January 2017

30 January 2017

Ҳадаф: дастгирии ниёзмандон

Дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Бобозода Абдушукур - сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор намуд, ки соли 2016-ум фармони навбатии Президенти мамлакат роҷеъ ба зиёд намудани андозаи нафақаҳои амалкунанда аз 6 июни соли сипаригардида, таҳти рақами 697 ба тасвиб расид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пас аз татбиқи фармони мазкур теъдоди умумии нафақагироне, ки андозаи нафақаашон зиёд гардид, беш аз 170 ҳазор нафар ё худ 81,7 фоизро дар бар гирифт. Мувофиқи таҳлилҳои муқоисавӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2017 шумораи умумии нафақагирон дар миқёси вилоят 209204 нафарро (дар ҳамин давраи соли гузашта 202765 нафар) ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6439 нафар зиёд гардидааст.

- Аз шумораи умумии нафақагирон 47487 нафар нафақагирони маъюб мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки ба 49456 нафар баробар буд, 1969 нафар ё худ 4,0 фоиз кам гардидааст. Андозаи миёнаи нафақа дар миқёси вилоят айни замон 259,06 сомониро ташкил намуда, дар ҳамин давраи соли гузашта он 216,48 сомонӣ буд. Ҷиҳати таъмини маблағгузории талаботи нафақа аз ҷониби Раёсати Агентӣ дар 12 моҳи соли 2016-ум 602,6 млн. сомонӣ равона гардида, он ба пуррагӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки 11 рӯз пеш аз мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ таъмин карда шудааст, - иброз дошт Бобозода Абдушукур.

Дар ҳамоҳангсозӣ бо бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои барномаи давлатии «Гузариш ба истифодаи кортҳои пластикии бонкӣ» корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, то ба имрӯз теъдоди умумии шаҳру ноҳияҳое, ки пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ анҷом дода мешаванд, ба 15 адад расидааст. Нафақаи 157039 нафар шаҳрвандон бо талаботи моҳонаи 42129,8 ҳазор сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ пардохта мешавад, ки он 75,1 фоизи шумораи умумии нафақагирон ва 75 фоизи талаботи нафақаро дар бар мегирад.

 Дар хотимаи нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма бо масъулини Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба масъалаҳои мухталиф саволу ҷавоб доир карданд.

 Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истеъмоли маводи пастсифат - хавф ба саломатӣ

Мо, ҳар яке аз инсонҳои ҷомеаи муосир ҳамарўза дар бозор ва дигар ҷойҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ ҳар гуна маҳсулоти хўрокаву ғизоӣ истеъмол мекунем ва ё онҳоро харидорӣ менамоем.

Дар бисёр ҳолатҳо мо ба фурўшандаҳо бовар мекунем, ки маҳсулоти онҳо аз ҷиҳати экологӣ бехавф аст. Ё кам касон ҳастанд, ки дар мағоза ба мўҳлати истеъмолии молу маҳсулоти хўрока эътибор медиҳанд. Ё намедонем, ки дар қаҳвахонаву ошхона ҳангоми шустани зарфҳои барои истеъмоли хўрок пешниҳодшуда моддаҳои безараргардонии ба талаботҳои бехатарии беҳдоштӣ мувофиқ истифода шудааст ё не.

Гарчанде фаъолияти як қатор мақомотҳои назоратӣ ба ошкор ва назорат бурдани ин ҳолатҳо равона карда шуда бошад ҳам, лекин санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки вобаста ба иҷроиши қонунгузории марбут ба ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, аз қабили истеҳсол ва ба фурўш баровардани маводҳои хўрока, ки ба саломатии инсон хатарноканд, ҷой доранд. Ин ҳолатҳо сари вақт аз тарафи мақомоти масъули назоратӣ ошкор ва пешгирӣ карда намешаванд.

