Ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорем.

Мо-ҷавонон доимо ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархўрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоем.

Дар ҳақиқат, хизматҳои шоёни Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дўст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост.

Хушбахтии мо – ҷавонон дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии Ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳалаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем.

Мо аз он ифтихормандем, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат қарор дорем, ки таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи олии ин гуфтаҳост.

Пешвои миллат бо як самимият ва муҳаббати беандоза ба мардуми шарафманди тоҷик иброз намуданд:

«Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дўст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!»

Дидаҳо диданд, сарҳо тафаккуру фаҳм карданд, ки дар самои даврон шахсияти Эмомалӣ Раҳмон барои миллат раҳнамои воқеист, зеро Роҳбари давлат ҷонфидои ин халқу Ватананд. Мо-ҷавонон низ дар роҳи хизмат ба халқу Ватан мисли Пешвои миллат ҳастии худро фидо мекунем.

Читать далее

Бонувони ҳунарманд таҷриба иваз намуданд

Моҳи ноябри соли равон дар пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе Форуми бонувони соҳибкор баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз соҳибкорзанон аз вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ҳамчунин аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намояндагони Ассотсиатсияҳои бонувони соҳибкор иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории форум, пеш аз ҳама, баланд бардоштани мақоми бонувони соҳибкор буд.

Аз вилояти Суғд дар форум намояндагони се ширкати бонувони ҳунарманд-«Армуғон», «Ороста» ва «Озара» бо маҳсулоти худ иштирок намуданд. Ширкати «Армуғон»(сарвараш Мунира Оқилова) дар миқёси мамлакат ва берун аз он бо истеҳсоли маҳсулоти кашидадўзии дастӣ шўҳрат ёфтааст. «Ороста» бошад, бо роҳбарии бонуи хушкору ҳунарманд Нилуфар Ҷумъабоева бо истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандии қуроқдўзии худ дар шаҳру деҳоти мамлакат маъруфият пайдо кардааст. Ширкати мо – ҶДММ Ташкилоти «Озара» бо дўхтани сўзании миллӣ, ҷилди болишти армуғонӣ бо нақши сўзаниҳои хуҷандӣ, хатлонӣ, помирӣ, кўлобӣ, дарвозӣ дар мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ харидор дорад. Бояд гўям, ки як самти фаъолияти ташкилоти мо ба дастгирии бонувон нигаронида шуда, давоми панҷ-шаш сол ба бонувони деҳот ҷиҳати оғоз кардани соҳибкории онҳо, бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳунаромўзии бонувон кўмак мерасонем. Аз рўи лоиҳа, дар маҳалҳо, аз ҷумла дар деҳоти дурдасти шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан ба беш аз панҷсад нафар бонувон ҳунар омўзонидем.

Қабл аз баргузории форум дастранҷи ҳунарҳои бонувон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ин намоиш боиси он гашт, ки иштирокчиён ва меҳмонон на танҳо аз эъҷози ҳунари ҳамдигар воқиф гарданд, балки баҳри рушди фаъолияти хеш аз ҳам таҷриба низ андўзанд.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя моро бо барномаҳо бобати равнақи соҳибкории бонувон ошно намуданд. Баргузории чунин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба мо, бонувони соҳибкор баҳри пайдо намудани харидор ба маҳсулоти худ ва такомули ҳунарамон мусоидат кард.

Таҳмина КАРИМОВА,
иштирокчии Форуми бонувони
соҳибкори Тоҷикистон

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2017

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2016 дар таърихи халқу мамлакатамон соли воқеоти фараҳбахш, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Дар ин соли файзбор мардуми вилоят дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рўҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее

Зеби саҳна - “Зебо”

Ансамбли рақсии «Зебо» 12-уми декабри соли 2012-ум таъсис ёфта, дар оғоз ҳайат аз 47 нафар иборат буд. Муаррифии ансамбли номбурда 4-уми апрели соли 2014-ум бо иштироки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри маданияти “Арбоб” баргузор гашта, барнома аз тарафи Президенти мамлакат баҳои баланд гирифт. Рақси миллӣ нафосату назокати худро набояд гум кунад.