Прокуратураи вилоят бо ҷалби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят ва Маркази “Тоҷикстандарт” гурўҳҳои корӣ таъсис дода, риояи ҳолати иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ” ва “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”-ро дар фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ санҷид. Пеш аз ҳама, гурўҳи корӣ ба масъалаҳои пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз молу маҳсулотҳои хўрокаи пастсифат, ҳолатҳои ба фурўш баровардани молу маҳсулотҳои хўрокаи бадсифат, ғайриқонунӣ ворид намудани молу маҳсулотҳо, нигоҳдории маҳсулотҳои хўрокаи зудвайроншаванда дар анборҳо, ба фурўш баровардани ин гуна молҳо дар ҳудуди вилоят таваҷҷўҳ намуд.

Санҷишҳои гузаронида аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳолатҳои бе сертификати мутобиқат ва хулосаи Маркази зикршуда ғайриқонунӣ ба фурўш баровардани маҳсулотҳои хўрока, дар хизматрасонии нуқтаҳои хўроки умум ва савдо ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, интиқол ва ба фурўш баровардани молу маҳсулотҳои хўроквории ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгў набуда, ғайриқонунӣ бо роҳи сохта дароз намудани тамғакоғази маҳсулоти мўҳлати истеъмолиаш гузашта ва ба фурўш гузоштани онро аз тарафи соҳибкорон муайян намуд.

Ҳамзамон, дар рафти санҷиш ҳолатҳое муайян гардид, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагон дағалона поймол гардида, бо роҳи кам ченкунӣ, кам баркашидан ба фиреби онҳо даст задаанд, ки аз тарафи мақомоти прокуратура ҳар як ҳолатҳо муайян гардид, ҳамчунин молу маҳсулотҳои ба саломатӣ хатарнок нобуд карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар маҷмўъ, аз натиҷаи санҷишҳо 32,9 тонна ба маблағи 402,8 ҳазор сомонӣ молу маҳсулоти хатарнок, аз қабили 8633 кг шоколад ба маблағи 173 408,5 сомонӣ, 15 намуд (161 кг) қанди истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ба маблағи 3074 сомонӣ, 3600 литр нўшокии спиртӣ (арақ) ба маблағи 18000 сомонӣ, 140 325 адад бастаи селофанӣ ба миқдори 84,2 кг тухми офтобпарасти пухташуда ба маблағи умумии 48 348 сомонӣ, 2145 кг гўшти мурғ ба маблағи умумии 27 885 сомонӣ, 75 намуд (35 кг) маҳсулоти қаннодӣ, 34 адад маҳсулотҳои ширӣ, 18 адад зарфи занбўруғи консерва кардашуда ва 12 адад нўшокии ташнашикан гирифта шуда, бо ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти назоратӣ нобуд карда шуданд.

Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда аз тарафи мақомоти прокуратураи вилоят баҳри фавран бартараф кардани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 83 пешниҳод ва 24 амр бароварда, 185 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 1607 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбати ашхоси гунаҳкор 103 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Прокуратураи вилоят ҳолати иҷрои қонунгузории марбут ба ҳуқуқи истеъмолкунандагонро зери назорати доимии худ минбаъд низ қарор медиҳад.

Амирҷон ЗАЙНИДДИНЗОДА,
сардори шўъбаи назорати
умумии Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи I

Читать далее

Раҳнамои имрўзу фардо

Паёми навбатии Пешвои миллат масъалаҳои асосии ҷомеаи имрўзаи халқи тоҷикро фаро гирифт. Аз ҷониби Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок таъкид гардид ва гуфта шуд, ки пешрафту рушди ҳар давлату миллат аз соҳаи маориф вобастагӣ дорад.

Аз рўи нишондодҳои Паёми Пешвои миллат, дар оянда бунёди мактабҳои навин, боз шудани омўзишгоҳ ва донишгоҳҳо, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон аз ноҳияҳои дурдаст тибқи квотаи Президентӣ, ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар фиристода шудани донишҷўён, навовариҳо дар соҳаи маориф ба вуқўъ мепайванданд, ки ин нишони дар амал татбиқ шудани Паёми Пешвои миллат аст.

 Дар Паём гуфта шуд, ки “бояд то соли 2019 тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра бо кадрҳои баландихтисоси омўзгорӣ таъмин гарданд”.

Омўзгор бояд намунаи ибрат, идеали шогирдони худ бошад. Чунон ки Президенти кишвар фармудаанд: “Омўзгорӣ касби пурифтихор буда, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққатҳои омўзгорон аст”.

Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: “Ҷавонон нерўи созанда, идомадиҳандаи иқдоми неки насли калонсол ва ояндаи Тоҷикистон мебошанд. Давлату Ҳукумат тамоми имкониятҳои заруриро ба инобат гирифта, барои манфиати онҳо чораҷўӣ менамояд”. Таъкид шуд, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат «Соли 2017 - Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Ин ғамхорӣ, таваҷҷўҳ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон аст. Пас мо, ҷавононро мебояд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҷодаи ободкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузорем ва якдилонаву содиқона дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ҳиссагузор бошем. Мо, ҷавонони Тоҷикистон хушбахтем, ки ҳар лаҳза ғамхориҳои Сарвари давлатро эҳсос мекунем ва дар навбати худ кўшиш менамоем, ки сазовори бовариашон бошем. Одобу ахлоқи ҳамида, фаро гирифтани илму дониши мукаммал, огоҳӣ ва зиракии сиёсӣ, ҳамқадами ҷавонони ҷаҳон будан, пеш аз ҳама, садоқат ба давлат, миллат ва Ватани азиз посухи мо ба ин ғамхориҳост. Дастоварди ҷавонон дар илму техника, фарҳангу адабиёт, варзиш назаррас аст.

 Дигар аз масъалаҳое, ки дар Паём зикр гардид, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона аст. Пешвои миллат зимни суханрониҳои хеш аз вазъи кунунии ҷаҳони муосир ёдовар шуда, иброз намуданд, ки имрўз бояд ҷавонон зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва аз рўйи нодонӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое, ки бар зидди давлату ҳукумат ҳастанд, шомил нагарданд. Ҷавонон, пеш аз ҳама, кўшишу талоши худро барои омўхтани илму дониш ва аз худ кардани касбҳои гуногуни зарурӣ равона созанд, то ки оянда мутахассиси баландихтисоси соҳаи интихобкардаи худ бошанд ва ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

 Дар охир ҳаминро зикр кардан ҷоиз аст, ки мо, ҷавонон гуфтаҳои Пешвои миллатро раҳнамои худ қарор дода, барои иҷрои он кўшиш менамоем. Ҳамеша ба омўхтани илму дониш талош дорем, то ки барои ободӣ, пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон - Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Шоира Олимова,
донишҷўи факултети
филологияи тоҷики Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Читать далее

27 January 2017

Мулоқоти раиси ноҳия бо соҳибкорон

Санаи 24-уми январи соли 2017 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим бо  соҳибкорони ноҳия  мулоқот барпо намуд. Дар он ҳамчунин раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорони хурду миёна, масъулини муассиса ва ташкилоти дахлдор иштирок карданд.

Раиси ноҳия дар оғоз зикр намуд, ки мулоқот дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, баҳри пешравии фаъолияти соҳибкорон мусоидат хоҳад кард.

Сипас, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия Акбар Эшонқулов доир ба фаъолияти бахш ва соҳибкорон маълумот дод.

Маълум гардид, ки имрӯз дар бахши соҳибкории хурду миёнаи ноҳия зиёда аз 3280 нафар соҳибкор фаъолияти назаррас доранд. Аз ин ҳисоб дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 845 нафар фаъолият бурда истодаанд. ҳамзамон дар миқёси ноҳия 26 корхонаи хусусии саноатӣ фаъолият бурда истодаанд.

Аз тарафи соҳибкорон дар давоми соли 2016-ум 32 иншооти гуногун,  марказҳои савдо, хизматрасонӣ, тарабхона, чойхона, дорухона ва амбори гази моеъ - ҷамъ ба маблағи умумии 17 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Баъдан, раиси Ассосиатсияи соҳибкорони ноҳия Фаррух Нарзуллоев сухан намуда, доир ба рушди ҳамкориҳои соҳибкорон, нақша ва дурнамои фаъолияти ассотсиатсияи соҳибкорон ҳарф зад.