Солҳои пеш дар рақсҳо ҳаракату ҷаҳишҳои бемантиқ, дастҷунбонданҳои зиёд буд, ки ин хоси рақси тоҷикона нест. Рақс бояд ботинан нафосат ва нозукиҳои худро бо эҳсосот ба рўи саҳна барорад. Чеҳра ифодагари ботин буда, нигоҳ ва ҳатто як ангуштҷунбонӣ метавонад, назокати рақсро хубтару ҷолибтар нишон диҳад. Ҳамин воҷаҳо дар рақсҳои ансамбли рақсии «Зебо» дида мешавад. «Зебо» соли сеюм аст, ки бо рақсҳои ҷолиб бар дили мухлисонаш маъво гирифтааст. Санифамо Вализода, Оксана Москалёва, Мунира Ҷўраева ва дигарон таҳти роҳбарии устоди рақс Шаҳло Ҷалилова барои омода намудани рақсҳои якка ва гурўҳӣ имрўзҳо тамрини пайваста доранд. Тўли се сол инҷониб аҳли ҳунари ансамбли номбурда якчанд рақси нави гурўҳии «Ифтихор», «Чилдухтарон», «Гулафшон», «Ҳиндӣ», «Бадахшонӣ» ва «Гулчин»-и рақсҳои минтақаҳои Тоҷикистонро манзури тамошобинон гардонида ва аз тарафи мутахассисони варзидаи соҳаи санъат баҳои баландро сазовор гардидааст. Дар ансамбли мазкур се ҳайати эҷодӣ фаъолият дорад: гурўҳи кўдакон, наврасон ва ҷавондухтарони аз 16 то 18-сола. - Комёбиҳои ансамбл ин буд, ки дар соли 2016-ум дар бахшҳои рақси оммавӣ, аз он ҷумла дар «Корвони наврўзӣ» ва «Корвони Истиқлол» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 5 рақси алоҳидаро пешниҳод намуд ва муаррифии рақси тоҷик дар давлати Кувайт барои мо муваффақияти калон буд, - иброз дошт Ориф Набиев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд.

Шаҳло Ҷалилова директори ансамбли «Зебо»: - Ансамбл нақша дорад, ки дар оянда рақси яккаро ба роҳ монад. Алҳол ансамбл камолоти эҷодиро идома дода, анъанаҳои неки ансамбли номдори тоҷик - ансамбли «Лола» ва собиқ ансамбли «Зебо»-ро идома дода истодаем. Бояд қайд намуд, ки ансамбл дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, санъати волои тоҷикро пеш бурда истодааст. Бо дастгирии Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ансамбли «Зебо» соҳиби бинои боҳашамату зебо гардид. Барои пешрафти ансамбл ҳамаҷониба бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилоят мо ба сўи муваффақиятҳо равонем. Дар баробари гурўҳҳои рақсӣ гурўҳҳои овозхонӣ низ таъсис дода шуда, мутрибон, сарояндагон, санъати балети муосир ва гурўҳи рақси ҷавонмардон таъсис дода шудааст. Муассиса тасмим гирифт, ки барномаҳо бо иштироки сарояндагон ва навозандагон тариқи зинда, бе истифодаи фонограма фаъолият барад. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя воҳиди ҷои корӣ зиёд карда шуда, 4 ансамбл таъсис ёфта, айни ҳол дар ҳайати ансамбл зиёда аз 87 нафар корманд фаъолият дорад, ки синну соли гуногунро дарбар мегиранд.