Раиси ноҳия ҳамчунин аз саҳми соҳибкорон дар рушди ҷомеа сухан гуфта, таъкид дошт, ки ташкил намудани гармхонаҳо, бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ, мактабҳои хусусӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, сардхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ, корхонаҳои коркарди шир, афшураи меваҷот ва меваву сабзавот дар ҳудуди ноҳия аҳамияти иқтисодӣ дошта, соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти худро густариш диҳанд.

Баъдан, якчанд соҳибкорон бо таклифу пешниҳод баромад намуда, доир ба ташкил намудани корхонаҳои хурд ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони ноҳия фикру андешаи худро баён доштанд. Дар охир, раиси ноҳия  таъкид дошт, ки дар амалҳои созанда ва бунёдкоронаи соҳибкорон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ҳамеша дастгирӣ хоҳанд кард.

Фирӯз БОҚӢ,
рӯзноманигор, ноҳияи Спитамен

Читать далее

ТЕМПУС – ЮНИВИА - рушди равобити хориҷии донишгоҳ

Cанаҳои  19-20 январи  соли 2017  ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба   номи  академик Бобоҷон Fафуров меҳмонон аз кишварҳои Украина, Озарбойҷон ва Қирғизистон  ташриф  оварда, рафти  иҷрои  лоиҳаи ТЕМПУС  «Инкишоф  ва  ташаккули  маъмурияти  донишгоҳ оид  ба робитаҳои  байналмилалӣ»-ро мавриди  таҳлил   қарор  доданд. 

Ноиби  ректор  оид  ба  робитаҳои  байналмилалӣ Абдуҳафиз  Азизов ҳозиринро бо  таърихи  донишгоҳ, дастовардҳои давраи  Истиқлолият ва  самтҳои  асосии  рушди  муносибатҳои  байналхалқӣ  шинос  намуд. Сипас, мудири  шўъбаи  робитаҳои  байналмилалӣ Темур Каримов, ки  ҳамоҳангсози  лоиҳаи  мазкур аст ва Ҷамшед Истамқулов – сармутахасиси шўъбаи робитаҳои  байналмилалӣ оид ба рафти  иҷрои мақсаду  мароми лоиҳа  маълумот  доданд.

Бояд гуфт,  ки лоиҳа соли 2013 оғоз ёфта, соли 2017 анҷом меёбад. ҳамоҳангсози кулли лоиҳа Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон буда, дар пиёда сохтани ҳадафҳои лоиҳаи мазкур ҳамкорон аз Ҷумҳурииҳои Украина ду донишгоҳ,  Кирғизистон ду донишгоҳ, Озарбойҷон чор донишгоҳ ва Тоҷикистон  ду муассисаи таҳисилоти олӣ- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  ширкат меварзанд.

Шоҳин  Байрамов – ноиби  ректор оид  ба  робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии  иқтисодии Озарбойҷон, Гулшан  Валиева ва  Рамил Дҷафаров - кормандони ҳамин  донишгоҳ, Алмаз  Кадиралиев – ноиби   ректори бахши  робитаҳои  байналмилалии Донишгоҳи иқтисодии Кирғизистон, Евгения  Коломенс  Людвиг-мудири  шўъбаи  робитаҳои  байналмилалии  Донишгоҳи  иқтисодии  Украина дар  ҷараёни  семинар  фикру  мулоҳизаҳои  худро оид ба   лоиҳа  ва корҳое, ки донишгоҳ  мутобиқи  нақшаи  лоиҳа  анҷом  додааст,  ибрози андеша   намуданд.

Изҳор  гашт, ки  дар  тўли  3  сол  гурўҳи  кории  лоиҳа ҳадафу  вазифаҳои  гузошта шударо бо сифати хуб ба иҷро расонидаанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Симои сарзамин аз нигоҳи ҳунарманд

Бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ва намунаи ҳунарҳои ҳунармандони вилоят таҳти унвони «Тоҷикистони ман» баргузор гардид. 

Чорабиниро омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»  Иброҳимҷон Иброҳимов ифтитоҳ бахшид. Намояндагони аз Раёсати фарҳанги вилоят,  бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, факултаи санъати ДДХ ба номи Б.Ғафуров, факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, устодону донишҷӯён  андешаи худро оид ба мӯҳтавои асарҳо иброз доштанд. 

Дар ин чорабинӣ 63 нафар  бо асарҳои санъати худ иштирок намуданд, ки аз онҳо 40 нафар мусаввир, 8 нафар ҳайкалтарош, 13 нафар кашидадӯз, 1 нафар наққош ва 1 нафар кошинкор буданд.  112 адад асар ба намоиш гузошта шуд, ки аз онҳо 50 адад мусаввара, 8 адад ҳайкал, 50 адад кашидадӯзӣ, 2 адад наққошӣ ва 2 адад кошинкориро дар бар мегирифт. 

Ба маърази тамошо мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои миллии дар даврони Истиқлолият эҷодкардаи рассомони вилоят бахшида ба Ваҳдати миллӣ А.Ҷабборов, К.Мӯъминов, М.Муллоҷонов, А.Абдураҳмонов, С.Саидоқилзода, Н.Мӯъминов, ҳайкалтарош Д.Раҳматов ва ҳунармандон Қ.Бобоева, М.Оқилова ва Г.Умарова ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин, амали рассомони ҷавон ба монанди З.Юнусов, Н.Мӯъминов, Д.Усмонов, А.Абдураҳмон ва М.Турсунова ба маърази тамошо гузошта шуд.

Далер Усмонов, рассоми ҷавон иброз дошт, ки расми тасвирнамудааш  дар мавзӯи Тоҷикистони ман буда, манзараҳои зебои Тоҷикистонро тасвир намудааст ва дар чанд фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ иштирок кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки 3-юмин маротиба аст, ки дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҳамкории Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ба вуқӯъ мепайвандад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Вусъати корҳои ободониву созандагӣ

Аз қадимулайём ободониву созандагӣ пешаи мардуми тоҷик буда, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми бунёдкоронаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла маркази вилоят сол ба сол ободу зебо мегардад.

Дар ҳақиқат, имрўзҳо бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони меҳанпараст симои шаҳри Хуҷанд боз ҳам дилрабо мегардад. Бунёди хонаҳои баландошёнаи замонавӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, мавзеъҳои истироҳату фароғатӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву маишӣ ба ҳусни шаҳр боз ҳусн зам менамоянд.

Инак, бо иқдоми созандагии Раиси вилоят боз як мавзеи соҳили рости шаҳри Хуҷанд ба макони истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони маркази вилоят табдил хоҳад ёфт. Дар шафати Маҷмааи навбунёди таърихӣ - фарҳангии «Истиқлол», дар ду тарафи кўчаи марказии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр Боғи истироҳату фароғатӣ бо тарҳу усули муосир бунёд мегардад. Масоҳати боғи мазкур наздик 2,5 гектар буда, дар ин ҷо ба ғайр аз шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, гулу буттаҳо, ҳамчунин нишастгоҳҳо барои дамгирии одамон, фаввораҳо ва таваққуфгоҳҳо барои нақлиёт бунёд гардида, атрофи боғ бо чароғакҳо ва панҷараҳо оро дода мешаванд.

Фармоишгари сохтмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буда, пудратчӣ Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад.

Айни замон корҳои тахту ҳамворкунии замини мавзеъ босуръат идома ёфта, онро кормандони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуҷандсохтмон -1» бо роҳбарии сарвари коргоҳ Бобоҷон Бобоев иҷро намуда истодаанд.

Тавре сарвари коргоҳ дар сўҳбат гуфт, ин мавзеъ яке аз макони зебову дилрабо барои сокинони ин маҳалли серодам, алалхусус донишҷўёни мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд ва меҳмонон хоҳад шуд. Зеро дар ин хиёбон ду донишгоҳи калонтарин ҷойгир буда, барои таҳсилу истироҳати донишҷўён хеле мувофиқ мегардад.