Барои боз ҳам такмил додани фаъолияти ансамбл мо тариқи кастинг-озмун ба ансамбли устод Fаффор Валаматзода зиёда аз 30 нафар ҷавонписаронро интихоб намудаем ва онҳое, ки ба ҷои хоб ниёз доранд, бо хобгоҳ таъмин менамоем. Ҳайати балети муосир ва ансамбли созию овозии «Борбад», созҳои миллии Сайҳун ба тариқи кастинг - озмун ҳунармандонро ҷалб намуда, барномаҳои ҷолибро пешниҳод намуда истодаанд, ки айни ҳол кастинг - озмун аз 10-уми декабр то арафаи ҷашни Наврўз идома меёбад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Саҳми бештари волидайн

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки дар кишварамон соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад. Ин ташаббус қобили дастгирӣ мебошад, зеро ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамоянд. Ҷавонон низ аз ин пешниҳоди Пешвои миллат хеле рўҳбаланд гашта, дар кори ободониву тараққиёти Ватан саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ман ин Паёмро мехонаму нисбат ба ҳаёти ҷавонон бо ҳавас менигарам. Аз он меболам, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат сол аз сол ба тамоми қишри ҷомеа, махсусан нисбат ба ҷавонон ғамхории зиёд зоҳир менамоянд.

Давраи ҷавонии мо ба солҳои 60-70-уми асри гузашта рост омад. Он вақт дар мактабу институтҳо таҳсил доштем. Дар хусуси калкулятор, телефони мобилӣ, интернет, компютер, китобхонаи электронӣ тасаввурот ҳам надоштем. Зиндагонии ҳамаи мо-ҷавонон хоксоронаю оддиякак мегузашт. Аммо кўшишу ғайрати илмомўзӣ доштем, ростқавлу росткор, меҳнатпарасту ватандўст ба воя расидем.

Худи ман бошам, пас аз хатми мактаби миёна ба Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, касби омўзгориро пеша кардам. 39 сол машғули тарбияи мактабиён гашта, чун дигарон зиндагии хоксорона доштам. Аз ин пешаи интихобкардаам ҳеҷ гоҳ норозӣ набудам ва нестам.

Шукр мекунам, ки соҳиби фарзандон ва набераву абераҳо гаштаам. Давраи ҷавонии наберагони ман (12 нафар) ба солҳои Истиқлолият рост меояд. Баъзеи онҳо дар мактабҳои олӣ хондаанд ва ҳоло ҳам хонда истодаанд. Ҳама вақт таҳсил ва рафтори онҳоро назорат мекунам, бо мактаб ва муаллимони онҳо робитаи доимӣ дорам. Аз хонишу рафтори наберагонам имрўз қаноатмандам. Ин аст, ки набераам Фирўзҷон дар мактаби олӣ шўъбаи мутахассиси барқро хатм карда, дар шаҳри Бўстон аз рўи ихтисоси худ кор мекунад. Нигора пас аз хатми Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар Беморхонаи бачагонаи вилоятӣ фаъолият дорад. Ҳоло бошад, Фирдавс хатмкунандаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Барнаули кишвари Олтой, Фарида донишҷўи курси сеюми Коллеҷи тиббии маркази вилоят, Муаззама донишҷўи Донишгоҳи давлатии иқтисод мебошанд. Сафияю Парвина, Амирҷон, Фурқатҷон, Биҳоҷира, Фархунда ва Беҳрўзҷон талабагони мактабиянд. Кўшиш дорам, ки ҳамаи онҳо хушсаводу бомаърифат ба воя расанд, оянда нафърасони ҷомеа гарданд.

Ҳамчун омўзгори собиқадор ҳамсолони худро даъват менамоям, ки таълиму тарбияи фарзандон, наберагон ва аберагони худро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозанд, зеро ки як лаҳза бепарвогии мо дар ин бобат оқибати нохушро ба бор оварданаш мумкин аст. Бо ин васила мо ҳам дар тарбияи насли наврас саҳмгузор мешавему ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро амалан иҷро менамоем.

Алиҷон Олимов,
омўзгори собиқадор аз
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Читать далее