Алҳол дар ин иншоот даҳ мошини “КаМАЗ” ва ду экскаватор фаъолият намуда истодааст ва рўзҳои наздик шумораи техника ва коргарон боз зиёд хоҳад шуд.

- Боварӣ дорам, ки то арафаи Иди Наврўз боз як гўшаи шаҳри азизамонро ба макони истироҳату фароғат табдил диҳем ва ин тўҳфаи хубе хоҳад шуд, ба ҷашнҳои 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25 – солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, - гуфт Б.Бобоев.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Таъмини нақшаи андоз-омили пешрафти иҷтимоиёт

Дар маҷлисгоҳи Раёсати андози вилоят оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти мазкур нишасти матбуотӣ доир гардид. Сараввал оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз ахбороти муфассал дода шуд. Зикр гардид, ки рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Суғд дар соли 2016 имконият фароҳам овард, ки иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ таъмин гардида, дар ин замина барномаҳои давлатӣ ва иҷтимоии пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра амалӣ карда шаванд.

Соли 2016 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҷониби мақомоти андози вилояти Суғд ба андозаи 101,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1879, 9 млн сомонии пешбинишуда ба буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 1913,3 млн. сомонӣ зиёд ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 33,4 млн.сомонӣ зиёд буда, назар ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2015 ҷамъоваригардида ба андозаи 208,2 млн . сомонӣ ё худ 12, 2 фоиз бештар аст.

Соли 2016 шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Деваштич, Зафаробод ва Спитамен нақшаи пешбинишударо иҷро накарданд. Аз рўи сифатнокӣ иҷрои нақшаи вилоят дар соли 2016 се намуди андозҳо таъмин нашудааст. Ин ҳам бошад, андоз аз даромад, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андози низоми соддакардашуда аст, ки аз ҳисоби ин сарчашмаҳо ба буҷети давлатӣ 38 млн.сомонӣ маблағи андозҳо ворид нагардид.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 100, 5 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 404,1 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи умумии 406 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 1,9 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 30,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар ҷамъбасти сол иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҷониби 3 нозироти андози вилоят таъмин нагардид.

Ҳамзамон, бояд изҳор кард, ки бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳо оид ба кам намудани бақияи қарзи андоз ва воридоти бештари маблағҳо ба буҷет аз тарафи мақомоти андози вилоят дар доираи талаботи қонунгузорӣ дар давоми моҳҳои январ –ноябри соли 2016 чораҳои иловагӣ андешида шуда, натиҷаи хуб ба бор овард.

Дар охири ҷамъомад аз ҷониби рўзноманигорон суолҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифта шуд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Рушди фарҳанг рушди ҷомеа аст

Дар вилоят на ҳамаи китобхонаҳо фаъолият дошта, мутаассифона, китобдорони соҳибтахассус намерасанд. Алҳол театрҳои вилоят ба мутахассисони ҷавон, ба виҷа коргардонҳои касбӣ ниёз доранд. Ин ва дигар бурду бохти соҳаи фарҳанги вилояти Суғд зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нишастро сардори раёсат Ориф Набиев ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2016 маълумот дод.

Қайд кард, ки Раёсати фарҳанги вилояти Суғд соли 2016-умро бо дастовардҳои наҷиб ҷамъбаст намуда, давоми сол баҳри рушди соҳа талошҳои судманд анҷом дод.

Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ дар саросари вилоят, аз ҷумла шукўҳи «Корвони наврўзӣ» аз натиҷаи пурсамари кори аҳли фарҳанги вилоят унвон шуд.

Ориф Набиев роҷеъ ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии вилоят ҳарф зада, ёдовар шуд, ки сол то сол низоми фаъолият дар тамоми бахшҳои фарҳанг рў ба беҳбудӣ мениҳад. Ҳамзамон, дар ин радиф таъмири муассисаҳои фарҳангӣ низ ҷараён гирифта, беҳдошти биноҳои фарҳангӣ дар соли 2017 низ дар назар аст. Сардори раёсат аз фаъолияти китобхонаҳои вилоят ҳарф зад. Гуфта шуд, ки, мутаассифона, дар вилоят кадрҳои соҳибтахассуси ин бахши фарҳанг қариб ки мавҷуд нестанд. Бойгонии китобхонаҳо низ беҳбудӣ мехоҳад ва аксар биноҳои китобхона ба таъмир ниёз доранд. Нарасидани кадрҳои ҷавон, аз ҷумла коргардонҳои баландихтисос низ боиси нигаронӣ арзёбӣ шуд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ рўзноманигорон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами соҳа суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла масъулин ба масъалаҳои истифодаи фонограммаҳо дар намоишномаҳои театрӣ, фаъолияти шўрои бадеӣ, рафти омодагиҳо ба ҷашнҳои Наврўз, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, таъмини муассисаҳои фарҳангӣ бо мутахассисони соҳибкасб рўшанӣ андохтанд.

 Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Чаро нуқтаҳои хизматрасонӣ кам аст?

Дар маҷлисгоҳи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони расонаҳои хабарӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Нахуст директори Шабакаҳои барқии вилоят Тўрахон Атамов ва сарвари Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд Рустам Пўлодов оид ба фаъолият дар соли 2016 маълумот доданд.

Т. Атамов қайд кард, ки барои таъмири хатҳои кабелӣ, ҳавоӣ, трансформаторҳо ва таҷҳизотҳои барқии зеристгоҳҳо, умуман азхудкунии фонди таъмирӣ аз тарафи Шабакаҳои барқии вилоят дар соли 2016-ум 14,4 миллион сомонӣ масраф гардид. Дар Нерўгоҳи барқи обии Қайроққум барои таъмири асосии гидрогенератори № 3, таъмири ҷории 5 гидрогенератор, трансформаторҳои қуввагӣ, таҷҳизоти асосии барқӣ, насосҳои технологию обёрӣ ва кранҳои борбардор гузаронида, аз фонди таъмири асосӣ маблағи 1,6 миллион сомонӣ ва аз фонди таъмири ҷорӣ 0,7 миллион сомонӣ истифода шуд.

Оид ба истеҳсол, истеъмол ва пардохти ҳаққи истифодаи нерўи барқ зикр шуд, ки соли 2016 дар Нерўгоҳи барқи обии Қайроққум 603,6 миллион кВт/соат қувваи барқ истеҳсол гардид, ки аз нақша 12,6 миллион кВт/соат зиёд мебошад. Қарзи умумии истифодабарандагон то якуми январи соли ҷорӣ 258,3 миллион сомониро ташкил кард, аз он ҷумла 21,1 миллион сомонӣ корхонаҳои саноатӣ, 14,3 миллион сомонӣ соҳаҳои буҷавӣ, 30,9 миллион сомонӣ хоҷагии қишлоқ, 58,9 миллион сомонӣ хоҷагии об ва 99,2 миллион сомонӣ аҳолӣ мебошанд.

Тибқи «Лоиҳаи кам намудани талафоти қувваи барқ дар вилоят», дар асоси ЛОТ - 2 сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Ваҳдат» дар шаҳри Хуҷанд ба итмом расид. Дар асоси ЛОТ – 1-и ҳамин лоиҳа бошад, таҳвил ва насби ҳисобгиракҳо, таҷҳизоти системаи гирифтани нишондоди ҳисобгиракҳо, системаи биллинг дар шаҳри Хуҷанд идома ёфта, насби ҳисобгиракҳои электронӣ барои муштариёни гирду атрофи маркази вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардидааст.

Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ намояндагони соҳаи барқ дар бораи дигар лоиҳаҳо, ки баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати интиқоли қувваи барқ амалӣ шуда истодааст ва нақшаҳои минбаъда нуқтаи назари хешро баён намуданд.

Ҷурналистон дар бораи ба системаи биллингӣ гузаштан, талафоти нерўи барқ, кам будани теъдоди нуқтаҳо оид ба қабули пардохти маблағи истифодаи нерўи барқу зиёд будани шумори хизматрасонии он нуқтаҳо, дар ҳолати кунунӣ сар задани садама ва пешгирии он саволу ҷавоб доир намуданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее